Сайид Муҳаммадризо Гулпойгонӣ

Аз wikishia
(Тағйири масир аз Оятуллоҳ Гулпойгонӣ)
Сайид Муҳаммадризо Гулпойгонӣ

Сайид Муҳаммадризо Гулпойгонӣ (1316 - 1414ҳ.қ.) - марҷаъи тақлиди шиа аст, ки пас аз вафоти Оятуллоҳ Буруҷердӣ, ба марҷаъият расид.

Ӯ яке аз шогирдони Абдукарим Ҳоирии Яздӣ буд. Муртазо Ҳоирии Яздӣ, Муртазо Мутаҳҳарӣ, Сайидмуҳаммад Ҳусайнии Биҳиштӣ, Лутфуллоҳ Софии Гулпойгонӣ ва Носир Макорими Шерозӣ аз шогирдони ӯ будаанд.

Гулпойгонӣ дар мавориде чун куштори мардум дар қиёми понздаҳи хурдод, воқеаи Файзийя, боздошт ва бадарғаи имом Хумайнӣ, бо иқдомоти ҳукумати Паҳлавӣ мухолифат кард. Аз вай ҳудуди чиҳил унвон китоб ба ҷо мондааст.

Сохти бемористон, мадрасаҳои илмия, Дорул-Қуръонил-Карим ва Маҷмаъи исломии Лондон яке аз фаъолиятҳои хайрия ва омулманфиъаи ин марҷаъи тақлид аст.

Давраи таҳсил

Сайид Муҳаммадризо Гулпойгонӣ дар 8-уми зилқаъдаи соли 1316ҳ.қ., дар деҳаи Гугед дар панҷ километрии Гулпойгон ба дунё омад. Падараш – Сайид Муҳаммадбоқир, рӯҳонӣ буд ва дар он диёр ба имом шӯҳрат дошт. Ӯ дар сесолагӣ модар ва дар нуҳсолагӣ падарашро аз даст дод.[1]

Гулпойгонӣ дарсҳои давраи «сатҳ»-и ҳавзаи илмияро дар Гулпойгон дар назди Сайид Муҳаммадҳасани Хонсорӣ - бародари калонии Сайид Аҳмади Хонсорӣ ва Муҳаммадтақӣ Гугедии Гулпойгонӣ - шогирди Охунди Хуросонӣ, хонд.[2] Сипас ба Арок рафт ва дар дарси Абдукарим Ҳоирии Яздӣ ширкат кард. Вай пас аз чаҳор сол, бо муҳоҷирати Абдукарими Ҳоирӣ ба Қум, ба онҷо рафт ва дар мадрасаи Файзия сокин шуд.[3] Ӯ пас аз вафоти Абдукарими Ҳоирӣ, ба Наҷаф рафт ва ба муддати се моҳ дар дарси Зиёвуддини Ироқӣ ва Сайид Абулҳасани Исфаҳонӣ ширкат кард.[4] Ҳамчунин дар замони ҳузури ҳаштмоҳаи Мирзои Ноинӣ ва Сайид Абулҳасани Исфаҳонӣ дар Қум, дар дарси онҳо ҳузур ёфт.[5] Ӯ ҳамчунин дар Қум дар дарси Сайидҳусайн Буруҷердӣ ҳам ҳозир мешуд.[6] Гулпойгонӣ дар Қум бо Сайидаҳмади Хонсорӣ ҳамбаҳс буд.[7]

Ҷойгоҳи илмӣ ва шогирдон

Сайид Муҳаммадризо Гулпойгонӣ аз Абдукарими Ҳоирӣ иҷозаи иҷтиҳод ва аз Муҳаммадризо Масҷидшоҳӣ ва Шайх Аббоси Қумӣ иҷоза ривоят дошт.[8] Ӯ ҷузъи гуруҳи истифтои Абдукарим Ҳоирии Яздӣ буд.[9] Ҳоирии Яздӣ масъулияти тасҳеҳи «Китоб-ус-салот»-и худро ба вай ва Оятуллоҳ Арокӣ супорид.[10]

Гулпойгонӣ баъд аз фавти Оятуллоҳ Буруҷердӣ дар соли 1340ҳ.ш., марҷаъи тақлид шуд.[11] Ва то соли 1372ҳ.ш., ба муддати 32 сол марҷаъиятро бар уҳда дошт.[12] Вай ҳудуди 75 сол дарсҳои ҳавзавиро тадрис кард, ки шаст сол аз он дарси хориҷи фиқҳу усул будааст.[13] Дарси хориҷи ӯро аз пурравнақтарин синфҳои дарси ҳавза гузориш кардаанд.[14]

