Jump to content

Ҷунбиши Ҷиҳоди исломии Фаластин

Аз wikishia
Нишони ҷунбиши Ҷиҳоди Исломии Фаластин

Ҷунбиши Ҷиҳоди исломии Фаластин аз ҷунбишҳои муқовимат дар Фаластин аст, ки бо таъсир аз андешаҳои имом Хумайнӣ, ягона роҳи озодии пурраи сарзаминҳои Фаластинро муқовимат дар баробари ишғолгарии Исроил медонад. Усули асосии ин ҷунбиш эътиқод ба таълимоти дини Ислом ва ҳаром будани эътирофи Исроил аст.

Ҷунбиши Ҷиҳоди исломиро, Фатҳӣ Шиқоқӣ дар соли 1981 дар Ғазза таъсис кард. Шохаи низомии он низ амалиётҳои сершуморе алайҳи Исроил анҷом дода ва Исроил ҳам чандто аз фармондеҳони онро террор кардааст.

Дабирикулли ин ҷунбиш Зиёд Нахола аст. Пеш аз ӯ Рамазон Абдуллоҳ ва пеш аз Абдуллоҳ, Фатҳӣ Шиқоқӣ ин масъулиятро бар уҳда доштанд.

Бархе аз кишварҳое ҳамчун: Амрико ва Англис ва ҳамчунин Иттиҳодияи Аврупо ин ҷунбишро дар феҳристи гуруҳҳои террористӣ қарор додаанд.

Муаррифӣ ва таъсис

Ҷунбиши Ҷиҳоди исломӣ, аз муҳимтарин ҷунбишҳои муқовимати Фаластин ба шумор меравад, ки танҳо роҳи озодии Қудсро муқовимат медонад[1] ва мухолифи тавофуқ бо Исроил аст.[2] Ин ҷунбиш нисбат ба ҷунбиши ҲАМОС ва Фатҳ, аз пуштивонаи иҷтимоии камтаре бархурдор аст.[3] Ҳузури низомии ҷиҳод дар Каронаи бохтарӣ, яке аз нуқоти қуввати он ба шумор меравад.[4] Ба гуфтаи бархе расонаҳои аврупоӣ, ин созмон аз сохтори махфӣ ва муназзам ташкил шудааст.[5]

Мухолифат бо паймони Осло (2003), таҳрими интихоботи маҷлиси қонунгузорӣ (2006), мухолифат бо муоҳидаи сулҳи Миср дар соли 2014 ва иқдом барои рафъи таниш байни ҲАМОС ва давлати Миср (2014) аз муҳимтарин иқдомоти сиёсии ҷунбиши Ҷиҳоди исломӣ ба шумор меравад.[6]

Ҷунбиши ҷиҳоди исломӣ дар соли 1981 тавассути Фатҳӣ Шиқоқӣ – табиби фаластинӣ[7]мбо ҳамкории афроде ҳамчун Абдулазиз Авда, Рамазон Абдуллоҳ ва Нофиз Аззом дар шаҳри Ғазза таъсис шуд.[8] Аъзои ин ҷунбиш дар соли 1987 ба Лубнон табъид шуданд ва дар онҷо бо Ҳизбуллоҳи Лубнон иртибот барқарор карданд ва тавассути неруҳои Сипоҳи Посдорон таълимот диданд.[9] Мақарри расмии ин ҷунбиш дар соли 1989, ба Димишқ мунтақил шуд.[10]

Фатҳӣ Шиқоқӣ, муассис ва аввалин дабирикулли ҷунбиши Ҷиҳоди исломии Фаластин

Фатҳӣ Шиқоқӣ дабирикулли ҷунбиши Ҷиҳоди исломӣ дар соли 1995 ба дасти МОСАД террор шуд ва Рамазон Абдуллоҳ Шалаҳ (ваф. 2020) ҷонишини ӯ гардид. Рамазон Абдуллоҳ нақши муассире дар пӯёии сиёсии ин ҷунбиш ифо кард. Дар пайи бемории Рамазон Абдуллоҳ, Зиёд Нахола дар соли 2018 ба дабирикулии ин ҷунбиш мансуб шуд.[11]

