Фирқаҳои шиа
Ин мақола дар бораи фирқаҳои ташайюъ аст. Барои мушоҳидаи феҳристе аз фирқаҳои шиа, мадхали Феҳристи фирқаҳои шиаро бубинед.
Фирқаҳои шиа (форсӣ: فرقه های شیعه) шохаҳои мухталифи шиаён ки бо вуҷуди бовар ба имомати билофасли Алӣ ибни Абитолиб (а), дар бархе боварҳои дигар аз ҷумла шумори имомони маъсум бо якдигар ихтилоф доранд. Имомия, зайдия ва исмоъилия аз муҳимтарин фирқаҳои зиндаи шиаянд. Бархе сарчашмаҳо кайсония, фатаҳия, воқифия, новусия ва гурӯҳҳои ғолиён ки ҳама аз байн рафтаандро низ ба шиа нисбат додаанд.
Ихтилоф бар сари ҷонишинӣ ва таъйини имом, русухи ақидаи ғулувву инҳироф дар таъйини мисдоқ барои Маҳдии маъудро аз муҳимтарин омилҳои пайдоиши фирқаҳои мухталиф дар шиа медонанд.
Аз назари теъдоди ҷамъияти пайравон, имомияро пурҷамъияттарин фирқаи шиъӣ донистаанд ки дар кишварҳое ҳамчун Эрон, Ироқ, Озарбойҷон, Покистон ва Лубнон сукунат доранд. Осори мухталифе дар муаррифии фирқаҳои ташайюъ таълиф шудааст. Фирақ-уш-шиъа асари Ҳасан ибни Мӯсои Навбахтӣ аз қадимитарин осори мактуб дар ҳамин мавзуъ аст.
Аҳамият
Фирқаҳои шиа ба шохаҳои мазҳаби шиа (яке аз ду мазҳаби бузурги Ислом) ишора дорад ки ҳамагӣ дар бовар ба имомати Имом Алӣ (а) ақидаи муштарак доранд.[1] Баҳс аз фирқаҳои шиа аз қарнҳои нахустини қамарӣ матраҳ будааст; китоби Фирақ-уш-шиа асари Ҳасан ибни Мӯсои Навбахтӣ марбут ба қарни сеюм ва чоруми қамарӣ дар бораи ҳамин мавзуъ навишта шудааст. Имрӯза (қарни 15ҳ.қ.) низ дар бархе донишгоҳҳо ихтисоси фирқаҳои шиашиносӣ роҳандозӣ шудааст.[2]
Нахустин шохаҳо
Сайид Муҳаммадҳусайни Таботабоӣ дар китоби Шиа дар Ислом гуфтааст, ки нахустин шоха дар мазҳаби шиа, пас аз шаҳодати Имом Ҳусайн (а) (шаҳодат: 61ҳ.қ.) эҷод шуда; ба тавре ки аксарияти шиа ба имомати Имом Саҷҷод (а) қоил шуданд ва иддаи андаке аз онон ки ба кайсония маъруфанд, Муҳаммад ибни Ҳанафия, фарзанди дигари Имом Алиро имом донистанд.[3] Ӯ ҳамчунин муътақид аст пас аз асри Имом Ризо (а) то давраи Имом Маҳдӣ (аҷ), фирқаи қобили таваҷҷӯҳе ба вуҷуд наомад ва агар воқеаҳое низ дар шакли шоха-шоха шудани шиа пеш омада, чанд рӯз бештар давом надошта ва худ ба худ аз байн рафтаанд.[4] Албатта аз назари бархе, нахустин гурӯҳ дар шиа дар охирҳои хилофати Усмон ва ибтидои хилофати Имом Алӣ (а) бо унвони сабоия ба дасти Абдуллоҳ ибни Сабо, эҷод шудааст.[5]
Теъдоди фирқаҳо
Дар бораи теъдоди фирқаҳои шиа назароти гуногуне вуҷуд дорад. Дар китоби "Фарҳанги шиа", шумори фирқаҳои шиаро то сад фирқа муаррифӣ кардааст, ки машҳуртарин онҳо иборатанд аз: имомия, кайсония, зайдия, исмоъилия, фатаҳия ва ғулот.[6] Абулҳусайн Малтӣ, фақиҳи шофеии қарни чоруми ҳиҷрӣ, дар китоби «ат-Танбиҳу ва-р-рад ало аҳл-ил-ҳавои ва-л-бидаъ», теъдоди фирқаҳои шиаро 18 фирқа шумурдааст.[7] Абдулқоҳири Бағдодӣ (даргузашт: 429ҳ.қ.), фақиҳ ва мутакаллими шофеӣ, дар китоби «ал-Фарқу байн-ал-фирақ», асоситарин фирқаҳои шиаро се фирқаи имомия, кайсония ва зайдия донистааст.[8] Шаҳристонӣ (даргузашт: 548ҳ.қ.) дар ал-Милалу ва-н-ниҳал онҳоро дар панҷ фирқаи имомия, зайдия, кайсония, исмоъилия ва ғулот, баршумурда[9] ва Таботабоӣ (даргузашт: 1402ҳ.қ.) дар китоби Шиа дар Ислом, се фирқаи имомия, исмоъилия ва зайдияро ба унвони фирқаҳои аслии шиа, муаррифӣ кардааст.[10]
