Ҷаҳиш ба мӯҳтаво

Амалиёти Ваъдаи содиқ 4

Аз wikishia
Амалиёти Ваъдаи содиқ 4
Даргириҳои Амрико ва Исроил бо Эрон
Деворнигораи майдони Валиасри Теҳрон бо унвони «То ҷаҳон биёсояд» ба муносибати амалиёти Ваъдаи содиқ 4
Деворнигораи майдони Валиасри Теҳрон бо унвони «То ҷаҳон биёсояд» ба муносибати амалиёти Ваъдаи содиқ 4
Замон28 феврали 2026
МаконСарзаминҳои ишғолии Фаластин ва пойгоҳҳои Амрико дар минтақа
СабабПосух ба ҷанги Исроилу Амрико бо Эрон
Ҷанганда1Ҷумҳурии исломии Эрон
Ҷанганда2Амрико ва режими саҳюнистӣ
Нерӯҳо1Сипоҳи посдорон ва артиши Эрон
Нерӯҳо2Артиши Амрико ва Исроил
Хасорат2Хисорати низомии тақрибан 25-миллиарддолларӣ ба иқтисоди Исроил ва Амрико, нобудшавии якчанд ҳавопаймо ва болгарди пешрафтаи амрикоӣ монанди ҷангандаи F-35, F-22, A-10, Овокс ва C-130 ва беш аз 170 паҳбоди пешрафтаи амрикоӣ ва исроилӣ...


Амалиёти Ваъдаи содиқ 4 (форсӣ: عملیات وعده صادق ۴) ба ҳамлаҳои мушакиву паҳбодии Эрон ба сарзаминҳои ишғолии Фаластин ва пойгоҳҳои низомии Амрико дар Ғарби Осиё ишора дорад, ки дар посух ба ҳамлаи муштараки Исроилу Амрико ба Эрон аз 28 феврали соли 2026 оғоз шуд. Бар асоси моддаи 51-уми Маншури Созмони Милали Муттаҳид, амале дар роҳи дифои машруъ аз ҳокимият ва тамомияти арзии Эрон маҳсуб мешавад.

Сипоҳи посдорони Инқилоби исломӣ ва артиши Эрон то рӯзи 8 апрели соли 2026, 100 марҳила ва мавҷи амалиёти мушакиву паҳбодӣ алайҳи Исроил ва Амрико анҷом додаанд. Дар ин амалиёт, илова бар марказу пойгоҳҳо ва созмонҳои низомӣ дар шаҳрҳои гуногуни Исроил, пойгоҳҳои низомии Амрико дар Имороти Муттаҳида, Қатар, Кувайт, Урдун, Арабистон, Ироқ ва Баҳрайн мавриди ҳамлаҳои мушакиву паҳбодии Эрон қарор гирифтанд. Новҳои Амрико дар минтақа низ аз дигар ҳадафҳои ин ҳамлаҳо буданд.

Эрон дар натиҷаи ин амалиёт, тангаи Ҳурмузро баст ва ҳаракати киштиҳо ва нефтҳо дар ин тангаро боздошт, ки ба иқтисоди ҷаҳонӣ ва афзоиши бесобиқаи нархи нефт ва газ таъсир гузошт.

Дар 8 апрели соли 2026 бо миёнҷигарии Покистон, оташбаси дуҳафтаина миёни Эрон ва Амрико барқарор шуд. Бар асоси иттилоияи Шӯрои олии амнияти миллии Эрон, пазируфтани поёни ҷанг аз сӯи Эрон ба ин шарт аст, ки усули матраҳшуда дар тарҳи даҳмоддаии Эрон аз ҷумла назорати Эрон бар тангаи Ҳурмуз, боздоштани ҷанг алайҳи ҳамаи гурӯҳҳои муқовимат ва лағви таҳримҳои Эрон дар музокироти ниҳоӣ мавриди пазириш қарор гирад.

Эрон дар моҳҳои май ва июни соли 2025 низ амалиёти Ваъдаи содиқ 3-ро дар посух ба ҷанги 12-рӯзаи Исроил бо Эрон анҷом дод.

