Хутбаи ҳазрати Фотима дар ҷамъи занони Мадина

Аз wikishia
Тасвири китоби Маликаи Ислом, асари Мирзохалил Камараӣ

Хутбаи ҳазрати Фотима (с) дар ҷамъи занони Мадина ё хутбаи Иёдат суханони ҳазрати Заҳро (с) духтари Пайғамбар (с) дар ҷамъи занони Мадина, дар эътироз ба ғасби хилофат аст.

Ин суханон, ки дар бистари беморие, ки сабаби шаҳодати ҳазрати Фотима (с) шудааст, гуфта шуд, ба хотири тарсими вазъияти мавҷуди баъд аз вафоти Пайғамбар (с), ҳушдор нисбат ба ояндаи ҷомеъаи исломӣ ва фасоҳату балоғат, муҳимму боаҳамият дониста шудааст.

Ҳазрати Фотима (с) дар хутбаи Иёдат, зимни эъломи безорӣ аз паймоншиканон ва мазаммати мардуми дунболарав, тасвире аз бевафоии онҳо тарсим мекунад ва дар чанд меҳвар ба тавзеҳи шароити мавҷуд, пешбинии ояндаи нохушоянд барои мусулмонон, хусусиятҳои ҳукумати Алавӣ, заъфи фикрӣ ва ихтилофи назароти мардуми Мадина, масъулияти мардум дар қиболи фасоди ҳукумат ва тарсими чеҳраи Сақифа мепардозад.

Ӯ дар ин хутба ба чанд ояти Қуръон, аз ҷумла: ояти 80-и сураи Моида дар бораи оқибати пайравӣ аз ҳавову ҳавас, 96-и сураи Аъроф ва 51-и сураи Зумар дар бораи маломати касоне ки аз ҳақ пайравӣ намекунанд ва 35-и сураи Юнус дар бораи инсонҳои шоистаи раҳбарӣ истинод мекунад.

Хутбаи ҳазрати Заҳро (с) дар ҷамъи занони муҳоҷиру ансор ба тариқҳои мухталиф дар китобҳои ривоии шиа ва аҳли суннат омадааст. Ин хутбаро ҳамчунин муҳаққиқони динӣ дар китобҳои муртабит бо зиндагии ҳазрати Фотима (с) ва шарҳҳои хутбаҳои он ҳазрат, шарҳ додаанд.

Муаррифӣ ва аҳамият

Хутбаи ҳазрати Фотима (с) дар ҷамъи занони Мадина ё хутбаи иёдат, суханоне аст, ки ҳазрати Фотима (с) дар бистари бемории мунҷар ба шаҳодаташ барои заноне, ки ба иёдати ӯ омада буданд, эрод кард.[1] Дар бораи теъдоди занони иёдаткунанда ва инки киҳо будаанд, итилоъи дақиқе вуҷуд надорад,[2] албатта, дар китоби Балоғот-ун-нисо[3] ва Шарҳи Ибни Абилҳадид бар Наҳҷ-ул-балоға[4] омадааст, ки теъдоде аз занони муҳоҷиру ансор ба ҳузури Фотима омаданд ва дар Таърихи Яъқубӣ зикр шудааст, занони Пайғамбар (с) ва иддае аз занони Қурайш ба иёдати ӯ рафта буданд.[5]

Бархе аз пажуҳишгарон, суханони Фотимаи Заҳро (с) дар ҷамъи занони Мадинаро дорои фасоҳат, балоғат ва мазмуни шигифтангезе медонанд.[6] Ба гуфтаи онҳо, бо тавваҷуҳ ба шинохте, ки ҳазрати Фотима аз таҳаввулоти ҷомеъаи навпои исломӣ доштанд ва барои таъсиргузории бештар бар мухотабони худ, аз кунишҳои гуфтории мутааддиде чун куниши изҳорӣ, отифӣ ва тарғибӣ дар ин хутба истифода кардааст.[7] Ин матнро ҳамчунин ҳокӣ аз огоҳии ҳазрати Фотима нисбати масоил ва ҷараёнҳои ҳоким бар Мадина донистаанд.[8]

