Шиа

Аз wikishia
(Тағйири масир аз Шиъа)
Ин мақола дар бораи шиа аст. Барои иттилоъ аз шиаи дувоздаҳимомӣ, мадхали имомияро бубинед.

Шиа (арабӣ: الشیعه) яке аз ду мазҳаби бузурги дини Ислом аст. Бар пояи ин мазҳаб, Пайғамбари Ислом (с) ба фармони Худованд, ҳазрати Алӣ (а)-ро ба ҷонишинии билофасли худ баргузидааст. Имомат аз усули мазҳаби шиа ва ваҷҳи тамоюзи онон бо аҳли суннат аст. Тибқи ин асл, имомро Худованд таъйин ва ба воситаи Пайғамбар (с) ба мардум муаррифӣ мекунад.

Ҳамаи шиаён ба ҷуз Зайдия, имомро маъсум медонанд ва бар ин боваранд, ки охирин имом, Маҳдии мавъуд (аҷҷалаллоҳу фараҷаҳ) аст, ки дар ғайбат ба сар мебарад ва рӯзе барои барқарории адолат дар ҷаҳон, қиём хоҳад кард.

Бархе дигар аз боварҳои каломии хоси шиа иборатанд аз: ҳусн ва қубҳи ақлӣ, танзиҳи сифоти Худо, амрун байн-ал-амрайн, ин ки ҳамаи саҳоба одил нестанд, тақия, тавассул ва шафоат.

Дар мазҳаби шиа ҳамчун мазҳаби аҳли суннат манобеи истинботи аҳкоми шаръӣ иборатанд аз: Қуръон, суннат, ақл ва иҷмоъ. Албатта шиаён бар хилофи аҳли суннат, илова бар суннати Пайғамбар (с), суннати имомон, яъне рафтор ва гуфторашонро низ ҳуҷҷат медонанд.

Имрӯза мазҳаби шиа се фирқа дорад: имомия, исмоилия ва Зайдия. Шиаёни имомӣ ё дувоздаҳимомӣ, бештарин ҷамъияти шиаёнро ташкил медиҳанд. Онон ба имомати дувоздаҳ имом эътиқод доранд, ки охиринашон Маҳдии мавъуд (аҷҷалаллоҳ фараҷаҳ) аст.

Исмоилия, имомони имомияро то имоми шашуми онҳо, яъне Имом Содиқ (а) мепазиранд ва пас аз ӯ Исмоил фарзанди Имом Содиқ (а) ва Муҳаммад писари Исмоилро имом медонанд ва муътақиданд ӯ Маҳдии мавъуд аст. Зайдия, шумори имомонро маҳдуд намекунанд ва бар ин боваранд, ки ҳаряк аз фарзандони ҳазрати Фотима (с) ки олим, зоҳид, шуҷоъ ва саховатманд бошад ва қиём кунад, имом аст.

Ҳукуматҳои Оли Идрис, Алавиёни Табаристон, Оли Буя, Зайдиёни Яман, Фотимиён, Исмоилия, сарбадорони Сабзавор, Сафавия ва Ҷумҳурии исломии Эрон аз ҳукуматҳои шиъии ҷаҳони Ислом будаанд.

Барасоси гузориши анҷумани дин ва зиндагии муассисаи Pew, байни 10 то 13 дарсади ҷамъияти мусулмонони ҷаҳон, шиа ҳастанд. Ҷамъияти шиаёнро ҳудуди 154 то 200 миллион нафар тахмин задаанд. Бештари шиаён дар Эрон, Покистон, Ҳинд ва Ироқ зиндагӣ мекунанд.

Таъриф

Шиа ба пайравони Имом Алӣ (а) ва касоне мегӯянд, ки муътақиданд Пайғамбари Ислом (с) ба сароҳат Имом Алӣ (а)-ро ҷонишини бевоситаи худ қарор дод.[1] Шайхи Муфид бар ин бовар аст, ки калимаи шиа (شیعه) бо "алифу лом" ба кор равад (الشیعه) фақат бар пайравони Имом Алӣ (а) далолат мекунад, ки ба вилояту имомати бевоситаи вай пас аз Пайғамбар (с) эътиқод доранд.[2] Дар муқобили ин назар, аҳли суннат мегӯянд Пайғамбар (с), ҷонишинашро таъйин накарда буд ва ба далели иҷмоъи мусулмонон дар байъат бо Абубакр, ӯ ҷонишини Пайғамбар (с) аст.[3]

Ба гуфтаи Расули Ҷаъфариён - таърихпажӯҳи шиа, то чанд қарн пас аз пайдоиши Ислом, ба дӯстдорони Аҳли Байт (а) ва касоне, ки Имом Алӣ (а)-ро бар Усмон (халифаи сеюм), муқаддам медонистанд, ҳам шиа мегуфтанд.[4] Инонро, дар баробари гурӯҳи аввал, ки шиаи эътиқодӣ[Ёддошт 1] буданд, шиаи муҳаббатӣ (дӯстдори Аҳли Байт) меноманд.[5]

Шиа дар луғат ба маънои пайрав, ёр ва гурӯҳ аст.[6]

Таърихчаи пайдоиш

Дар бораи таърихи пайдоиши шиа, дидгоҳҳои мутафовите вуҷуд дорад; аз ҷумла: аз замони ҳаёти Пайғамбари Ислом (с), пас аз моҷарои Сақифа, баъд аз қатли Усмон ва пас аз моҷарои ҳакамият ба унвони таърихи пайдоиши шиа ном бурда шудааст.[7] Бархе аз уламои шиа муътақиданд аз замони ҳаёти Пайғамбари Ислом иддае аз саҳоба атрофи ҳазрати Алӣ (а) буда ва шиа дар ҳамон замон вуҷуд доштааст.[8][Ёддошт 2] Инҳо ба аҳодис[9] ва гузоришҳои таърихие[10] истинод мекунанд, ки бар асоси онҳо дар замони Пайғамбар ба шиаёни Алӣ (а) башорат дода шуда ва ё аз касоне ба унвони шиаёни Алӣ ёд шудааст.[11] Ин гурӯҳ пас аз реҳлати Пайғамбар (с), ба тасмими шӯрои Сақифа дар хусуси халифа интихоб кардани Абубакр, эътироз доштанд ва аз байъат бо Абубакр ба унвони халифа худдорӣ мекарданд.[12] Ба гуфтаи Ношӣ Акбар дар китоби Масоил-ул-имома, аз замони ҳазрати Алӣ (а), шиаи эътиқодӣ вуҷуд доштааст.[13]

Назарияи имомат

Навиштори аслӣ: Имомат

Дидгоҳи шиаён дар бораи имоматро ваҷҳи муштараки фирқаҳои шиа медонанд.[14] Имомат ҷойгоҳе бисёр муҳим ва меҳварӣ дар мабоҳиси каломии шиа дорад.[15] Ба бовари шиаён имом болотарин марҷаъи тафсири аҳкоми динӣ пас аз Пайғамбар аст.[16] Дар ривоёти шиаён ҷойгоҳи имом ба ҳадде аст, ки агар касе бидуни ин ки имомашро бишносад бимирад, кофир аз дунё рафтааст.[17]

Пайғамбар (с):
«مَنْ ماتَ وَ لَمْ يَعْرِفْ إمامَ زَمانِهِ مَاتَ مِيتَةً جَاهِلِيَّة»
«Ҳар кас бимирад ва имоми замонашро нашиносад ба марги ҷоҳилӣ (марг дар ҳоли куфр) аз дунё рафтааст.»[18]


Зарурати насс бар имом

Навиштори аслӣ: Насс бар имом

Шиаён муътақиданд имомат аз усули эътиқодии дин ва мансаби Илоҳӣ аст; яъне пайғамбарон наметавонанд интихоби имомро ба мардум вогузор кунанд ва бар онҳо воҷиб аст, ки ҷонишини худро таъин кунанд.[19] Аз ин рӯ, мутакаллимони шиа (ба ҷузи Зайдия)[20] бар зарурати «насб»-и имом (тавассути Пайғамбар ё имоми пешин) таъкид мекунанд[21] ва «насс» (сухан ё феъле, ки ба сароҳат бар маънои мадди назар далолат кунад)-ро[22] танҳо роҳи шинохти имом медонанд.[23]

Далели онҳо ин аст, ки имом бояд маъсум бошад ва фақат Худо аз исмати инсонҳо хабар дорад;[24] зеро исмат, сифати дарунӣ аст ва аз зоҳири одамон наметавон ба исматашон пай бурд.[25] Бинобар ин зарурат дорад, ки Худо имомро таъин ва аз тариқи Пайғамбар ба мардум муаррифӣ кунад.[26]