Дифои машруъи Эрон дар баробари ҳамлаи муштараки Амрико ва Исроил

Дар 28 феврали соли 2026, пас аз ҳамлаҳои муштараки Исроил ва Амрико ба Эрон ва террор Раҳбар ва фармондеҳони аршади низомӣ, Эрон ҳамлаҳои мушакиву паҳбодиро ба сарзаминҳои ишғолӣ ва пойгоҳҳои низомии Амрико дар Ғарби Осиё бо унвони «Амалиёти Ваъдаи содиқ 4» оғоз кард.

Амалиёти Ваъдаи содиқ 4 бар асоси моддаи 51-уми Маншури Созмони Милали Муттаҳид, ҳаққи машруи Эрон дар дифоъ аз ҳокимият ва тамомияти арзӣ ва шаҳрвандони эронӣ шумурда шудааст.[1]

Шарҳи амалиёт

Дар амалиёти Ваъдаи содиқ 4 то рӯзи 8 апрели соли 2026, Сипоҳи посдорон ва артиши Эрон сад марҳила ва мавҷи амалиёти мушакиву паҳбодиро иҷро карданд. Ин ҳамлаҳо, минтақаҳои гуногунеро дар сарзаминҳои ишғолии Фаластин, аз ҷумла Тел-Авив, Ҳайфо, Беър Яъқуб, Беър-ус-Сабаъ, Аккоро ҳадаф қарор дод. Ситоди кулли артиш, Вазорати ҷанг, пойгоҳҳои низомӣ ва ҳавоӣ, Фурудгоҳи Бен-Гуриён,[Ниёзманди манбаъ] дафтари сарвазири режими саҳюнистӣ ва макони истиқрори фармондеҳи нерӯи ҳавоии артиш[2] таъсисоти ҳастаии Исроил дар Димуно, аз ҷумлаи ин ҳадафҳо будаанд. Ҳамчунин пойгоҳҳои низомии Амрико дар кишварҳои Имороти Муттаҳида, Қатар, Кувайт, Урдун, Арабистон, Ироқ ва Баҳрайн ва новҳои ин кишвар дар минтақа низ мавриди исобати ҳамлаҳои мушакиву паҳбодии Эрон қарор гирифтанд.[3] Ба гуфтаи мақомоти эронӣ, ҳадаф қарор додани пойгоҳҳои амрикоӣ дар минтақа, на аз рӯи душманӣ бо кишварҳои мизбон, балки ба далели истифода аз ин пойгоҳҳо дар ҳамлаҳо алайҳи Эрон сурат гирифтааст.[4] Дар пайи ҳамлаҳои Исроил ва Амрико ба баъзе зерсохтҳои Эрон ҳамчун пойгоҳҳои нафтӣ ва петрошимии Эрон, нерӯҳои мусаллаҳи Эрон бо ҳадафи ва сиёсати муқобила ба мисл ва чашм дар баробари чашм, зерсохтҳои Исроил ва Амрико дар минтақаро мавриди ҳадаф қарор дод.

Гуфта мешавад нерӯҳои мусаллаҳи Эрон дар амалиёти Ваъдаи содиқ 4 то 16 марти соли 2026, беш аз 3600 фарванд паҳпод ва 700 мушак, аз ҷумла мушакҳои гуногуне чун Хайбар, Хуррамшаҳр 4, Фаттоҳ, Қадр, Хайбаршикан, Имод, Фотеҳ, Сиҷҷил, Ҳоҷ Қосим ва паҳподҳое монанди Шоҳиди 136, Ораши 1 ва 2 ва Ҳадиди 110-ро ба кор гирифтанд. Хабаргузории Таймсисроил даъво кардааст, ки Эрон дар натиҷаи амалиёти Ваъдаи содиқ 4, 650 мушаки баллистикӣ ба Исроил тирандозӣ кард, ки бештари онҳо раҳгирӣ шуд. Ба гузориши ин хабаргузории исроилӣ, ҷангандаҳои исроилӣ дар тӯли чил рӯзи ҷанг, 18 ҳазор бомба ба минтақаҳои гуногуни Эрон партоб карданд.[5]

Ҳар яке аз марҳилаҳои ин амалиёт бо рамзҳое чун Ё Алӣ ибни Абитолиб, Ё Ҳайдари Каррор, Ё Амирулмуъминин, Ё Фотиматуззаҳро, Ё Ҳасан ибни Алӣ, Ё Ҳусайн ибни Алӣ ва Ё Муиззулмуъминин анҷом шудааст.

