Ояти намози ҷумъа
Ояти намози ҷумъа (форсӣ: آیه نماز جمعه), ояти нуҳуми сураи Ҷумъа аст, ки ба иштирок дар намози ҷумъа ва тарки хариду фурӯш дар вақти намоз амр мекунад. Ба фатвои бархе аз фақеҳон, бар асоси ин оят, иштирок дар намози ҷумъа барои мусалмонон фарз ва тиҷорат дар вақти он ҳаром аст. Ба эътиқоди Аллома Таботабоӣ, мазмуни оят нишон медиҳад, ки ҳангоми намози ҷумъа ҳар амале, ки инсонро аз анҷоми он бозмедорад, ҳаром аст. Бархе аз фақеҳон фарз будани иштирок дар намози ҷумъа ва ҳаром будани хариду фурӯш ҳангоми адои онро махсуси замони ҳузури маъсум медонанд.
Шаъни нузули оятро аввалин намози ҷумъаи мусалмонон донистаанд, ки бо имомати Асъад ибни Зурора баргузор шуд.
Матн ва тарҷумаи тоҷикии оят
Ояти 9-уми сураи Ҷумъа маъруф ба ояти намози ҷумъа аст, ки мант ва тарҷумаи равони тоҷикии он чунин аст:
“ | Эй касоне ки имон овардаед, чун барои намози ҷумъа нидо дода шавад, ба сӯи зикри Худо бишитобед, ва хариду фурӯшро тарк кунед! Агар бидонед ин барои шумо беҳтар аст. |
” |
Шаъни нузул
Табарсӣ, нависандаи Маҷмаъ-ул-баён, нузули ояти намози ҷумъаро ба сабаби достони барпоии аввалин намози ҷумъаи мусулмонон дар Мадина пеш аз ҳиҷрати Пайғамбари Ислом (с) ба ин шаҳр донистааст.[1] Ба гузориши вай мусулмонон ба иллати он ки медиданд яҳудиён ва масеҳиён як рӯз дар ҳафта ҷамъ мешаванду ибодат мекунанд, тасмим гирифтанд рӯзи махсуси худ барои ин кор дошта бошанд. Онон дар рӯзи ҷумъа назди Асъад ибни Зурора ҷамъ шуданд, ба имомати ӯ намоз хонданд ва он рӯзро ҷумъа номиданд. Аз он ҷо ки гурӯҳи каме аз мусулмонон дар ин намоз иштирок карданд, ояти намози ҷумъа нозил шуд ва ба иштирок дар ин намоз фармон дод.[2]
Тафсир
Ба навиштаи Тафсири Намуна, дар оят, мурод аз нидо додан барои намоз, азон аст; зеро дар Ислом ғайр аз азон нидое барои намоз вуҷуд надорад. Аз ин рӯ, дар ҷои дигаре аз Қуръон омадааст: «وَ إِذا نادَیتُمْ إِلَی الصَّلاة» (ва ҳангоме, ки мардумро барои намоз мехонед). Бар пояи ин сухан маънои оят ин мешавад, ки ҳангоме, ки овози азони пешини рӯзи ҷумъа омад, мусулмонон вазифадоранд касбу корро раҳо кунанд ва бо шитоб барои хондани намози ҷумъа ҳозир шаванд.[3]
Бар пояи тафсири ал-Мизон низ оят бар фарз будани намози ҷумъа ва наҳй аз хариду фурӯш ҳангоми он таъкид мекунад.[4] Ба навиштаи ин китоб иборати «وَ ذَرُوا البَیع» (хариду фурӯшро раҳо кунед), танҳо аз хариду фурӯш наҳй намекунад, балки аз ҳар коре ки инсонро аз намози ҷумъа боз дорад, наҳй мекунад. Далели ин масъаа мазмуни оят аст, ки далолат мекунад ҳангоми иқомаи намози ҷумъа ҳаргуна машғулияте ба ғайр аз он ҷоиз нест;[5] албатта ин ҳукмро марбут ба замони ҳузури маъсум донистаанд, ки дар он ҳузур дар намози ҷумъа фарзи айн аст.[6]
Намози ҷумъа
- Мақолаи аслӣ: Намози ҷумъа
Намози ҷумъа, як намози дуракъатие аст, ки дар рӯзи ҷумъа, ба ҷои намози пешин ва ба ҷамоат хонда мешавад.[7] Намози ҷумъа ду хутба дорад, ки онҳоро бояд имоми ҷумъа пеш аз намоз баён кунад.[8] Ин намоз ҳамчунин ду қунут дорад, ки қунути аввал дар ракъати аввал пеш аз рукуъ ва қунути дувум дар ракъати дувум баъд аз рукуъ хонда мешавад.[9]
Фақеҳони шиа иқомаи намози ҷумъа дар асри ҳузури маъсумро фарзи айнӣ медонанд,[10] аммо дар хусуси асри Ғайбат ихтилофи назар доранд.[11]
Ба фатвои бештари мароҷеъи тақлиди муосир, аз ҷумла Имом Хумайнӣ, Оятуллоҳ Хуӣ, Оятуллоҳ Арокӣ, Оятуллоҳ Табрезӣ, Оятуллоҳ Систонӣ ва Оятуллоҳ Макорими Шерозӣ, дар асри Ғайбат, намози ҷумъа фарзи тахйирӣ аст; яъне инсон дар заволи рӯзи ҷумъа метавонад яке аз ду намози ҷумъа ё пешинро бихонад.[12]
Истинод ба оят дар китобҳои фиқҳӣ
Дар китобҳои фиқҳӣ дар мавориде аз ҷумла: исботи вуҷуби намози ҷумъа, хондани хутбаҳо баъд аз азон ва ҳаром будани хариду фурӯш ҳангоми барпоии намози ҷумъа, ба ояти намози ҷумъа истинод мешавад.[13] Барои намуна Аллома Ҳиллӣ навиштааст: дар оят, вуҷуби саъй (фасъав) баъд аз иборати «нудия лиссалот» ки далолат бар азон мекунад, ба кор рафтааст. Ин нишон медиҳад, ки фарз аст хутбаҳои намози ҷумъа баъд аз азон, хонда шавад.[14]
Суннати тиловати оят дар рӯзи ҷумъа
Бинобар ривояте аз китоби Ман ло яҳзуруҳу-л-фақиҳ, дар Мадина расм будааст, ки ҳангоми қироати азон барои намози ҷумъа, нидо медоданд, ки хариду фурӯш ҳаром шуд ва сипас ояти намози ҷумъаро тиловат мекарданд.[15]
Эзоҳ
- ↑ Табарсӣ, Маҷмаъ-ул-баён, 1372, ҷ.10, саҳ.431, 432.
