Тахриби ҳарами Аскарияйн
Ин мақола дар бораи тахриби ҳарами Аскарияйн аст. Барои ошноӣ бо ҳарами Имом Ҳодӣ (а) ва Имом Аскарӣ (а), ҳарами Аскарияйнро бубинед.
Шарҳи моҷаро | Таркондани бинои ҳарами Имом Ҳодӣ (а) ва Имом Ҳасани Аскарӣ (а) |
---|---|
Замон | 22 феврали 2006 ва 13 июни 2007 |
Макон | Сомирро |
Сабаб | Таассуботи мазҳабӣ |
Омилҳо | Гурӯҳҳои такфирии ваҳҳобӣ |
Натиҷа | Вайрон шудани бинои таърихии ҳарами Аскарияйн |
Вокунишҳо | Эътирози мароҷеи тақлид ва таътилии ҳавзаҳои илмия ва бозорҳои шиаён дар Эрон ва Ироқ |
Дахлдор | Тахриби Бақиъ • Тахриби ҳарами Имом Ҳусайн (а) |
Тахриби ҳарами Аскарияйн (форсӣ: تخریب حرم عسکریین) ба инфиҷор ва тахриби ҳарами Имом Ҳодӣ (а) ва Имом Ҳасани Аскарӣ (а) ба дасти террористҳои такфирии ваҳҳобӣ дар солҳои 2006 ва 2007 ишора дорад. Ин иқдом, вокуниши мароҷеъи тақлид ва шиъаёнро дар манотиқи мухталифи ҷаҳон дар пай дошт ва онро маҳкум карданд.
Ситоди бозсозии атаботи олиёти Эрони тайи солҳои 2010 то 2015 ҳарами Аскарияйн (а)-ро бозсозӣ кард.
Ҳарами Аскарияйн
- Навиштори аслӣ: Ҳарами Аскарияйн
Ҳарами Аскарияйн, оромгоҳи Имом Ҳодӣ (а) (шаҳодат 254 ҳ.қ.) Имоми даҳум ва фарзандаши Имом Ҳасани Аскарӣ (а) (шаҳодат 260 ҳ.қ.) Имоми ёздаҳуми шиъа аст, ки зиёратгоҳи шиъаён дар шаҳри Сомирро аст.[1]
Тахриби аввал
23 муҳаррами соли 1427 ҳ.қ., баробар бо 22 феврали соли 2006 мелодӣ террористҳои вобаста ба ал-Қоъида, бо коргузории маводди тарканда, онро мунфаҷир карданд.[2] Дар натиҷаи ин бомбгузорӣ, пӯшиши оҷурӣ ва тиллокории гунбад ва кошикории деворҳои он, фурӯ рехт бо ин ҳол пояҳои гунбад ва деворҳо солим монд.[3]
Вокунишҳо
Ба дунболи ин ҳодиса, мароҷеъи тақлид ва уламои ҳавзаҳои илмийяи Эрон ва Ироқ дарсҳои худро таътил карданд.[4] Ҳамчунин дар Эрон ва Ироқ бозорҳо таътил ва азои умумӣ эълом шуд.[5] Дар Эрон гирдиҳамоии эътирозӣ бо ҳузури мароҷеъи тақлид ва уламои ҳавзаҳои илмийяи Қум дар масҷиди Аъзам анҷом шуд.[6] Ҳамчунин Оятуллоҳ Хоманаӣ ва дигари шахсиятҳои сиёсии Эрон ва Ироқ бо судури баёнияҳое, ин иқдомро маҳкум карданд.[7]
Бархе аз мақомоти олирутбаи кишварҳои исломӣ, давлатҳои аврупоӣ ва низ дабирикулли вақти Созмони милали муттаҳид низ ин иқдомро маҳкум карданд.
