Фазилатҳои Имом Алӣ (а)

Аз wikishia
(Тағйири масир аз Фазилати имом Алӣ (а))
Ҳарами Имом Алӣ

Фазилатҳои Имом Алӣ (а) (арабӣ: فضائل الإمام علي (ع)) сифатҳо ва хислатҳои Амирулмуъминин Алӣ (а) аввалин имоми шиаён аст, ки дар оятҳои Қуръон, ривоятҳо ва рӯйдодҳои таърихӣ зикр шудаанд. Аз Пайғамбари Ислом (с) нақл шудааст, ки фазилатҳои ҳазрати Алӣ (а)-ро ҳадду ҳисоб нест ва бар асоси ривояти дигаре аз он ҳазрат (с), қисса кардан, навиштан, нигоҳ кардан ва шунидани фазилатҳои ҳазрати Алӣ (а) як навъ ибодат аст ва сабаби бахшиши гуноҳон мешавад.

Фазилатҳои ҳазрати Алӣ (а) ба ду гурӯҳ тақсим мешаванд: фазилатҳои махсуси он ҳазрат ва фазилатҳои муштарак бо дигар Аҳли байт (а). Ояти Вилоят, ояти Широъ, ояти Инфоқ, Ҳадиси Ғадир, Ҳадиси Тайри машвӣ (мурғбирён), Ҳадиси Манзлат ва Хотамбахшӣ аз фазилатҳои махсуси ӯ ба ҳисоб мераванд. Ояти Татҳир, ояти Аҳлуззикр, ояти Маваддат ва ҳадиси Сақалайн низ аз фазилатҳои муштараки ӯ бо дигар Аҳли Байт (а) мебошанд.

Дар даврони Бани Умайя аз нашри фазилатҳои Имом Алӣ ҷилавгирӣ шуд. Дар ин давра касоне, ки фазилатҳои ӯро нақл мекарданд, кушта ва ё зиндонӣ мешуданд. Ҳамчунин, бо фармони Муовия онҳое, ки дар муқобили фазилатҳои Имом Алӣ (а), барои се халифа фазилатбофӣ мекарданд, ташвиқ мешуданд. Баъзеҳо ҳамчун Ибни Таймия - пешвои салафия, ва шогирдонаш Ибни Касири Димишқӣ ва Ибни Қайими Ҷавзӣ, теъдоде аз оятҳо ва ҳадисҳои роҷеъ ба фазилати ҳазрати Алӣ (а)-ро таҳриф ва ё қалбакӣ донистаанд.

Бо вуҷуди талошҳои мухолифон барои пешгирӣ аз интишори фазилатҳои Имом Алӣ (а), фазилатҳои зиёде аз Алӣ ибни Абитолиб (а) дар ҷомеъҳои ҳадисии шиа ва суннӣ нақл шуда ва олимони ҳар ду мазҳаб, китобҳои ҷудогонае низ роҷеъ ба фазилатхои он ҳазрат навиштаанд. Аз ҷумлаи онҳо «Фазоилу Амирулмуъминин»-и Ибни Ҳанбал, «Хасоису Амирулмуъминин»-и Насоӣ ва «Умдату уюни сиҳоҳ-ил-ахбор фӣ маноқиби имом-ил-аброр»-и Ибни Батриқ мебошанд.

Чистӣ, аҳамият ва дастабандӣ

Манзур аз фазоил сифот ва вижагиҳое аст, ки сабаби бартарии шахс ё гурӯҳе бар дигарон мешавад;[1] бинобар ин «Фазоили Имом Алӣ (а)» маҷмуае аз сифот ва вижагиҳои ҳазрати Алӣ (а) нахустин имоми шиаён аст, ки дар оёт, ривоёт ва нақлҳои таърихӣ ба онҳо ишора шуда ва сабаби бартарии ӯ бар дигарон аст. Дар китобҳои каломии шиа, аз фазоили Алӣ (а) барои исботи имомат ва бартарии ӯ барои хилофат ҳам истифода шудааст.[2] Аз Пайғамбар (с) нақл шудааст, фазоили Имом Алӣ он чунон бисёранд, ки қобили шумориш нестанд.[3] Аҳли суннат низ ба ин матлаб эътироф кардаанд. Барои мисол аз Аҳмад ибни Ҳанбал - пешвои мазҳаби ҳанбалӣ, нақл шудааст, он миқдор, ки барои Алӣ ибни Абитолиб фазоил омадааст, барои ҳеҷ як аз саҳоба нақл нашудааст.[4]

Фазоили Имом Алӣ (а) ду дастаанд:

  1. Фазоили махсуси Алӣ (а): фазоиле, ки хоси ӯст, монанди хобидани ӯ дар бистари Пайғамбар (с) дар Лайлат-ул-мабит ва нузули ояти Широъ дар бораи он;
  2. Фазоили муштарак: фазоиле, ки панҷтан ё дигар маъсумон низ доранд, монанди ҳадиси Сақалайн, ки дигар Аҳли Байтро низ дарбар мегирад ва ҳадиси Кисо, ки махсуси панҷтан аст.

Бар пояи ривояте, ки Ибни Шозони Қумӣ аз Пайғамбар (с) нақл кардааст, касе ки фазилате аз Имом Алӣ (а)-ро бинависад, то замоне, ки аз он навишта асаре бошад, малоика барои ӯ истиғфор мекунанд. Ҳамчунин касе ки ба фазилате аз ӯ гӯш кунад, гуноҳоне, ки бо гӯш анҷом дода ва касе ки ба фазилате аз ӯ нигоҳ кунад, гуноҳоне, ки бо чашм анҷом додааст, бахшида мешаванд.[5]

Фазоили қуръонӣ

Фазоили қуръонӣ, оёте аз Қуръон ҳастанд, ки дар бораи Имом Алӣ (а) нозил шудаанд, ё Имом Алӣ (а) мисдоқи онҳо муаррифӣ шудааст. Аз Ибни Аббос нақл шудааст, он миқдор аз Қуръон, ки дар бораи Алӣ (а) нозил шудааст, дар бораи ҳеҷ касе нозил нашудааст.[6] Ҳамчунин Ибни Аббос аз Расули Худо (с) нақл кардаст, Худо оятеро нозил накард, ки дар он «Ё айюҳаллазина оману» бошад, магар он ки Алӣ дар раъси муъминон ва амири онон аст.[7] Ӯ нузули беш аз 300 оятро дар мадҳи Алӣ (а) донистааст.[8] Бархе аз фазоили қуръонии Имом Алӣ (а) иборатанд аз:

Фазоили ривоӣ

Хушнивисии ҳадиси «Зикру Алийин ибодат» асари Ризо Бадруссамо

Фазоили ривоӣ аҳодисе аз Пайғамбар (с) аст, ки мадҳ ё фазилате барои Имом Алӣ (а) баён мекунанд. Бархе аз ин аҳодис иборатанд аз:

