Ҷаҳиш ба мӯҳтаво

Музд гирифтан барои анҷоми воҷибот

Аз wikishia


Музд гирифтан барои анҷоми воҷибот (форсӣ: مزد گرفتن برای انجام واجبات) ба маънои дарёфти музд дар баробари анҷоми аъмоли воҷиб аст.[1] Ин баҳс ибтидо ба сурати пароканда дар бархе ибодот матраҳ буд, аммо аз замони Шаҳиди Сонӣ ба унвони қоидае фиқҳӣ мавриди таваҷҷуҳ қарор гирифт[2] ва дар абвоби мухталифи фиқҳӣ монанди намоз, таҷҳизи амвот ва қазоват ба кор рафт.[3] Аҳамияти он ба ин далел аст, ки бо шуғлҳои зарурӣ монанди табобат ва қазовати ҷомеа пайванд дорад; зеро агар гирифтани музд дар ин маворид ҳаром бошад, бояд роҳе барои таъмини маоши шоғилони онҳо ёфт.[4]

Фақеҳони шиа дар бораи раво будани музди кор гирифтан бар ивази анҷоми воҷибот назароти мухталифе доранд; бархе онро тамоман ҳаром ва музди дарёфтшударо моли ҳаром медонанд.[5] Сайид Абулқосим Хӯӣ онро ҷоиз шумурда ва бо қасди қурбат ҳеч тазодде намебинад.[6] Гурӯҳе дигар миёни анвои воҷибот фарқ қоил шудаанд; музди гирифтан дар воҷиботи тааббудӣ ва таъиниро ҷоиз намедонанд,[7] аммо дар воҷиботи тавассулӣ ва кифоӣ раво медонанд.[8]

Дар мавриди воҷиботи марбут ба низоми иҷтимоӣ, монанди таълиму тарбият, пизишкӣ, қазоват ва умури низомӣ, ки ба воҷиботи низомия машҳуранд, бархе аз фақеҳон қоидаи ҳурмати ахзи уҷратро қобили иҷро надонистаанд;[9] зеро тарки ин воҷибот муҷиби ихтилол дар низоми иҷтимоӣ мешавад.[10] Ҳамчунин бо вуҷуди шуҳрати қоидаи ҳурмат аз замони маъсумон (а) дарёфти уҷрат барои анҷоми ин корҳо роиҷ будааст[11] ва ҳатто қоилон ба ҳурмати мутлақ низ ғолибан ин маворидро истисно кардаанд.[12]

Дар бораи мустаҳабот низ ихтилоф вуҷуд дорад. Касоне, ки уҷрат барои воҷиботро ҷоиз медонанд, дар мустаҳабот ҳам дарёфти муздро раво медонанд.[13] Аммо мухолифон, дарёфти уҷрат дар мустаҳаботро макруҳ медонанд.[14]

