Jump to content

Бино бар қабрҳо

Аз wikishia
(Тағйири масир аз Бинои бар қубур)

Бино бар қабрҳо (форсӣ: بنای بر قبرها) ба маънои сохтани ҳар гуна бино бар қабрҳо, монанди гунбад, зариҳ ва масҷид аст. Аксари уламои мусалмон, бино бар қабрҳоро амри ҷоиз ва машруъ медонанд. Онҳо, дар ин замина, ба сираи Пайғамбар (с), саҳоба ва тобеин истинод мекунанд; аммо аз назари ваҳҳобиҳо ин кор бидъат ва ширк аст. Онҳо ба вайрон кардани биноҳое, ки бар рӯи қабрҳо сохта шуда, фатво додаанд.

Ваҳҳобиҳо, дар тӯли таърих, дар мавқеъҳои гуногун, бархе аз биноҳои рӯи қабрҳои имомони шиа ва бузургони динро тахриб кардаанд, ки буқъаҳои Бақиъ аз ҷумлаи онҳо буданд. Ҳамчунин дар соли 1216ҳ.қ. ба шаҳри Карбало ҳамла карданд ва ҳарами Имом Ҳусайн (а) ва ҳарами ҳазрати Аббос (а)-ро тахриб карданд ва амвол, захираҳо ва ашёи қиматии онҳоро ғорат карданд.

Мафҳумшиносӣ ва ҷойгоҳ

Тасвире аз марқади Пайғамбари Ислом дар Мадина

Манзур аз бино бар қабрҳо, ҳар навъи сохтмон бар рӯи қабрҳо, монанди гунбад, боргоҳ (буқъа), хона, зариҳ, масҷид ва монанди онҳост.[1] Сохтани бино бар рӯи қабрҳо, ба вижа қабрҳои пайғамбарон, солеҳон ва авлиёи Илоҳӣ аз масоиле аст, ки имрӯз (дар қарни понздаҳуми ҳиҷрӣ) ваҳҳобиён бар он ҳассосият нишон медиҳанд ва дигар мусалмонон, аз ҷумла шиаҳоро ба сабаби анҷоми ин кор мазаммат ва сарзаниш мекунанд.[2] Аз ҳамин рӯ, баҳс дар бораи машруияти он аз назари дини Ислом, яке аз мавзуъҳое аст, ки мавриди таваҷҷуҳи муҳаққиқон ва уламои мусалмон қарор гирифтааст.[3]

Пешинаи сохтани бино бар қабрҳо

Гуфта мешавад сохтани бино бар қабрҳо, пас аз зуҳури Ислом, сираи амалии мусалмонон дар тӯли таърих будааст ва ин амал мавриди эътирози Пайғамбар (с) ва саҳобаи ӯ ва тобеин қарор нагирифтааст.[4] Масалан ба гузориши муаррихон, Пайғамбар (с), Фотима бинти Асадро дар қисмате аз масҷид ба хок супурд, ки дар таърихи Ислом ба қабри Фотима маъруф будааст.[5] Ҳамчунин дар садри Ислом, ҳамзамон бо сулҳи Ҳудайбия, аввалин бино ё масҷид бар рӯи қабрҳо тавассути Абуҷундул бар қабри Абубасири Саҳобӣ сохта шуд ва Пайғамбар, бо вуҷуди огоҳӣ аз ин иқдом, аз он кор ҷилавгирӣ накард.[6]

Мақбараи Салмони Форсӣ

Пайкари Пайғамбари акрам (с) низ дар хонаи худ дафн шуд ва нигаҳдорию таъмири бинои ин хона, аз ҳамон солҳои ибтидоии вафоти ӯ, мавриди таваҷҷуҳи мусалмонон ва халифаҳо қарор гирифт.[7] Ин равиш пас аз Пайғамбар (с), яъне дар замони саҳоба ва тобеин низ идома дошта ва сохтани бино бар қабрҳо амри роиҷ дар миёни мусалмонон будааст. Барои намуна, нақл шудааст, ки Ақил ибни Абитолиб дар хонаи худ чоҳе канд ва дар он ҳангом ба санге бархӯрд, ки маълум шуд қабри Ҳабиба духтари Сахр ибни Ҳарб аст. Ӯ сипас чоҳро пур аз хок кард ва бар рӯи он утоқе сохт.[8]

