Амирулмуъминин (лақаб)

Аз wikishia
(Тағйири масир аз Амирулмӯъминин (лақаб))
Ин навиштор дар бора лақаби амирулмуъминин аст. Барои ошноии бо имоми аввали шиаён, Имом Алӣ алайҳиссаломро бубинед.

Амирулмуъминин (арабӣ: امیرالمؤمنین) лақабе, ки ба эътиқоди шиаён махсуси ҳазрати Алӣ (а) аст ва шиаёни онро дар бораи дигар имомони маъсум ба кор намебаранд. Ба бовари шиаён, ин лақаб нахустин бор дар замони ҳазрати Муҳаммад (с) барои Алӣ ибни Абутолиб ба кор рафтааст.

Чунонки Шайхи Муфид, аз олимони шиа дар қарни панҷуми қамарӣ гуфтааст, Пайғамбар (с) дар воқеаи Ғадир, Алӣ ибни Абутолибро ҷонишини худ ва мавлои мусулмонон муаррифӣ карда аз ҳамагон хост бо лақаби амирулмуъминин ба Алӣ (а) салом кунанд. Дар ҳамин замина ба ривоёте аз Уммусалама (ҳамсари Пайғамбар (с)) ва Анас ибни Молик истинод шуда, то корбурди лақаби амирулмуъминин ҳатто дар давраи ҳаёти Пайғамбар дар бораи Имом Алӣ (а), нишон дода шавад. Бо ин ҳол, Ибни Халдун (ваф.808ҳ.қ.) аз таърихнигорони аҳли суннат, муддаӣ аст, ки нахустин бор саҳоба ин лақабро дар бораи Умар ибни Хаттоб ба кор бурдаанд. Ин иддао мухолифи ривоёте аст, ки дар манобеи аҳли суннат нақл шудааст ва дар онҳо ба тавсифи Имом Алӣ (а) тавассути Пайғамбар (с) ба амирулмуъминин тасреҳ шудааст.

Амирулмуъминин аз замони халифаи дуввум корбурди сиёсӣ ёфтааст ва барои ишораи хулафои нахустин (ба ҷуз Абубакр), хулафои Банӣ Умайя ва Банӣ Аббос низ ба кор мерафтааст. Сайид ибни Товус, олими шиаи қарни ҳафтум китоби ал-Яқину би ихтсоси мавлоно Алӣ биимрат-ил-муъмининро барои исботи хос будани ин лақаб ба Имом Алӣ (а) навиштааст.

Мафҳумшиносӣ

Амирулмуъминин ба маънои амир, фармондеҳ ва раҳбари мусулмонон аст.[1] Шиаён муътақиданд ин сифат танҳо бояд барои Имом Алӣ (а) ба кор равад ва бинобар ривоёте, аз корбурди он барои дигар имомони маъсум ҳам худдорӣ мекунанд.[2]

Бинобар он чи дар Мафотиҳ-ул-ҷинон омада, ба шиаён тавсия шудааст, ки дар рӯзи иди Ғадир, дар ҳангоми мулоқоти якдигар, зикри вижаеро[Ёддошт 1] бигӯянд, ки дар он бар чанг задан ба вилояти Амирулмуъминин таъкид шудааст.[3]

Корбурди амирулмуъминин дар бораи Алӣ (а) тавассути Пайғамбар

Таблуии хушнивисии амирулмӯъминин, асари Алии Хайрӣ, хушнависи Исфаҳонӣ

Ба бовари шиаён, пайдоиш ва аввалин корбурдҳои лақаби амирулмуъминин, аз сӯи Пайғамбар (с) буда, ки онро хитоб ба Алӣ ибни Абутолиб ба забон овардааст, аммо бо тавваҷуҳ ба дур мондани Имом Алӣ (а) аз хилофат, ин вожа ба таври густарда дар бораи халифаи дуюм ва сеюм, ба кор рафтааст.[4]

Шиаён дар ин бора ба аҳодисе, ки аз тариқи шиаву суннӣ нақл шудааст, истинод мекунанд. Бинобар ривояте аз Уммусалама[5] ва ҳамчунин Анас ибни Молик, Пайғамбар дар гуфтугӯ бо ду тан аз ҳамсарони худ, аз Алӣ ибни Абутолиб бо унвони амирулмуъминин ёд кардааст.[6]

