Jump to content

Имоми ҷумъа

Аз wikishia
(Тағйири масир аз Имом ҷумъа)

Бо Имоми ҷамоат иштибоҳ нашавад.

Мақолаи Имоми ҷумъа бо мақолаҳои Намози ҷумъа, Намози ҷумъа дар даврони ғойбат ва Ояти намози ҷумъа иртибот дорад.

Мансабҳои шаръӣ
Пайғамбар
Имом
Қозӣ
Ҳокими шаръ
Имоми ҷумъа
Имоми ҷамоат
Валии фақиҳ
Марҷаи тақлид
Амирулҳоҷ
Ноиби хос
Ноиби ом

Имоми ҷумъа (форсӣ: امام جمعه) пешнамози намози ҷумъа аст. Бар асоси фетвоҳои фақеҳон, адолат, ҳалолзодагӣ, имон, булуғ ва мард будан аз шартҳои доштани мансаби имомати ҷумъа аст. Бар асоси гузоришҳои таърихӣ, Пайғамбари Ислом (с) ва Имом Алӣ (а) худ намози ҷумъаро мехонданд ё шахсонеро барои иқомаи он таин мекарданд.

Дар ҳукуматҳои исломӣ, имомати ҷумъа мансабе ҳукуматӣ ҳам буд. Аз ин рӯ, ҳокимон худ намози ҷумъаро иқома мекарданд ё имомони ҷумъаро таин менамуданд. Аз ҷумла дар ҳукуматҳои Умавиён, Аббосиён, Усмониён ва Сафавиён имомони ҷумъаро ҳокимон таин мекарданд.

Дар Ҷумҳурии исломии Эрон Шӯрои сиёсатгузории имомони ҷумъа, ки аъзои онро раҳбари инқилоб таин мекунад, умури намози ҷумъаи шаҳрҳоро идора мекунад.

Тасвире аз иқомаи нахустин намози ҷумъаи Теҳрон пас аз Инқилоби исломии Эрон дар донишгоҳи Теҳрон ба имомати Сайид Маҳмуд Толиқонӣ дар 27 июли 1979

Шартҳо ва аҳкоми имоми ҷумъа

Имоми ҷумъа касест, ки намози ҷумъаро имомат мекунад[1] Бо ин ҳол, ба гуфтаи Сайид Муҳаммад Садр имоми ҷумъа касест, ки бо дастури ӯ намози ҷумъа воҷиб мешавад.[2] Шартҳои имоми ҷумъа ҳамон шартҳои имоми ҷамоат аст.[3] Дар манобеи фиқҳӣ ақл,[4] булуғ,[5] имон,[6] адолат[7] ва ҳалолзодагӣ[8] аз шартҳои имоми ҷамоат шумурда шудааст.[9] Мард будан аз дигар шартҳои имоми ҷумъа аст ва имомати ҷумъаи зан ҳатто барои занон ҳам саҳеҳ нест.[10]

Ба фатвои фақеҳон, мустаҳаб аст имоми ҷумъа расо ва фасеҳ сухан гӯяд, бар авқоти намоз мувозибат дошта бошад, ба суханони худ амал кунад,[11] ҳини хутба амома бар сар дошта бошад, ба асо ё силоҳ такя кунад ва рӯ ба намозгузорон биистад.[12]

Имомати ҷумъа мансабе ҳукуматӣ

Ба гуфтаи Расули Ҷаъфариён, таърихпажӯҳи шиа, имомати ҷумъа ҳамеша мансабе ҳукуматӣ будааст.[13] Дар садри Ислом, намози ҷумъа ба имомати Пайғамбар (с),[14] Имом Алӣ (а) ва ё афроде аз тарафи онҳо имомат мешуд.[15] Ҳамчунин дар ҳукуматҳои Умавиён, Аббосиён ва Усмониён, худи халифаҳо ё коргузоронашон намози ҷумъаро иқома мекарданд. Халифаҳо имомони ҷумъаи маркази хилофатро таин мекарданд ва интихоботи имомони ҷумъаи шаҳрҳои дигар бар ӯҳдаи волӣ ва амирон буд.[16]