Самҳудӣ (ваф.911ҳ.қ.), аз уламои шофеии аҳли Миср, нақл мекунад, ки бар мазори Ҳамза ибни Абдулмутталиб гунбаде зебо ва мустаҳкам бо дари оҳанин буд, ки дар давраи хилофати Носири Аббосӣ сохта шуда буд.[9]

Ҳамчунин гуфта мешавад, ки бар рӯи қабри пешвоёни мазҳабҳои фиқҳии аҳли суннат низ гунбад ва сохтмон насб шуда буд. Ба гуфтаи таърихнигорон, қабри Абуҳанифа (ваф.150ҳ.қ.), пешвои ҳанафиҳо, дар Бағдод дорои гунбад ва боргоҳе будааст, ки дар қарни IV ва V сохта шудааст.[10] Бар рӯи қабрҳои Молик ибни Анас (ваф.179ҳ.қ.) — пешвои маликиҳо дар Бақиъ,[11] Муҳаммад ибни Идриси Шофеӣ (ваф.150ҳ.қ.) — пешвои шофеиҳо дар Миср[12] ва Аҳмад ибни Ҳанбал (241ҳ.қ.) — пешвои ҳанбалиҳо дар Бағдод низ гунбад насб шуда буд.[13]

Ба гуфтаи Ҷаъфар Субҳонӣ,[14] бо вуҷуди ин намунаҳо, нахустин бор дар таърихи Ислом Ибни Таймия ва шогирдаш Ибни Қаййими Ҷавзӣ ба мухолифат бо сохтани бино бар қабрҳо бархостанд ва бар ҳаром будани он ва ҳамчунин зарурати вайрон кардани он фатво содир карданд.[15]

Дидгоҳи уламои мусалмон

Мазори имомони Бақиъ пеш аз тахриб аз ҷониби ваҳҳобиҳо

Уламои мусалмон — ба ҷуз ваҳҳобиҳо — сохтани бино бар қабрҳоро амали машруъ донистаанд ва барои исботи машруияти он ба далелҳои зерин истинод кардаанд:

  • Бар асоси ояти 21 сураи Каҳф, вақте мардум аз вазъияти Асҳоби Каҳф огоҳ шуданд ва ҷасади онҳоро дар ғор диданд, гурӯҳе аз мушрикон барои он ки ин воқеа, ки худ далеле бар исботи растохез буд, фаромӯш шавад, пешниҳод карданд, ки дари ғор баста шавад. Аммо гурӯҳе аз муъминон аз ин амр огоҳ шуданд ва тасмим гирифтанд, ки бар қабрҳои онҳо масҷиде бино кунанд, то ёди онҳо аз хотирҳо наравад ва он ҷо ба ҷойи ибодат ва рафтуомади мардум табдил ёбад.[16] Бархе аз уламои мусалмон барои машруияти сохтани бино бар қабрҳо ба ҳамин оят истинод кардаанд.[17]
  • Сираи амалӣ ва рафтори Пайғамбар (с) ва мусалмонон аз оғози Ислом ва пас аз он, нишон медиҳад, ки сохтани бино бар қабрҳо машруъ ва ҷоиз аст.[19] Ҳокими Нишопурӣ дар ал-Мустадраку ала-с-саҳиҳайн дар зери ривоятҳое, ки аз сохтани бино бар қабрҳо манъ мекунанд, мегӯяд, ки ба ин ривоятҳо амал намешавад; зеро сохтани бино бар қабрҳо амале аст, ки пешвоёни мусалмонон ба он амал кардаанд ва мутааххирин низ аз онҳо пайравӣ намудаанд.[20]
  • Бархе низ машруият ва ҷоиз будани сохтани бино бар қабрҳоро мавриди иҷмоъи уламои мусалмон донистаанд.[21]
  • Дар манобеи ривоятии шиа ривоятҳое нақл шудааст, ки бар машруияти сохтани бино бар қабрҳо, ба вижа қабрҳои пайғамбарон ва авлиёи Илоҳӣ, далолат доранд. Масалан, дар як ривоят омадааст, ки Имом Содиқ (а) ба яке аз асҳобаш бо номи Сафвон Ҷаммол маблағе дод, то қабри Имом Алӣ (а)-ро таъмир кунад.[22]