Масдуд кардани тангаи Ҳурмуз

Дар хилоли амалиёти Ваъдаи содиқ 4, Сипоҳи посдорони Эрон тангаи Ҳурмузро масдуд ва тардиди нефтҳо дар тангаи Ҳурмуз ба таври комил мамнуъ кард. Албатта баъдҳо гузари киштиҳои кишварҳои дӯст аз ин танга муҷоз шуд.[6]

Вокунишҳо

Сайид Муҷтабо Хоманаӣ, сеюмин Раҳбари Ҷумҳурии исломии Эрон, дар паёми наврӯзии худ дар оғози соли нави 1405ҳ.ш. (солшумории расмии Эрон баробар бо 21 марти 2026) ёдовар шуд, ки ҷанги Рамазон бо ин таваҳҳум сурат гирифт, ки агар раъси низом ва як гурӯҳ аз таъсиргузорони низомиро ба шаҳодат бирасонанд, дар мардуми Эрон тарсу ноумедӣ эҷод карда, боиси тарки арса аз сӯи онон шуда ва аз ин тариқ рӯъёи тасаллут бар Эрон ва сипас таҷзияи онро таҳаққуқ хоҳанд бахшид. Лекин миллати Эрон хатти дифоии густурдае ба вусъати кишвар ва сангарҳое мустаҳкам ба теъдоди майдонҳо ва маҳаллот ва масҷидҳои он фароҳам карданд.[7]

Рассомии диҷитолии Раъдуссайф аз ҷониби Ҳасан Рӯҳуламин.

Раҳбарони гурӯҳҳои муқовимат аз амалиёти Ваъдаи содиқ 4 ҳимоят карда ва онро ҳаққи машруи Эрон шумурданд. Мардуми Эрон бо барпоии тазоҳурот ва таҷаммуоти шабона ва ҳамчунин мардуми кишварҳои гуногуне монанди Ироқ, Покистон, Фаронса, Амрико, Олмон, Канада, Англия, Тунис бо баргузории тазоҳурот, аз Эрон ҳимоят ва ҳамлаҳои Амрико ва Исроил ба Эронро маҳкум карданд.

Ҳимояти меҳвари муқовимат аз Эрон

Ҳизбуллоҳи Лубнон ва гурӯҳҳои муқовимати Ироқ ҳамчун Ҳашдушшшаъбӣ низ дар ин амалиёт, Эронро ҳамроҳӣ ва кумак карданд. Яман низ дар ҳамроҳӣ бо Эрон, нахустин амалиёти низомии худ алайҳи режими саҳюнистиро дар рӯзи 28 марти соли 2026 анҷом дод.[8] Дар баёнияи нерӯҳои мусаллаҳи Яман омадааст, ки амалиёти нерӯҳои мусаллаҳи Яман то таҳаққуқи ҳадафҳои эъломшуда ва поёни ҳуҷум дар ҳамаи ҷабҳаҳои муқовимат идома хоҳад дошт.[9]

Осори ҳунарӣ

Ҳунармандон, маддоҳон ва овозхонони Эрон[10] ва баъзе кишварҳои гуногун[11] низ осоре дар ҳимоят аз Амалиёти Ваъдаи содиқ 4 ва маҳкумияти ҷанги Исроилу Амрико бо Эрон тавлид ва мунташир карданд. Маддоҳии «Бизан, ки хуб мезанӣ» аз Маҳдии Расулӣ, «Ҳайдари Шаҳсвор» бо садои Маҳмуди Каримӣ, «Зарбаи охиру бизан» асари Алиризо Тоҳирӣ,[12] намоҳанги ямании «Ла таваққафуҳо»[13] ва расми ҳунарии «Раъдуссайф», «Радди хашм», «Мааллоҳ» ва «Беъсати миллат» асари Ҳасани Рӯҳуламин аз ҷумлаи ин осор ба шумор мераванд.