  • Ҳадиси Ғадир: хитобае аст аз Пайғамбари Акрам (с) дар Ғадири Хум, ки Алӣ (а)-ро мавлои мусулмонон муаррифӣ мекунад. Ин ҳадис дар манобеи шиа ва суннӣ нақл шуда[49] ва аз далоили шиаён барои исботи имомат ва хилофати ҳазрати Алӣ ба шумор меояд.[50]
  • Ҳадиси Манзалат: ривояте аст, ки мақоми Имом Алӣ (а)-ро нисбат ба Пайғамбари Ислом (с), ҳамонанди мақоми Ҳорун нисбат ба ҳазрати Мусо муаррифӣ мекунад.[51]
  • Ҳадиси Мадинат-ул-илм: ҳадисе аз Пайғамбари Ислом (с) ки дар он худро шаҳри илм ва Алӣ (а)-ро дарвозаи он муаррифӣ кардааст.[52] Китоби ал-Ғадир 21 тан аз муҳаддисони сунниро ном бурдааст, ки ин ҳадисро ҳадиси ҳасан ё ҳадиси саҳеҳ донистаанд.[53]
  • Ҳадиси Явм-уд-дор: ривояте аз Пайғамбари Акрам (с) аст, ки дар он аз хешовандони худ хост, то даъваташро қабул кунанд ва зимни он ба висоят ва хилофати Алӣ ибни Абитолиб (а) тасреҳ кард.[54] Мутакаллимони шиа барои исботи имомати ҳазрати Алӣ (а) ба ин ҳадис истинод кардаанд.[55]
  • Ҳадиси Висоят: ҳадисе аз Пайғамбари Ислом (с) аст, ки дар он Имом Алӣ (а) ба унвони васӣ ва ҷонишини Пайғамбар муаррифӣ шудааст.[56] Шиаён барои исботи имомати Имом Алӣ ба он истинод мекунанд.[57]
  • Ҳадиси Вилоят: ҳадисе аз Пайғамбар (с) аст, ки ҳазрати Алиро баъд аз худ валии муъминон муаррифӣ мекунад. Ин ҳадис бо иборатҳои мухталифе дар манобеи шиа ва суннӣ нақл шудааст.[58] Шиаён калимаи «валӣ»-ро ки дар «Алӣ валиюкум мин баъдӣ»[59] ба кор рафтааст, ба маънои имом ва сарпараст медонанд ва ба ин васила имомат ва вилояти ҳазрати Алӣ (а)-ро исбот мекунанд.[60]
  • Ҳадиси Тайр: ривояте дар фазилати ҳазрати Алӣ (а) аст, ки бинобар муҳтавои он, Пайғамбар (с) қасди хӯрдани гӯшти парандаи бирёнро дошт ва аз Худо хост бо беҳтарини халқ ҳамсуфра шавад ва бо ҳазрати Алӣ (а) ҳамсуфра шуд.[61] Ин ривоят дар манобеи шиа ва аҳли суннат омадааст.[62]
  • Ҳадиси Роят: ҳадиси машҳуре аст аз ҳазрати Муҳаммад (с) дар бораи Имом Алӣ (а) дар ғазваи Хайбар, ки дар он омадааст: «Фардо парчамро ба марде медиҳам, ки Худованд қалъаи Хайбарро бо дасти ӯ фатҳ мекунад, Худо ва Расулро дӯст медорад ва Худо ва Расул ҳам ӯро дӯст медоранд.»[63]
  • Ҳадиси Сақалайн: ҳадиси машҳуре аз Пайғамбар (с) дар бораи мақоми Қуръон ва Аҳли Байт аст. Дар ин ҳадис омадааст: «Ман дар миёни шумо ду чизи сангин (гаронсангу гаронбаҳо) боқӣ мегузорам, ки агар онҳоро дастовез қарор диҳед, ҳар гиз гумроҳ нахоҳед шуд: китоби Худо ва итратам, ки Аҳли Байтам ҳастанд».[64] Ин ҳадис дар манобеи шиа ва суннӣ нақл шудааст.[65]
  • Ҳадиси Кисо: ҳадисе аст дар фазилати панҷтан. Тибқи ин ҳадис, ки дар манобеи шиа[66] ва суннӣ[67] омадааст, Пайғамбари Ислом (с) хонадонашро бо порчаи пашмине (кисо) пӯшонду дуо кард: «Худоё, инон Аҳли Байти ман ҳастанд! Палидиро аз онҳо дур кун ва онҳоро пок гардон!»[68]
  • Ҳадиси Сафина: ҳадиси машҳуре аз Пайғамбари Ислом (с) аст, ки дар он Аҳли Байти (а) худро ба киштии Нӯҳ ташбиҳ кардааст, ки ҳар касе ба он савор шавад, наҷот меёбад ва ҳар касе аз он ҷо монад, ғарқ мешавад.[69] Ин ҳадис дар манобеи шиа ва суннӣ нақл шудааст.[70]
  • Ҳадиси Шаҷара: Пайғамбар (с) фармуд: Ману Алӣ аз як дарахт халқ шудаем ва бақияи мардум аз дарахтҳои гуногун.[71] Баъзе муфассирон, офариниши Пайғамбар (с) ва Имом Алӣ (а)-ро аз як маншаъ, далеле бар баробар будани он ду дар фарз будани итоат ва вилоят донистаанд.[72]
  • Ҳадиси Лавҳ: аз ҳадисҳои нақлшуда аз Пайғамбари Ислом (с) барои исботи имомати имомони дувоздаҳгона аст, ки дар он номи ҷонишинони Расули Худо (с), аз имоми аввал, Имом Алӣ (а) то имоми дувоздаҳум, Имом Маҳдӣ (а) зикр шудааст.[73]
  • Ҳадиси Ҳақ: аз аҳодиси машҳури Пайғамбар аст, ки Алӣ (а)-ро меъёри ҳақ муаррифӣ мекунад. Яке аз нақлҳои он ин гуна аст: «Алӣ бо ҳақ аст ва ҳақ бо Алӣ! Ва ин ду ҳаргиз аз якдигар ҷудо намешаванд, то канори ҳавзи Кавсар бар ман ворид шаванд!»[74]
  • Ҳадиси Ташбиҳ: ҳадисе аст, ки дар он Пайғамбар (с) Алӣ (а)-ро ба дигар пайғамбарон монанд кардааст. Ин ҳадис дар манобеи шиа[75] ва суннӣ[76] нақл шудааст.
  • Ло фатто илло Алӣ: ин ҳадис ба маънои ин аст, ки ҷавонмарде ғайр аз Алӣ вуҷуд надорад. Мутобиқи манобеи ҳадисӣ ва таърихӣ, ин ҳадисро Ҷабраил ба хотири фидокорӣ ва шуҷоати Имом Алӣ (а) дар ҷанги Уҳуд баён кардааст.[77] Ин ҳадис дар манобеи шиа ва суннӣ нақл шудааст.[78]
  • Ҳадиси Қасим-ун-нори ва-л-ҷаннат: ривояте аст аз Пайғамбари Ислом (с) ки Алиро тақсимкунандаи биҳишту дузах муаррифӣ мекунад.[79] Ин ҳадис дар манобеи шиа[80] ва аҳли суннат[81] ба суратҳои гуногун ва аз ровиёни мутааддид нақл шудааст.
  • Ҳадиси Хосиф-ун-наъл, гуфторе аз Пайғамбари Ислом (с) дар баёни ҷойгоҳ ва фазоили Имом Алӣ (а) аст, ки Имомро ба хотири он ки дар он лаҳза машғули дӯхтани кафши Пайғамбар (с) буд, бо лақаби Хосиф-ун-наъл хитоб қарор дод.[82]

Ривоёти дигаре ҳам аз Пайғамбар дар бораи фазоили Имом Алӣ (а) нақл шудааст; аз ҷумла «Зарбати Алӣ дар ҷанги Хандақ аз ибодати ҷину инс бартар аст»;[83] «Ҳар кас Алиро саб кунад, маро лаън кардааст!»;[84] «Ҳар касе Алиро азият кунад, маро азият кардааст!»;[85] «Бо дӯстии Алӣ аст, ки муъмин аз мунофиқ шинохта мешавад»;[86] «Алӣ аз ман ва ман аз Алиям!»;[87] «Ёди Алӣ ибодат аст!»;[88] «Нигоҳ ба Алӣ ибодат аст!»;[89] ҳамчунин истифодаи Пайғамбари Ислом (с) аз лақабҳое монанди Сиддиқи Акбар,[90] Форуқи Аъзам[91] ва Абутуроб[92] дар бораи Имом Алӣ (а) аз фазоили он ҳазрат ба шумор омадааст.

Дигар вижагиҳо ва имтиёзоти ҳазрати Алӣ (а)

Бархе аз рӯйдодҳо ва имтиёзоте, ки ба унвони фазоили Имом Алӣ (а) шуморида шудаанд, иборатанд аз:

  • Издивоҷ бо ҳазрати Заҳро: аз фазоили махсуси Имом Алӣ (а)-ро издивоҷаш бо духтари Пайғамбар донистаанд, ки бо фармони Худо анҷом шуд.[93] Гуфтаанд, агар Алӣ (а) намебуд, барои Фотима (с) ҳамтое вуҷуд намедошт.[94]
  • Мавлуди Каъба: мавлуди Каъба ба маънои зодашуда дар Каъба, ба моҷарои таваллуди Имом Алӣ (а) дар Каъба ишора дорад, ки аз фазоили махсуси ӯ ба шумор меравад.[95]
  • Лақаби Амирулмуъминин: ба маънои амир, фармондеҳ ва раҳбари мусулмонон, лақабе аст, ки ба эътиқоди шиаён хоси ҳазрати Алӣ (а) аст. Ба бовари шиаён, ин лақаб нахустин бор дар замони Пайғамбари Акрам барои Алӣ ибни Абитолиб ба кор рафтааст.[96] Сайид ибни Товус - муҳаддиси шиа дар қарни ҳафтум, дар китоби ал-Яқин би ихтсоси мавлоно Алӣ би имрат-ил-муъминин, бо истинод ба 220 ҳадис аз манобеи аҳли суннат, лақаби Амиралмуъмининро махсуси Имом Алӣ (а) донистааст.[97]
  • Садд-ул-абвоб: ба маънои бастани дарҳо, ба воқеае ишора дорад, ки тайи он, Пайғамбари Ислом ба фармони Худо дастур дод ғайри дари хонаи Имом Алӣ (а), дари ҳамаи хонаҳое, ки ба Масҷид-ун-набӣ кушода мешуданд, баста шавад.[98]
  • Бародарӣ бо Пайғамбар (с): Пайғамбар (с) пеш аз ҳиҷрат ба Мадина, байни муҳоҷирон ақди ухуввату бародарӣ барқарор кард. Ҳамчунин дар Мадина байни муҳоҷирон ва ансор ақди бародарӣ баст ва ҳарду бор байни худаш ва Имом Алӣ (а) ақди ухувват барқарор кард ва Алиро бародари худ хонд.[99]
  • Аввалин мусулмон: бар асоси эътиқоди шиа ва бархе аз донишмандони аҳли суннат, Имом Алӣ (а), аввалин марде аст, ки ба Пайғамбар (с) имон овард.[100]
  • Иблоғи оёти Бароат: ба гузориши Тафсири Намуна тақрибан ҳамаи муфассирон ва муаррихон иттифоқи назар доранд, ҳангоме, ки оёти нахустини сураи Тавба нозил шуд ва паймонҳоеро, ки мушрикон бо Пайғамбари Ислом (с) доштанд, бекор кард, Пайғамбар (с) аввал, иблоғи ин фармонро бар ӯҳдаи Абубакр гузошт, то дар фасли ҳаҷ дар Макка барои умуми мардум бихонад, аммо сипас онро аз ӯ гирифт ва ба Алӣ (а) дод ва ҳазрати Алӣ (а) дар маросими ҳаҷ ба мардум иблоғ кард.[101] Ин воқеа дар манобеи аҳли суннат нақл шудааст.[102]
  • Хотамбахшӣ: манзур аз хотамбахшӣ, моҷарое аст, ки дар он Имом Алӣ (а) дар рукуъи намоз, ангуштари худро ба фақир бахшид. Ин воқеа дар китобҳои ривоии шиа ва суннӣ нақл шудааст.[103]
  • Радд-уш-шамс: дар ин воқеа, бо дуои Пайғамбари Акрам (с), хуршед ки дар ҳоли ғуруб буд, ба ақиб бозгашт, то ҳазрати Алӣ (а) намози асрашро бихонад.[104] Ҳамчунин бино ба нақли Шайхи Муфид, дар замони ҳазрати Алӣ (а), дар яке аз ҷангҳо теъдоде аз лашкариён намози асрашонро нахонда буданд, ки бо дуои ҳазрати Алӣ (а) хуршед баргашт.[105]

Пешгирӣ аз нашри фазоили Алӣ (а)

Бинобар гузоришҳои таърихӣ, дар давраи Банӣ Умайя ба дастури Муовия аз нақл ва нашри фазоили Имом Алӣ (а) пешгирӣ шуд: ба гуфтаи Алӣ ибни Муҳаммади Мадоинӣ - таърихнигори қарни сеюм, Муовия ба коргузоронаш навишта буд, ки ҳар касе ҳар чизе дар фазилати Имом Алӣ (а) ва хонадонаш нақл кунад, ҳурмате барои ҷону молаш нест.[106] Ҳамчунин ривоят кардан аз ӯ, ёд кардан аз ӯ ба некӣ ва номгузории фарзандон ба номи Алӣ мамнуъ шуда буд.[107] Муовия Имом Алиро сабб (носазогӯӣ, дашном) мекарду мегуфт: ин корро бас намекунам, то ҳеҷ кас фазилатеро аз ӯ ёд накунад.[108] Ба фармони ӯ сабби Алӣ бар минбарҳо оғоз шуд[109] ва то давраи Умар ибни Абдулазиз, ҳудуди 60 сол давом дошт.[110] Ба гуфтаи Аллома Ҳиллӣ (648 - 726ҳ.қ.) дар китоби Кашф-ул-яқин дӯстони Имом Алӣ (а) аз тарс ва душманони ӯ аз ҳасодат, фазоили он ҳазратро нашр намедоданд, бо ин ҳол шарқу ғарб аз фазоили ӯ пур шуда буд.[111] Ба гуфтаи Муҳаммадҷаводи Муғния, умавиён касонеро, ки фазилат ё ҳадисе аз Имом Алӣ (а) нақл мекард, шиканҷа медоданд. Онон шогирдон ва ёрони хоси Имом Алӣ (а) ҳамчун Майсами Таммор, Амр ибни Ҳумқи Хузоъӣ, Рашиди Ҳиҷрӣ, Ҳуҷр ибни Аддӣ ва Кумайл ибни Зиёдро куштанд, то ҳеҷ касе ба василаи онҳо ба ахбор ва осори ҳазрати Алӣ (а) огоҳ нашавад.[112] Ҳамчунин ба гузориши Шайх Муҳаммад Абузуҳра - олими аҳли суннат, ҳукумати умавӣ таъсири ҷиддие дар пинҳон мондани бисёре аз осори Алӣ (а) доштааст ва ба ҳамин иллат аҳодиси андаке аз ӯ дар манобеи аҳли суннат нақл шудааст.[113]

Сайид Алии Шаҳристонӣ дар китоби «Манъу тадвин-ил-ҳадис», навиштааст: бештари нависандагони шиа муътақиданд, яке аз авомили манъи ҳадис пешгирӣ аз нашри фазоили Имом Алӣ (а) будааст;[114] чароки дар аҳодиси Пайғамбар дар бораи Аҳли Байт, бартарии Аҳли Байт (а) ва шоистагии онон барои хилофат баён шуда буд ва ин бо манофеи ҳукумати Банӣ Умайя дар тазод буд.[115]

Ҷаъли фазоили ҳазрати Алӣ (а) барои дигарон

Чунон ки Ибни Абилҳадид аз Абуҷаъфари Искофӣ - мутакаллими муътазилии қарни сеюми қамарӣ, нақл кардааст Муовияи гурӯҳе аз саҳоба ва тобеъинро маъмур карда буд, ки аҳодисе дар мазаммати Имом Алӣ ҷаъл кунанд.[116] Ӯ дар номае аз коргузоронаш хост дӯстдорони Усмон ибни Аффонро шиносоӣ ва ба худ наздик кунанд ва он чи ин афрод дар фазилати Усмон нақл мекунанд, барояш бинависанд.[117] Ба гуфтаи Алӣ ибни Муҳаммади Мадоинӣ - таърихнигори қарни сеюми ҳиҷрии қамарӣ, мардум барои расидан ба молу манол дар мадҳи Усмон ҳадис оварданд ва нақли фазоили Усмон фаровонӣ гирифт;[118] аз ин рӯ, Муовия дар номаи дигаре ба коргузоронаш навишт, аз мардум даъват кунанд, ки фазоили саҳоба ва хулафои сегонаро ривоят кунанд, то ин ки дар фазилати ҳазрати Алӣ (а) ҳадисе набошад, магар ин ки ривояте ҳамонанди он дар фазли хулафои нахустин ва саҳоба биоваранд, ё зид ва мухолифи онро нақл кунанд. Вай ин корро мояи равшаноии чашм ва василае барои нобудсозии роҳ ва равиши Абутуроб [Имом Алӣ (а)] ва шиаёнаш баршумурдааст.[119]

Инкори фазоили Имом Алӣ (а)

Ибни Таймия (661 - 728ҳ.қ.) - пешвои салафия, бахше аз аҳодиси дар фазилати Имом Алӣ (а) воридшударо махдуш ё қалбакӣ донистааст.[120] Ҳамчунин шогирдаш Исмоил ибни Умар, маъруф ба Ибни Касири Димишқӣ (701 - 774ҳ.қ.) гуфтааст, ояте дар хусуси Алӣ (а) ба танҳоӣ нозил нашудааст ва оёте, ки матраҳ шудааст, дар бораи Алӣ (а) ва чанд тани дигар аст.[121] Ба эътиқоди ӯ ривоёте, ки дар ин хусус аз Ибни Аббос ва дигарон нақл шудааст, саҳеҳ нестанд.[122] Ӯ ҳамчунин санади бисёре аз аҳодиси фазоили Имом Алиро заъиф донистааст.[123]

Ибни Қайими Ҷавзӣ (ваф. 751ҳ.қ.), дигар шогирди Ибни Таймия, имомати Алӣ (а) дар Ғадири Хумро ҷаълӣ донистааст;[124] бо он ки ба гуфтаи Аллома Аминӣ ҳадиси Ғадир дар манобеи шиаю суннӣ ба таври мутавотир нақл шудааст.[125] Ҳамчунин Ибни Ҷавзӣ (ваф. 597ҳ.қ. ) - олими аҳли суннат, дар китоби ал-Мавзуот, бархе аз аҳодиси фазоили Имом Алӣ (а)-ро ба унвони ҳадиси ҷаълӣ овардааст.[126]

