Сураи Фалақ

Аз wikishia
Сураи Фалақ
Сураи Фалақ
Рақами сура113
Ҷузъ30
Нузул
Маккӣ/Маданӣмаккӣ
Иттилооти оморӣ
Теъдоди оятҳо5


Сураи Фалақ ба арабӣ: سوره فَلَق яксаду сездаҳумин сура ва аз сураҳои маккии Қуръон аст, ки дар ҷузъи сиюм ҷой дорад. Номгузории ин сура ба номи Фалақ ба маънои субҳу сапедадам аз ояти аввали он гирифта шудааст. Сураи Фалақ ҷузви сураҳои Чаҳорқул аст. Худованд дар ин сура ба Пайғамбар (с) дастур медиҳад аз ҳар шарре ба Худо паноҳ бибрад, махсусан аз шарри торикии шаб, занони афсунгар ва шарри ҳасудон. Бархе аз муфассирони аҳл суннат гӯянд, ин сура ҳангоме нозил шуд, ки марди яҳудие, Пайғамбар (с)-ро сеҳр кард ва Пайғамбар ба сабаби он бемор шуд. Пас аз омадани Ҷабраил ва нузули сураи Фалақу Нос, оёте аз он бар Пайғамбар (с) хонда шуд ва ӯ аз бистари беморӣ бархост. Бархе аз олимони шиа ба ин сухан ишкол кардаанду гуфтаанд, сеҳру ҷоду бар Пайғамбар (с) асар намекунад.

Сураи Фалақу Носро муъаввизатайн гӯянд; чароки барои таъвиз хонда мешаванд. Дар фазилати тиловати сураи Фалақ нақл шудааст, ҳар кас ду сураи Носу Фалақро бихонад, монанди он аст, ки ҳамаи китобҳои паёмбарони Илоҳиро қироат кардааст. Ҳамчунин нақл шудааст Пайғамбар (с) ду сураи Фалақу Носро маҳбубтарини сураҳо дар назди Худованд медонист.

Муаррифӣ

Номгузорӣ

Ин сураро Фалақ номидаанд, ки аз ояти аввали он гирифта шудааст.[1] Фалақ ба маънои субҳу сапедадам аст.[2] Номи дигари ин сура, «муъаввиза» (паноҳ бурдан) аст, ки аз калимаи «авз: паноҳ бурдан» дар ояти аввал гирифта шудааст.[3] Сураи Фалақ ва сураи Носро муъаввизатайн гӯянд. Ин ду сураро ба далели инки онҳоро дар ҳангоми эҳсоси хатар мехонанд, мушақшақатайн низ гуфтаанд.[4]

Маҳал ва тартиби нузул

Сураи Фалақ ҷузви сураҳои маккӣ ва дар тартиби нузул, бистумин сурае аст, ки бар Пайғамбар (с) нозил шудааст. Ин сура дар чиниши кунунии Мусҳаф, яксаду сездаҳумин сура аст[5] ва дар ҷузъи сиюми Қуръон ҷой дорад. Аллома Таботабоӣ нависандаи тафсири ал-Мизон сураро бар асоси ривоёте ки дар шаъни нузулаш омада маданӣ донистааст.[6]

Теъдоди оёт ва дигар вижагиҳо

Сураи Фалақ 5 оят, 23 калима ва 73 ҳарф дорад. Ин сура ба лиҳози ҳаҷмӣ ҷузви сураҳои Муфассалот аст. Сураи Фалақ ҷузви Чаҳорқул аст, яъне чаҳор сурае ки бо «қул» оғоз мешаванд.[7]

Мазмун

Худованд дар сураи Фалақ ба Пайғамбар (с) дастур медиҳад, ки аз ҳар шарре ба Худо паноҳ бибарад, махсусан аз шарри торикии шаб, шарри занони афсунгар ва шарри ҳасудон. Ба гуфтаи Аллома Таботабоӣ дар тафсири ал-Мизон мурод аз «ал-наффосоти филъуқад» фақат занони соҳир нестанд, балки ҳар шахсе аст, ки сеҳру ҷоду анҷом медиҳад.[8] Дар тафсири намуна низ омадааст: сураи Фалақ ба Пайғамбар ва мусулмонон таълим медиҳад, дар баробари ҳар шарре ба Худо паноҳ бибаранд.[9]

