Тӯҳмат

Аз wikishia
(Тағйири масир аз Туҳмат)
макорими ахлоқ

Тӯҳмат (арабӣ: التُهْمَة) аз рӯи ҳадсу гумон ба дигарон нисбати нораво додан аст. Маншаи тӯҳмат бадгумонӣ ба рафтори дигарон аст. Тӯҳмат задан ҳаром ва гуноҳи кабира аст. Ҷазои тӯҳматзананда таъзир аст ва дар Қуръон барои ӯ азоб ваъда дода шудааст. Фарқи тӯҳмат, бӯҳтон ва ифтиро дар ин аст, ки тӯҳматзананда ба вуҷуди айб яқин надорад, аммо буҳтонгӯ ва ифтирозананда ба дурӯғ будани нисбатҳое ки медиҳанд, яқин доранд. Дар ривоёти исломӣ аз ҳозир шудан дар маконҳое ки бадгумонибарангез буда ва сабаби тӯҳмат задани эҳтимолӣ ба дигарон мешавад, наҳй шудааст. Яке аз паёмадҳои тӯҳмат задан, аз байн рафтани имон аст ва роҳи дармони он, таҷассус накардан дар корҳои дигарон баён шудааст.

Бархе аз олимон бо истинод ба ҳадиси Мубоҳита, тӯҳмат задан ба бидъатгузоронро бо вуҷуди маслиҳат ҷоиз донистаанд, бо ин ҳол, аксари фақеҳон, ин бардоштро носаҳеҳ дониста ва ҳадисро ба «қонеъ кардани аҳли бидъат бо истидлолҳои муҳкам» маъно кардаанд.

Мафҳумшиносӣ ва ҷойгоҳ

Тӯҳмат задан аз гуноҳони кабира маҳсуб мешавад.[1] Дар ҳадисе тӯҳматро ба андозае зишту палид медонад, ки ҳатто шайтон ҳам аз анҷомдиҳандаи он безор аст.[2] Дар манобеи ривоӣ як бахши ҷудогонае ба баёни ҳаром будани он бахшида шудааст.[3]

Тӯҳмат ба маънои баён кардани бадгумонӣ[4] ва гумони баде аст, ки аз рафтор ва ҳолоти дигар кас ба дили инсон роҳ ёфтааст.[5] Албатта сирфи гумони бад то замоне ки ошкор нашуда бошад, бадгумонӣ маҳсуб мешавад, на тӯҳмат.[6] Тӯҳмат шомили мавориде ҳамчун интиқоли нисбат бо навиштан, ишора ва ё василаҳое монанди телефони ҳамроҳ, компютер (роёна) ва шабакаҳои иҷтимоӣ низ мешавад.[7]

Дар ривоёт бадтарин навъи тӯҳмат, тӯҳмат ба хиёнат дар амонат аст; яъне тӯҳмат дар ҳаққи шахсе аст, ки дар коре аминаш қарор додаанд.[8]

Фарқи тӯҳмат бо буҳтону ифтиро

Тӯҳмат, буҳтон ва ифтиро аз назари маъно бо якдигар монандиҳое доранд ва дар урф дар канори ҳам ва ба ҷои якдигар низ ба кор мераванд; бо ин ҳол, фарқҳое низ байнашон ҳаст. Тӯҳмат ибрози гумони баде аст, ки маншаи он, бадгумонист;[9] албатта ин гумон, ё воқеият надорад ва ё ҳануз собит нашудааст.[10] Аммо буҳтон нисбатҳои дурӯғе аст,[11] ки нисбатдиҳанда ба дурӯғ будани онҳо яқин дорад. Ҳамчунин буҳтон мумкин аст бо ироаи далел аз сӯи буҳтонзананда ҳамроҳ бошад,[12] аммо ифтиро дурӯғбофии[13] бедалел аст[14] монанди фарзанддор будани Худо.[15]

Аҳкоми шаръии тӯҳмат

  • Тӯҳмат ва паҳн кардани он аз назари фиқҳӣ ҳаром[16] ва ҷазои он таъзир аст.[17] Албатта агар тӯҳмат, қазф бошад, ҷазои он ҳадди қазф (ҳаштод тозиёна) аст.[18]
  • Дар ҳаром будани тӯҳмат, фарқе нест байни ин ки тӯҳмат дар ҳузури шахс бошад, ё дар набуданаш.[19]
  • Агар тӯҳмат дар ҳузури худи шахс баён шавад, аз мисдоқҳои ҳатки ҳурмат ва ҳаром аст.[20]
  • Гӯш додан ба тӯҳмат дар бораи дигарон ҷоиз нест ва дар сурати шунидан бояд аз муттаҳам дифоъ ва рафъи тӯҳмат кард.[21]
  • Тӯҳматзананда бояд аз гуноҳи худ тавба кунад ва эҳтиёти мустаҳаб аст, чунончи ҳалолият талабидан аз шахси мавриди иттиҳом паёмадҳои баде надорад, ин корро анҷом диҳад.[22]

Осор ва паёмадҳо

Имом Содиқ (а):

Ҳаргоҳ муъмин ба бародари [динии] худ тӯҳмат занад, имон дар қалби ӯ аз байн меравад, ҳамчунон ки намак дар об ҳал мешавад.

