Намоз

Аз wikishia
(Тағйири масир аз Салот)
Рисолаи амалия

Ин мақола як навиштори тавсифӣ дар бораи як мафҳуми фиқҳист ва наметавонад меъёре барои аъмоли динӣ бошад. Барои аъмоли динӣ ба манобеи дигар муроҷиа кунед.

Намоз (форсӣ: نماز) муҳимтарин амали ибодии мусулмонон ки шомили азкору ҳаракоти хосе аст. Дар ривоёт аз он ба унвон «сутуни дин» ва «шарти қабулии дигар аъмол» ёд шудааст. Намоз аҳком ва одоби хосе дорад; аз ҷумла ин ки бояд бо вузӯ ва рӯ ба қибла хонда шавад. Ҳамчунин ба ду шакли фуродо ва ҷамоат хонда мешавад ва ба ҷамоат хондани он тавсия шудааст.

Намозҳо ба воҷиб ва мустаҳаб тақсим мешаванд: намозҳои воҷиб иборатанд аз: намозҳои яавмия, намози оёт, намози тавоф, намоз майит, намози қазои волидайн ва намозе ки ба сабаби назр, аҳд ва қисм воҷиб шудааст. Нофилаҳои явмия ва намози шаб ҳам аз намозҳои мустаҳабанд.

Дар ривоёт, барои тарк ва саҳлангорӣ дар намоз пайомадҳое зикр шудааст ки аз ҷумлаи онҳо маҳрумият аз шафоати Аҳли Байт аст. Ба таъхир андохтани намоз аз аввали вақт ва хондани намоз бидуни хузуъ ва хушуъ аз масодиқи сабук шумурдани намоз шумурда шудаанд. Ҳамчунин ёди Худо, мубориза бо ширку бутпарастӣ, ҷилавгирӣ аз фасод аз ҳикматҳои вуҷуби он зикр шудааст.

Намоз дар адёни дигар низ вуҷуд дорад; ҳарчанд ки шеваи он бар ҳасаби шариатҳо мутафовит аст.

Ҷойгоҳ ва аҳамият

Хушнивисии ҳадиси "ас-Салоту имод-уд-дин" (Намоз сутуни дин аст!) ба хатти Абдурраҳими Каҳё, сулснависи аҳли Туркия [ниёзманди манба]

Намоз, амали ибодии мусулмонон аст, ки дар Қуръон 98 бор[1] аз он ёд шудааст.[2] Бинобар оёти Қуръон, намоз омили боздоранда аз гуноҳ,[3] василаи растгорӣ,[4] ёрикунандаи инсон дар мушкилот[5] ва аз суфоришҳои муҳими Худо ба паёмбарон[6] ва аз дағдағаҳои паёмбарон ба вижа дар бораи хонаводаашон[7] аст.

Намоз аз заруриёти дини Ислом[8] ва ибодатест, ки ба фатвои фақиҳон дар ҳеҷ ҳоле набояд тарк шавад[9] ва тарки он аз гуноҳони кабира[10] ва нишонаи куфр ва нифоқ[11] дониста шудааст. Дар китобҳои Васоил-уш-шиа ва Мустадрак беш аз 11600 ҳадис дар мавзуи намоз нақл шудааст.[12] Дар китобҳои фиқҳӣ ҳам бахше бо унвони китоб-ус-салот ҳаст ки махсуси аҳкому одоби намоз аст.[13]

Дар бораи намоз осоре ба сурати мустақил низ нашр шудааст, ки омори онҳоро то соли 1376ҳ.ш., ҳудуди ду ҳазор китобу рисола ва низ садҳо ғазал ва қасида гуфтаанд.[14] То соли 2019 дар ҷаҳон, ҳудуди се миллиону шашсад ҳазор масҷид барои намоз хондан эҳдос шудааст.[15]

Ба гуфта Маҳмадии Райшаҳрӣ (ваф. 1401ҳ.ш.) – ҳадиспажӯҳи шиа, намоз дар авоили беъсат ва дар Макка воҷиб шудааст.[16] Бар пояи ривояте ки дар Биҳор-ул-анвор нақл шудааст, Паёмбар (с), як рӯз пас аз беъсат, бо Имом Алӣ (а), ҳазрати Хадиҷа ва дигарон намоз хондааст.[17]

Таъбирҳои ба кор рафта дар ривоёт барои намоз

Шеваи хондани намоз

Ҳолати қарор гирифтани бадан дар рукуъ
  • Ракаати аввал

Ибтидо вузу мегирем. Сипас рӯ ба қибла меистем ва ният мекунем. Баъд, такбират-ул-эҳром мегӯем; яъне дастҳоро то баробари гӯш боло мебарем ва мегӯйем: «Аллоҳу Акбар». Пас аз он, сураи Ҳамд ва сипас сураи дигаре мехонем. Баъд аз ин, ба рукуъ меравем ва зикри рукуъро мегӯем ва сар аз рукуъ бармедорем ва меистем ва сипас ба саҷда меравем. Дар саҷда зикри саҷдаро мегӯем. Сипас рӯи ду зонӯ менишинему дубора ба саҷда меравем ва зикри саҷдаро мехонем.[32] Зикри рукуъ: «Субҳона рабби-ял-ъазими ва биҳамдиҳ» ва зикри саҷда: «Субҳона рабби-ял-аъло ва биҳамдиҳ» ё гуфтани се бор «Субҳоналлоҳ» дар ҳар кадом аз рукуъ ва саҷда аст.[33]

  • Ракаати дувум
Ҳолати қарор гирифтани бадан дар саҷда

Баъд аз саҷдаи дувум меистем ва монанди ракаати аввал, сураи Ҳамд ва сураи дигаре мехонем. Сипас қунут хонда мешавад. Дар қунут, кафи дастҳоро рӯ ба осмон мекунему дуои қунутро мехонем. Пас аз қунут, ба рукуъ меравем ва зикри рукуъро мегӯем. Баъд аз рукуъ меистем ва монанди ракаати аввал, ду саҷда ба ҷо меоварем.[34] Дар қунут дуои «Раббано отино фи-д-дунё ҳасанатан ва фи-л-охирати ҳасанатан ва қино азоб-ан-нор»[Ёддошт 1] ё дуо ё зикри дигаре хонда мешавад.