Омилҳои шаклгирӣ
Омилҳои мухталифе дар шаклгирии фирқаҳои гуногун дар мазҳаби шиа дахолат доштаанд, ки муҳимтарин онҳо ба шарҳи зер аст:
- Имомат: ба гуфтаи Расули Ҷаъфариён масаълаи имомат ва ихтилоф бар сари ҷонишинӣ ва таъйини имом, нахустин маншаи пайдоиши фирқаҳои мухталиф дар шиа будааст.[11] Барои намунаи кайсония аз фирқаҳое дар шиа ба шумор меравад, ки пас аз шаҳодати Имом Алӣ (а) бар ин бовар буданд, ки имоми пас аз вай Имом Ҳасани Муҷтабо (а) несту Муҳаммад ибни Ҳанафия аст.[12]
- Русухи ақидаи ғулув: дар замони ҳаёти Имом Алӣ (а) ва дигар имомони маъсум (а) ва ҳатто пас аз вафоташон, бархе аз шиаён ба онон нигоҳе худогуна дошта ва авсофи ғулувомезе ба онон нисбат медоданд ва ин худ муҷиб шуд, ки дар таърихи ташайюъ, фирқаҳои мухталифи ғолӣ ба вуҷуд омад ва фирқанависон ин фирқаҳоро ба шиа нисбат доданд.[13] Барои намуна фирқаи сабоия, аз фирқаҳои ғолӣ ва пайравони Абдуллоҳ ибни Сабо, бар ин бовар буданд ки Имом Алӣ вафот накарда ва нахоҳад кард, балки рӯзе хоҳад омад ва дар замин пас аз он ки аз ҷавру ситам пур шуда, адолат мегустаронад.[14]
- Инҳироф дар таъйини мисдоқ барои Маҳдии мавъуд, аз дигари омилҳои эҷоди фирқаҳои мухталиф дар шиа, дар тӯли се қарни аввал буд.[15]
Фирқаҳои зинда
Фирқаҳои имомия, зайдия ва исмоъилияро аз машҳуртарин фирқаҳои мавҷуду зинда дар ҷаҳони ташайюъ донистаанд:[16]
Имомия
- Мақолаи аслӣ: Имомия
Имомия бар ин боваранд ки пас аз реҳлати Пайғамбар (с), Имом Алӣ (а) аз сӯи Худованд ба имомат расид ва ҷонишини билофасли Пайғамбар (с) шуд ва пас аз вай, мансаби имомат ба Имом Ҳасан (а) ва сипас Имом Ҳусайн (а) ва пас аз вай ба нуҳ нафар аз авлоди ӯ, яъне Имом Саҷҷод (а), Имом Боқир (а), Имом Содиқ (а), Имом Козим (а), Имом Ризо (а), Имом Ҷавод (а), Имом Ҳодӣ (а), Имом Ҳасани Аскарӣ (а) ва Имом Маҳдӣ (а) расидааст.[17]
Аз назари имомия, давоздаҳумин имом, яъне Имом Маҳдӣ ҳамон қоим ва мунҷӣ аст, ки дар ғайбат ба сар мебарад ва дар охируззамон зуҳур мекунад.[18] Имомия исмати имомро воҷиби дониста ва бар ин боваранд ки ҳамаи имомон, маъсум ҳастанд.[19] Ба бовари онон, имомон, муфассирони ҳақиқии китоби Қуръон ва суннати Пайғамбаранд.[20]
Исмоъилия
- Мақолаи аслӣ: Исмоъилия
Исмоъилия, ба гуфтаи Муҳаммадҷаводи Машкур (даргузашт: 1374ҳ.ш.), таърихнигор ва устоди Донишгоҳи Теҳрон, дар китоби «Фарҳанги фирақи исломӣ», номи умумии фирқаҳое аст, ки пас аз Имом Содиқ (а) ба имомати фарзанди бузургаш Исмоил ибни Ҷаъфар ё наберааш Муҳаммад ибни Исмоил, эътиқод доранд.[21] Исмоъилия дар ибтидо ба ду гурӯҳи исмоъилияи хос ва исмоъилияи ом тақсим шуданд.