Ҳарами Аскарияйн

Аз wikishia
Марқади Имом Ҳодӣ алайҳиссалом

Ҳарами Аскарияйн ба арабӣ: حرم عَسْکَریَین ё ҳарами Имомайни Аскарияйн ба арабӣ: حرم امامین عسکریین, оромгоҳи Имом Ҳодӣ (а) (шаҳодат 254ҳ.қ.) ва фарзандаш Имом Ҳасани Аскарӣ (а) (шаҳодат 260ҳ.қ.) аст. Ин оромгоҳ дар шаҳри Сомирро қарор дорад ва аз муҳимтарин зиёратгоҳҳои шиаён дар кишвари Ироқ ба шумор меояд.

Нарҷисхотун ҳамсари Имом Ҳасани Аскарӣ (а) ва модари Имом Маҳдӣ (аҷ), Ҳакима духтари Имом Ҷавод (а) ва теъдоди дигаре аз содот ва уламои шиа низ дар ин ҳарам мадфунанд.

Имом Ҳодӣ (а) дар соли 254 қамарӣ ва Имом Аскарӣ (а) дар соли 260 қамарӣ дар хонаи худ дафн шуданд. Дар соли 328 қамарӣ нахустин гунбад бар қабри он ду бино шуд ва пас аз он дар давраҳои мухталиф мараммат, такмил ва навсозӣ шудааст.

Дар солҳои 1384 ва 1386 шамсӣ, қисматҳое аз он дар инфиҷори террористӣ тахриб шуд. Пас аз ин ҳамалот, ситоди бозсозии атабот ва дафтари Оятуллоҳ Систонӣ ба тартиб боргоҳ ва зариҳи ин ду Имомро бозсозӣ карданд.

Мавқеият ва ҷойгоҳ

Ҳарами Аскарияйн (а) оромгоҳи ду тан аз имомони шиа ва аз зиёратгоҳҳои шиаён дар кишвари Ироқ аст. Ин ҳарам дар шаҳри Сомирро (шаҳре дар 120 километрии шимоли Бағдод) воқеъ аст.[1] Дар ривоёти шиа ба зиёрати марқади имомон супориш шудааст.[2] Ҳарсола шиаёни бисёре аз манотиқи мухталифи ҷаҳон қабри Имом Ҳодӣ (а) ва Имом Аскарӣ (а)-ро дар Сомирро зиёрат мекунанд.

Таърихча

Имом Ҳодӣ (а) ва Имом Ҳасани Аскарӣ (а), имоми даҳум ва ёздаҳуми шиаён баъд аз шаҳодат, дар манзилашон дар Сомирро ба хок супурда шуданд.[3] Имом Ҳодӣ (а) ин хонаро аз Далел ибни Яъқуби насронӣ харида буд.[4] Ба гуфта Забеҳуллоҳи Маҳаллотӣ, хонае ки имомайни Аскарияйн дар он дафн буданд, то соли 328 қамарӣ ба ҳамон ҳолати аввалия буд; албатта панҷарае бар он насб шуда буд ва бархе аз мардум аз беруни хона, қабри имомонро зиёрат мекарданд.[5] Маҳаллотӣ бо истинод ба сурудаи Муҳаммади Самовӣ (1292 - 1370ҳ.қ.), Носируддавлаи Ҳамадонӣ (ҳукумат 323 - 356ҳ.қ.) аз ҳокимони Оли Ҳамдонро нахустин касе донистааст, ки дар ин хона таъмироте анҷом дод ва дар соли 328 қамарӣ, бар қабри ду имом қуббае бино кард.[6] Пас аз он таъмирот ва бозсозиҳои мухталифе дар ҳарами Аскарияйн анҷом шудааст. Муизуддавлаи Дайламӣ[7] ва Азудуддавлаи Дайламӣ[8] аз ҳокимони Оли Бувайҳ (ҳукумат 322 - 448ҳ.қ.), Арсалони Басосирӣ (даргузашт 451ҳ.қ.),[9] Султон Баркиёрақ (даргузашт 498ҳ.қ.) аз подшоҳони Салҷуқӣ,[10] Аҳмад Анносир лидиниллоҳ, Алмустансар Биллоҳ халифаи аббосӣ (575–622ҳ.қ.),[11] Султон Ҳасан Ҷалоирӣ (даргузашт 776ҳ.қ.),[12] султон Ҳусайни Сафавӣ (ҳукумат 1105 - 1135ҳ.қ.)[13] аз шоҳони Сафавӣ, Аҳмадхони Денбелӣ,[14] Ҳасанқулихони Денбелӣ (даргузашт 1297ҳ.ш.),[15] Носириддиншоҳи Қоҷор (ҳукумат 1264-1313ҳ.қ.) ва Мирзои Шерозӣ (1230 - 1312ҳ.қ.)[16] аз афроде буданд, ки ба дастури онҳо ҳарами Аскарияйн таъмир ё бозсозӣ шудааст.