Муҳтавои сураи Фалақ[10]

Паноҳ бурдан ба Худо аз шарри мавҷудот

Нуктаи дувум: ояти 2 - 5

Шуруре, ки бояд аз онҳо ба Худо паноҳ бурд

Нуктаи аввал : ояти 1

Муаррифии Худое, ки бояд ба ӯ паноҳ бурд

Гуруҳи дувум : ояти 4 - 5

Шурури инсонӣ

Гурӯҳи аввал : ояти 2 - 3

Шурури табиӣ

Бояд ба Худо паноҳ бурд, ки нестиро мешикофад ва мавҷудотро падид меоварад

Намунаи аввал : ояти 4

Афроди шарур ва занони афсунгар

Намунаи аввал : ояти 2

Ҳамаи мавҷудоте, ки ба инсон зарар мезананд

Намунаи дувум : ояти 5

Ҳасудони ҳилагар

Намунаи дувум : ояти 3

Торикӣ ва зулмати шаб

Шаъни нузул

Тасвири сураи Фалақ аз як Қуръон дар китобхонаи остони қудси Разавӣ, мутааллиқ ба 1279ҳ.қ., ба хати насх

Дар бораи шаъни нузули ин сура, ривояте дар манобеи аҳли суннат нақл шудааст, ки олимони шиа онро напазируфтаанд.[11]

Дар китоби «ад-Дурр-ул-мансур» аз китобҳои тафсирии аҳли суннат омадааст, марди яҳудие, Пайғамбар (с)-ро сеҳр кард. Ҷабраил назди Пайғамбар (с) омаду муъаввизатайн (сураи Фалақу Нос)-ро оварду гуфт, марди яҳудие туро сеҳр карда ва сеҳри ӯ дар фалонҷо ҳаст. Пайғамбар (с) Алӣ ибни Абитолибро фиристод, то сеҳрро биоварад; сипас дастур дод, гиреҳҳои онро боз кунад ва барои ҳар гиреҳ, як оят аз муъаввизатайнро бихонад. Чун гиреҳҳо боз ва ин ду сура тамом шуд, Пайғамбари Ислом (с) саломатии худро боз ёфт.[12]

Аллома Таботабоӣ дар тафсири ал-Мизон менависад, далеле вуҷуд надорад, ки Пайғамбар (с) аз назари ҷисмӣ дар баробари сеҳру ҷоду муқовим бошад ва ҷодуе натавонад дар бадани ӯ беморӣ эҷод кунад; балки оёти Қуръон бар ин далолат доранд, ки дилу ҷон ва ақлу андешаи Пайғамбар (с) аз сеҳр ва нуфузи шаётин дар амон аст.[13]

Назари муфассирон дар бораи сеҳру ҷоду

Сайиди Разӣ (даргузаштаи 406ҳ.қ.) дар тафсири ояти чаҳоруми сураи Фалақ (ва аз шарри дамандагони афсун дар гиреҳҳо) менависад: ин [ оят] истиора[14] аст ва мурод аз он паноҳ бурдан ба Худо аз шарри заноне аст, ки тасмимҳои росихонаи мардонро [ки аз шиддати устуворӣ ба гиреҳ ташбеҳ шудааст] бо макрашон аз байн мебаранд ва тавони ононро бо найрангашон суст мекунанд.[15] Бархе аз муфассирони аҳли суннат[16] низ сеҳр ва чашми захмро напазируфтаанд.[17] Дар айни ҳол Аллома Таботабоӣ менависад ин оят ва ояти 102 сураи Бақара нишон медиҳанд, Қуръон воқеият доштани сеҳру ҷодуро тасдиқ кардааст.[18]

