Үндана:Бемории марг
| Бахше аз аҳкоми амалӣ ва фиқҳӣ |
|---|
Ин мақола як навиштаи тавсифӣ дар бораи як мафҳуми фиқҳист ва наметавонад меъёре барои аъмоли динӣ бошад. Барои аъмоли динӣ ба манбаъҳои дигар муроҷиат намоед. |
Бемории марг (форсӣ: بیماری مرگ) ё бемории мушриф ба марг (форсӣ: بیماری مشرف به مرگ) бемориест, ки эҳтимоли марги бемор дар асари он ҷиддӣ аст ва дар фиқҳ аҳкоми вижае дар бораи тасарруфоти молӣ, иқрор, издивоҷ ва талоқ дорад. Дар бораи маҳдудияти тасарруфоти молии бемор, ба вижа беш аз се як ҳиссаи амвол, миёни фақеҳон ихтилофи назар аст. Иқрори бемор низ дар сурати набудани иттиҳом дар тамоми мол ва дар сурати вуҷуди иттиҳом, бано бар назари машҳур, танҳо то сеяки он нофиз аст. Издивоҷи мард дар ин ҳолат, дар сурате ки марг пеш аз духул надошта бошад, дар шароите ботил аст. Ҳамчунин, талоқи ҳамсар дар бемории рӯ ба марг, дар шароите метавонад сабаби мерос бурдани зан аз шавҳар шавад.
Таъриф
Дар таърифи бемории марг, дидгоҳҳои мухталифе дар сарчашмаҳои фиқҳӣ баён шудааст. Бар асоси баъзе таърифҳо, бемории марг ҳолатест, ки бемор бар асари он то ҳангоми марг аз бистари беморӣ барнахезад.[1] Аллома Ҳиллӣ онро беморие дониста, ки бо зуҳури он, марги бемор яқинӣ бошад.[2] Соҳиби Ҷавоҳир низ бемориеро, ки урфан марговар бошад, ҳатто агар тӯлонӣ шавад, бемории марг медонад.[3] Ваҳшат ва изтироб, қатъи умед аз беҳбуд ва интизори марг низ аз вижагиҳои ин беморӣ дониста шудааст; аз ин рӯ, дар баъзе сарчашмаҳои фиқҳӣ аз он бо унвони «амрози махуф» ёд шудааст.[4]
Аҳкоми фиқҳӣ
Бемори мушриф ба марг дар фиқҳ аҳкоми хоссе дорад ва дар абвоби мухталифи фиқҳ монанди васият,[5] иқрор,[6] издивоҷ[7] ва талоқ[8] ва муомилот[9] баҳс шудааст.
Тасарруфоти молии бемори рӯ ба марг
Дар бораи маҳдудияти тасарруфоти молии бемори рӯ ба марг миёни фақеҳон ихтилофи назар вуҷуд дорад. Баъзе фақеҳон ӯро дар тасарруфи беш аз сеяки амвол маҳҷур медонанд ва тасарруфоти ӯро дар ин миқдор, ниёзманд ба иҷозаи ворисон медонанд.[10] Дар муқобил, баъзе фақеҳон, аз ҷумла Шайхи Муфид, тасарруфоти молии ӯро мисли шахси солим нофиз медонанд.[11] Имом Хумайнӣ низ тасарруфоте, ки дар баробари онҳо ивазе вуҷуд дорад, ҳатто агар беш аз сеяки амвол бошад, нофиз медонад.[12]
Дар муомилоти табарруӣ, монанди бахшиш, вақф ва садақа, низ миёни фақеҳон ихтилофи назар вуҷуд дорад. Баъзе, ин гуна тасарруфотро дар беш аз сеяки амвол, ниёзманд ба иҷозаи ворисон медонанд;[13] дар муқобил, баъзе дигар, аз ҷумла Имом Хумайнӣ,[14] онҳоро бидуни ин маҳдудият саҳеҳ медонанд.[15] Тасарруфоте, ки иҷрои онҳо ба пас аз марги бемор вогузор шавад, дар ҳукми васият аст ва тобеи аҳкоми он хоҳад буд.[16]
Иқрор
Дар бораи иқрори бемори рӯ ба марг низ миёни фақеҳон ихтилофи назар вуҷуд дорад. Бано бар назари машҳур, иқрори бемор, агар дар маърази иттиҳом[Ёддошт 1] набошад, дар тамоми мол нофиз аст ва дар сурати вуҷуди иттиҳом, беш аз сеяки он ба иҷозаи ворисон ниёз дорад.[17] Баъзе фақеҳон, аз ҷумла Шайхи Муфид,[18] Шайхи Тӯсӣ[19] иқрорро дар ҳар сурат нофиз донистаанд.[20]
Издивоҷ
Агар марде дар бемории рӯ ба марг издивоҷ кунад ва пеш аз духул бар асари ҳамон беморӣ бимирад, бано бар назари фақеҳон ақд ботил аст ва зан аз ӯ мерос намебарад ва маҳрия ва идда низ бар зан собит намешавад.[21] Аммо агар духул сурат гирифта бошад ё мард аз беморӣ беҳбуд ёбад, ақд саҳеҳ хоҳад буд ва осори завҷият, аз ҷумла мерос, барқарор мешавад.[22]
Талоқ
Агар марде дар бемории рӯ ба марг ҳамсари худро талоқ диҳад, зан дар сурате аз ӯ мерос мебарад, ки талоқи хулъ ё муборот набошад, мард дар камтар аз як сол пас аз талоқ ва пеш аз беҳбуд аз беморӣ бимирад ва зан низ дар ин муддат издивоҷ накарда бошад. Дар ин сурат, зан ҳатто агар марги шавҳар пас аз поёни идда рух диҳад, аз ӯ мерос мебарад.[23]
Эзоҳ
- ↑ Муҳаққиқи Домод, Қавоиди фиқҳ, ҷ.2, саҳ.267.
