Ҷаҳиш ба мӯҳтаво

Муҳаммад Зейф

Аз wikishia
(Тағйири масир аз Муҳаммад Зайф)
Муҳаммад Зейф
Номи комилМуҳаммади Диёб Иброҳими Мисрӣ
Лақабписари марг (ибни-л-мавт) (Фарзандаи марг)
Мазҳабсуннӣ
Санаи таваллуд1965м
ЗодгоҳХони Юнус дар навори Ғазза
Санаи шаҳодат23 тири 1403ҳ.ш. (13 июли 2024м)
Маҳалли таҳсилФаластини ишғолӣ
Фаолиятҳофармондеҳи низомии Ҳамос
Шинохташуда бароифармондеҳи гардони Иззуддин Қассом


Муҳаммад Диёб Иброҳим ал-Масрӣ (арабӣ: محمد دياب إبراهيم المصري 2024-1965) маъруф ба Муҳаммад Зейф (арабӣ: محمد الضِيْف), фармондеҳи гурдонҳои Иззуддин Қассом, шуъбаи низомии Ҳамос буд. Тарроҳии амалиётҳои низомӣ ва шабакаҳои тунелии Ҳамос, аз фаъолиятҳои ӯ дар давраи мубориза бо режими саҳюнистӣ мебошад.

Ӯро тарроҳи амалиёти тӯфони ал-Ақсо медонанд. Вай дар 13 июли соли 2024 дар навори Ғазза тавассути Исроил террор шуд.[1]

Таъсиргузорӣ бар муқовимат

Муҳаммад Зейф, бо лақаби Абухолид, яке аз фармондеҳони низомии Ҳамос, нақши меҳварӣ дар тарроҳӣ ва иҷрои амалиётҳои бузурги низомии ин гурӯҳ дошт.[2] Ӯро тарроҳи асосии амалиёти тӯфони ал-Ақсо медонанд[3] ки дар ҷараёни он, шуморае аз саҳюнистҳо дар сарзаминҳои ишғолӣ дастгир ва ба навори Ғазза мунтақил шуданд.[4]

Зейф бо истифода аз тактикаҳои нав, аз ҷумла эҷоди шабакаҳои густурдаи тунелҳои зерзаминӣ ва тавсеаи ракетҳои Қассом, ба намуде аз муқовимати Фаластин дар баробари Исроил табдил шудааст.[5]

Ӯ нахустин бор дар соли 1994 мелодӣ, дар муқобили дурбини расонаҳо зуҳур кард ва хабари асорати як низомии саҳюнистро эълом кард ва хостори озодии Аҳмад Ёсин, бунёнгузори Ҳамос шуд. Ин рӯйдод ҳамчун таҳаввуле дар таърихи Ҳамос ва муборизоти фаластиниён шинохта мешавад.[6]

Зиндагинома

Муҳаммад Диёб Иброҳим ал-Масрӣ, машҳур ба Муҳаммад Зейф, дар соли 1965 мелодӣ дар урдугоҳи паноҳандагони Хон-Юнус дар навори Ғазза ба дунё омад.[7] Ӯ дар соли 1989 ба дасти нерӯҳои исроилӣ дастгир шуд ва бо туҳмати фаъолият дар шӯъбаи низомии Ҳамос, 16 моҳро дар зиндон сипарӣ кард. Пас аз озодӣ, ба ҳамроҳи ёронаш, гурдонҳои Иззуддин Қассом, шӯъбаи низомии Ҳамосро таъсис дод. Пеш аз террори Салоҳ Шаҳода дар соли 2002 мелодӣ, Зейф шӯъбаи Қассомро дар Карони Бохтарӣ роҳандозӣ кард ва пас аз шаҳодати Шаҳода, ҳамчун фармондеҳи асосии ин гурдонҳо мансуб шуд.[8] Муҳаммад Зейф аз наздикони Яҳё Айёш, аз бунёнгузорони Ҳамос буд ва нақши калидӣ дар тарроҳӣ ва иҷрои амалиётҳои гуногун алайҳи режими саҳюнистӣ ифо кард.[9]

