Дифоъ аз мазлум
Дифоъ аз мазлум (форсӣ: دفاع از مظلوم) ҳимоят аз ситамдида, аз умури ақлӣ ва фитрӣ аст, ки дар Қуръон ва ривоёти исломӣ бар он таъкид шуда ва фақиҳон онро воҷиб медонанд. Аз Пайғамбари Ислом (с) нақл шуда агар касе нидои талаби ёрии мазлумеро башнавад ва ба ӯ посухе надиҳад, мусулмон нест. Бархе гуфтаанд ривоёти дифоъ аз мазлум дар ҳадди тавотуранд. Дар ривоёти исломӣ, подоши дифоъ аз мазлум, ҳамнишинӣ бо Пайғамбар (с) ва каффораи гуноҳони бузург шинохта шуда ва баръакс ёрӣ накардани мазлумро боиси ҳалокат ва хуруҷ аз Ислом донистаанд; чунончи аз Имом Ҳусайн (а) қабл аз воқеаи Карбало нақл шуда ки ба Убайдуллоҳ ибни Ҳурри Ҷуъфӣ фармуд: «Иҷобат накардани истиғосаи имоме, ки мазлум воқеъ шуда ва ёрӣ накардани ӯ, боиси ҳалокати инсон тавассути Худо хоҳад шуд.»
Ҳузури Пайғамбари Ислом (с) дар паймони ҳилфулфузул ва ин ки Имом Алӣ (а) қабули ҳукуматро ба дафъи зулм ва гирифтани ҳақ шарт кард, аз намунаҳои дифоъ аз мазлум дониста шудааст. Фақиҳон дифоъ аз мазлумро маҳдуд ба мазҳабу марзи ҷуғрофиёии хоссе намедонанд; ба ҳамин далел бархе аз онон, дифоъ аз мардуми Фаластинро воҷиб медонанд. Дар асли сеюм қонуни асосии Ҷумҳурии исломии Эрон бар «Ҳимояти бедареғ аз мустазъафони ҷаҳон» таъкид шудааст.
Муртазо Мутаҳҳарӣ ва Сайид Муҳаммади Биҳиштӣ аз олимон шиа мегӯянд дар Ислом ситампазирӣ ба ҳамон андозаи ситамгарӣ нописанд аст. Дар Наҳҷулбалоға аз Имом Алӣ (а) нақл шуда одамони нотавон наметавонанд ситамро аз худ дур кунанд ва ҳақ ҷуз бо кӯшиш ба даст намеояд.
Ҷойгоҳ
Олимони мусулмон бар дифоъ аз мазлум бисёр таъкид карда ва муътақиданд воҷибе ақлӣ ва фитрӣ аст,[1] ки дар Қуръон ва ривоёт бисёр ба он суфориш шуда ва ҳатто воҷиб дониста шудааст. Ба гуфтаи Мӯсавии Сабзаворӣ, ривоёти дифоъ аз мазлум дар ҳадди тавотур аст.[2] Макорими Шерозӣ, муфассири Қуръон, бо истинод ба ояти 75 сураи Нисо[Ёддошт 1] дифоъ аз мазлумро яке аз намунаҳои ҷиҳоди дифоӣ зикр кардааст.[3]
Дар ривоёти исломӣ, подоши дифоъ аз мазлум, ҳамнишинӣ бо Пайғамбар (с)[4] ва каффораи гуноҳони бузург шинохта шудааст.[5] Дар муқобил, ёрӣ накардани мазлумро боиси ҳалокат ва хуруҷ аз Ислом муаррифӣ кардаанд; чунончи Имом Содиқ (а) аз Пайғамбар (с) нақл карда, ки агар касе нидои истиғоса ва талаби ёрии мазлумиро башнавад ва ба ӯ посух надиҳад мусулмон нест.[6]
Дифоъ аз мазлум, ҳамеша як нуқтаи дурахшон аст. Канор наёмадан бо золим, ришва напазируфтан аз зӯрманду зарманд ва пофишурдан бар ҳақиқат, арзишҳое аст, ки ҳеҷ вақт дар дунё куҳна намешавад. Дар шароиту авзоъу аҳволи гуногун, ин хусусиёт ҳамеша боарзиш аст.