Макорими Шерозӣ - марҷаъи тақлид, ин хутбаро ҳамонанди хутбаи Фадакия дорои оҳанге расо ва шуҷоъона ва албатта лаҳне ғамангезтар медонад.[9] Ба гуфтаи ӯ, агарчӣ ҳазрати Фотима бисёр мавриди ситам воқеъ шуда буд ва ба хотири ҷароҳоти ношӣ аз моҷарои ҳуҷум ба хонааш дар бистари беморӣ афтода буд, вале дар ин хутба аз ҳоли худаш ҳеҷ нагуфта, меҳвари тамоми суханони ӯ ғасби хилофат, мазлумияти Алӣ (а) ва хатароти ояндаи ин инҳирофи бузург буд ва ин нишонаи фидокорӣ ва мақоми ризо ва таслими ӯ дар пешгоҳи Худованд аст.[10]

Сабаби хутба хондан

Ҳазрати Фотима дар охири умраш (пас аз воқеаи ҳамла ба хонааш) дар бистари беморӣ афтод ва занони муҳоҷиру ансор ба хабаргирии ӯ рафтанд.[11] Дар бораи ангезаи занони иёдаткунанда гуфта шудааст, мардони муҳоҷиру ансор ба далели ҳодисаҳои ногувори иттифоқафтода дар бораи ҳазрати Заҳро, худро масъул медонистанд; ба ҳамин далел, занони худро ба ин дидор фиристоданд, то аз бори гуноҳи худ коста, виҷдони худро розӣ кунанд.[12] Ҳамчунин бархе муътақиданд, ки ангезаҳои сиёсӣ барои беҳбуди робитаи хонадони Пайғамбар (с) бо ҳокими вақт ва талтифи фазои Мадина, ангезаи ин дидор будааст.[13]

Мазмун ва муҳтавои хутба

Ҳазрати Заҳро (с:

«Аз дунёи шумо басе безор ва мардонатонро душман медорам! Ҳолу қолашонро озмудам ва аз ончӣ карданд, басе нохушнудам ва онҳоро ба каноре ниҳодам!».[14]

Ҳазрати Заҳро (с) дар хутбаи Иёдат, зимни эъломи бароъату безорӣ аз паймоншиканон[15] ва мазаммати мардуми дунболарав, тасвире аз бе вафоии онҳо тарсим мекунад[16] ва дар чанд меҳвар ба табйини шароити мавҷуд, пешбинии ояндаи нохушоянд барои мусулмонон, вижагиҳои ҳукумати Алавӣ, заъфи фикрӣ ва ташаттути ороъ, масъулияти мардум дар қиболи фасоди ҳукумат ва тарсими чеҳраи ҷараёни Сақифа мепардозад.[17] Ӯ дар ин хутба ба чанд ояти Қуръон, аз ҷумла ояти 80-и сураи Моида дар бораи оқибати пайравӣ аз ҳавову ҳавасҳо, 96-и сураи Аъроф ва 51-и сураи Зумар дар маломати пайравӣ накардан аз ҳақ ва 35-и сураи Юнус дар бораи инсонҳои шоистаи раҳбарӣ истинод мекунад.[18]

Мазаммати мардум

Фотимаи Заҳро (с) дар ибтидои хутба, муҳоҷирину ансорро ба хотири фиреб хӯрдан аз ҷараёни ҳоким[19] ва ҳамчунин сукуташон дар қиболи ҷараёни инҳирофӣ ва ҳамроҳӣ бо онон, мазаммат ва аз инки иродаҳои оҳанини онҳо дар замони Пайғамбар (с) ба сустӣ гароида, шикоят мекунад[20] ва онҳоро ба шамшерҳои шикаста ва найзаҳои сурохшуда монанд мекунад.[21] Ба гуфтаи Ҳусайнъалии Мунтазирӣ, ин ташбеҳот нишон аз заъфи фикрӣ ва ташаттути орои мусулмонон дар муқобили ҳодисаҳои рухдодаи баъд аз вафоти Пайғамбар (с) дорад.[22] Ҳазрати Заҳро масъулияти ғасби хилофатро ба уҳдаи муҳоҷиру ансор медонад; чун тобеъи ҷавви ҳоким шуданд[23] ва инки нанги он то ҳамешаи таърих ба домани онҳо хоҳад монд.[24]

Тавзеҳ додани сабабҳои канор зада шудани Алӣ (а) аз хилофат

Дар дуюмин фарози хутба, Фотима ангезаи аслии канори гузоштани Имом Алӣ (а) аз хилофатро таслимнопазирӣ ва шуҷоати ӯ дар майдонҳои ҷанг бо душманони Ислом, чашидани сӯзиши шамшери ӯ, беэътиноии ӯ нисбат ба марг, хашми ӯ дар роҳи Худо ва созиш накардан бо душманони Худо медонад.[25]