Усул ва аҳдоф

Ҷунбиши Ҷиҳоди исломӣ, усуле барои худ таъриф карда, ки тибқи он, дини Ислом мабнои эътиқодот ва иқдомоти ин ҷунбиш аст. Тибқи ин усул, тамомии сарзамини Фаластин, сарзамини исломӣ ва арабӣ аст ва ба расмият шинохтани режими саҳюнистӣ дар ин сарзамин ҳаром аст ва ҳузури Исроил дар Фаластин, ба маънои сайтара ва таҷзияи сарзамини исломӣ аст.[12] Ҳамчунин ҳар иқдоме, ки дар ростои расмият додан ба режими саҳюнистӣ бошад, ғайриқобили қабул унвон шудааст.[13]

Ҷунбиши Ҷиҳоди исломии Фаластин, ҳадафи аслии худро озодии комили Фаластин, нобудии режими саҳюнистӣ ва барқарории ҳукумати исломӣ унвон кардааст. Аҳдофи дигари ин ҷунбиш иборатанд аз: омодасозии мардуми Фаластин барои ҷиҳоди низомӣ ва сиёсӣ, сомондеҳии мусулмонони дунё ва тарғиби онҳо ба анҷоми вазифаи худ дар қиболи Фаластин, талош барои якпорча сохтани иқдомоти исломӣ дар робита бо Фаластин, мустаҳкам сохтани равобит бо ҷунбишҳои исломӣ ва озодибахш ва даъват ба Ислом ва таблиғи таълимоти он.[14]

Дидори Зиёд Нахола - дабирикулли ҷиҳоди исломӣ бо Исмоил Ҳания - раиси дафтари сиёсии ҲАМОС

Ҷунбиши Ҷиҳоди исломӣ бо ҷунбиши ҲАМОС ҳамкории сиёсӣ ва низомӣ дорад.[15] Аммо равобити он бо Созмони озодибахши Фаластин ба хотири рӯйкарди секуларии ин созмон ва тамоюл ба созиш бо Исроил ва ба расмият шинохтани он, муносиб нест.[16]

Муқовимат алайҳи ишғолгарӣ

Гурдонҳои Қудс (ба арабӣ: сароё-л-Қудс), шохаи низомӣ ва амниятии ҷунбиши Ҷиҳоди исломӣ, дар нимаи дувуми даҳаи ҳаштоди қарни бист мелодӣ таъсис шуд. Пеш аз ин, неруҳои муҷоҳиди исломӣ ва пештар катоиби сайфул-Ислом номида мешуд.[17] Гурдонҳои Қудс, бузургтарин неруи низомии Ғазза баъд аз шохаи низомии ҲАМОС ба шумор меравад.[18]

Исроил бархе аз фармондеҳони Ҷиҳоди исломиро террор кардааст, аз ҷумла: Фатҳӣ Шиқоқӣ (1995), Исом Бароҳама (1992), Ҳонӣ Обид (1994), Маҳмуд ал-Хавоҷа (1995), Маҳмуд Таволиба (2002), Маҳмуд ал-Замта (2003), Башир ал-Дабиш (2004), Холид ал-Даҳдуҳ (2006м), Дониёл Мансур (2014)[19] ва Ҳисом Абуҳарбд (2021) фармондеҳи шохаи низомии гурдонҳои Қудс.[20]

Амалиётҳо

Шохаи низомии Ҷиҳоди исломӣ амалиёти мутааддиде алайҳи ишғолгарии Исроил анҷом додааст; монанди Байтлид, Дизингуф, Кафардорум, Нитсорим, Шарқи ҷиболё, Муроҷ[21] ва Башоирул-интисор.[22]

