Эҳқоқ-ул-ҳақ ва изҳоқ-ул-ботил (китоб)

Аз wikishia
(Тағйири масир аз Эҳқоқ-ул-ҳақ)
Тасвире аз ҷилди китоби Эҳқоқ-ул-ҳақ, бо таълиқот ва мулҳақоти Сайидшаҳобиддин Маръашии Наҷафӣ

Эҳқоқ-ул-ҳақ ва изҳоқ-ул-ботил (арабӣ:ِاِحْقاقُ الحَقّ و اِزْهاقُ الباطِل) машҳур ба Эҳқоқ-ул-ҳақ китоби каломӣ, навиштаи Қозӣ Нуруллоҳи Шуштарӣ - олими шиа (ваф.1019ҳ.қ.) аст.

Ин китоб дар дифоъ аз вилоят ва имомати Имом Алӣ (а), табйини андешаҳои каломии шиа ва дар радди китоби "Ибтолу наҳҷ-ил-ботил ва иҳмолу кашф-ил-отил", навиштаи Фазлуллоҳ ибни Рӯзбаҳон - олими суннимазҳаби қарни нуҳуми қамарӣ навишта шудааст.

Равиши Қозӣ Нуруллоҳи Шуштарӣ дар ин китоб мунозира буда ва илова бар мабоҳиси каломӣ аз шеърҳои форсӣ ва арабӣ низ истифода кардааст.

Дар ин китоб, бархе аз мабоҳиси ихтилофии байни шиа ва аҳли суннат ба таври муқоисаӣ баҳс шуда ва бахшбандии он ҳамонанди китоби Наҳҷ-ул-ҳаққи Аллома Ҳиллӣ аст. Аз матолиби китоб, дар нигориши китобҳое чун Исбот-ул-ҳудот би-н-нусуси ва-л-муъҷизот ва Биҳор-ул-анвор низ истифода шудааст.

Китоби Эҳқоқ-ул-ҳақ дар нусхаҳои ду ҷилдӣ ва чаҳор ҷилдӣ чоп шуда ва бар он шарҳ, тарҷума ва такмилаҳое низ навишта шудааст. Ин китоб бо таълиқот ва мулҳақоте, ки зери назари Сайидшаҳобиддин Маръашии Наҷафӣ ба он изофа шудааст, то кунун 36 ҷилди он ба чоп расидааст.

Нависанда

Мақолаи аслӣ: Сайид Нуруллоҳ Ҳусайнии Шуштарӣ

Сайид Нуруллоҳ Ҳусайнии Маръашӣ (956 - 1019ҳ.қ.)[1] маъруф ба Қозӣ Нуруллоҳи Шуштарӣ – мутакаллим ва фақеҳи шиа дар давраи Сафавия аст.[2] Ӯ дар замони Акбршоҳи Гӯрконӣ (ҳукумат: 963 - 1014ҳ.қ.), ба Ҳинд рафт ва худро пайрави мазҳаби Шофеӣ муаррифӣ кард[3] ва дар Лоҳур ба мақоми қазоват расид.[4]

Бо ба даст овардани китоби Маҷолис-ул-муъминин, навиштаи Қозӣ Нуруллоҳ, дар ҳукумати Ҷаҳонгиршоҳ (ҳукумат: 1014-1037ҳ.қ.), шиа будани Қозӣ Нуруллоҳ собит ва аз қазоват барканор шуд ва ба дасти носибиҳо ба шаҳодат расид;[5] албатта ба гуфтаи Муҳаммадалӣ Мударриси Табрезӣ, Оқобузурги Теҳронӣ ва ғ. далели шаҳодати ӯ навиштани китоби Эҳқоқ-ул-ҳақ будааст.[6]

Аҳамият

Китоби Эҳқоқ-ул-ҳақ дар радди китоби Ибтол-ул-ботили Фазл ибни Рӯзбаҳон - олими суннимазҳаби қарни нуҳуми қамарӣ навиштааст.[7] Китоби Ибтол-ул-ботил дар радди бахши имомати китоби Наҳҷ-ул-ҳақ, асари Аллома Ҳиллӣ - мутакаллими шиа (ваф.726ҳ.қ.) навишта шуда буд.[8]