Хусусиятҳои ҳукумати Алӣ (а)

Фотима (с) дар бахше аз хутбаи худ тавзеҳ медиҳад, ки агар Алӣ (а) ҳоким мешуд, чӣ ҳукумате насиби мардум мешуд. Ҷудосозии ҳақ аз ботил ва пешгирӣ аз худкома шудани ҳукумат ба дасти бозмондагони мушрикон, дилсӯзӣ ва хайрхоҳии ҳоким барои мусулмонон ва хушунатварзӣ накардан нисбат ба онон дар масири ҳидоят, сероб шудани ташнагони адолат аз чашмаи ҳақиқат, дилбастагӣ надоштани ҳоким ба умури дунявӣ, бозшиносондани дурӯғгӯ аз ростгӯ ва сарозер шудани баракат ба ҷомеъаи исломӣ бо риояти тақвои Илоҳӣ нишонаҳои чунин ҳукумате аст.[26]

Тавсифи ҳокимони ғосиб

Ҳазрати Заҳро (с) дар фарози баъдӣ, шигифтии худро аз кори мусулмонон иброз медорад, ки ба кадом далел ба дунболи дӯстони дурӯғин рафта, сарпарастони ноаҳлро интихоб карданд ва ба чӣ умеде ин ҳамаи ситаму бедод муртакиб шуданд.[27] Бархе низ гуфтаанд, шояд муроди ҳазрат дар ин фароз ин бошад, ки мардум бо чӣ мустанаде, такягоҳи қавию муҳкаме монанди ҳазрати Алӣ ва Аҳли Байт (а)-ро раҳо карда ва ба ҷои онон дигаронро интихоб кардаанд.[28] Ба таъбири ӯ мардум сарро раҳо карда, думро часбидаанд ва ба дунболи авом рафта, олимро раҳо карданд ва табаҳкории худро некӯкорӣ мепиндоранд. Фотима (с) онҳоро фосидоне медонад, ки фасоди хешро салоҳ меингоранд.[29]

Пешбинии ояндаи ноором

Ҳушдор нисбат ба самараи интихоби нодуруст, охирин бахши суханони Фотима (с) дар ин дидор аст. Ӯ мардумро нисбат ба шамшерҳои буранда, султаи таҷовузкорони ситамгару хунхор ва ҳарҷу мараҷе фарогир ва ҳукумате мустабид, ки сарвати мусулмононро бар бод медиҳад ва ҷамъияти ононро пароканда мекунад, ҳушдор медиҳад.[30] Ба гуфтаи Макорими Шерозӣ, шояд ишораи Фотима (с) ба ҳукумати Банӣ Умайя ва Банӣ Аббос ва афроде чун Ҳаҷҷоҷ ибни Юсуф ва иттифоқоте чун воқеа Ҳарра бошад.[31]

Вокуниши мардони муҳоҷиру ансор ба суханони Фотима

Ба гуфтаи Сувайд бен Ғафлат, баъд аз онки занон суханони Фотима (с)-ро барои мардони худ бозгу карданд, дастае аз онон барои узрхоҳӣ назди он ҳазрат омаданд ва ба баҳонаи инки бо Абубакр байъат карда ва шаръан наметавонанд байъати худро шикананд, аз кумак ба Аҳли Байт (а) худро маъзур донистанд. Ҳазрати Заҳро (с) баъд аз шунидани суханони онон, гуфт: дур шавед! Бо ман сухан нагӯед, ки узрхоҳии шумо ғайрисодиқона аст[32] ва ҳеҷ баҳонае барои дифоъ накардан аз ҳақ нахоҳед дошт ва дар қиболи фоҷеъаҳое, ки дар оянда пеш хоҳад омад, масъулед.[33]

Манобеи хутба

Хутбаи ҳазрати Заҳро (с) дар ҷамъи занони муҳоҷиру ансор ҳам аз ровиёни маъсум ва ҳам ғайримаъсум дар китобҳои шиа ва аҳли суннат ривоят шудааст.[34] Ин хутба бо чандин санад нақл шудааст,[35] аз ҷумла:

  • Шайхи Садуқ дар китоби Маъонӣ-л-ахбор ба ду тариқ, яке ба санадаш аз Имом Алӣ (а) ва дигаре аз тариқи Абдуллоҳ ибни Ҳасан ибни Ҳасан аз модараш Фотима духтари Имом Ҳусайни ин ривоятро нақл кардааст.[36]
  • Табарӣ дар китоби Далоил-ул-имомат дар ривояте аз Имом Содиқ (а) аз ҷадаш Имом Саҷҷод (а) ин хутбаро нақл кардааст.[37]
  • Ибни Тайфур ва Ибни Абилҳадид – олими аҳли суннат дар китобҳои худ Балоғот-ун-нисо[38] ва Шарҳи Наҳҷ-ул-балоға[39] ин хутбаро аз Атияи Куфӣ ривоят кардаанд.
  • Аҳмад ибни Алии Табарсӣ низ дар китоби ал-Эҳтиҷоҷ ба нақл аз Сувайд бен Ғафла ин хутбаро нақл кардааст.[40] Аллома Ҳиллӣ, Сувайдро аз дӯстони Имом Алӣ (а) муаррифӣ кардааст.[41] Аллома Маҷлисӣ низ ин суханонро ба нақл аз ал-Эҳтиҷоҷ дар Биҳор-ул-анвор овардааст.[42] Ба гуфтаи Ҳусайнъалии Мунтазирӣ - шореҳи ин хутба, Сувайд ибни Ғафла - ровии ин хутба дар замони Пайғамбар (с) имон овард ва шахси мухлисе буд, ки риҷолиёни шиаю суннӣ ӯро тавсиқ кардаанд.[43]

Шарҳҳо

Тасвири китоби Маликаи Ислом, асари Мирзохалил Камараӣ

Хутбаи ҳазрати Заҳро (с) дар ҷамъи занони Мадина, ҳам ба таври мустақил ва ҳам, дар зимни китобҳо дар бораи он ҳазрат ва шарҳҳои хутбаҳои ӯ, шарҳ дода шудааст.

  • Маликаи Ислом, шарҳи хутбаи Фадакия ва хутбаи ҳазрати Заҳро саломуллоҳи алайҳо дар ҷамъи занони Мадина, асари Мирзохалили Камараӣ.[44]
  • Ранҷномаи кавсари офариниш - шарҳи хутбаи дувум, иёдати занони муҳоҷиру ансор аз ҳазрати Заҳро (с), асари Сайидмуҷтабо Бурҳонӣ.
  • Шарҳи хутбаи ҳазрати Заҳро саломуллоҳи алайҳо ва моҷарои Фадак, навиштаи Ҳусайнъалии Мунтазирӣ.[45] (Шарҳи ду хутбаи Фадакия ва хутбаи Иёдат).
  • Заҳро бартарин бонуи ҷаҳон, таълифи Носир Макорими Шерозӣ.[46] (Шарҳи ду хутбаи Фадакия ва хутбаи Иёдат дар зимни таърихнигории зиндагонии ҳазрати Фотима аз вилодат то реҳлати Пайғамбар (с) ва пас аз он).
  • Сира ва симои райҳонаи Пайғамбар (с) навиштаи Алӣ Карамии Фаридунӣ.[47] (Шарҳи хутбаҳои ҳазрати Заҳро дар зимни табйини зиндагӣ ва фазоили ҳазрати Фотимаи Заҳро (с) дар 22 бахш).

Матн ва тарҷума

Хутбаи ҳазрати Фотима дар ҷамъи занони Мадина[48]

Матни тарҷума[49]

Дар китоби Эҳтиҷоҷ аз Сувайд ибни Ғафла ривоят шудааст: чун Фотима алайҳос-салом бемор шуд, ба он беморие, ки мӯҷиби вафоти он ҳазрат гардид ба ҳангом шиддат ёфтан беморияш гуруҳе аз занони муҳоҷиру ансор ба иёдату хабаргириаш ҷамъ шуданд ва бар он ҳазрат салом карда гуфтанд: эй духтари Расули Худо! чӣ ҳол дорӣ ва беморият чигунааст ва бо он чӣ мекунӣ? Он ҳазрат ҳамди Худованди Субҳон карда, бар падараш дуруд фиристод.

Сипас гуфт: ҳолам ба гунае аст, ки аз дунёи шумо басе безор ва мардонатонро душман медорам! Ҳолу қолашонро санҷидам ва аз ончи карданд, бисёр норозиям ва ононро ба каноре ниҳодам; чароки чун теғ зангорхӯрдаи нобурро ва чун найзаи аз қад дуним шуда, ва соҳибони андешаҳои тираву норасоянд. Чӣ бад захирае аз пеш барои худ фиристоданд, хашми Худовандро ба ҷон хариданд ва дар оташу нирон пояндаанд!