Бархе аз шогирдони ӯ иборатанд аз:

  1. Ризо Устодӣ[15]
  2. Муртазо Ҳоирии Яздӣ
  3. Муртазо Мутаҳҳарӣ
  4. Сайид Муҳаммад Ҳусайнии Биҳиштӣ
  5. Сайид Асадуллоҳ Маданӣ
  6. Муҳаммадшарифи Розӣ[16]
  7. Муҳаммади Муфаттиҳ
  8. Алӣ Қуддусӣ
  9. Алӣ Мишкинӣ
  10. Акбар Ҳошимии Рафсанҷонӣ
  11. Алипаноҳ Иштиҳордӣ
  12. Лутфуллоҳ Софии Гулпойгонӣ
  13. Сайид Муҳаммадалӣ Алавии Гургонӣ
  14. Носир Макорими Шерозӣ
  15. Ҷаъфари Субҳонӣ[17]

Осори илмӣ

Мақолаи аслӣ: Осори Оятуллоҳ Гулпойгонӣ

Аз Гулпойгонӣ ҳудуди чиҳил унвон китоб мунташир шудааст.[18] Бархе аз ин китобҳо навиштаи худи ӯ ва бархеи дигар ҳосили дарсҳои ӯ аст, ки тавассути шогирдон навишта шудааст.[19] Осори илмии Гулпойгонӣ дар китоби «Китобшиносии тавсифии Оятуллоҳилъузмо Гулпойгонӣ», муаррифӣ шудаанд.[20] Ад-Дурр­ул-манзуд фи аҳкомам-ил-ҳудуд, Булғат-ут­толиб фи шарҳ­ил-макосиб, Ифозат-ул-авоид, Таълиқотун ала урват-ил-вусқо, Маҷмаъ-ул-масоил, Рисолаи тавзеҳул-масоил ва ал-Ҳидояту ило ман лаҳу-л-вилоят аз ҷумлаи китобҳои Гулпойгонӣ ҳастанд.[21]

Амалкарди сиёсӣ

Оятуллоҳ Буруҷердӣ, Оятуллоҳ Гулпойгонӣ

Сайид Муҳаммадризо Гулпойгонӣ бо вуҷуди онки ҳукумати Паҳлавиро як ҳукумати номашрӯъ медонист, муборизаи ошкор бо онро ба салоҳ намедид ва то ҳадди имкон аз фаъолиятҳои сиёсӣ парҳез мекард.[22] Иброҳимиён дар китоби «Эрон байни ду инқилоб» вайро марҷаъи тақлиди миёнарав муаррифӣ кардааст, ки дар пайи сарнагунии ҳукумат набуда ва танҳо дар пайи таъдили сиёсатҳои он буда аст.[23] [Ёддошт 1] Бо ин ҳама, Гулпойгониро фарде таъсиргузор дар наҳзати имом Хумайнӣ дониста анд.[24] Ӯ аз соли 1341ҳ.ш., то пирӯзии Инқилоби Исломии Эрон, дар мавориди бисёре бо сиёсатҳои ҳукумати Паҳлавӣ мухолифат карда аст. Дар соли 1341ҳ.ш., ҳамроҳ бо дигар мароҷеъи тақлид чун Хонсорӣ, [ [Ҳаким ва Маръашии Наҷафӣ дар телегрофе ба Муҳаммадризо Паҳлавӣ - шоҳи Эрон, мухолифати худро бо «лоиҳаи ислоҳоти арзӣ» эълом кард.[25] Дар ҳамин сол ӯ ва дигар мароҷеъи тақлид, ба шоҳ телегроф заданд ва «лоиҳаи анҷуманҳои иёлатӣ ва вилоятӣ»-ро мухолифи қонунҳои шаръӣ эълом кард.[26] Гулпойгонӣ ҳамчунин дар соли 1341ҳ.ш., ширкати мардум дар реферандум барои инқилоби сафедро, ки ба дастури Муҳаммадризо Паҳлавӣ анҷом мешуд, таҳрим кард.[27]