Мутолиаи китоби Эҳқоқ-ул-ҳақ барои равшан шудани мабоҳиси ихтилофии шиа ва аҳли суннат муфид дониста шудааст.[9] Гуфта шудааст, Аллома Маҷлисӣ - муҳаддиси шиа дар қарни дувоздаҳуми қамарӣ, мутолиаи онро бар ҳар шиа лозим медонист.[10] Ҳамчунин аз Мирзои Қумӣ (ваф.1231ҳ.қ.) нақл шудааст, ки ӯ, каломи Қозӣ Нуруллоҳ дар Эҳқоқ-ул-ҳақро аз назари таҳқиқу татаббуъ, аз каломи Аллома Ҳиллӣ дар Наҳҷ-ул-ҳақ, беҳтар донистааст.[11]

Ба гуфтаи Қозӣ Нуруллоҳ, ӯ ин китобро дар соли 1014ҳ.қ., ва дар ҳафт моҳ нигоштааст.[12] Сайидэъҷоз Ҳусайни Кантурӣ (ваф.1286ҳ.қ.) ин муддатро барои нусхабардорӣ аз ин китоб нокофӣ шуморидааст.[13]

Аз матолиби китоби Эҳқоқ-ул-ҳақ, дар нигориши китобҳое чун Исбот-ул-ҳудот би-н-нусуси ва-л-муъҷизот ва Биҳор-ул-анвор истифода шудааст.[14]

Ин китоб тавассути Мавлоно Сайид Абдулҳусайн - олими аҳли Синд (ваф.1381ҳ.қ.) тадрис мешудааст.[15]

Равиш

Қозӣ Нуруллоҳи Шуштарӣ дар китоби Эҳқоқ-ул-ҳақ аз равиши мунозира истифода кардааст. Вай дар ин китоб ба мабоҳиси каломӣ басанда накарда, ва аз шеърҳои форсию арабӣ низ истифода кардааст.[16]

Дар муқаддимаи китоби Эҳқоқ-ул-ҳақ, матни хутбаи Фазл ибни Рӯзбаҳон нақл ва нақд шудааст.[17] Сипас матни китоби Наҳҷ-ул-ҳаққи Аллома Ҳиллӣ бо иборати «қолал-мусаннифу рафаъллоҳу дараҷатаҳ/قالَ المُصَنِّفُ رَفَعَ اللهُ دَرَجَتَه; нависанда ки Худо рутбаи ӯро боло барад, гуфт» ё «яқулу раҳимаҳуллоҳ/ یَقولُ رَحِمَهُ الله; нависанда, ки Худо ӯро раҳмат кунад мегӯяд» зикр шудааст. Ба дунболи он раддияи Фазл ибни Рӯзбаҳон, бар китоби Наҳҷ-ул-ҳақ бо иборати «қолан-носибу хафазаҳуллоҳ/ قال الناصِبُ خَفَضَهُ الله; носибӣ ки Худо ӯро пасту хор кунад, гуфт» баён шуда ва пас аз он дар радди гуфтаи Фазл ибни Рӯзбаҳон, назари нависанда бо калимаи «ақулу; мегӯям» ироа шудааст.[18]

Мазмун

Дар китоби Эҳқоқ-ул-ҳақ, бархе аз мабоҳиси ихтилофии байни шиа ва аҳли суннат ба таври муқоисавӣ баҳс шудааст. Бахшбандии китоб ҳамонанди китоби Наҳҷ-ул-ҳаққи Аллома Ҳиллӣ,[19] аст ва матолиби он дар ҳашт бахш омадааст.