Тахриби дувум
Дар 27 ҷамодиюлаввали соли 1428 ҳ.қ., баробар бо 23 хурдоди соли 1386 шамсӣ ду инфиҷор дар ҳарами Аскарияйн ба вуқуъ пайваст. Дар ин инфиҷорҳо гулдастаҳои он ба таври комил тахриб шуд.[8]
Пеш аз ин низ аз ҷумла дар соли 1355 ҳ.қ., ба ҳарам ҳамла ва амволи он ғорат шуда буд.[9]
Ангезаҳои омилон
Комёри Садоқатсамари Ҳусайнӣ, узви ҳайъати илмии пажӯҳишгоҳи улуми инсонӣ ва мутолиъоти фарҳангии Эрон, ангезаи такфириҳо аз тахриби ҳарами Аскарияйнро сиёсӣ ва мазҳабӣ медонад. Ба гуфтаи ӯ ҷанбаи сиёсии ин ҳаракат бо ҳадафи эҷоди тафриқа байни шиъаву суннӣ ва дар ростои аҳдофи кишварҳои Амрико, Англистон ва Исроил анҷом шуда аст ва ҷанбаи мазҳабии он ба ақоиди ваҳобиён дар бораи зиёрат ва бинои бар қубур бармегардад.[10]
Ибни Таймия банноӣ бар қубурро ҳаром ва тахриби онҳоро воҷиб медонад.[11] Ваҳобиён бо ҳамин ангеза ва истинод ба фатвои муфтиёни худ дар соли 1344 ҳ.қ., ҳамаи осори торихии қабристони Бақиъро вайрон карданд.[12] Албатта эътиқодоти ваҳобиён дар ин бора бархилофи дидгоҳи мусулмонон аст.[13]
- Ҳамчунин бубинед: Бино сохтан бар сари қабр
Бозсозӣ
Пас аз тахриб, ба далели инки гунбади ҳарами Аскарияйн дар феҳристи мероси ҷаҳонии юнеско сабт шуда буд қарор бар ин буд ки бозсозии ҳарам зери назари юнеско анҷом шавад, аммо амалиёти бозсозӣ ба кундӣ сурат гирифт ва давлати Ироқ ин масъулиятро ба ситоди бозсозии атаботи олиёти Эрон вогузор кард.[14]
Амалиёти бозсозии ҳарами имомайни Аскарияйн (а) дар шаҳривари 1394 ҳ.ш., ба поён расид. Ба гуфта раиси ситоди бозсозии атаботи олиёти Эрон, ин амалиёт, шомили чандин марҳала, аз ҷумла сохти гунбад, тиллокорӣ ва насби он, кошикорӣ, оинакорӣ, муъаррақкорӣ ва сангкории дохили ҳарам буда аст.[15]
Зариҳи ҷадид
Ҳамчунин ба ҷиҳати тасриъ дар бозсозӣ, дафтари Оятуллоҳ Систонӣ аз мароҷеъи тақлиди шиъа сохти зариҳи ҳарами Аскарияйн (а)-ро бар ӯҳда гирифт.[16] Коргоҳи сохти зариҳи имомайни Аскарияйн дар соли 1389 ҳ.ш., дар Қум ва зери назари Сайидҷаводи Шаҳристонӣ, намояндаи Оятуллоҳ Систонӣ дар Эрон доир шуд. Ба гуфтаи Лоҷавардӣ, масъули проекти сохти зариҳи имомайни Аскарияйн, дар ин проект 4 ҳазору 500 килло нуқра, 70 кило тилло ва 11 ҳазор килло чуби соҷи истифода шудааст.[17]
Сохти зариҳи Аскарияйн дар соли 1393 ҳ.ш., ба поён расид[18] ва дар баҳмани 1395 ҳ.ш., ба Сомирро мунтақил шуд ва дар 4 урдибиҳишти 1396 ҳ.ш., аз он рӯнамоӣ гардид.[19] Ҳамчунин сандуқчаҳои қубури Имом Ҳодӣ (а), Имом Ҳасани Аскарӣ (а), Нарҷисхотун ва Ҳакима духтари Имом Ҷавод низ тайи ду сол дар Шероз сохта шуд.[20]
Ҷусторҳои вобаста
Адабиёт
- ↑ Хомаёр, Тахриби зиёратгоҳҳои исломӣ дар кишварҳои арабӣ, 1393 ҳ.ш., саҳ.29.
- ↑ Сиҳҳатии Сардрудӣ, Гузидаи симои Сомирро, 1388 ҳ.ш., саҳ.68.
- ↑ Хомаёр, Тахриби зиёратгоҳҳои исломӣ дар кишварҳои арабӣ, 1393 ҳ.ш., саҳ.29 ва 30.
- ↑ Хомаёр, Тахриби зиёратгоҳҳои исломӣ дар кишварҳои арабӣ, 1393 ҳ.ш., саҳ.32.
- ↑ Ал-Атабат-ул-аскарийт-ул-муқаддаса, пойгоҳи интерентии ҳарамайни Аскарияйн.
- ↑ «Гузориш, солрӯзи тахриби боргоҳи малакутии имомайни Аскарияйн», хабаргузории Ҳавза.
- ↑ Охирин мароҳили бозсозии ҳарам ва зариҳи Имом Ҳодӣ (а), хабаргузории Ҳаҷ.
- ↑ Хомаёр, Тахриби зиёратгоҳҳои исломӣ дар кишварҳои арабӣ, 1393 ҳ.ш., саҳ.30.
- ↑ Сиҳҳатии Сардрудӣ, Гузидаи симои Сомирро, 1388 ҳ.ш., саҳ.67.
- ↑ «Тахриби ҳарамайни Аскарияйн (а); тарҳи террорист барои тақвияти хушунати кӯри мазҳабии такфириҳост», хабаргузории Шабистон.
- ↑ Ибни Таймия, Иқтизоъ-ус-сирот-ил-мустақим, 1407 ҳ.қ., саҳ.108 - 110.