Китобшиносӣ

Фазоили Имом Алӣ (а) дар китобҳои ҳадисии аҳли суннат, монанди: сиҳоҳи ситта дар бахшҳое ба номи маноқиб ва фазоили Алӣ ибни Абитолиб омадааст.[127] Ҳамчунин дар китобҳое, ки дар бораи фазоили Аҳли Байт навишта шудааст, бахше ба маноқиб ва фазоили Имом Алӣ ихтисос дорад. Олимони шиа ва суннӣ китобҳои ҷудогонае низ дар бораи фазоил ва маноқиби Имом Алӣ (а) таълиф кардаанд. Оқобузурги Теҳронӣ дар аз-Зариъа 15 китоб бо унвони фазоили Амирулмуъминин (а) муаррифӣ кардааст.[128] Ӯ ҳамчунин китобҳое бо номҳои дигар низ муаррифӣ кардааст, ки дарбардорандаи фазоили Имом Алӣ (а) аст. Ба унвони намуна: «Наҳҷ-ул-адолат фӣ фазоил-ил-Имом Амир-ил-муъминин Алӣ ибни Абитолиб», навиштаи Абдуалӣ ибни-л-Ҳусай ал-Либон ан-Наҷафӣ[129] ва «Мисбоҳ-ул-анвор фӣ фазоили имом-ил-аброр», навиштаи Ҳошим ибни Муҳаммад.[130]

Китобҳои аҳли суннат

Маноқибу Алӣ ибни Абитолиб, асари Аҳмад ибни Мусо ибни Мардавия (ваф. 410ҳ.қ.), ал-Меъёр ва-л-мувозина фӣ фазоил-ил-Имом Амир-ил-муъминин Алӣ ибни Абитолиб (а), таълифи Муҳаммад ибни Абдуллоҳ Искофӣ, донишманди муътазилӣ (ваф. 240ҳ.қ.), ал-Ҷавҳарату фӣ насаб-ил-Имом Алӣ ва олиҳӣ, асари Муҳаммад ибни Абибакри Тилимсонӣ (қарни ҳафтуми ҳиҷрӣ), Ҷавоҳир-ул-матолиб фӣ маноқиб-ил-Имом Алӣ ибни Абитолиб, навиштаи Шамсиддини Боавнӣ (ваф. 871ҳ.қ.), Кифоят-ут-толиб фӣ маноқиби Алӣ ибни Абитолиб, асари Муҳаммад ибни Юсуфи Ганҷӣ (ваф. 658ҳ.қ.), Маноқиб-ул-Имом Амир-ул-муъминин (а) таълифи Муваффақ ибни Аҳмади Хоразмӣ (ваф. 568ҳ.қ.) ва Маноқиби Муртазавӣ, навиштаи Мирмуҳаммадсолеҳи Тирмизӣ (ваф. 1060ҳ.қ.) аз дигар осори олимони аҳли суннат дар бораи фазоили Имом Алӣ ба шумор меоянд.

Китобҳои шиа

Китобҳои Умдату уюуни сиҳоҳ-ил-ахбор фӣ маноқиби имом-ил-аброр, машҳур ба ал-Умда, таълифи Ибни Битриқ (ваф. 600ҳ.қ.), Миату манқабатин мин маноқиби Амир-ил-муъминин ва-л-аимма мин вулдиҳ (а) мин тариқ-ил-омма, асари Ибни Шозон, Тарафун мин-ал-анбои ва-л-маноқиб, асари Сайид ибни Товус, ар-Равза фӣ фазоили Амир-ил-муъминин, асари Шозон ибни Ҷабраили Қумӣ, Кашф-ул-яқин фӣ фазоили Амир-ил-муъминин, навиштаи Аллома Ҳиллӣ ва Қазоу Амир-ил-муъминин, асари Муҳаммадтақии Шуштарӣ, Фазоил-ул-хамса мин-ас-сиҳоҳ-ис-ситта, навиштаи Фирӯзободӣ аз дигар осоре аст, ки олимони шиъӣ дар бораи фазоили Имом Алӣ (а) навиштаанд.