  • Идрок; дар он ба адами имкони руъяти Худо пардохта шудааст.[20]
  • Назар ва фикр; ки дар он ба вуҷуби ақлии шинохти Худо пардохта шудааст;[21]
  • Сифоти Худованд; дар ин бахш матолибе монанди ҷисм набудани Худо, мутакаллим будани Ӯ, адолати Худо, ҳусн ва қубҳи ақлӣ ва ихтиёри бандагон баҳс шудааст.[22]
  • Набувват; ки дар он аз исмати пайғамбарон (а) ва пок будани онон аз пастӣ, куфр ва нопокии волидайн баҳс шудааст.[23]
  • Имомат; дар он ба исмати Имом (а), бартар будани ӯ аз дигарон, роҳи таъйини имоми маъсум (а) ва далелҳои ақлӣ ва нақлӣ бар имомати Имом Алӣ (а) пардохта шудааст.[24]
  • Маъод; дар он матолибе монанди маъоди ҷисмонӣ ва истеҳқоқи савобу азоб зикр шудааст.[25]
  • Усули фиқҳ; дар он ба мабоҳисе монанди иҷмоъ, амру наҳй, тахсис, насх, қиёс ва истеҳсон пардохта шудааст.[26]
  • Фиқҳ; ки дар он бархе аз масоили фиқҳӣ монанди таҳорат, закот, никоҳ, ҷиноёт ва сайд баён шудааст.[27]

Аз онҷо ки равиши Нуруллоҳ дар тадвин ва танзими китобаш ин гуна аст, ки калима ба калима фарозҳое аз «Наҳҷ-ус-сидқ»-и Аллома Ҳиллиро бо ҷумлаи «қолал-мусанниф «рафаъаллоҳу дараҷатаҳ»» нақл мекунад, ба дунболи он нақди Фазл ибни Рӯзбаҳон бо ҷумлаи «қолан-носиб «хафазаҳуллоҳ»-ро меоварад ва сипас дар радди гуфтаи Фазл, назарашро бо таҷзия ва таҳлили суханони ҳар ду ироа мекунад.

Нахустин матлаб дар китоби Эҳқоқ-ул-ҳақро низ бар ҳамин асос бо унвони (ал-масъалатул-аввалии фил-идрок ва фи мабоҳисил мабҳасил-аввал фи урфиятил-идрок/المسألة الاولى في الإدراك و فيه مباحث‌ المبحث الاول فى اعرفية الادراك) ба нақл аз китоби «Наҳҷ-ул-ҳақ ва кашф-ус-сидқ»-и Аллома Ҳиллӣ шурӯъ кардааст ва дар идома аз Фазл ибни Рӯзбаҳон нақл кардааст, ки ӯ идрокро бо муғолита ба маънои руъят дониста ва дар ниҳоят Қозӣ Нуруллоҳ ба нақд ва баррасии каломи Ибни Рӯзбаҳон пардохтааст.[28]

Ривояти поёнии китоб аз Пайғамбари Худо (с) дар бораи зуҳури Имоми Замон (а) ва ҳукумати ӯ бо ин мазмун аст, ки дар охируззамон, ки уммати Пайғамбар гирифтори балои шадид мешаванд, Худованд марде аз уммати ӯро мабъус мекунад ва ӯ заминро пас аз инки пур аз зулм шудааст, аз адл пур мекунад ва ӯро сокинони замину осмон дӯст медоранд ва осмон бар онон меборад ва замин мерӯёнад (ва ин баракату рифоҳу роҳатӣ) то ба он ҳад аст, ки зиндагон орзу мекунанд, ки эй кош мурдагон буданду медиданд. [Ёддошт 1]

Такмила, шарҳ ва тарҷумаҳо

Тасвири китоби Далоил-ус-сидқ ли наҳҷ-ил-ҳақ

Бар Эҳқоқ-ул-ҳақ такмила, шарҳ ва тарҷумаҳое навишта шудааст. Аз ҷумла:

  • Далоил-ус-сидқ ли наҳҷ-ил-ҳақ, асари Муҳаммадҳасани Музаффар (ваф.1375ҳ.қ.) - мутакаллими шиа, дар такмили Эҳқоқ-ул-ҳақ.[29]
  • Шарҳ ва мулҳақоте, ки зери назари Сайидшаҳобиддини Маръашии Наҷафӣ дар 36 ҷилд (то соли 1392ҳ.ш.), тавассути китобхонаи Оятуллоҳ Маръашии Наҷафӣ, чоп шудааст.[30] Дар ин шарҳ дар ҷилдҳои аввал то сеюм масъалаи нахуст (идрок), то масъалаи панҷум (имомат) ва аз ҷилди чаҳорум ба баъд масъалаи имомат шарҳ шудааст ва матолибе ба он афзуда шудааст.[31]
  • Тарҷумаи форсӣ: ин китоб дар давраи Шоҳ Сулаймони Сафавӣ (1077 - 1105ҳ.қ.), тавассути Насриддин Ҳусайн ибни Абдулваҳҳоби Беҳбаҳонӣ бо унвони «Эзоҳи Эҳқоқ-ул-ҳақ» ба форсӣ тарҷума шудааст.[32] Ҳамчунин Мирзо Муҳамади Ноинӣ (ваф.1305ҳ.қ.) онро ба форсӣ баргардондааст.[33]
  • Тарҷумаи урду: ин китоб тавассути Мавлавӣ Муҳаммадалии Синдии Ҳоирии Ҳиндӣ[34] ва Сайидҳасан Каҳҷурӣ (ваф.1352ҳ.қ.)[35] ба забони урду тарҷума шудааст.

Нусхаҳои хаттӣ

Саҳифаи нахусти нусхаи хаттии китоби Эҳқоқ-ул-ҳақ, ки дар китобхонаи Маҷлиси шӯрои исломӣ нигаҳдорӣ мешавад.[36]

Нусхаҳои хаттии мухталифе аз китоби Эҳқоқ-ул-ҳақ вуҷуд дорад,[37] бархе аз онҳо иборатанд аз:

  • Нусхае ки аз рӯи хати нависанда дар соли 1068ҳ.қ., навишта шудааст. Оқобузурги Теҳронӣ ин нусхаро дар китобхонаи шахсии Абдулҳусайни Теҳронӣ дар Карбало дидааст.[38]
  • Нусхае ки дорои ҳавошии нависандааст. Ин нусха дар китобхонаи Маҷлиси шӯрои исломии Эрон нигаҳдорӣ мешавад.[39]
  • Нусхае ки Оятуллоҳ Маръашӣ барои тасҳеҳи Эҳқоқ-ул-ҳақ аз он истифода кардааст. Ин нусха дар китобхонаи шахсии Мударрис Хиёбонии Табрезӣ қарор доштааст.[40]

Нашр

Китоби Эҳқоқ-ул-ҳақ, дар соли 1273ҳ.қ., дар чаҳор ҷилд бо чопи сангӣ дар Эрон мунташир шуд[41] ва дар соли 1326ҳ.қ., нимаи нахусти он дар Миср ба чоп расид.[42] Интишороти Мактабатул-исломия низ, ин китобро дар соли 1396ҳ.қ., дар Теҳрон мунташир кард.[43]

Ин китоб дар солҳои 1437ҳ.қ./2016м., ва 1438ҳ.қ./2017м., ба таҳқиқи Абуззаҳро ал-Мустафавӣ дар Деҳлии нав тавассути Маркази эҳёи осори Барри Сағир ба чоп расидааст; албатта то соли 1438ҳ.қ., ду ҷилд аз ин чоп мунташир шудааст, ки шомили чаҳор масъалаи нахусти китоб, аз «Идрок» то «набувват» аст.[44]