  • Ташаҳҳуд
Ҳолати қарор гирифтани бадан дар ташаҳҳуд ва саломи намоз

Баъд аз саҷдаи дуввум, рӯи ду зонӯ менишинему ташаҳҳудро мехонем: «Ашҳаду ан ло илоҳа илла-л-Лоҳу ваҳдаҳу ло шарика лаҳу, ва ашҳаду анна Муҳаммадан абдуҳу ва расулуҳ, аллоҳумма салли ало Муҳаммадин ва Оли Муҳаммад.»[Ёддошт 2][35]

  • Саломи намоз

Дар намози дуракаатӣ, пас аз ташаҳҳуд, саломи намоз хонда мешаваду намоз поён меёбад: «Ассалому алайка айюҳа-н-Набию ва раҳмат-ул-Лоҳи ва баракотуҳ, ассалому алайно ва ало ибод-ил-Лоҳ-ис-солиҳин, ассалому алайкум ва раҳмат-ул-Лоҳи ва баракотуҳ.»[Ёддошт 3][36]

  • Ракаатҳои сеюму чаҳорум

Пас аз хондан ташаҳҳуд аз ҷо бархоста меистем ва се мартаба тасбеҳоти арбааро мехонем: «Субҳоналлоҳи валҳамду лиллоҳи ва ло илоҳа илла-л-Лоҳу ва-л-Лоҳу акбар»[Ёддошт 4] ва баъд аз он, ба рукуъ ва саҷда меравем. Дар намози серакаатӣ, баъд аз саҷдаи дувуми ракаати сеюм, ташаҳҳуд ва салом гуфта мешавад ва намоз поён меёбад. Дар намози чорракаатӣ, баъд аз саҷдаи дувуми ракаати сеюм, дубора аз ҷо бархоста меистему баъд аз тасбеҳоти арбаа ба рукуъ меравем ва ду саҷда анҷом медиҳему ташаҳҳуд ва салом мехонем.[37]

Аҳком ва одоби намоз

Воҷиботи намоз

Тасвире аз муҳри намоз ки шиаёни маъмулан ба ҳангоми саҷда, пешонии худро бар он қарор медиҳанд.
Мақолаи аслӣ: Воҷиботи намоз

Воҷиботи намоз аҷзои аслии намозанд, ки бинобар назари машҳури фақиҳон, иборатанд аз: ният, қиём (истодан), такбират-ул-эҳром, рукуъ, саҷда, қароати Ҳамд ва як сура, зикр (мисли зикри рукуъ ё саҷда), ташаҳҳуд, салом, тартиб ва муволот (яъне пай дар пай будани аҷзои намоз).[38] Воҷиботи намоз ба воҷиботи рукнӣ ва ғайрирукнӣ тақсим мешаванд: панҷ воҷиби аввал, аркони намозанд, ки агар қасдан ё иштибоҳан, кам ё зиёд шаванд, намоз ботил мешавад. Шаштои дигар воҷибот ғирирукнианд, ки фақат қасдан кам ё зиёд кардани онҳо боиси ботил шудан намоз мешавад.[39]

Мубтилоти намоз

Намоз бо яке аз мавориди зер ботил мешавад:

• сар задани ҳадаси акбар (чизе ки муҷиби ғусл мешавад) ё асғар (чизе ки вузуро ботил мекунад);

• баргардондани рӯ аз қибла;

• қасдан сухан гуфтан;

• қасдан хандидан бо садои баланд;

такаттуф; яъне гузоштани дастҳо бар рӯи ҳам;

• қасдан гиря кардан бо садои баланд барои корҳои дунёӣ;[40]

• “омин” гуфтан пас аз поёни сураи Ҳамд;

• коре ки сурати намозро барҳам мезанад; монанди болову поин паридан ва даст задан;

• хӯрдан ва ошомидан;

• шак кардан дар теъдоди ракаати хондашуда дар намозҳои дуракаатӣ ва се ракаатӣ ё дар ду ракаати аввали намозҳои чорракаатӣ;

• қасдан ё саҳван кам ё зиёд кардан ё воҷиботи рукнӣ;

• фақат қасдан кам ё зиёд кардани воҷиботи ғирирукнӣ.[41]

Дигар аҳкоми намоз

Намози ҷамоат ба имомати Оятуллоҳ Маръашии Наҷафӣ дар ҳарами ҳазрати Маъсума (с)

• таҳорат: воҷиб аст барои намозҳои воҷиб, вузӯ гирифта шавад.[42] дар мавориде ба ҷои вузу, бояд таяммум кард; монанди пайдо накардани об, зарар доштани об ва танагии вақт.[43]

макони намозгузор: барои макони намозгузор чанд шарт баён шудааст; аз ҷумла ин ки мубоҳ бошад (ғасбӣ набошад), беҳаракат бошад, наҷис набошад ва ҷои пешонӣ аз ҷои зонӯҳо беш аз чаҳор ангушт болотар ё поинтар набошад.[44]

• либоси намозгузор: мард бояд авратайн ва зан бояд тамоми баданро бапӯшонад; вале пӯшондани чеҳра, дастҳо то банди даст ва поҳо то банди по лозим нест.[45]

• намоз бояд рӯ ба қибла (Каъба) хонда шавад.[46]