Дар китобҳои каломии шиа, дар бораи зарурати вуҷуди имом дар ҷомеа далоили нақлӣ ва ақлии чанде матраҳ мешавад.[27] Ояти «Ул-ул-амр» ва ҳадиси «Ман мота» аз далоили нақлии шиаён бар зарурати вуҷуди имом аст.[28] Истинод ба қоидаи лутф ҳам аз далоили ақлии онон аст. Дар табйини ин далел навиштаанд: аз як тараф вуҷуди имом сабаб мешавад мардуми бештар ба тоъати Худо рӯй биоваранд ва камтар ба самти гуноҳон бираванд; аз тарафи дигар тибқи қоидаи лутф, анҷом додани ҳар коре, ки сабаби чунин чизе бишавад, бар Худованд воҷиб аст. Бинобар ин, насби имом бар Худованд воҷиб аст.[29]

Исмати имом

Навиштори аслӣ: Исмати имомон

Шиаён ба исмати имомон эътиқод доранд ва онро шарти имомат медонанд.[30] Онҳо дар ин замина ба далоили нақлӣ ва ақлӣ[31] истинод мекунанд, ки ояти «Ул-ул-амр»,[32] ояти «Ибтилои Иброҳим»[33] ва ҳадиси Сақалайн аз он ҷумла аст.[34]

Аз миёни шиаён, Зайдия ба исмати ҳамаи имомон бовар надоранд. Ба ақидаи инон танҳо «Асҳоби Кисо», яъне Пайғамбар (с), Алӣ (а), Фотима (с), Ҳасан (а) ва Ҳусайн (а) маъсуманд[35] ва бақияи имомон, монанди дигар мардум, аз хато маъсум нестанд.[36]

Масъалаи ҷонишинии Пайғамбар

Шиаён муътақиданд, ки Пайғамбари Ислом (с) Имом Алӣ (а)-ро ба унвони ҷонишини худ ба мардум муаррифӣ карда ва имоматро ҳаққи вижаи ӯ ва фарзандонаш донистааст.[37] Албатта аз ин миён, Зайдиён, имомати Абубакр ва Умарро ҳам пазируфтаанд, аммо ҳаминҳо ҳам Имом Алӣ (а)-ро аз ин ду шоистатар медонанд ва мегӯянд мусулмонон дар интихоби Умару Абубакр ба унвони имом, иштибоҳ карданд, аммо чун Имом Алӣ (а) ба он ризоят дод, имомати онҳоро низ мепазирем.[38]

Мутакаллимони шиа барои исботи ҷонишинии билофасли Имом Алӣ (а) пас аз Пайғамбар, ба оёт ва ривоёте истинод мекунанд, ки аз он миён ояти Вилоят, ҳадиси Ғадир ва ҳадиси Манзалат аст.[39]

Фирқаҳои шиа

Навиштори аслӣ: Фирқаҳои шиа

Муҳимтарин фирқаҳои шиаро имомия, зайдия, исмоилия, ғолиён, кайсония ва то андозае воқифия медонанд.[40] Бархе аз ин фирқаҳо худ шохаҳои мухталиф доранд, монанди Зайдия, ки то даҳ шоха ҳам барои он зикр шудааст;[41] ва кайсония, ки онро ба чаҳор шоха тақсим кардаанд.[42] Ҳамин сабаб шудааст, ки аз фирқаҳои мутааддиде ба унвони фирқаҳои шиа ёд шавад.[43] Албатта бисёре аз фирқаҳои шиа аз байн рафтаанд ва имрӯза танҳо се мазҳаби имомия, зайдия ва исмоилия пайравон доранд.[44]

Кайсония пайравони Муҳаммади Ҳанафия буданд. Онҳо пас аз Имом Алӣ (а), Имом Ҳасан (а) ва Имом Ҳусайн (а), Муҳаммади Ҳанафия писари дигари имом Алӣ (а)-ро имом медонистанд ва бар ин бовар буданд, ки Муҳаммад Ҳанафия намурда, ҳамон Маҳдии мавъуд аст ва дар кӯҳи Разво ба сар мебарад.[45]

Воқифия ба касоне мегӯянд, ки пас аз шаҳодати Имом Козим (а), дар ӯ таваққуф карданд; яъне ӯро охирин имом медонистанд.[46] Ғолиён ҳам гурӯҳе буданд, ки дар хусуси мақоми имомони шиа, зиёдаравӣ мекарданд; яъне ба улуҳияти онон эътиқод доштанд, онҳоро махлуқ намедонистанд ва ба Худованд ташбеҳ мекарданд.[47]

Дувоздаҳимомӣ

Навиштори аслӣ: Имомия

Шиаи дувоздаҳимомӣ ё исноашарӣ бузургтарин фирқаи мазҳаби шиа аст.[48] Тибқи мазҳаби имомия, пас аз Пайғамбари Ислом (с), дувоздаҳ имом вуҷуд дорад, ки нахустинашон Имом Алӣ (а) ва охиринашон Имом Маҳдӣ (аҷҷалаллоҳу фараҷаҳ) аст,[49] ки ҳануз зинда аст, дар ғайбат қарор дорад ва рӯзе барои барқарории адолат дар замин зуҳур хоҳад кард.[50]

Раҷъат ва бадоъ аз боварҳои вижаи шиаёни дувоздаҳимомия аст.[51] Тибқи омӯзаи раҷъат, пас аз зуҳури Имом Маҳдӣ (а), бархе аз мурдагон зинда хоҳанд шуд. Ин мурдагон ҳам некӯкорону шиаёнро шомил мешаванд ва ҳам душманони Аҳли Байтро, ки қарор аст сазои аъмолашонро дар ҳамин дунё ҳам бубинанд.[52] Бадоъ ҳам, яъне Худо гоҳ ба хотири маслиҳате, амреро, ки барои Пайғамбар ё имом ошкор карда буд, тағйир медиҳад ва чизи дигаре ҷойгузини он мекунад.[53]

Муҳимтарин мутакаллимони имомия иборатанд аз: Шайх Муфид (336 ё 338 – 413ҳ.қ.), Шайх Тусӣ (385 – 460ҳ.қ.), Хоҷа Насириддини Тусӣ (597 – 673ҳ.қ.) ва Аллома Ҳиллӣ (648 – 726ҳ.қ.).[54] Барҷастатарин фақеҳони имомияи ҳам инҳо ҳастанд: Шайх Тусӣ, Муҳаққиқи Ҳиллӣ, Аллома Ҳиллӣ, Шаҳиди Аввал, Шаҳиди Сонӣ, Кошифулғито, Мирзои Қумӣ ва Шайх Муртазо Ансорӣ.[55]

Бештари шиаёни Эрон, ки ҳудуди 90 дарсади ҷамъияти ин кишварро ташкил медиҳанд, дувоздаҳимомӣ ҳастанд.[56]

Зайдия

Навиштори аслӣ: Зайдия

Мазҳаби Зайдия ба Зайд фарзанди Имом Саҷҷод (а) нисбат дорад.[57] Бар пояи ин мазҳаб танҳо имомати Имом Алӣ (а), Имом Ҳасан (а) ва Имом Ҳусайн (а) ба сурати интисобӣ ва тавассути Пайғамбар будааст.[58] Ба ҷуз ин се имом ҳар касе аз насли ҳазрати Заҳро (с) қиём кунад ва олиму зоҳиду саховатманд ва шуҷоъ бошад, имом аст.[59]

Зайдия дар хусуси имомати Абубакр ва Умар ду мавзеъ доранд: бархе аз онҳо ба имомати ин ду бовар доранд ва бархе дигар онро намепазиранд.[60] Дидгоҳи зайдиёни имрӯзи Яман, ба дидгоҳи гурӯҳи нахуст наздик аст.[61]

Ҷорудия, солеҳия ва сулаймония се фирқаи аслии Зайдия будаанд.[62] Ба гуфтаи Шаҳристонӣ - нависандаи китоби ал-Милалу ва-н-ниҳал, бештари Зайдиён дар калом аз муътазила ва дар фиқҳ аз мазҳаби ҳанафӣ, аз мазоҳиби фиқҳии чаҳоргонаи аҳли суннат, таъсир пазируфтаанд.[63]

Ба гузориши китоби Атласи шиа, Зайдиён 35 то 40 дарсади ҷамъияти бистмиллионии Яманро ташкил медиҳанд.[64]

