Салафия

Аз wikishia

Салафия ё салафигарӣ андеша ва ҷараёни иҷтимоӣ ва мазҳабии байни аҳли суннат аст, ки роҳи ҳалли мушкилоти мусулмононро пайравӣ аз шеваи салаф (мусулмонони мутақаддим) медонад. Салафия бо истинод ба ҳадисе аз Пайғамбари Ислом (с), се қарни нахустини исломиро беҳтарин асрҳои исломӣ талаққӣ мекунад ва барои касоне ки дар ин давра зиндагӣ кардаанд, марҷаияти фикрӣ қоил аст.

Ба бовари салафиён, Қуръон ва суннати Пайғамбар танҳо бо тафсири саҳоба, тобеъин ва тобеъини тобеъин мӯътабар аст. Онҳо ақлро ҳуҷҷат намедонанд ва барои фаҳми омӯзаҳои динӣ танҳо бар оёти Қуръон ва аҳодис такя мекунанд.

Тибқи бардошти салафия аз асли тавҳид, бисёре аз мусулмонон мушриканд. Ибни Таймия, Ибни Қайим Ҷавзия, Муҳаммад ибни Абдулваҳҳоб, Муҳаммади Шавконӣ ва Рашид Ризо аз муҳимтарин назарияпардозони салафия ҳастанд. Машҳуртарин ҷараёнҳои салафии муосир ҳам иборатанд аз: ваҳҳобият, ихвонулмуслимин ва девбандия.

Бар пояи эътиқодоти салафия, гурӯҳҳои ҷиҳодӣ ва тундраве ҳамчун Толибон, Алқоъида ва ДИИШ шакл гирифта аст, ки бисёре аз мусулмононро кофир ва ҷиҳод бо ононро вазифаи худ медонанд ва иддаи зиёде аз мусулмонони шиа ва аҳли тасаннунро қатли ом кардаанд.

Таъриф Салаф ба маънои пешиниён аст. [ 1 ] Салафия гурӯҳе ҳастанд, ки иддаои табаъият аз «салафи мусулмонон»-ро доранд. Дар инки манзур аз салаф киҳо ҳастанд, ихтилофоте дар байни онон вуҷуд дорад, аммо бештарашон манзур аз «салафи солеҳ»-ро шахсиятҳои се асри аввали исломӣ (Пайғамбари Ислом (с), саҳоба, тобеъин ва тобеъини тобеъин) медонанд. Истиноди онҳо дар ин замина ба «ҳадиси қуруни нахустин» аст, ки онро аз Пайғамбари Ислом (с) нақл мекунанд: «Беҳтарини мардум (мардумони) қарни ман ҳастанд, сипас касоне ки дар пайи эшон меоянд ва сипас дигароне, ки дар пайи онон меоянд!». [ 2 ]

Салафия ҳар чизеро ки мухолиф бо гуфтори яке аз саҳобаи Пайғамбар бошад, бидъат медонанд. [ 3 ]

Вижагиҳои фикрӣ Бархе аз вижагиҳои салафиён иборатанд аз:

Таъкид бар нақл ва тазъифи ақл Салафиён, нақл (оёти Қуръон ва аҳодис)-ро бар ақл тарҷеҳ медиҳанд. Ба назари Ибни Таймия- пешвои салафиён, ғайр аз Қуръону суннат, ҳеҷ роҳе барои шинохти омӯзаҳои динӣ аз ҷумла ақоид ва аҳком вуҷуд надорад. Ӯ мӯътақид аст, ки истидлолҳои ақлӣ ба сурати мустақил эътибор надоранд ва нақши онҳо танҳо тасдиқ ва эътироф ба мӯҳтавои матнҳои динӣ ва тақвияти онҳо аст. [ 4 ]

Зоҳиргароӣ Салафиён танҳо ба зоҳири оёти Қуръон истинод мекунанд ва ҳеҷ таъвил ва тафсире аз оёти Қуръонро дуруст намедонанд. Барои мисол тибқи ояти «арраҳмону алалъарши иставо/» ки маънои зоҳирии он ин аст, ки Худо бар тахте қарор гирифтааст, [ 5 ] мегӯянд Худо воқеан тахте дорад, ки бар он менишинад. Ҳамчунин аз таъбири қуръонии «ядуллоҳ- » бардошт мекунанд, ки Худо даст дорад. [ 6 ]