Корен Ҳумоюнфар, оҳангсоз, се қитаъаи роҳпаймоии низомӣ ҳамзамон бо оғози амалиёти «Ваъдаи содиқ 4» сохтааст.[14]

Паёмадҳо

Амалиёти Ваъдаи содиқ 4 паёмадҳои гуногун барои минтақа ва ҷаҳон дошт ва таъсироти қобили таваҷҷӯҳе бар иқтисоди ҷаҳонӣ гузошт. Баста шудани тангаи Ҳурмуз боиси афзоиши бесобиқаи нархи нефт ва газ шуд, бозорҳои ҷаҳонӣ дучори навасон гардиданд, парвозҳои минтақавӣ лағв ва нархи чиптаҳои ҳавопаймо афзоиш ёфт. Ҳамчунин гузоришҳое дар бораи гурехтани ҳазорҳо нафар аз сокинони сарзаминҳои ишғолӣ ва шаҳрвандони амрикоӣ аз минтақа мунташир шуд.[15]

Бозориёни Эрон барои сари Трамп ва Нетанияҳу, ҷоизаи якмиллиондолларӣ таъин карданд.[Ниёзманди манбаъ] Ироқ низ барои ошкор кардани маҳалли ихтифои нерӯҳои низомии Амрико, ҷоизаи 150-ҳазординорӣ гузоштааст.[Ниёзманди манбаъ]

Талафот ва хасорот

Бар асоси гузориши хабаргузориҳо, беш аз 28 миллиард доллар хасороти бевоситаи низомӣ ба Исроил ва Амрико ворид шудааст. Рӯзномаи ибрии «Калкалист» эътироф карда, ки режими саҳюнистӣ аз замони оғози ҷанг тақрибан 15 миллиард доллар хасорат дидааст.[16] Бано ба эътирофи муовини котиби кулли Созмони Милали Муттаҳид дар умури башардӯстона ва гузориши хабаргузориҳо аз Пентагон, ҷанг бо Эрон, рӯзона як миллиард доллар ҳазина барои Амрико ва Исроил дар пай дорад.[17]

Бо таваҷҷӯҳ ба сензураи хабарӣ ва мамнуияти бозтоби Амалиёти Ваъдаи содиқ 4 дар Исроил, омори дақиқи талафот ва хасороти ин режим ба таври расмӣ эълом нашудааст. Тибқи гузориши хабаргузории ал-Ҷазира, аз 28 феврал то 27 апрели соли 2026, 26 исроилӣ кушта ва 7791 исроилӣ маҷрӯҳ шуданд.[18] Артиши Амрико низ кушта шудани 13 амрикоӣ ва маҷрӯҳ шудани беш аз 200 нафарро тасдиқ кардааст.[19] Шумораи маҷруҳони амрикоӣ то 415 нафар низ гуфта шудааст.[20] Бо ин ҳол, талафоти амрикоиҳоро бештар аз ин омор донистаанд.[21] Аз ҷумла сухангӯи Сипоҳ аз кушта ва маҷрӯҳ шудани 650 нафар низомии амрикоӣ дар чор рӯзи ибтидоии амалиёти Ваъдаи содиқ 4 хабар дода буд.[22]

Гуфта мешавад то рӯзи 8 апрели соли 2026, Эрон 171 паҳбоди пешрафтаи исроилӣ ва амрикоӣ ва якчанд ҳавопаймо ва болгард аз ҷумла як ҷангандаи F-22, ду F-35, чор F-15, даҳ ҳавопаймои пешрафтаи сӯхтрасони амрикоӣ (KC-135), як ҳавопаймои гаронбаҳои иттилоотӣ ва фармондеҳии Овокс (E-3), ду ҳавопаймои борбарии C-130-ро мавриди ҳадаф қарор дода ва нобуд кардааст.