Ҷусторҳои вобаста

Эзоҳ

  1. Асғарпур, “Даромаде бар маноқибнигории Аҳли Байт”, саҳ.267.
  2. Барои намуна ниг.: Баёзӣ, ас-Сирот-ул-мустақим, 1384ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.151 то 298.
  3. Ибни Шозон, Миату манқабат, 1407ҳ.қ., саҳ.177.
  4. Ҳокими Нишобурӣ, ал-Мустадраку ала-с-саҳиҳайн, 1411ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.116.
  5. Ибни Шозон, Миату манқабат, 1407ҳ.қ., саҳ.177.
  6. Ибни Манзур, Мухтасару таърихи Димишқ, 1402ҳ.қ., ҷ.18, саҳ.11.
  7. Ҳасконӣ, Шавоҳид-ут-танзил, 1411ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.63 - 71; Шабланҷӣ, Нур-ул-абсор, аш-Шариф ар-Разӣ, ҷ.1, саҳ.159.
  8. Ганҷии Шофеӣ, Кифоят-ут-толиб, 1404ҳ.қ., саҳ.231; Қундузӣ, Янобиъ-ул-маваддат, 1422ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.337.
  9. Сураи Моида, ояти 55.
  10. Таботабоӣ, ал-Мизон, 1417ҳ.қ., ҷ.6, саҳ.25; Суютӣ, ад-Дурр-ул-мансур, 1404ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.293; Ҳасконӣ, Шавоҳид-ут-танзил, 1411ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.209 - 239.
  11. Сураи Бақара, ояти 207.
  12. Ибни Абилҳадид, Шарҳи Наҳҷулбалоға, 1404ҳ.қ., ҷ.13, саҳ.262.
  13. Таботабоӣ, ал-Мизон, 1390ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.100.
  14. Тусӣ, ал-Амолӣ, 1414ҳ.қ., саҳ.466 - 467.
  15. Сураи Моида, ояти 67.
  16. Барои намуна нигоҳ кунед ба Айёшӣ, Тафсир-ул-Айёшӣ, 1380ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.332; Суютӣ, ад-Дурр-ул-мансур, 1404ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.298; Олусӣ, Руҳ-ул-маъонӣ, 1405ҳ.қ., ҷ.6, саҳ.194.
  17. Кулайнӣ, ал-Кофӣ, 1407ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.290; Табарсӣ, ал-Эҳтиҷоҷ, 1401ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.57.
  18. Сураи Моида, ояти 3.
  19. Макорими Шерозӣ, Тафсири Намуна, 1374ҳ.ш., ҷ.4, саҳ.264 ва 265.
  20. Аминӣ, ал-Ғадир, 1368ҳ.ш., ҷ.2, саҳ.115.
  21. Сураи Тавба, ояти 119.
  22. Кулайнӣ, ал-Кофӣ, 1401ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.208; Омадӣ, Ғоят-ул-маром, 1391ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.52.
  23. Ҳиллӣ, Кашф-ул-мурод, 1413ҳ.қ., саҳ.371.
  24. Сураи Байина, ояти 7.
  25. Ҳасконӣ, Шавоҳид-ут-танзил, 1411ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.459; Суютӣ, ад-Дурр-ул-мансур, 1404ҳ.қ., ҷ.6, саҳ.379.
  26. Барои намуна ниг.: Ҳасконӣ, Шавоҳид-ут-танзил, 1411ҳ.қ., ҷ.2, 341 - 352; Суютӣ, ад-Дурр-ул-мансур, 1404ҳ.қ., ҷ.6, саҳ.244; Садуқ, ал-Амолӣ, 1376ҳ.ш., саҳ.31; Ҳувайзӣ, Тафсири Нур-ус-сақалайн, 1415ҳ.қ., ҷ.5, саҳ.370.
  27. Таботабоӣ, ал-Мизон, 1390ҳ.қ., ҷ.19, саҳ.332.
  28. Сураи Бақара, саҳ.274.
  29. Ибни Асокир, Таъриху мадинати Димишқ, Дор-ул-фикр, ҷ.42, саҳ.358.
  30. Сураи Муҷодала, ояти 12.
  31. Табарсӣ, Маҷмаъ-ул-баён, 1372ҳ.ш., ҷ.9, саҳ.380.
  32. Сураи Марям, ояти 96.
  33. Қумӣ, Тафсир-ул-Қумӣ, 1404ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.56.
  34. Барои намуна ниг.: Суютӣ, ад-Дурр-ул-мансур, 1404ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.39; Табарсӣ, Маҷмаъ-ул-баён, 1372ҳ.ш., ҷ.2, саҳ.764; Таботабоӣ, ал-Мизон, 1417ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.30.
  35. Ибни Ҳакам, Тафсир-ул-Ҳибрӣ, 1408ҳ.қ., саҳ.297 - 311; Табарсӣ, Маҷмаъ-ул-баён, 1372ҳ.ш., ҷ.8, саҳ.560; Таботабоӣ, ал-Мизон, 1417ҳ.қ., ҷ.16, саҳ.311.
  36. Сураи Нисо, ояти 59.
  37. Барои намуна ниг.: Таботабоӣ, ал-Мизон, 1417ҳ.қ., ҷ.4, саҳ.389; Фахри Розӣ, Мафотиҳ-ул-ғайб, 1420ҳ.қ., ҷ.10, саҳ.113.
  38. Қундузӣ, Янобиъ-ул-маваддат, 1422, ҷ.1, саҳ.341; Айёшӣ, тафсири Айёшӣ, 1380ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.251 - 252.
  39. Сураи Шуро, ояти 23.
  40. Маҷлисӣ, Биҳор-ул-анвор, 1403ҳ.қ., ҷ.23, саҳ.232.
  41. Сураи Инсон, ояти 8 ва 9.
  42. Аллома Таботабоӣ, 1417ҳ.қ., ҷ.20, саҳ.132.
  43. Кӯфӣ, тафсири Фуроти ал-Кӯфӣ, 1410ҳ.қ., саҳ.527 - 529; Замахшарӣ, ал-Кашшоф, 1407ҳ.қ., ҷ.4, саҳ.670.
  44. Сураи Наҳл, ояти 43; сураи Анбиё, ояти 7.
  45. Барои намуна ниг.: Ҳасконӣ, Шавоҳид-ут-танзил, 1411ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.432.
  46. Макорими Шерозӣ, Оёти вилоят дар Қуръон, 1386ҳ.ш.‏, саҳ.312.
  47. Макорими Шерозӣ, Оёти вилоят дар Қуръон, 1386ҳ.ш.‏, саҳ.307.
  48. Барои намуна ниг.: Кулайнӣ, ал-Кофӣ, 1407ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.416 ва 417 ва 433; Қумӣ, Тафсир-ул-Қумӣ, 1404ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.92, 279, 280 ва 286; Кӯфӣ, Тафсири Фурот-ул-Кӯфӣ, 1410ҳ.қ., саҳ.177, 178, 400, 417 ва 433.
  49. Ибни Ҳанбал, Фазоилу Амир-ил-муъминин, 1433ҳ.қ., саҳ.197; Аминӣ, ал-Ғадир, ҷ.1, саҳ.14 ва 15.
  50. Барои намуна ниг.: Ҳиллӣ, Кашф-ул-мурод, 1413ҳ.қ., саҳ.369.
  51. Бухорӣ, Саҳеҳ ал-Бухорӣ, 1422ҳ.қ., ҷ.5, саҳ.19, Боби маноқиби Ҷаъфар ибни Абитолиб, ҳадиси 3706; Муслим, Саҳеҳ Муслим, Дору эҳё-ит-турос-ил-арабӣ, ҷ.4, саҳ.1870 ва 1871, ҳадиси 2404; Кулайнӣ, ал-Кофӣ, 1407ҳ.қ., ҷ.8, саҳ.106 ва 107, ҳадиси 80; Ибни Ҳанбал, Фазоилу Амир-ил-муъминин Алӣ ибни Абитолиб, 1433ҳ.қ., саҳ.156.
  52. Қумӣ, Тафсир-ул-Қумӣ, 1404ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.68; Ҳокими Нишобурӣ, ал-Мустадраку ала-с-саҳиҳайн, 1411ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.137, ҳадиси 4637.
  53. Аминӣ, ал-Ғадир, 1370ҳ.қ., ҷ.6, саҳ.78 ва 79.
  54. Ҳасконӣ, Шавоҳид-ут-танзил, 1411ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.543; Баҳронӣ, ал-Бурҳон, 1416ҳ.қ., ҷ.4, саҳ.186 то 189; Суютӣ, ад-Дурр-ул-мансур, 1404ҳ.қ., ҷ.5, саҳ.97.
  55. Барои намуна ниг.: Шайхи Муфид, ал-Фусул-ул-мухтора, 1413ҳ.қ., саҳ.96.
  56. Ниг.: Ибни Асокир, Таъриху мадинати Димишқ, 1415ҳ.қ., ҷ.42, саҳ.392; Маҷлисӣ, Биҳор-ул-анвор, 1403ҳ.қ., ҷ.38, саҳ.154 то 339.
  57. Барои намуна ниг.: Астарободӣ, ал-Бароҳин-ул-қотеъа, 1382ҳ.ш., ҷ.3, саҳ.244.
  58. Барои намуна ниг.: Ҳокими Нишобурӣ, ал-Мустадраку ала-с-саҳиҳайн, 1411ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.143; Ибни Ҳанбал, Муснад-ул-имом Аҳмад, 1421ҳ.қ., ҷ.5, саҳ.180; Садуқ, ал-Амолӣ, 1376ҳ.ш., саҳ.2.
  59. Садуқ, ал-Амолӣ, 1376ҳ.ш., саҳ.2.
  60. Раҳимии Исфаҳонӣ, Вилоят ва раҳбарӣ, 1374ҳ.ш., ҷ.3, саҳ.119 то 121.
  61. Насоӣ, Хасоису Амир-ил-муъминин, 1406ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.29, ҳадиси 10.
  62. Барои намуна ниг.: Насоӣ, Хасоису Амир-ил-муъминин, 1406ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.29, ҳадиси 10; Маҷлисӣ, Биҳор-ул-анвор, 1403ҳ.қ., ҷ.38, саҳ.355.
  63. Барои намуна ниг.: Бухорӣ, Саҳеҳ ал-Бухорӣ, 1422ҳ.қ., ҷ.5, саҳ.18, ҳадиси 3701 ва 3702; Муслим, Саҳеҳ Муслим, Дору эҳё-ит-турос-ил-арабӣ, ҷ.4, саҳ.1872, ҳадиси 2406.
  64. Кулайнӣ, ал-Кофӣ, 1407ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.294.
  65. Барои намуна ниг.: Насоӣ, ас-Сунан-ул-кубро, 1421ҳ.қ., ҷ.7, саҳ.310, ҳадиси 8092; Кулайнӣ, ал-Кофӣ, 1407ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.294; Муслим, Саҳеҳ Муслим, Дору эҳё-ит-турос-ил-арабӣ, ҷ.4, саҳ.1873, ҳадиси 2408; Ибни Ҳанбал, Фазоилу Амир-ил-муъминини Алӣ ибни Абитолиб, 1433ҳ.қ., саҳ.180.
  66. Тусӣ, ал-Амолӣ, 1414ҳ.қ., саҳ.368; Кулайнӣ, ал-Кофӣ, 1407ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.287.
  67. Ибни Ҳанбал, Фазоилу Амир-ил-муъминин Алӣ ибни Абитолиб, 1433ҳ.қ., саҳ.184; Муслим, Саҳеҳ Муслим, Дору эҳёилтуросилъарабӣ, ҷ.4, саҳ.1883, ҳадиси 2424; Табарӣ, ал-Мустаршид, 1415ҳ.қ., саҳ.598.