[22] Исмоъилияи хос бар ин бовар буданд, ки Исмоил дар замони падараш имом буду ғоиб гашт ва ӯ имоми ҳафтуми шиа аст. Исмоъилияи ом муътақид буданд, ки Исмоил дар замони падараш даргузашту пеш аз вафоташ, писараш Муҳаммадро ба ҷонишинии худ таъйин намуд.[23] Таботабоӣ дар китоби Шиа дар Ислом гуфтааст ки ин ду гурӯҳ пас аз муддате аз байн рафтанду гурӯҳи дигаре ки муътақид буданд Исмоил дар замони ҳаёти падараш имом буд ва пас аз вай имомат ба писараш Муҳаммад ибни Исмоил ва сипас ба зуррияи ӯ расид, то акнун боқӣ мондаанд ва ҳамчунон пайравоне доранд.[24]
Гуфта мешавад исмоъилия пас аз имомия, бештарин теъдоди пайравонро дорад ва худ дар тӯли таърих ба шохаҳои мухталиф тақсим шуда ва дар беш аз 25 кишвар, дар Осиё, Африқо, Аврупо ва Амрикои Шимолӣ густарда шудаанд.[25]
Зайдия
- Мақолаи аслӣ: Зайдия
Пайравони Зайд ибни Алӣ ва бовармандон ба имомати вай.[26] Гуфта мешавад онон Зайд ибни Алиро имоми панҷум медонанд.[27] Шайхи Муфид (даргузашт: 413ҳ.қ.) дар китоби Авоил-ул-мақолот гуфта онон ба имомати Имом Алӣ ва Имом Ҳасану Имом Ҳусайн ва сипас ба имомати Зайд ибни Алӣ қоиланд.[28] Зайдия ҳамчунин муътақиданд имом бояд аз авлоди ҳазрати Фотима (с) бошад ва лизо ҳар касе аз насли ҳазрати Фотима ки олим, шуҷоъ ва сахӣ бошад ва барои қиём ба ҳақ, хуруҷ кунад, ҳамон имом аст.[29]
Зайдия ба исмати имомон ва ҳамчунин раҷъат эътиқод надоранд ва бар хилофи имомия ки қоил ба вуҷуди насси ҷалӣ барои ҷонишинии Имом Алӣ (а) ҳастанд, муътақиданд нассе ки Пайғамбар (с) дар бораи Имом Алӣ баён карда насси хафист ва Имом Алӣ бино ба масолеҳе онро фақат барои бархе аз асҳоби хосси худаш баён кардааст.[30]
Зайдия бо ин ки Имом Алиро ҷонишини билофасли Пайғамбар медонанд, вале хилофати хулафои сегонаи пеш аз Имом Алиро низ саҳеҳ ва машруъ медонанд.[31] Муҳаммадҷаводи Машкур дар китоби "Фарҳанги фирақи исломӣ", 16 фирқаро ба унвони фирқаҳое ки аз зайдия пайдо шудаандро муаррифӣ намудааст.[32] Се фирқаи ҷорудия, сулаймония (пайравони Сулаймон ибни Ҷарир) ва бутрия (пайравони Ҳасан ибни Солеҳ ибни Ҳай) аз фирқаҳои умдаи бархоста аз фирқаи зайдия ба шумор мераванд.[33]
Фирқаҳои мунқаризшуда
Бархе аз муҳимтарин фирқаҳои шиъӣ ки дар гузашта мавҷуд будаанд ва сипас аз байн рафтаанд, иборатанд аз:
- Кайсония: гурӯҳе аз шиаён буданд ки ба имомати Муҳаммад ибни Ҳанафия эътиқод доштанд.[34] Шаҳристонӣ дар ал-Милалу ва-н-ниҳал гуфтааст пас аз Муҳаммад ибни Ҳанафия байни пайравонаш ихтилоф пеш омад.[35] Бархе бар ин бовар буданд, ки Муҳаммад ибни Ҳанафия вафот наёфта ва дубора бармегардад ва дар замин адлу дод мегустаронад.[36] Бархе дигар мегуфтанд ӯ вафот ёфта ва имомат аз вай ба фарзандаш Абуҳошим мунтақил шудааст.[37] Ба гузориши Муҳаммадҷаводи Машкур, фирқаи кайсония пас аз Муҳаммад ибни Ҳанафия ба дувоздаҳ гурӯҳ ҷудо шуд[38] ки ҳамагӣ дар эътиқод ба имомати Муҳаммад ибни Ҳанафия ҳамақида буданд.[39] Бархе аз фирқаҳои кайсония ки ба унвони фирқаҳои ғолӣ шинохта шудаанд, иборатанд аз: ҳошимия,[40] карубия,[41] ҳамзия,[42] баёния,[43] ҳарбия.[44]