Ба гузориши хабаргузориҳои хориҷӣ монанди Дейли Мейл, дар амалиёти Ваъдаи содиқ 4, 17 пойгоҳи низомии Амрико дар минтақа аз ҷумла пойгоҳи Ал-Удайд дар Қатар, бузургтарин пойгоҳи низомии Амрико дар Ғарби Осиё, хароб шудааст.

Бар асоси гузориши сухангӯи ҳукумати Эрон, бароварди ибтидоӣ аз хасороти ворида ба Эрон дар ҷанги Рамазон, 270 миллиард доллар аст.[23]

Оташбас

Дар 8 апрели соли 2026 бо миёнҷигарии Покистон, миёни Эрон ва Амрико оташбаси дуҳафтаина барқарор шуд. Мувофиқи эълони Шӯрои олии амнияти миллии Эрон, пазируфтани поёни ҷанг аз сӯи Эрон ба ин шарт аст, ки усули матраҳшуда дар тарҳи даҳмоддаи ин кишвар дар музокироти ниҳоӣ мавриди пазириш қарор гирад. Бар асоси ин эълон, баргузории ҷаласаи музокирот аз 10 апрели соли 2026 дар Исломободи Покистон таин шудааст.[24]

Баъзе аз шартҳои даҳгонаи Эрон иборатанд аз: эҷоди як протоколи гузар аз марз бо амният дар тангаи Ҳурмуз зери назорати Эрон, поёни ҷанг алайҳи ҳамаи тарафҳои меҳвари муқовимат, берун рафтани нерӯҳои размии Амрико аз ҳамаи пойгоҳҳояш дар минтақа, пардохти пурраи хасороти Эрон, рафъи ҳамаи таҳримҳои аввалия ва сонавия ва қатъномаҳои Шӯрои ҳукком ва Шӯрои амният, озод шудани ҳамаи амвол ва дороиҳои басташудаи Эрон ва тасвиби ин маворид дар қатъномаи илзомовари Шӯрои амният.[25]

Пеш аз ин, Амрико тарҳи 15-моддаӣ барои боздоштани ҷанг ба Эрон пешниҳод карда буд, ки мавриди пазириши Эрон қарор нагирифт ва рад шуд.

Шӯрои олии амнияти миллии Эрон ва баъзе аз мақомот ва таҳлилгарони амрикоӣ ва исроилӣ ҳамчун Крис Мурфӣ, сенатори амрикоӣ, ва Голан, раҳбари ҳизби меҳнати Исроил, ин оташбасро шикасти Амрикову Исроил ва пирӯзии Эрон тавсиф карданд. Баъзе низ онро зуҳури Эрон ҳамчун абарқудрати нави ҷаҳон номиданд. Бо ин ҳол Трамп, раисҷумҳури Амрико, оташбас бо Эронро пирӯзии тамомъайёр барои Амрико хондааст.[26]

Гуфта шуда бо пазириши шартҳои даҳмоддаии Эрон аз сӯи Амрико, Эрон ба ҳадафҳои худ аз ҷумла пазириши ғанисозӣ, лағви таҳримҳо ва назорати тангаи Ҳурмуз даст пайдо кард; аммо Амрико ба ҳеҷ яке аз ҳадафҳояш аз ҷумла тағйири низом, боздоштани барномаи ҳастаӣ ва аз байн бурдани нерӯи мушакиву дарёии Эрон нарасид.

Нақзи оташбас тавассути Амрико ва Исроил

Оташбас дар нахустин рӯз, якчанд маротиба аз сӯи душмани амрикоӣ ва саҳюнистӣ нақз шуд: ҳамла ба ҷазираи Ловон, нақзи ҳарими ҳавоии Эрон ва ҳамлаи паҳподӣ ба минтақаҳое аз Эрон, инкори ҳаққи ғанисозӣ ва ҳамлаҳои мушакии шадиди Исроил ба Ҳизбуллоҳи Лубнон ки боиси шаҳодати 357 нафар ва маҷрӯҳ шудани 1223 нафар шуд.