Ҳамчунин мутобиқ бо чанд ривоят, ки Ибни Мардавайҳи Исфаҳонӣ, аз донишмандони аҳли суннат дар китоби Маноқиби худ оварда, Пайғамбар (с) чандин навбат, Имом Алӣ (а)-ро бо лақаби амирулмуъминин тавсиф намудааст. Дар яке аз ин ривоёт омадааст, ки Ҷабраил дар маҳзари Расули Худо, Алӣ (а)-ро амирулмуъминин хонд.[7]

Дар ривоёти шиа ҳамчунин омадааст, ки дар воқеаи Ғадир низ Пайғамбари Ислом, ҳазрати Муҳаммади Мустафо (с) Алӣ (а)-ро ба унвони ҷонишини худ ва мавлои ҳамаи мусулмонон муаррифӣ карда, аз ҳамагон хост, то ба Алӣ бо лақаби «амирулмуъминин» салом кунанд. Бар ин асос, мусулмонон бо пайравӣ аз ин хостаи Пайғамбар, даста-даста вориди хаймаи Алӣ (а) шуданд ва ба ҳамон наҳвае, ки Пайғамбар амр карда буд, ба ӯ салом карданд.[8] Мутобиқ бо ривоёти дигаре, Пайғамбар ҳамин наҳваи саломро аз ҳафт нафар, ки Абубакр, Умар, Талҳа ва Зубайр аз ҷумлаи онҳо буданд, хост, ки онҳо дархости Пайғамбарро иҷобат карданд.[9]

Шиаён дар исботи лақаби амирулмуъминин барои Имом Алӣ (а), ба ҷумлае аз Умар ибни Хаттоб низ истинод кардаанд, ки бар асоси он, ӯ дар воқеаи Ғадир, Алиро мавлои ҳамаи занону мардони мӯъмин хонда буд.[10] Ба назари бархе, корбурди калимаи муъмин дар ин хитоб, ба маънои пазируфтани лақаби амирулмуъминин барои Имом Алӣ (а) аст.[11]

Назари Ибни Халдун дар бораи нахустин корбурди амирулмуъминин

Ибни Халдун (ваф.808ҳ.қ.) таърихнигор аҳли суннат, дар бораи падид омадани лақаби амирулмуъминин дар замони халифаи дуввум ва корбурди он дар бораи Умар ибни Хаттоб гуфтааст: саҳоба, Абубакрро халифаи Расулуллоҳ меномиданд, баъд аз ӯ, Умар ибни Хаттобро халифаи халифаи Расулуллоҳ номиданд, аммо чун ин калима сангин буд ва аз қазо яке аз саҳоба, ки дар борааш ихтилоф аст, ки номаши Абдуллоҳ ибни Ҷаҳш, ё Амри Ос, ё Муғира ибни Шуъба ва ё Абумусо Ашъарӣ дониста шуда, Умарро амирулмуъминин хитоб кард, аз ин рӯ, саҳоба хушашон омад ва тасвиб карданд, ки ӯро ба ин лақаб бихонанд.[12] Ва бар асоси бархе гузоришҳо худи халифаи дуввум дар ин номгузорӣ нақш доштааст.[13]

Ба гуфтаи Яъқубӣ, муаррихи қарни сеюм, ин моҷаро марбут ба соли 18 қамарӣ аст.[14] Албатта, дар манобеи аҳли суннат ба тавсифи Имом Алӣ (а) ба ин лақаб тавассути Пайғамбар (с) тасреҳ шудааст.[15] Ҳамчунин ба гуфтаи бархе аз нависандагон, Ибни Халдун чун ба афзал будани Шайхайн (Абубару Умар) муътақид буд, мекӯшид бо ҳазф, ҷарҳ ва таъдили ривоёти таърихии аҳли суннат чунон ҷойгоҳи хулафои салоса, хулафои умавӣ ва хулафои аббосиро боло бурда то Имом Алӣ (а) дар радифи хулафои умавӣ ва аббосӣ қарор гирад.[16]