Интифозаи 1987 Фаластин

Ҷунбиши Ҷиҳоди исломӣ дар интифозаи аввали Фаластин (1987) нақши муассире доштааст. Суханрониҳои Абдулазиз Авда дар масҷиди Иззуддин Қисом, аз авомили муҳими шурӯи ин интифоза ба шумор рафтааст.[23] Исроил дар интифозаи дувум (2000), Рамазон Абдуллоҳро масъули аслии бисёре аз амалиётҳои зидди исроилӣ муаррифӣ кард.[24] Мушорикати неруҳои низомии Ҷиҳоди исломӣ дар ин интифоза, иллати террори теъдоде аз фармондеҳони шохаи низомии ин ҷунбиш тавассути Исроил унвон шудааст.[25]

Мушорикат дар амалиёти Тӯфони ал-Ақсо

Мақолаи аслӣ: Тӯфони ал-Ақсо

Ба гуфтаи бархе расонаҳои аврупоӣ, ҷунбиши Ҷиҳоди исломӣ дар амалиёти Тӯфони ал-Ақсо (2023), ки мунҷар ба кушта шудани 1400 исроилӣ ва ба асорат даромадани чанд сад исроилии дигар гардид,[26] мушорикат доштааст.[27] Ин ҷунбиш эълом кард, беш аз 30 асири исроилӣ дар ихтиёр дорад, ки танҳо аз роҳи мубодила, онҳоро таҳвил хоҳад дод.[28]

Бархе аз кишварҳо ҳамчун Амрико, Англис, Канада ва Ҷопон ва низ Иттиҳодияи Аврупо, ҷунбиши Ҷиҳоди исломиро дар феҳристи гуруҳҳои террористӣ қарор додаанд.[29]

Таъсирпазирӣ аз Инқилоби Исломии Эрон

Ҷунбиши Ҷиҳоди исломӣ аз ибтидои таъсис, асарпазируфта аз тафаккуроти Инқилоби Исломии Эрон ба раҳбарии имом Хумайнӣ буд.[30] Тибқи ин тафаккур, танҳо Ислом ва таълимоти он, мабнои ҷиҳоду мубориза ва ваҳдат қарор дорад.[31] Фатҳӣ Шиқоқӣ, пеш аз таъсиси ин ҷунбиш, китобе бо унвони «ал-Хумайнӣ ал-ҳалл-ул-исломӣ ва-л-бадил» (Хумайнӣ, роҳи ҳали исломӣ ва ҷойгузин)-ро мунташир сохт, ки мунҷар ба боздошти ӯ тавассути давлати Миср шуд.[32] Вай андеша ва инқилоби имом Хумайниро беҳтарин ҷойгузин барои равишҳои дигар барои расидан ба аҳдофи ҷаҳони Ислом, хусусан озодии Фаластин эълом кард.[33] Ҷиҳоди исломӣ ба хотири ҳимояти ин ҷунбиш аз имом Хумайнӣ ва тафаккури ӯ ва таъкид бар ваҳдати шиаю суннӣ, муттаҳам ба шиа будан шудааст.[34] Ҷиҳоди исломӣ барои такзиби ин иддао, бар пойбандии ин ҷунбиш ба усули мазҳаби аҳли суннат таъкуд кард.[35]

Ба гуфтаи Холид ал-Батиш - узви дафтари сиёсии ҷунбиши Ҷиҳоди исломӣ, Эрон бузургтарин ҳомии ин ҷунбиш ва муқовимати Фаластин аст.[36] Вай кумакҳои Эрон ба ин ҷунбишро дар заминаҳои сиёсӣ, молӣ, таслиҳотӣ ва омӯзиши низомӣ баршумурдааст.[37] Ба навиштаи маркази мутолиъоти сиёсии арабӣ, ин ҷунбиш дар ҷанги дохилии Сурия (оғоз: 2011) ва ҳамлаи эътилофи арабӣ ба ҷунбиши Ансоруллоҳи Яман (оғоз: 2015) бетараф монд, ки барои муддате мӯҷиби сардии равобити он бо Эрон шуд.[38]