Кулайнӣ, ал-Кофӣ, 1407ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.361
Имом Алӣ (а):
إیاک و مَواطِنَ التُّهْمةِ و المجلسَ المَظْنونَ بهِ السّوءُ، فإنَّ قَرینَ السُّوءِ یغُرُّ جَلِیسَهُ

Аз рафту омад ба ҷойҳои тӯҳматбарангез ва маҷлисе ки гумони бад ба он бурда мешавад, бипарҳез; зеро дӯсти бад ҳамнишини худро мефиребад!

Шайх Тусӣ, ал-Амолӣ, 1414ҳ.қ., саҳ.7
  • Азоби илоҳӣ: дар ривояте аз Имом Содиқ (а) ояти 23-и сураи Нур далел бар кабира будани гуноҳи тӯҳмат дониста шудааст.[23] Дар ин оят, Худо лаънати дунёву охират ҳамроҳ бо азобе бузургро махсуси касоне донистааст, ки обрӯи занони покдоманро мебаранд ва ба онҳо нисбати зино медиҳанд. Ҳамчунин дар оёти Ифк, тӯҳматзанандагон ба яке аз аъзои хонаводаи Паёмбар (с)[24] ба азоби бузурге таҳдид шудаанд.[25]
  • Тӯҳмат мӯҷиби аз байн рафтани имони муъмин мешавад.[26]
  • Тӯҳмат боиси нобудии ҳарими бародарӣ ва равобити инсонӣ байни афроди ҷомеъа ва мӯҷиби беэътимодӣ ва тарс аз итминон мегардад.[27]

Роҳҳои пешгирӣ ва дармон

  • Муошират накардан бо одамони бадкор.[28]
  • Ҳозир нашудан дар маҷлиси одамони бадкор.[29]
  • Ҳозир нашудан дар канори амали зишт ва ҳамчунин макон ва маҳалле ки мансуб ба бадкорон аст.[30]
  • Таҷассус накардан дар корҳои дигарон ва ҳамл кардани суханон ва афъоли дупаҳлу бар беҳтарин ваҷҳи он.[31]

Ҳадиси Мубоҳата

Мақолаи аслӣ: Ҳадиси Мубоҳита

Мубоҳита истилоҳи фиқҳие аст, ки аз иборати «боҳитуҳум/ بَاهِتُوهُمْ» дар ривояти нақлшуда аз Паёмбар (с)[32] гирифта шудааст.[33] Аз назари фиқҳӣ бархе онро ба маънои тӯҳмат задан донистаанд ва бо истинод ба он, ҳукм ба ҷавози тӯҳмат задан ба аҳли бидъат додаанд,[34] вале баъзеи дигар онро ба маънои истидлоли муҳкаму мабҳуткунанда дониста[35] ва дар натиҷа қоил ба ҷоиз набудани тӯҳмат задан ба аҳли бидъат шудаанд.[36]

