Умраи муфрада

Аз wikishia

Умраи муфрада аз ақсоми умра ва иборат аз маносике аст, ки ба манзури зиёрати Каъба анҷом мешавад. Умраи муфрада ҷузъи аъмол ҳаҷ нест ва аз ин ҷиҳат дар муқобили умраи таматтуъ қарор дорад ки бахше аз ҳаҷҷи таматтуъ аст.

Аъмоли умраи муфрада иборатанд аз: эҳром, тавоф, намози тавоф, саъйи байни Сафоу Марва, тақсир ё ҳалқ, тавофи нисо ва намози тавофи нисо. Тибқи аҳодис ва гуфтаҳои фақиҳон, умраи муфрадаи моҳи раҷаб, бофазилаттар аз умраи муфрада дар моҳҳои дигар аст.

Умра

Мақолаи аслӣ: Умра

Умра ба маҷмӯъае аз аъмоли шаръӣ, ҳамчун эҳром, тавоф ва саъйи байни Сафоу Марва,[1] мегӯянд ки ба нияту мақсади зиёрати хонаи Худо анҷом мешавад.[2] Умра ду навъ дорад: умраи таматтуъ ва умраи муфрада.[3] Умраи таматтуъ ҳамроҳ бо ҳаҷҷи таматтуъ анҷом мешавад ва ҷузъи он аст.[4] Умраи муфрада ба сурати ҷудо аз ҳаҷҷи таматтуъ анҷом мешавад.[5]

Фақиҳон, анҷом додани умраро монанди ҳаҷ, бар ҳар мусулмоне ки шароиташро дошта бошад, як бор дар тӯли умр, воҷиб[6] ва беш аз як бор мустаҳаб медонанд.[7]

Сабаби номгузорӣ

Умраи муфрадаро аз он рӯ «муфрада» (танҳо, ҷудогона) номидаанд, ки бахше аз ҳаҷ нест ва ҷудо аз он анҷом мешавад.[8] Ба сабаби ҳамин, ба он умраи мабтула (буридашуда) ҳам мегӯянд.[9]

Ақсоми умраи муфрада

Умраи қирон ва умраи ифрод аз ақсоми умраи муфрадаанд. Умраи қирон умра касе аст, ки бояд ҳаҷҷи қирон анҷом диҳад. Умраи ифрод ба умра касе мегӯянд ки таклифи ҳаҷҷи ифрод бар ӯҳда дорад.[10]

Аъмоли умраи муфрада

Умраи муфрада аз ҳафт амал ташкил шудааст, ки ба тартиби ин гунаанд:

  1. Эҳром
  2. Тавоф
  3. Намози тавоф
  4. Саъй
  5. Тақсир ё ҳалқ
  6. Тавофи нисо
  7. Намози тавофи нисо.[11]

фарқият бо умраи таматтуъ

Умраи муфрада ва умраи таматтуъ дар чанд масъала бо ҳам тафовут доранд ки ба шарҳи зер аст:

  • Умраи муфрада тавофи нисо ва намози тавофи нисо ҳам дорад, вале умраи таматтуъ надорад;
  • Эҳром дар умраи таматтуъ бояд дар моҳҳои махсуси ҳаҷ (шавол, зилқаъда, зилҳаҷҷа) анҷом шавад, вале дар умраи муфрада дар ҳамаи моҳҳо метавон эҳром баст.
  • Дар умраи таматтуъ пас аз саъйи Сафоу Марва бояд тақсир (кӯтоҳ кардани миқдоре аз мӯ ё нохун) анҷом дод; аммо дар умраи муфрада, метавон ба ҷои тақсир амали ҳалқ(тарошидани мӯи сар)-ро анҷом дод.[12]
  • Дар умраи таматтуъ миқот бояд яке аз миқотҳои панҷгона бошад; аммо дар умраи муфрада, метавонад илова бар миқотҳои панҷгона, «адналҳил» (яъне наздиктарин маҳал дар хориҷ аз ҳарам) бошад.[13]

Бофазилаттарин умраи муфрада

Бар пояи китобҳои фиқҳӣ, умраи моҳи раҷаб, нисбат ба умра дар дигар моҳҳо савоби бештаре дорад.[14] Дар ривоёт ҳам ин масаъла баён шудааст. Дар аҳодисе аз Паёмбар (с) ва Имом Содиқ (а) нақл шудааст, ки умраи моҳи раҷаб бофазилаттарин умраи муфрада аст.[15]