Таътилии дарсҳо дар эътироз ба воқеаи Файзия, судури баёния дар эътироз ба куштори мардум дар қиёми понздаҳи хурдод ва боздошти имом Хумайнӣ ва бархеи дигар аз рӯҳониюн, эҳзори вазири дарбор ба Қум дар хусуси табъиди имом Хумайнӣ ба Туркия, таҳрими узвият дар ҳизби растохез, ки тавассути Муҳаммадризо Паҳлавӣ тарвиҷ мешуд, дифоъ аз истиқлоли ҳавзаи илмия дар муқобили иқдоми шоҳ барои таъсиси ниҳодҳои динии давлатӣ, мухолифат бо тағйири таърихи ҳиҷрӣ ба шоҳаншоҳӣ, баргузории маҷлиси хатм барои Мустафо Хумайнӣ бо вуҷуди ҳассосияти ҳукумати Паҳлавӣ, суханронӣ дар ҷараёни беҳурматӣ ва тавҳин ба имом Хумайнӣ дар рӯзномаи Иттилоот ва таътилии як ҳафтаинаи дарсҳо дар эътироз ба куштори мардум дар қиёми нӯздаҳи дей, аз ҷумлаи фаъолиятҳои сиёсии ӯ пеш аз Инқилоби Исломӣ Эрон будааст.[28]

Гулпойгонӣ пас аз вуқуъи Инқилоби Исломии Эрон, аз Ҷумҳурии Исломии Эрон ҳимоят кард ва бо он таомул дошт.[29]

Хадамоти фарҳангӣ ва хайрия

Таҳаввул дар низоми омӯзишии ҳавзаи илмия,[30] таъсиси Маҷмаъи исломии Лондон, Дорул-Қуръонил-Карим, марокизи дармонӣ ва беҳдоштӣ монанди бемористони Оятуллоҳи Гулпойгонӣ дар Қум, мадориси илмия ва таъсиси маркази Муъҷам-ул-масоил-ил-фиқҳияро аз ҷумлаи фаъолиятҳои фарҳангӣ ва хайрияи Гулпойгонӣ баршумурдаанд.[31]

Ба гуфтаи писари калониаш - Сайидҷаводи Гулпойгонӣ, ӯ бо тарроҳии барномаҳое барои имтиҳоноти толибъилмон, таъсиси мадориси ҳавза ба сабки ҷадид, эҳдос ва бозсозии мадорис ҷиҳати сукунати туллоб, роҳандозии маркази муъҷами фиқҳӣ барои посухгӯӣ ба ниёзи муҳаққиқон таъсири бисёре дар таҳаввули низоми омӯзишии ҳавза доштааст.[32]

Маҷмаъи ҷаҳонии Ислом

Мақолаи аслӣ: Маҷмаъи ҷаҳонии Ислом

Таъсиси Маҷмаъи ҷаҳонии Ислом (Islamic Universal Association) дар Лондон дар соли 1352ҳ.ш./1974м., аз дигар фаъолиятҳои фарҳангии ӯ аст, ки ба манзури тарвиҷи дини Ислом ва ошноӣ бо мазҳаби шиа сурат гирифтааст.[33] Дорул-Қуръонил-Каримро нахустин муассисаи қуръонии Эрон донистаанд, ки аз соли 1352ҳ.ш., дар заминаи тарҷума, чоп ва нашри Қуръон фаъолият мекунад ва ташкили музей ва китобхонаи тахассусии Қуръон ва гирдоварии нусхаҳои хаттӣ ва чопии Қуръон, аз ҷумлаи фаъолиятҳои он будааст.[34]

Вафот

Сайидмуҳаммадризо Гулпойгонӣ дар 18 озари 1372ҳ.ш., баробар бо 24 ҷамодиссонии 1414ҳ.қ., дар 98 - солагӣ дар Қум вафот кард.[35] Давлати вақти Ҷумҳурии исломии Эрон, ҳафт рӯз азои умумӣ ва як рӯз таътил эълом кард.[36] Пайкари вай нахуст дар Теҳрон ва сипас дар Қум ташйиъ шуд ва пас аз намози Оятуллоҳ Лутфуллоҳ Софии Гулпойгонӣ бар ҷанозааш[37] дар масҷиди болосари ҳарами ҳазрати Маъсума ба хок супурда шуд.[38] Сайидалӣ Хоманаӣ - Раҳбари Ҷумҳурии исломии Эрон дар ташйиъи ҷанозаи вай дар Теҳрон, ширкат кард.[39]

Ҷусторҳои вобаста

Мадрасаи илмияи Оятуллоҳ Гулпойгонӣ (Қум)