Эзоҳ

  1. Ибни Шуъба, Туҳаф-ул-уқул, 1404ҳ.қ., саҳ.331; Ҳурри Омилӣ, Одоби муошират, 1380ҳ.ш., саҳ.204; Дастғайб, Гуноҳони кабира, конуни иблоғи андешаҳои исломӣ, ҷ.2, саҳ.386.
  2. Кулайнӣ, ал-Кофӣ, 1407ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.358.
  3. Барои намуна ниг.: Кулайнӣ, ал-Кофӣ, 1407ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.361; Ҳурри Омилӣ, Васоил-уш-шиъа, 1424ҳ.қ., ҷ.12, саҳ.302.
  4. Зубайдӣ, Тоҷ-ул-арус, зайли вожаи «ваҳм»; Фароҳидӣ, ал-Айн, зайли вожаи «ваҳм».
  5. Ибни Форис, Муъҷаму мақоис-ил-луғат, 1404ҳ.қ., ҷ.6, саҳ.146.
  6. Теҳронӣ, Ахлоқи Илоҳӣ, 1391ҳ.ш., ҷ.4, саҳ.144.
  7. Систонӣ, Тавзеҳулмасоили ҷомеъ, 1396ҳ.ш., ҷ.2, саҳ.208; «تهمت زدن به دیگران», вебгоҳи итилоърасонии Дафтари мақоми муаззами Раҳбарӣ.
  8. Кулайнӣ, ал-Кофӣ, 1407ҳ.қ., ҷ.5, саҳ.298.
  9. Теҳронӣ, Ахлоқи раббонӣ, 1401ҳ.ш., саҳ.33.
  10. Авда, Ҷурм ва аркони он, 1390ҳ.ш., ҷ.1, саҳ.300.
  11. Авда, Ҷурм ва аркони он, 1390ҳ.ш., ҷ.1, саҳ.300.
  12. Барои намуна ниг.: Шайх Табарсӣ, Маҷмаъ-ул-баён, 1415ҳ.қ., ҷ.5, саҳ.81; Муғния, ат-Тафсир-ул-кошиф, 1424ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.446; Мустафавӣ, ат-Таҳқиқ фи калимот-ил-Қуръони-л-Карим, 1368ҳ.ш., ҷ.1, саҳ.338; Қаршӣ, Қомуси Қуръон, 1412ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.239.
  13. Шайх Табарсӣ, Маҷмаъ-ул-баён, 1415ҳ.қ., ҷ.6, саҳ.201.
  14. Ибни Манзур, Лисон-ул-араб, зайли вожаи «фарӣ»; Фароҳидӣ, ал-Айн, зайли вожаи «фарӣ».
  15. Сураи Бақара, ояти 116.
  16. Наҷафӣ, Ҷавоҳир-ул-калом, 1404ҳ.қ., ҷ.41, саҳ.59; Шаҳиди Сонӣ, ар-Расоил, 1421ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.293; Шаҳиди Сонӣ, Кашф-ур-райба, 1390ҳ.қ., саҳ.21.
  17. Имом Хумайнӣ, истифтоъоти имом Хумайнӣ, 1372ҳ.ш., ҷ.3, саҳ.452; Фозили Ланкаронӣ, Ҷомеъ-ул-масоил, 1383ҳ.ш., ҷ.2, саҳ.340; Макорими Шерозӣ, Маҷмуаи истифтоъоти ҷадид, 1427ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.356.
  18. Аллома Ҳиллӣ, Қавоид-ул-аҳком, 1413ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.547.
  19. Теҳронӣ, Ахлоқи раббонӣ, 1401ҳ.ш., саҳ.33.
  20. Теҳронӣ, Ахлоқи раббонӣ, 1401ҳ.ш., саҳ.44.
  21. Теҳронӣ, Ахлоқи раббонӣ, 1401ҳ.ш., саҳ.33.
  22. Систонӣ, Тавзеҳулмасоили ҷомеъ, 1396ҳ.ш., ҷ.2, саҳ.209.
  23. Шайх Садуқ, Илал-уш-шароиъ, 1383ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.480.
  24. Таботабоӣ, ал-Мизон, 1417ҳ.қ., ҷ.15, саҳ.89.
  25. Макорими Шерозӣ, ал-Амсал, 1421ҳ.қ., ҷ.11, саҳ.46.
  26. Кулайнӣ, ал-Кофӣ, 1407ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.361.
  27. Кулайнӣ, ал-Кофӣ, 1407ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.361.
  28. Кулайнӣ, ал-Кофӣ, 1407ҳ.қ., ҷ.8, саҳ.152.
  29. Шайх Садуқ, ал-Амолӣ, 1417ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.587.
  30. Аллома Маҷлисӣ, Ҳилят-ул-муттақин, 1424ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.555.
  31. Кулайнӣ, ал-Кофӣ, 1407ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.362. Ҳамадонӣ, Мисбоҳ-ул-фақиҳ, мактабатун-наҷоҳ, ҷ.2, саҳ.672.
  32. Кулайнӣ, Кофӣ, 1407ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.375.
  33. Маҷлисии аввал, Равзат-ул-муттақин, 1406ҳ.қ., ҷ.9, саҳ.327; Аллома Маҷлисӣ, Миръот-ул-уқул, 1404ҳ.қ., ҷ.11, саҳ.77.
  34. Хуӣ, Мисбоҳ-ул-фақоҳат, 1417ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.458; Гулпойгонӣ, ад-Дурр-ул-манзуд, 1412ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.148; Табризӣ, Иршод-ут-толиб, 1416ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.281.
  35. Файзи Кошонӣ, ал-Вофӣ, 1406ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.245.
  36. Муҳаммадиён ва дигарон, “Тааммуле дар мадлули ривояти мавсум ба Мубоҳата”, саҳ.159.