Исмоилия

Навиштори аслӣ: Исмоилия

Исмоилия, фирқае аз шиаён аст, ки пас аз Имом Содиқ (а), Исмоил писари бузурги ӯро имом медонад ва имомати Имом Козим (а) ва дигар имомони имомияро намепазирад.[65] Исмоилиён бар ин бовар буданд, ки имомат ҳафт давра дорад ва ҳар давра бо як «нотиқ» оғоз мешавад, ки шариате нав меоварад ва дар ҳар давра пас аз ӯ ҳафт имом имомат мекунанд.[66]

Нотиқҳои шаш давраи нахусти имомат, ҳамон пайғамбарони улулъазманд, ки иборатанд аз: Одам, Нӯҳ, Иброҳим, Мусо, Исо ва ҳазрати Муҳаммад (с).[67] Муҳаммади Мактум писари Исмоил, ҳафтумин имом аз давраи шашуми имомат аст, ки бо Пайғамбари Ислом оғоз шудааст. Ӯ ҳамон Маҳдии мавъуд аст, ки вақте қиём кунад, нотиқи давраи ҳафтуми имомат ҳам хоҳад буд.[68] Мегӯянд бархе аз ин омӯзаҳо дар давраи ҳукумати фотимиён, дучори тағироте шуд.[69]

Муҳимтарин вижагии исмоилияро ботинигарӣ медонанд; чароки онҳо оёт, аҳодис, маориф ва аҳкоми исломиро таъвил мекунанд ва маъное хилофи зоҳири онҳо бардошт мекунанд. Ба бовари онҳо оёти Қуръон ва ривоёт зоҳир ва ботин доранд. Имом ботини онҳоро медонад ва фалсафаи имомат, таълими ботини дин ва баёни маорифи ботинӣ аст.[70]

Қозӣ Нуъмонро бузургтарин фақеҳи исмоилия[71] ва китобаш “Даоим-ул-Ислом” манбаи аслии фиқҳии ин мазҳаб донистаанд.[72] Абуҳотами Розӣ, Носир Хисрав ва гурӯҳе ба номи ихвонуссафоро низ аз андешмандони барҷастаи исмоилия шуморидаанд.[73] Расоили Ихвон-ус-сафо ва Аълом-ун-нубувват навиштаи Абуҳотами Розӣ, аз муҳимтарин китобҳои фалсафии онон аст.[74]

Исмоилияи имрӯзро ба ду гурӯҳи оқохония ва буҳра тақсим мекунанд, ки бозмондагони ду шоха аз фотимиёни Миср яъне назория ва мустаълавия ҳастанд.[75] Гуруҳи нахустро ҳудуди як миллион нафар медонанд, ки умдатан дар кишварҳои Осиёие чун Ҳинд, Покистон, Афғонистон, Тоҷикистон ва Эрон зиндагӣ мекунанд.[76] Шумори гурӯҳи дувумро ҳам ҳудуди панҷсад ҳазор нафар тахмин задаанд, ки беш аз 80 дарсадашон дар Ҳинд сукунат доранд.[77]

Бештари шиаёни Тоҷикистон аз гурӯҳи оқохония буда ғолибан сокини вилояти Бадахшон ва шаҳри Душанбе гузориш шудаанд.[78]

Маҳдавият

Навиштори аслӣ: Маҳдавият

Маҳдавиятро омӯзае муштарак миёни ҳамаи мазоҳиби исломӣ медонанд,[79] аммо ин андеша дар мазҳаби шиа ҷойгоҳи вижае дорад ва дар ривоёт, китобҳо ва мақолоти бисёре аз он сухан омадааст.[80]

Фирқаҳои шиа бо вуҷуди иштироки назар дар асли вуҷуди Маҳдӣ, дар ҷузъиёт ва мисдоқи он ихтилоф доранд. Шиаёни дувоздаҳимомӣ бар ин боваранд, ки Маҳдӣ писари Имом Ҳасани Аскарӣ (а), имоми дувоздаҳум ва ҳамон Маҳдии Мавъуд (аҷҷалаллоҳу фараҷаҳ) аст ва дар ғайбат ба сар мебарад.[81] Исмоилия Муҳаммади Мактум писари Исмоил писари Имом Содиқ (а)-ро Маҳдӣ Мавъуд медонанд.[82] Зайдия ба ҷиҳати он ки қиёмро аз шароити имом медонанд, ба интизор ва ғайбат эътиқод надоранд.[83] Онҳо ҳар имомеро Маҳдӣ ва мунҷӣ мепиндоранд.[84]

Дигар дидгоҳҳои каломии муҳим

Шиаён дар айни ҳамфикр будан бо дигар мусулмонон дар усули дин, яъне тавҳид, набувват ва маод, боварҳое ҳам доранд, ки онҳоро аз ҳамаи аҳли суннат ё бархе аз онҳо хос мегардонад. Он боварҳо гузашта аз ду масъалаи имомат ва маҳдавият, иборат аст аз: ҳусн ва қубҳи ақлӣ, танзиҳи сифоти Худо, амрун байн-ал-амрайн, одил набудани ҳамаи саҳоба, тақия, тавассул ва шафоат.

Олимони шиа монанди олимони муътазила ҳусн ва қубҳро ақлӣ медонанд.[85] Ҳусн ва қубҳи ақлӣ ба ин маъно аст, ки аъмол бо сарфи назар аз ин ки Худо ба хубӣ ё бадии онҳо ҳукм кунад, ба лиҳози ақлӣ ба хубу бад тақсим мешаванд.[86] Ин сухан бар хилофи дидгоҳи ашоира аст, ки ҳусн ва қубҳро шаръӣ медонанд;[87] яъне мегӯянд хубу бад вуҷуди воқеӣ надорад ва эътиборӣ аст. Бинобар ин ҳарчи Худо ба он амр кунад, хуб ва ҳарчи аз он наҳй кунад, бад аст.[88]

Назарияи “Танзиҳи сифот”, дар муқобили ду дидгоҳи “таътил” ва “ташбиҳ” қарор дорад, ки аввалӣ мегӯяд ҳеҷ сифатеро набояд ба Худо нисбат дод ва дигарӣ Худоро дар сифоташ ба дигар махлуқот ташбиҳ мекунад.[89] Тибқи мазҳаби шиа метавон бархе аз сифоти мусбатро, ки дар хусуси махлуқот ба кор меравад, ба Худованд нисбат дод, аммо набояд Ӯро дар наҳваи бархӯрдорӣ аз ин сифот монанди махлуқот донист.[90] Барои мисол бояд гуфт ҳамон тавр, ки инсон илм, қудрат ва ҳаёт дорад, Худованд низ аз ин сифот бархӯрдораст, аммо илм, қудрат ва ҳаёти Худованд, монанди илм, қудрат ва ҳаёти инсон нест.[91]

Тибқи назарияи амрун байн-ал-амрайн, инсон на он гуна ки муътазила мепиндоранд, мавҷуде комилан мухтор аст ва на, чунон ки аҳли ҳадис мегӯянд, комилан маҷбур аст,[92] балки инсон дар анҷом додани афъолаш ихтиёр дорад, аммо ирода ва қудраташ мустақил нест ва ба иродаи Худо вобастааст.[93] Аз миёни шиаён зайдиҳо монанди муътазила меандешанд.[94]

Мутакаллимони шиа бархилофи назари мутакаллимони аҳли суннат,[95] эътиқод надоранд, ки ҳамаи саҳобаи Пайғамбар одиланд[96] ва мегӯянд сирфи мусоҳибат бо Пайғамбар далели адолат нест.[97]

Ба ҷуз Зайдиён,[98] дигар шиаён тақияро ҷоиз медонанд; яъне муътақиданд дар мавориде, ки ибрози ақида мумкин аст ба садама дидан аз ҷониби мухолифон мунҷар шавад, метавонем ақидаи худро ошкор накунем ва сухане бархилофи он бигӯем.[99]

Тавассул гарчи дар дигари фирақи исломӣ ҳам мафҳуме роиҷ будааст, назд шиа ҷойгоҳи муҳимтаре дорад.[100] Шиаён бар хилофи бархе аз аҳли суннат аз ҷумла ваҳҳобиён,[101] матлуб медонанд, ки инсон барои истиҷобати дуо ва тақарруб ба Худо, авлиёи Худоро восита қарор диҳад.[102] Тавассул бо шафоат пайванди муҳкам дорад.[103] Ба гуфтаи Шайх Муфид мурод аз шафоат ин аст, ки Пайғамбар ва имомон метавонанд дар рӯзи қиёмат шафеъи гуноҳкорон шаванд ва Худо ба воситаи шафоати онон бисёре аз гуноҳкоронро наҷот медиҳад.[104]

Фиқҳ

Навиштори аслӣ: Фиқҳ

Қуръон ва суннати Пайғамбар (с) назди ҳамаи шиаён, ба унвони ду манбаи аслии аҳкоми шаръӣ муътабар аст,[105] аммо онҳо дар заминаи наҳваи истифода аз ин ду ва ҳамчунин дигар манобеи фиқҳ ихтилофи назар доранд.