Такфир Фалосифа, ботиния, исмоилия, шиъаи исноъашарӣ, қадария ва ашоира аз ҷумлаи гурӯҳҳое ҳастанд, ки тавассути салафиён такфир мешаванд. [ 7 ]

Бархе аз чизҳое, ки дар дидгоҳи Ибни Таймия мӯҷиби куфр мешаванд, иборатанд аз: восита қарор додани байни худ ва Худо, ташбеҳ ба куффор, мухолифат бо ҳадиси мутавотир ва мухолифат бо иҷмоъ. [ 8 ] Бархе аз гурӯҳҳои салафии ҷадид, ки ба салафияи такфирӣ шуҳрат доранд, маъно ва масодиқи куфрро бисёр густариш медиҳанд ва аз такфир барои амалиёти ҷиҳодӣ ҷавоз мегиранд. [ 9 ]

Пешина Дар пешинаи салафигарӣ асҳоби ҳадис қарор доранд, ки гарчӣ ба ин унвон шинохта намешуданд, истилоҳи салаф байнашон ривоҷ пайдо кард. [ 10 ] Аҳмад ибни Ҳанбал (даргузашти 241ҳ.қ.) пешвои онон пайравони худро дар канори табаъият аз суннати Пайғамбар (с), ба пайравӣ аз асҳоби Пайғамбар [ 11 ] ё ҳидоятёфтагони аз асҳоб ва тобеъин даъват мекард. [ 12 ]

Салафигароӣ дар пайравони Ибни Ҳанбал дар садаҳои баъд, гоҳ ба ғавғои иҷтимоӣ ҳам бадал шуд. Барои мисол дар қарни чаҳоруми қамарӣ, Абубакр Барбаҳорӣ, Воъизи Ҳанбалӣ гурӯҳе аз ҳанбалиёни тундрав дар Бағдодро гирди худ ҷамъ кард ва бо унвони мубориза бо бидъат, дар иқдомоте ҳамчун мухолифат бо маросими Ошӯрои Ҳусайнӣ дар тақобул бо шиа ва дар мавзӯоте ҳамчун наҳваи эътиқод ба сифоти Худо дар муқобили аҳли суннат қарор гирифт. [ 13 ]

Унвони салафия аз қарни ҳаштуми қамарӣ барои гурӯҳҳои гароянда ба салаф корбурд ёфт, ки Ибни Таймия (даргузашти 728ҳ.қ.) олими ҳанбалии Дамишқ, бо таълифоти бисёр андешаҳои салафиро теориза кард. [ 14 ] Ба гуфтаи Аҳмади Покатчӣ, ӯ Минҳоҷуссунатро дар радди имомия ва рисолаҳое чун ар-Рисолатул-ҳамавияро дар радди ашоира ва навиштаҳое дар радди тоифаҳои суфия ва ҳаводорони Ибни Арабӣ навишт. Амр ба маъруф ва наҳйи аз мункар, кушодани боби иҷтиҳод ва нафйи тақлид ва ҳузури фаъол дар арсаи сиёсӣ ва иҷтимоӣ аз омӯзаҳои ӯ буд, ки бар онҳо таъкид дошт. [ 15 ]

Пас аз Ибни Таймия шогирдаш Ибни Қайими Ҷавзия (даргузашти 751ҳ.қ.) аслитарин мураввиҷи афкори ӯ буд. Пас аз ӯ низ Ибни Раҷаби Ҳанбалӣ (даргузашти 795ҳ.қ.) ин роҳро идома дод. [ 16 ] Дар миёни олимони ҳанбалии наслҳои баъд, гароиши салафӣ амре, роиҷ буд ва касоне чун Усмон ибни Қоид (даргузашт 1097ҳ.қ.) дар Наҷд ва Муҳаммад ибни Аҳмади Сафоринӣ дар Шом аз салафия будаанд. [ 17 ]

Муҳимтарин ҷараёнҳои салафӣ Ваҳҳобият, созмони Ихвонулмуслимин ва мактаби Девбандия аз муҳимтарин ҷараёнҳои мазҳабӣ ва иҷтимоии салафияанд:

Ваҳҳобият Мақолаи аслӣ: Ваҳҳобият Дар нимаи дувуми садаи дувоздаҳуми қамарӣ, Муҳаммад ибни Абдулваҳҳоб дар Арабистон бо бархӯрдорӣ аз ҳимояти Муҳаммад ибни Саъуд тавонист даъватеро дар нуқоти мухталифи Ҷазиратулъараб густариш диҳад. [Ниёзманди манбаъ] Андешаи вай бар мабонии фикрии Ибни Таймия устувор буд. [Ниёзманди манбаъ] Ӯро аз Ибни Таймия ҳам тундравтар донистаанд. [Ниёзманди манбаъ] Муҳаммад ибни Абдулваҳҳоб бо номи хурофаситезӣ, таъолими эътиқодиро бисёр тақлил дод ва зайли унвони ҷиҳод ҷамъи бузургеро басиҷ кард, ҳукумати оли Саъудро эҷод намуд ва зарбаи сахте бар ҳукумати усмонӣ ворид кард. [ 18 ]

Бино бар омӯзаҳои ваҳҳобӣ, зиёрати қубур ва сохти бинову мақбара ва гунбад бар қубур ҳаром ва тавассул бидъат ва мусталзими ширк аст. [ 19 ] Ваҳҳобиён пас аз тасаллут бар Арабистон, осори ба ҷо монда аз садри Исломро тахриб карданд. Тахриби қубури Бақиъ дар соли 1221 қамарӣ ва тахриби ҳарами Имом Ҳусайн (а) ва сирқати зариҳ ва ашёи қиматии он ва куштори теъдоде аз зоирони ҳарами Имом Ҳусайн (а) ва асир кардани занони шаҳри Карбало дар соли 1216 қамарӣ, аз ҷумлаи иқдомоти онон аст. [ 20 ]

Ихвонулмуслимин Созмони Ихвонулмуслимин, ҷараёни салафие аст, ки тавассути Ҳасан Албанно дар Миср таъсис шуд. Ҳасан Албанно пайрави ислоҳталаби пеш аз худ Рашид Ризо буд, ки аз як сӯй таҳти таъсири дидгоҳҳои Ибни Таймия ва Муҳаммад Абдуҳ, тафаккури салафӣ дошт; [ 21 ] ва аз сӯи дигар бо таъсирпазирӣ аз Сайидҷамолиддини Асадободӣ дар роҳи ваҳдати мусулмонон талош мекард. [ 22 ]

Ҳасан Албанно дар соли 1928 мелодӣ, ҳастаи аввалияи Ихвонулмуслиминро бо шаш нафар аз ҷавонони пайрави худ дар Миср ташкил дод. Ба зудӣ ин ҷамъият шуъбаҳои мутааддиде дар шаҳрҳои мухталифи Миср, Фаластин, Судон, Ироқ ва Сурия пайдо кард ва ӯ байни пайравонаш ба унвони муршиди ом лақаб ёфт. [ 23 ]

Муҳимтарин аҳдофи Ихвонулмуслимин таъсиси ҳукумати исломӣ, ислоҳоти иҷтимоӣ ва мухолифат бо истеъмор баршумурда шудааст. [ 24 ] Дар наслҳои баъд дар ҷамъияти Ихвонулмуслимин иншиъоб пайдо шуд ва ҷамъе аз ҷавонони исломгарои Ихвон бо илҳом аз андешаҳои Сайид Қутб, ки эҷоди низоми исломиро зарурӣ медонист, гурӯҳҳои ҷиҳодӣ ташкил доданд. [ 25 ]

Девбандия Мақолаи аслӣ: Девбандия Мактаби салафӣ дар шибҳи қорраи Ҳинд тавассути Шоҳвалиюллоҳи Деҳлавӣ (1114 - 1176ҳ.қ.) ниҳодина шуд. [ 26 ] Ӯ ки рисолае дар дифоъ аз Ибни Таймия дорад, [ 27 ] дар осораш аъмоле монанди зиёрати қубур, тавассул, истиғоса, назр ва қасамро аз мазоҳири ширк шуморида аст. [ 28 ]

