Ҷаҳиш ба мӯҳтаво

Үндана:Саҷдаи шукр

Аз wikishia

Саҷдаи шукр (форсӣ: سَجده شُکْر) саҷдае мустаҳаб барои сипосгузорӣ аз Худованд аст, ки дар фиқҳи шиа, барои замонҳое монанди пас аз намоз, дарёфти неъмат ва бартараф шудани бало тавсия шудааст. Ин саҷда бо як бор қарор додани пешонӣ бар замин анҷом меёбад ва ду бор саҷда кардан низ мустаҳаб дониста шудааст. Дар ривоёт, барои он фазилатҳое мисли ҷалби ризоияти Илоҳӣ ва афзоиши подош баён шуда ва зикрҳо ва дуоҳои гуногуне мисли «Шукран лиллоҳ» ва «Афван, афван» барои он зикр шудааст.

Аҳамият ва фазилат

Саҷдаи шукр аз аъмоли мустаҳаб ва аз таъқиботи намоз ба шумор меравад. Дар ривоёт, бар анҷоми он пас аз намоз таъкид шуда ва барои он подошҳое мисли афзоиши савоб, омурзиши гуноҳон ва ҷалби раҳмати Илоҳӣ зикр шудааст. Дар ривояте аз Имом Содиқ (а) нақл шуда саҷдаи шукр пас аз намозро мӯҷиби афзоиши арзиши намоз ва хушнудии Худованд мегардад.[1] Дар ривояте дигар, барои саҷдаи шукр ба сабаби неъмат, подошҳое мисли сабти ҳасанот, омурзиши гуноҳон ва афзоиши дараҷоти биҳиштӣ баён шудааст.[2] Имом Замон (аҷ) низ саҷдаи шукрро аз муҳимтарин мустаҳабҳо дониста ва онро муодили дуо ва тасбеҳ баъд аз воҷибот муаррифӣ кардааст.[3]

Мавориди истиҳбоб

Саҷдаи шукр мустаҳаб аст ва дар мавориди зер бар анҷоми он таъкид шудааст:

  1. Пас аз намозҳои воҷиб ва мустаҳаб, дар ривоёт, бар саҷдаи шукр пас аз намози мағриб таъкид шудааст.[4]
  2. Ҳангоми дарёфти неъмат ё дучандон шудани неъмат.
  3. Ҳангоми бартараф шудани бало ё мусибат.
  4. Пас аз тавфиқи анҷоми кори нек ё тарки гуноҳ.
  5. Ҳангоми дидани шахси гирифтори бало ё фарди гуноҳкор, барои сипосгузорӣ аз саломатӣ ва дурӣ аз он вазъият.[5]

Чигунагии анҷоми саҷдаи шукр

Саҷдаи шукр бо як бор қарор додани пешонӣ бар замин анҷом меёбад, ҳарчанд баъзе фақеҳон ду бор саҷда карданро беҳтар донистаанд. Дар ин шева, пас аз саҷдаи нахуст, рухсораи рост ва сипас рухсораи чап бар замин гузошта мешавад, ки ба он таъфир мегӯянд.[6]

Саҷдаи шукр, такбири ифтитоҳ, ташаҳҳуд ва салом надорад.[7] Албатта баъзе фақеҳҳо такбир пас аз сар бардоштан аз саҷдаро мустаҳаб донистаанд.[8] Дар бораи ин ки барои таҳаққуқи саҷдаи шукр, қарор додани дигар узвҳои саҷда бар замин низ зарур аст ё қарор додани пешонӣ кифоят мекунад, миёни фақеҳон ихтилофи назар вуҷуд дорад.[9]

Зикрҳои саҷдаи шукр

Барои саҷдаи шукр зикри хоссе, ки гуфтани он шарти саҳеҳ бошад, муайян нашудааст ва гуфтани ҳар зикр ва дуое дар он ҷоиз аст. Дар ривоёт, зикрҳо ва дуоҳои гуногуне барои он нақл шудааст. Аз ҷумла, Имом Ризо (а) гуфтани сад маротиба «Шукран, шукран» ё «Афван, афван»-ро дар саҷдаи шукр тавсия кардааст.[10] Аз Имом Содиқ (а) низ нақл шудааст, ки камтарини зикр дар саҷдаи шукр пас аз намоз, се маротиба «Шукран лиллоҳ» аст.[11]

Дар баъзе ривоёт, гуфтани «Ё Рауф, ё Раҳим, ё Рабб, ё Сайидӣ» ва сипосгузорӣ барои неъмати вилояти Аҳли Байт (а) дар саҷдаи шукр тавсия шудааст.[12] Ҳамчунин нақл шудааст, ки Имом Содиқ (а) ва Имом Козим (а) дар саҷдаи шукр ин дуоро бисёр мегуфтанд:


Шароит ва мустаҳабҳои саҷдаи шукр

Таҳорат ва рӯ ба қибла будан шарти саҳеҳ будани саҷдаи шукр нест;[14] бо ин ҳол, ҳар ду (қибла[15] ва таҳорат[16]) аз мустаҳабҳои он дониста шудаанд. Дароз кардани саҷда, қарор додани дастҳо бар замин, часпонидани сина ва шикам ба замин, анҷоми таъфир (гузоштани рухсораи рост ва сипас чап бар замин) ва хондани дуоҳои воридшуда низ мустаҳаб аст. Масҳи маҳали саҷда бо даст ва кашидани он бар рӯй ва пеши бадан, пас аз сар бардоштан аз саҷда, низ дар баъзе сарчашмаҳо аз мустаҳабботи саҷдаи шукр шумурда шудааст.[17]

Дар бораи баъзе ҷузъиёт, аз ҷумла мубоҳ будани макон ва саҳеҳ будани маҳалли қарор гирифтани пешонӣ, миёни фақеҳон ихтилофи назар вуҷуд дорад.[18]

Нахустин саҷдаи шукр

Дар баъзе сарчашмаҳо, саҷдаи шукри Имом Алӣ (а) пас аз огоҳӣ аз саломатии Пайғамбар (с) дар моҷарои Лайлат-ул-мубит, нахустин саҷдаи шукр дар Ислом дониста шудааст. Бар асоси ин гузориш, Пайғамбар (с) ҳангоми хуруҷ аз Макка барои ҳиҷрат ба Мадина, Имом Алӣ (а)-ро дар бистари худ қарор дод ва Алӣ (а) пас аз итминон аз саломатии Пайғамбар (с), саҷдаи шукр ба ҷо овард.[19]

Ҷусторҳои вобаста

Эзоҳ

  1. Шайхи Садуқ, Ман ло яҳзуруҳ-ул-фақеҳ, ҷ.1, саҳ.333.
  2. Шайхи Садуқ, Савоб-ул-аъмол, саҳ.35.
  3. Маҷлисӣ, Биҳор-ул-анвор, Дор эҳё-ит-турос-ил-арабӣ, ҷ.53, саҳ.161; Ҳурри Омилӣ, Васоил-уш-шиа, Муассисаи аҳл-ил-байт ли эҳё-ит-турос, ҷ.6, саҳ.409.
  4. Шайхи Садуқ, Ман ло яҳзуруҳ-ул-фақеҳ, ҷ.1, саҳ.331.
  5. Наҷафӣ, Ҷавоҳир-ул-калом, ҷ.10, саҳ.234 - 240; Таботабоии Яздӣ, ал-Урват-ул-вусқо (муҳашшо), ҷ.2, саҳ.584 - 585; Каракӣ, Ҷомеъ-ул-мақосид, Муассисаи Ол-ил-Байт ли эҳё-ит-турос, ҷ.2, саҳ.317.
  6. Шаҳиди Сонӣ, Масолик-ул-афҳом, Дор-ул-Ҳудо ли-т-тибоъа ва-н-нашр, ҷ.1, саҳ.223; Баҳронӣ, ал-Ҳадоиқ-ун-нозира, Муассисат-ун-нашр-ил-исломӣ, ҷ.8, саҳ.351.
  7. Каракӣ, Ҷомеъ-ул-мақосид, Муассисаи Ол-ил-Байт ли эҳё-ит-турос, ҷ.2, саҳ.317.
  8. Шайхи Тӯсӣ, ал-Мабсут, ҷ.1, саҳ.114.
  9. Каракӣ, Ҷомеъ-ул-мақосид, Муассисаи Ол-ил-Байт ли эҳё-ит-турос, ҷ.2, саҳ.317; Баҳронӣ, ал-Ҳадоиқ-ун-нозира, Муассисат-ун-нашр-ил-исломӣ, ҷ.8, саҳ.349 - 350.
  10. Шайхи Садуқ, Ман ло яҳзуруҳ-ул-фақеҳ, ҷ.1, саҳ.332.
  11. Шайхи Садуқ, Ман ло яҳзуруҳ-ул-фақеҳ, ҷ.1, саҳ.333.
  12. Буруҷердӣ, Ҷомеъи аҳодис, ҷ.5, саҳ.469.
  13. Қумӣ, Мафотиҳ-ул-ҷинон, Нашри Усва, саҳ.99-102.
  14. Алломмаи Ҳиллӣ, Тазакрат-ул-фуқаҳо, Муассисаи аҳл-ил-байт ли эҳё-ит-турос, ҷ.1, саҳ.137; ҷ.3, саҳ.15.
  15. Таботабоии Яздӣ, ал-Урват-ул-вусқо (муҳашшо), ҷ.2, саҳ.312-313.
  16. Наҷафӣ, Ҷавоҳир-ул-калом, ҷ.10, саҳ.245.
  17. Каракӣ, Ҷомеъ-ул-мақосид, Муассисаи Ол-ил-Байт ли эҳё-ит-турос, ҷ.2, саҳ.316 - 317; Баҳронӣ, ал-Ҳадоиқ-ун-нозира, Муассисат-ун-нашр-ил-исломӣ, ҷ.8, саҳ.347-349; саҳ.352; Таботабоии Яздӣ, ал-Урват-ул-вусқо (муҳашшо), ҷ.2, саҳ.585.
  18. Каракӣ, Ҷомеъ-ул-мақосид, Муассисаи Ол-ил-Байт ли эҳё-ит-турос, ҷ.2, саҳ.317; Кошифулғито, Кашф-ул-ғито, Дафтари таблиғоти исломӣ, ҷ.3, саҳ.215; Баҳронӣ, ал-Ҳадоиқ-ун-нозира, Муассисат-ун-нашр-ил-исломӣ, ҷ.8, саҳ.349-350.
  19. Маҷлисӣ, Биҳор-ул-анвор, ҷ.19, саҳ.60.