Ҷусторҳои вобаста

Эзоҳ

  1. Муҳаққиқи Ҳиллӣ, Шароеъ-ул-Ислом, 1408ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.275
  2. Шайхи Тӯсӣ, ал-Мабсут, 1387ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.296; Наҷафӣ, Ҷавоҳир-ул-калом, Бейрут, ҷ.20, саҳ.441
  3. Муассисаи Доирҳот-ул-маорифи фиқҳи исломӣ, Фарҳанги фиқҳ, 1392ҳ.ш., ҷ.5, саҳ.479
  4. Муассисаи Доирҳот-ул-маорифи фиқҳи исломӣ, Фарҳанги фиқҳ, 1392ҳ.ш., ҷ.5, саҳ.481
  5. Муассисаи Доирҳот-ул-маорифи фиқҳи исломӣ, Фарҳанги фиқҳ, 1392ҳ.ш., ҷ.5, саҳ.485
  6. Барои намуна ниг.: Муҳаққиқи Ҳиллӣ, Шароеъ-ул-Ислом, 1408ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.274; Наҷафӣ, Ҷавоҳир-ул-калом, Бейрут, ҷ.20, саҳ.441
  7. Шайхи Тӯсӣ, ал-Мабсут, 1387ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.297; Гурӯҳи пажӯҳиши Беъсаи Мақоми муаззами Раҳбарӣ, Мунтахаби маносики ҳаҷ, 1426ҳ.қ., саҳ.59
  8. Муассисаи Доирҳот-ул-маорифи фиқҳи исломӣ, Фарҳанги фиқҳ, 1392ҳ.ш., ҷ.5, саҳ.485
  9. Муассисаи Доирҳот-ул-маорифи фиқҳи исломӣ, Фарҳанги фиқҳ, 1392ҳ.ш., ҷ.5, саҳ.485
  10. Муассисаи Доирҳот-ул-маорифи фиқҳи исломӣ, Фарҳанги фиқҳ, 1392ҳ.ш., ҷ.5, саҳ.485
  11. Муҳаққиқи Ҳиллӣ, Шароеъ-ул-Ислом, 1408ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.275
  12. Муҳаққиқи Ҳиллӣ, Шароеъ-ул-Ислом, 1408ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.275-276
  13. Муассисаи Доирҳот-ул-маорифи фиқҳи исломӣ, Фарҳанги фиқҳ, 1392ҳ.ш., ҷ.5, саҳ.488
  14. Барои намуна ниг.: Шаҳиди Аввал, ад-Дурус-уш-шаръийя, 1417ҳ.қ. ҷ.1, саҳ.337; Муҳаққиқи Ҳиллӣ, Шароеъ-ул-Ислом, 1408ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.276
  15. Ҳурри Омилӣ, Васоил-уш-шиа, 1409ҳ.қ., ҷ.14, саҳ.302

Сарчашма

  • Гурӯҳи пажӯҳиши Беъсаи Мақоми муаззами Раҳбарӣ, Мунтахаби маносики ҳаҷ, Теҳрон, нашри Машъар, чопи дуввум, 1426ҳ.қ.
  • Муассисаи Доират-ул-маорифи фиқҳи исломӣ, Фарҳанги фиқҳ мутобиқи мазҳаби Аҳли Байт алайҳимуссалом, Қум, Муассисаи Доират-ул-маорифи фиқҳи исломӣ, чопи аввал, , 1392ҳ.ш.
  • Муҳаққиқи Ҳиллӣ, Ҷаъфар ибни Ҳасан, Шароеъ-ул-Ислом фи масоил-ил-ҳалоли ва-л-ҳаром, таҳқиқ ва тасҳеҳи Абдулҳусайн Маҳмадалии Баққол, Қум, Исмоилён, чопи дуввум, 1408ҳ.қ.
  • Наҷафӣ, Муҳаммадҳасан, Ҷавоҳир-ул-калом фи шарҳи Шароеъ-ул-Ислом, Бейрут, дор-ул-эҳё-ит-турос-ил-арабӣ, чопи ҳафтум, 1404ҳ.қ.
  • Ҳурри Омилӣ, Муҳамад ибни Ҳасан, Тафсилу васоил-иш-шиа ило таҳсили масоил-иш-шаръийя, Қум, муассисаи Ол-ул-байт, чопи аввал, 1409ҳ.қ.
  • Шайхи Тӯсӣ, Муҳамад ибни Ҳасан, ал-Мабсуту фи-л-фиқҳ-ил-имомийя, таҳқиқ ва тасҳеҳи Сайид Муҳаммадтақии Кашфӣ, Теҳрон, ал-Мактабат-ул-муртазавияту ли иҳё-ил-осор-ил-ҷаъфарийя, чопи сеюм, 1387ҳ.қ.
  • Шаҳиди Аввал, Муҳамад ибни Маккии Омилӣ, ад-Дурус-уш-шаръийяту фи-л-фиқҳ-ил-имомийя, Қум, нашри исломӣ, чопи дуввум, 1417ҳ.қ.