- Фатаҳия: гурӯҳе аз шиаён ки пас аз Имом Содиқ (а) ба имомати фарзанди вай Абдуллоҳи Афтаҳ эътиқод доштанд.[45] Ба гузориши Шаҳристонӣ, Абдуллоҳ ҳафтод рӯз пас аз шаҳодати Имом Содиқ (а) аз дунё рафт ва ҳеҷ фарзанде аз ӯ барҷой намонад.[46] Дар натиҷаи эътиқод ба имомати Абдуллоҳи Афтаҳ низ поён ёфту бештари пайравони ӯ ба имомати Имом Козим (а) муътақид гардиданд.[47]
- Новусия: фирқае аз шиаён ки ба зинда будани Имом Содиқ эътиқод доштанд ва бар ин бовар буданд ки ӯ ҳамон Маҳдии мавъуд аст, ки дар охируззамон зуҳур мекунад.[48] Гуфта мешавад новусия пайравони фарде ба номи Аҷлон ибни Новус аз аҳолии Басра буданд.[49]
- Воқифия: гурӯҳе аз шиаён буданд ки бар имомати Имом Мӯсои Козим (а) таваққуф карданд ва мункири имомати фарзандаш Имом Ризо (а) шуданд.[50] Ба нақл аз китоби Риҷоли Кашшӣ дар ҳангоми маҳбус будани Имом Мӯсои Козим (а), назди бархе аз асҳоби вай амволе аз саҳми имом вуҷуд дошт, ки онон ин амволро тасоҳуб карда буданд ва вақте хабари шаҳодати Имом Мӯсои Козим ба онҳо расид шаҳодати вай ва ҳамчунин имомати фарзандаш Имом Ризоро инкор карда ва таваққуф карданд ва ба ҳамин хотир ба пайравони онон воқифия гӯянд.[51]
Фирқаҳои ғолӣ
- Мақолаи аслӣ: Ғолиён
Ғолиён афроде буданд, ки ба Имом Алӣ (а) ва фарзандонаш, нисбати худоӣ ё набувват медоданд ва дар тавсифи онон ифрот мекарданд.[52] Китобҳои фирқашиносӣ дар зикри теъдоди фирқаҳои ғолӣ ихтилофи назар доранд, ба таврӣ ки камтарини теъдоди фирқаҳои ғолиро нуҳ маврид ва бештарин теъдоди онҳоро сад маврид гузориш кардаанд.[53] Бархе аз маъруфтарин фирқаҳои ғолӣ ки ба шиа нисбат дода шуда ва акнун мунқариз шудаанд, иборатанд аз: сабоия (пайравони Абдуллоҳ ибни Сабо), баёния, хаттобия, баширия, муфаввиза ва муғайрия.[54]
Алиюллоҳӣ ё аҳли ҳақ аз дигар фирқаҳои ғолии шиа ба шумор мераванд, ки ҳамакнун бархе аз пайравони онон дар манотиқе аз кишвари Эрон сукунат доранд.[55] Гуфта мешавад онон бар ин боваранд, ки Худованд сирре ба пайғамбарон гуфта ки ҳамон набувват аст ва аз замони ҳазрати Одам то ҳазрати Муҳаммад идома ёфта ва пас аз вай ба Имом Алӣ ва сипас ба имомони пас аз вай то имоми давоздаҳум расидааст.[56] Пас аз ғайбати имоми давоздаҳум ин сирр (имомат) ба пайравону ақтоби вай ки яке пас аз дигарӣ меоянд гуфта мешавад.[57]
Гурӯҳҳои инҳирофии асри ғайбати суғро
Ба гузориши Навбахтӣ дар Фирақ-уш-шиа, пас аз вафоти Имом Ҳасани Аскарӣ (а) шиаён дар боби таъйини имом ва таъини мисдоқи Маҳдии мавъуд 14 фирқа шуданд.[58] Барои намуна гурӯҳе гуфтанд, ки Имом Ҳасани Аскарӣ вафот накарда ва ӯ ҳамон Маҳдии қоим аст.[59] Бархе низ гуфтанд Имом Ҳасани Аскарӣ даргузашт, вале чун фарзанди писаре надошт, пас аз марг, зиндагӣ аз сар гирифт ва ӯ ҳамон Маҳдии қоим аст.[60] Гурӯҳи дигаре пас аз вафоти Имом Ҳасани Аскарӣ имомати фарзандаш ҳазрати Маҳдӣ (а)-ро инкор карданд ва гуфтанд, ки пас аз Имом Ҳасани Аскарӣ, бародараш Ҷаъфар имом шуд.[61] Шайхи Муфид дар ал-Фусул-ул-мухтора ба нақл аз Навбахтӣ гуфтааст ки аз ин 14 фирқа, ғайр аз имомия, ки қоил ба имомати Ҳазрати Маҳдӣ аҷҷалаллоҳу таоло фараҷаҳу ҳастанд, дигар фирқаҳо ҳама аз байн рафтаанд.[62]