Дидгоҳи ваҳҳобият

Қабрҳои тахрибшудаи имомон дар Бақиъ

Ваҳҳобиҳо ба пайравӣ аз Ибни Таймия[23] аз мухолифони сохтани бино бар қабрҳо шумурда мешаванд ва ин амалро бидъат ва ширк медонанд.[24] Онҳо барои ин бовар ба ривоятҳое истинод мекунанд, ки бар асоси онҳо Пайғамбар (с) аз сохтани масҷид бар рӯи қабрҳо манъ кардааст.[25] Дар посух ба ин гурӯҳ гуфта шудааст, ки ин ривоятҳо бар ҳаром ва бидъат будани ин амал далолат намекунанд; балки ҳадди аксар чизе, ки исбот мекунанд, макруҳ будани он аст;[26] аз ҳамин рӯ, фуқаҳои мазоҳиби исломӣ танҳо ба макруҳ будани он фатво додаанд; албатта ҳамонҳо ҳам сохтани бино бар қабрҳои пайғамбарон, авлиё ва авсиёи Илоҳиро аз ҳукми кароҳат хориҷ кардаанд.[27] Бархе аз онҳо ҳатто сохтани бино бар қабрҳои уламои динро низ макруҳ нашумурдаанд.[28]

Тахриби бинои қабрҳо аз ҷониби ваҳҳобиҳо

Фуқаҳои ваҳҳобӣ на танҳо сохтани бино бар қабрҳоро ҳаром ва амали бидъатӣ донистаанд, балки ба тахриби биноҳое, ки бар рӯи қабрҳо сохта шудаанд, низ фатво додаанд ва онро амалӣ низ кардаанд. Онҳо як бор дар соли 1220 ҳиҷрӣ-қамарӣ[29] ва бори дигар дар ҳаштуми шавволи соли 1344 ҳиҷрӣ, ба тахриби қабристони Бақиъ пардохтанд. Дар ин ду ҳамла, гунбади мансуб ба Ҳазрати Фотима (с) ки Байт-ул-аҳзон хонда мешуд ва ҳамаи осори таърихии қабристони Бақеъ, аз ҷумла қуббаҳои Бақиъ, вайрон гардид ва ба ҳарами набавӣ низ хисорот ворид шуд.[30]

Ҳарами имомайни Аскарияйн пас аз ҳамлаи гурӯҳҳои тундрави салафӣ барои тахриби ҳарам, ки ба тахриби гунбад анҷомид

Ваҳҳобиҳо ҳамчунин дар соли 1216 ҳиҷрии қамарӣ ва дар рӯзи иди Ғадир ба шаҳри Карбало ҳамла карданд[31] ва ҳарами Имом Ҳусайн (а) ва ҳазрати Аббос (а)-ро тахриб карданд ва амвол, захираҳо ва ашёи гаронбаҳои онҳоро ғорат намуданд.[32]

Дар солҳои 2005-2006, террористҳои такфирӣ бо ҳамон тафаккури ваҳҳобӣ ба тахриб ва инфиҷор дар ҳарами имомайни Аскарияйн даст заданд, ки дар натиҷаи он, пӯшиши хиштӣ ва тиллокории гунбад, кошикории деворҳо ва инчунин манораҳои он тахриб гардид.[33]

Китобшиносӣ

Гарчанде дар бархе аз осоре, ки дар мавзуи ваҳҳобиятшиносӣ таълиф шудаанд,[34] бахшҳое ба баҳс дар бораи масъалаи сохтани бино бар қабрҳо ихтисос ёфтааст, аммо осори мустақил низ дар ин замина таълиф шудаанд. Бархе аз ин осор иборатанд аз:

  • Китоби «Эҳё-ул-мақбур мин адиллати ҷавози бино-ил-масоҷиди ала-л-қубур», навиштаи Аҳмад Ғумор Ҳасанӣ (ваф.1380ҳ.қ.), аз уламои аҳли суннат: Муаллиф дар ин китоб иддаои ваҳҳобиҳо дар бораи сохтани бино бар қабрҳо ва далелҳои онҳоро зикр карда, сипас ба нақд ва баррасии онҳо пардохтааст.[35]
  • Китоби «ал-Бино ала-л-қубур: шаръун ам хурофа?», навиштаи Сайид Ҳасан Тоҳирии Хуррамободӣ: Дар ин китоб, далелҳои ваҳҳобиён дар бораи ҳаром будани сохтани бино бар қабрҳо рад шудаанд.[36] Ҳамчунин далелҳое барои машруияти сохтани бино бар қабрҳо дар шариати Ислом матраҳ шудаанд.[37]

Эзоҳ

  1. Шарбинӣ, Муғни-юл-муҳтоҷ, 1421ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.364
  2. Субҳонӣ, Оини ваҳҳобият, Ҷомеаи мударрисини Ҳавзаи илмии Қум, саҳ.38
  3. Субҳонӣ, Оини ваҳҳобият, Ҷомеаи мударрисини Ҳавзаи илмии Қум, саҳ.92–93
  4. Резвонӣ, Ваҳҳобият ва масъалаи қабрҳо, 1390 ҳ.ш., саҳ.32
  5. Самҳудӣ, Вафо-ул-вафо, 1374ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.3
  6. Омилӣ, ас-Саҳиҳ мин сират-ин-набий-ил-аъзам, 1426ҳ.қ., ҷ.16, саҳ.182; Ғуморӣ Ҳасанӣ, Эҳё-ул-мақбур мин адиллати ҷавози бино-ил-масоҷиди ала-л-қубур, 1429ҳ.қ., саҳ.69
  7. Барои намуна ниг.: Самҳудӣ, Вафо-ул-вафо, 1374ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.109–110; Амин, Кашф-ул-иртиёб, 1411ҳ.қ., саҳ.315–316
  8. Намирии Басрӣ, Таърихи Мадина, 1410ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.120
  9. Самҳудӣ, Вафо-ул-вафо, 1374ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.104
  10. Ибни Ҷавзӣ, ал-Мунтазам фи таърих-ил-умами ва-л-мулук, 1412ҳ.қ., ҷ.16, саҳ.100; Ибни Баттута, Туҳфат-ун-нузор фи ғароиб-ил-амсор ва аҷоиб-ил-асфор: Риҳлату Ибни Баттута, Дор-уш-Шарқ-ил-арабӣ, ҷ.1, саҳ.172
  11. Ибни Ҷубайр, ар-Риҳла, Дор Бейрут ли-т-табоати ва-н-нашр, саҳ.173; Ибни Баттута, Туҳфат-ун-нузор фи ғароиб-ил-амсор ва аҷоиб-ил-асфор: Риҳлату Ибни Баттута, ҷ.1, саҳ.65
  12. Ибни Баттута, Туҳфат-ун-нузор фи ғароиб-ил-амсор ва аҷоиб-ил-асфор: Риҳлату Ибни Баттута, ҷ.1, саҳ.25
  13. Ибни Баттута, Туҳфат-ун-нузор фи ғароиб-ил-амсор ва аҷоиб-ил-асфор: Риҳлату Ибни Баттута, ҷ.1, саҳ.173
  14. Субҳонӣ, Оини ваҳҳобият, Ҷомеаи мударрисини Ҳавзаи илмии Қум, саҳ.38
  15. Ибни Таймия, Минҳоҷ-ус-сунна, 1406ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.478; Ибни Таймия, Маҷмӯат-ур-рисоил ва-л-масоил, Луҷнат-ут-турос-ил-арабӣ, ҷ.1, саҳ.59–60; Ибни Қаййими Ҷавзӣ, Зод-ул-маод, 1415ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.443
  16. Барои намуна ниг.: Табарсӣ, «Муҷмаъ-ул-баён», соли 1415ҳ.қ., ҷ.6, саҳ.328; Таботабоӣ, «ал-Мизон», соли 1393ҳ.қ., ҷ.13, саҳ.265–267; Макорими Шерозӣ, «Тафсири намуна», соли 1374ҳ.ш., ҷ.12, саҳ.382
  17. Барои намуна ниг.: Ғуморӣ Ҳасанӣ, Эҳё-ул-мақбур мин адиллати ҷавози бино-ил-масоҷиди ала-л-қубур, соли 1429ҳ.қ., саҳ.21–22; Субҳонӣ, «Оини ваҳҳобият», Ҷомеаи мударрисини Ҳавзаи илмии Қум, саҳ.45
