Jump to content

Кофир

Аз wikishia
(Тағйири масир аз Кофирон)

Ин мақола як навиштори тавсифӣ дар бораи як мафҳуми фиқҳист ва наметавонад меъёре барои аъмоли динӣ бошад. Барои аъмоли динӣ ба манобеи дигар муроҷиа кунед.

Мақолаи Кофир бо мақолаҳои Куфр ва Наҷосати кофирон иртибот дорад.

Кофир (форсӣ: کافر) касест, ки Худо, ягонагии Ӯ, рисолати Пайғамбар (с), рӯзи қиёмат ё умуман заруриёти динро инкор мекунад. Бархе аз ақсоми кофир иборатанд аз: кофири китобӣ, кофири зиммӣ, кофири ҳарбӣ, муртад ва кофири табаӣ. Ҳар яке аз ин ақсом аҳкоми фиқҳии хоси худро доранд. Барои намуна, ба фатвои бештари фақеҳон, кофир наҷас аст; ҳамчунин зани мусалмон наметавонад ба ақди марди кофир дарояд ва марди мусалмон низ наметавонад бо зани кофир издивоҷ кунад.

Фақеҳон бо истинод ба қоидаи нафйи сабил муътақиданд, ки Худованд ҳукме ташреъ намекунад, ки ба муҷиби он, кофир бар мусалмон тасаллут ёбад. Онҳо аз ин қоида бархе аҳкоми ҷузъитарро дар хусуси кофир ба даст овардаанд; аз ҷумла ин ки издивоҷи духтари бокираи мусалмон, дар сурате ки падараш кофир бошад, бидуни изни падараш саҳеҳ аст; зеро лозим будани иҷозаи падари кофир навъе тасаллути ӯ маҳсуб мешавад. Ҳамчунин қозии кофир наметавонад байни ду мусалмон доварӣ кунад; зеро қазоват навъе султа доштан бар тарафайни даъво аст.

Мафҳумшиносӣ ва ҷойгоҳ

Кофир касест, ки Худо ё ягонагии Ӯ ё рисолати Пайғамбар (с) ё вуҷуди рӯзи қиёмат ва ё умуман, заруриёти динро инкор мекунад.[1] Вожаи «кофир» аз вожаи «куфр» гирифта шуда ва ба маънои пӯшондан ва пинҳон кардан аст;[2] аз ҳамин рӯ ба касе, ки яке аз ин умур ё ҳамаи онҳоро инкор кунад, кофир мегӯянд.[3] Ба иборати дигар, касеро, ки оятҳои нишондиҳандаи вуҷуди Худо ва ягонагии Ӯро мепӯшонад, кофир мехонанд.[4] Вожаи «кофир», аз назари маъно, бо вожаҳое монанди мулҳид,[5] зиндиқ,[6] даҳрӣ[7] ва мушрик[8] иртибот дорад.

Гуфта мешавад вожаи «куфр» ва ҳамрешаҳои он, монанди «кофир», беш аз панҷсад бор дар Қуръон омадааст[9] ва барои он ваъдаи азоб дода шудааст.[10] Дар абвоби мухталифи фиқҳӣ, чи дар муомилот ва чи дар аҳкоми ибодӣ, дар бораи аҳкоми кофир ва ҳамчунин вазифаҳои мусалмонон дар бораи шеваи муомила бо онҳо баҳс шудааст.[11]

Ақсоми кофир

Дар фиқҳи исломӣ, ақсоме барои кофир зикр шудааст ва барои ҳар яке аз ин ақсом аҳкоме баён шудааст:

Кофири китобӣ

Кофири китобӣ ё аҳли китоб ба пайравони адёне гуфта мешавад, ки китоби осмонӣ доранд; монанди яҳудиён ва масеҳиён.[12] Аз назари фақеҳон, ҳамаи касоне, ки дар бораи онҳо шубҳа вуҷуд дорад, ки оё китоби осмонӣ доранд ё на, аз аҳли китоб маҳсуб мешаванд. Аз ҳамин рӯ, маҷус ё зардуштиёнро ҷузъи аҳли китоб шумурдаанд.[13]

Кофири аслӣ

Кофири аслӣ дар муқобили муртад ба кор меравад[14] ва ба касе гуфта мешавад, ки аз падару модари кофир таваллуд шудааст ва собиқаи Ислом надорад.[15] Ба иҷмои фақеҳони шиа,[16] кофири аслӣ, дар сурате ки мусалмон шавад, ниёзе нест ибодотеро монанди намоз ва рӯза, ки дар замони кофир буданаш аз ӯ қазо шудааст, пас аз мусалмон шудан ба ҷо оварад.[17]