намози шикаста: мусофир бояд намозҳои чорракаатиро дуракаатӣ бихонад.[47] Барои таҳаққуқи сафари шаръӣ, шароите лозим аст; аз ҷумла ин ки маҷмуи рафту баргашти сафар ҳадди ақал ҳашт фарсахи шаръӣ (байни 40 то 45 киллометр) бошад.[48]

Одоби намоз

Одоб ва мустаҳабботе барои намоз баён шудааст, ки бархе ба ин шарҳанд: хондани намоз дар аввали вақт, зинат кардани худ ба ҳангоми намоз, хондани намоз дар масҷид ва ба ҷамоат, дуо кардан дар оғози намоз, ҳузури қалб ва хушуъ.[49] Пас аз намоз низ аъмоле ворид шудааст, ки ба онҳо таъқибот гуфта мешавад; мисли хондани ояталкурсӣ, гуфтани зикри тасбеҳоти ҳазрати Заҳро (с) ва саҷдаи шукр.[50] Бархе аз ин аъмол дар Мафотиҳ-ул-ҷинон низ омадааст.[51]

Намозҳои воҷиб ва мустаҳаб

Дастхатти Сайид Алӣ Қозии Таботабоӣ: «Агар намозро таҳаффуз кардед [ҳифз кардед; бузург доштеду риоят кардед], ҳамаи чизатон маҳфуз мемонад.»

Намозҳои воҷиб

Мақолаи аслӣ: Намозҳои воҷиб

Намозҳои воҷиб намозҳоеанд, ки хондани онҳо воҷиб аст ва дар сурати нахонданашон дар замони мушаххас, қазои онҳо воҷиб мешавад. Ин намозҳо иборатанд аз:

  1. Намозҳои рӯзона: ҳабдаҳ ракаатанд ва дар авқоти панҷгона (субҳ, зуҳр, аср, шом ва хуфтан) хонда ва ба ҳамин номҳо шинохта мешаванд;
  2. Намози оёт: намозе аст, ки хондани он ҳангоми рух додани бархе ҳаводиси табиӣ монанди зилзила, хуршедгирифтагӣ (кусуф) ва моҳгирифтагӣ (хусуф) воҷиб мешавад;
  3. Намоз майит: намозе аст, ки пеш аз дафн, бар ҷанозаи мусулмон хонда шавад ва дафни майити мусулмон бидуни хондани он ҷоиз нест;
  4. Намози тавоф: намозе аст, ки пас аз тавофи Каъба хонда мешавад;
  5. Намози қазои волидайн бар писари бузургтар;
  6. Намозе ки ба воситаи назр, қисм ва аҳд воҷиб мешавад.[52]

Намозҳои мустаҳаб

Мақолаи аслӣ: Намозҳои мустаҳаб

Намозҳои мустаҳаб ё навофил, намозҳоеанд, ки хонданашон воҷиб нест; бо ин ҳол ба хондани онҳо тавсия шудааст; монанди нофилаҳои рӯзона ва намози шаб.[53] Намозҳои мустаҳаб, ба ҷузи намози ватр, ҳамагӣ дуракаатӣ ҳастанд.[54]

Паёмадҳои саҳлангорӣ дар намоз

Паёмбар (с):

«Касе ки дар муқобили мардум, бо диққат ва дар хилват, бидуни диққат намоз гузорад ба намоз беэътиноӣ кардааст.»[55]

مَن اَحسَنَ صَلاتَه حتّى تَراها الناس، وَ أساءَها حينَ يَخلو، فَتِلکَ استهانة
Имом Содиқ (а):

«Шафоати мо ба касе ки намозро сабук бишуморад намерасад.»[56]

إِنَّ شَفَاعَتَنَا لَا تَنَالُ مُسْتَخِفّاً

• Маҳрум мондан аз шафоати Аҳли Байт:[57] бинобар ривояте ки Абубасир нақл кардааст, Имом Содиқ (а) замоне ки дар ҳоли эҳтизор буд, бастагони худро фаро хонд ва гуфт: «Шафоати мо ба касе ки намозро сабук бишуморад намерасад.»[58]

• Мубтало шудан ба хислатҳои понздаҳгона: бинобар ривояте ки аз Паёмбар (с) хитоб ба ҳазрати Фотима (с) нақл шудааст, касе ки намозро сабук бишуморад Худованд ӯро ба понздаҳ хислат мубтало мекунад:[59]

  1. Бебаракат шудани умр;
  2. Бебаракат шудани мол;
  3. Бенур шудани чеҳра;
  4. Подош надоштани аъмол;
  5. Мустаҷоб нашудани дуояш;
  6. Баҳра набурдан аз дуои дигарон;
  7. Марги бо хорӣ;
  8. Гурусна мурдан;
  9. Ташна мурдан, ба гӯнае ки ҳарчи об бинӯшад аташаш бартараф намешавад;
  10. Фариштае дар қабр ӯро заҷр медиҳад;
  11. Торикии қабр;
  12. Фишори қабр;
  13. Дар қиёмат, фириштае ӯро ба рӯяш мекашаду хилоиқ нигоҳ мекунанд;
  14. Муҳосибаи сахт дар қиёмат;
  15. Худо ба ӯ назари раҳмат намекунад ва азобӣ дарднок хоҳад дошт.[60]

Ба таъхир андохтни намоз аз аввали вақт бидуни узр[61] ва хондани намоз бидуни хузуъу хушуъро аз мисдоқҳои сабук шумурдани намоз медонанд.[62]

Барои иттилооти бештар, ин мақоларо ҳам бубинед: Торик-ус-салотТорик-ус-салот

Тафовути намоз дар мазҳаби шиа ва мазҳабҳои аҳли суннат

Тафовутҳое дар намоз байни шиа ва мазоҳиби аҳли суннат вуҷуд дорад, ки бархе аз онҳо иборатанд аз :