Муртазо Мутаҳҳарӣ муътақид аст Худованд аз бадгӯӣ ва бадном намудани дигарон манъ кардааст, магар дар мавриди шахси мазлум. Вай муътақид аст бар асоси оёти Қуръон[7] Худованд ба мазлум иҷоза медиҳад «фарёд кунад, бадгӯӣ кунад... шиор бидиҳад» ва иллати он ин аст ки «ин роҳи эҳқоқи ҳақ аст».[8]
Дифоъ аз мазлум дар сираи Аҳли Байт (а)
Паёмбари акрам (с) қабл аз беъсат, ба унвони намоянда Банӣ Ҳошим дар паймони ҳилфулфузул ки барои дифоъ аз мазлум дар муқобили золим баста шуда буд, ширкат кард.[9] Ҳамчунин Имом Алӣ (а) пас аз он ки бо вай ба унвони халифа байъат шуд, дифоъ аз мазлум ва гирифтани ҳаққи ӯро аз барномаҳои ҳукуматии худ баён кард.[10] Ӯ дар хутбаи шиқшиқия яке аз далелҳои қабули ҳукумат(баъд аз кушта шудани Усмон)-ро паймоне дониста, ки Худованд аз олимон барои дафъи зулм аз мазлумон гирифтааст.[11] Имом Алӣ (а), пас аз он ки тавассути Ибни Мулҷам зарбат хӯрд, ба Имом Ҳасан (а) ва Имом Ҳусайн (а) васият кард, ки душмани золим ва ёрирасони мазлум бошед.[12] Таъмини амнияти мазлумон дар канори иқомаи ҳудуди Илоҳӣ ва ислоҳу ободонии шаҳрҳо дар суханони Имом Ҳусайн (а) пеш аз қиёми Карбало мавриди таъкид қарор гирифтааст. (ونظهر الإصلاح في بلادك، فيأمن المظلومون من عبادك، وتقام المعطلة من حدودك)[13]
Вуҷуби шаръии дифоъ аз мазлум
Соҳиби Ҷавоҳир ва Кошифулғито аз фақиҳони шиа, дифоъ аз мазлумро дар сурати гумон ба солим мондан ва тавоноӣ бар ёрӣ расондан, воҷиби кифоӣ донистаанд.[14] Ҷаводи Табрезӣ (ваф.1385ҳ.ш.), аз мароҷеъи тақлиди шиа ҳам дифоъ аз мазлумро воҷиб шумурдааст.[15]
Дифоъ аз миллатҳои мазлум
Бинобар фатвои фуқаҳо, дифоъ аз мазлум маҳдуд ба ҳеҷ марзи ҷуғрофиёӣ нест;[16] ба ҳамин далел фақиҳоне назири Муҳаммадҳусайни Кошифулғито,[17] Оятуллоҳи Буруҷердӣ[18] ва Имом Хумайнӣ[19] ба вуҷуби дифоъ аз мардуми Фаластин фатво додаанд. Дар асли сеюм Қонуни асосии Ҷумҳурии исломии Эрон, ба «Ҳимояти бедареғ аз мустазъафони ҷаҳон» таъкид шудааст.[20]
Мазаммати мазлуме ки аз худ дифоъ намекунад
Муртазо Мутаҳҳарӣ, рӯҳонӣ ва файласуфи шиа, муътақид аст дар Ислом бо заъфу «забунпарварӣ» мубориза шудааст. Аз нигоҳи вай, Ислом ба ҳамон дараҷа ки золимро душман медорад, душмани одаме аст, ки дар муқобили золим, бо ин ки қудрат дорад, таслим аст.[21] Аз Имом Алӣ (а) нақл шуда ки ашхоси заъифу нотавон ҳаргиз наметавонанд ситамро аз худ дур кунанд ва ҳақ ҷуз бо талош ба даст намеояд. (لَا يَمْنَعُ الضَّيْمَ الذَّلِيلُ وَ لَا يُدْرَكُ الْحَقُّ إِلَّا بِالْجِدِّ)[22]