Пас аз Шоҳвалиюллоҳ Деҳлавӣ, бархе аз шогирдони бовоситааш мадрасаи Девбандро таъсис карданд ва афкори ӯро нашр доданд. Ин мадраса ба зудӣ равнақ гирифт ва бо ҷазби донишҷӯёне аз саросари Ҳинд ва дигар кишварҳо ба бузургтарин мадрасаи илмияи Ҳинд мубаддал шуд. [ 29 ]

Пас аз инқилоби исломии Эрон, девбандия, ки аз гузашта бо шиа дар тақобул буд, бо ҳадафи ҷилавгирӣ аз шиа шудани аҳли суннати Покистон, анҷумани Сипоҳи саҳобаро ташкил дод. [ 30 ]

Салафиёни ҷиҳодӣ Бар пояи эътиқодоти ҷараёнҳои салафии даврони муосир, гурӯҳҳои ҷиҳодие шакл гирифтанд, ки бархе онҳоро салафияи ҷадид мехонанд. [ 31 ] Аз назари торихӣ, Абдулваҳҳоб дар ворид шудани мафҳуми «ширк» ба адабиёти салафӣ нақши асосӣ дорад, аммо амалан салафиҳои ҷадид ба иллати тақсим кардани ҳамаи афрод ба муваҳҳиду мушрик, ба салафиҳои такфирӣ маъруф шудаанд. [ 32 ]

Гурӯҳҳои такфирӣ бахши густардае аз мусулмононро кофир ва куштанашонро воҷиб медонанд ва ин корро «ҷиҳод» меноманд. [ 33 ]

Толибон Мақолаи аслӣ: Толибон Толибон, гурӯҳи салафию ҷиҳодӣ ва талфиқе аз мазҳаби девбандӣ ва қавмияти пашту аст, ки тавонист дар даврае дар Афғонистон ба қудрат бирасад. [ 34 ] Ҳастаи аслии толибонро муҷоҳидони ҳозир дар даргириҳои Афғонистону Шуравӣ ташкил медоданд. [ 35 ] Раҳбари Толибон, Мулло Муҳаммад Умар буд, ки пас аз тасарруфи Кобул ба дасти Толибон, амирулмӯъминин лақаб гирифт. Ҷамъияти Толибон Муллоумарро халифа мешумориданд ва мухолифони ӯро ёғии алайҳи халифа ва маҳдуруддам медонистанд. [ 36 ]

Толибон бо ҳаргуна таҷаддудгароӣ мухолифанд. Барои намуна дар ибтидо истифода аз телевизионро мамнуъ карданд. Ҳамчунин иҷоза намедоданд духтарон ба мадраса бираванд. [ 37 ] Онҳо марокизи зиёратӣ ва мероси фарҳангиро бо шиори мубориза бо бутпарастӣ тахриб мекарданд. [ 38 ]

Алқоъида Пас аз ҳамлаи Шуравӣ ба Афғонистон гурӯҳе аз мусулмонони тундрави араб, аз нуқоти мухталифи ҷаҳон бо ангезаи ҷиҳод дар ин минтақа ҳузур ёфтанд. Ин афрод, ки ба афғонҳои араб шуҳрат ёфтанд, таҳти раҳбарии Абдуллоҳ Изом, ки дидгоҳи ҷиҳодиёни Ихвонулмуслиминро дошт, созмон ёфтанд ва дар берун рондани Шуравӣ аз Афғонистон нақши муассире ифо карданд. [ 39 ]

Пас аз ҷанги Афғонистон ва марги Абдуллоҳ Изом, Усома ибни Лоден раҳбарии ин гурӯҳро баръуҳда гирифт ва бо таъсиси Алқоъида аз парокандагии афғони арабҳои муҷоҳид ҷилавгирӣ кард. Ӯ дар пайи таъсиси ҷабҳаи ҷаҳонии ҷиҳод барзидди яҳудиён ва салибиён баромад. [ 40 ] Ин гурӯҳ дар солҳои баъд, амалиётҳои террористии мутааддиде дар кишварҳои мухталифи ҷаҳон анҷом доданд, ки аз ҷумлаи онҳо ҳамалоти ёздаҳи сентябри 2001 дар кишвари Амрико аст. [ 41 ]