Унвон Шиа Моликӣ Шофеӣ Ҳанафӣ Ҳанбалӣ
Хондани сураи Ҳамд Дар ракаатҳои аввал ва дуввум воҷиб аст Дар тамоми ракаатҳои намозҳои воҷиб ва мустаҳаб воҷиб аст Дар тамоми ракаатҳои намозҳои воҷиб ва мустаҳаб воҷиб аст Дар ракаатҳои аввал ва дуввум воҷиб аст Дар тамоми ракаатҳо воҷиб аст.[63]
Гуфтани Бисмиллоҳ дар аввали сура Ҷузви сура аст ва гуфтанаш воҷиб Нагуфтани он мустаҳаб аст. Ҷузви сура аст ва гуфтанаш воҷиб Нагуфтанаш ҷоиз аст ҷузви сура аст ва гуфтанаш воҷиб.[64]
Қунут Дар тамоми намозҳо мустаҳаб аст Фақат дар намози субҳ ҷоиз аст. Фақат дар намози субҳ ҷоиз аст Фақат дар намози ватр ҷоиз аст. Фақат дар намози ватр ҷоиз аст.[65]
Ҷаҳр ё ихфот (баланд ё паст хондани бархе аз аҷзои намоз) Ҷаҳр дар намозҳои бомдод, шом ва хуфтан ва ихфот дар намозҳои пешин ва аср воҷиб аст. Ҷаҳр дар намозҳои бомдод, шом ва хуфтан мустаҳаб аст. Ҷаҳр дар намозҳои бомдод, шом ва хуфтан ва ихфот дар намозҳои пешин ва аср воҷиб аст. Ҷаҳр ва ихфот дар ҳеч як аз намозҳо воҷиб ё мустаҳаб нест. Ҷаҳр дар намозҳои бомдод, шом ва хуфтан лозим аст.[66]
Такаттуф Ҳаром аст ва ба назари машҳур намозро ботил мекунад. Ҷоиз аст, на воҷиб ва на мустаҳаб. Мустаҳаб ва суннат аст. Мустаҳаб ва суннат аст. Мустаҳаб ва суннат аст.[67]
Гуфтани омин пас сураи Ҳамд Ҳаром аст ва намозро ботил мекунад. Мустаҳаб аст. Мустаҳаб аст. Мустаҳаб аст. Мустаҳаб аст.[68]
Рукуъ ва тумаънина (оромиш) Хам шудан ба ҳадде ки даст ба зону бирасад лозим ва тумаънина дар рукуъ воҷиб аст. Хам шудан ба ҳадде ки даст ба зону бирасад лозим ва тумаънина дар рукуъ воҷиб аст. Хам шудан ба ҳадде ки даст ба зону бирасад лозим ва тумаънина дар рукуъ воҷиб аст. Маҳзи хам шудан кофӣ аст ва тумаънина лозим нест Хам шудан ба ҳадде ки даст ба зону бирасад лозим ва тумаънина дар рукуъ воҷиб аст.[69]
Зикри рукуъ Воҷиб аст. Мустаҳаб аст. Мустаҳаб аст. Мустаҳаб аст. Воҷиб аст.[70]
Қиёми баъд аз рукуъ. Воҷиб аст. Воҷиб аст.. Воҷиб аст.. Воҷиб нест. Воҷиб аст.[71]
Аъзои саҷда Ҳангоми саҷда кафи ду даст, пешонӣ, зонуҳо ва ангуштони шасти поҳо бояд бар рӯи замин қарор гирад. Лозим аст пешонӣ бар рӯи замин қарор гирад ва бақияи аъзо мустаҳаб аст. Лозим аст пешонӣ бар рӯи замин қарор гирад ва бақияи аъзо мустаҳаб аст. Лозим аст пешонӣ бар рӯи замин қарор гирад ва бақияи аъзо мустаҳаб аст. ҳафт узв ба ҳамроҳи бинӣ лозим аст бар рӯи замин қарор гирад[72]
Тумаънина дар саҷда Лозим аст. Лозим аст. Лозим аст. Лозим нест. Лозим аст.[73]
Зикр дар саҷда Воҷиб аст. Мустаҳаб аст. Мустаҳаб аст. Мустаҳаб аст. Мустаҳаб аст.[74]
Ташаҳҳуд Васат ва интиҳои намоз воҷиб аст. Васат ва интиҳои намоз мустаҳаб аст. Васати намоз мустаҳаб ва интиҳои намоз воҷиб аст. Ташаҳҳуди васат ва интиҳои нмоз мустаҳаб аст. Ташаҳҳуди васат ва интиҳои намоз воҷиб аст.[75]
Саломи намоз Ба фатвои машҳур миёни мутааххирин воҷиб аст. Воҷиб аст. Воҷиб аст. Мустаҳаб аст. Воҷиб аст.[76]
Шак дар адади ракаатҳои намоз Дар шакки баъд аз ракаати дуввум дар намозҳои чорракаатӣ биноро бар бештар мегузорем ва намози эҳтиёт мехонем. Дар намозҳои воҷиб биноро бар камтар мегузорем ва намозро идома медиҳем. Дар намозҳои воҷиб биноро бар камтар мегузорем ва намозро идома медиҳем. Дар намозҳои воҷиб, агар аввалин бор дар умрамон пеш омада, ки дар намоз шак кардем намозро аз аввал мехонем, аммо дар дафъаҳои баъдӣ биноро бар камтар мегузорем. Дар намозҳои воҷиб биноро бар камтар мегузорем ва намозро идома медиҳем.[77]
Намози мусофир Намозҳои чорракаатӣ бояд шикаста (дуракаатӣ) хонда шавад. Байни шикаста ва комил ихтиёр дорем. Байни шикаста ва комил ихтиёр дорем. Бояд шикаста бихонем. Байни шикаста ва комил ихтиёр дорем.[78]
Ҷамъи байни ду намоз Ҷоиз аст. Дар ҳоли сафар ҷоиз аст. Дар ҳоли сафар ҷоиз аст. Ҷоиз нест. Дар ҳоли сафар ҷоиз аст.[79]