- ↑ Моҷарӣ, ал-Бақиъ қиссат-ут-тадмир, 1411 ҳ.қ., саҳ.113 - 139.
- ↑ Маданӣ, ат-Таърих-ул-амин, 1418 ҳ.қ., саҳ.431 - 450.
- ↑ Тасовири ҷадид аз бозсозии ҳарамайни Аскарияйн дар Сомирро, хабаргузории Ҳаҷ.
- ↑ Амалиёти бозсозии гунбади ҳарами имомайни Аскарияйн поён ёфт, хабаргузории ИЛНО.
- ↑ Охирин вазъияти сохти зариҳи ҳарамайни Аскарияйн (а), хабаргузории АБНО.
- ↑ «Охирин вазъияти проекти сохт зариҳи ҳарами имомайни Аскарияйн (а)», хабаргузории Форс.
- ↑ Охирин вазъияти сохти зариҳи ҳарамайни Аскарияйн (а), хабаргузории АБНО.
- ↑ Рӯнамоӣ аз зариҳи ҳарами мутаҳҳари имомайни Аскарияйн (а), хабаргузории АБНО.
- ↑ Амалиёти бозсозии гунбади ҳарами имомайни Аскарияйн поён ёфт, хабаргузории ИЛНО.
Сарчашма
- «Гузориш, солрӯзи тахриби боргоҳи малакутии имомайни Аскарияйн», ахбори шиъаён, ш.16, исфанди 1385 ҳ.ш., мушоҳида 2 шаҳривари 1401 ҳ.ш.
- «Маҳкумияти ҷаҳонии тахриби боргоҳи малакутии ҳазароти Аскарияйн», хабаргузории Ҳавза, интишори 9 озари 1400 ҳ.ш., мушоҳида 19 шаҳривари 1401 ҳ.ш.
- «Охирин вазъияти проекти сохти зариҳи ҳарами имомайни Аскарияйн (а)», хабаргузории Форс, интишор: 18 озари 1391 ҳ.ш., мушоҳида 2 шаҳривари 1401 ҳ.ш.
- «Тахриби ҳарамайни Аскарияйн (а); тарҳи террорист барои тақвияти хушунати кӯри мазҳабии такфириҳост», хабаргузории Шабистон, 22 шаҳривари 1399 ҳ.ш., мушоҳида 2 шаҳривари 1401 ҳ.ш.
- Ал-Атабат-ул-аскарийт-ул-муқаддаса, пойгоҳи интерентии ҳарамайни Аскарияйн
- Амалиёти бозсозии гунбади ҳарами имомайни Аскарияйн поён ёфт, хабаргузории ИЛНО, интишор: 7 шаҳривари 1394 ҳ.ш., мушоҳида 2 шаҳривари 1402 ҳ.ш.
- Балоғӣ, Муҳаммадҷавод, ар-Радду ала-л-ваҳобийя, таҳқиқи Сайидмуҳаммадалӣ Алҳаким, Бейрут, Муассисату Аҳл-ил-Байт лиэҳё-ит-турос, 1419 ҳ.қ./ 1998 м.
- Ибни Таймия, Аҳмад ибни Абдулҳалим, Иқтизоъ-ус-сирот-ил-мустақим, Бейрут, Дор-ул-кутуб-ил-илмийя, 1407 ҳ.қ.
- Маданӣ, Абдулазиз, ат-Таърих-ул-амин лимадинати Сайид-ил-мурсалин, Қум, Матбаъат-ул-амин, 1418 ҳ.қ.
- Моҷарӣ, Юсуф, ал-Бақиъ қиссат-ут-тадмир, Бейрут, Муассисату Бақиъ лиэҳё-ит-турос, 1411 ҳ.қ.
- Охирин мароҳили бозсозии ҳарам ва зариҳи Имом Ҳодӣ (а), хабаргузории Ҳаҷ, интишор: 29 меҳри 1392 ҳ.ш., мушоҳида: «2 шаҳривари 1401 ҳ.ш.
- Сиҳҳатии Сардрудӣ, Муҳаммад, Гузидаи симои Сомирро синои се Мусо, Машъар, Теҳрон, 1388 ҳ.ш.
- Тасовири ҷадид аз бозсозии ҳарамайни Аскарияйн дар Сомирро, хабаргузории Ҳаҷ, интишор: 8 тири 1394 ҳ.ш., мушоҳида 2 шаҳривари 1402 ҳ.ш.
- Тахриби қубури имомайни Аскарияйн (а) дар Сомиро, сайти Машриқнюз, интишор: 27 хурдоди 1393 ҳ.ш.
- Хомаёр, Аҳмад, Тахриби зиёратгоҳҳои исломӣ дар кишварҳои арабӣ, Қум, Дор-ул-эълом лимадрасати Аҳл-ил-Байт (а), 1393 ҳ.ш.