Аз сари ночорӣ ресмони умур ва вазоифро ба гардани онон андохта, сангинӣ ва масъулияти корро ба онҳо супоридам ва нанги адолаткуширо бар онҳо бор кардам! Нафрини абад бар ин маккорон, дур бошанд аз раҳмати Ҳақ ин ситамкорон, вой бар онон! Аз чӣи рӯй тамаркузи ҳақро дар маркази худ сабаб нагаштанд? Ва аз ин роҳ хилофатро аз пояҳои набувват дур доштанд ва аз сарое ки макони нузули Ҷабраил буд, ба дигар саро бурданд ва аз яди қудрати кордонони дину дунё хориҷ сохтанд! Огоҳ бошид ва бидонед! ки хусроне бисёр бузург аст!

Чӣ сабаб шуд, то аз Алӣ алайҳис-саломи айбҷӯӣ кунанд? Айби ӯ гуфтанд; зеро шамшераш, хешу бегона, шуҷоъу тарсу намешинохт. Фаҳмиданд, ки ӯ ба марг таваҷҷӯҳе надорад. Диданд, ки ӯ чигуна бар онҳо метозаду ононро ба водии фано меафканд ва бархеро барои уқубату сармашқи дигарон боқӣ мегузорад. Ба китоби Худо мусаллату доно, ва хашми ӯ дар роҳи хушнудии Худованд буд. Ба Худованд савганд! Агар аз тариқи ошкор ва намоёни Ҳақ мунҳариф нашуда, аз қабули далоил ва ҳуҷҷатҳои равшану мубин, имтиноъ наменамуданд, ононро ба роҳи мустақим, ҳодию раҳнамун мешуд ва аз инҳирофу иъвиҷоҷи онон пешгирӣ менамуд. Ба Худованд савганд! Агар мардонатон дар хориҷ нашудани зимоми умур, аз дастони Алӣ пой мефишурданд ва тадбири корро ончунон ки Пайғамбар ба ӯ супурда буд, ба ӯ таҳвил медоданд, Алӣ онро ба суҳулат роҳ мебурд ва ин шутурро ба саломат ба мақсад мерасонд, онгуна ки ҳаракати ин шутур ранҷовар намешуд. Алӣ ононро ба обишхурии софу мамлӯву васеъ ҳидоят мекард, ки об аз атрофаш сарозер мешуд ва ҳаргиз ранги кудурат ба худ намегирифт. Ӯ ононро аз ин обишхур сероб ба дар меовард.

Алӣ хайру некиро дар ниҳону ошкор барои онон хуш медорад. Ӯ агар бар маснад менишаст, ҳаргиз баҳрае фаровон аз байтулмолро ба худ ихтисос намедод ва аз фузунӣ ва сарвати дунё, ҷуз ба миқдори ниёз бардошт намекард, ба миқдори обе, ки ташнагиро Фурӯ нишонад ва хӯроке, ки гуруснагиро бартараф намояд. (Дар он ҳангом) марди порсо, аз ташнатоми дунё бозшинохта мешуд ва ростгӯ аз дурӯғгӯ мутамоиз мегашт, дар ин сурат дарҳои баракоти осмонию замин бар онон кушода мешуд ва Худованд ба зудӣ ононро ба сабаби аъмолу кирдорашон муохиза хоҳад кард. Зеро агар сокинони қаряе имон оварда, Худотарсӣ пеша месохтанд, баракоти замину осмонро бар онон фурӯ мерехтем. Аммо онон дурӯғ гуфтанд ва мо ононро дар баробари чизе ки ба даст оварда буданд, гирифтор овардем «ва касоне аз инон ки ситам раво доштанд, натиҷаи бади кирдорашонро ба зудӣ хоҳанд ёфт, онон ҳаргиз бар мо черагӣ нахоҳанд ёфт».

Биёед! Ва шунвед! Рӯзгор чӣ турфаи маъҷуне дар ниҳон дорад ва чӣ бозичаҳо яке аз паси дигарӣ ошкор месозад. Эй кош медонистам ба чӣ паноҳгоҳе такя додаанд? Ва кадомин сутунро пуштибон гирифтаанд? Ва ба кадомин ресмон тамассук ҷустаанд? Ва бар чӣ хонадоне пешқадам шуда, истило ҷустаанд? Шигифто, ки бад сарпарасте интихоб карда ва бад дӯстоне баргузидаанд ва ситамкорон [ки ба ҷои Худованд шайтонро итоат намуданд] чӣ бад мубодила карданд! Инҳо рӯи бол, ба ҷойпурҳои бузург, дамро қарор додаанд, сарро гузошта дум ихтиёр намуданд. Ба хоки мазаллат соида бод бинии қавме ки «хиёл карданд бо ин аъмол кори хуберо анҷом додаанд. Бидонед, ки онҳо фосиданд, вале худ намедонанд!». Вой бар онон! «Оё он кас ки мардумро ба роҳи рост фаро мехонад, сазовори пайравӣ аст, ё касе ки худ роҳ намедонад? Вой бар шумо! чӣ бад доварӣ мекунед!».