  18. Субҳонӣ, «ал-Ваҳҳобияту фи-л-мизон», соли 1385ҳ.ш., саҳ.33–37; Субҳонӣ, «Оини ваҳҳобият», Ҷомеаи мударрисини Ҳавзаи илмии Қум, саҳ.43–44
  19. Барои намуна ниг.: Ҳокими Нишопурӣ, «ал-Мустадраку ала-с-саҳиҳайн», соли 1411ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.525; Ибни Ҳаҷари Ҳайтамӣ, «ал-Фатов-ал-фиқҳият-ил-кубро», ал-Мактабат-ул-исломия, ҷ.2, саҳ.16; Тоҳирии Хуррамободӣ, «ал-Бино ала-л-қубур: шаръун ам хурофа?», соли 1430ҳ.қ., саҳ.61
  20. Ҳокими Нишопурӣ, «ал-Мустадраку ала-с-саҳиҳайн», соли 1411ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.525
  21. Ҳокими Нишопурӣ, «ал-Мустадраку ала-с-саҳиҳайн», соли 1411ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.525; Амин, «Кашф-ул-иртиёб», соли 1411ҳ.қ., саҳ.288
  22. Аллома Маҷлисӣ, «Биҳор-ул-анвор», соли 1403ҳ.қ., ҷ.100, саҳ.280
  23. Амин, «Кашф-ул-иртиёб», соли 1411ҳ.қ., саҳ.286
  24. Барои намуна ниг.: Бен Боз, «Муҷмуъ фатово», Дор ал-Қосим, ҷ.13, саҳ.237; Қафорӣ, «Усул мазҳаб-уш-шиат-ил-имомият-ил-исна ашария (арз ва нақд)», соли 1414ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.481
  25. Барои намуна ниг.: Муслим, «Саҳеҳи Муслим», соли 1412ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.666–667; Бухорӣ, «Саҳеҳи Бухорӣ», соли 1410ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.291
  26. Тоҳирии Хуррамободӣ, «ал-Бино ала-л-қубур: шаръун ам хурофа?», соли 1430ҳ.қ., саҳ.43–45; Гурӯҳе аз нависандагон, «ал-Мавсуат-ул-фиқҳият-ил-кувайтия», соли 1427ҳ.қ., ҷ.32, саҳ.250
  27. Таботабоии Яздӣ, «Урват-ул-вусқо», соли 1417ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.127–128; Тоҳирии Хуррамободӣ, «ал-Бино ала-л-қубур: шаръун ам хурофа?», соли 1430ҳ.қ., саҳ.43–45; Гурӯҳе аз нависандагон, «ал-Мавсуат-ул-фиқҳият-ил-кувайтия», соли 1427ҳ.қ., ҷ.32, саҳ.250
  28. Барои намуна ниг.: Ҳайтамӣ, «ал-Фатов-ал-фиқҳият-ил-кубро», ал-Мактабат-ул-исломия, ҷ.2, саҳ.17
  29. Ҷабартӣ, «Аҷоиб-ул-осор», Дор-ул-ҷил, ҷ.3, саҳ.91
  30. Ҷабартӣ, «Аҷоиб-ул-осор», Дор-ул-ҷил, ҷ.3, саҳ.91; Моҷарӣ, «ал-Бақиъ: қиссат-ут-тадмир», соли 1411ҳ.қ., саҳ.113–139; Аминӣ, «Бақиъ-ул-ғарқад», соли 1386ҳ.ш., саҳ.49
  31. Туъма, «Туросу Карбало», соли 1393ҳ.ш., саҳ.116
  32. Туъма, Салмон Ҳодӣ, «Таъриху марқад-ил-Ҳусайн ва-л-Аббос», соли 1416ҳ.қ., саҳ.263
  33. Сиҳҳатии Сардрӯдӣ, «Гузидаи симои Сомирро», соли 1388ҳ.ш., саҳ.68; Хомаёр, «Тахриби зиёратгоҳҳои исломӣ дар кишварҳои арабӣ», соли 1393ҳ.ш., саҳ.29–30
  34. Барои намуна ниг.: Амин, «Кашф-ул-иртиёб», саҳ.286; Субҳонӣ, «Оини ваҳҳобият», саҳ.38; Субҳонӣ, «ал-Ваҳҳобияту фи-л-мизон», саҳ.29
  35. Ғумор Ҳасанӣ, «Эҳё-ул-мақбур», саҳ.17
  36. Тоҳирии Хуррамободӣ, «ал-Бино ала-л-қубур: шаръун ам хурофа?», соли 1430ҳ.қ., саҳ.16
  37. Тоҳирии Хуррамободӣ, «ал-Бино ала-л-қубур: шаръун ам хурофа?», соли 1430ҳ.қ., саҳ.51