Муҳаммади Биҳиштӣ, муҷтаҳиди сиёсатмадори шиа, низ гуфтааст дар Ислом, ситампазирӣ ба андозаи ситамгарӣ гуноҳ аст ва агар шахсе ситампазир шуд, ибтидо бояд худро маломат кунад. Вай ба ояти 38 Аъроф истинод мекунад ки бархе ҷаҳаннамиён барои дигарон азоб дубаробар мехоҳанд; бо ин далел ки онҳо будаанд ки гумроҳашон карданд. Қуръон, дар посух, гуноҳи ҳар ду гурӯҳро яксон медонад ва мегӯяд барои ҳар ду гурӯҳ, азоби дубаробар аст.[23]
Эзоҳ
- ↑ Макорими Шерозӣ, Тафсири намуна, 1386ҳ.ш., ҷ.20, саҳ.467 - 464; Ҳусайнии Ҳамадонӣ, Анвори дурахшони фи тафсир-ил-Қуръон, 1380ҳ.қ., ҷ.15, саҳ.65
- ↑ Мӯсавии Сабзаворӣ, Муҳаззаб-ул-аҳком, Дор-ут-тафсир, ҷ.28, саҳ.156 - 157
- ↑ Макорими Шерозӣ, Паёми Қуръон, 1386ҳ.ш., ҷ.10, саҳ.321
- ↑ Маҷлисӣ, Биҳор-ул-анвор, 1403ҳ.қ., ҷ.20, саҳ.75
- ↑ Наҳҷулбалоға, ҳикмати 24
- ↑ Кулайнӣ, ал-Кофӣ, 1407ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.164
- ↑ Сӯраи Нисо, ояти 148
- ↑ Мутаҳҳарӣ, Понздаҳ гуфтор, 1380ҳ.ш., саҳ.96
- ↑ Ибни Асир, ал-Комилу фи-т-таърих, 1385ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.41; Ибни Ҳишом, ас-Сират-ун-набавия, Дор-ул-маърифа, ҷ.1, саҳ.134
- ↑ Наҳҷулбалоға, хутбаи 136, саҳ.194
- ↑ Наҳҷулбалоға, тасҳеҳ: Субҳӣ Солеҳ, хутбаи 3
- ↑ Наҳҷулбалоға, тасҳеҳ: Субҳӣ Солеҳ, номаи 47, саҳ.421
- ↑ Ҳарронӣ, Туҳаф-ул-уқул, 1363ҳ.ш., 1404ҳ.қ., саҳ.239; Маҷлисӣ, Биҳор-ул-анвор, 1403ҳ.қ., ҷ.34, саҳ.111
- ↑ Наҷафӣ, Ҷавоҳир-ул-калом, 1362ҳ.ш., ҷ.21, саҳ.310; Кошифулғито, Кашф-ул-ғито, 1422ҳ.қ., ҷ.4, саҳ.367
- ↑ Табрезӣ, Усас-ул-ҳудуди ва-т-таъзирот, 1417ҳ.қ., саҳ.459
- ↑ Шаҳиди Сонӣ, Масолик-ул-афҳом, 1413ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.8
- ↑ «ал-Марҷаит-иш-шиъияти ва қазоя-л-олам-ил-исломии мин фатово ва мавоқиф-ил-имом аш-шайх Муҳаммад ал-Ҳусайн оли Кошифулғито ан Фаластин», маҷаллаи ал-Мусим, саҳ.191
- ↑ Абозарӣ, Оятуллоҳи Буруҷердӣ ояти ихлос, 1383ҳ.ш., саҳ.117
- ↑ Имом Хумайнӣ, Саҳифаи Имом, 1389ҳ.ш., ҷ.2, саҳ.199
- ↑ «асли 3 қонуни асосӣ», Пажӯҳишкадаи шӯрои нигаҳбон
- ↑ Мутаҳҳарӣ, Понздаҳ гуфтор, 1380ҳ.ш., саҳ.96
- ↑ Наҳҷулбалоға, тасҳеҳи Субҳӣ Солеҳ, ношир: Қум, 1374ҳ.ш., хутбаи 29, саҳ.73
- ↑ «суханони аҷиби шаҳиди Оятуллоҳи Биҳиштӣ дар мавриди ситампазирӣ», Сайти опорот
Ёддошт
- ↑ Чаро дар роҳи Худо ҷиҳод намекунед ва дар роҳи (озодии) ҷамъе нотавон аз марду зану кӯдак, ки (дар Макка асири зулми куффоранд ва) доим мегӯянд: бор Худоё, моро аз ин шаҳре ки мардумаш ситамкоранд берун ор ва аз ҷониби худ барои мо (бечорагон) нигаҳ дор ва ёрӣ фирист.