Ба гузориши Ибни Халдун, дар он замон, фармондеҳони сипоҳро амир мехонданд, саҳоба низ Саъд ибни Абивақос, ки фармондеҳии сипоҳи мусулмонон дар ҷанги Қодисия (соли 14 ҳиҷрии қамарӣ) бар ӯҳда доштро, амирулмуъминин мехонданд.[17] Ҳамчунин дар ҳукуматҳои мусулмони баъд аз Пайғамбари акрам (с), лақаби амирулмуъминин корбурди сиёсӣ ёфта ва барои ишора ба хулафои нахустин (ба ҷуз Абубакр), хулафои Банӣ Умая ва Банӣ Аббос ҳамвора ба кор мерафтааст.[18]

Такнигорӣ

Сайид ибни Товус, муҳаддиси шиаи қарни ҳафтум, китобе бо унвони ал-Яқину би ихтсоси мавлоно Алӣ би имрат-ил-муъмнин навиштааст. Ӯ дар ин китоб бо такя ба 220 ҳадис аз манобеи аҳли суннат, лақаби амирулмуъмининро махсуси Имом Алӣ (а) дониста[19] ва ба бовари ӯ, Пайғамбар (с) ин лақабро ба Алӣ ибни Абутолиб (а) додааст.[20]

Эзоҳ

  1. Доиратулмаорифи ташайюъ, 1368ҳ.ш., мадхали Амирулмуъминин, ҷ.2, саҳ.522.
  2. Маҷлисӣ, Биҳор-ул-анвор, 1403ҳ.қ., ҷ.37, саҳ.334; Ҳурри Омилӣ, Васоил-уш-шиъа, 1416ҳ.қ., ҷ.14, саҳ.600.
  3. Қумӣ, Мафотиҳ-ул-ҷанон, зайли аъмоли рӯзи 18 зилҳиҷҷа.
  4. Шайхи Муфид, ал-Иршод, 1413ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.48; Ибни Уқдаи Кӯфӣ, Фазоили амирулмӯъминин, 1379ҳ.ш., саҳ.13; ҳамчунин бибинед: Ибни Асокир, Таъриху мадинати Димишқ, 1425ҳ.қ., ҷ.42, саҳ.303 ва 386; Абунаими Исфаҳонӣ, Ҳилят-ул-авлиё, 1407ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.63.
  5. Шайхи Муфид, ал-Иршод, 1413ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.48.
  6. Ибни Асокир, Таъриху мадинати Димишқ, 1425ҳ.қ., ҷ.42, саҳ.303 ва 386; Шайхи Муфид, ал-Иршод, 1413ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.48; Абунаими Исфаҳонӣ, Ҳилят-ул-авлиё, 1407ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.63.
  7. Ибни Мардавайҳ, Маноқиб, 1382ҳ.ш., саҳ.62 - 64.
  8. Шайхи Муфид, ал-Иршод, 1413ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.176.
  9. Шайхи Муфид, ал-Иршод, 1413ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.48.
  10. Шайхи Муфид, ал-Иршод, 1413ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.177.
  11. Мунтазирӣ Муқаддам, «Баррасии корбурдҳои лақаби амирулмуъминин дар бистари таърихи Ислом», саҳ.136.
  12. Ибни Халдун, Девон-ул-мубтадаи ва-л-хабар, 1408ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.283.
  13. Табарӣ, Таърих-ул-умами ва-л-мулук, Бейрут, ҷ.4, саҳ.208.
  14. Яъқубӣ, Таърих-ул-Яъқубӣ, Дорусодир, ҷ.2, саҳ.150.
  15. Ибни Асокир, Таъриху мадинати Димишқ, 1425ҳ.қ., ҷ.42, саҳ.303 ва 386.
  16. Уммуталаб, «Доварӣ дар андешаҳои Ибни Халдун дар бораи Имом Алӣ алайҳиссалом ва масъалаи хилофат», саҳ.92.
  17. Ибни Халдун, Девон-ул-мубтадаи ва-л-хабар, 1408ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.283.
  18. Ибни Халдун, Девон-ул-мубтадаи ва-л-хабар, 1408ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.283.
  19. Тақаддумии Маъсумӣ, Нур-ул-амир фи тасбити хутбат-ил-Ғадир, 1379ҳ.ш., саҳ.97.
  20. «Ал-Яқин би ихтсоси мавлоно Алӣ (а) би имрат-ил-муъминин», сайти ҳадис нет.