Шабакаи телевизионӣ

Шабакаи моҳвораии “Фаластин ал-явм”, вобаста ба ҷунбиши Ҷиҳоди исломӣ аст. Дафтари аслии он дар Бейрут қарор дорад. Артиши Исроил дар соли 2016 пахши ин шабакаро дар сарзаминҳои ишғолӣ мамнуъ кард ва дафтарҳои он дар Каронаи Бохтариро баст.[39]

Гурӯҳҳои меҳвари муқовимат
ном таъсис бунёнгузор шахсиятҳои барҷаста раҳбар мазҳаб хостгоҳ нишонвора расона
1 Ҷунбиши Амал 1353ҳ.ш. Имом Мӯсо Садр Мустафо Чамрон Набиҳ Баррӣ Шиа Лубнон
Шабакаи телевизионии NBN
2 Ҷунбиши ҷиҳоди исломии Фаластин 1360ҳ.ш. Фатҳӣ Шақоқӣ Рамазон Абдуллоҳ
Ҳисом Абуҳарбид
Зиёд Нахола Аҳли суннат Ғазза
Шабакаи Фаластин ал-Явм
3 Ҳизбуллоҳи Лубнон 1361ҳ.ш. Сайид Аббос Мӯсавӣ
Сайид Ҳасан Насруллоҳ
Наим Қосим Шиа Лубнон
Шабакаи ал-Манор
4 Созмони Бадр 1364ҳ.ш. Аднон Иброҳим
Абумаҳдӣ ал-Муҳандис
Ҳодӣ ал-Омирӣ Шиа Ироқ
Акс:Badr Organisation Political Logo.jpg
Шабакаи ал-Ғадир
5 ҲАМОС
(Ҳаракат-ул-муқавамат-ул-исломия)
1366ҳ.ш. Шайх Аҳмад Ёсин Абдулъазиз Ратисӣ
Исмоил Ҳания
Яҳё Синвор
Кумитаи муваққати ҲАМОС Аҳли суннат Фаластин
6 Сипоҳи Қудс 1369ҳ.ш. Сайид Алӣ Хоманаӣ Аҳмад Ваҳидӣ
Қосим Сулаймонӣ
Исмоил Қоонӣ Шиа Эрон
7 Ансоруллоҳи Яман 1369ҳ.ш. Ҳусайн ал-Ҳусӣ Бадруддин Ҳусӣ Абдулмалик Ҳусӣ Зайдия Яман
Шабакаи ал-Масира
8 Катоиби Ҳизбуллоҳи Ироқ 1382ҳ.ш. Абумаҳдӣ ал-Муҳандис Абуҳусайн Ҳамидовӣ
Абубоқир ас-Соидӣ
Аркон ал-Аловӣ
اАҳмад Муҳсин Фараҳ ал-Ҳамидовӣ Шиа Ироқ
Шабакаи ал-Иттиҷоҳ
9 Катоиби Сайидушшуҳадои Ироқ 1382ҳ.ш. Абумустафо Хазъалӣ
Ҳоҷ Абуюсуф
Абуолоъ ал-Вилоӣ Шиа Ироқ
10 Асоибу аҳл-ил-ҳақ 1383ҳ.ш. Қайс ал-Хазъалӣ Абдулҳодӣ ад-Дарроҷӣ
Муҳаммад ал-Баҳодилӣ
Қайс ал-Хазъалӣ Шиа Ироқ
Шабакаи ал-Аҳд
11 Муқовимати исломии Нуҷабо 1383ҳ.ш. Акрам ал-Каъбӣ Абуисо Иқлим
Муштоқ Козим ал-Ҳаворӣ
Акрам ал-Каъбӣ Шиа Ироқ
12 Лашкари Зайнабиюн 1392ҳ.ш. Гурӯҳе аз шиаёни покистонӣ Зинаталӣ Ҷаъфарӣ
Ақид Молик
Мутаҳҳар Ҳусайн
Шиа Покистон
13 Лашкари Фотимиюн 1392ҳ.ш. Теъдоде аз размандагони афғонистонӣ Алиризо Тавассулӣ
Сайид Муҳаммадҳасани Ҳусайнӣ
Сайид Аҳмади Содот
Шиа Афғонистон
Акс:پرچم لشکر فاطمیون افغانستان.jpg
14 Ҳашд-уш-шаъбӣ 1393ҳ.ш. Ҳодӣ Омирӣ
Абумаҳдӣ ал-Муҳандис
Фолеҳ Файёз Шиа Ироқ