Ҳамчунин афроде ҳамчун Ҳасан Шариъӣ, Муҳаммад ибни Нусайри Нумайрӣ, Аҳмад ибни Ҳилоли Абартоӣ ва бархе дигар, аз шиаёне буданд ки иддаои бобият карданд ва муддаӣ шуданд ки аз сӯи Имом Маҳдӣ ниёбат доранд ва гурӯҳҳое шакл доданд ки ҳама мунқариз шудаанд.[63]
Ҷамъият ва парокандагии ҷуғрофиёӣ
Бино ба гузорише ки дар китоби «Нақшаи ҷамъияти мусулмонони ҷаҳон» (таълиф: 1393ҳ.ш.) омадааст, ҷамъияти шиаёни ҷаҳон (имомия, исмоъилия ва зайдия) беш аз 300 миллион нафар баровард шуда ки аз панҷ як ҳиссаи кули ҷамъияти мусулмонони ҷаҳонро ташкил медиҳанд.[64] Ба нақл аз хабаргузорӣ ВВС форсӣ дар соли 1394ҳ.ш., ҷамъияти шиаёни исмоъилӣ болиғ бар 15 миллион нафар баровард шудааст ки камтар аз даҳ дарсади шиаёни ҷаҳонро ташкил медиҳанду бештари онҳо дар кишварҳои Ҳинд, Покистон, Афғонистон, Тоҷикистон ва ҳудуди 30 ҳазор нафар дар кишвари Эрон зиндагӣ мекунанд.[65] Дар Донишномаи Бритоннико зайли мадхали «Шиа» гуфта шудааст, ки фақат назория, аз пурҷамъияттарин шохаҳои исмоъилия, байни панҷ то 15 миллион нафар ҷамъият дорад.[66] Гуфта мешавад зайдия аз миёни фирқаҳои мавҷуди шиа, камҷамъияттарин фирқа аст ва бештари онон акнун (дар қарни понздаҳуми ҳиҷрии қамарӣ) дар кишвари Яман зиндагӣ мекунанд; ба тавре ки ниме аз ҷамъияти ин кишварро ташкил додааст.[67] Бархе аз онон ҳамчунин дар Наҷрон, минтақае дар ҷануби кишвари Арабистон, сукунат доранд.[68] Аз миёни фирқаҳои мавҷуди шиа, имомия бештарини ҷамъияти пайравонро дорад[69] ва бештари онон дар кишварҳое ҳамчун: Эрон, Ироқ, Покистон, Озарбойҷон ва Лубнон зиндагӣ мекунанд.[70]
Китобшиносӣ
Бархе аз осорӣ ки ба таври мустақил дар муаррифии фирқаҳои шиа навишта шуда иборатанд аз:
- Китоби Фирақ-уш-шиа аз Ҳасан ибни Мӯсои Навбахтӣ. Ин асар аз манобеи шиносои фирқаҳои шиа то поёни қарни сеюм ҳиҷрии қамарӣ аст. Дар ин китоб афзун бар муаррифии фирқаҳои шиаи мабоҳиси муфассал низ дар бораи бархе дигар аз фирқаҳои исломӣ дорад. Гуфта мешавад бо тавваҷуҳ ба ҳамъаср будани муаллиф бо давраи ғайбати суғро ва ба гурӯҳҳо ҷудо шудани шиаён дар он аср, ин асар аз манобеи дасти аввал дар ин замина маҳсӯб мешавад.[71]
- Китоб «Ошноӣ бо фирқаҳои шиа» таълифи Маҳдӣ Фармониён. Ин китоби шомили як муқаддама ва бист дарс дар муаррифии фирқаҳои шиа аст ки ба ҳадафи матни дарсӣ тадвин шудааст. Ҳамчунин ду баҳс бо унвонҳои «Фирқаҳои инҳирофӣ ва иншеъобӣ аз мазҳаби ташайюъ» ва «Фирқаҳои шиъӣ бар асоси кутуби машҳури милалу наҳл», ба интиҳои китоб пайваст шудааст.[72]
Эзоҳ
- ↑ Фармониён, Ошноӣ бо фирақи шиа, 1387ҳ.ш., саҳ.21 - 22
- ↑ «Гурӯҳи таъриху фирқаҳои шиа», Донишгоҳи адёну мазоҳиб
- ↑ Таботабоӣ, Шиа дар Ислом, 1388ҳ.ш., саҳ.60
- ↑ Таботабоӣ, Шиа дар Ислом, 1388ҳ.ш., саҳ.61
- ↑ Фазоӣ, «Муқаддама», дар Таърихи ақоиду мазоҳиби шиа, 1353ҳ.ш., саҳ.9
- ↑ Хатибӣ, Кӯшк ва дигарон, Фарҳанги шиа, 1386ҳ.ш., саҳ.358