- ↑ Аллома Ҳиллӣ, Қавоид-ул-аҳком, ҷ.2, саҳ.529.
- ↑ Наҷафӣ, Ҷавоҳир-ул-калом, ҷ.26, саҳ.74.
- ↑ Муҳаққиқи Ҳиллӣ, Шароеъ-ул-ислом, ҷ.2, саҳ.207; Шаҳиди Сонӣ, Масолик-ул-афҳом, ҷ.6, саҳ.310.
- ↑ Ҳусайнии Омилӣ, Мифтоҳ-ул-киром, ҷ.23, саҳ.355; Имом Хумайнӣ, Таҳрир-ул-васила, ҷ.1, саҳ.421.
- ↑ Аллома Ҳиллӣ, Тазикрат-ул-фуқаҳо, ҷ.15, саҳ.267; Имом Хумайнӣ, Таҳрир-ул-васила, ҷ.2, саҳ.56.
- ↑ Наҷафӣ, Ҷавоҳир-ул-калом, ҷ.39, саҳ.196 ва саҳ.220 - 221.
- ↑ Наҷафӣ, Ҷавоҳир-ул-калом, ҷ.32, саҳ.147-152.
- ↑ Муҳаққиқи Ҳиллӣ, Шароеъ-ул-ислом, ҷ.2, саҳ.209.
- ↑ Ҳусайнии Омилӣ, Мифтоҳ-ул-киром, ҷ.22, саҳ.661; Имом Хумайнӣ, Таҳрир-ул-васила, ҷ.2, саҳ.14; Муассисаи доират-ул-маорифи фиқҳи исломӣ, Фарҳанги фиқҳ, ҷ.1, саҳ.740.
- ↑ Муфид, ал-Муқниъа, саҳ.671.
- ↑ Имом Хумайнӣ, Таҳрир-ул-васила, ҷ.2, саҳ.25.
- ↑ Муҳаққиқи Ҳиллӣ, Шароеъ-ул-ислом, ҷ.2, саҳ.102; Тӯсӣ, ал-Мабсут, ҷ.4, саҳ.44; Аллома Ҳиллӣ, Қавоид-ул-аҳком, ҷ.2, саҳ.531; Шаҳиди Сонӣ, Масолик-ул-афҳом, ҷ.6, саҳ.310; Фахр-ул-муҳаққиқин, Эзоҳ-ул-фавоид, ҷ.2, саҳ.593; Муҳаққиқи Каркӣ, Ҷомеъ-ул-мақосид, ҷ.6, саҳ.310.
- ↑ Хумайнӣ, Таҳрир-ул-васила, ҷ.2, саҳ.25.
- ↑ Сайид Муртазо, ал-Интисор, саҳ.224; Ибни Идриси Ҳиллӣ, ас-Сароир, ҷ.3, саҳ.200; Ибни Бирроҷи Тароблусӣ, ал-Муҳаззаб, ҷ.1, саҳ.420.
- ↑ Муҳаққиқи Ҳиллӣ, Шароеъ-ул-ислом, ҷ.2, саҳ.207-208.
- ↑ Аллома Ҳиллӣ, Тазикрат-ул-фуқаҳо, ҷ.15, саҳ.267; Ҳусайнии Омилӣ, Мифтоҳ-ул-киром, ҷ.16, саҳ.205-206.
- ↑ Муфид, ал-Муқниъа, саҳ.662.
- ↑ Тӯсӣ, ан-Ниҳоя, саҳ.617-618.
- ↑ Ҳусайнии Омилӣ, Мифтоҳ-ул-киром, ҷ.16, саҳ.206.
- ↑ Наҷафӣ, Ҷавоҳир-ул-калом, ҷ.39, саҳ.196 ва ҷ.39, саҳ.220-221.
- ↑ Имом Хумайнӣ, Таҳрир-ул-васила, ҷ.2, саҳ.425.
- ↑ Наҷафӣ, Ҷавоҳир-ул-калом, ҷ.32, саҳ.147-152.