Аммо ба ҷони худ савганд, ки нутфаи ин баста шудааст. [Ва шутури ин фитна обистан шуда ба ҳамин зудӣ хоҳад зоид] интизор кашид то ин фасод дар пайкари иҷтимои исломӣ мунташир шавад. Аз пистони шутур пас аз ин хун ва заҳре, ки зуд ҳалоккунанда аст, бидушед! «Дар инҷост, ки пӯяндагони роҳи ботил зиён ёбанд» ва мусулмононе ки дар пай хоҳанд омад, дар меёбанд, ки аҳволи мусулмонони садри Ислом чигуна будааст. Қалбатон бо фитнаҳо ором хоҳад гирифт. Башорататон бод ба шамшерҳои кашидаю буррон, ва ҳамлаи ҷоиру мутаҷосири ситамкор, ва дарҳам шудани умури ҳамагон ва худраъйии ситамгарон! Ғаноим ва ҳуқуқи шуморо андак хоҳанд дод. Ва ҷамъи шуморо бо шамшерҳояшон дур хоҳанд кард. Ва шумо ҷуз меваи ҳасрат бардошт нахоҳед намуд. Коратон ба куҷо хоҳад анҷомид, дар ҳоле ки «ҳақоиқи умур бар шумо махфӣ гардидааст. Оё шуморо ба коре водорам ки аз он кароҳат доред?».

Сувайд ибни Ғафла мегӯяд: занони ҳозир дар маҷлис, суханони ҳазрати Фотима алайҳо саломро пеши мардони худ бозгу ва такрор карданд. Мутаоқиби он, гуруҳе аз бузургон ва руасои муҳоҷирину ансор дар ҳоле ки эътизор меҷустанду изҳори надомат, назди ҳазрати Заҳро алайҳо салом омаданд ва ба он ҳазрат гуфтанд: эй сарвари занони олам! Агар Абулҳасан (Алӣ алайҳис-салом) барои мо ҳақоиқро унвон мекард, пеш аз онки мо бо дигарӣ (Абубакр) аҳди васиқ ва паймони устувору муҳкам баста бошем, ҳаргиз аз ӯ рӯй барнатоФта, ба дигаре майл намекардем! Ҳазрати Фотима алайҳо салом фармуд: ман масъулияти бозгуии ҳақоиқро доштам (насиҳате буд аз ман ба шумо) ҳуҷҷатро бар шумо тамом кардам. Узри шумо, узри мақбулу оқилонае нест ва тақсиру кӯтоҳии шумо мусаллам ва ҳеҷ баҳонаю тавҷеҳе баъд аз он мутасаввир нест.