Китобхонаи Оятуллоҳ Гулпойгонӣ

Эзоҳ

  1. Лутфӣ, Нуре аз малакут, 1391ҳ.ш., саҳ.18 ва 19.
  2. Лутфӣ, Нуре аз малакут, 1391ҳ.ш., саҳ.27 то 29.
  3. Лутфӣ, Нуре аз малакут, 1391ҳ.ш., саҳ.24 ва 25.
  4. Лутфӣ, Нуре аз малакут, 1391ҳ.ш., саҳ.39 ва 40.
  5. Лутфӣ, Нуре аз малакут, 1391ҳ.ш., саҳ.37 ва 40.
  6. Лутфӣ, Нуре аз малакут, 1391ҳ.ш., саҳ.38.
  7. “Солрӯзи реҳлати ҳазрати Оятуллоҳилъузмо Сайид Муҳаммадризо Гулпойгонӣ”, вебгоҳи пойгоҳи итилоърасонии Ҳавза.
  8. Лутфӣ, Нуре аз малакут, 1391ҳ.ш., саҳ.41.
  9. “Солрӯзи реҳлати ҳазрати Оятуллоҳилъузмо Сайид Муҳаммадризо Гулпойгонӣ”, вебгоҳи пойгоҳи итилоърасонии Ҳавза.
  10. “Солрӯзи реҳлати ҳазрати Оятуллоҳилъузмо Сайид Муҳаммадризо Гулпойгонӣ”, вебгоҳи пойгоҳи итилоърасонии Ҳавза.
  11. Довудӣ, “Бозхонии зиндагии сиёсӣ - иҷтимоии Оятуллоҳилъузмо Сайид Муҳаммадризо Гулпойгонӣ”, вебгоҳи Ҷаморон.
  12. “Солрӯзи реҳлати ҳазрати Оятуллоҳилъузмо Сайид Муҳаммадризо Гулпойгонӣ”, вебгоҳи пойгоҳи итилоърасонии Ҳавза.
  13. Лутфӣ, Нуре аз малакут, 1391ҳ.ш., саҳ.54.
  14. Лутфӣ, Нуре аз малакут, 1391ҳ.ш., саҳ.61.
  15. Солеҳ, Ҷомеъаи мударрисини ҳавзаи илмияи Қум, 1385ҳ.ш., ҷ.3, саҳ.39.
  16. Табрезӣ, Асноде дар бораи китоби ганҷинаи донишмандон..., саҳ.1047.
  17. Лутфӣ, Нуре аз малакут, 1391ҳ.ш., саҳ.60 то 64.
  18. Лутфӣ, Нуре аз малакут, 1391ҳ.ш., саҳ.114 то 118.
  19. Ҳабибӣ, Китобшиносии тавсифии Оятуллоҳилъузмо Гулпойгонӣ, 1391, саҳ.19.
  20. Ниг.: Ҳабибӣ, Китобшиносии тавсифии Оятуллоҳилъузмо Гулпойгонӣ, 1391, саҳ.25 - 78.
  21. Ҳабибӣ, Китобшиносии тавсифии Оятуллоҳилъузмо Гулпойгонӣ, 1391, саҳ.25 - 65.
  22. Ҳасанзода ва Шифо Ҳарисӣ, “Мавозиъ ва иқдомоти Оятуллоҳ Гулпойгонӣ дар қиболи сиёсатҳои ҳукумати Паҳлавӣ”, саҳ.84 ва 89.
  23. Ҳасанзода ва Шифо Ҳарисӣ, “Мавозиъ ва иқдомоти Оятуллоҳ Гулпойгонӣ дар қиболи сиёсатҳои ҳукумати Паҳлавӣ”, саҳ.84.
  24. Довудӣ, “Бозхонии зиндагии сиёсӣ - иҷтимоии Оятуллоҳилъузмо Сайид Муҳаммадризо Гулпойгонӣ”, вебгоҳи Ҷаморон.
  25. Довудӣ, “Бозхонии зиндагии сиёсӣ - иҷтимоии Оятуллоҳилъузмо Сайид Муҳаммадризо Гулпойгонӣ”, вебгоҳи Ҷаморон.
  26. Ҳасанзода ва Шифо Ҳарисӣ, “Мавозиъ ва иқдомоти Оятуллоҳ Гулпойгонӣ дар қиболи сиёсатҳои ҳукумати Паҳлавӣ”, саҳ.88.
  27. Довудӣ, “Бозхонии зиндагии сиёсӣ - иҷтимоии Оятуллоҳилъузмо Сайид Муҳаммадризо Гулпойгонӣ”, вебгоҳи Ҷаморон.
  28. Довудӣ, “Бозхонии зиндагии сиёсӣ - иҷтимоии Оятуллоҳилъузмо Сайид Муҳаммадризо Гулпойгонӣ”, вебгоҳи Ҷаморон.
  29. Довудӣ, “Бозхонии зиндагии сиёсӣ - иҷтимоии Оятуллоҳилъузмо Сайид Муҳаммадризо Гулпойгонӣ”, вебгоҳи Ҷаморон.
  30. “Таҳаввул дар низоми омӯзишии ҳавза аз хадамоти мондагори Оятуллоҳилъузмо Гулпойгонӣ”, вебгоҳи пойгоҳи итилоърасонии Ҳавза.
  31. “Реҳлати Оятуллоҳ Гулпойгонӣ”, маҷаллаи Гулбарг, № 36, 1381ҳ.ш., ба нақл аз вебгоҳи пойгоҳи итилоърасонии Ҳавза.
  32. “Таҳаввул дар низоми омӯзишии ҳавза аз хадамоти мондагори Оятуллоҳилъузмо Гулпойгонӣ”, вебгоҳи пойгоҳи итилоърасонии Ҳавза.
  33. Ҷаъфариён, Расул, Атласи шиа, 1391, саҳ.660 ва 661.
  34. “Реҳлати Оятуллоҳ Гулпойгонӣ”, маҷаллаи Гулбарг, № 36, 1381ҳ.ш., ба нақл аз вебгоҳи пойгоҳи итилоърасонии Ҳавза.
  35. “Солрӯзи реҳлати ҳазрати Оятуллоҳилъузмо Сайид Муҳаммадризо Гулпойгонӣ”, вебгоҳи пойгоҳи итилоърасонии ҳавза; Лутфӣ, Нуре аз малакут, 1391ҳ.ш., саҳ.302.
  36. “Реҳлати Оятуллоҳ Гулпойгонӣ”, маҷаллаи Гулбарг, № 36, 1381ҳ.ш., ба нақл аз вебгоҳи пойгоҳи итилоърасонии Ҳавза.
  37. https://www.hawzahnews.com/news/1005948/فیلم-قدیمی-از-اقامه-نماز-بر-پیکر-آیت-الله-العظمی-گلپایگانی-توسط
  38. “Реҳлати Оятуллоҳ Гулпойгонӣ”, маҷаллаи Гулбарг, № 36, 1381ҳ.ш., ба нақл аз вебгоҳи пойгоҳи итилоърасонии Ҳавза.
  39. “Реҳлати Оятуллоҳ Гулпойгонӣ”, маҷаллаи Гулбарг, № 36, 1381ҳ.ш., ба нақл аз вебгоҳи пойгоҳи итилоърасонии Ҳавза.