Ҳикмати вуҷуби намоз

Қуръон:

«Ва намозро ба ҷой ор, ки ҳамоно намоз аст, ки аз ҳар кори зишту мункар боз медорад.»[80]

وَأَقِمِ الصَّلَاةَ إِنَّ الصَّلَاةَ تَنْهَىٰ عَنِ الْفَحْشَاءِ وَالْمُنْكَرِ

Дар ривояте ки аз Имом Ризо (а) нақл шудааст, фалсафаи вуҷуби намоз иқрор ба рубубияти Парвардгор, мубориза бо ширку бутпарастӣ, изҳори хории банда дар баробари азамати Худо, ғафлатзудоӣ, ёди Худо, ҷилавгирӣ аз фасоду гуноҳу саркашӣ ва ғ. баён шудааст.[81] Дар Тафсири намуна низ тақвияти рӯҳи инзибот, даъват ба поксазӣ, парвариши фазоили ахлоқӣ, арзишдиҳӣ ба дигари аъмол ва омурзиши гуноҳон аз ҳикматҳои вуҷуби намоз шумурда шудааст.[82]

Ҳамчунин дар ояти «Ва ақим-ис-салота ли зикрӣ»[83] ҳадаф аз намоз ёди Худо баён шудааст.[84] Аз ҳазрати Фотима (с) нақл шудааст ки Худо намозро воҷиб кард то бандагон аз такаббур дур бошанд.[85] Дар Наҳҷ-ул-балоға низ омадааст ки намоз худбинӣ ва кибрро дарҳам мешаканд.[86]

Намоз дар адёни дигар

Намоз дар тамоми шариатҳо вуҷуд доштааст; ҳарчанд ки шеваи адои он мутафовит будааст.[87] Намоз дар яҳудият «Тифило» ва ба сурати ҷамъ «Тифилим» ё «Тифилут» хонда мешавад ва аҳкоми он дар «Сидур» ё бахшҳои «Мишно» (кутуби суннатии дуои дини яҳуд) омадааст. Маъмулан дар ҳар рӯз, се намоз хонда мешавад. Дар рӯзи шабот (шанбе) ва дигар рӯзҳои муқаддас, фирқаҳои уртудукс ва муҳофизакор намози дигаре ба номи мавсоф мехонанд.[88]

Намоз дар масеҳият барои иртибот бо Худованд (падар) ё дигар ашхоси таслис (писар ё рӯҳулқудс) баргузор мешавад. Дар миёни фирқаҳои мухталифи масеҳӣ, намоз ба суратҳои мухталиф гузорида мешавад. Намозҳо метавонад ба сурати ҷамъӣ (ниёиши сароӣ) бошад, монанди маросими ашои раббонӣ ё ба сурати фардӣ баргузор шавад.[89]

Китобшиносӣ

Китоби Одоб-ус-салот, таълифи Имом Хумайнӣ

Дар бораи намоз осоре ба забонҳои мухталиф таълиф ва тарҷума шудааст.[90] Бархе аз онҳо иборатанд аз:

  • Одоби намоз, навиштаи Имом Хумайнӣ: ин китоб одоби қалбӣ ва асрори маънавии намозро баён мекунад ва дорои ду муқаддама аст, ки нависанда хитоб ба фарзандони худ навиштааст.
  • Асрор-ус-салот асари Мирзоҷавод Маликии Табрезӣ: китобест дар таҳзибу ҳузури қалб ва шинохти намоз.
  • Асрори намоз, таълифи Имом Хумайнӣ: тафсирии ирфонии намоз аст, аз азон то ташаҳҳуд ва салом.
  • ас-Салоту фи-л-китоби ва-с-суннат, навиштаи Муҳаммад Муҳаммадии Райшаҳрӣ: ин китоб оёти Қуръон ва аҳодиси шиа ва суннӣ дар бораи лузуми намоз, ҳикмати намоз, намози пеш аз Ислом, бартарии намоз, вижагии намоз, авқоти намоз, одоби намоз ва ғайраро дар бар дорад.
  • Розҳои намоз, таълифи Абдуллоҳ Ҷаводии Омулӣ: нигоҳе фалсафист ба намозу аҳкоми он.