  68. Ибни Ҳанбал, Фазоилу Амир-ил-муъминин Алӣ ибни Абитолиб, 1433ҳ.қ., саҳ.184; Муслим, Саҳеҳ Муслим, Дору эҳё-ит-турос-ил-арабӣ, ҷ.4, саҳ.1883, ҳадиси 2424; Табарӣ, ал-Мустаршид, 1415ҳ.қ., саҳ.598.
  69. Ҳокими Нишобурӣ, Мустадрак-ус-саҳеҳайн, 1411ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.373, ҳадиси 3312.
  70. Барои намуна ниг.: Ҳокими Нишобурӣ, Мустадрак ала-с-саҳеҳайн, 1411ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.373, ҳадиси 3312; Нуъмонӣ, ал-Ғайбат, 1397ҳ.қ., саҳ.44.
  71. Ҳокими Нишобурӣ, ал-Мустадраку ала-с-саҳиҳайн, 1411ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.263, ҳадиси 2949; Ҳасконӣ, Шавоҳид-ут-танзил, 1411ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.376 ва 377.
  72. Ибни Битриқ, Хасоис-ул-ваҳй-ил-мубин фи маноқиби Амир-ил-муъминин, 1417ҳ.қ., саҳ.246.
  73. Кулайнӣ, ал-Кофӣ, 1407ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.527.
  74. Хатиби Бағдодӣ, Таърихи Бағдод, 1422ҳ.қ., ҷ.16, саҳ.470; Садуқ, ал-Амолӣ, 1376ҳ.ш., саҳ.89.
  75. Ба унвони намуна ниг.: Ҳасан ибни Алӣ, ат-Тафсир-ул-мансуб ило-л-Имом-ил-Аскарӣ (а), 1409ҳ.қ., саҳ.497 ва 498; Садуқ, Камол-уд-дин, 1395ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.25; Табарии Омулии Кабир, ал-Мустаршид фи-л-имомат, 1415ҳ.қ., саҳ.287; Муфид, ал-Амолӣ, 1413ҳ.қ., саҳ.14; Тусӣ, ал-Амолӣ, 1414ҳ.қ., саҳ.417; Табарии Омулӣ, Башшорат-ул-Мустафо, 1383ҳ.қ., саҳ.83. (Ибороти ин манобеъ якдаст нест).
  76. Ба унвони намуна ниг.: Осимӣ, ал-Асал-ул-мусаффо, 1418ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.124 - 126; Ибни Асокир, Тарҷумат-ул-Имом Алӣ ибни Абитолиб, 1400ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.280; Ибни Мағозалӣ, Маноқибу Амир-ул-муъминин Алӣ ибни Абитолиб, 1424ҳ.қ., саҳ.281; Хоразмӣ, ал-Маноқиб, 1411ҳ.қ., саҳ.84 ва 312; Ҳасконӣ, Шавоҳид-ут-танзил, 1411ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.103; Табарӣ, Захоир-ул-уқбо, 1354ҳ.қ., саҳ.93-94; Ҳамавии Ҷувайнӣ, Фароид-ус-симтайн, 1398ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.170.
  77. Кулайнӣ, ал-Кофӣ, 1407ҳ.қ., ҷ.8, саҳ.110.
  78. Табарӣ, Таърих-ул-умами ва-л-мулук, 1387ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.514.
  79. Шайхи Садуқ, Уюну ахбор-ир-Ризо (а), 1378ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.27 ва 86; Саффор, Басоир-уд-дараҷот, 1404ҳ.қ., саҳ.414 то 418.
  80. Шайхи Садуқ, Уюну ахбор-ир-Ризо (а), 1378ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.27 ва 86; Саффор, Басоир-уд-дараҷот, 1404ҳ.қ., саҳ.414 то 418; Маҷлисӣ, Биҳор-ул-анвор, 1403ҳ.қ., ҷ.39, саҳ.193 то 211.
  81. Барои намуна ниг.: Ибни Мағозалӣ, Маноқиб-ул-Имом Алӣ ибни Абитолиб (а), 1424ҳ.қ., саҳ.107; Хоразмӣ, Маноқиб, 1411ҳ.қ., саҳ.295; Ҳамавии Ҷувайнӣ, Фароид-ус-симтайн, муассисаи Маҳмудӣ, ҷ.1, саҳ.325 ва 326.
  82. Ибни Мардавия, Маноқибу Алӣ ибни Абитолиб, 1424ҳ.қ., саҳ.162; Аҳмади Ҳанбал, Муснад-ул-имом Аҳмад, 1421ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.480.
  83. Ҳасконӣ, Шавоҳид-ут-танзил, 1411ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.14.
  84. Ибни Ҳанбал, Фазоилу Амир-ил-муъминин Алӣ ибни Абитолиб, 1433ҳ.қ., саҳ.194.
  85. Ибни Ҳанбал, Фазоилу Амир-ил-муъминини Алӣ ибни Абитолиб, 1433ҳ.қ., саҳ.174.
  86. Ибни Ҳанбал, Фазоилу Амир-ил-муъминин Алӣ ибни Абитолиб, 1433ҳ.қ., саҳ.172.
  87. Аҳмади Ҳанбал, Муснад-ул-имом Аҳмад, 1421ҳ.қ., ҷ.5, саҳ.179.
  88. Ибни Асокир, Таъриху мадинати Димишқ, 1415ҳ.қ., ҷ.42, саҳ.356.
  89. Ҳокими Нишобурӣ, ал-Мустадраку ала-с-саҳиҳайн, 1411ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.152, ҳадиси 4681.
  90. Ибни Ҳанбал, Фазоилу Амир-ил-муъминини Алӣ ибни Абитолиб, 1433ҳ.қ., саҳ.183.
  91. Тусӣ, ал-Амолӣ, 1414ҳ.қ., саҳ.552.
  92. Балозурӣ, Ансоб-ул-ашроф, 1417ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.89.
  93. Фаттоли Нишобурӣ, Равзат-ул-воизин, 1375ҳ.ш., саҳ.147.
  94. Фаттоли Нишобурӣ, Равзат-ул-воизин, 1375ҳ.ш., саҳ.146.
  95. Аминӣ, ал-Ғадир, 1397ҳ.қ., ҷ.6, саҳ.21 то 23.
  96. Шайхи Муфид, ал-Иршод, 1413ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.48.
  97. Тақаддумии Маъсумӣ, Нур-ул-амир фи тасбити хутбат-ил-Ғадир, 1379ҳ.ш., саҳ.97.
  98. Маҷлисӣ, Биҳор-ул-анвор, 1403ҳ.қ., ҷ.39, саҳ.35; Ибни Ҳанбал, Фазоилу Амир-ил-муъминин, 1433ҳ.қ., саҳ.177.
  99. Ибни Абдулбарр, ал-Истиоб, 141ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.1097 ва 1098.
  100. Ал-Насоӣ, ас-Сунан-ул-кубро, ҷ.5, саҳ.107; Ибни Ҳанбал, Фазоилу Амир-ил-муъминин, 1433ҳ.қ., саҳ.186 ва 187.
  101. Макорими Шерозӣ, Тафсири Намуна, 1371ҳ.ш., ҷ.7, саҳ.275.
  102. Ибни Ҳанбал, Муснад-ул-имом Аҳмад, 1421ҳ.қ., ҷ.5, саҳ.179; Насоӣ, Хасоис, 1406ҳ.қ., саҳ.93.
  103. Таботабоӣ, ал-Мизон, 1417ҳ.қ., ҷ.6, саҳ.25; Суютӣ, ад-Дурр-ул-мансур, 1404ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.293; Ҳасконӣ, Шавоҳид-ут-танзил, 1411ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.209 то 239.
  104. Шайхи Муфид, ал-Иршод, 1413ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.346.
  105. Муфид, ал-Иршод, 1413ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.347.
  106. Ибни Абилҳадид, Шарҳи Наҳҷ-ул-балоға, 1404ҳ.қ., ҷ.11, саҳ.44.
  107. Ниг.: Муҳаммадии Рейшаҳрӣ, Донишномаи Амир-ул-муъминин, 1428ҳ.қ., саҳ.475 то 483.
  108. Ибни Абилҳадид, Шарҳи Наҳҷ-ул-балоға, 1404ҳ.қ., ҷ.4, саҳ.57.
  109. Ибни Абилҳадид, Шарҳи Наҳҷ-ул-балоға, 1404ҳ.қ., ҷ.11, саҳ.44.
  110. Ибни Халдун, Таъриху Ибни Халдун, 1408ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.94.
  111. Аллома Ҳиллӣ, Кашф-ул-яқин, 1411ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.4.
  112. Муғния, ал-Ҳусайн ва баталату Карбало, 1426ҳ.қ., саҳ.187.
  113. Абузуҳра, ал-Имом-ус-Содиқ, матбаъату Муҳаммадалӣ Мухайям, саҳ.162.
  114. Шаҳристонӣ, Манъу тадвин-ил-ҳадис, 1418ҳ.қ., саҳ.57.
  115. Асғарпур, “Даромаде бар маноқибнигории Аҳли Байт”, саҳ.270.
  116. Ибни Абилҳадид, Шарҳи Наҳҷ-ул-балоға, 1404ҳ.қ., ҷ.4, саҳ.63.
  117. Ибни Абилҳадид, Шарҳи Наҳҷулбалоға, 1404ҳ.қ., ҷ.11, саҳ.44.
  118. Ибни Абилҳадид, Шарҳи Наҳҷ-ул-балоға, 1404ҳ.қ., ҷ.11, саҳ.44.
  119. Ибни Абилҳадид, Шарҳи Наҳҷ-ул-балоға, 1404ҳ.қ., ҷ.11, саҳ.45.
  120. Ба унвони намуна ниг.: Ибни Таймия, Минҳоҷ-ус-суннат-ин-набавия, 1406ҳ.қ., ҷ.8, саҳ.50 - 86 ва 122 - 126 ва 164 - 168.
  121. Ибни Касир, ал-Бидояту ва-н-ниҳоят, 1407ҳ.қ., ҷ.7, саҳ.357.
  122. Ибни Касир, ал-Бидояту ва-н-ниҳоят, 1407ҳ.қ., ҷ.7, саҳ.357 - 358.
  123. Ниг.: Ибни Касир, ал-Бидояту ва-н-ниҳоят, 1407ҳ.қ., ҷ.7, саҳ.357 ва 358.
  124. Ибни Қайим, ал-Минор-ул-муниф, 1390ҳ.қ., саҳ.57.
  125. Аминӣ, ал-Ғадир, 1416ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.19.
  126. Ибни Ҷавзӣ, ал-Мавзуот, ҷ.1, саҳ.338 ба баъд.
  127. Барои намуна ниг.: Бухорӣ, Саҳеҳ ал-Бухорӣ, 1422ҳ.қ., ҷ.5, саҳ.18; Муслим, Саҳеҳ Муслим, Дору эҳё-ит-турос-ил-арабӣ, ҷ.4, саҳ.1870 ва 1871, ҳадиси 2404.
  128. Оқобузурги Теҳронӣ, аз-Зариъа, ҷ.16, саҳ.253 - 256.
  129. Оқобузурги Теҳронӣ, аз-Зариъа, ҷ.24, саҳ.421.
  130. Оқобузурги Теҳронӣ, аз-Зариъа, ҷ.21, саҳ.103.
  131. Мардӣ, «Ёде аз Муҳаққиқи Таботабоӣ ба баҳонаи чопи фазоили Амиралмуъминин алайҳиссалом».
  132. Ибни Ҳанбал, Фазоилу Амир-ил-муъминин, 1433ҳ.қ., саҳ.197.