Эзоҳ

  1. ↑ Мусавии Буҷнурдӣ, Қавоиди фиқҳия, 1401ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.165
  2. ↑ Ҷаббори Гулбоғӣ ва ҳамкорон, «Воковии таърихии қоидаи ахзи уҷрат бар воҷибот бо рӯйкард ба орои соҳиби Урва», саҳ.143
  3. ↑ Буруҷердӣ, «Таҳлили фиқҳии машруияти касби даромад аз анҷоми феъли воҷиб», саҳ.27-28; Чӯпон Писандобод, «Қоидаи ҳурмати ахзи уҷрат бар воҷибот», саҳ.95; Муҳаммадии Разинӣ, «Ахзи уҷрат дар ҳазонат аз манзари фиқҳи исломӣ», саҳ.53
  4. ↑ Фахлаъӣ ва Шайхӣ, «Баррасии ишколи тахсиснопазирии қоидаи ҳурмати ахзи уҷрат бар воҷибот», саҳ.26-27; Буруҷердӣ, «Таҳлили фиқҳии машруияти касби даромад аз анҷоми феъли воҷиб», саҳ.27-28
  5. ↑ Шаҳиди Сонӣ, Масолик-ул-афҳом, 1413ҳ.қ.; Наҷафӣ, Ҷавоҳир-ул-калом, 1362ҳ.ш., ҷ.22, саҳ.116; Муқаддаси Ардабилӣ, Маҷмаъ-ул-фоида ва-л-бурҳон, 1403ҳ.қ., ҷ.8, саҳ.89
  6. ↑ Хӯӣ, Мисбоҳ-ул-фақоҳа, 1417ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.460-466
  7. ↑ Фахр-ул-муҳаққиқин, Изоҳ-ул-фавоид, 1387ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.257; Ансорӣ, ал-Макосиб-ул-муҳаррама, 1415ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.135; Имом Хумайнӣ, Таҳрир-ул-васила, 1377ҳ.ш., ҷ.1, саҳ.499
  8. ↑ Ансорӣ, ал-Макосиб-ул-муҳаррама, 1415ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.135; Имом Хумайнӣ, ал-Макосиб-ул-муҳаррама, 1415ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.297-299; Мусавии Буҷнурдӣ, Қавоиди фиқҳия, 1401ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.168-169; Фахлаъӣ ва Шайхӣ, «Баррасии орои фақеҳон дар мавриди мунофоти ахзи уҷрат бо қасди қурбат бо рӯйкарде бар дидгоҳи Имом Хумайнӣ», саҳ.86
  9. ↑ Фахлаъӣ ва Шайхӣ, «Баррасии ишколи тахсиснопазирии қоидаи ҳурмати ахзи уҷрат бар воҷибот», саҳ.26-27
  10. ↑ Баҳрулъулум, Булғат-ул-фақеҳ, 1403ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.5
  11. ↑ Ансорӣ, ал-Макосиб-ул-муҳаррама, 1415ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.137-138; Мусавии Буҷнурдӣ, ал-Қавоид-ул-фиқҳия, 1401ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.169-170; Макорими Шерозӣ, Анвор-ул-фақоҳа, 1426ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.416; Раҷоипур ва Қариб, «Ишколи машҳур дар уҷратхоҳӣ бар воҷиботи низомия», саҳ.123
  12. ↑ Фахлаъӣ ва Шайхӣ, «Баррасии ишколи тахсиснопазирии қоидаи ҳурмати ахзи уҷрат бар воҷибот», саҳ.26
  13. ↑ Мударрисӣ, Баррасии густурдаи фиқҳии уҷрат бар воҷибот, мустаҳабот ва фуруоти мутаносиб, 1392ҳ.ш., саҳ.183
  14. ↑ Шайхӣ ва ҳамкорон, «Баррасии асноди қуръонӣ ва ривоии қоидаи ҳурмати ахзи уҷрат бар воҷибот», саҳ.131-135