Кофири аслӣ се навъ дорад:[18]

  1. Кофири зиммӣ: Он гурӯҳ аз аҳли китоб, ки дар сарзаминҳои исломӣ зиндагӣ мекунанд ва бо ҳокими исломӣ қарордоди «зимма» бастаанд, кофири зиммӣ хонда мешаванд.[19] Зимма қарордодест, ки дар он, аҳли китоб иҷозат пайдо мекунанд, ки дар муқобили пардохти ҷизя, бар дини худ боқӣ бимонанд ва дар амони ҳукумати исломӣ бошанд.[20]
  2. Кофири ҳарбӣ: Кофироне, ки дар ҳолати ҷанг бо мусалмонон ҳастанд ва ҳеҷ паймоне монанди паймони зимма, паймони амон ё паймони оташбас бо мусалмонон надоранд; чи аҳли китоб бошанд чи набошанд, кофири ҳарбӣ номида мешаванд.[21] Аз назари фақеҳон, ҷони инсон ва моли кофири ҳарбӣ ҳурмат надорад; вале агар паймони зимма (ки танҳо барои аҳли китоб аст) ё паймони амон ё оташбас (ки барои ғайри аҳли китоб аст) бо мусалмонон баста бошад, ҷону моли ӯ муҳтарам хоҳад буд.[22]
  3. Кофири муҳодин: Кофироне ҳастанд, ки на бо мусалмонон аҳду паймон доранд ва на бо онҳо дар ҳолати ҷанг ҳастанд.[23] Носир Макорими Шерозӣ, фақеҳи шиа, бар ин назар аст, ки ояти 8 сураи Мумтаҳина дар бораи ин гурӯҳ аз кофирон аст ва мусалмононро ба риояи адолат ва некӣ дар ҳаққи ин гурӯҳ тавсия кардааст.[24]

Кофири табаӣ

Аз назари фақеҳон, фарзанди кофир, пеш аз булуғаш, ба табаияти падару модари кофираш, дар ҳукми куфр аст ва ба ӯ кофири табаӣ мегӯянд.[25] Бар асоси назари фақеҳон, аҳкоми кофири табаӣ, аз назари наҷосат ва покӣ ва бархе аҳкоми дигар, ҳамононанди волидонаш аст.[26]

Муртад

Муртад касест, ки аз дини Ислом хориҷ шудааст.[27] Муртад аз назари фақеҳон ё фитрӣ аст ё миллӣ:[28] Муртади фитрӣ касест, ки мусалмон ба дунё омадааст;[29] яъне падару модараш ё яке аз онҳо мусалмонанд,[30] сипас аз Ислом хориҷ шудааст.[31] Муртадди миллӣ ба касе гуфта мешавад, ки ибтидо ғайримусалмон буда, Ислом оварда ва сипас аз Ислом баргаштааст.[32]

Аҳкоми муштараки ҳамаи ақсоми кофир

Бархе аҳкоми муштарак байни ҳамаи ақсоми кофир ба шарҳи зерин аст:

  • Зани мусалмон наметавонад ба ақди марди кофир дарояд ва марди мусалмон низ наметавонад бо зани кофир издивоҷ кунад;[35] албатта бархе фақеҳон муътақиданд, ки марди мусалмон метавонад бо зани кофири китобӣ ақди муваққат бандад.[36]

Нафйи ҳар гуна тасаллути кофир бар мусалмон аз ҷониби Худованд

Фақеҳон бо истинод ба қоидаи нафйи сабил муътақиданд, ки Худованд ҳукме ташреъ намекунад, ки ба муҷиби он, кофир бар мусалмон тасаллут ёбад;[39] бинобар ин:

  • Кофир бар фарзанди ноболиғи худ, дар сурате ки мусалмон бошад, ҳеҷ гуна вилоят надорад.[40] Издивоҷи духтари бокира, дар сурате ки падараш кофир бошад, бидуни изни падар саҳеҳ аст;[41] зеро ин амр навъе тасаллути падар маҳсуб мешавад ва Худованд онро нафй кардааст.[42]
  • Ба иҷмоъи фақеҳони имомия, ваколат доштани кофир алайҳи мусалмон, чи аз сӯи мусалмон вакил шуда бошад ва чи аз сӯи кофир, саҳеҳ нест; зеро ваколат доштан навъе тасаллути ҳуқуқӣ аст.[44]