Ёддошт


Сарчашма

  • Довудӣ, Рашид, “Бозхонии зиндагии сиёсӣ - иҷтимоии Оятуллоҳилъузмо Сайид Муҳаммадризо Гулпойгонӣ”, вебгоҳи Ҷаморон, 16 озари 1392, дидашуда дар 13 хурдоди 1397.
  • Лутфӣ, Маҳдӣ, Нуре аз малакут, Қум, Баргузида, чопи дувум, 1391.
  • "Реҳлати Оятуллоҳ Гулпойгонӣ", маҷаллаи Гулбарг, № 36, 1381, ба нақл аз вебгоҳи пойгоҳи итилоърасонии Ҳавза, дидашуда дар 13 хурдоди 1397.
  • Солеҳ, Сайидмуҳсин, Ҷомеъаи мударрисини ҳавзаи илмияи Қум, аз оғоз то акнун, Теҳрон, Маркази асноди исломӣ, 1385ҳ.ш.
  • "Солрӯзи реҳлати ҳазрати Оятуллоҳилъузмо Сайид Муҳаммадризо Гулпойгонӣ", вебгоҳи пойгоҳи итилоърасонии Ҳавза, 8 озари 1386, дидашуда дар 12 хурдоди 1397.
  • Ҳабибӣ, Салмон, Китобшиносии тавсифии Оятуллоҳилъузмо Гулпойгонӣ, Қум, Вилои мунтазир, чопи аввал, 1391ҳ.ш.
  • Ҳасанзода, Исмоил ва Муҳаммадкозим Шифо Ҳарисӣ, «Мавозеъ ва иқдомоти Оятуллоҳ Гулпойгонӣ дар қиболи сиёсатҳои ҳукумати Паҳлавӣ», Мутолиъоти Инқилоби Исломӣ, № 37, 1393.
  • Ҷаъфариён, Расул, Атласи шиа, Теҳрон, интишороти Созмони ҷуғрофиёии неруҳои мусаллаҳ, чопи панҷум, 1391ҳ.ш.


Хатои ёдкард: <ref> tags exist for a group named "Ёддошт", but no corresponding <references group="Ёддошт"/> tag was found