Сарчашма
- «ал-Марҷаит-иш-шиъияти ва қазоя-л-олам-ил-исломии мин фатово ва мавоқиф-ил-имом аш-шайх Муҳаммад ал-Ҳусайн оли Кошифулғито ан Фаластин», маҷаллаи ал-Мусим, кишвари Ҳоланд - шаҳри Нидерланд, №18, 1414ҳ.қ.
- «асли 3 қонуни асосӣ», Пажӯҳишкадаи шӯрои нигаҳбон, санаи боздид: 12 урдибиҳишти 1403ҳ.ш.
- «баёноти Оятуллоҳ Хоманаӣ дар хутбаҳои намози ҷумъаи 21 рамазон», Сайти khamenei.ir, санаи боздид: 12 урдибиҳишти 1403ҳ.ш.
- «суханони аҷиби шаҳиди Оятуллоҳи Биҳиштӣ дар мавриди ситампазирӣ», Сайти опорот, санаи боздид: 12 урдибиҳишти 1403ҳ.ш.
- Абозарӣ, Абдураҳим, Оятуллоҳи Буруҷердӣ ояти ихлос, Теҳрон, Маҷмаъи ҷаҳонии тақриби мазоҳиби исломӣ, 1383ҳ.ш.
- Ибни Асир, Иззуддин, ал-Комилу фи-т-таърих, Бейрут, Дору содир, чопи аввал, 1385ҳ.қ.
- Ибни Ҳишом, Абдулмалик ибни Ҳишом, ас-Сират-ун-набавия, Бейрут, Дор-ул-маърифа, бе то.
- Имом Хумайнӣ, Сайид Рӯҳуллоҳ, Саҳифаи Имом, Теҳрон, Муассисаи тавзеъ ва нашри осори Имом Хумайнӣ, 1389ҳ.ш.
- Кошифулғито, Ҷаъфар ибни Хизр, Кашф-ул-ғитои ан мубҳамот-иш-шариат-ил-ғарро, таҳқиқ: Аббоси Табризӣ, Қум, Дафтари таблиғоти исломӣ, 1422ҳ.қ.
- Макорими Шерозӣ, Носир, Паёми Қуръон, Теҳрон, Дор-ул-кутуб-ил-исломия, чопи нуҳум, 1386ҳ.ш.
- Маҷлисӣ, Муҳаммадбоқир, Биҳор-ул-анвор-ил-ҷомеати лидурари ахбор-ил-аиммат-ил-атҳор, Бейрут, Дору эҳё-ит-турос-ил-арабӣ, чопи дувум, 1403ҳ.қ.
- Мӯсавии Сабзаворӣ, Сайид Абдулаъло, Муҳаззаб-ул-аҳкоми фи баёни ҳалол ва-л-ҳаром, Қум, Дор-ут-тафсир, бе то.
- Мутаҳҳарӣ, Муртазо, Понздаҳ гуфтор, Теҳрон, Садро, 1380ҳ.ш.
- Мутаҳҳарӣ, Муртазо, Ҷиҳод, Қум, Ҷомеъаи мударрисини ҳавзаи илмия, 1374ҳ.ш.
- Наҳҷулбалоға, тасҳеҳи Субҳӣ Солеҳ, Қум, 1414ҳ.қ.
- Табрезӣ, Ҷавод, Усас-ул-ҳудуди ва-т-таъзирот, Қум, бено, 1417ҳ.қ.
- Ҳарронӣ, Ҳасан ибни Алӣ, Туҳаф-ул-уқул, Муассисат-ун-нашр-ил-исломӣ, Тасҳеҳ ва таълиқи Алиакбари Ғаффорӣ, 1404ҳ.қ., 1363ҳ.ш.
- Ҳусайнии Ҳамадонӣ, Сайид Муҳаммад, Анвори дурахшон дар тафсири Қуръон, таҳқиқ: Муҳаммадбоқири Беҳбудӣ, Теҳрон, нашри Лутфӣ, 1380ҳ.қ.
- Шаҳиди Сонӣ, Зайнуддин ибни Алӣ, Масолик-ул-афҳоми ило танқеҳи Шароеъ-ул-Ислом, Қум, 1413ҳ.қ.