Ҷустори вобаста

Эзоҳ

  1. Наврӯзӣ, Муқаддимае бар фалсафаи намоз, интишороти Ёдоварон, саҳ.116
  2. Барои намуна ниг.: сураи Ҳаҷ, ояти 41; сураи Бақара, ояти 3; сураи Нисо 103 ва 162; сураи Моида 6; сураи Анфоли оёти 2, 3 ва 4; сураи Иброҳим ояти 31; сураи Муъминун ояти 2; сураи Намл оёти 2 ва 3
  3. Сураи Анкабут, ояти 45
  4. Сураи Аъло, ояти 15 ва 14
  5. Сураи Бақара, ояти 45
  6. Барои намуна ниг.: сураи Марям, ояти 31
  7. Ниг.: сураи Марям, ояти 55
  8. Вазирифард, «Баррасии инкори зарурии дин ва осори он дар фиқҳ», саҳ.183
  9. Мударрисӣ, Аҳкоми муқаддамоти намоз, 1387ҳ.ш., саҳ.61
  10. Таййиб, Атяб-ул-баён, 1378ҳ.ш., ҷ.14, саҳ.168
  11. Поянда, Наҳҷ-ул-фасоҳа, 1387ҳ.ш., саҳ.279
  12. Ниг.: Ҳурри Омилӣ, Васоил-уш-шиа, 1409ҳ.қ., ҷ.4, саҳ.6 то ҷ.8, саҳ.539; Нурӣ, Мустадрак-ул-васоил, 1408ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.5 то ҷ.6, саҳ.548
  13. Барои намуна ниг.: Наҷафӣ, Ҷавоҳир-ул-калом, 1362ҳ.ш., ҷ.7, саҳ.2 ба баъд
  14. Сиҳҳатии Сардрӯдӣ, «Китобшиносии гузинишӣ ва тавсифии намоз», саҳ.42
  15. «Кам адад-ил-масоҷиди фи-л-олам», Акбари мавқеъ арабӣ би-л-олам
  16. Муҳаммадии Райшаҳрӣ, Шинохтномаи намоз, 1392ҳ.ш., ҷ.1, саҳ.58
  17. Ниг.: Маҷлисӣ, Биҳор-ул-анвор, 1403ҳ.қ., ҷ.18, саҳ.179 - 180
  18. Ҳурри Омилӣ, Васоил-уш-шиа, 1409ҳ.қ., ҷ.4, саҳ.27
  19. Муттақӣ, Канз-ул-уммол, 1364ҳ.қ., ҷ.7, ҳадиси 18851
  20. Кулайнӣ, ал-Кофӣ, 1407ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.268
  21. Маҷлисӣ, Равзат-ул-муттақин, 1406ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.6, 17, 220 ва 283
  22. Қутби Ровандӣ, Шаҳоб-ул-ахбор, 1388ҳ.ш., саҳ.59
  23. Ибни Шуъба, Туҳаф-ул-уқул, 1363ҳ.ш., саҳ.455
  24. Поянда, Наҳҷ-ул-фасоҳа, 1387ҳ.ш., ҳадиси 1588
  25. Садуқ, ал-Хисол, 1362ҳ.ш., ҷ.1, саҳ.103
  26. Маҷлисӣ, Биҳор-ул-анвор, 1403ҳ.қ., ҷ.82, саҳ.232
  27. Муттақӣ, Канз-ул-уммол, 1364ҳ.қ., ҷ.7, саҳ.291
  28. Омидӣ, Ғурар-ул-ҳикам, Донишгоҳи Теҳрон, саҳ.56
  29. Абулфутуҳи Розӣ, Равз-ул-ҷинон, 1376ҳ.ш., ҷ.1, саҳ.248
  30. Омидӣ, Ғурар-ул-ҳикам, Донишгоҳи Теҳрон, ҷ.2, саҳ.166
  31. Маҷлисӣ, Биҳор-ул-анвор, 1403ҳ.қ., ҷ.82, саҳ.232
  32. Ниг.: Созмони пажӯҳишу барномарезии омӯзишии Вазорати омӯзишу парвариш, Ҳадяҳои осмон, 1401ҳ.ш., саҳ.53 - 54
  33. Хумайнӣ, Тавзеҳ-ул-масоил, 1387ҳ.ш., саҳ.161 - 163
  34. Ниг.: Созмони пажӯҳишу барномарезии омӯзишии Вазорати омӯзишу парвариш, Ҳадяҳои осмонӣ, 1401ҳ.ш., саҳ.54 - 55
  35. Ниг.: Созмони пажӯҳишу барномарезии омӯзишии Вазорати омӯзишу парвариш, Ҳадяҳои осмонӣ, 1401ҳ.ш., саҳ.55
  36. Ниг.: Созмони пажӯҳишу барномарезии омӯзишии Вазорати омӯзишу парвариш, Ҳадяҳои осмонӣ, 1401ҳ.ш., саҳ.55
  37. Маликпури Афшор, Омӯзиши намозу вузӯ, 1396ҳ.ш., саҳ.10 - 11
  38. Таботабоии Яздӣ, ал-Урват-ул-вусқо (муҳашшӣ), 1419ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.433
  39. Таботабоии Яздӣ, ал-Урват-ул-вусқо (муҳашшӣ), 1419ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.433
  40. Таботабоии Яздӣ, ал-Урват-ул-вусқо (муҳашшӣ), 1419ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.5 - 29; Банӣ Ҳошимии Хумайнӣ, Рисолаи тавзеҳ-ул-масоили мароҷеъ, 1424ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.614 - 627
  41. Банӣ Ҳошимии Хумайнӣ, Рисолаи тавзеҳ-ул-масоили мароҷеъ, 1424ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.628 - 630
  42. Банӣ Ҳошимии Хумайнӣ, Рисолаи тавзеҳ-ул-масоили мароҷеъ, 1424ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.185
  43. Банӣ Ҳошимии Хумайнӣ, Рисолаи тавзеҳ-ул-масоили мароҷеъ, 1424ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.365
  44. Ниг.: Таботабоии Яздӣ, ал-Урват-ул-вусқо (муҳашшӣ), 1419ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.362 - 385
  45. Хумайнӣ, Тавзеҳ-ул-масоил (муҳашшӣ), 1424ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.441 ва 442
  46. Банӣ Ҳошимии Хумайнӣ, Рисолаи тавзеҳ-ул-масоили мароҷеъ, 1424ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.431