Эзоҳ

  1. Табарсӣ, ал-Эҳтиҷоҷ, 1403ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.108.
  2. Хушовӣ, Зиндагонии сиёсии ҳазрати Фотимаи Заҳро (с), 1378ҳ.ш., с...
  3. Ибни Тайфур, Балоғот-ун-нисо, саҳ.19.
  4. Ибни Абилҳадид, Шарҳи Наҳҷ-ул-балоға, ҷ.16, саҳ.233.
  5. Яъқубӣ, Таърихи Яъқубӣ, Бейрут, ҷ.2, саҳ.115.
  6. Карамӣ, Сира ва симои райҳонаи Паёмбар, 1380ҳ.ш., саҳ.734.
  7. Хазоъӣ ва ҳамкорон, “Таҳлили хутбаи Иёдат бар пояи назарияи куниши гуфторӣ”, саҳ.7-8.
  8. Фаттоҳизода ва Расулӣ, “Аснод ва шуруҳи хутбаҳои ҳазрати Заҳро саломуллоҳи алайҳо”, саҳ.17 - 18.
  9. Макорими Шерозӣ, Заҳро бартарин бонуи ҷаҳон, 1379ҳ.ш., саҳ.211.
  10. Макорими Шерозӣ, Заҳро бартарин бонуи ҷаҳон, 1379ҳ.ш., саҳ.212 - 215.
  11. Хазоъӣ ва ҳамкорон, “Таҳлили хутбаи Иёдат бар пояи назарияи куниши гуфторӣ”, саҳ.16.
  12. Карамӣ, Сира ва симои райҳонаи Паёмбар, 1380ҳ.ш., саҳ.734.
  13. Хазоъӣ ва ҳамкорон, “Таҳлили хутбаи Иёдат бар пояи назарияи куниши гуфторӣ”, саҳ.16.
  14. Рӯҳонӣ, Зиндагонии ҳазрати Заҳро алайҳос-салом (тарҷумаи ҷилди 43-и Биҳор-ул-анвор), 1377ҳ.ш., саҳ.580 - 583.
  15. Пурсайид Оқоӣ, Хутбаҳои Фотима (с)”, саҳ.60.
  16. Мунтазирӣ, Хутбаи Фотимаи Заҳро саломуллоҳи алайҳо ва моҷарои Фадак, 1374ҳ.ш., саҳ.379.
  17. Мунтазирӣ, Хутбаи Фотимаи Заҳро саломуллоҳи алайҳо ва моҷарои Фадак, 1374ҳ.ш., саҳ.371; Даштӣ, Фарҳанги суханони ҳазрати Фотима (с), 1381ҳ.ш., саҳ.90 - 96; Карамӣ, Сира ва симои райҳонаи Паёмбар, 1380ҳ.ш., саҳ.737 - 745.
  18. Пурсайид Оқоӣ, Хутбаҳои Фотима (с)”, саҳ.60.
  19. Карамӣ, Сира ва симои райҳонаи Паёмбар, 1380ҳ.ш., саҳ.737.
  20. Макорими Шерозӣ, Заҳро бартарин бонуи ҷаҳон, 1379ҳ.ш., саҳ.221.
  21. Карамӣ, Сира ва симои райҳонаи Паёмбар, 1380ҳ.ш., саҳ.738.
  22. Мунтазирӣ, Хутбаи ҳазрати Заҳро саломуллоҳи алайҳо, 1374ҳ.ш., саҳ.383 - 384.
  23. Мунтазирӣ, Хутбаи ҳазрати Заҳро саломуллоҳи алайҳо, 1374ҳ.ш., саҳ.385.
  24. Макорими Шерозӣ, Заҳро бартарин бонуи ҷаҳон, 1379ҳ.ш., саҳ.222.
  25. Даштӣ, Фарҳанги суханони ҳазрати Фотима (с), 1381ҳ.ш., саҳ.92; Мунтазирӣ, Шарҳи хутбаи ҳазрати Заҳро саломуллоҳи алайҳо, 1374ҳ.ш., саҳ.393 - 395.
  26. Макорими Шерозӣ, Заҳро бартарин бонуи ҷаҳон, 1379ҳ.ш., саҳ.227 - 228; Мунтазирӣ, Шарҳи хутбаи ҳазрати Заҳро саломуллоҳи алайҳо, 1374ҳ.ш., саҳ.402 - 410; Карамӣ, Сира ва симои райҳонаи Паёмбар, 1380ҳ.ш., саҳ.741.
  27. Карамӣ, Сира ва симои райҳонаи Паёмбар, 1380ҳ.ш., саҳ.742 - 743;
  28. Мунтазирӣ, Шарҳи хутбаи ҳазрати Заҳро саломуллоҳи алайҳо, 1374ҳ.ш., саҳ.414.
  29. Даштӣ, Фарҳанги суханони ҳазрати Фотима (с), 1381ҳ.ш., саҳ.94 - 95.
  30. Карамӣ, Сира ва симои райҳонаи Паёмбар, 1380ҳ.ш., саҳ.744 - 745; Даштӣ, Фарҳанги суханони ҳазрати Фотима (с), 1381ҳ.ш., саҳ.95.
  31. Макорими Шерозӣ, Заҳро бартарин бонуи ҷаҳон, 1379ҳ.ш., саҳ.238 - 241.
  32. Мунтазирӣ, Хутбаи Фотимаи Заҳро саломуллоҳи алайҳо ва моҷарои Фадак, 1374ҳ.ш., саҳ.424 - 426.
  33. Карамӣ, Сира ва симои райҳонаи Паёмбар, 1380ҳ.ш., саҳ.748 - 749.
  34. Фаттоҳизода ва Расулӣ, “Аснод ва шуруҳи хутбаҳои ҳазрати Заҳро саломуллоҳи алайҳо”, саҳ.18.
  35. Макорими Шерозӣ, Заҳро бартарин бонуи ҷаҳон, 1379ҳ.ш., саҳ.215.
  36. Шайхи Садуқ, Маъонӣ-л-ахбор, 1403ҳ.қ., саҳ.354 - 356.
  37. Табарӣ, Далоил-ул-имомат, 1413ҳ.қ., саҳ.125.
  38. Ибни Тайфур, Балоғот-ун-нисо, саҳ.19.
  39. Ибни Абилҳадид, Шарҳи Наҳҷ-ул-балоға, ҷ.16, саҳ.233.
  40. Табарсӣ, ал-Эҳтиҷоҷ, 1403ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.108.
  41. Аллома Ҳиллӣ, Хулосат-ул-ақвол, 1417ҳ.қ., саҳ.163.
  42. Маҷлисӣ, Биҳор-ул-анвор, 1403ҳ.қ., ҷ.43, саҳ.159.
  43. Мунтазирӣ, Хутбаи ҳазрати Заҳро саломуллоҳи алайҳо ва моҷарои Фадак, 1374ҳ.ш., саҳ.376 - 377.
  44. Нигоҳе ба китоби «Маликаи Ислом», китобе дар шарҳи хутбаҳои ҳазрати Заҳро (с), мундараҷ дар сайти Дорул-ирфон.
  45. Мунтазирӣ, Шарҳи Хутбаи ҳазрати Заҳро саломуллоҳи алайҳо ва моҷарои Фадак, 1374ҳ.ш., саҳ.371 - 428.
  46. Макорими Шерозӣ, Заҳро бартарин бонуи ҷаҳон, 1379ҳ.ш., саҳ.211 - 247.
  47. Карамӣ, Сира ва симои райҳонаи Паёмбар (с), 1380ҳ.ш., саҳ.733 - 749.
  48. Табарсӣ, ал-Эҳтиҷоҷ, 1403ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.108 - 109.
  49. Рӯҳонӣ, Зиндагонии ҳазрати Заҳрои алайҳос-салом (тарҷумаи ҷилди 43-и Биҳор-ул-анвор), 1377ҳ.ш., саҳ.580 - 583.