Сарчашма

  • Аллома Маҷлисӣ, Муҳаммадбоқир, «Биҳор-ул-анвор», Бейрут, Муассисаи ал-Вафо, соли 1403ҳ.қ.
  • Амин, Сайид Муҳсин, «Кашф-ул-иртиёб», Бейрут, бе ношир, соли 1411ҳ.қ.
  • Аминӣ, Муҳаммад Амин, «Бақиъ-ул-ғарқад», Теҳрон, Нашри Машар, соли 1386ҳ.ш.
  • Бен Боз, Абдулазиз, «Муҷмуъ-ул-фатово», Риёз, Дор ал-Қосим, бе таърих.
  • Бухорӣ, Муҳаммад ибни Исмоил, «Саҳеҳи Бухорӣ», Димишқ, Дору тавқ-ин-наҷот, соли 1410ҳ.қ.
  • Гурӯҳе аз нависандагон, «ал-Мавсуат-ул-фиқҳият-ил-кувайтия», Кувайт, Вазорати авқоф ва умури исломӣ, соли 1427ҳ.қ.
  • Ибни Баттута, Муҳаммад ибни Абдуллоҳ, «Тӯҳфат-ун-нузор фи ғароиб-ил-амсор ва аҷоиб-ил-асфор: Реҳлату Ибни Баттута», беҷо, Дор-уш-Шарқ-ул-арабӣ, бе таърих.
  • Ибни Таймия, Аҳмад ибни Абдулҳалим, «Маҷмӯат-ур-рисоил ва-л-масоил», таҳқиқи Сайид Муҳаммад Рашид Ризо, беҷо, Луҷнат-ут-турос-ил-арабӣ, бе таърих.
  • Ибни Таймия, Аҳмад ибни Абдулҳалим, «Минҳоҷ-ус-сунна», беҷо, Донишгоҳи Имом Муҳаммад ибни Сауд, соли 1406ҳ.қ.
  • Ибни Қайим Ҷавзӣ, Муҳаммад ибни Абӯбакр, «Зод-ул-маод фи ҳудо хайр-ил-ибод», Бейрут, Муассисат-ур-рисола, соли 1415ҳ.қ.
  • Ибни Ҳаҷари Ҳайтамӣ, Аҳмад ибни Муҳаммад, «ал-Фатов-ал-фиқҳият-ил-кубро», беҷо, ал-Мактабат-ул-исломия, бе таърих.
  • Ибни Ҷавзӣ, Абдурраҳмон ибни Алӣ, «ал-Мунтазам фи таърих-ил-умами ва-л-мулук», таҳқиқи Муҳаммад Абдулқодир Ато, Бейрут, Дор-ул-кутуб-ил-илмия, соли 1412ҳ.қ.
  • Ибни Ҷубайр, Муҳаммад ибни Аҳмад, «ар-Риҳла», Бейрут, Дор Бейрут ли-т-табоати ва-н-нашр, бе таърих.
  • Макорими Шерозӣ, Носир, «Тафсири намуна», Теҳрон, Дор-ул-кутуб-ил-исломия, соли 1374ҳ.ш.
  • Моҷарӣ, Юсуф, «ал-Бақиъ: қиссат-ут-тадмир», Бейрут, Муассисату Бақиъ ли эҳё-ит-турос, соли 1411ҳ.қ.
  • Муслим, Муслим ибни Ҳаҷҷоҷ, «Саҳеҳи Муслим», Қоҳира, Дор-ул-ҳадис, соли 1412ҳ.қ.
  • Нумайрии Басрӣ, Умар ибни Шубба, «Таърих-ул-Мадина», беҷо, Нашриёти Дор-ул-фикр, соли 1410ҳ.қ.
  • Омулӣ, Ҷаъфар Муртазо, «Саҳеҳ аз сираи Пайғамбари Аъзам», Қум, Муассисаи илмӣ-фарҳангии Дор-ул-ҳадис, соли 1426ҳ.қ.