Фазилат ва хавос

Мақолаи аслӣ: Фазоили сураҳо

Аз Пайғамбар (с) нақл шудааст, ҳар кас ду сураи Носу Фалақро бихонад, монанди он аст, ки ҳамаи китобҳои паёмбарони Илоҳиро қироат кардааст.[19] Аз Имом Боқир (а) низ нақл шудааст, ҳар касе дар намози шаби худ, дар намози витр сураҳои муъаввизатайн (Носу Фалақ) ва Ихлосро бихонад, ба ӯ хитоб шавад, ки эй бандаи Худо, мужда бод бар ту, ки Худованд намози витри туро қабул кард!.[20] Ҳамчунин нақл шудааст, Пайғамбар (с) ду сураи Фалақ ва Носро маҳбубтарини сураҳо назди Худованд медонист.[21] Дар нақли дигаре аз Пайғамбар (с) омадааст, ҳар кас сураҳои Тавҳиду Носу Фалақро ҳар шаб даҳ маротиба бихонад, монанди ин аст, ки тамоми Қуръонро қироат карда ва аз гуноҳонаш пок мешавад, монанди рӯзе ки аз модар таваллуд шуда ва агар дар он рӯзу шаб бимирад, ба марги шаҳодат мурдааст.[22] Дар бораи хавоси сураи Фалақ нақл шудааст, Пайғамбар (с) бо хондани муъаввизатайн, Имом Ҳасани Муҷтабо (а) ва Имом Ҳусайн (а)-ро таъвиз мекардааст.[23]

Матн ва тарҷума

Сураи Фалақ

Бигӯ: «паноҳ мебарам ба Парвардигори сапедадам, (1) аз шарри ончи офарида, (2) ва аз шарри торикӣ чун фаро гирад, (3) ва аз шарри дамандагони афсун дар гиреҳҳо, (4) ва аз шарри [ ҳар ] ҳасуд, онгоҳ ки ҳасад варзад». ( 5 )

Эзоҳ

  1. Донишномаи Қуръон ва қуръонпажӯҳӣ, 1377ҳ.ш., ҷ.2, саҳ.1271.
  2. Роғиби Исфаҳонӣ, ал-Муфрадот, 1412ҳ.қ., зайли вожаи Фалақ.
  3. Донишномаи Қуръон ва қуръонпажӯҳӣ, 1377ҳ.ш., ҷ.2, саҳ.1271.
  4. Донишномаи Қуръон ва қуръонпажӯҳӣ, 1377ҳ.ш., ҷ.2, саҳ.1271, зайли муаррифии сураи Нос.
  5. Маърифат, Омӯзиши улуми Қуръон, 1371ҳ.ш., ҷ.2, саҳ.166.
  6. Таботабоӣ, ал-Мизон, 1394ҳ.қ., ҷ.20, саҳ.392.
  7. Донишномаи Қуръон ва қуръонпажӯҳӣ, 1377ҳ.ш., ҷ.2, саҳ.1271.
  8. Таботабоӣ, ал-Мизон, 1382ҳ.ш., ҷ.20, саҳ.392-394.
  9. Макорими Шерозӣ, Тафсири Намуна, 1374ҳ.ш., ҷ.27, саҳ.454.
  10. Хомагар, Муҳаммад, Сохтори сураҳои Қуръони Карим, таҳияи муассисаи фарҳангии Қуръон ва Итрати Нуруссақалайн, Қум, нашри нашро, ҷ.1, 1392ҳ.ш.
  11. Таботабоӣ, ал-Мизон, 1382ҳ.ш., ҷ.20, саҳ.394.
  12. Суютӣ, ад-Дурр-ул-мансур, 1404ҳ.қ., ҷ.6, саҳ.417.
  13. Таботабоӣ, ал-Мизон, 1382ҳ.ш., ҷ.20, саҳ.394.
  14. Мурод аз истиора дар инҷо, ом аст ва шомили ақсоми истиора, киноя, муҷози ақлӣ ва ақсоми ташбеҳ аст; чароки таърихи нигориши ин китоб чанд даҳа қабл аз тадвини илми маъонӣ ва баён будааст. (Руҷӯъ кунед ба: Сайиди Разӣ, Талхис-ул-баён фи муҷозот-ил-Қуръон, 1407ҳ.қ., муқаддимаи Муҳаммад ал-Ҳусайнӣ ал-Мишкот, саҳ.11.
  15. Сайиди Разӣ, Талхис-ул-баён фи маҷозот-ил-Қуръон, 1407ҳ.қ., саҳ.280.
  16. Мисли Замахшарӣ.
  17. Қуръони Карим, тарҷума, тавзеҳот ва вожанома: Баҳоуддини Хуррамшоҳӣ, зайли сураи Фалақ.
  18. Таботабоӣ, ал-Мизон, 1382ҳ.ш., ҷ.20, саҳ.393.
  19. Табарсӣ, Маҷмаъ-ул-баён, 1338ҳ.қ., ҷ.10, саҳ.491
  20. Табарсӣ, Маҷмаъ-ул-баён, 1338ҳ.қ., ҷилди 10 саҳ.491.
  21. Маҷлисӣ, Биҳор-ул-анвор, 1403ҳ.қ., ҷ.92, саҳ.368.
  22. Табарсӣ, Маҷмаъ-ул-баён, 1338ҳ.қ., ҷ.10, саҳ.491
  23. Нигоҳ кунед : Донишномаи Қуръон ва қуръонпажӯҳӣ, 1377ҳ.ш., ҷ.2, саҳ.1271 - 1272.