Сарчашма

  • Ансорӣ, Муртазо, ал-Макосиб-ул-муҳаррама, Қум, Конгресси бузургдошти Шайхи Аъзам Ансорӣ, 1415ҳ.қ.
  • Баҳрулъулум, Сайид Муҳаммад, Булғат-ул-фақеҳ, Теҳрон, Мактабат-ус-содиқ (а), 1403ҳ.қ.
  • Буруҷердӣ, Мустафо, «تحلیل فقهی مشروعیت کسب درآمد از انجام فعل واجب» (Таҳлили фиқҳии машруияти касби даромад аз анҷоми феъли воҷиб), дуфаслномаи Мабонии фиқҳии ҳуқуқи исломӣ, №27, 1400ҳ.ш.
  • Имом Хумайнӣ, Сайид Рӯҳуллоҳ, ал-Макосиб-ул-муҳаррама, Теҳрон, Муассисаи танзим ва нашри осори Имом Хумайнӣ, 1415ҳ.қ.
  • Имом Хумайнӣ, Сайид Рӯҳуллоҳ, Таҳрир-ул-васила, Теҳрон, Муассисаи танзим ва нашри осори Имом Хумайнӣ, 1377ҳ.ш.
  • Мударрисӣ Яздӣ, Сайид Муҳаммадризо, Баррасии густурдаи фиқҳии уҷрат бар воҷибот, мустаҳабот ва фуруоти мутаносиб, Қум, Дор-ут-тафсир, 1392ҳ.ш.
  • Муқаддаси Ардабилӣ, Аҳмад, Маҷмаъ-ул-фоида ва-л-бурҳон, Қум, Интишороти исломӣ, 1403ҳ.қ.
  • Мусавии Буҷнурдӣ, Сайид Муҳаммад, Қавоиди фиқҳия, Теҳрон, Муассисаи Уруҷ, 1401ҳ.қ.
  • Муҳаммадии Разинӣ, Саттор ва Муаззама Сафарзода ва Муҳаммадалӣ Наҷибӣ, «Ахзи уҷрат дар ҳазонат аз манзари фиқҳи исломӣ», дуфаслномаи Мутолиоти фиқҳи имомия, №20, 1402ҳ.ш.
  • Наҷафӣ, Муҳаммадҳасан, Ҷавоҳир-ул-калом фи шарҳи шароиъ-ил-ислом, тасҳеҳи Аббос Қӯчонӣ ва Алӣ Охундӣ, Бейрут, Дор эҳё-ит-турос-ил-арабӣ, чопи ҳафтум, 1362ҳ.ш.
  • Раҷоипур, Мустафо ва Муҳаммад Қариби Тарза, «اشکال مشهور در اجرت خواهی بر واجبات نظامیه» («Ишколи машҳур дар уҷратхоҳӣ бар воҷиботи низомия»), фаслномаи Фиқҳ ва таърихи тамаддун, соли шашум, №1, 1388ҳ.ш.
  • Фахлаъӣ, Муҳаммадтақӣ ва Маҷидризо Шайхӣ, «بررسی اشکال تخصیص‌ناپذیری قاعده حرمت اخذ اجرت بر واجبات» («Баррасии ишколи тахсиснопазирии қоидаи ҳурмати ахзи уҷрат бар воҷибот»), дуфаслномаи Омӯзаҳои фиқҳи маданӣ, №4, 1390ҳ.ш.
  • Фахлаъӣ, Муҳаммадтақӣ ва Маҷидризо Шайхӣ, «بررسی آرای فقها در مورد منافات اخذ اجرت با قصد قربت با رویکردی بر دیدگاه امام خمینی» («Баррасии орои фақеҳон дар мавриди мунофоти ахзи уҷрат бо қасди қурбат бо рӯйкарде бар дидгоҳи Имом Хумайнӣ»), фаслномаи Пажӯҳишномаи Матин, №51, 1390ҳ.ш.
  • Фахр-ул-муҳаққиқин, Муҳаммад ибни Ҳасан, Изоҳ-ул-фавоид, Қум, Муассисаи Исмоилиён, 1387ҳ.қ.
  • Хӯӣ, Сайид Абулқосим, Мисбоҳ-ул-фақоҳа, Қум, Нашри Ансориён, 1417ҳ.қ.
  • Ҷаббори Гулбоғии Мосула, Сайид Алӣ ва Аббосалӣ Султонӣ ва Муҳаммадтақӣ Фахлаъӣ,«واکاوی تاریخی قاعده اخذ اجرت بر واجبات با رویکرد به آراء صاحب عروه» («Воковии таърихии қоидаи ахзи уҷрат бар воҷибот бо рӯйкард ба орои соҳиби Урва»), фаслномаи Пажӯҳишҳои фиқҳ ва ҳуқуқи исломӣ, №42, 1394ҳ.ш.
  • Чӯпон Писандобод, Муҳаммад, «قاعده حرمت اخذ اجرت بر واجبات» («Қоидаи ҳурмати ахзи уҷрат бар воҷибот»), нашрияи Донишкадаи илоҳиёти Машҳад, №№37-38, 1376ҳ.ш.
  • Шайхӣ, Маҷидризо ва Муҳсин Ҷаҳонгирӣ ва Аббосалӣ Султонӣ, «بررسی اسناد قرآنی و روایی قاعده حرمت اخذ اجرت بر واجبات» («Баррасии асноди қуръонӣ ва ривоии қоидаи ҳурмати ахзи уҷрат бар воҷибот»), фаслномаи Мутолиоти исломӣ: фиқҳ ва усул, №98, 1393ҳ.ш.
  • Шаҳиди Сонӣ, Зайнулобидин ибни Алӣ, Масолик-ул-афҳом, Қум, Муассисат-ул-маориф-ил-исломия, 1413ҳ.қ.