Ҷусторҳои вобаста

Эзоҳ

  1. «حدث الساعة.. معلومات تهمک معرفتها عن الجهاد الإسلامی التی أنجبت أسری عملیة جلبوع», вебгоҳи шабакаи хабарии Ал-Ҷазира.
  2. «نشأت بمصر، ولعبت دوراً کبیراً بالانتفاضة.. قصة حرکة الجهاد وسر استهداف إسرائیل لها بحربها الأخیرة», вебгоҳи Арабипост.
  3. «نشأت بمصر، ولعبت دوراً کبیراً بالانتفاضة.. قصة حرکة الجهاد وسر استهداف إسرائیل لها بحربها الأخیرة», вебгоҳи Арабипост.
  4. «نشأت بمصر، ولعبت دوراً کبیراً بالانتفاضة.. قصة حرکة الجهاد وسر استهداف إسرائیل لها بحربها الأخیرة», вебгоҳи Арабипост.
  5. «رویکرد جهاد اسلامی فلسطین در مبارزه با اسرائیل و تفاوت‌هایش با حماس در چیست؟», вебгоҳи Еврониюз.
  6. «حرکة الجهاد الإسلامی»،, вебгоҳи шабакаи хабарии Алҷазира.
  7. «نشأت بمصر، ولعبت دوراً کبیراً بالانتفاضة.. قصة حرکة الجهاد وسر استهداف إسرائیل لها بحربها الأخیرة», вебгоҳи Арабипост.
  8. «تاریخ حرکة الجهاد الإسلامی فی فلسطین موضوعًا لمحاضرة وحدة الدراسات الاستراتیجیة», Вебгоҳи маркази арабии пажӯҳишҳо ва мутолиоти сиёсӣ.
  9. «ما هی حرکة "الجهاد الإسلامی" التی تتهمها إسرائیل بقصف المستشفی المعمدانی فی غزة؟», вебгоҳи Фаронса 24.
  10. «ما هی حرکة "الجهاد الإسلامی" التی تتهمها إسرائیل بقصف المستشفی المعمدانی فی غزة؟», вебгоҳи Фаронс 24.
  11. «نشأت بمصر، ولعبت دوراً کبیراً بالانتفاضة.. قصة حرکة الجهاد وسر استهداف إسرائیل لها بحربها الأخیرة», вебгоҳи Арабипост.
  12. «نبذة عن حرکة الجهاد الإسلامی فی فلسطین», вебгоҳи шабакаи хабарии Алҷазира.
  13. «نبذة عن حرکة الجهاد الإسلامی فی فلسطین», вебгоҳи шабакаи хабарии Алҷазира.
  14. «نبذة عن حرکة الجهاد الإسلامی فی فلسطین», вебгоҳи шабакаи хабарии Алҷазира.
  15. «ما هی حرکة الجهاد الإسلامی وما علاقتها بحماس؟», вебгоҳи ал-Ҳурра.
  16. «رویکرد جهاد اسلامی فلسطین در مبارزه با اسرائیل و تفاوت‌هایش با حماس در چیست؟», вебгоҳи Евронюз.
  17. «حدث الساعة.. معلومات تهمک معرفتها عن الجهاد الإسلامی التی أنجبت أسری عملیة جلبوع», вебгоҳи шабакаи хабарии Алҷазира.
  18. «إلی جانب کتائب القسام ما هی أبرز الحرکات المسلحة فی غزة», вебгоҳи шабакаи хабарии BBC.
  19. «حرکة الجهاد الإسلامی», вебгоҳи TRT арабӣ.
  20. «حدث الساعة.. معلومات تهمک معرفتها عن الجهاد الإسلامی التی أنجبت أسری عملیة جلبوع», вебгоҳи шабакаи хабарии Алҷазира.
  21. «حدث الساعة.. معلومات تهمک معرفتها عن الجهاد الإسلامی التی أنجبت أسری عملیة جلبوع», вебгоҳи шабакаи хабарии Алҷазира.
