Сайид Абдурраҳими Мусавӣ
| Мазҳаб | Шиа |
|---|---|
| Зодгоҳ | Қум, Эрон |
| Санаи шаҳодат | 9 марти соли 2026 |
| Маҳалли шаҳодат | Теҳрон, Эрон |
| Маҳалли дафн | Ҳарами ҳазрати Маъсума (с) |
Сайид Абдурраҳими Мусавӣ (форсӣ: 1960–2026 سید عبدالرحیم موسوی) машҳур ба Сарлашкари Мусавӣ (форсӣ: سرلشکر موسوی), низомии аршади эронӣ ва раиси Ситоди кулли нерӯҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии исломии Эрон буд, ки дар 28 феврали 2026 дар ҳамлаи муштараки Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ва Исроил ба Эрон, дар ҷаласаи Шӯрои дифоъ дар Теҳрон, ҳамроҳи Алии Шамхонӣ, Муҳаммади Покпур ва Азизи Насирзода ба шаҳодат расид.[1] Ҷанозаи Мусавӣ пас аз ташйиъ дар шаҳрҳои Теҳрон ва Қум, дар 3 апрели 2026 дар Ҳарами ҳазрати Маъсума (с) дар канори Муҳаммадсаиди Эзадӣ дафн шуд.[2]
Ман, сарбози эронӣ, агар ҳазор бор барои ин мардум ва эътиқодоти онҳо кушта шавам, боз ҳам дӯст медорам, ки ба ишқи ин мардум зинда шавам ва бо душманони ин миллат биҷангаму кушта шавам. Аз таҳти дил дӯстатон дорам, миллати Эрон!
Мусавӣ аз сентябри 2005 то июли 2016 ҷонишини фармондеҳи кулли артиш ва раиси Маркази мутолиоти роҳбурдии Артиши Ҷумҳурии исломии Эрон буд. Пеш аз он, вазифаҳои муовини тарҳу барнома ва таълими нерӯи заминии артишро дошт. Дар 21 августи 2017 бо боло бурдани дараҷа аз сартипӣ ба сарлашкарӣ, ба фармондеҳии кулли артиш таъйин шуд.[3] Вай дар 28 майи 2019 дар зимни нигоҳ доштани вазифа, фармондеҳи Қароргоҳи падофанди ҳавоии Хотамуланбиё низ шуд.[4]
Пас аз шаҳодати Муҳаммади Боқирӣ дар Ҷанги дувоздаҳрӯзаи Исроил бо Эрон дар июни 2025 бо ҳукми Сайид Алии Хоманаӣ Раҳбари вақти Ҷумҳурии исломии Эрон ба раисии Ситоди кулли нерӯҳои мусаллаҳ таъин шуд;[5] ин мансаб бори нахуст ба як фармондеҳи артиш вогузор шуд.
Сайид Абдурраҳими Мусавӣ дар соли 1960 дар Қум таваллуд шуд[6] ва аз соли 1979 ба узвияти артиш даромад. Соҳиби доктории идораи дифоъ аз Донишгоҳи олии дифои миллӣ, донишомӯхтаи давраи ДАФУС (Донишкадаи фармондеҳӣ ва ситод) дар соли 1997 ва хатмкардаи Донишгоҳи афсарии Имом Алӣ (а) буд.[7]

Мусавӣ дар Ҷанги Ироқ бо Эрон дар амалиётҳое аз ҷумла Валфаҷри 4, Валфаҷри 9, Байтулмуқаддаси 5, Қодир ва Наср ширкат кард ва дар маҷмуъ 96 моҳ собиқаи ҷанг дошт.[8] Ӯ аз мунаққидони режими саҳюнистӣ ва Амрико буд ва дар суханроние дар апрели 2018 гуфта буд:[9]
Мо хоҳем тавонист бо қудрати даврони дифои муқаддас ва иқболе ки мардум ба роҳиёни нур ва минтақаҳои даврони дифои муқаддас ва омӯзаҳои дифои муқаддас доранд, Амрикоро дар арикаи қудраташ саркӯб кунем ва умри режими саҳюнистиро иншоллоҳ камтар аз 25 сол тамом хоҳем кард.[10]
Эзоҳ
- ↑ «سپهبد عبدالرحیم موسوی به شهادت رسید», Хабаргузории ИЛНА
- ↑ «پیکر شهید سپهبد موسوی در حرم حضرت معصومه(س) آرام گرفت», Хабаргузории Тасним
- ↑ «فرمانده کل ارتش و جانشین رئیس ستاد کل نیروهای مسلح منصوب شدند», Пойгоҳи иттилоърасонии Дафтари ҳифз ва нашри осори ҳазрати Оятуллоҳ Хоманаӣ
- ↑ «انتصاب فرمانده قرارگاه پدافند هوایی خاتمالانبیاء و فرمانده پدافند هوایی ارتش», Пойгоҳи иттилоърасонии Дафтари ҳифз ва нашри осори ҳазрати Оятуллоҳ Хоманаӣ