  47. Таботабоии Яздӣ, ал-Урват-ул-вусқо, 1419ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.414
  48. Таботабоии Яздӣ, ал-Урват-ул-вусқо, 1419ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.414
  49. Ниг.: Муҳаммадии Райшаҳрӣ, ас-Салоту фи-л-китоби ва-с-суннат, 1377ҳ.ш., ҷ.1, саҳ.49 - 63
  50. Ниг.: Муҳаммадии Райшаҳрӣ, ас-Салоту фи-л-китоби ва-с-суннат, 1377ҳ.ш., ҷ.1, саҳ.140 - 144
  51. Ниг.: Қумӣ, Мафотиҳ-ул-ҷинон, бахши таъқиботи намоз, саҳ.12 - 19
  52. Таботабоии Яздӣ, ал-Урват-ул-вусқо (муҳашшӣ), 1419ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.244
  53. Таботабоии Яздӣ, ал-Урват-ул-вусқо (муҳашшӣ), 1419ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.244 - 245
  54. Таботабоии Яздӣ, ал-Урват-ул-вусқо (муҳашшӣ), 1419ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.246
  55. Нурӣ, Мустадрик-ул-васоил, 1408ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.26
  56. Шайхи Садуқ, ал-Амолӣ, 1376ҳ.ш., саҳ.484
  57. Шайхи Садуқ, Ман ло яҳзаруҳ-ул-фақиҳ, 1367ҳ.ш., ҷ.1, саҳ.206
  58. Шайхи Садуқ, ал-Амолӣ, 1376ҳ.ш., саҳ.484
  59. Ибни Товус, Фалоҳ-ус-соил, 1406ҳ.қ., саҳ.22
  60. Ибни Товус, Фалоҳ-ус-соил, 1406ҳ.қ., саҳ.22
  61. Маҷлисӣ, Биҳор-ул-анвор, 1403ҳ.қ., ҷ.80, саҳ.6
  62. «Сабук шумурдани намоз», хабаргузории ҳавза
  63. Муғния, ал-Фиқҳу ала-л-мазоҳиб-ил-хамса, 1421ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.109
  64. Муғния, ал-Фиқҳу ала-л-мазоҳиб-ил-хамса, 1421ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.110
  65. Муғния, ал-Фиқҳу ала-л-мазоҳиб-ил-хамса, 1421ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.110
  66. Муғния, ал-Фиқҳу ала-л-мазоҳиб-ил-хамса, 1421ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.110
  67. Муғния, ал-Фиқҳу ала-л-мазоҳиб-ил-хамса, 1421ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.110
  68. Муғния, ал-Фиқҳу ала-л-мазоҳиб-ил-хамса, 1421ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.110 - 111
  69. Муғния, ал-Фиқҳу ала-л-мазоҳиб-ил-хамса, 1421ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.111
  70. Муғния, ал-Фиқҳу ала-л-мазоҳиб-ил-хамса, 1421ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.111
  71. Муғния, ал-Фиқҳу ала-л-мазоҳиб-ил-хамса, 1421ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.111
  72. Муғния, ал-Фиқҳу ала-л-мазоҳиб-ил-хамса, 1421ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.112
  73. Муғния, ал-Фиқҳу ала-л-мазоҳиб-ил-хамса, 1421ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.112
  74. Муғния, ал-Фиқҳу ала-л-мазоҳиб-ил-хамса, 1421ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.112
  75. Муғния, ал-Фиқҳу ала-л-мазоҳиб-ил-хамса, 1421ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.112 ва 113
  76. Муғния, ал-Фиқҳу ала-л-мазоҳиб-ил-хамса, 1421ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.114
  77. Муғния, ал-Фиқҳу ала-л-мазоҳиб-ил-хамса, 1421ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.114
  78. Муғния, ал-Фиқҳу ала-л-мазоҳиб-ил-хамса, 1421ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.139
  79. Муғния, ал-Фиқҳу ала-л-мазоҳиб-ил-хамса, 1421ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.142
  80. Сураи Анкабут, ояти 45
  81. Ҳурри Омилӣ, Васоил-уш-шиа, 1409ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.4
  82. Макорими Шерозӣ, Тафсири намуна, 1374ҳ.ш., ҷ.16, саҳ.290 - 294
  83. Сураи Тоҳо, ояти 14
  84. Ниг.: Мутаҳҳарӣ, «Фалсафаи ибодат», саҳ.15 - 17
  85. Табарсӣ, ал-Эҳтиҷоҷ, 1403ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.107
  86. Наҳҷ-ул-балоға, тасҳеҳи Субҳии Солеҳ, калимоти қисор 252, саҳ.512
  87. Роғиби Исфаҳонӣ, Муфрадот, 1412ҳ.қ., саҳ.491
  88. Боқирён, «Баррасии чигунагии намоз дар адёни Илоҳӣ», саҳ.219
  89. Ниг.: Фотима, «Нигоҳе ба ашколи мухталифи намоз дар бархе адёни Илоҳӣ»
  90. Ниг.: «Китобшносии намоз», саҳ.57 ва 58