  22. «نشأت بمصر، ولعبت دوراً کبیراً بالانتفاضة.. قصة حرکة الجهاد وسر استهداف إسرائیل لها بحربها الأخیرة», вебгоҳи Арабипост.
  23. «نشأت بمصر، ولعبت دوراً کبیراً بالانتفاضة.. قصة حرکة الجهاد وسر استهداف إسرائیل لها بحربها الأخیرة», вебгоҳи Арабипост.
  24. «نشأت بمصر، ولعبت دوراً کبیراً بالانتفاضة.. قصة حرکة الجهاد وسر استهداف إسرائیل لها بحربها الأخیرة», вебгоҳи Арабипост.
  25. Ал-Шариф, «حرکة الجهاد الإسلامی فی فلسطین», вебгоҳи маркази мутолиъоти Фаластин.
  26. «ما هی حرکة "الجهاد الإسلامی" التی تتهمها إسرائیل بقصف المستشفی المعمدانی فی غزة؟», вебгоҳи Фаронс 24.
  27. «رویکرد جهاد اسلامی فلسطین در مبارزه با اسرائیل و تفاوت‌هایش با حماس در چیست؟», вебгоҳи Евронюз.
  28. «ما هی حرکة "الجهاد الإسلامی" التی تتهمها إسرائیل بقصف المستشفی المعمدانی فی غزة؟», вебгоҳи Фаронс 24.
  29. «درباره جهاد اسلامی فلسطین و گردان‌های قدس چه می‌دانیم؟», вебгоҳи шабакаи хабарии Евронюз.
  30. «حرکة الجهاد الإسلامی», вебгоҳи TRT арабӣ.
  31. Абутоҳо, «تأثیر امام خمینی و انقلاب اسلامی در اندیشه و عملکرد جنبش جهاد اسلامی فلسطین», портали Имом Хумайнӣ.
  32. Арабсурхӣ, «جنبش جهاد اسلامی فلسطین از آغاز تا امروز», вебгоҳи ҷамъияти дифоъ аз миллати Фаластин.
  33. Абутоҳо, «تأثیر امام خمینی و انقلاب اسلامی در اندیشه و عملکرد جنبش جهاد اسلامی فلسطین», портали Имом Хумайнӣ.
  34. Абутоҳо, «تأثیر امام خمینی و انقلاب اسلامی در اندیشه و عملکرد جنبش جهاد اسلامی فلسطین», портали Имом Хумайнӣ.
  35. Абутоҳо, «تأثیر امام خمینی و انقلاب اسلامی در اندیشه و عملکرد جنبش جهاد اسلامی فلسطین», портали Имом Хумайнӣ.
  36. «فی حوار مع الجزیرة نت خالد البطش یوضح مکاسب الجهاد من الحرب ودور حماس والعلاقة مع إیران», вебгоҳи шабакаи хабарии Алҷазира.
  37. «فی حوار مع الجزیرة نت خالد البطش یوضح مکاسب الجهاد من الحرب ودور حماس والعلاقة مع إیران», вебгоҳи шабакаи хабарии Алҷазира.
  38. «تاریخ حرکة الجهاد الإسلامی فی فلسطین موضوعًا لمحاضرة وحدة الدراسات الاستراتیجیة», вебгоҳи маркази арабии пажӯҳишҳо ва мутолиъоти сиёсӣ.
  39. «اسرائیل شبکه تلویزیونی فلسطین الیوم را تعطیل کرد», Хабаргузории Анатоли

Сарчашма

«اسرائیل شبکه تلویزیونی فلسطین الیوم را تعطیل کرد», Хабаргузории Анатоли, санаи дарҷи матлаб: 11 марти 2016, санаи боздид 27 октябри 2024