Бештари шиаён, яъне имомия ва зайдия, ҳамчун аҳли суннат, илова бар Қуръон ва суннати Пайғамбар, ақл ва иҷмоъро низ ҳуҷҷат медонанд,[106] аммо исмоилия чунин назаре надоранд. Бинобар мазҳаби исмоилия, тақлид аз ҳеҷ муҷтаҳиде ҷоиз нест ва аҳкоми шаръиро бояд ба сурати мустақим аз Қуръон, суннати Пайғамбар ва таълимоти имомон дарёфт кард.[107]

Зайдия дар хусуси суннат, танҳо рафтор ва гуфтори Пайғамбарро ҳуҷҷат медонанд ва ба манобеи ҳадисии аҳли суннат ҳамчун сиҳоҳи ситта руҷуъ мекунанд,[108] аммо имомия ва исмоилия аҳодисеро ҳам, ки аз имомонашон нақл шудааст, аз манобеи фиқҳ ба шумор меоваранд.[109]

Ҳамчунин зайдия монанди аҳли суннат қиёс ва истеҳсонро низ ҳуҷҷат медонанд,[110] аммо инҳо назди шиаёни имомия ва исмоилӣ муътабар нест.[111] Албатта зайдиён дар бархе аз аҳкоми ихтилофии байни имомия ва аҳли суннат, фатвои шиаёнро тарҷеҳ додаанд, аз ҷумла, бархилофи аҳли суннат иборати ҳайя ало хайрил амалро ҷузъи азон медонанд ва гуфтани “ас-салоту хайрун мин-ан-навм” (намоз беҳтар аз хоб аст)-ро дар азон ҳаром медонанд.[112]

Дар хусуси издивоҷи муваққат ҳам, ки аз масоили ихтилофии байни имомия ва аҳли суннат аст, исмоилия ва зайдия бо аҳли суннат мувофиқанд;[113] яъне бар хилофи имомия, ки издивоҷи муваққатро ҷоиз медонад, ба ҳаром будани он раъй медиҳанд.[114]

Ҷамъият ва парокандагии ҷуғрофиёӣ

Тибқи омори мунташиршуда дар соли 2014 м. шиаёни кишварҳои Эрон, Озарбойҷон, Баҳрайн, Ироқ ва Лубнон беш аз панҷоҳ дарсади ҷамъияти кишвари худро ташкил медиҳанд.[115]

“Анҷумани дин ва зиндагии умумии Пию”, шумори шиаёни ҷаҳонро байни 154 то 200 миллион нафар ва баробар бо 10 то 13 дарсади мусулмонон эълом кардааст.[116] Албатта бархе ин оморро ғайривоқеӣ дониста ва ҷамъияти воқеии шиаёнро беш аз сесад миллион, яъне 19 дарсади ҷамъияти мусулмонони ҷаҳон, донистаанд.[117]

Бар пояи гузориши “Анҷумани дин ва зиндагии умумии пию”, 68 то 80 дарсади шиаён дар чаҳор кишвари Эрон, Ироқ, Покистон ва Ҳинд зиндагӣ мекунанд. Эрон 66 то 70 миллион шиа дорад, ки баробар бо 37 то 40 дарсади кулли шиаёни ҷаҳон аст. Дар ҳаряк аз кишварҳои Покистон, Ҳинд ва Ироқ ҳам беш аз 16 миллион нафар шиа зиндагӣ мекунанд.[118]

Дар Эрон, Озарбойҷон, Баҳрайн ва Ироқ, ҷамъияти ғолиб шиа аст.[119] Дар ховари миёна, шимоли Африқо, минтақаи Осиё-Уқёнусия, Амрико, Канада[120] ва Чин[121] ҳам шиа зиндагӣ мекунад.

Ҳукуматҳо

Ҳукуматҳои Оли Идрис, Алавиёни Табаристон, Оли Буя, Зайдиёни Яман, Фотимиён, Исмоилияи Аламут, Сарбадорони Сабзавор, Сафавия ва Ҷумҳурии исломии Эрон аз ҳукуматҳои шиъии ҷаҳони Ислом будаанд.

Ҳукумати Оли Идрис дар Марокеш ва бахше аз Алҷазоирро[122] нахустин ҳукумате ба шумор овардаанд, ки шиаён ташкил доданд.[123] Ин ҳукумат дар соли 172ҳ.қ. ба дасти Идрис набераи Имом Ҳасани Муҷтабо (а) ташкил шуд ва ҳудуди ду қарн давом ёфт.[124] Ҳукумати Алавиён зайдӣ буданд.[125] Зайдиён ҳамчунин аз соли 284ҳ.қ.то соли 1382ҳ.қ. бар Яман ҳукумат мекарданд.[126] Ҳукуматҳои фотимиён ва исмоилияи Аламут, мазҳаби исмоилӣ доштанд.[127] Дар хусуси Оли Буя ихтилофи назар ҳаст. Бархе онҳоро зайдимазҳаб медонанд; гурӯҳе мегӯянд имомӣ будаанд ва ба бовари касоне ҳам онҳо ибтидо зайдимазҳаб буданд ва баъдҳо ба мазҳаби имомия даромаданд.[128]

Султонмуҳаммади Худобанда машҳур ба Улҷойту (ҳукумат 703 – 716ҳ.қ.) ҳам барои муддате мазҳаби шиаи дувоздаҳимомиро мазҳаби расмии ҳукуматаш эълом кард, аммо бар асари фишори ташкилоти давлатиаш, ки бар пояи мазҳаби аҳли суннат буд, дубора мазҳаби аҳли суннатро расмӣ эълом кард.[129]

Ҳукумати Сарбадорон дар Сабзаворро ҳам ҳукумате шиъӣ медонанд.[130] Албатта ба гуфтаи Расули Ҷаъфариён, мазҳаби раҳбарон ва ҳокимони Сарбадорон дақиқан маълум нест, аммо равшан аст, ки раҳбарони мазҳабии онҳо суфиёне бо гароишҳои шиъӣ будаанд.[131] Хоҷа Алӣ Муайид - охирин ҳокими Сарбадорон,[132] имомияро мазҳаби расмии давлати худ эълом кард.[133]

Дар ҳукумати Сафавия, ки дар соли 907ҳ.қ. ба дасти Шоҳисмоил таъсис шуд, мазҳаби шиаи дувоздаҳимомӣ расмият ёфт.[134] Ин ҳукумат мазҳаби имомияро дар Эрон густариш дод ва Эронро ба кишваре комилан шиъӣ табдил кард.[135]

Дар Ҷумҳурии исломии Эрон ҳам усули мазҳаб ва фиқҳи шиаи дувоздаҳимомӣ мабно қарор гирифтааст.[136]

Мутолиаи бештар

Китоби шиа дар Ислом, навиштаи Алломаи Таботабоӣ; ин китоб бо ҳадафи муаррифии мазҳаби шиа - ба хусус барои мухотабони ғайримусулмон - ба забони форсӣ навишта шудааст. Дар ин асар, матолиби лозим барои шинохти шиа ба забоне сода ва мухтасар баён шудааст. Китоби шиа дар Ислом, ба забонҳои мухталиф, аз ҷумла забони тоҷикӣ, тарҷума шудааст.