Сарчашма

  • Авда, Абдуқодир, Ҷурм ва аркони он (баррасии татбиқии ҳуқуқи ҷазои исломӣ ва қавонини урфӣ), тарҷума: Ҳасан Фарҳудиниё, Теҳрон, интишороти Ёдоварон, 1390ҳ.ш.
  • Аллома Маҷлисӣ, Муҳаммадбоқир, Миръот-ул-уқул фи шарҳи ахбори оли-р-Расул, Теҳрон, Дорул-кутубил-исломийя, 1404ҳ.қ.
  • Аллома Маҷлисӣ, Муҳаммадбоқир, Ҳилят-ул-муттақин фи-л-адаби ва-с-сунани ва-л-ахлоқ, тарҷума: Халил Ризқ ал-Омилӣ, Қум, Завил-қурбо, 1424ҳ.қ.
  • Аллома Ҳиллӣ, Ҳасан ибни Юсуф, Қавоид-ул-аҳком фи маърифат-ил-ҳалоли ва-л-ҳаром, Қум, Дафтари интишороти исломӣ, чопи аввал, 1413ҳ.қ.
  • Вароам, Масъуд ибни Исо, Маҷмуъаи Вароам, Одоб ва ахлоқ дар Ислом, мутарҷим: Муҳаммадризо Атоӣ, Машҳад, Бунёди пажӯҳишҳои исломии Остони Қудси Разавӣ, 1369ҳ.ш.
  • Гулпойгонӣ, ад-Дурр-ул-манзуд, тақрири Каримии Ҷаҳрумӣ, Қум, Дорул-Қуръонил-Карим, 1412ҳ.қ.
  • Зубайдӣ, Муртазо, Тоҷ-ул-арус мин ҷавоҳири-л-қомус, Бейрут, Дорул-фикр, 1414ҳ.қ.
  • Ибни Манзур, Муҳаммад ибни Мукаррам, Лисон-ул-араб, Бейрут, Дорул-фикр лил-табоъати вал-нашри вал-тавзиъ, 1414ҳ.қ.
  • Ибни Форис, Аҳмад ибни Форис, Муъҷаму мақоис-ил-луғат, таҳқиқ: Абдуссалом Муҳаммад Ҳорун, Қум, мактабул-эъломил-исломӣ, 1404ҳ.қ.
  • Ибни Шуъба, Ҳасан ибни Алӣ, Туҳаф-ул-уқул ан оли-р-Расул саллаллоҳу алайҳим, тасҳеҳ: Алиакбари Ғаффорӣ, Қум, муассисаи алнашрул-исломӣ, 1404ҳ.қ.
  • Имом Хумайнӣ, Сайидрӯҳуллоҳ, Истифтоъоти имом Хумайнӣ, Қум, Ҷомеъаи мударрисини ҳавзаи илмияи Қум, 1372ҳ.ш.
  • Кулайнӣ, Муҳаммад ибни Яъқуб, ал-Кофӣ, таҳқиқ: Алиакбари Ғаффорӣ, Теҳрон, Дорул-кутубил-исломийя, 1407ҳ.қ.
  • Қаршӣ, Сайид Алиакбар, Қомуси Қуръон, Теҳрон, Дорул-кутубил-исломийя, 1412ҳ.қ.
  • Макорими Шерозӣ, Носир, ал-Амсал фи тафсири китобиллоҳи-л-мунзал, тарҷума ва талхиси Муҳаммадалии Озаршаб, Қум, мадрасаи Имом Алӣ ибни Абитолиб, 1421ҳ.қ.
  • Макорими Шерозӣ, Носир, Маҷмуаи истифтоъоти ҷадид, Қум, мадрасатул-Имом Алӣ ибни Абитолиб (а), 1427ҳ.қ.
  • Маҷлисии аввал, Муҳаммадтақӣ, Равзат-ул-муттақин фи шарҳи ман ло яҳзуруҳу-л-фақиҳ, Қум, муассисаи фарҳангӣ исломии Кушонбур, 1406ҳ.қ.
  • Муғния, Муҳаммадҷавод, ат-Тафсир-ул-кошиф, Қум, Дорул-китобил-исломӣ, 1424ҳ.қ.
  • Мустафавӣ, Ҳасан, ат-Таҳқиқ фи калимот-ил-Қуръони-л-Карим, Теҳрон, маркази нашри осори Аллома Мустафавӣ, 1368ҳ.ш.