Эзоҳ

  1. Озод Кашмирӣ, Нуҷум-ус-само, 1387ҳ.ш., ҷ.1, саҳ.13.
  2. Мударриси Табрезӣ, Райҳонат-ул-адаб, 1369ҳ.ш., ҷ.3, саҳ.384.
  3. Садр, Такмилату амал-ил-омил, 1420ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.173.
  4. Мударриси Табрезӣ, Райҳонат-ул-адаб, 1369ҳ.ш., ҷ.3, саҳ.384.
  5. Озод Кашмирӣ, Нуҷум-ус-само, 1387ҳ.ш., ҷ.1, саҳ.15.
  6. Оқобузурги Теҳронӣ, аз-Зариъа, 1403ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.290; Мударриси Табрезӣ, Райҳонат-ул-адаб, 1369ҳ.ш., ҷ.3, саҳ.386; Қумӣ, ал-Фавоид-ур-Разавийя, 1385ҳ.ш., ҷ.2, саҳ.1063.
  7. Оқобузурги Теҳронӣ, аз-Зариъа, 1403ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.290.
  8. Оқобузурги Теҳронӣ, аз-Зариъа, 1403ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.290.
  9. Қоидӣ, “Муаррифии китоби Эҳқоқ-ул-ҳақ”, саҳ.113.
  10. Ҳусайнӣ, Файзуллоҳ, 1327ҳ.ш., саҳ.55; Шуштарӣ, Эҳқоқ-ул-ҳақ, 1409ҳ.қ., саҳ.33 ва 34.
  11. Кабудароҳангӣ, Миръот-ул-ҳақ, 1238ҳ.ш., саҳ.104.
  12. Шуштарӣ, Эҳқоқ-ул-ҳақ, 1409ҳ.қ., ал-Муқаддимаи ҷ.1, саҳ.32.
  13. Кантурӣ, ал-Ҳуҷуб ва-л-астор, 1409ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.27.
  14. Барои намуна нигоҳ кунед ба Шайх Ҳурри Омилӣ, Исбот-ул-ҳудот, 1422ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.295; Маҷлисӣ, Биҳор-ул-анвор, 1404ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.22.
  15. Барои намуна нигоҳ кунед ба Садрул-Афозил, Матлаъи анвор, 1374ҳ.ш., саҳ.343.
  16. Сиҳҳатии Сардрудӣ, “Дар сояи Эҳқоқ-ул-ҳақ”, саҳ.66.
  17. Сиҳҳатии Сардрудӣ, “Дар сояи Эҳқоқ-ул-ҳақ”, саҳ.66.
  18. Сиҳҳатии Сардрудӣ, “Дар сояи Эҳқоқ-ул-ҳақ”, саҳ.66.
  19. Аллома Ҳиллӣ, Наҳҷ-ул-ҳақ, 1982м., саҳ.51 - 429.
  20. Шуштарӣ, Эҳқоқ-ул-ҳақ, 1409ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.75 - 147.
  21. Шуштарӣ, Эҳқоқ-ул-ҳақ, 1409ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.147 - 159.
  22. Шуштарӣ, Эҳқоқ-ул-ҳақ, 1409ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.163 - ҷ.2, саҳ.189.