Ҷусторҳои вобаста

Нигорхона

Эзоҳ

  1. Шаҳристонӣ, ал-Милалу ва-н-ниҳал, 1375ҳ.ш., ҷ.1, саҳ.131
  2. Шайхи Муфид, Авоил-ул-мақолот, 1413ҳ.қ., саҳ.35
  3. Ниг.: "Шарҳ-ул-мавоқиф, 1325ҳ.қ., ҷ.8, саҳ.354
  4. Ниг.: Ҷаъфарён, Таърихи ташайюъ дар Эрон аз оғоз то тулӯъи давлати сафавӣ, 1390ҳ.ш., саҳ.22 ва 27
  5. Ниг.: Ҷаъфарён, Таърихи ташайюъ дар Эрон аз оғоз то тулӯъи давлати сафавӣ, 1390ҳ.ш., саҳ.28
  6. Фароҳидӣ, "ал-Айн" зайли "шайъ" ва "шавъ"
  7. Муҳаррамӣ, Таърихи ташайюъ, 1382ҳ.ш., саҳ.43 - 44; Гурӯҳи таърихи Пажӯҳишгоҳи ҳавза ва донишгоҳ, Таърихи ташайюъ, 1389ҳ.ш., саҳ.20 – 22; Файёз, Пайдоиш ва густариши ташайюъ, 1382ҳ.ш., саҳ.49 – 53
  8. Ниг.: Таботабойӣ, Шиа дар Ислом, 1388ҳ.ш., ҷ.1, саҳ.29; Собирӣ, Таърихи фарқи исломӣ, 1388ҳ.ш., саҳ.18 то 20
  9. Барои намуна ниг.: Суютӣ, ад-Дурр-ул-мансур, 1404ҳ.қ., ҷ.6, саҳ.379
  10. Ибни Асокир, Таъриху мадинат-ид-Димишқ, дор-ул-фикр ли-т-табъи ва-н-нашри ва-т-тавзиъ, ҷ.42, саҳ.332
  11. Собирӣ, Таърихи фирақи исломӣ, 1388ҳ.ш., саҳ.20
  12. Таботабойӣ, Шиа дар Ислом, 1388ҳ.ш., саҳ.32-33
  13. ниг.: Ношӣ Акбар, Масоил-ул-имома, 1971, саҳ.22-23
  14. Шаҳристонӣ, ал-Милалу ва-н-ниҳал, 1375ҳ.ш., ҷ.1, саҳ.131
  15. Ансорӣ, «Имомат (имомат назд имомия)», саҳ.137; Султонӣ, Таърих ва ақоиди зайдия, 1390ҳ.ш., саҳ.256 ва 257
  16. Дафтарӣ, Таърих ва суннатҳои исмоилия, 1393ҳ.ш., саҳ.213
  17. Ниг.: Кулайнӣ, Кофӣ, 1407ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.21
  18. Тафтозонӣ, Шарҳ-ул-мақосид, ҷ.5, саҳ.239
  19. Шаҳристонӣ, ал-Милалу ва-н-ниҳал, 1375ҳ.ш., ҷ.1, саҳ.131
  20. Амирхонӣ, «Назарияи насс аз дидгоҳи мутакаллимони имомӣ», саҳ.13
  21. Амирхонӣ, «Назарияи насс аз дидгоҳи мутакаллимони имомӣ», саҳ.29; Дафтарӣ, Таърих ва суннатҳои исмоъилия, 1393ҳ.ш., саҳ.105; Ҳамчунин ниг.: Шайхи Муфид, Авоил-ул-мақолот, 1413ҳ.қ., саҳ.40 ва 41
  22. Амирхонӣ, «Назарияи насс аз дидгоҳи мутакаллимони имомӣ», саҳ.13
  23. Амирхонӣ, «Назарияи насс аз дидгоҳи мутакаллимони имомӣ», саҳ.11; Ҳамчунин ниг.: Шайхи Муфид, Авоил-ул-мақолот, 1413ҳ.қ., саҳ.38; Раббонии Гулпойгонӣ, Даромаде бар илми калом, 1387ҳ.ш., саҳ.181
  24. Ниг.: Шайхи Тӯсӣ, ал-Иқтисод, 1406ҳ.қ./1986м, саҳ.312; Раббонии Гулпойгонӣ, Даромаде бар илми калом, 1387ҳ.ш., саҳ.181
  25. Ниг.: Шайхи Тӯсӣ, ал-Иқтисод, 1406ҳ.қ./1986м, саҳ.312
  26. Ниг.: Шайхи Тӯсӣ, ал-Иқтисод, 1406ҳ.қ./1986м, саҳ.312; Раббонии Гулпойгонӣ, Даромаде бар илми калом, 1387ҳ.ш., саҳ.181
  27. Барои намуна ниг.: Шайхи Муфид, ал-Ифсоҳ, 1412ҳ.қ., саҳ.28 ва 29; Султонӣ, Таърих ва ақоиди зайдия, 1390ҳ.ш., саҳ.260 то 263
  28. Ниг.: Шайхи Муфид, ал-Ифсоҳ, 1412ҳ.қ., саҳ.28
  29. Ниг.: Аллома Ҳиллӣ, Кашф-ул-мурод, 1417ҳ.қ., саҳ.491
  30. Ниг.: Аллома Ҳиллӣ, Кашф-ул-мурод, 1417ҳ.қ., саҳ.492; Дафтарӣ, Таърих ва суннатҳои исмоъилия, 1393ҳ.ш., саҳ.105
  31. Барои мутолиаи далоили ақлии имомия ниг.: Аллома Ҳиллӣ, Кашф-ул-мурод, 1417ҳ.қ., саҳ.492 – 494; Субҳонӣ, ал-Илоҳиёт, 1384ҳ.ш./1426ҳ.қ., саҳ.26 – 45
  32. Аллома Ҳиллӣ, Кашф-ул-мурод, 1417ҳ.қ., саҳ.493; Субҳонӣ, ал-Илоҳиёт, 1384ҳ.ш./1426ҳ.қ., саҳ.125-130
  33. Субҳонӣ, ал-Илоҳиёт, 1384ҳ.ш./1426ҳ.қ., саҳ.117-125
  34. Ниг.: Субҳонӣ, Азвоу ало ақоид-иш-шиат-ил-имомийя, 1421ҳ.қ., саҳ.389 – 394
  35. Султонӣ, Таърих ва ақоиди зайдия, 1390ҳ.ш., саҳ.278
  36. Султонӣ, Таърих ва ақоиди зайдия, 1390ҳ.ш., саҳ.279
  37. Шаҳристонӣ, ал-Милалу ва-н-ниҳал, 1375ҳ.ш., ҷ.1, саҳ.131; ниг.: Аллома Ҳиллӣ, Кашф-ул-мурод, 1417ҳ.қ., саҳ.497
  38. Шаҳристонӣ, ал-Милалу ва-н-ниҳал, 1375ҳ.ш., ҷ.1, саҳ.141-143
  39. Барои намуна ниг.: Аллома Ҳиллӣ, Кашф-ул-мурод, 1417ҳ.қ., саҳ.498-501; Шайхи Муфид, ал-Ифсоҳ, 1412ҳ.қ., саҳ.32, 33, 134
  40. Ниг.: Собирӣ, Таърихи фирақи исломӣ, 1388ҳ.ш., ҷ.2, саҳ.32
  41. Ниг.: Собирӣ, Таърихи фирақи исломӣ, 1388ҳ.ш., ҷ.2, саҳ.95-104
  42. Ниг.: Шаҳристонӣ, ал-Милалу ва-н-ниҳал, 1375ҳ.ш., ҷ.1, саҳ.132-136
  43. Барои намуна ниг.: Шаҳристонӣ, ал-Милалу ва-н-ниҳал, 1375ҳ.ш., ҷ.1, саҳ.131-171
  44. Таботабойӣ, Шиа дар Ислом, 1383ҳ.ш., саҳ.66
  45. Таботабойӣ, Шиа дар Ислом, 1383ҳ.ш., саҳ.64
  46. Таботабойӣ, Шиа дар Ислом, 1383ҳ.ш., саҳ.65
  47. Шаҳристонӣ, ал-Милалу ва-н-ниҳал, 1375ҳ.ш., ҷ.1, саҳ.154
  48. Ҷабраилӣ, Сайри татаввури каломи шиа, 1396ҳ.ш., саҳ.46; Таботабойӣ, Шиа дар Ислом, 1383ҳ.ш., саҳ.66
  49. Таботабойӣ, Шиа дар Ислом, 1383ҳ.ш., саҳ.197-199
  50. Таботабойӣ, Шиа дар Ислом, 1383ҳ.ш., саҳ.230-231
  51. Раббонии Гулпойгонӣ, Даромаде ба шиашиносӣ, 1392ҳ.ш., саҳ.273; Таботабойӣ, ал-Мизон, 1417ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.106
  52. Раббонии Гулпойгонӣ, Даромаде ба шиашиносӣ, 1392ҳ.ш., саҳ.273
  53. Таботабойӣ, ал-Мизон, 1393ҳ.қ., ҷ.11, саҳ.381; Шайхи Муфид, Тасҳеҳ-ул-эътиқод, 1413ҳ.қ., саҳ.65
  54. Кошифӣ, Каломи шиа, 1387ҳ.ш., саҳ.52
  55. Макорими Шерозӣ, Доират-ул-маорифи фиқҳи муқоран, 1427ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.260 то 264
  56. Тақизода Доварӣ, Гузорише аз омори ҷамъияти шиаёни кишварҳои ҷаҳон, 1390ҳ.ш., саҳ.29
  57. Ҳайнс, Ташайюъ, 1389ҳ.ш., саҳ.357
  58. Султонӣ, Таърих ва ақоиди зидия, 1390ҳ.ш., саҳ.287 ва 288; Собирӣ, Таърихи фирақи исломӣ, 1388ҳ.ш., ҷ.2, саҳ.86
  59. Шаҳристонӣ, ал-Милалу ва-н-ниҳал, 1375ҳ.ш., ҷ.1, саҳ.137-138
  60. Собирӣ, Таърихи фирақи исломӣ, 1388ҳ.ш., ҷ.2, саҳ.95
  61. Собирӣ, Таърихи фирақи исломӣ, 1388ҳ.ш., ҷ.2, саҳ.95
  62. Собирӣ, Таърихи фирақи исломӣ, 1388ҳ.ш., ҷ.2, саҳ.102
  63. Ниг.: Шаҳристонӣ, ал-Милалу ва-н-ниҳал, 1375ҳ.ш., ҷ.1, саҳ.143
  64. Ниг.: Расули Ҷаъфарён, Атласи шиа, 1387ҳ.ш., саҳ.466
  65. Шаҳристонӣ, ал-Милалу ва-н-ниҳал, 1375ҳ.ш., ҷ.1, саҳ.170-171
  66. Дафтарӣ, Таърих ва суннатҳои исмоъилия, 1393ҳ.ш., саҳ.165