Тахриб дар ҳамлаи террористӣ

Мақолаи аслӣ: Тахриби ҳарами Аскарияйн

Ҳарами Аскарияйн дар солҳои 1384 ва 1386 шамсӣ, дар амалиётҳои террористии гуруҳҳои такфирӣ мунфаҷир шуд, ки ба тахриби он анҷомид. Ин иқдом, вокунеши мароҷеи тақлид ва шиаёнро дар манотиқи мухталифи ҷаҳон дар пай дошт. Дар ин бомбгузорӣ, гунбади ҳарам бо пӯшиши оҷурӣ ва тиллокориаш ва ҳамчунин тазъиноти кошикорӣ дар деворҳои он, фурӯ рехт, аммо пояҳои гунбад, баданаи аслӣ ва деворҳо, солим боқӣ монд.[17] Ситоди бозсозии атаботи олиёти Эрон тайи солҳои 1389 шамсӣ то 1394 шамсӣ ҳарамро бозсозӣ кард.[18] Дар ин бозсозӣ, гунбади ҳарам бо беш аз 23 ҳазор хишт, тиллокорӣ шуд.[19] Ҳамчунин, сохти зареҳи ҷадиди он зери назари Сайидҷаводи Шаҳристонӣ, намояндаи Оятуллоҳ Систонӣ дар Эрон анҷом шуд.[20]

Меъморӣ ва сохтмон

Ҳарами Аскарияйн аз бахшҳои мухталифе ташкил шудааст, бархе аз онҳо иборатанд аз:

  • Гунбад: гунбади ҳарами Аскарияйн як ҳазору 200 метри мураббаъ масоҳат дорад ва бузургтарин гунбади ҳарамҳои имомони шиа аст.[21]
  • Гулдастаҳо: дар ду тарафи гунбад, ду гулдаста қарор дорад, ки қисматҳои болои онҳо тиллокорӣ шудааст.[22]
  • Зариҳ: дар сохти зариҳ чаҳор ҳазору 500 килограм нуқра ва 70 килограм тилло истифода шудааст.[23]
  • Саҳн: ҳарами Аскарияйн як саҳн дорад, ки аз идғоми саҳни имомайн ба масоҳати 78 метр тӯл ва 77 метр арз, саҳни Мусалло ба тӯли 50 метр ва арзи 40 метр ва саҳни Ал-Ғайба 64 метр тӯл ва 61/5 метр арз ташкил шудааст.[24]

Мадфунон

Мақолаи аслӣ: Феҳристи мадфунон дар ҳарами Аскарияйн (а)

Ба гуфтаи Забеҳуллоҳи Маҳаллотӣ дар китоби Маосир-ул-кубро фи таърихи Сомирро дар ҳарами Аскарияйн, қабри Нарҷис модари ҳазрати Маҳдӣ (аҷ), Ҳакима духтари Имом Ҷавод (а), модари Имом Аскарӣ (а), Ҳусайн ибни Алии Ҳодӣ, бародари Имом Аскарӣ (а), Ҷаъфари каззоб ва Абуҳошими Ҷаъфарӣ аз наводаҳои Ҷаъфари Тайёр низ қарор дорад.[25] Самонаи Мағрибия модари Имом Ҳодӣ (а),[26] Аҳмадхони Денбелӣ (даргузашт 1200ҳ.қ.) ва фарзандаш Ҳусайнқулихони Денбелӣ[27] ва Оқоризо Ҳамадонӣ (даргузашти 1322ҳ.қ.)[28] аз шогирдони Мирзои Шерозӣ дар Сомирро дар ин ҳарам мадфунанд.

Нигорхона

Нақшаи ҳарами Аскарияйн
Тасвире аз зариҳи ҷадиди ҳарами Аскарияйн, ки дар Қум сохта шудааст.
Тахриби ҳарами Аскарияйн бар асари инфиҷорҳои террористӣ