  • Резвонӣ, Алиасғар, «Ваҳҳобият ва масъалаи қабрҳо», Теҳрон, Нашри Машар, соли 1390ҳ.ш.
  • Самҳудӣ, Алӣ ибни Абдуллоҳ, «Вафо-ул-вафо», Бейрут, Дор-ул-кутуб-ил-илмия, соли 1374ҳ.қ.
  • Сиҳҳатии Сардрӯдӣ, Муҳаммад, «Гузидаи симои Самарро», Теҳрон, Нашри Машар, соли 1388ҳ.ш.
  • Субҳонӣ, Ҷаъфар, «Оини ваҳҳобият», Қум, Ҷомеаи мударрисини Ҳавзаи илмии Қум, бе таърих.
  • Субҳонӣ, Ҷаъфар, «ал-Ваҳҳобияту фи-л-мизон», Қум, Муассисаи Имом Содиқ (а), соли 1385ҳ.ш.
  • Табарсӣ, Фазл ибни Ҳасан, «Муҷмаъ-ул-баён», Бейрут, Муассисаи Аъламӣ, соли 1415ҳ.қ.
  • Таботабоии Яздӣ, Сайид Муҳаммадкозим, «Уруват ал-вусқо», Қум, Муассисаи нашри исломӣ, соли 1417ҳ.қ.
  • Таботабоӣ, Сайид Муҳаммадҳусайн, «ал-Мизон фи тафсир-ил-Қуръон», Бейрут, Муассисаи Аъламӣ, соли 1393ҳ.қ.
  • Тоҳирии Хуррамободӣ, Сайид Ҳасан, «ал-Бино ала-л-қубур: шаръун ам хурофа?», Қум, Маҷмаи ҷаҳонии тақриби мазоҳиб, соли 1430ҳ.қ.
  • Туъма, Салмон Ҳодӣ, «Таъриху марқад-ил-Ҳусайн ва-л-Аббос», Бейрут, Муассисаи Аъламӣ, соли 1416ҳ.қ.
  • Туъма, Салмон Ҳодӣ, «Туросу Карбало», Теҳрон, Нашри Машар, соли 1393ҳ.ш.
  • Хомаёр, Аҳмад, «Тахриби зиёратгоҳҳои исломӣ дар кишварҳои арабӣ», Қум, Дор-ул-эълом ли мадрасати Аҳл-ил-Байт (а), соли 1393ҳ.ш.
  • Шарбинӣ, Муҳаммад ибни Аҳмад, «Муғни-юл-муҳтоҷ», Бейрут, Дор-ул-кутуб-ил-илмия, соли 1421ҳ.қ.
  • Ғуморӣ Ҳасанӣ, Аҳмад, «Эҳё-ул-мақбур мин адиллати ҷавози бино-ил-масоҷиди ала-л-қубур», Қоҳира, Китобхонаи Қоҳира, соли 1429ҳ.қ.
  • Қафорӣ, Носир ибни Абдуллоҳ, «Усул мазҳаб-уш-шиат-ил-имомият-ил-исна ашария (арз ва нақд)», беҷо, бе ношир, соли 1414ҳ.қ.
  • Ҳокими Нишопурӣ, Муҳаммад ибни Абдуллоҳ, «ал-Мустадраку ала-с-саҳиҳайн», Бейрут, Дор-ул-кутуб-ил-илмия, нашри аввал, соли 1411ҳ.қ.
  • Ҳурри Омилӣ, Муҳаммад ибни Ҳасан, «Васоил-уш-шиа», таҳрири Сайид Муҳаммадризо Ҳусайнӣ Ҷалолӣ, Қум, Муассисаи Оли Байт, соли 1416ҳ.қ.
  • Ҷабартӣ, Абдурраҳмон, «Аҷоиб-ул-осор», Бейрут, Дор-ул-ҷил, бе таърих.