Сарчашма

  • Абузуҳра, ал-Имом-ус-Содиқ, ҳаётуҳу ва асруҳу ва ороуҳу ва фиқҳуҳ, матбаъат Муҳаммадалӣ Мухайям, бе то.
  • Айёшӣ, Муҳаммад ибни Масъуд, Тафсир-ул-Айёшӣ, тасҳеҳи Сайидҳошим Расулии Маҳаллотӣ, Теҳрон, ал-Матбаъат-ул-илмия, 1380ҳ.қ.
  • Асғарпур, Ҳасан, “Даромаде бар маноқибнигории Аҳли Байт”, дар маҷаллаи Улуми ҳадис, №45 ва 46, 1386ҳ.ш.
  • Астарободӣ, Муҳаммадҷаъфар, ал-Бароҳин-ул-қотеъа фи шарҳи таҷрид-ил-ақоид-ис-сотиъа, таҳқиқ: маркази мутолиъот ва таҳқиқоти исломӣ, Қум, Мактаб-ул-эълом-ил-исломӣ, 1382ҳ.ш.
  • Баёзӣ, Алӣ ибни Муҳаммад, ас-Сирот-ул-мустақим ило мустаҳаққит-тақдим, тасҳеҳи Рамазон Михаил, Наҷаф, ал-Мактабат-ул-Ҳайдария, 1384ҳ.қ.
  • Бухорӣ, Муҳаммад ибни Исмоил, Саҳеҳ ал-Бухорӣ, таҳқиқи Муҳаммад Зуҳайр ибни Носир ан-Носир, Дорутавқ-ин-наҷот, 1422ҳ.қ.
  • Ганҷии Шофеӣ, Муҳаммад ибни Юсуф, Кифоят-ут-толиб фи маноқиби Алӣ ибни Абитолиб, тасҳеҳи Муҳаммадҳодии Аминӣ, Теҳрон, Дору эҳё-ит-туроси Аҳл-ил-Байт, 1404ҳ.қ./1362ҳ.ш.
  • Замахшарӣ, Маҳмуд, ал-Кашшоф ан ҳақоиқи ғавомиз-ит-танзил, Бейрут, Дор-ул-китоб-ил-арабӣ, 1407ҳ.қ.
  • Ибни Абдулбарр, Юсуф ибни Абдуллоҳ, таҳқиқи Алӣ Муҳаммад Баҷовӣ, Бейрут, Дор-ул-ҷил, 1412ҳ.қ./1992м.
  • Ибни Абилҳадид, Абдулҳамид ибни Ҳибатуллоҳ, Шарҳи Наҳҷ-ул-балоға, тасҳеҳи Муҳаммад Абулфазл Иброҳим, Қум, мактабату Оятуллоҳил Маръашӣ ан-Наҷафӣ, 1404ҳ.қ.
  • Ибни Асокир, Алӣ ибни Ҳасан, Тарҷумат-ул-Имом Алӣ ибни Абитолиб мин таърихи мадинати Димишқ, таҳқиқи Муҳаммадбоқир Маҳмудӣ, Бейрут, муассисаи Маҳмудӣ, чопи дуввум, 1400ҳ.қ.
  • Ибни Асокир, Таъриху мадинати Димишқ, таҳқиқ: Алии Ширӣ, Дор-ул-фикр, Бейрут, 1415ҳ.қ.
  • Ибни Битриқ, Яҳё ибни Ҳасан, Хасоис-ул-ваҳй-ил-мубин фи маноқиби Амир-ил-муъминин, Қум, Дорул-Қуръонил-Карим, 1417ҳ.қ.
  • Ибни Касири Димишқӣ, Исмоил ибни Умар, ал-Бидояту ва-н-ниҳоят, Бейрут, Дор-ул-фикр, 1407ҳ.қ./1986м.
  • Ибни Қайим Ҷавзия, Муҳаммад ибни Абубакр, ал-Минор-ул-муниф фи-с-саҳеҳи ва-з-заъиф, таҳқиқи Абдулфаттоҳ Абуғудда, мактабат ал-матбуъот-ил-исломия, 1390ҳ.қ./1970м.
  • Ибни Мағозалӣ, Алӣ ибни Муҳаммад, Маноқиб-ул-Имом Алӣ ибни Абитолиб (а), Дор-ул-азвоъ, чопи сеюм, 1424ҳ.қ.
  • Ибни Манзур, Муҳаммад ибни Мукаррам, Мухтасару таърихи Димишқи ли Ибни Асокир, таҳқиқи Руҳият ан-Нуҳос ва Риёз Абдулҳамид Мурод ва Муҳаммад Мутиъ, Димишқ, Дор-ул-фикр ли-т-табъати ва-т-тавзиъ ва-н-нашр, 1402ҳ.қ./1989м.
  • Ибни Мардавияи Исфаҳонӣ, Аҳмад ибни Мусо, Маноқибу Алӣ ибни Абитолиб, Қум, Дор-ул-ҳадис, 1424ҳ.қ.
  • Ибни Таймия, Минҳоҷ-ус-суннат-ин-набавия фи нақзи калом-иш-шиъат-ил-қадария, таҳқиқи Муҳаммадрашод Солим, ҷомеъатул-имом Муҳаммад ибни Саъуд алисломия, чопи аввал, 1406ҳ.қ.
  • Ибни Ҳанбал, Аҳмад ибни Муҳаммад, Муснад-ул-имом Аҳмад ибни Ҳанбал, таҳқиқи Шуайб Арнаут ва Одил Муршид ва., Муассисат-ур-рисолат, 1421ҳ.қ./2001м.
  • Ибни Ҳанбал, Аҳмад, Фазоилу амир-ил-муъминин Алӣ ибни Абитолиб, таҳқиқи Сайид Абдулазизи Таботабоӣ, Қум, Дор-ут-тафсир, 1433ҳ.қ./1390ҳ.ш.
  • Ибни Ҷавзӣ, Абдурраҳмон ибни Алӣ, ал-Мавзуъот, таҳқиқи Абдурраҳмон Муҳаммад ибни Усмон, Мадина, Муҳаммад Абдулмуҳсин соҳиб-ул-мактабат-ис-салафияти би-л-Мадинат-ил-мунаввара, 1386ҳ.қ./1966м.
  • Ибни Шаҳрошӯб, Муҳаммад ибни Алӣ, Маноқибу оли Абитолиб, Қум, Аллома, 1379ҳ.қ.
  • Ибни Шозон, Муҳаммад ибни Аҳмад, Миату манқабат мин маноқиби Амир-ил-муъминин ва-л-аимма, Қум, мадрисатул-Имомил-Маҳдӣ аҷҷалаллоҳу таъоло фараҷаҳушшариф, 1407ҳ.қ.
  • Кулайнӣ, Муҳаммад ибни Яъқуб, ал-Кофӣ, тасҳеҳи Алиакбари Ғаффорӣ ва Муҳаммади Охундӣ, Теҳрон, Дор-ул-кутуб-ил-исломия, 1407ҳ.қ.
  • Қумӣ, Алӣ ибни Иброҳим, Тафсир-ул-Қумӣ, тасҳеҳи Тайиб Мусавии Ҷазоирӣ, Қум, Дор-ул-китоб, 1404ҳ.қ.
  • Қундузӣ, Сулаймон ибни Иброҳим, Янобиъ-ул-маваддат ли завӣ-л-қурбо, Қум, Усва, 1422ҳ.қ.
  • Макорими Шерозӣ, Носир, Тафсири Намуна, Теҳрон, Дор-ул-кутуб-ил-исломия, 1374ҳ.ш.
  • Маҷлисӣ, Муҳаммадбоқир, Биҳор-ул-анвор, Бейрут, Дору эҳё-ит-турос-ил-арабӣ, 1403ҳ.қ.
  • Муғния, Муҳаммадҷавод, ал-Ҳусайн ва баталату Карбало, тасҳеҳи Сомӣ Узайрӣ, Қум, Дор-ул-китоби исломӣ, 1426ҳ.қ./2005м.
  • Муфид, Муҳаммад ибни Муҳаммад, ал-Амолӣ, таҳқиқ ва тасҳеҳи Ҳусайн Устодвалӣ ва Алиакбари Ғаффорӣ, Қум, конгресси Шайхи Муфид, чопи аввал, 1413ҳ.қ.