- ↑ Малтӣ, ат-Танбиҳу ва-р-радд, 1413ҳ.қ., саҳ.16
- ↑ Бағдодӣ, ал-Фарқу байн-ал-фирақ, Дор-ул-ҷил, саҳ.38
- ↑ Шаҳристонӣ, ал-Милалу ва-н-ниҳал, 1364ҳ.ш., ҷ.1, саҳ.170
- ↑ Таботабоӣ, Шиа дар Ислом, 1388ҳ.ш., саҳ.61 - 62
- ↑ Ҷаъфариён, Атласи шиа, 1387ҳ.ш., саҳ.19
- ↑ Навбахтӣ, Фирақ-уш-шиа, Дор-ул-азво, саҳ.23
- ↑ Ҷаъфариён, Атласи шиа, 1387ҳ.ш., саҳ.19
- ↑ Навбахтӣ, Фирақ-уш-шиа, Дор-ул-азво, саҳ.22
- ↑ Ҷаъфариён, Атласи шиа, 1387ҳ.ш., саҳ.19
- ↑ Таботабоӣ, Шиа дар Ислом, 1388ҳ.ш., саҳ.61; Амин, Фарҳангномаҳи фирқаҳои исломӣ, 1378ҳ.ш., саҳ.25
- ↑ Шайхи Садуқ, ал-Эътиқодот, 1414ҳ.қ., саҳ.93; Аллома Ҳиллӣ, Кашф-ул-мурод, 1413ҳ.қ., саҳ.397
- ↑ Шайхи Садуқ, ал-Эътиқодот, 1414ҳ.қ., саҳ.122; Фозили Миқдод, Иршод-ут-толибин, 1405ҳ.қ., саҳ.377
- ↑ Аллома Ҳиллӣ, Кашф-ул-мурод, 1413ҳ.қ., саҳ.364; Фозили Миқдод, Иршод-ут-толибин, 1405ҳ.қ., саҳ.332 ва 374 - 375
- ↑ Барои намуна ниг.: Кошифулғито, Кашф-ул-ғитои ан мубҳамот-иш-шариъат-ил-ғарро, 1420ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.64
- ↑ Машкур, Фарҳанги фирақи исломӣ, 1375ҳ.ш., саҳ.47
- ↑ Машкур, Фарҳанги фирақи исломӣ, 1375ҳ.ш., саҳ.48
- ↑ Навбахтӣ, Фирақ-уш-шиа, Дор-ул-азво, саҳ.67 - 68; Машкур, Фарҳанги фирақи исломӣ, 1375ҳ.ш., саҳ.48
- ↑ Таботабоӣ, Шиа дар Ислом, 1388ҳ.ш., саҳ.63
- ↑ Дафтарӣ, Таърих ва ақоиди исмоъилия, 1386ҳ.ш., саҳ.11
- ↑ Навбахтӣ, Фирақ-уш-шиа, Дор-ул-азво, саҳ.58; Шаҳристонӣ, ал-Милалу ва-н-ниҳал, 1364ҳ.ш., ҷ.1, саҳ.179
- ↑ Таботабоӣ, Шиа дар Ислом, 1388ҳ.ш., саҳ.62
- ↑ Шайхи Муфид, Авоил-ул-мақолот, интишороти Донишгоҳи Теҳрон, саҳ.39
- ↑ Шайхи Муфид, Авоил-ул-мақолот, интишороти Донишгоҳи Теҳрон, саҳ.39; Шаҳристонӣ, ал-Милалу ва-н-ниҳал, 1364ҳ.ш., ҷ.1, саҳ.179
- ↑ Машкур, Фарҳанги фирақи исломӣ, 1375ҳ.ш., саҳ.215
- ↑ Ҳамидуддин, аз-Зайдия, 1424ҳ.қ., саҳ.96; Машкур, Фарҳанги фирақи исломӣ, 1375ҳ.ш., саҳ.216
- ↑ Машкур, Фарҳанги фирақи исломӣ, саҳ.216
- ↑ Шаҳристонӣ, ал-Милалу ва-н-ниҳал, 1364ҳ.ш., ҷ.1, саҳ.183
- ↑ Навбахтӣ, Фирақ-уш-шиа, интишороти Дор-ул-азво, саҳ.23
- ↑ Шаҳристонӣ, ал-Милалу ва-н-ниҳал, 1364ҳ.ш., ҷ.1, саҳ.37
- ↑ Шаҳристонӣ, ал-Милалу ва-н-ниҳал, 1364ҳ.ш., ҷ.1, саҳ.37
- ↑ Шаҳристонӣ, ал-Милалу ва-н-ниҳал, 1364ҳ.ш., ҷ.1, саҳ.37
- ↑ Машкур, Фарҳанги фирақи исломӣ, 1375ҳ.ш., саҳ.375
- ↑ Бағдодӣ, ал-Фарқу байн-ал-фирақ, 1977м, саҳ.27
- ↑ Навбахтӣ, Фирақ-уш-шиа, интишороти Дор-ул-азво, саҳ.30 - 31; Ашъарӣ, Мақолот-ул-исломийин, 1400ҳ.қ., саҳ.20
- ↑ Хоразмӣ, Мафотиҳ-ул-ъулум, Дор-ул-китоб-ил-ъарабӣ, саҳ.49; Навбахтӣ, Фирақ-уш-шиа, интишороти Дор-ул-азво, саҳ.27
- ↑ Ашъарии Қумӣ, ал-Мақолоту ва-л-фирақ, 1361ҳ.ш., саҳ.56
- ↑ Навбахтӣ, Фирақ-уш-шиа, интишороти Дор-ул-азво, саҳ.34; Бағдодӣ, ал-Фарқу байн-ал-фирақ, 1977, саҳ.28; Мақризӣ, ал-Мавоъизу ва-л-эътибор, 1418ҳ.қ., ҷ.4, саҳ.182
- ↑ Ашъарӣ, ал-Мақолоту ва-л-фирақ, 1361ҳ.ш., саҳ.28; Ашъарӣ, Мақолот-ул-исломийин, 1400ҳ.қ., саҳ.22
- ↑ Шаҳристонӣ, ал-Милалу ва-н-ниҳал, 1364ҳ.ш., ҷ.1, саҳ.195 - 196