  23. Шуштарӣ, Эҳқоқ-ул-ҳақ, 1409ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.190 - 276.
  24. Шуштарӣ, Эҳқоқ-ул-ҳақ, 1409ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.286 - ҷ.3, саҳ.501.
  25. “Нусхаи хаттии китоби Эҳқоқ-ул-ҳақ”, Китобхона, музей ва маркази асноди Маҷлиси шӯрои исломӣ.
  26. “Нусхаи хаттии китоби Эҳқоқ-ул-ҳақ”, Китобхона, музей ва маркази асноди Маҷлиси шӯрои исломӣ.
  27. “Нусхаи хаттии китоби Эҳқоқ-ул-ҳақ”, Китобхона, музей ва маркази асноди Маҷлиси шӯрои исломӣ.
  28. Шуштарӣ, Эҳқоқ-ул-ҳақ ва изҳоқ-ул-ботил, ҷ.1, саҳ.75.
  29. Ҳаким, ал-Муфассал фи таърих-ин-Наҷаф-ил-ашраф, 1427ҳ.қ., ҷ.7, саҳ.331.
  30. “Падарам васият кард маро дар вурудии китобхона ва зери пои толибони улуми Оли Муҳаммад дафн кунед”, хабаргузории Расо.
  31. Шуштарӣ, Эҳқоқ-ул-ҳақ, 1409ҳ.қ., ҷ.1 - 34.
  32. Ҳуҷҷатӣ, “Гузорише аз таълифи китоби Эҳқоқ-ул-ҳақ ва муаллифи он”, саҳ.106.
  33. Оқобузурги Теҳронӣ, аз-Зариъа, 1403ҳ.қ., ҷ.‏4, саҳ.75.
  34. Оқобузурги Теҳронӣ, аз-Зариъа, 1403ҳ.қ., ҷ.‏4, саҳ.75.
  35. Луҷанат-ул-илмӣ фи муассисат-ил-Имомис-Содиқ (а), Муъҷаму табақот-ил-мутакаллимин, 1424ҳ.қ., ҷ.‏5, саҳ.338.
  36. “Нусхаи хаттии китоби Эҳқоқ-ул-ҳақ”, Китобхона, музей ва маркази асноди Маҷлиси шӯрои исломӣ.
  37. Ҳуҷҷатӣ, “Гузорише аз таълифи китоби Эҳқоқ-ул-ҳақ ва муаллифи он”, саҳ.106.
  38. Оқобузурги Теҳронӣ, аз-Зариъа, 1403ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.290.
  39. “Эҳқоқ-ул-ҳақ нусхаи хаттӣ”, Китобхона, музей ва маркази асноди Маҷлиси шӯрои исломӣ.
  40. Шуштарӣ, Эҳқоқ-ул-ҳақ, 1409ҳ.қ., саҳ.29.
  41. Рафоъӣ, Муъҷам-ул-матбуъот-ил-арабийя фи Ирон, 1414ҳ.қ., саҳ.52.
  42. Рафоъӣ, Муъҷаму мо кутиби ан-ир-Расул ва Аҳли-л-Байт (а), 1371ҳ.ш., ҷ.‏5, саҳ.157.
  43. Рафоъӣ, Муъҷаму мо кутиби ан-ир-Расул ва Аҳли-л-Байт (а), 1371ҳ.ш., ҷ.‏5, саҳ.157.
  44. Шуштарӣ, Эҳқоқ-ул-ҳақ, 1437ҳ.қ., ҷ.1, муқаддама, с «л», ҷ.2, феҳрист.