  67. Дафтарӣ, Таърих ва суннатҳои исмоъилия, 1393ҳ.ш., саҳ.165; Собирӣ, Таърихи фирақи исломӣ, 1384ҳ.ш., ҷ.2, саҳ.151
  68. Собирӣ, Таърихи фирақи исломӣ, 1384ҳ.ш., ҷ.2, саҳ.151-152; Дафтарӣ, Таърих ва суннатҳои исмоъилия, 1393ҳ.ш., саҳ.165
  69. Ниг.: Дафтарӣ, Таърих ва суннатҳои исмоъилия, 1393ҳ.ш., саҳ.162
  70. Ниг.: Биринҷкор, Ошноӣ бо фирақ ва мазоҳиби исломӣ, 1389ҳ.ш., саҳ.95
  71. Дафтарӣ, Таърих ва суннатҳои исмоъилия, 1393ҳ.ш., саҳ.212
  72. Дафтарӣ, Таърих ва суннатҳои исмоъилия, 1393ҳ.ш., саҳ.212
  73. Ниг.: Собирӣ, Таърихи фирақи исломӣ, 1384ҳ.ш., ҷ.2, саҳ.153
  74. Ниг.: Собирӣ, Таърихи фирақи исломӣ, 1384ҳ.ш., ҷ.2, саҳ.154 ва 161
  75. Машкур, Фарҳанги фирақи исломӣ, 1372ҳ.ш., саҳ.53,
  76. Дафтарӣ, "Исмоилия", саҳ.701
  77. Дафтарӣ, "Буҳра", саҳ.813
  78. Гузориши байналмилалии озодии дин 2020: Тоҷикистон
  79. Садр, Баҳсу ҳавл-ал-Маҳдӣ, 1417ҳ.қ./1996м, саҳ.15; Ҳакимӣ, Хуршеди мағриб, 1386ҳ.ш., саҳ.90
  80. Ҳакимӣ, Хуршеди мағриб, 1386ҳ.ш., саҳ.91
  81. Таботабоӣ, Шиа дар Ислом, 1383ҳ.ш., саҳ.230-231
  82. Собирӣ, Таърихи фирақи исломӣ, 1384ҳ.ш., ҷ.2, саҳ.152
  83. Султонӣ, Таърих ва ақоиди зайдия, 1390ҳ.ш., саҳ.291
  84. Султонӣ, Таърих ва ақоиди зайдия, 1390ҳ.ш., саҳ.294
  85. Раббонии Гулпойгонӣ, Даромаде бар илми калом, 1387ҳ.ш., саҳ.296; Собирӣ, Таърихи фирақи исломӣ, 1388ҳ.ш., ҷ.2, саҳ.88
  86. Музаффар, Усул-ул-фиқҳ, 1430ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.271
  87. Музаффар, Усул-ул-фиқҳ, 1430ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.271
  88. Музаффар, Усул-ул-фиқҳ, 1430ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.271
  89. Раббонии Гулпойгонӣ, Даромаде бар илми калом, 1387ҳ.ш., саҳ.172-173
  90. Раббонии Гулпойгонӣ, Даромаде бар илми калом, 1387ҳ.ш., саҳ.172; Таботабойӣ, Шиа дар Ислом, 1383ҳ.ш., саҳ.125-126
  91. Таботабойӣ, Шиа дар Ислом, 1383ҳ.ш., саҳ.125-126
  92. Раббонии Гулпойгонӣ, Даромаде бар илми калом, 1387ҳ.ш., саҳ.277
  93. Раббонии Гулпойгонӣ, Даромаде бар илми калом, 1387ҳ.ш., саҳ.273
  94. Султонӣ, Таърих ва ақоиди зидия, 1390ҳ.ш., саҳ.216
  95. Ибни Асир, Усуд-ул-ғоба, 1409ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.10; Ибни Абдулбар, ал-Истиоб, 1992м/1412ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.2
  96. Шаҳиди Сонӣ, ар-Риояту фи илм-ид-дироя, 1408ҳ.қ., саҳ.343; Амин, Аъён-уш-шиа, 1419ҳ.қ./1998м, ҷ.1, саҳ.161; Раббонии Гулпойгонӣ, Даромаде бар илми калом, 1387ҳ.ш., саҳ.209 ва 210
  97. Шаҳиди Сонӣ, ар-Риояту фи илм-ид-дироя, 1408ҳ.қ., саҳ.343; Амин, Аъён-уш-шиа, 1419ҳ.қ./1998м, ҷ.1, саҳ.161
  98. Собирӣ, Таърихи фирақи исломӣ, 1388ҳ.ш., ҷ.2, саҳ.87
  99. Субҳонӣ, "Тақия", саҳ.891-892; Дафтарӣ, Таърих ва суннатҳои исмоилия, 1393ҳ.ш., саҳ.87
  100. Покатчӣ, "Тавассул", саҳ.362
  101. Субҳонӣ, "Тавассул", саҳ.541
  102. Субҳонӣ, "Тавассул", саҳ.540
  103. Покатчӣ, "Тавассул", саҳ.362
  104. Ниг.: Шайхи Муфид, Авоил-ул-мақолот, 1413ҳ.қ., саҳ.47
  105. Ниг.: Дафтарӣ, Таърих ва суннатҳои исмоилия, 1393ҳ.ш., саҳ.212; Музаффар, Усул-ул-фиқҳ, 1430ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.54 ва 64; Раҳматӣ ва Ҳошимӣ, «Зайдия (фиқҳи зайдия)», саҳ.98
  106. Ниг.: Музаффар, Усул-ул-фиқҳ, 1430ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.51; Раҳматӣ ва Ҳошимӣ, «Зайдия (фиқҳи зайдия)», саҳ.98-99
  107. Дафтарӣ, Таърих ва суннатҳои исмоилия, 1393ҳ.ш., саҳ.214
  108. Раҳматӣ ва Ҳошимӣ, «Зайдия (фиқҳи зайдия)», саҳ.98-99
  109. Дафтарӣ, Таърих ва суннатҳои исмоилия, 1393ҳ.ш., саҳ.212; Музаффар, Усул-ул-фиқҳ, 1430ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.51
  110. Раҳматӣ ва Ҳошимӣ, «Зайдия (фиқҳи зайдия)», саҳ.98-99
  111. Дафтарӣ, Таърих ва суннатҳои исмоилия, 1393ҳ.ш., саҳ.213-214
  112. Раҳматӣ ва Ҳошимӣ, «Зайдия (фиқҳи зайдия)», саҳ.98
  113. Дафтарӣ, Таърих ва суннатҳои исмоилия, 1393ҳ.ш., саҳ.214; Раҳматӣ ва Ҳошимӣ, «Зайдия (фиқҳи зайдия)», саҳ.98
  114. Раҳматӣ ва Ҳошимӣ, «Зайдия (фиқҳи зайдия)», саҳ.98
  115. FT_14.06.17_ShiaSunni
  116. Анҷумани дин ва зиндагии умумии Пию, Нақшаи ҷамъияти мусулмонони ҷаҳон, 1393ҳ.ш., саҳ.19
  117. Ниг.: Анҷумани дин ва зиндагии умумии Пию, Нақшаи ҷамъияти мусулмонони ҷаҳон, 1393ҳ.ш., саҳ.11
  118. Ниг.: Анҷумани дин ва зиндагии умумии Пию, Нақшаи ҷамъияти мусулмонони ҷаҳон, 1393ҳ.ш., саҳ.19
  119. Анҷумани дин ва зиндагии умумии Пию, Нақшаи ҷамъияти мусулмонони ҷаҳон, 1393ҳ.ш., саҳ.20
  120. Анҷумани дин ва зиндагии умумии Пию, Нақшаи ҷамъияти мусулмонони ҷаҳон, 1393ҳ.ш., саҳ.19-20
  121. 中国的穆斯林都是来自哪些教派、 中国海洋大学 (Мусулмонони Чин аз кадом мазҳабҳоянд, Донишгоҳи Уқёнуси Чин)
  122. Саҷҷодӣ, "Оли Идрис", саҳ.561
  123. Саҷҷодӣ, "Оли Идрис", саҳ.564
  124. Саҷҷодӣ, "Оли Идрис", саҳ.561-562
  125. Чулунигар ва Шоҳмуродӣ, Давлатҳои шиъӣ дар таърих, 1395ҳ.ш., саҳ.51
  126. Расули Ҷаъфарён, Атласи шиа, 1387ҳ.ш., саҳ.462
  127. Чулунигар ва Шоҳмуродӣ, Давлатҳои шиъӣ дар таърих, 1395ҳ.ш., саҳ.155-157
  128. Чулунигар ва Шоҳмуродӣ, Давлатҳои шиъӣ дар таърих, 1395ҳ.ш., саҳ.125-130
  129. Ҷаъфариён, Таърихи ташайюъ дар Эрон (аз оғоз то давлати сафавӣ), 1390ҳ.ш., саҳ.694
  130. Ҷаъфариён, Таърихи ташайюъ дар Эрон (аз оғоз то давлати сафавӣ), 1390ҳ.ш., саҳ.776
  131. Ниг.: Ҷаъфариён, Таърихи ташайюъ дар Эрон (аз оғоз то давлати сафавӣ), 1390ҳ.ш., саҳ.777-780
  132. Ҷаъфариён, Таърихи ташайюъ дар Эрон (аз оғоз то давлати сафавӣ), 1390ҳ.ш., саҳ.778
  133. Ҷаъфариён, Таърихи ташайюъ дар Эрон (аз оғоз то давлати сафавӣ), 1390ҳ.ш., саҳ.781
  134. Ҳайнс, Ташайюъ, 1389ҳ.ш., саҳ.156-157
  135. Чулунигар ва Шоҳмуродӣ, Давлатҳои шиъӣ дар таърих, 1395ҳ.ш., саҳ.276-277
  136. Қосимӣ ва Каримӣ, «Ҷумҳурии исломии Эрон», саҳ.765 ва 766