- ↑ Шаҳристонӣ, ал-Милалу ва-н-ниҳал, 1364ҳ.ш., ҷ.1, саҳ.169
- ↑ Шайхи Тӯсӣ, Ихтиёру маърифат-ир-риҷол, 1409ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.161
- ↑ Навбахтӣ, Фирақ-уш-шиа, Дор-ул-азво, саҳ.67; Шаҳристонӣ, ал-Милалу ва-н-ниҳал, 1364ҳ.ш., ҷ.1, саҳ.197
- ↑ Субҳонӣ, Буҳусун фи-л-милали ва-н-ниҳал, 1427ҳ.қ., ҷ.7, саҳ.52
- ↑ Субҳонӣ, Буҳусун фи-л-милали ва-н-ниҳал, 1427ҳ.қ., ҷ.8, саҳ.379
- ↑ Шайхи Тӯсӣ, Ихтиёру маърифат-ир-риҷол, 1409ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.493
- ↑ Шайхи Муфид, Тасҳеҳ-ул-эътиқодот, 1414ҳ.қ., саҳ.131
- ↑ Барои намуна ниг.: Сафарии Фурӯшонӣ, Ғолиён (човуше дар ҷараёнҳо ва барояндҳо), 1378ҳ.ш., саҳ.61 - 62
- ↑ Барои намуна ниг.: Ашъарӣ, Мақолот-ул-исломийин, 1400ҳ.қ., саҳ.15; Шаҳристонӣ, ал-Милалу ва-н-ниҳал, 1364ҳ.ш., ҷ.1, саҳ.210; Навбахтӣ, Фирақ-уш-шиа, интишороти Дор-ул-азво, саҳ.63 ва 83
- ↑ Машкур, Фарҳанги фирақи исломӣ, 1375ҳ.ш., саҳ.78
- ↑ Машкур, Фарҳанги фирақи исломӣ, 1375ҳ.ш., саҳ.78 - 79
- ↑ Машкур, Фарҳанги фирақи исломӣ, 1375ҳ.ш., саҳ.78 - 79
- ↑ Навбахтӣ, Фирақ-уш-шиа, Дор-ул-азво, саҳ.96
- ↑ Навбахтӣ, Фирақ-уш-шиа, Дор-ул-азво, саҳ.96
- ↑ Навбахтӣ, Фирақ-уш-шиа, Дор-ул-азво, саҳ.97
- ↑ Навбахтӣ, Фирақ-уш-шиа, Дор-ул-азво, саҳ.96
- ↑ Шайхи Муфид, ал-Фусул-ул-мухтора, 1413ҳ.қ., саҳ.321
- ↑ Барои намуна ниг.: Шайхи Тӯсӣ, ал-Ғайба, 1411ҳ.қ., саҳ.398 - 399; Сафарии Фурӯшонӣ, Ғолиён (ҷараёнҳо ва барояндҳо), 1378ҳ.ш., саҳ.133 - 136
- ↑ Тақизода Доварӣ, Нақшаи ҷамъияти мусулмонони ҷаҳон, 1393ҳ.ш., саҳ.11
- ↑ «шиаёни исмоъилии Эрон; ақаллиятӣ ба давр аз ҷанҷол», сайти хабаргузорӣ ВВС форсӣ
- ↑ Newman, Shiʿi, Britannica
- ↑ Фармониён, Ошноӣ бо фирқаҳои шиа, 1387ҳ.ш., саҳ.101
- ↑ Фармониён, Ошноӣ бо фирқаҳои шиа, 1387ҳ.ш., саҳ.101
- ↑ Таботабоӣ, Шиа дар Ислом, 1388ҳ.ш., саҳ.67
- ↑ Newman, Shiʿi, Britannica
- ↑ Машкур, «Пешгуфтор», дар китоби тарҷумаи Фирақ-уш-шиа, 1353ҳ.ш., саҳ.9 - 10
- ↑ Фармониён, Ошноӣ бо фирқаҳои шиа, 1387ҳ.ш., саҳ.7 - 16
Сарчашма
- Newman, Andrew J, Shiʿi, Britannica, Visited in, 25 February 2024.
- «گروه تاریخ و فرق تشیع», Донишгоҳи адёну мазоҳиб, таърихи боздид: 14 исфанди 1402ҳ.ш.
- «شیعیان اسماعیلی ایران؛ اقلیتی به دور از جنجال», сайти хабаргузорӣ ВВС форсӣ, таърихи дарҷи матлаб: 29 урдибиҳишти 1394ҳ.ш., таърихи боздид: 25 баҳмани 1402ҳ.ш.
- Аллома Ҳиллӣ, Юсуф ибни мутаҳҳар, Кашф-ул-мурод, Қум, Муассисаи нашри исломӣ, 1413ҳ.қ.
- Амин, Шариф Яҳё, Фарҳангномаи фирқаҳои исломӣ, тарҷумаи Муҳаммадризо Муваҳҳидӣ, Теҳрон, интишороти Боз, 1378ҳ.ш.
- Ашъарии Қумӣ, Саъд ибни Абдуллоҳ, ал-Мақолоту ва-л-фирақ, Теҳрон, ширкати интишороти илмӣ ва фарҳангӣ, 1361ҳ.ш.
- Ашъарӣ, Абулҳасан, Мақолот-ул-исломийин ва ихтилоф-ил-мусаллин, Олмон, Franz Steiner, 1400ҳ.қ.
- Бағдодӣ, Абдулқоҳир, ал-Фарқу байн-ал-фирақ, Миср, Мактаба ва матбаату Муҳаммадалӣ Сабиҳ ва авлодиҳ, 1977.
- Дафтарӣ, Фарҳод, Таърих ва ақоиди исмоъилия, тарҷумаи Фаридуни бадарае, фирзони рӯз, Теҳрон, 1375ҳ.ш.