  • Муҳаммадиён, Алӣ ва дигарон, “Тааммуле дар мадлули ривояти мавсум ба Мубоҳата”, дар маҷаллаи таҳқиқоти улуми Қуръону ҳадис, № 28, зимистони 1394ҳ.ш.
  • Наҷафӣ, Муҳаммадҳасан, Ҷавоҳир-ул-калом фи шарҳи шароиъ-ил-Ислом, муҳаққиқ: Иброҳим Султонинасаб, Бейрут, Дору эҳёил-туросил-арабӣ, 1404ҳ.қ.
  • Систонӣ, Сайидалӣ, Тавзеҳулмасоили ҷомеъ, Машҳад, Дафтари ҳазрати Оятуллоҳилъузмо Систонӣ, 1396ҳ.ш.
  • Таботабоӣ, Сайид Муҳаммадҳусайн, ал-Мизон фи тафсир-ил-Қуръон, Қум, Дафтари интишороти исломӣ, 1417ҳ.қ.
  • Табрезӣ, Мирзоҷавод, Иршод-ут-толиб ило-т-таълиқи ала-л-макосиб, Қум, Исмоилиён, 1416ҳ.қ.
  • Теҳронӣ, Муҷтабо, Ахлоқи Илоҳӣ, Теҳрон, Созмони интишороти пажӯҳишгоҳи фарҳанг ва андешаи исломӣ, чопи ҳабдаҳум, 1391ҳ.ш.
  • Теҳронӣ, Муҷтабо, Ахлоқи раббонӣ, давраи 10 ҷилдии офоти забони бӯҳтону тӯҳмат, Теҳрон, муассисаи пажӯҳишии фарҳангии масобиҳулҳудо, 1401ҳ.ш.
  • "Тӯҳмат задан ба дигарон”, вебгоҳи итилоърасонии Дафтари мақоми муаззами раҳбарӣ, таърихи дарҷи матлаб: 8 меҳри 1398ҳ.ш., таърихи боздид: 18 меҳри 1402ҳ.ш.
  • Файзи Кошонӣ, ал-Вофӣ, Исфаҳон, китобхонаи Имом Амируалмуъминин Алӣ (а), 1406ҳ.қ.
  • Фароҳидӣ, Халил ибни Аҳмад, ал-Айн, таҳқиқ: Маҳдии Махзумӣ, Қум, Дорул-ҳиҷрат, 1409ҳ.қ.
  • Фозили Ланкаронӣ, Муҳаммад, Ҷомеъ-ул-масоил, Қум, нашри Амир, 1383ҳ.ш.
  • Хуӣ, Сайид Абулқосим, Мисбоҳ-ул-фақоҳат, Қум, Ансориён, 1417ҳ.қ.
  • Ҳамадонӣ, Оқоризо, Мисбоҳ-ул-фақиҳ, Теҳрон, интишороти мактабатул-наҷоҳ, бе то.
  • Ҳурри Омилӣ, Муҳаммад ибни Ҳасан, Васоил-уш-шиъа ва мустадракуҳо, Қум, муассисаи ал-Нашрул-исломӣ, 1424ҳ.қ.
  • Ҳурри Омилӣ, Муҳаммад ибни Ҳасан, Одоби муошират аз дидгоҳи маъсумин (а), тарҷума: Муҳаммадалии Форобӣ, Машҳад, Остони Қудси Разавӣ, 1380ҳ.ш.
  • Шайх Садуқ, Муҳаммад ибни Алӣ, ал-Амолӣ, Қум, муассисаи албеъса, 1417ҳ.қ.
  • Шайх Садуқ, Муҳаммад ибни Алӣ, Илал-уш-шароиъ, Наҷаф, маншуроти алмактабатул-Ҳайдарийя, 1383ҳ.қ.
  • Шайх Табарсӣ, Фазл ибни Ҳасан, Маҷмаъ-ул-баён фи тафсир-ил-Қуръон, Бейрут, муассисатул-Аъламӣ лил-матбуъот, 1415ҳ.қ.
  • Шайх Тусӣ, Муҳаммад ибни Ҳасан, ал-Амолӣ, Қум, Дорул-сақофа, 1414ҳ.қ.
  • Шаҳиди Сонӣ, Зайниддин ибни Алӣ, Кашф-ур-райба, Теҳрон, Дорул-Муртазавӣ лин-нашр, 1390ҳ.қ.
  • Шаҳиди Сонӣ, Зайниддин ибни Алӣ, Расоилу-л-Шаҳид ас-Сонӣ, Қум, Дафтари таблиғоти исломии ҳавзаи илмияи Қум, 1421ҳ.қ.