- ↑ «رهبر انقلاب اسلامی درپی شهادت سردار سپهبد محمدحسین باقری در حکمی امیر سرلشکر سید عبدالرحیم موسوی را به ریاست ستاد کل نیروهای مسلح منصوب کردند», Пойгоҳи иттилоърасонии Дафтари ҳифз ва нашри осори ҳазрати Оятуллоҳ Хоманаӣ
- ↑ زندگینامه: سید عبدالرحیم موسوی , Сайти Ҳамшаҳрӣ-онлайн
- ↑ «سوابق امیر موسوی فرمانده جدید ارتش», Сайти форсии шабакаи ал-Олам
- ↑ امیر سید عبدالرحیم موسوی جانشین رئیس ستاد کل نیروهای مسلح شد + سوابق و تصویر, Хабаргузории Тасним
- ↑ Мусавӣ, بزرگترین آرمان و آرزویم محو و نابودی رژیم صهیونیستی است, Хабаргузории Донишҷӯ
- ↑ Мусавӣ, «عمر رژیم صهیونیستی را کمتر از ۲۵ سال به پایان میرسانیم», Пойгоҳи хабарӣ-таҳлилии Эронхабар
Сарчашма
- Мусавӣ, Сайид Абдурраҳим, بزرگترین آرمان و آرزویم محو و نابودی رژیم صهیونیستی است (Бузургтарин ормон ва орзуям маҳву нобудии режими саҳюнистӣ аст), Хабаргузории Донишҷӯ, санаи дарҷи матлаб: 20 апрели 2018, санаи боздид: 2 майи 2026
- Мусавӣ, Сайид Абдурраҳим, «عمر رژیم صهیونیستی را کمتر از ۲۵ سال به پایان میرسانیم» («Умри режими саҳюнистиро камтар аз 25 сол ба поён мерасонем»), Пойгоҳи хабарӣ-таҳлилии Эронхабар, санаи дарҷи матлаб: 24 марти 2018, санаи боздид: 2 майи 2026
- «سوابق امیر موسوی فرمانده جدید ارتش» («Савобиқи амир Мусавӣ фармондеҳи нави артиш»), Сайти форсии шабакаи ал-Олам, санаи дарҷи матлаб: 21 августи 2017, санаи боздид: 2 майи 2026
- «فرمانده کل ارتش و جانشین رئیس ستاد کل نیروهای مسلح منصوب شدند» («Фармондеҳи кулли артиш ва ҷонишини раиси ситоди кулли нерӯҳои мусаллаҳ мансуб шуданд»), Пойгоҳи иттилоърасонии Дафтари ҳифз ва нашри осори ҳазрати Оятуллоҳ Хоманаӣ, санаи дарҷи матлаб: 21 августи 2017, санаи боздид: 29 марти 2026
- «انتصاب فرمانده قرارگاه پدافند هوایی خاتمالانبیاء و فرمانده پدافند هوایی ارتش» («Интисоби фармондеҳи қароргоҳи падофанди ҳавоии Хотимуланбиё ва фармондеҳи падофанди ҳавоии артиш»), Пойгоҳи иттилоърасонии Дафтари ҳифз ва нашри осори ҳазрати Оятуллоҳ Хоманаӣ, санаи дарҷи матлаб: 28 майи 2019, санаи боздид: 29 марти 2026
- «رهبر انقلاب اسلامی درپی شهادت سردار سپهبد محمدحسین باقری در حکمی امیر سرلشکر سید عبدالرحیم موسوی را به ریاست ستاد کل نیروهای مسلح منصوب کردند» («Раҳбари Инқилоби исломӣ дар пайи шаҳодати сардор сарлашкар Муҳаммадҳусайни Боқирӣ дар ҳукме амири сарлашкар Сайид Абдурраҳими Мӯсавиро ба риёсати ситоди кулли нерӯҳои мусаллаҳ мансуб карданд»), Пойгоҳи иттилоърасонии Дафтари ҳифз ва нашри осори ҳазрати Оятуллоҳ Хоманаӣ, санаи дарҷи матлаб: 13 июни 2025, санаи боздид: 29 марти 2026
- زندگینامه: سید عبدالرحیم موسوی (Зиндагинома: Сайид Аббдурраҳими Мусавӣ), Сайти Ҳамшаҳрӣ-онлайн, санаи дарҷи матлаб: 4 августи 2017, санаи боздид: 2 майи 2026
- «سپهبد عبدالرحیم موسوی به شهادت رسید» («Сарлашкар Абдурраҳими Мусавӣ ба шаҳодат расид»), Хабаргузории ИЛНА, санаи дарҷи матлаб: 30 марти 2026, санаи боздид: 20 апрели 2026
- امیر سید عبدالرحیم موسوی جانشین رئیس ستاد کل نیروهای مسلح شد + سوابق و تصویر (Амир Сайид Абдурраҳими Мусавӣ ҷонишини раиси Ситоди кулли нерӯҳои мусаллаҳ шуд+савобиқ ва тасвир), Хабаргузории Тасним, санаи дарҷи матлаб: 5 июли 2016, санаи боздид: 2 майи 2026
- «پیکر شهید سپهبد موسوی در حرم حضرت معصومه(س) آرام گرفت» («Пайкари шаҳид сарлашкар Мусавӣ дар ҳарами ҳазрати Маъсума (с) ором гирифт»), Хабаргузории Тасним, санаи дарҷи матлаб: 3 апрели 2026, санаи боздид: 20 апрели 2026