- Кошифулғито, Ҷаъфар, Кашф-ул-ғитои ан мубҳамот-иш-шариъат-ил-ғарро, Қум, Дафтари таблиғоти исломии Ҳавзаи илмияи Қум, 1420ҳ.қ.
- Малтӣ Шофеӣ, Муҳаммад ибни Аҳмад, ат-Танбиҳу ва-р-радд, Қоҳира, Мактабату Мадбулӣ, 1413ҳ.қ.
- Машкур, Муҳаммадҷавод, «Пешгуфтор», дар китоби тарҷумаи Фирақ-уш-шиа, Теҳрон, Бунёди фарҳанги Эрон, 1353ҳ.ш.
- Машкур, Муҳаммадҷавод, Фарҳанги фирақи исломӣ, Машҳад, Остони қудси разавӣ, 1375ҳ.ш.
- Мақризӣ, Тақиюддин, ал-Мавоъизу ва-л-эътибори фи зикр-ил-хутати ва-л-осор, Бейрут, Дор-ул-кутуб-ил-илмия, 1418ҳ.қ.
- Навбахтӣ, Ҳасан ибни Мӯсо, Фирақ-уш-шиа, Бейрут, интишороти Дор-ул-азво, бе то.
- Сифрии Фурушонӣ, Неъматуллоҳ, Ғолиён (Ковише дар ҷараёнҳо ва барояндҳо), Машҳад, Остони қудси разавӣ, 1378ҳ.ш.
- Субҳонӣ, Ҷаъфар, Буҳусун фи-л-милали ва-н-ниҳал, Қум, Муассисату ал-Имом ас-Содиқ (а), 1427ҳ.қ.
- Таботабоӣ, Сайид Муҳаммадҳусайн, Шиа дар Ислом, Қум, Бӯстони китоб, чопи панҷум, 1388ҳ.ш.
- Тақизода Доварӣ, Маҳмуд, Нақшаи ҷамъияти мусулмонони ҷаҳон, Қум, Шиашиносӣ, 1393ҳ.ш.
- Фазоӣ, Юсуф, «Муқаддама», дар Таърихи ақоиду мазоҳиби шиа, Теҳрон, Муассисаи интишороти Атоӣ 1371ҳ.ш.
- Фармониён, Маҳдӣ, Ошноӣ бо фирқаҳои шиа, Қум, Маркази мудирияти ҳавзаҳои илмияи Қум, 1387ҳ.ш.
- Фозили Миқдод, Миқдод ибни Абдуллоҳ, Иршод-ут-толибина ило наҳҷ-ил-мустаршидин, Қум, китобхонаи умумии Оятуллоҳи Маръашии Наҷафӣ, 1405ҳ.қ.
- Хатибии кӯшк, Муҳаммад ва дигарон, фарҳанги шиа, Қум, замзами ҳидоят, 1386ҳ.ш.
- Хоразмӣ, Муҳаммад ибни Аҳмад ибни Юсуф, Мафотиҳ-ул-ъулум, Бейрут, Дор-ул-китоб-ил-ъарабӣ, бе то.
- Шайхи Муфид, Муҳаммад ибни Муҳаммад, Авоил-ул-мақолоти фи-л-мазоҳиби ва-л-мухторот, Теҳрон, интишороти Донишгоҳи Теҳрон, бе то.
- Шайхи Муфид, Муҳаммад ибни Муҳаммад, Тасҳеҳ-ул-эътиқодот, Қум, конгресси Шайхи Муфид, чопи дувум, 1414ҳ.қ.
- Шайхи Муфид, Муҳаммад ибни Муҳаммад, ал-Фусул-ул-мухтора, Қум, конгресси Шайхи Муфид, чопи аввал, 1413ҳ.қ.
- Шайхи Садуқ, Муҳаммад ибни Алӣ, ал-Эътиқодот, Қум, конгресси Шайхи Муфид, чопи дувум, 1414ҳ.қ.
- Шайхи Тӯсӣ, Муҳаммад ибни Ҳасан, Ихтиёру маърифат-ир-риҷол, Машҳад, Муассисаи нашри Донишгоҳи Машҳад, чопи аввал, 1409ҳ.қ.
- Шайхи Тӯсӣ, Муҳаммад ибни Ҳасан, китоби ал-Ғайба, тасҳеҳи ибодуллоҳи Теҳронӣ ва алии Аҳмади носеҳ, Қум, дори ал-Маориф-ул-исломия, 1411ҳ.қ.
- Шаҳристонӣ, Муҳаммад ибни Абдукарим, ал-Милалу ва-н-ниҳал, Қум, аш-Шариф ар-Разӣ, чопи сеюм, 1364ҳ.ш.
- Ҳамидуддин, Абдуллоҳ ибни Муҳаммад, аз-Зайдия, Санъо, Марказ-ур-роиди ли-д-диросоти ва-л-буҳус, 1424ҳ.қ.
- Ҷаъфариён, Расул, Атласи шиа, Теҳрон, интишороти Созмони ҷуғрофиёии нерӯҳои мусаллаҳ, чопи аввал, 1387ҳ.ш.