Ёддошт:

  1. Касоне ки эътиқод доранд ҳазрати Алӣ (а) аз ҷониби Худои мутаол ба имомат мансуб шудааст.
  2. Оғози пайдоиши шиаро ки барои аввалин бор ба шиаи Алӣ алайҳиссалом (аввалин пешво аз пешвоёни Аҳли Байт алайҳимуссалом) маъруф шуданд ҳамон замони ҳаёти Пайғамбари акрам (с) бояд донист. Паёмбар (с) дар аввалин рӯзҳои беъсат маъмурият ёфт ки хешони наздиктари худро ба дини худ даъват кунад ва Алӣ (а)-ро ки пеш аз ҳама исломро пазируфт ба унвони вазир ва васию ҷонишини хеш муаррифӣ кард ва табиӣ аст, ки ӯро ба ҳамаи ёрони худаш муаррифӣ кард ва фазоили ӯ ва моҷарои Ғадир ва монанди он; ёрони Паёмбар (с)-ро ки шефтагони фазилат ва ҳақиқат буданд бар ин во медошт, ки Алӣ алайҳиссаломро дӯст дошта ба гирдаш ҷамъ шуда ва аз вай пайравӣ кунанд. Инон ба унвони шиа шинохта шуданд. Таботабоӣ, Шиа дар Ислом, саҳ.30 - 31