Сарчашма

  • Алломмаи Ҳиллӣ, Ҳасан ибни Юсуф, Тазакрат-ул-фуқаҳо, Қум, Муассисаи аҳл-ил-байт ли эҳё-ит-турос.
  • Баҳронӣ, Юсуф ибни Аҳмад, ал-Ҳадоиқ-ун-нозира фи аҳком-ил-итрат-ит-тоҳира, Қум, Муассисат-ун-нашр-ил-исломӣ (ат-тобеа) ли ҷамоат-ил-мударрисин би Қум-ил-мушаррафа.
  • Буруҷердӣ, Сайид Ҳусайн, Ҷомеъи аҳодис-иш-шиа, тарҷумонҳо: Аҳмади Исмоилтобор, Аҳмадризо Ҳусайнӣ, Муҳаммадҳусайн Маҳварии Теҳронӣ, Фарҳанги сабз, 1388ҳ.ш.
  • Кошифулғито, Шайх Ҷаъфар, Кашф-ул-ғито ан мубҳамот-иш-шариъат-ил-ғарро, Қум, Дафтари таблиғоти исломӣ.
  • Қумӣ, Аббос, Мафотиҳ-ул-ҷинон, Қум, Нашри Усва, бетаърих.
  • Маҷлисӣ, Муҳаммадбоқир, Биҳор-ул-анвор, Бейрут, Дор эҳё-ит-турос-ил-арабӣ, бетаърих.
  • Муҳаққиқи Каракӣ, Алӣ ибни Ҳусайн, Ҷомеъ-ул-мақосид, Қум, Муассисаи Ол-ил-Байт ли эҳё-ит-турос, бетаърих.
  • Наҷафӣ, Муҳаммадҳасан, Ҷавоҳир-ул-калом, Теҳрон, Дор-ул-кутуб-ил-исломия, 1365ҳ.ш.
  • Таботабоии Яздӣ, Сайид Муҳаммадкозим, ал-Урват-ул-вусқо (муҳашшо), муҳаққиқ: Аҳмад Муҳсинии Сабзворӣ, Қум, Дафтари интишороти исломӣ, 1419ҳ.қ.
  • Ҳурри Омилӣ, Муҳаммад ибни Ҳасан, Васоил-уш-шиа ила таҳсили масоил-иш-шариъа, Қум, Муассисаи аҳл-ил-байт ли эҳё-ит-турос.
  • Шайхи Садуқ, Муҳаммад ибни Алӣ, Ман ло яҳзуруҳ-ул-фақеҳ, муҳаққиқ ва мусаҳҳеҳ: Ғаффорӣ, Алиакбар, Дафтари интишороти исломӣ, Қум, чопи дувум, 1413ҳ.қ.
  • Шайхи Садуқ, Муҳаммад ибни Алӣ, Савоб-ул-аъмол ва иқоб-ул-аъмол, Дор-уш-шариф-ир-разӣ ли-н-нашр, Қум, чопи дувум, 1406ҳ.қ.
  • Шайхи Тӯсӣ, Муҳаммад ибни Ҳасан, ал-Мабсут фи фиқҳ-ил-имомия, Теҳрон, Мактабат-ул-муртазавия, 1387ҳ.ш.
  • Шаҳиди Сонӣ, Зайнуддин ибни Алӣ, Масолик-ул-афҳом, Қум, Дор-ул-ҳудо ли-т-тибоъа ва-н-нашр, бетаърих.