Эзоҳ

  1. Субҳонӣ, ал-Имон ва-л-куфр фи-л-китоб ва-с-сунна, 1416ҳ.қ., саҳ.49
  2. Ҷавҳарӣ, ас-Сиҳоҳ, 1404ҳ.қ., зери вожаи «Куфр»
  3. Роғиб Исфаҳонӣ, Муфрадоти Роғиб, 1412ҳ.қ., зери вожаи «Куфр»
  4. Ибни Манзур, Лисон-ул-араб, 1414ҳ.қ., зери вожаи «Куфр»
  5. Таботабоӣ, ал-Мизон, 1363ҳ.ш., ҷ.17, саҳ.397
  6. Мутаҳҳарӣ, Хадамоти мутақобили Эрон ва Ислом, 1390ҳ.ш., саҳ.399
  7. Таботабоӣ, ал-Мизон, 1363ҳ.ш., ҷ.18, саҳ.174
  8. Таботабоӣ, ал-Мизон, 1363ҳ.ш., ҷ.17, саҳ.397
  9. Рӯҳонӣ, ал-Муъҷами-л-ихсоӣ, 1368ҳ.ш., ҷ.1, саҳ.530
  10. Барои намуна нигаред ба: Сураи Фотир, ояти 36; Сураи Нисо, ояти 151; Таботабоӣ, ал-Мизон, 1363ҳ.ш., ҷ.20
  11. Барои намуна нигаред ба: Наҷафӣ, Ҷавоҳир-ул-калом, 1362ҳ.ш., ҷ.6, саҳ.41; ҷ.21, саҳ.48; ҷ.29, саҳ.207; ҷ.39, саҳ.15
  12. Наҷафӣ, Ҷавоҳир-ул-калом, 1362ҳ.ш., ҷ.21, саҳ.228
  13. Наҷафӣ, Ҷавоҳир-ул-калом, 1362ҳ.ш., ҷ.21, саҳ.228
  14. Наҷафӣ, Ҷавоҳир-ул-калом, 1362ҳ.ш., ҷ.39, саҳ.26; Ҷамъе аз нависандагон, ал-Мавсуат-ул-фиқҳият-ил-кувайтия, 1404–1427ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.227
  15. Сандуқдор, «Аҳкоми кофирон ва муртадон дар фиқҳи исломӣ», саҳ.3
  16. Шайх Тӯсӣ, ал-Хилоф, 1407ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.443; Ибни Зуҳра, Ғуният-ун-нузуъ, 1417ҳ.қ., саҳ.100
  17. Рӯҳонӣ, Фиқҳ-ус-Содиқ, 1392ҳ.ш., ҷ.8, саҳ.422
  18. Баҳронӣ, ал-Ҳадоиқ-ун-нозира, 1405ҳ.қ., ҷ.22, саҳ.192; Сандуқдор, «Аҳкоми кофирон ва муртадон дар фиқҳи исломӣ», саҳ.3
  19. Мишкинӣ, Мусталаҳоти фиқҳ, 1392ҳ.ш., саҳ.470
  20. Мишкинӣ, Мусталаҳоти фиқҳ, 1392ҳ.ш., саҳ.280–281
  21. Ҷамъе аз нависандагон, Фарҳанги фиқҳи форсӣ, 1387ҳ.ш., ҷ.1, саҳ.763
  22. Наҷафӣ, Ҷавоҳир-ул-калом, 1362ҳ.ш., ҷ.21, саҳ.103 ва ҷ.38, саҳ.8