Ёддошт


Сарчашма

  • Аллома Маҷлисӣ, Муҳаммадбоқир, Биҳор-ул-анвор, Бейрут, муассисатул-Вафо, 1404ҳ.қ.
  • Аллома Ҳиллӣ, Ҳасан ибни Юсуф, Наҳҷ-ул-ҳақ ва кашф-ус-сидқ, бо муқаддимаи Ризо Садр, бо ҳошияи Фараҷуллоҳ Ҳусайнӣ, Бейрут, Дорул-китобил-лубнонӣ, 1982м.
  • Кабудароҳангӣ (Маҷзуб Алишоҳ), Муҳаммадҷаъфар ибни Сафар, Миръот-ул-ҳақ ва мароҳил-ус-соликин фи-с-сайри ва-с-сулук ва сифот-ис-суфӣ, тасҳеҳ ва таҳқиқи Ҳомид Ноҷии Исфаҳонӣ, Теҳрон, Ҳақиқат, 1175ҳ.қ./1238ҳ.ш.
  • Кантурӣ, Эъҷозҳусайн ибни Муҳаммадқулӣ, Кашф-ул-ҳуҷуби ва-л-астор ан асмо-ил-кутуби ва-л-асфор, бо муқаддимаи Сайид Шаҳобиддини Маръашӣ, Қум, Китобхонаи умумии ҳазрати Оятуллоҳилъузмо Маръашии Наҷафӣ, 1409ҳ.қ.
  • Қоидӣ, Муҳаммад, “Муаррифии китоби Эҳқоқ-ул-ҳақ”, дар фаслномаи Мубаллиғон, Қум, Муовинати таблиғ ва омӯзишҳои корбурдии ҳавзаи илмияи Қум, № 62, дей ва баҳмани 1383ҳ.ш., саҳ.107 - 113.
  • Қумӣ, Аббос, ал-Фавоид-ур-Разавийя фи аҳволи уламои-л-мазҳаб-ил-Ҷаъфарийя, тасҳеҳи Носир Боқирии Бидҳиндӣ, Қум, Бустони китоб, 1385ҳ.ш.
  • Луҷанат-ул-илмӣ фи муассисат-ил-Имомис-Содиқ (а), Муъҷаму табақот-ил-мутакаллимин, Қум, муассисатул-Имом ас-Содиқ (а), 1424ҳ.қ.
  • Мударриси Табрезӣ, Муҳаммадалӣ, Райҳонат-ул-адаб фи тароҷим-ил-маъруфин би-л-куняти ва-л-лақаб, Теҳрон, Китобфурушии Хайём, 1369ҳ.ш.
  • Озод Кашмирӣ, Муҳаммадалӣ ибни Муҳаммадсодиқ, Нуҷум-ус-само фи тароҷум-ил-уламо, тасҳеҳи Ҳошим Муҳаддис, Эрон, Созмони таблиғоти исломӣ, ширкати чоп ва нашри байналмилал, 1387ҳ.ш.
  • Оқобузурги Теҳронӣ, Муҳаммадмуҳсин, аз-Зариъа ило тасониф-иш-шиъа, Бейрут, Дорул-азвоъ, 1403ҳ.қ.
  • "Падарам васият кард маро дар вурудии китобхона ва зери пои толибони улуми Оли Муҳаммад дафн кунед", хабаргузории Расо, таърихи дарҷи матлаб: 13 обони 1392ҳ.ш., таърихи боздид: 29 озари 1399ҳ.ш.
  • Рафоъӣ, Абдулҷаббор, Муъҷаму мо кутиби ан-ир-Расул ва Аҳли-л-Байт (а), Теҳрон, Вазорати фарҳанг ва иршоди исломӣ, Созмони чоп ва интишороти Эрон, 1371ҳ.ш.
  • Рафоъӣ, Абдулҷаббор, Муъҷам-ул-матбуъот-ил-арабийя фи Ирон, Теҳрон, Вазорати фарҳанг ва иршоди исломӣ, Созмони чоп ва интишорот, 1414ҳ.қ.
  • Садр, Ҳасан, Такмилату амал-ил-омил, Бейрут, бо таҳқиқи Ҳасанъалии Маҳфуз ва дигарон, Дорул-муаррихил-арабӣ, 1420ҳ.қ.
  • Садрул-афозил, Муртазо Ҳусайн, Матлаъи анвор (аҳволи донишварони шиаи Покистону Ҳинд), тарҷумаи Муҳаммад Ҳошим, Машҳад, Остони Қудси Разавӣ, Бунёди пажуҳишҳои исломӣ, 1374ҳ.ш.
  • Сиҳҳатии Сардрудӣ, Муҳаммад, “Дар сояи Эҳқоқ-ул-ҳақ”, Мероси шаҳоб, № 11, баҳори 1377ҳ.ш.
  • Ҳаким, Ҳасан Исо, ал-Муфассал фи таърих-ин-Наҷаф-ил-ашраф, Қум, ал-Мактабатул-Ҳайдарийя, 1427ҳ.қ.
  • Ҳуҷҷатӣ, Муҳаммадбоқир, “Гузорише аз таълифи китоби Эҳқоқ-ул-ҳақ ва муаллифи он”, дар фаслномаи Пажуҳишҳои Наҳҷ-ул-балоға, Теҳрон, Бунёди Наҳҷул-балоға, № 1, поизи 1380ҳ.ш.
  • Шайх Ҳурри Омили‏, Исбот-ул-ҳудот би-н-нусуси ва-л-муъҷизот‏, бо муқаддимаи Сайидшаҳобиддин Маръашии Наҷафӣ, Бейрут, муассисатул-Аъламӣ, 1422ҳ.қ.
  • Шуштарӣ, Қозӣ Нуруллоҳ, Эҳқоқ-ул-ҳақ ва изҳоқ-ул-ботил‏, бо муқаддима ва таълиқоти Оятуллоҳ Маръашии Наҷафӣ, Қум, китобхонаи Оятуллоҳ Маръашии Наҷафӣ, 1409ҳ.қ.


Хатои ёдкард: <ref> tags exist for a group named "Ёддошт", but no corresponding <references group="Ёддошт"/> tag was found