Иҷтиҳод дар муқобили нас
- Ин мақола дар бораи мафҳуми иҷтиҳод дар баробари нас аст. Барои ошноӣ бо китобе бо ҳамин ном мадхали ал-Нассу ва-л-иҷтиҳодро бубинед.
Иҷтиҳод дар муқобили нас (форсӣ: اجتهاد در مقابل نص) муқаддам доштани назари шахсии муҷтаҳид бар каломи сариҳи Қуръон ё маъсумон аст.
Аз назари фақеҳони шиа ва бештари фуқаҳои аҳли суннат, иҷтиҳод дар баробари нас, бидъат аст. Албатта, бархе аз саҳобагон ва теъдоде аз фуқаҳои аҳли суннат, назари худро бар нас муқаддам кардаанд. Масалан Умар ибни Хаттоб, бо иҷтиҳод дар баробари нас, издивоҷи муваққат ва мутъаи ҳаҷро ҳаром эълом кард.
Сайид Абдулҳусайн Шарафиддин (ваф.1377ҳ.қ.) дар китоби "ан-Нассу ва-л-иҷтиҳод", сад иҷтиҳод дар баробари нас аз хулафо, ҳокимон ва бархе аз бастагони онон, дар замони Пайғамбар(с) ва пас аз онро гузориш кардааст.
Таъриф ва ҷойгоҳ
Иҷтиҳод дар муқобили нас, муқаддам доштани гумон ва назари шахсии муҷтаҳид дар баробари фармони сариҳи Худо ё Пайғамбар (с) ё дигар маъсумон таъриф шудааст.[1] «Нас» ба каломи муътабар, сариҳ ва ошкоре гуфта мешавад, ки беш аз як маъно надошта бошад.[2]
Олимони шиа бо иҷтиҳод дар муқобили нас мухолифанд. Носир Макорими Шерозӣ муътақид аст, густариши иҷтиҳод дар баробари нас, нобудии масунияти ҳамаи аҳкомро дар пай хоҳад дошт.[3] Мирзо Ҳабибуллоҳи Хуӣ мухолифат бо насро бидъат медонад.[4] Ба гуфтаи Ҷаводи Шаҳристонӣ дар муқаддимаи Васоил-уш-шиъа, муҷтаҳидон, бо иҷтиҳод дар баробари нас, дар воқеъ, Пайғамбар (с)-ро низ муҷтаҳиде монанди худ муаррифӣ мекунанд, ки дар иҷтиҳодаш эҳтимоли хато вуҷуд дорад.[5] Сайид Муҳаммадҳусайни Теҳронӣ тааббуди шиа ба нас ва таҷовузи аҳли суннат аз насро асоси масоили ихтилофии байни шиа ва аҳли суннат донистааст.[6]
Мухолифати аксарияти фақеҳон бо иҷтиҳод дар баробари нас
Фақеҳони шиа[7] ва аҳли суннат[8] иҷтиҳод дар баробари далели қатъиро ботил медонанд. Бархе аз саҳоба ва тобеъон низ ҳеҷгоҳ дар баробари нас, назари фиқҳӣ надодаанд.[9] Ба гуфтаи Ибни Қайим Ҷавзия - олими суннӣ, Аҳмад ибни Ҳанбал бар тибқи нас фатво медод ва назари мухолифи насро ҳатто аз хулафо қабул намекард.[10]
Бо ин ҳама, иддае аз фақеҳони аҳли суннат, гоҳе иҷтиҳоди худро дар баробари нас муқаддам доштанд.[11] Макорими Шерозӣ, аз яке аз онон нақл мекунад, ки дар сиёсиёт ва муомилот, агар нас бо маслиҳат таъоруз медошту ҷамъашон мумкин набуд, метавон маслиҳатро бар нас муқаддам кард. Албатта бештари фақеҳонашон бо чунин назаре мухолифат кардаанд.[12]
Далоили мухолифат бо иҷтиҳод дар баробари нас
Мухолифони иҷтиҳод дар баробари нас, илова бар ақл[13], ба оёти Қуръон ва ривоёти шиа ва аҳли суннат истидлол кардаанд:
- Ҷаъфари Субҳонӣ - марҷаъи тақлид бо истинод ба ояти аввали сураи Ҳуҷурот ва лузуми таслим дар баробари фармони Худо ва Расулаш, иҷтиҳод дар баробари насро ҷилав афтодан ва тақаддум бар онон донистааст.[14]