  23. «احکام کافر», пойгоҳи иттилоърасонии дафтари ҳазрати Оятуллоҳ Макорими Шерозӣ
  24. «احکام کافر», пойгоҳи иттилоърасонии дафтари ҳазрати Оятуллоҳ Макорими Шерозӣ
  25. Хӯӣ, Мавсуат-ул-имом ал-Хӯӣ, Муассисаи эҳёи осори Имом Хӯӣ, ҷ.8, саҳ.312
  26. Хӯӣ, Мавсуат-ул-имом ал-Хӯӣ, Муассисаи эҳёи осори Имом Хӯӣ, ҷ.8, саҳ.312
  27. Мусавии Ардабилӣ, Фиқҳул-ҳудуд ват-таъзирот, 1427ҳ.қ., ҷ.4, саҳ.44–46
  28. Муҳаққиқи Ҳиллӣ, Шароеъ-ул-ислом, 1408ҳ.қ., ҷ.4, саҳ.170–171
  29. Муҳаққиқи Ҳиллӣ, Шароеъ-ул-ислом, 1408ҳ.қ., ҷ.4, саҳ.170
  30. Наҷафӣ, Ҷавоҳир-ул-калом, 1362ҳ.ш., ҷ.41, саҳ.602
  31. Муҳаққиқи Ҳиллӣ, Шароеъ-ул-ислом, 1408ҳ.қ., ҷ.4, саҳ.170
  32. Муҳаққиқи Ҳиллӣ, Шароеъ-ул-ислом, 1408ҳ.қ., ҷ.4, саҳ.171
  33. Барои намуна нигаред ба: Наҷафӣ, Ҷавоҳир-ул-калом, 1362ҳ.ш., ҷ.6, саҳ.41–42
  34. Ҷаннотӣ, Таҳорат-ул-китобӣ фи фатва-с-Сайид ал-Ҳаким, 1390ҳ.қ., саҳ.20
  35. Муҳаққиқи Каракӣ, Ҷомеъ-ул-мақосид, 1414ҳ.қ., ҷ.12, саҳ.391
  36. Барои намуна нигаред ба: Ваҳид Хуросонӣ, Тавзеҳ-ул-масоил, 1421ҳ.қ., саҳ.660; Систонӣ, Тавзеҳ-ул-масоил, 1415ҳ.қ., саҳ.501
  37. Шаҳиди Сонӣ, ар-Равзат-ул-баҳия фи шарҳи лумъат-уд-димашқия, 1410ҳ.қ., ҷ.7, саҳ.208
  38. Шайх Баҳоӣ, Ҳурмату забоиҳи аҳл-ил-китоб, 1410ҳ.қ., саҳ.60
  39. Мусавии Буҷнурдӣ, ал-Қавоид-ул-фиқҳия, 1377ҳ.ш., ҷ.1, саҳ.187–188
  40. Наҷафӣ, Ҷавоҳир-ул-калом, 1362ҳ.ш., ҷ.29, саҳ.206; Таботабоии Яздӣ, ал-Урват-ул-вусқо, 1417ҳ.қ., ҷ.5, саҳ.624
  41. Шаҳиди Сонӣ, Масолик-ул-афҳом, 1413ҳ.қ., ҷ.7, саҳ.166–167
  42. Шаҳиди Сонӣ, Масолик-ул-афҳом, 1413ҳ.қ., ҷ.7, саҳ.166–167
  43. Таботабоии Яздӣ, ал-Урват-ул-вусқо, 1417ҳ.қ., ҷ.6, саҳ.417; Субҳонӣ, Низом-ул-қазо ва-ш-шаҳода фи-ш-шариат-ил-исломият-ил-ғарро, 1376ҳ.ш., ҷ.1, саҳ.34
  44. Шаҳиди Сонӣ, Масолик-ул-афҳом, 1413ҳ.қ., ҷ.5, саҳ.270