Ёддошт
- ↑ Дар маърази туҳмат набуданро ба ин маъно донистаанд, ки нишонаҳо ва гумонаҳое ба дурӯғ будан дар он вуҷуд надошта бошад, мисли душманӣ бо ворисон ё муҳаббати шадид ба касе, ки барояш иқрор кардааст (Имом Хумайнӣ, Таҳрир-ул-васила, ҷ.2, саҳ.26.)
Сарчашма
- Аллома Ҳиллӣ, Ҳасан ибни Юсуф, Тазикрат-ул-фуқаҳо, Қум, Ол-ил-Байт, 1414ҳ.қ.
- Аллома Ҳиллӣ, Ҳасан ибни Юсуф, Қавоид-ул-аҳком фи маърифат-ил-ҳалол ва-л-ҳаром, Қум, Дафтари интишороти исломӣ, чопи аввал, 1413ҳ.қ.
- Ибни Бирроҷи Тароблусӣ, Қозӣ Абдулазиз, ал-Муҳаззаб, Қум, Интишороти Ҷомеаи мударрисини ҳавзаи илмияи Қум, 1406ҳ.қ.
- Ибни Идриси Ҳиллӣ, Муҳаммад ибни Мансур ибни Аҳмад, ас-Сароир-ул-ҳови ли таҳрир-ил-фатово, Қум, интишороти Ҷомеаи мударрисини ҳавзаи илмияи Қум, 1410ҳ.қ.
- Имом Хумайнӣ, Сайид Рӯҳуллоҳ, Таҳрир-ул-васила, Теҳрон, Муассисаи танзим ва нашри осори Имом Хумайнӣ, 1385ҳ.ш.
- Муассисаи доират-ул-маорифи фиқҳи исломӣ, Фарҳанги фиқҳ мувофиқи мазҳаби аҳли байт (а), зерназар: Сайид Маҳмуди Ҳошимии Шоҳрӯдӣ, Қум, Муассисаи доират-ул-маорифи фиқҳи исломӣ, 1426ҳ.қ.
- Муфид, Муҳаммад ибни Муҳаммад, ал-Муқниъа, Қум, Конгресси ҷаҳонии ҳазораи Шайхи Муфид, чопи аввал, 1413ҳ.қ.
- Муҳаққиқи Домод, Сайид Мустафо, Қавоиди фиқҳ, Теҳрон, Маркази нашри улуми исломӣ, 1406ҳ.қ.
- Муҳаққиқи Каркӣ, Алӣ ибни Ҳусайн, Ҷомеъ-ул-мақосид фи шарҳ-ил-Қавоид, Қум, Муассисаи Ол-ил-Байт (а), чопи дувум, 1414ҳ.қ.
- Муҳаққиқи Ҳиллӣ, Ҷаъфар ибни Ҳасан, Шароеъ-ул-ислом, Қум, Муассисаи Исмоилиён, чопи дувум, 1408ҳ.қ.
- Наҷафӣ, Муҳаммадҳасан, Ҷавоҳир-ул-калом фи шарҳи шароеъ-ил-ислом, таҳқиқи Аббоси Қӯчонӣ ва Алӣ Охундӣ, Бейрут, Дор эҳё-ит-турос-ил-арабӣ, чопи ҳафтум, 1404ҳ.қ.
- Сайид Муртазо, Алӣ ибни Ҳусайн, ал-Интисор фи инфародот-ил-имомия, Қум, Интишороти Ҷомеаи мударрисини ҳавзаи илмияи Қум, 1415ҳ.қ.
- Тӯсӣ, Муҳаммад ибни Ҳасан, ал-Мабсут фи фиқҳ-ил-имомия, таҳқиқи Сайид Муҳаммадтақии Кашфӣ, Теҳрон, ал-Мактабат-ул-Муртазавия ли эҳё-ил-осор-ил-ҷаъфария, чопи севум, 1387ҳ.қ.
- Тӯсӣ, Муҳаммад ибни Ҳасан, ан-Ниҳоя фи муҷаррад-ил-фиқҳ ва-л-фатово, Бейрут, Дор-ул-китоб-ил-арабӣ, чопи дувум, 1400ҳ.қ.
- Фахр-ул-муҳаққиқин, Муҳаммад ибни Ҳасан, Эзоҳ-ул-фавоид фи шарҳи ишколи Қавоид, Қум, Муассисаи Исмоилиён, 1387ҳ.ш.
- Ҳусайнии Омилӣ, Сайид Ҷавод, Мифтоҳ-ул-киром фи шарҳи қавоид-ил-аллома, Қум, Интишороти исломӣ, 1419ҳ.қ.
- Шаҳиди Сонӣ, Зайнуддин ибни Алӣ, Масолик-ул-афҳом ило танқиҳи шароеъ-ил-ислом, Қум, Муассисат-ул-маориф-ил-исломия, чопи аввал, 1413ҳ.қ.