Ҷусторҳои вобаста

Ҷусторҳои вобаста

Эзоҳ

  1. Қоидон, Атаботи олиёти Ироқ, 1387ҳ.ш., саҳ.193.
  2. Барои намуна нигоҳ кунед ба Шайхи Тӯсӣ, Таҳзиб-ул-аҳком, 1407ҳ.қ., ҷ.6, саҳ.93.
  3. Маҳаллотӣ, Маосир-ул-кубро, 1384ҳ.ш., ҷ.1, саҳ.315.
  4. Хатиби Бағдодӣ, Таърихи Бағдод, 1422ҳ.қ., ҷ.13, саҳ.518.
  5. Маҳаллотӣ, Маосир-ул-кубро, 1384ҳ.ш., ҷ.1, саҳ.317.
  6. Маҳаллотӣ, Маосир-ул-кубро, 1384ҳ.ш., ҷ.1, саҳ.318.
  7. Маҳаллотӣ, Маосир-ул-кубро, 1384ҳ.ш., ҷ.1, саҳ.321.
  8. Маҳаллотӣ, Маосир-ул-кубро, 1384ҳ.ш., ҷ.1, саҳ.324.
  9. Маҳаллотӣ, Маосир-ул-кубро, 1384ҳ.ш., ҷ.1, саҳ.344.
  10. Маҳаллотӣ, Маосир-ул-кубро, 1384ҳ.ш., ҷ.1, саҳ.347 - 348.
  11. Маҳаллотӣ, Маосир-ул-кубро, 1384ҳ.ш., ҷ.1, саҳ.350.
  12. Маҳаллотӣ, Маосир-ул-кубро, 1384ҳ.ш., ҷ.1, саҳ.377.
  13. Маҳаллотӣ, Маосир-ул-кубро, 1384ҳ.ш., ҷ.1, саҳ.379 - 380.
  14. Маҳаллотӣ, Маосир-ул-кубро, 1384ҳ.ш., ҷ.1, саҳ.386.
  15. Маҳаллотӣ, Маосир-ул-кубро, 1384ҳ.ш., ҷ.1, саҳ.393.
  16. Сиҳҳатии Сардрудӣ, Гузидаи симои Сомирро, 1388ҳ.ш., саҳ.67.
  17. Хомаёр, Тахриби зиёратгоҳҳои исломӣ дар кишварҳои арабӣ, 1393ҳ.ш., саҳ.29 ва 30.
  18. “Тахриб ва бозсозии ҳарами имомайни Аскарияйн (а)”, хабаргузории Форс.
  19. “Тахриб ва бозсозии ҳарами имомайни Аскарияйн (а)”, хабаргузории Форс.
  20. “Сохти зариҳи мутаҳҳари имомайни Аскарияйн”, садо ва симои маркази Қум.
  21. “Тахриб ва бозсозии ҳарами имомайни Аскарияйн (а)” хабаргузории Форс.
  22. “Гулдастаҳои ҳарами имомайни Аскарияйн (а) аз тахриб то тиллокорӣ”, Машриқнюз.
  23. “Сохти зариҳи мутаҳҳари имомайни Аскарияйн”, садо ва симои маркази Қум.
  24. Қоидон, Атаботи олиёти Ироқ, 1387ҳ.ш., саҳ.208.
  25. Маҳаллотӣ, Маосир-ул-кубро, 1384ҳ.ш., ҷ.1, саҳ.315.
  26. Қоидон, Атаботи олиёти Ироқ, 1387ҳ.ш., саҳ.206.
  27. Қоидон, Атаботи олиёти Ироқ, 1387ҳ.ш., саҳ.218.
  28. Қумӣ, ал-Фавоид-ур-Разавия, 1385ҳ.ш., ҷ.2, саҳ.382.

Сарчашма

  • “Тахриб ва бозсозии ҳарами имомайни Аскарияйн (а)”, хабаргузории Форс, дарҷи матлаб, 4 озари 1399ҳ.ш., мушоҳида 31 мурдоди 1401ҳ.ш.
  • Хомаёр, Аҳмад, Тахриби зиёратгоҳҳои исломӣ дар кишварҳои арабӣ, Қум, Дорулэълом лимадрасат Аҳлилбайт (а), 1393ҳ.ш.
  • Хатиби Бағдодӣ, Аҳмад ибни Алӣ, Таърихи Бағдод, таҳқиқи Башшор Авод Маъруф, Бейрут, Дорулғарбил-исломӣ, алтабъатул уло, 1422ҳ.қ./2002м.
  • “Сохти зариҳи мутаҳҳари имомайни Аскарияйн”, садо ва симои маркази Қум, мушоҳида 31 мурдоди 1401ҳ.ш.
  • Шайхи Муфид, Муҳаммад ибни Муҳаммад, ал-Иршод фи маърифати ҳуҷаҷиллоҳи ала-л-ибод, тасҳеҳи муассисаи Олулбайт алайҳимуссалом, Қум, конгресси Шайхи Муфид, чопи аввал, 1413ҳ.қ.
  • Сиҳҳатии Сардрудӣ, Муҳаммад, Гузидаи симои Сомирро Синои се Мусо, Машъар, Теҳрон, 1388ҳ.ш.
  • Тӯсӣ, Муҳаммад ибни Ҳасан, Таҳзиб-ул-аҳком, таҳқиқи Ҳасан Мусавии Хирсон, Теҳрон, Дорулкутубил-исломия, чопи чаҳорум, 1407ҳ.қ.
  • Қоидон, Асғар, Атаботи олиёти Ироқ, Теҳрон, Машъар, 1387ҳ.ш.
  • Қумӣ, Шайх Аббос, ал-Фавоид-ур-Разавия фи аҳволи уламо-ил-мазҳаб-ил-Ҷаъфария, Қум, Бустони китоб, 1385ҳ.ш.
  • “Гулдастаҳои ҳарами имомайни Аскарияйн (а) аз тахриб то тиллокорӣ”, Машриқнюз, дарҷи матлаб 2 хурдоди 1400ҳ.ш., мушоҳида 31 мурдоди 1401ҳ.ш.
  • Маҳаллотӣ, Забеҳуллоҳ, Маосир-ул-кубро фи таърихи Сомирро, Қум, алмактабатул-ҳайдария, 1384ҳ.ш./1426ҳ.қ.