Ҷусторҳои вобаста

Эзоҳ

  1. «ایران خواستار محکومیت فوری تجاوزات آمریکا و "اسرائیل" در شورای حکام شد», Сайти шабакаи ал-Олам
  2. «روابط عمومی کل سپاه: سرنوشت نخست‌وزیر رژیم صهیونیستی در هاله‌ای از ابهام», Хабаргузории АБНА
  3. «جنگ آمریکا و اسرائیل علیه ایران (۲۸ فوریه ۲۰۲۶ – تا به امروز)», Хабаргузории Спутник
  4. «عراقچی: اقدام دشمن جنایت سیاسی-مذهبی بود / در مذاکره فریب نخوردیم», Сайти шабакаи ал-Олам
  5. «Iran war cost about NIS 35 billion in budgetary expenses, Finance Ministry says», Сайти The Times of Israel
  6. «جنگ آمریکا و اسرائیل علیه ایران (۲۸ فوریه ۲۰۲۶ – تا به امروز)», Хабаргузории Спутник
  7. Хоманаӣ, «پیام نوروزی رهبر انقلاب به مناسبت آغاز سال ۱۴۰۵؛ سال اقتصاد مقاومتی در سایه وحدت ملّی و امنیّت ملّی», Пойгоҳи иттилоърасонии Дафтари ҳифз ва нашри осори Оятуллоҳ Хоманаӣ
  8. «یمن رسماً وارد جنگ شد + فیلم», Сайти иттилоърасонии Ҷаморон
  9. «یمن رسماً وارد جنگ شد + فیلم», Сайти иттилоърасонии Ҷаморон
  10. «چه کسانی در جنگ رمضان برای وطن خواندند/ شاهکار خوش‌صداها با بیش از ۱۰۰ نماهنگ حماسی +فیلم و صوت», Хабаргузории Машриқ
  11. Барои намуна нигаред ба: «نماهنگ تقدیمی یمنی‌ها به ایرانی‌ها», Хабаргузории Машриқ
  12. «چه کسانی در جنگ رمضان برای وطن خواندند/ شاهکار خوش‌صداها با بیش از ۱۰۰ نماهنگ حماسی +فیلم و صوت», Хабаргузории Машриқ
  13. «نماهنگ تقدیمی یمنی‌ها به ایرانی‌ها», Хабаргузории Машриқ
  14. «قطعات جدید کارن همایونفر همزمان با عملیات وعده صادق۴», Хабаргузории Форс
  15. «فرار بیش از ۱۰ هزار صهیونیست از اراضی اشغالی», Хабаргузории Дифои муқаддас
  16. «تجاوز به ایران ۱۵ میلیارد دلار خسارت برای اسرائیل به بار آورد», Сайти шабакаи ал-Олам
  17. «آمریکا درپی راهی برای خروج از گرداب جنگی است که خود آغازگر آن بوده است», Сайти шабакаи ал-Олам
  18. «US-Israel attacks on Iran: Death toll and injuries live tracker», Сайти ал-Ҷазира
  19. «US-Israel attacks on Iran: Death toll and injuries live tracker», Сайти ал-Ҷазира
  20. «افزایش تلفات نظامیان آمریکایی در جنگ علیه ایران», Хабаргузории Машриқ
  21. «افزایش تلفات نظامیان آمریکایی در جنگ علیه ایران», Хабаргузории Машриқ; «اعلام آمار تلفات آمریکا در جنگ با ایران توسط سنتکام», Хабаргузории Тобнок
  22. «۶۵۰ نظامی آمریکایی کشته و یا زخمی شدند/ ناو آبراهام لینکلن متواری شد», Сайти шабакаи ал-Олам
  23. «برآورد اولیه ۲۷۰ میلیارددلاری خسارت ایران در جنگ اخیر تا الآن», Хабаргузории Тасним
  24. آمریکا مجبور به پذیرش طرح 10 ماده‌ای ایران شد, Пойгоҳи иттилоърасонии давлати Эрон
  25. آمریکا مجبور به پذیرش طرح 10 ماده‌ای ایران شد, Пойгоҳи иттилоърасонии давлати Эрон
  26. «ترامپ: توافق آتش‌بس با تهران «پیروزی تمام‌عیار» آمریکاست؛ مساله ذخایر اورانیوم ایران را حل می‌کنیم», Хабаргузории Евронюс

Сарчашма