- Носир Макорими Шерозӣ, дар тафсири ояти 65-и сураи Нисо, онро мухолифи ҳар навъ иҷтиҳод ва изҳори назар дар баробари насси ҳукми Худо ва Расулаш медонад.[15]
- Бар асоси ояти 36-и сураи Аҳзоб, муъминон ҳаққи интихоб ва мухолифат дар баробари хостаи Худо ва Расулуллоҳ (с)-ро надоранд ва ҳар назару иҷтиҳоде дар баробарашон ҳаром аст.[16]
- Дар ривояте аз манобеи аҳли суннат омадааст, марде аз қабилаи Сақиф аз халифаи дувум дар бораи ҳаҷ масъалае пурсид. Умар ҷавоби ӯро дод. Он мард гуфт, аз Пайғамбар ин масъаларо пурсидам, вале ҷавоби дигаре дод. Умар нороҳат шуду гуфт: «чаро аз ман чизе савол мекунӣ, ки Пайғамбар дар он масъала назар додааст?».[17]
Иҷтиҳодҳои саҳоба дар баробари нас
Бо вуҷуди мухолифати фақеҳони шиаю суннӣ бо иҷтиҳод дар баробари нас, мавориде гузориш шудааст, ки бархе саҳоба ошкоро, дар муқобили нас фатво додаанд.[18] Ба ақидаи олимони шиа, халифаи дувум аз аввалин касоне аст, ки муртакиби иҷтиҳод дар баробари насси Қуръон ва Пайғамбар (с) шудаанд.[19] Мегӯянд, ӯ нахустин иҷтиҳодоташ дар муқобили насро дар ҷараёни маъруфи издивоҷи муваққат ва мутъаи ҳаҷ анҷом дод ва аз ҷониби худ онҳоро ҳаром кард.[20]
Шарафиддини Омилӣ дар китоби ан-Нассу ва-л-иҷтиҳод бархе аз иҷтиҳодот дар баробари нассро нақл кардааст. Ӯ дар ҳафт фасли ин китоб сад иҷтиҳод дар баробари нас аз хулафо, ҳокимон ва бархе аз бастагони онон дар замони Пайғамбар ё пас аз онро бармешуморад.[21] Бархе аз ин маворид иборатанд аз:
- Воқеаи Сақифаи Банӣ Соида
- Мухолифат бо фармондеҳии Зайд ибни Ҳориса
- Тахаллуф аз пайвастан ба сипоҳи Усома
- Ғасби Фадак
- Кушта шудани Молик ибни Нувайра ба фармони Холид ибни Валид
- Манъ аз навиштани аҳодиси Пайғамбар
- Ҷилавгирӣ аз навиштани васияти Пайғамбар дар моҷарои давоту қалам
- Эътироз ба сулҳи Ҳудайбия
- Эътироз ба гуфтори Пайғамбар (с) ки Худопарастон биҳиштӣ ҳастанд.
- Наҳй аз мутъатулҳаҷ
- Наҳй аз издивоҷи муваққат
- Бидъат дар азони субҳ
- Бидъат дар азону иқома
- Намози таровеҳ
- Тарки намоз дар набуди об
- Ҷобаҷо намудани мақоми Иброҳим
- Ҷилавгирӣ аз гиристан бар амвот
- Шароб ва ҳаром будани он
- Хондани намози комил дар сафар
- Куштори Холид дар қабила Банӣ Хузайма
Бояд гуфт, ки фақеҳони аҳли суннат аз ин иҷтиҳодҳо дифоъ кардаанд.[22]
Эзоҳ
- ↑ Муассисаи Доиратулмаорифи фиқҳи исломӣ, Фарҳанги фиқҳ мутобиқи мазҳаби Аҳли Байт (а), 1385ҳ.ш., ҷ.1, саҳ.267; Юсуфии Муқаддам, Даромаде бар иҷтиҳод аз манзари Қуръон, 1387ҳ.ш., саҳ.276.
- ↑ Ҷурҷонӣ, Муъҷам-ут-таърифот, 2004м., саҳ.203; ҷамъе аз муҳаққиқон, Фарҳангномаи улуми қуръонӣ, 1394ҳ.ш., саҳ.994.
- ↑ Макорими Шерозӣ, Шиа посух мегуяд, 1428ҳ.қ., саҳ.130-131.
- ↑ Ҳошимии Хуӣ, Минҳоҷ-ул-бароъат, 1400ҳ.қ., ҷ.8, саҳ.188.