- ↑ Табарсӣ, Маҷмаъ-ул-баён, 1372, ҷ.10, саҳ.431, 432.
- ↑ Макорими Шерозӣ, Тафсири Намуна, 1374ҳ.ш., ҷ.24, саҳ.26.
- ↑ Таботабоӣ, ал-Мизон, 1417ҳ.қ., ҷ.19, саҳ.273.
- ↑ Таботабоӣ, ал-Мизон, 1417ҳ.қ., ҷ.19, саҳ.273.
- ↑ Сурӯш, “Иқомаи ҷумъа дар давлати исломӣ”, саҳ.101.
- ↑ Тавзеҳулмасоили мароҷеъ, 1392ҳ.ш., ҷ.1, саҳ.1062, 1063, 1068.
- ↑ Тавзеҳулмасоили мароҷеъ, 1392ҳ.ш., ҷ.1, саҳ.1068.
- ↑ Тавзеҳулмасоили мароҷеъ, 1392ҳ.ш., ҷ.1, саҳ.1068.
- ↑ Сурӯш, “Иқомаи ҷумъа дар давлати исломӣ”, саҳ.101.
- ↑ Сурӯш, “Иқомаи ҷумъа дар давлати исломӣ”, саҳ.101.
- ↑ Ниг.: Тавзеҳулмасоили мароҷеъ, 1392ҳ.ш., ҷ.1, саҳ.1062, 1064, 1079, 1083.
- ↑ Барои намуна нигоҳ кунед ба Муҳаққиқи Ҳиллӣ, ал-Муътабар, 1407ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.274; Баҳронӣ, ал-Ҳадоиқ-ун-нозира, 1405ҳ.қ., ҷ.10, саҳ.172; Шайхи Тусӣ, ал-Хилоф, 1407ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.598.
- ↑ Аллома Ҳиллӣ, Мухталаф-уш-шиъа, 1413ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.213.
- ↑ Шайхи Садуқ, Ман ло яҳзуруҳу-л-фақиҳ, 1413ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.299.
Сарчашма
- Аллома Ҳиллӣ, Ҳасан ибни Юсуф, Мухталаф-уш-шиъа фи аҳком-иш-шариъат, Қум, дафтари интишороти исломӣ, чопи дувум, 1413ҳ.қ.
- Баҳронӣ, Юсуф ибни Аҳмад, ал-Ҳадоиқ-ун-нозира фи аҳком-ил-Итрат-ит-тоҳира, таҳқиқи Муҳаммадтақии Ереванӣ ва Сайид Абдулразоқ Муқаррам, Қум, дафтари интишороти исломӣ, чопи аввал, 1405ҳ.қ.
- Қуръони Карим, тарҷумаи Муҳаммадмаҳдии Фулодванд.
- Макорими Шерозӣ, Носир, Тафсири Намуна, Теҳрон, Дорулкутубил-исломия, чопи аввал, 1374ҳ.ш.
- Муҳаққиқи Ҳиллӣ, Наҷмиддин Муҳаммад ибни Ҳасан, ал-Муътабар фи шарҳ-ил-мухтасар, Қум, муассисаи Сайидушшуҳадо, чопи аввал, 1407ҳ.қ.
- Сурӯш, Муҳаммад, “Иқомаи ҷумъа дар давлати исломӣ”, ҳукумати исломӣ, шумораи 32, 1383ҳ.ш.
- Табарсӣ, Фазл ибни Ҳасан, Маҷмаъ-ул-баён фи тафсир-ил-Қуръон, Теҳрон, интишороти Носири Хисрав, чопи сеюм, 1372ҳ.ш.
- Таботабоӣ, Сайидмуҳаммадҳусайн, ал-Мизон фи тафсир-ил-Қуръон, Қум, интишороти исломӣ, чопи панҷум, 1417ҳ.қ.
- Тавзеҳулмасоили мароҷеъ, таҳқиқи Сайидмуҳаммадҳусайн Баниҳошимии Хумайнӣ, Қум, чопи ҳаштум, 1392ҳ.қ.
- Шайхи Садуқ, Муҳаммад ибни Алӣ, Ман ло яҳзуруҳу-л-фақиҳ, таҳқиқи Алиакбари Ғаффорӣ, Қум, дафтари интишороти исломӣ, чопи дувум, 1413ҳ.қ.
- Шайхи Тусӣ, Абуҷаъфар Муҳаммад ибни Ҳасан, ал-Хилоф, Қум, дафтари интишороти исломӣ, чопи аввал, 1407ҳ.қ.