Дар Эрони даврони Сафавия (907–1135ҳ.қ./1501-1723м), шоҳон имомони ҷумъаро таин мекарданд.[17] Дар ин даврон, маъмулан шайхулисломи ҳар шаҳр, ин мансабро бар ӯҳда дошт; аммо гоҳе уламое, ки шайхулислом набуданд, монанди Мулло Маҳсин Файзи Кошонӣ, ба дархости шоҳ, имомати ҷумъаро бар ӯҳда мегирифтанд.[18] Муҳаққиқи Каракӣ, Шайх Баҳоӣ, Мирдомод, Муҳаммадтақии Маҷлисӣ, Аллома Маҷлисӣ, Муҳаммадбоқири Сабзаворӣ ва Лутфуллоҳи Исфаҳонӣ аз имомони ҷумъа дар ин даврон буданд.[19] Дар давраи Қоҷор (1210–1344ҳ.қ./1795-1925), мансаби имомати ҷумъа бештар ҷанбаи меросӣ пайдо карда буд ва хонадони Хотунободӣ ва Маҷлисӣ дар шаҳрҳои Теҳрон ва Исфаҳон имомати ҷумъаро бар ӯҳда доштанд.[20]

Аз назари Имом Хумайнӣ, тасаддии мансаби имомати ҷумъа дар ҳукумати исломӣ вобаста ба иҷозаи валии фақеҳ аст.[21] Дар Ҷумҳурии исломии Эрон, Шӯрои сиёсатгузории имомони ҷумъа ки аъзояш бо ҳукми валии фақеҳ таин мешаванд, умури марбут ба намози ҷумъаро бар ӯҳда дорад.[22] Сайид Маҳмуд Толиқонӣ нахустин имоми ҷумъаи Теҳрон пас аз Инқилоби исломии Эрон будааст.[23] Ӯ дар 27 июли 11979м, аввалин намози ҷумъаи Теҳрон дар Ҷумҳурии исломии Эронро имомат кард.[24] Дуюмин имоми ҷумъаи Теҳрон Ҳусайналии Мунтазирӣ буд ва пас аз ӯ Сайид Алии Хоманаӣ, раҳбари Ҷумҳурии исломии Эрон ҳам дар 24 дайи 1358ҳ.ш./14 январи 1980м аз сӯи Имом Хумайнӣ - бунёнгузори Инқилоби исломӣ дар Эрон, ба унвони имоми ҷумъаи Теҳрон таин шуд.[25]

Эзоҳ

  1. Садр, Моваро-ул-фиқҳ, 1420ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.450
  2. Садр, Моваро-ул-фиқҳ, 1420ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.450
  3. Имом Хумайнӣ, Таҳрир-ул-васила, 1392ҳ.ш., ҷ.1, саҳ.251
  4. Наҷафӣ, Ҷавоҳир-ул-калом, 1362ҳ.ш., ҷ.13, саҳ.323
  5. Наҷафӣ, Ҷавоҳир-ул-калом, 1362ҳ.ш., ҷ.13, саҳ.325
  6. Наҷафӣ, Ҷавоҳир-ул-калом, 1362ҳ.ш., ҷ.13, саҳ.273
  7. Наҷафӣ, Ҷавоҳир-ул-калом, 1362ҳ.ш., ҷ.13, саҳ.75
  8. Наҷафӣ, Ҷавоҳир-ул-калом, 1362ҳ.ш., ҷ.13, саҳ.324
  9. Имом Хумайнӣ, Таҳрир-ул-васила, 1392ҳ.ш., ҷ.1, саҳ.251
  10. Имом Хумайнӣ, Таҳрир-ул-васила, 1392ҳ.ш., ҷ.1, саҳ.251
  11. Наҷафӣ, Ҷавоҳир-ул-калом, 1404ҳ.қ., ҷ.11, саҳ.329
  12. Имом Хумайнӣ, Таҳрир-ул-васила, 1392ҳ.ш., ҷ.1, саҳ.247
  13. Ҷаъфариён, Сафавия дар арсаи дин, фарҳанг ва сиёсат, 1379ҳ.ш., саҳ.255
  14. Табарсӣ, Маҷмаъ-ул-баён, 1372ҳ.ш., ҷ.10, саҳ.431–432
  15. Ниг.: Наҷафӣ, Ҷавоҳир-ул-калом, 1362ҳ.ш., ҷ.11, саҳ.154
  16. Раҳмонситоиш, «Ҷумъа», саҳ.702
  17. Ниг.: Ҷаъфариён, Дувоздаҳ рисолаи фиқҳӣ дар бораи намози ҷумъа аз рӯзгори Сафавӣ, 1381ҳ.ш., саҳ.27
  18. Ҷаъфариён, Сафавия дар арсаи дин, фарҳанг ва сиёсат, 1379ҳ.ш., саҳ.237
  19. Раҳмон-стайиш, «Намози ҷумъа», саҳ.702
  20. Раҳмонситоиш, «Ҷумъа», саҳ.702
  21. Имом Хумайнӣ, Истефтоот, 1372ҳ.ш., ҷ.1, саҳ.268
  22. Раҳмонситоиш, «Ҷумъа», саҳ.702
  23. Ширхонӣ, «Зиндагӣ ва гузидаи андешаи сиёсии Оятуллоҳ Толиқонӣ», саҳ.221
  24. Ҳоирӣ, Рӯзшумори шамсӣ, 1386ҳ.ш., саҳ.305
  25. Имом Хумайнӣ, Саҳифаи Имом, Муассисаи танзим ва нашри осори Имом Хумайнӣ, ҷ.12, саҳ.116