- ↑ Шаҳристонӣ, «Муқаддима», дар китоби Васоил-уш-шиа, саҳ.18.
- ↑ Ҳусайнӣ, Вилояти фақиҳ дар ҳукумати исломӣ, 1421ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.118.
- ↑ Мусавии Қазвинӣ, Янобиъ-ул-аҳком, 1424ҳ.қ., саҳ.501; Аллома Маҷлисӣ, Биҳор-ул-анвор, 1403ҳ.қ., ҷ.30, саҳ.515; Ҳошимии Хуӣ, Минҳоҷ-ул-бароъат, 1400ҳ.қ., ҷ.8, саҳ.186; Шарафиддин, ан-Нассу ва-л-иҷтиҳод, 1404ҳ.қ., бахши 2, саҳ.3; Муғния, Фи зилоли Наҳҷулбалоға, 1979м., ҷ.1, саҳ.304.
- ↑ Шарафиддин, ан-Нассу ва-л-иҷтиҳод, 1404ҳ.қ., бахши 2, саҳ.3; Фазлуллоҳ, “Диросотун фиқҳийятун қонунийя: азво ала-ш-шуро фи-н-насс-ил-қуръонӣ”, саҳ.38.
- ↑ Юсуфии Муқаддам, Даромаде бар иҷтиҳод аз манзари Қуръон, 1387ҳ.ш., саҳ.276.
- ↑ Ибни Қайим Ҷавзия, Эълом-ул-муваққиъин, 1407ҳ.қ., саҳ.29.
- ↑ Қудсӣ, Анвор-ул-усул, 1416ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.602.
- ↑ Қудсӣ, Анвор-ул-усул, 1416ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.602.
- ↑ Субҳонӣ, ал-Инсоф фи масоили мо дома фиҳо-л-хилоф, 1423ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.35.
- ↑ Субҳонӣ, ал-Инсоф фи масоили мо дома фиҳо-л-хилоф, 1423ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.34.
- ↑ Макорими Шерозӣ, Тафсири Намуна, 1374ҳ.ш., ҷ.3, саҳ.456.
- ↑ Юсуфии Муқаддам, Даромаде бар иҷтиҳод аз манзари Қуръон, 1387ҳ.ш., саҳ.284.
- ↑ Ҳусайнии Милонӣ, хулосаи Абақот-ут-анвор, 1405ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.223; ал-Аҳком, Ибни Ҳазм, ҷ.6, саҳ.807.
- ↑ Ибни Ҳазм, ал-Эҳком фи усул-ил-аҳком, Дорул-офоқил-ҷадида, ҷ.2, саҳ.12; Ҳусайнии Милонӣ, хулосаи Абақот-ут-анвор, 1405ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.222-227; Тиҷонӣ, Сумма иҳтадайту, маншуроти Мадинатул-илм, саҳ.165-167.
- ↑ Марказул-абҳосил-ақоидийя, Мавсуъатун мин ҳаёт-ил-мустабсирин, 1433ҳ.қ., ҷ.9, саҳ.66.
- ↑ Макорими Шерозӣ, Шиа посух мегуяд, 1428ҳ.ш., саҳ.128-130; Юсуфии Муқаддам, Даромаде бар иҷтиҳод аз манзари Қуръон, 1387ҳ.ш., саҳ.278.
- ↑ Шарафиддин, ан-Нассу ва-л-иҷтиҳод, 1404ҳ.қ., бахши 2, саҳ.5.
- ↑ Ибни Ҳазм, ал-Эҳком фи усул-ил-аҳком, Дорул-офоқил-ҷадида, ҷ.2, саҳ.16; Юсуфии Муқаддам, Даромаде бар иҷтиҳод аз манзари Қуръон, 1387ҳ.ш., саҳ.278.
Сарчашма
- Аллома Маҷлисӣ, Муҳаммадбоқир, Биҳор-ул-анвор, Бейрут, Дору эҳёил-туросил-арабӣ, чопи дувум, 1403ҳ.қ.
- Ибни Қайим Ҷавзия, Муҳаммад ибни Абубакр, Эълом-ул-муваққиъин ан раббилъоламин, таҳқиқ: Муҳаммад Муҳиддин Абдулҳамид, Лубнон, ал-Мактабатул-асрийя, 1407ҳ.қ.
- Ибни Ҳазм, Алӣ ибни Муҳаммад, ал-Эҳком фи усул-ил-аҳком, Лубнон, Дорул-офоқил-ҷадида, бе то.