Ёддошт

  1. Худоё дар дунё ба мо хайру некӣ ато кун ва дар охират низ ба мо хайру некӣ ато кун ва моро аз азоби оташ наҷот бидеҳ.
  2. Бар ин ҳақиқат гувоҳӣ медиҳам ҷуз Аллоҳ маъбуди шоистаи парастиш нест ва гувоҳӣ медиҳам ки Муҳамад банда ва Паёмбари Худост. Парвардгоро, бар Муҳамаду Оли Муҳамад дуруд фирист.
  3. Дуруд бар ту эй Паёмбар ва раҳмату баракоти Худо бар ту бод. Дуруд бар мо ва бар бандагони шоистаи Худо бод. Дуруд бар шумо ва раҳмати Худо бар шумо бод.
  4. Худованд поку муназзаҳ аст ва ҳамду ситоиш махсуси Ӯст. Маъбуде ҷуз Ӯ набуда ва бар ҳама чиз бартарӣ дорад.

Сарчашма

  • «Сабук шумурдани намоз», хабаргузории Ҳавза, ‎мушоҳида: 19 хурдоди 1402ҳ.ш.‎
  • «Китобшносии намоз; муаррифӣ ва нақд», ‎Гулистони Қуръон, №79, шаҳривари 1380ҳ.ш.‎
  • Абулфутуҳи Розӣ, Ҳусайн ибни Алӣ, Равз-ул-ҷинони ва рӯҳ-ул-ҷанони фи тафсир-ил-Қуръон, ‎Машҳад, Бунёди пажӯҳишҳои исломии Остони қудси разавӣ, 1376ҳ.ш.‎
  • Банӣ Ҳошимии Хумайнӣ, Сайид Муҳаммадҳусайн, Рисолаи тавзеҳ-ул-масоили мароҷеъ, Қум, ‎Дафтари интишороти исломӣ, чопи ҳаштум, 1424ҳ.қ.‎
  • Боқириён, Лаъё, «Баррасии ‎чигунагии намоз дар адёни Илоҳӣ», дуфаслномаи Маорифи фиқҳи алавӣ, «Вижаномаи ҳамоиши ‎миллии Намоз, таолии фардӣ ва иҷтимоӣ», соли чаҳоруми урдибиҳишти 1397ҳ.ш.‎
  • Ибни Товус, Алӣ ибни Мӯсо, Фалоҳ-ус-соилу нҷоҳи алмасоил, Қум, Бӯстони китоб, 1406ҳ.қ.‎
  • Ибни Шуъба, Ҳасан ибни Алӣ, туҳаф-ул-уқул, Муассисат-ун-нашр-ил-исломӣ, 1363ҳ.ш.‎
  • Имом Хумайнӣ, Тавзеҳ-ул-масоил, Муассисаи танзиму нашри осори Имом Хумайнӣ (с), Теҳрон, ‎чопи ҳафтум, 1387ҳ.ш.‎
  • Кулайнӣ, Муҳаммад ибни Яъқуб, ал-Кофӣ, Теҳрон, Дор-ул-кутуб-ил-исломия, чопи чаҳорум, ‎‎1407ҳ.қ.‎
  • Қумӣ, Шайх Аббос, Мафотиҳ-ул-ҷинон, Қум, Усва, бе то.‎
  • Қутби Ровандӣ, Саид ибни Ҳибаталлоҳ, Шаҳоб-ул-ахбор, Қум, Дор-ул-ҳадис, 1388ҳ.ш.‎
  • Маҷлисӣ, Муҳаммадбоқир, Биҳор-ул-анвор, Муассисат-ул-ваф, 1403ҳ.қ.‎
  • Маҷлисӣ, Муҳаммадтақӣ, Равзат-ул-муттақин фи шарҳи Ман ло яҳзаруҳ-ул-фақиҳ‏‎, Қум, ‎Муассисаи фарҳангии исломии Кушонбур, чопи дуввум, 1406ҳ.қ.‎
  • Муттақии Ҳиндӣ, Алӣ ибни Ҳисомиддин, Канз-ул-уммол, Доират-ул-маориф-ил-усмония, ‎Ҳайдаробод, 1364ҳ.қ.‎
  • Муҳаммадии Райшаҳрӣ, Муҳаммад, ас-Салоту фи-л-китоби ва-с-суннат, тарҷумаи ‎Абдуллоҳодии Масъудӣ, Қум, Дор-ул-ҳадис, чопи аввал, 1377ҳ.ш.‎
  • Омидӣ, Абдулвоҳид ибни Муҳаммад, Ғурар-ул-ҳиками ва дурар-ул-калим, Теҳрон, Донишгоҳи ‎Теҳрон.‎
  • Поянда, Абулқосим, Наҳҷ-ул-фасоҳа (маҷмӯъаи калимоти қисор ҳазрати Расул (с)), Дор-ул-илм, ‎‎1387ҳ.ш.‎
  • Роғиби Исфаҳонӣ, Ҳусайн ибни Муҳаммад, ал-Муфрадоту фи ғариб-ил-Қуръон, таҳқиқу тасҳеҳи ‎Сафвон Аднони Довӯдӣ, Бейрут, Дор-ул-қалам, чопи аввал, 1412ҳ.қ.‎
  • Сиҳҳатии Сардрӯдӣ, Муҳаммад, ‎‎«Китобшиносии гузинишӣ ва тавсифии намоз», посдори Ислом, №189, шаҳривари 1376ҳ.ш.‎
  • Созмони пажӯҳишу барномарезии омӯзишии Вазорати омӯзишу парвариш, Ҳадяҳои осмон ‎‎(таълиму тарбияти исломӣ) дуввуми дабистон, Теҳрон, ширкат Оваст, чопи ёздаҳум, 1401ҳ.ш.‎
  • Табарсӣ, Аҳмад ибни Алӣ, ал-Эҳтиҷоҷу ало аҳл-ил-лиҷоҷ, таҳқиқи Муҳаммадбоқири Хирсон, ‎Машҳад, нашри Муртазо, чопи аввал, 1403ҳ.қ.‎
  • Таботабоии Яздӣ, Сайид Муҳаммадкозим, ал-Урват-ул-вусқо (муҳашшӣ), таҳқиқу тасҳеҳи ‎Аҳмади Муҳсинии Сабзаворӣ, Қум, Дафтари интишороти исломӣ, чопи аввал, 1419ҳ.қ.‎
  • Таййиб, Сайид Абдулҳусайн, Атяб-ул-баёни фи тафсир-ил-Қуръон, Теҳрон, Интишороти Ислом, ‎чопи дуввум, 1378ҳ.ш.‎
  • Фотима, Нусрат, «Нигоҳе ба ашколи ‎мухталифи намоз дар бархе адёни Илоҳӣ».‎
  • Ҳурри Омилӣ, Муҳаммад ибни ҳасан, Васоил-уш-шиа, Қум, Муассисаи Ол-ул-Байт (а), 1409ҳ.қ.‎
  • Шайхи Садуқ, Муҳаммад ибни Алӣ, ал-Амолӣ, Теҳрон, Китобчи, чопи шашум, 1376ҳ.ш.‎
  • Шайхи Садуқ, Муҳаммад ибни Алӣ, Ман ло яҳзаруҳ-ул-фақиҳ, нашри Садуқ, 1367ҳ.ш.‎
  • Шайхи Садуқ, Муҳаммад ибни Алӣ, хисоли садуқ, Ҷомеъаи мударрисин, 1362ҳ.ш.‎