  • Насоӣ, Аҳмад ибни Шуайб, ас-Сунан-ул-кубро, таҳқиқи Ҳасан ибни Абдулмунъим Алии Хуросонӣ, Бейрут, муассисат-ур-рисолат, 1421ҳ.қ./2001м.
  • Насоӣ, Аҳмад ибни Шуайб, Хасоису Амир-ил-муъминин Алӣ ибни Абитолиб, таҳқиқи Аҳмад Мирайн Балушӣ, Кувайт, мактабат-ул-муъалло, 1406ҳ.қ.
  • Нишобурӣ, Муслим ибни Ҳаҷҷоҷ, Саҳеҳ Муслим, таҳқиқи Муҳаммадфуод Абдулбоқӣ, Бейрут, Дору эҳё-ит-турос-ил-арабӣ, бе то.
  • Нуъмонӣ, Муҳаммад ибни Иброҳим, ал-Ғайбат ли-н-Нуъмонӣ, тасҳеҳи Алиакбари Ғаффорӣ, Теҳрон, нашри Садуқ, 1397ҳ.қ.
  • Осимӣ, Аҳмад ибни Муҳаммад, ал-Асал-ул-мусаффо мин таҳзиби зайн-ил-фато фи шарҳи сурати Ҳал ато, таҳқиқи Муҳаммадбоқир Маҳмудӣ, Қум, маҷмаъу эҳё-ис-сақофат-ил-исломия, 1418ҳ.қ.
  • Раҳимии Исфаҳонӣ, Ғуломҳусайн, Вилоят ва раҳбарӣ, Тафриш, интишороти Аскария, 1374ҳ.ш.
  • Садуқ, Муҳаммад ибни Алӣ ибни Бобавайҳ, Камол-уд-дин ва тамом-ун-неъмат, тасҳеҳи Алиакбари Ғаффорӣ, Теҳрон, исломия, чопи дуввум, 1395ҳ.қ.
  • Садуқ, Муҳаммад ибни Алӣ, ал-Амолӣ, Теҳрон, Китобчӣ, 1376ҳ.ш.
  • Садуқ, Муҳаммад ибни Алӣ, Уюну ахбор-ир-Ризо (а), таҳқиқ ва тасҳеҳи Маҳдии Лоҷвардӣ, Теҳрон, нашри Ҷаҳон, чопи аввал, 1378ҳ.қ.
  • Саффор, Муҳаммад ибни Ҳасан, Басоир-уд-дараҷот фи фазоили Оли Муҳаммад (с), таҳқиқ ва тасҳеҳи Муҳсини Кучабоғӣ, Қум, мактабаи Оятуллоҳ Маръашии Наҷафӣ, чопи дуввум, 1404ҳ.қ.
  • Суютӣ, Ҷалолиддин, ад-Дурр-ул-мансур фи тафсир-ил-маъсур, Қум, китобхонаи Оятуллоҳ Маръашии Наҷафӣ, 1404ҳ.қ.
  • Табарӣ, Муҳаммад ибни Ҷарир, Таърих-ул-умами ва-л-мулук, таҳқиқи Муҳаммад Абулфазл Иброҳим, Бейрут, Дор-ут-турос, 1387ҳ.қ./1967м.
  • Табарӣ, Муҳиббуддин, Захоир-ул-уқбо фи маноқиби завӣ-л-қурбо, Қоҳира, мактабатул-қудсӣ, 1354ҳ.қ.
  • Табарии Омулӣ, Имодуддин Муҳаммад ибни Абилқосим, Башшорат-ул-Мустафо ли шиат-ил-Муртазо, Наҷаф, алмактабатул-Ҳайдария, чопи дуввум, 1383ҳ.қ.
  • Табарии Омулӣ, Муҳаммад ибни Ҷарир, ал-Мустаршид фи Имомати Алӣ ибни Абитолиб, тасҳеҳи Аҳмад Маҳмудӣ, Қум, Қушонпур, 1415ҳ.қ.
  • Табарсӣ, Фазл ибни Ҳасан, Маҷмаъ-ул-баён фи тафсир-ил-Қуръон, муқаддима: Муҳаммадҷаводи Балоғӣ, Теҳрон, Носир Хусрав, 1372ҳ.ш.
  • Таботабоӣ, Муҳаммадҳусайн, ал-Мизон фи тафсир-ил-Қуръон, Бейрут, муассисат-ул-Аъламӣ ли-л-матбуот, 1390ҳ.қ.
  • Тақаддумии Маъсумӣ, Амир, Нур-ул-Амир алайҳиссалом фи тасбити хутбат-ил-Ғадир: муаййидот ҳадисия мин кутуби аҳли-с-суннат ли хутбат-ин-Набӣ-л-аъзам ал-ғадирия, Қум, Мавлуди Каъба, 1379ҳ.ш.
  • Тусӣ, Муҳаммад ибни Ҳасан, ал-Амолӣ, тасҳеҳи муассисатул-беъсат, Қум, Дор-ус-сақофа, 1414ҳ.қ.
  • Фатоли Нишобурӣ, Муҳаммад ибни Аҳмад, Равзат-ул-воъизин ва басират-ул-муттаъизин, Қум, интишороти Разӣ, 1375ҳ.ш.
  • Фахри Розӣ, Муҳаммад ибни Умар, ат-Тафсир-ул-кабир (Мафотиҳ-ул-ғайб), Бейрут, Дору эҳё-ит-турос-ил-арабӣ, 1420ҳ.қ.
  • Хатиби Бағдодӣ, Аҳмад ибни Алӣ, Таърихи Бағдод, таҳқиқи Башшор Аввод Маъруф, Бейрут, Дор-ул-ғариб-ил-исломӣ, 1422ҳ.қ./2002м.
  • Хоразмӣ, Муваффақ ибни Аҳмад, Маноқиб, таҳқиқи Шайх Молик ал-Маҳмудӣ, муассисаи нашрул-исломӣ, чопи дуввум, 1411ҳ.қ.
  • Ҳамавии Ҷувайнӣ, Иброҳим ибни Муҳаммад, Фароид-ус-симтайн, таҳқиқи Муҳаммадбоқир Маҳмудӣ, муассисаи Маҳмудӣ, бе то.
  • Ҳамавии Ҷувайнӣ, Иброҳим, Фароид-ус-симтайн, таҳқиқи Муҳаммадбоқир Маҳмудӣ, Бейрут, муассисаи Маҳмудӣ, чопи аввал, 1398ҳ.қ. - 1978м.
  • Ҳасан ибни Алӣ (Имом Аскарӣ), ат-Тафсир-ул-мансуб ило-л-Имом-ил-Аскарӣ (а), Қум, мадрасату Имом Маҳдӣ (аҷ), чопи аввал, 1409ҳ.қ.
  • Ҳасконӣ, Убайдуллоҳ ибни Аҳмад, Шавоҳид-ут-танзил ли қавоъид-ит-тафзил, таҳқиқ: Муҳаммадбоқир Маҳмудӣ, Теҳрон, созмони чоп ва интишороти вазорати иршоди исломӣ, 1411ҳ.қ.
  • Ҳибрӣ, Ҳусайн ибни Ҳакам, Тафсир-ул-Ҳибрӣ, Бейрут, муассисаи Олулбайт ли эҳё-ит-турос, 1408ҳ.қ.
  • Ҳиллӣ, Ҳасан ибни Юсуф, Кашф-ул-мурод фи шарҳи таҷрид-ил-эътиқод, тасҳеҳ ва таълиқи Ҳасан Ҳасанзода Омулӣ, Қум, муассисаи ан-нашрул-исломӣ, 1413ҳ.қ.
  • Ҳиллӣ, Ҳасан ибни Юсуф, Кашф-ул-яқин фи фазоили Амир-ил-муъминин, Теҳрон, Вазорати иршод, чопи аввал, 1411ҳ.қ.
  • Ҳокими Нишобурӣ, Муҳаммад ибни Абдуллоҳ, ал-Мустадраку ала-с-саҳиҳайн, таҳқиқи Мустафо Абдуқодир Ато, Бейрут, Дор-ул-кутуб-ил-илмия, 1411ҳ.қ./1990м.
  • Шабланҷӣ, Муъмин, Нур-ул-абсор фи маноқиби Ол-ин-Набӣ-л-мухтор, Қум, аш-Шариф ар-Разӣ, бе то.