- Қудсӣ, Аҳмад, Анвор-ул-усул, тақрироти дарси Носир Макорими Шерозӣ, Қум, интишороти Насли ҷавон, чопи дувум, 1416ҳ.қ.
- Макорими Шерозӣ, Носир, Доиратулмаорифи фиқҳи муқорин, Қум, интишороти мадрасаи Имом Алӣ ибни Абутолиб (а), чопи аввал, 1427ҳ.қ.
- Макорими Шерозӣ, Носир, Тафсири Намуна, Теҳрон, Дорул-кутубил-исломия, 1374ҳ.ш.
- Макорими Шерозӣ, Носир, Шиа посух мегуяд, Қум, интишороти мадрасаи Имом Алӣ ибни Абутолиб (а), чопи ҳаштум, 1428ҳ.ш.
- Марказул-абҳосил-ақоидийя, Мавсуъатун мин ҳаёт-ил-мустабсирин, беҷо, марказул-абҳосил-ақоидийя, 1433ҳ.қ.
- Муассисаи Доиратулмаорифи фиқҳи исломӣ, Фарҳанги фиқҳ мутобиқи мазҳаби Аҳли Байт (а), муассисаи Доиратулмаорифи фиқҳи исломӣ, чопи дувум, 1385ҳ.ш.
- Муғния, Муҳаммадҷавод, Фи зилоли Наҳҷулбалоға, Бейрут, Дорул-илми лил-малоин, 1979м.
- Мусавии Қазвинӣ, Сайидалӣ, Янобиъ-ул-аҳком фи маърифат-ил-ҳалоли ва-л-ҳаром, таҳқиқ: Сайидалӣ Алавии Қазвинӣ, муассисаи ал-Нашрул-исломӣ, 1424ҳ.қ.
- Субҳонӣ, Ҷаъфар, ал-Инсоф фи масоил модома фиҳо-л-хилоф, Қум, муассисаи Имом Содиқ (а), 1423ҳ.қ.
- Тиҷонии Самовӣ, Муҳаммад, Сумма иҳтадайту, беҷо, маншуроти Мадинатулъилм, бе то.
- Фазлуллоҳ, Маҳдӣ, “Диросотун фиқҳийятун қонунийя: азво ала-ш-шуро фи-н-насс-ил-қуръонӣ”, дар фаслномаи ас-Сақофатул-исломийя, № 26, муҳаррам ва сафари 1410ҳ.қ.
- Ҳошимии Хуӣ, Мирзо Ҳабибуллоҳ, Минҳоҷ-ул-бароъат фи шарҳи Наҳҷулбалоға, таҳқиқ: Иброҳими Миёнаҷӣ, тарҷума: Ҳасанзода Омулӣ, Ҳасан ва Муҳаммадбоқир Камараӣ, Теҳрон, Мактабатул-исломия, чопи чаҳорум, 1400ҳ.қ.
- Ҳусайнии Милонӣ, Сайидалӣ, хулосаи Абақот-ут-анвор фи имомат-ил-аиммат-ил-атҳор, беҷо, 1405ҳ.қ.
- Ҳусайнии Теҳронӣ, Сайид Муҳаммадҳусайн, Вилояти фақиҳ дар ҳукумати исломӣ, Машҳад, интишороти Аллома Таботабоӣ, чопи дувум, 1421ҳ.қ.
- Ҷамъе аз муҳаққиқон, Фарҳангномаи улуми қуръонӣ, Қум, пажӯҳишгоҳи улум ва фарҳанги исломӣ, чопи аввал, 1394ҳ.ш.
- Ҷурҷонӣ, Алӣ ибни Муҳаммад, Муъҷам-ут-таърифот, Қоҳира, Дорул-фазилат, 2004м.
- Шарафиддини Мусавӣ, Сайид Абдулҳусайн, ан-Нассу ва-л-иҷтиҳод, аввал, Сайидушшуҳадо, беҷо, 1404ҳ.қ.
- Шаҳристонӣ, Ҷавод, «Муқаддима», дар китоби Васоил-уш-шиа, Қум, муассисаи Олулбайт (а), чопи аввал, 1409ҳ.қ.
- Юсуфии Муқаддам, Муҳаммадсодиқ, Даромаде бар иҷтиҳод аз манзари Қуръон, Қум, Бустони китоб, 1387ҳ.ш.