Сарчашма

  • Баҳронӣ, Юсуф, ал-Ҳадоиқ-ун-нозира, Қум, Муассисаи нашри исломӣ, 1405ҳ.қ.
  • Ваҳид Хуросонӣ, Ҳусайн, Тавзеҳ-ул-масоил, Қум, Мадрасаи Боқир-ул-улум, 1421ҳ.қ.
  • Ибни Зуҳра, Ҳамза ибни Алӣ, Ғуният-ун-нузуъ, таҳқиқ: Иброҳим Баҳодурӣ, Қум, Муассисаи Имом Содиқ (а), 1417ҳ.қ.
  • Ибни Манзур, Муҳаммад ибни Макрам, Лисон-ул-араб, Бейрут, Дор Содир, 1414ҳ.қ.
  • Мишкинӣ, Алӣ, Мусталаҳоти фиқҳ, Қум, Нашри Ҳодӣ, 1392ҳ.ш.
  • Мусавии Ардабилӣ, Сайид Абдулкарим, Фиқҳ-ул-ҳудуд ва-т-таъзирот, Қум, Ҷомеъаи Муфид, Муассисаи нашр, 1427ҳ.қ.
  • Мусавии Буҷнурдӣ, Сайид Ҳасан, ал-Қавоид-ул-фиқҳия, Қум, Нашри Ҳодӣ, 1377ҳ.ш.
  • Мутаҳҳарӣ, Муртазо, Хадамоти мутақобили Эрон ва Ислом, Қум, Интишороти Садро, 1390ҳ.ш.
  • Муҳаққиқи Каракӣ, Алӣ ибни Ҳусайн, Ҷомеъ-ул-мақосид фи шарҳ-ил-Мақосид, Қум, Муассисаи Оли Байт, 1414ҳ.қ.
  • Муҳаққиқи Ҳиллӣ, Ҷаъфар ибни Ҳасан, Шароеъ-ул-ислом фи масоил-ил-ҳалол ва-л-ҳаром, Қум, Муассисаи Исмоилиён, 1408ҳ.қ.
  • Наҷафӣ, Муҳаммадҳасан, Ҷавоҳир-ул-калом, Бейрут, Дор эҳё-ит-турос-ил-арабӣ, 1362ҳ.ш.
  • Роғиб Исфаҳонӣ, Ҳусайн ибни Муҳаммад, Муфрадот фи ғариб-ил-Қуръон, Бейрут, Дор-ул-қалам, 1412ҳ.қ.
  • Рӯҳонӣ, Маҳмуд, ал-Муъҷами-л-ихсоӣ, Машҳад, Остон Қудси Разавӣ, 1414ҳ.қ.
  • Рӯҳонӣ, Сайид Муҳаммадсодиқ, Фиқҳ-ус-Содиқ, Қум, Интишороти Оини дониш, 1392ҳ.ш.
  • Сандуқдор, Замон, «Аҳкоми кофирон ва муртадон дар фиқҳи исломӣ», Конфронси миллии андешаҳои навин ва хилоқ дар мудирият, ҳисобдорӣ, мутолеоти ҳуқуқӣ ва иҷтимоӣ, 1397ҳ.ш.
  • Систонӣ, Сайид Алӣ, Тавзеҳ-ул-масоил, Қум, Интишороти Меҳр, 1415ҳ.қ.
  • Субҳонӣ, Ҷаъфар, Низом-ул-қазо ва-ш-шаҳода фи-ш-шариат-ил-исломият-ил-ғарро, Қум, Муассисаи Имом Содиқ (а), 1376ҳ.ш.
  • Субҳонӣ, Ҷаъфар, ал-Имон ва-л-куфр фи-л-китоб ва-с-сунна, Қум, Муассисаи Имом Содиқ (а), 1416ҳ.қ.
  • Таботабоии Яздӣ, Сайид Муҳаммадкозим, ал-Урват-ул-вусқо, Қум, Муассисаи нашри исломӣ, чопи аввал, 1417ҳ.қ.
  • Таботабоӣ, Сайид Муҳаммадҳусайн, ал-Мизон фи тафсир-ил-Қуръон, Қум, Интишороти Исмоилиён, 1363ҳ.ш.
  • Хӯӣ, Абулқосим, Мавсуат-ул-имом ал-Хӯӣ, Қум, Муассисаи эҳёи осори Имом Хӯӣ, 1418ҳ.қ.
  • Шайх Баҳоӣ, Муҳаммад ибни Ҳусайн, Ҳурмату забоиҳи аҳл-ил-китоб, Бейрут, Муассисат-ул-аъламӣ ли-л-матбуот, 1410ҳ.қ.
  • Шайх Тӯсӣ, Муҳаммад ибни Ҳасан, ал-Хилоф, Қум, Муассисаи нашри исломӣ, 1407ҳ.қ.
  • Шаҳиди Сонӣ, Зайнуддин ибни Алӣ, Масолик-ул-афҳом, Қум, Муассисаи маорифи исломия, 1413ҳ.қ.
  • Шаҳиди Сонӣ, Зайнуддин ибни Алӣ, ар-Равзат-ул-баҳия фи шарҳи лумъат-уд-димашқия, таълиқа: Сайид Муҳаммад Калонтар, Қум, Интишороти Доварӣ, 1410ҳ.қ.
  • Ҷавҳарӣ, Абӯнаср, ас-Сиҳоҳ тоҷ-ул-луға ва сиҳоҳ-ул-арабия, Бейрут, чопи чаҳорум, 1404ҳ.қ.
  • Ҷамъе аз нависандагон, Фарҳанги фиқҳи форсӣ, Қум, Муассисаи Доиратулмаорифи фиқҳи исломӣ, 1387ҳ.ш.
  • Ҷамъе аз нависандагон, ал-Мавсуат-ул-фиқҳият-ил-кувайтия, Кувайт, Дор-ус-салосил, 1404–1427ҳ.қ.
  • Ҷаннотӣ, Муҳаммадиброҳим, Таҳорат-ул-китобӣ фи фатва-с-Сайид ал-Ҳаким, Наҷаф, Матбааи Қазо, 1390ҳ.қ.
  • «احکام کافر», пойгоҳи иттилоърасонии дафтари ҳазрати Оятуллоҳ Макорими Шерозӣ, санаи боздид: 30 тири 1404ҳ.ш.