Ёддошт:

  1. اَلحمدُ لِلهِ الّذی جَعَلَنا مِنَ المُتَمَسِّکینَ بِولایةِ اَمیرِالمؤمنینَ و الائمةِ المَعصومینَ علیهم السلام؛ Ситоиш махсуси Худоест, ки моро аз касоне қарор дод ки ба вилояти амири муъминон ва дигар имомон чанг мезананд. (Қумӣ, Мафотиҳ-ул-ҷинон, зайли аъмоли рӯзи 18 зилҳаҷҷаҳ.)

Сарчашма

  • Абунаими Исфаҳонӣ, Аҳмад ибни Абдуллоҳ, Ҳилят-ул-авлиё ва табақот-ул-асфиё, Бейрут, Дорулкутубилъарабӣ, 1407ҳ.қ.
  • Доиратулмаорифи ташайюъ, зери назари Аҳмад Садри Ҳоҷи Сайидҷаводӣ ва Комрони Фонӣ ва Баҳоуддини Хуррамшоҳӣ, ҷ.2, Теҳрон, муассисаи интишороти Ҳикмат, 1368ҳ.ш.
  • Ибни Асокир, Таъриху мадинати Димишқ, таҳқиқи Алӣ Ширӣ, Бейрут, Дорулфикр, 1425ҳ.қ.
  • Ибни Мардавайҳ, Аҳмад ибни Мусо, Маноқибу Алӣ ибни Абитолиб, Қум, Дорулҳадис, 1382ҳ.ш.
  • Ибни Уқдаи Кӯфӣ, Фазоили амирулмуъминин, гирдоварии Абдурразоқ Муҳаммадҳусайн Ҳирзуддин, Қум, интишороти Далел, 1379ҳ.ш.
  • Ибни Халдун, Абдураҳмон ибни Муҳаммад, Девон-ул-мубтадаи ва-л-хабари фи таърих-ил-араби ва-л-барар ва ман осараҳум ман зава шаън-ил-акбар, таҳқиқи Халил Шаҳодат, Бейрут, Дорулфикр, 1408ҳ.қ./1988м.
  • Маҷлисӣ, Муҳаммадбоқир, Биҳор-ул-анвор, Бейрут, муассисаи ал-Вафо, 1403ҳ.қ.
  • Мунтазирии Муқаддам, Ҳомид, «Баррасии корбурдҳои лақаби амирулмӯъминин дар бистари таърихи Ислом», дар маҷаллаи таърихи Ислом дар оинаи пажӯҳиш, Қум, муассисаи Имом Хумайнӣ, баҳори 87.
  • Табарӣ, Муҳаммад ибни Ҷарир, Таърих-ул-умами ва-л-мулук (Таърихи Табарӣ), Муҳаммад Абулфазли Иброҳим, Бейрут, Равоеъ-ут-турос-ил-арабӣ, бето.
  • Тақаддумии Маъсумӣ, Амир, Нур-ул-амир алайҳиссалом фи тасбити хутбат-ил-Ғадир: муаййидотун ҳадисия мин кутуби аҳли-с-сунна лихутбат-ин-Набий-ил-аъзам ал-ғадирия, Қум, Мавлуди Каъба, 1379ҳ.ш.
  • Уммуталаб, Мустафо, «Доварӣ дар андешаҳои Ибни Халдун дар бораи Имом Алӣ алайҳиссалом ва масъалаи хилофат», Мишкот, шумораи 87, тобистони 1384ҳ.ш.
  • Шайхи Муфид, Муҳаммад ибни Муҳаммад, ал-Иршод фи маърифати ҳуҷаҷиллоҳи ала-л-ибод, таҳқиқи муассисаи Олул-Байт лиэҳё-ит-турос, Қум, ал-Муътамар-ул-оламӣ лиалфият аш-Шайх Муфид, 1413ҳ.қ.
  • Яъқубӣ, Аҳмад ибни Возеҳ, Таърих-ул-Яъқубӣ, Бейрут, Дорусодир, бе то.
  • Қумӣ, Шайх Аббос, Мафотиҳ-ул-ҷанон, тарҷумаи Мусавии Домғонӣ, Машҳад, интишороти остони қудси Разавӣ, чопи ёздаҳум.
  • Ҳурри Омилӣ, Муҳаммад ибни Ҳасан, Васоил-уш-шиъа, таҳқиқи Муҳаммадризо Ҳусайнии Ҷалолӣ, Қум, муассисаи Олул-байт лиэҳё-ит-турос, 1416ҳ.қ.