Сарчашма

  • Вараӣ, Сайид Ҷавод, «Наҳзати эҳёи намози ҷумъа», дар маҷаллаи Ҳукумати Исломӣ, №32, тобистони 1383ҳ.ш.
  • Деҳхудо, Алиакбар, Луғатнома, Интишороти Донишгоҳи Теҳрон, 1377ҳ.ш.
  • Имом Хумайнӣ, Сайид Рӯҳуллоҳ, Истефтоот, Қум, Ҷомеаи мударрисин, 1372ҳ.ш.
  • Имом Хумайнӣ, Сайид Рӯҳуллоҳ, Саҳифаи Имом, Теҳрон, Муассисаи танзим ва нашри осори Имом Хумайнӣ, бетаърих.
  • Имом Хумайнӣ, Сайид Рӯҳуллоҳ, Таҳрир-ул-васила, таҳқиқ Муассисаи танзим ва нашри осори Имом Хумайнӣ, Теҳрон, Матбааи Муассисаи Уруҷ, 1392ҳ.ш./1434ҳ.қ.
  • Муҳаққиқ Каракӣ, Алӣ ибни Ҳусайн, Ҷомеъ-ул-мақосид фи шарҳ-ил-қавоид, Қум, Муассисату Ол-ил-байт (а) лиэҳё-ит-турос, 1408ҳ.қ.
  • Наҷафӣ, Муҳаммадҳасан, Ҷавоҳир-ул-калом фи шарҳи шароеъ-ил-Ислом, Бейрут, Дор эҳё-ут-турос-ил-арабӣ, 1404ҳ.қ.
  • Раҳмонситоиш, Муҳаммадкозим, «جمعه», дар Донишномаи ҷаҳони Ислом, Теҳрон, Бунёди доираиулмаорифи исломӣ, ҷ.10, 1385ҳ.ш.
  • Садр, Сайид Муҳаммад, Моваро-ул-фиқҳ, Дор-ул-азво, Бейрут, 1420ҳ.қ.
  • Табарсӣ, Фазл ибни Ҳасан, Маҷмаъ-ул-баён фи тафсир-ил-Қуръон, муқаддимаи Муҳаммадҷаводи Балоғӣ, Теҳрон, Интишороти Насир Хусрав, 1372ҳ.ш.
  • Ширхонӣ, Алӣ, زندگی و گزیده اندیشه سیاسی آیت‌الله طالقانی, Маҷаллаи Улуми сиёсӣ, №2, 1377ҳ.ш.
  • Ҳоирӣ, Алӣ, Рӯзшумори шамсӣ, Қум, Дафтари ақл, 1386ҳ.ш.
  • Ҷаъфариён, Расул, Дувоздаҳ рисолаи фиқҳӣ дар бораи намози ҷумъа аз рӯзгори Сафавӣ, Қум, Ансорӣён, 1381ҳ.ш.
  • Ҷаъфариён, Расул, Сафавия дар арсаи дин, фарҳанг ва сиёсат, Қум, Пажӯҳишгоҳи ҳавза ва донишгоҳ, 1379ҳ.ш.