Сарчашма

  • Алломаи Ҳиллӣ, Кашф-ул-мурод фи шарҳи таҷрид-ил-эътиқод, таҳқиқ ва таълиқи Ҳасан Ҳасанзодаи Омулӣ, Қум, Муассисат-ун-нашр-ил-исломӣ, чопи ҳафтум, 1417ҳ.қ.
  • Амин, Сайидмуҳсин, Аъён-уш-шиа, таҳқиқи Ҳасан Амин, Бейрут, доруттаориф, 1419ҳ.қ./1998 м.
  • Амирхонӣ, Алӣ, «Назарияи нас аз дидгоҳи мутакаллимони имомӣ», имоматпажӯҳӣ, №10, 1392ҳ.ш.
  • Ансорӣ, Ҳасан, «имомат (имомат назд имомия)», Доиратулмаорифи бузурги исломӣ, ҷ.10, Теҳрон, Маркази Доирҳолмаорфи бузурги исломӣ, чопи аввал, 1380ҳ.ш.
  • Анҷумани дин ва зиндагии умумии Пию, Нақшаи ҷамъияти мусулмонони ҷаҳон, тарҷумаи Маҳмуди Тақизодаи Доварӣ, Қум, интишороти шиашиносӣ, чопи аввал, 1393ҳ.ш.
  • Биринҷкор, Ризо, Ошноӣ бо фирақ ва мазоҳиби исломӣ, Қум, китоби Тоҳо, чопи чаҳорум, 1389ҳ.ш.
  • Дафтарӣ, Фарҳод, «Баҳра», Донишномаи ҷаҳони ислом, ҷ.4, Теҳрон, Бунёди Доиратулмаорифи исломӣ, чопи аввал, 1377ҳ.ш.
  • Дафтарӣ, Фарҳод, «Исмоъилия», Доиратулмаорифи бузурги исломӣ, ҷ.8, Теҳрон, Маркази Доиратулмаорфи бузурги исломӣ, чопи аввал, 1377ҳ.ш.
  • Дафтарӣ, Фарҳод, Таърих ва суннатҳои исмоъилия, тарҷумаи Фаридуни Бадраӣ, Теҳрон, фурӯзони рӯз, чопи аввал, 1393ҳ.ш.
  • Ибни Абдулбар, Юсуф ибни Абдуллоҳ, ал-Истиоб фи маърифат-ил-асҳоб, таҳқиқи Алӣ Муҳамад ал-Баҷовӣ, Бейрут, дорулҷил, 1992м/1412ҳ.қ.
  • Ибни асир, Алӣ ибни Муҳамад, Усуд-ул-ғоба фи маъррифат-ис-саҳоба, Дор-ул-фикр, Бейрут, 1409ҳ.қ./1989м.
  • Ибни Асокир, Алӣ ибни Ҳасан, Таъриху мадинати Димишқ, таҳқиқи Алии Шерӣ, Дорулфикри литтабъи ва-н-нашр ва-т-тавзиъ, ат-табъат-ил-уло, бе то.
  • Иҷӣ, Мирсайидшариф, Шарҳ-ул-мавоқиф, тасҳеҳи Бадруддини Наъсонӣ, Қум, Шарифи Разӣ, чопи аввал, 1325ҳ.қ.
  • Кошифӣ, Муҳаммадризо, Каломи шиа: моҳият, мухтассот ва манобеъ, Теҳрон, созмони интишороти Пажӯҳишгоҳи фарҳангу андешаи исломӣ, чопи сеюм, 1387ҳ.ш.
  • Қосимии Туркӣ, Маҳмадалӣ ва Ҷаводи Каримӣ, «Ҷумҳурии исломии Эрон», Донишномаи ҷаҳони Ислом, ҷ.10, Теҳрон, бунёди доиратулмаъорифи исломӣ, чопи аввал, 1385ҳ.ш.
  • Макорими Шерозӣ, Носир, Доиратулмаорифи фиқҳи муқоран, Қум, Мадрисаи Имом Алӣ ибни Абитолиб (а), чопи аввал, 1427ҳ.қ.
  • Машкур, Муҳаммадҷавод, Фарҳанги фирақи исломӣ, Машҳад, Бунёди пажӯҳишҳои исломии Остони қудси разавӣ, чопи дувум, 1372ҳ.ш.
  • Музаффар, Муҳаммадризо, Усул-ул-фиқҳ, Қум, Дафтари интишороти исломӣ, чопи панҷум, 1430ҳ.ш.
  • Мусавӣ, Сайидсодиқ, Тамоми Наҳҷулбалоға, Теҳрон, Муассисат-ул-Имом Соҳиб-из-замон, 1418ҳ.қ.
  • Муфид, Муҳамад ибни Муҳамад, Авоил-ул-мақолот фи-л-мазоҳиби ва-л-мухторот, Қум, ал-Муътамар-ил-олами ли аш-Шайх ал-Муфид, 1413ҳ.қ.
  • Муфид, Муҳамад ибни Муҳамад, ал-Ифсоҳ фи имомати Амиралмуъминин алайҳиссалом, Қум, Муассисат-ул-беъсат, чопи аввал, 1412ҳ.қ.
  • Муфид, Муҳамад ибни Муҳамад, Тасҳеҳу эътиқодот-ил-имомийя, таҳқиқи Ҳусайни Даргоҳӣ, Қум, ал-Муътамар-ил-олами ли аш-Шайх ал-Муфид, 1371ҳ.ш.
  • Муҳаррамӣ, Ғуломҳасан, Таърихи ташайюъ аз оғоз то поёни ғайбати суғро, Қум, Муассисаи омӯзишӣ ва пажӯҳишии Имом Хумайнӣ, чопи дуввум, 1382ҳ.ш.
  • Ношӣ Акбар, Масоил-ул-имомат, Муқтатафоту мин-ал-китоб-ил-авсати фи-л-мақолот, таҳқиқ: Юсуфи Фон Эс, Бейрут, 1971 м.
  • Покатчӣ, Аҳмад, «Тавассул», Доиратулмаорифи бузурги исломӣ, ҷ.16, Теҳрон, Маркази Доиратулмаорифи бузурги исломӣ, чопи аввал, 1387ҳ.ш.
  • Раббонии Гулпойгонӣ, Алӣ, Даромаде ба шиашиносӣ, Қум, Маркази байналмилалии тарҷума ва нашри ал-Мустафо, чопи чаҳорум, 1392ҳ.ш.
  • Раббонии Гулпойгонӣ, Алӣ, Даромаде бар илми калом, Қум, Дор-ул-фикр, чопи аввал, 1387ҳ.ш.
  • Раҳматӣ, Муҳаммадкозм ва Сайидризои ҳошимӣ, «Зайдия», Донишномаи ҷаҳони Ислом, ҷ.22, Теҳрон, бунёди Доиратулмаорифи исломӣ, чопи аввал, 1396ҳ.ш.
  • Садр, Сайид Муҳаммадбоқир, Баҳсу ҳавл-ал-Маҳдӣ, таҳқиқи Абдулҷаббори Шарора, Қум, Маркази ал-Ғадиру ли-д-диросот-ил-исломийя, 1417ҳ.қ./1996м.
  • Саҷҷодӣ, Содиқ, «Оли Идрис», Доиратулмаорифи бузурги исломӣ, ҷ.1, Теҳрон, Маркази Доиратулмаорфи бузурги исломӣ, чопи аввал, 1374ҳ.ш.
  • Собирӣ, Ҳусайн, Таърихи фирақи исломӣ, Теҳрон, СМТ, чопи панҷум, 1384ҳ.ш.
  • Субҳонӣ, Ҷаъфар, «Тавассул», Донишномаи ҷаҳони Ислом, ҷ.8, Теҳрон, бунёди Доиратулмаорифи исломӣ, чопи аввал, 1383ш.
  • Субҳонӣ, Ҷаъфар, «Тақия», Донишномаи ҷаҳони Ислом, ҷ.7, Теҳрон, бунёди Доиратулмаорифи исломӣ, чопи аввал, 1382ҳ.ш.
  • Субҳонӣ, Ҷаъфар, Азвоу ало ақоид-иш-шиа-ил-имомияти ва торихиҳим, Теҳрон, машъар, 1421ҳ.қ.
  • Субҳонӣ, Ҷаъфар, ал-Илоҳиёту ало ҳуда-л-китоби ва-с-суннати ва-л-ақл, ба қалами Ҳасани Маккии Омилӣ, Қум, Муассисаи Имом Содиқ, чопи шашум, 1386 ши /1426ҳ.қ.
  • Султонӣ, Мустафо, Таърих ва ақоиди зайдия, Қум, нашри адён, чопи аввал, 1390ҳ.ш.
  • Суютӣ, Абдурраҳмон ибни Абибакр, ад-Дурр-ул-мансур фи-т-тафсири би-лмаъсур, Қум, Мактабату Оятуллаҳ ал-Узмо ал-Маръашӣ ан-Наҷафӣ, 1404ҳ.қ.
  • Таботабойӣ, Сайид Муҳаммадҳусайн, ал-Мизон фи тафсир-ил-Қурон, Қум, интишороти исломӣ, чопи панҷум, 1417ҳ.қ.
  • Таботабойӣ, Сайид Муҳаммадҳусайн, Шиа дар Ислом, Қум, дафтари интишороти исломӣ, чопи шонздаҳум, 1383ҳ.ш.
  • Тақизодаи Доварӣ, Маҳмуд, Гузорише аз омори ҷамъиятии шиаёни кишварҳои ҷаҳон бар асоси манобеи интерентӣ ва мактуб, Қум, интишороти шиашиносӣ, чопи аввал, 1390ҳ.ш.
  • Файёз, Абдуллоҳ, Пайдоиш ва густариши ташайюъ, тарҷумаи Сайид Ҷаводи Хотамӣ, Сабзавор, интишороти Ибни Ямин, чопи аввал, 1382ҳ.ш.
  • Фароҳидӣ, Халил ибни Аҳмад, ал-Аъайн, тасҳеҳи Маҳдии Махзумӣ ва Иброҳими Сомироӣ, Қум, нашри Ҳиҷрат, 1410ҳ.қ.
  • Ҳакимӣ, Муҳаммадризо, Хушед мағриб, Қум, Далели мо, чопи бисту ҳаштум, 1386ҳ.ш.
  • Ҳалм, Ҳайнс, Ташайюъ, тарҷумаи Муҳаммадтақии Акбарӣ, Қум, нашри адён, чопи дувум, 1389ҳ.ш.
  • Ҷабраилӣ, Муҳаммадсафар, Сайри татаввури каломи шиа, дафтари дуввум: аз асри ғайбат то Хоҷа Насири Тӯсӣ, Теҳрон, интишороти Пажӯҳишгоҳи фарҳанг ва андешаи исломӣ, чопи панҷум, 1396ҳ.ш.
  • Ҷаъфарён, Расул, Атласи шиа, Теҳрон, созмони ҷуғрофиёии неруҳои мусаллаҳ, чопи панҷум, 1391ҳ.ш.
  • Ҷаъфарён, Расул, Таърихи ташайюъ дар Эрон аз оғоз то тулӯъи давлати сафавӣ, Теҳрон, нашри илм, чопи чаҳорум, 1390ҳ.ш.
  • Чулунигар, Маҳмадалӣ ва Сайид Масъуди шоҳмуродӣ, Давлатҳои шиъӣ дар таърих, Қум, Пажӯҳишгоҳи улум ва фарҳанги исломӣ, чопи аввал, 1395ҳ.ш.
  • Шайхи Тӯсӣ, Муҳаммад ибни Ҳасан, ал-Иқтисод фимо ятааллақу би-л-эътиқод, Бейрут, дорулазвоъ, чопи дувум, 1406ҳ.қ./1986 м.
  • Шаҳиди Сонӣ, Зайнуддин ибни Алӣ, ар-Риояту фи илм-ид-дироя, таҳқиқи Абдулҳусайн Маҳмадалии Баққол, Қум, Мактабату Оятуллаҳ ал-Узмо ал-Маръашӣ ан-Наҷафӣ, 1408ҳ.қ.
  • Шаҳристонӣ, Муҳамади ибни Абдукарим, ал-Милалу ва-н-ниҳал, таҳқиқи Муҳамад ибни Фатҳуллоҳи Бадарон, Қум, аш-Шариф ар-Разӣ, 1375ҳ.ш.
  • FT_14.06.17_ShiaSunni