Сарчашма

  • Қуръони Карим, тарҷумаи Муҳаммадмаҳдии Фулодванд, Теҳрон, Дорулқуръонилкарим, 1418ҳ.қ./1376ҳ.ш.
  • Қуръони Карим, тарҷума, тавзеҳот ва вожанома: Баҳоуддини Хуррамшоҳӣ, Теҳрон, Ҷомӣ, Нилуфар, 1376ҳ.ш.
  • Донишномаи Қуръон ва қуръонпажӯҳӣ, ба кӯшиши Баҳоуддини Хуррамшоҳӣ, ҷ.2, Теҳрон, дӯстон - ноҳид, 1377ҳ.ш.
  • Роғиби Исфаҳонӣ, Ҳусайн ибни Муҳаммад, ал-Муфрадот фи ғариб-ил-Қуръон, ба таҳқиқи Сафвон Аднони Довудӣ, Бейрут, Дорулъилм аддорул-шомия, чопи аввал, 1412ҳ.қ.
  • Сайиди Разӣ, Муҳаммад ибни Ҳусайн, Талхис-ул-баён фи маҷозот-ил-Қуръон, Теҳрон, муассисаи алтабъ ваннашру вазоратиссақофати вал-иршодил-исломӣ, 1407ҳ.қ.
  • Суютӣ, ад-Дурр-ул-мансур, Қум, китобхонаи умумии Оятуллоҳ Маръашии Наҷафӣ, 1404ҳ.қ.
  • Таботабоӣ, ал-Мизон, Қум, дафтари интишороти исломӣ, 1382ҳ.ш.
  • Табарсӣ, Маҷмаъ-ул-баён, Теҳрон, мактабатулъилмия, чопи аввал, 1338ҳ.қ.
  • Маҷлисӣ, Биҳор-ул-анвор, Қум, дафтари интишороти исломӣ, 1403ҳ.қ.
  • Маърифат, Муҳаммадҳодӣ, Омӯзиши улуми Қуръон, [беҷо], маркази чоп ва нашри созмони таблиғоти исломӣ, ҷ.1, 1371ҳ.ш.
  • Макорими Шерозӣ, Носир, Тафсири Намуна, Теҳрон, Дорулкутубил-исломия, чопи аввал, 1374ҳ.ш.