ДИИШ Мақолаи аслӣ: ДИИШ ДИИШ, мухаффаф (аддавлатул-исломия фи-л-Ироқи ваш- Шом) гурӯҳи такфирие аст, ки аз Алқоъида муншаъиб шудааст. Ин гурӯҳ дар соли 2006 мелодӣ бо унвони «Ҷамоъатут-тавҳиди вал-ҷиҳод» ба раҳбарии Абумусъаб Зарқовӣ дар Ироқ таъсис шуд [ 42 ] ва ба Алқоъидаи Ироқ машҳур буд. Сипас бахшҳое аз Ироқу Сурияро ишғол кард ва дар соли 2014 мелодӣ «Давлати исломӣ дар Ироқу Шом»-ро ташкил дод ва Абубакр Албағдодиро ба унвони халифа муаррифӣ кард. [ 43 ]

ДИИШ ҷиноёти бисёреро муртакиб шуд ва шумори бисёре аз афроди ғайринизомиро ба қатл расонд. [ 44 ] Куштори ифротии ДИИШ боис шуд, ҳатто Айман Аззавоҳирӣ, раҳбари Алқоъида ба он муътариз шавад, то ҷое, ки вай дар ниҳоят эълом кард ДИИШ ҳеҷ иртиботе бо Алқоъида надорад. [ 45 ]

Нигоҳи салафия ба шиа Ба гуфтаи бархе аз пажӯҳишгарон, аз назари торихӣ, салафигарӣ душмани худро дар даруни аҳли суннат таъриф карда буд, аммо салафиҳои ваҳҳобӣ, аз ибтидо барзидди шиаён иқдом карданд, ки куштори атабот дар давраи Муҳаммад ибни Абдулваҳҳоб намунаи он аст. Албатта салафиҳои ғайри ваҳҳобии монанди Ихвонулмуслимин, равобити муносибе бо шиаён доштанд, ҳатто дар мавориде барзидди Исроил бо якдигар ҳамкорӣ мекарданд, аммо салафиҳои ҷадид, шиаёнро мунҳариф медонанд. Онҳо бо таъкид бар хатари шиаён, талош мекунанд ҳамаи аҳли суннатро барзидди шиаён бо худ ҳамроҳ кунанд. [ 46 ]

Китобшиносӣ Аз замони Ибни Таймия то кунун, уламои шиа ва суннӣ китобҳои бисёре дар нақди салафия навиштаанд. Бархе аз онҳо иборатанд аз:

Ал-Мавоҳиб-ул-ладунния фи-л-манҳ-ил-Муҳаммадия, навиштаи Қасталонӣ (851 то 923ҳ.қ.) Ас-Савоъиқ-ул-Илоҳия фи-р-радди ала-л-ваҳҳобия, навиштаи Сулаймон ибни Абдулваҳҳоб (бародари Муҳаммад ибни Абдулваҳҳоб) Минҳоҷ-ур-рашод лиман арода-с-сидод, навиштаи Шайх Ҷаъфар Кошифулғитоъ Ас-Салафияту марҳалатун заманиятун муборака, ло мазҳабун исломӣ, навиштаи Муҳаммадсаид Рамазон Албуттӣ Кашф-ул-иртиёб фи атбоъи Муҳаммад ибни Абдулваҳҳоб, навиштаи Сайидмуҳсини Амин Оини Ваҳҳобият, навиштаи Ҷаъфари Субҳонӣ Ал-Ваҳҳобият-ул-мутатаррифа: мавсуъатун нақдия (мавсуъаи нақди ваҳҳобият). Ин китоб, ки панҷ ҷилдаш чоп шудааст, муштамил бар китобҳои нависандагони аҳли суннат дар радди ваҳҳобият аст. Фитнаи ваҳҳобият, навиштаи Аҳмад Сайид Зайнӣ Деҳлон. Ас-Салафият-ул-ваҳҳобия; афкоруҳо-л-асосия ва ҷузуруҳо-т-торихия, навиштаи Ҳасан ибни Алӣ ибни Ҳошим Саққоф Ваҳҳобият, мабонии фикрӣ ва корномаи амалӣ, навиштаи Ҷаъфари Субҳонӣ Қироатун фи-л-адиллат-ис-салафия, асари Марвон Халифот. Ат-Туҳфат-ул-мадания фи-л-ақидат-ис-салафия, навиштаи Абдусалом Оли Абдукарим