Террор

Созмони иттилооти режими саҳюнистӣ (Шабак) кӯшишҳои зиёде барои террор кардани Муҳаммад Зейф анҷом дод; аммо ба далели тавоноии вай дар наҷот ёфтан аз террорҳо ва пинҳон нигаҳ доштани худ, ин террорҳо номуваффақ буданд. Дар баъзе гузоришҳо ба ӯ лақаби «Писари марг» (Фарзанди марг) дода шуда буд.[10]

Соли 2006 мелодӣ дар натиҷаи як ҳамлаи ҳавоӣ дар навори Ғазза, Зейф маҷрӯҳ шуд, аммо ҷони саломат ба дар бурд. Пас аз ин ҳодиса, Муҳаммад Зейф зиндагии пинҳониеро дар пеш гирифт. Дар 13 июли соли 2024 режими саҳюнистӣ дар як амалиёти вижа, ӯро дар ҳамлаи мушакӣ ба шаҳодат расонд.[11] Исроил дар 1 августи 2024 эълом кард, ки се ҳафта пеш дар бомбаборобони минтақае дар Хон-Юнус Зейфро террор кардааст; сухангӯи Ҳамос низ дар 31 январи 2025 шаҳодати ӯро тасдиқ кард.[12]

Сипоҳи посдорони Инқилоби исломии Эрон,[13] Ҳизбуллоҳи Лубнон,[14] Ансоруллоҳи Яман,[15] ва гурӯҳҳои фаластинӣ ҳамчун Ҳамос ва Ҷиҳоди исломӣ[16] шаҳодати Зейфро таслият гуфтанд. Мардуми шаҳрҳои Фаластин, Туркия, Лубнон[17] ва Яман[18] барои Зейф намози майити ғиёбӣ баргузор карданд.

Ҷусторҳои вобаста

Эзоҳ

  1. «محمد الضیف مهندس نبرد طوفان الاقصی کیست؟», Сайти шабакаи ал-Олам.
  2. «محمد الضیف مهندس نبرد طوفان الاقصی کیست؟», Сайти шабакаи ал-Олам.
  3. «محمد الضیف» که امروز شهادتش تأیید شد، که بود؟, Хабаргузории Тобнок.
  4. لحظه به لحظه با عملیات توفان الاقصیٰ, Сайти шабакаи ал-Олам.
  5. «محمد الضیف» که امروز شهادتش تأیید شد، که بود؟, Хабаргузории Тобнок.
  6. «محمد الضیف» که امروز شهادتش تأیید شد، که بود؟, Хабаргузории Тобнок.
  7. «محمد الضیف» که امروز شهادتش تأیید شد، که بود؟, Хабаргузории Тобнок.
  8. «محمد الضیف مهندس نبرد طوفان الاقصی کیست؟», Сайти шабакаи ал-Олам.
  9. «محمد الضیف» که امروز شهادتش تأیید شد، که بود؟, Хабаргузории Тобнок.
  10. «رجل الظل و ابن الموت.. تعرف محمد الضیف قائد ارکان کتائب القسام», Сайти шабакаи хабарии TRT.
  11. «محمد الضیف» که امروز شهادتش تأیید شد، که بود؟, Хабаргузории Тобнок.
  12. «محمد الضیف که بود+فیلم», Хабаргузории Меҳр.
  13. «بیانیه سپاه در پی به شهادت رساندن محمد الضیف», Хабаргузории Ҷаҳоннюс.
  14. «حزب‌الله شهادت محمد الضیف و همرزمانش را تسلیت گفت», Хабаргузории ал-Мизон.
  15. «انصار الله یمن: محمد الضیف در دفاع از شرف امت به شهادت رسید», Сайти шабакаи ал-Олам.
  16. «واکنش گروه‌های فلسطینی به شهادت محمد ضیف», Хабаргузории ИСНА.
  17. «اقامه نماز میت غیابی برای شهید محمد ضیف در شهرهای فلسطین و منطقه», Хабаргузории Меҳр.
  18. «اقامه نماز برای شهید محمد ضیف در یمن», Хабаргузории ИСНА.

Сарчашма