Сарчашма

  • Аллома Ҳиллӣ, Ҳасан ибни Юсуф, Хулосат-ул-ақвол фи маърифат-ир-риҷол, Қум, муассисаи Нашрул-фақоҳат, 1417ҳ.қ.
  • Бурҳонӣ, Сайидмуҷтабо, Ранҷномаи Кавсар, шарҳи хутбаи дувуми Иёдати занони муҳоҷир ва ансор аз ҳазрати Заҳро саломуллоҳи алайҳо, Қум, Ҳамосаи қалам, 1399ҳ.ш.
  • Даштӣ, Муҳаммад, Фарҳанги суханони Фотимаи Заҳро саломуллоҳи алайҳо, Қум, Муассисаи таҳқиқотии Амиралмуъминин, 1381ҳ.ш.
  • Ибни Абилҳадид, Абдулҳамид ибни Ҳибатуллоҳ, Шарҳи Наҳҷ-ул-балоға, Қум, китобхонаи Оятуллоҳ Маръашии Наҷафӣ, 1404ҳ.қ.
  • Ибни Тайфур, Абулфазл Аҳмад ибни Абитоҳир, Балоғот-ун-нисо, Мактабат Басиратӣ, бе то.
  • Карамии Фаридунӣ, Алӣ, Сира ва симои райҳонаи Паёмбар (с), Қум, нашри Далели мо, 1380ҳ.ш.
  • Макорими Шерозӣ, Носир, Заҳро (с) бартарин бонуи ҷаҳон, Қум, нашри Сарвар, 1379ҳ.ш.
  • Маҷлисӣ, Муҳаммадбоқир, Биҳор-ул-анвор, Бейрут, Дору эҳёил-туросил-арабӣ, 1403ҳ.қ.
  • Мунтазирӣ, Ҳусайнъалӣ, Шарҳи Хутбаи ҳазрати Заҳро саломуллоҳи алайҳо ва моҷарои Фадак, Қум, Дафтари ҳазрати Оятуллоҳилъузмо Мунтазирӣ, 1374ҳ.ш.
  • Пурсайид Оқоӣ, Сайидмасъуд, «Хутбаҳои Фотима (с), дар донишномаи Фотимӣ, зери назари Алиакбар Рашод, ҷилди сеюм, Теҳрон, Созмони интишороти пажуҳишгоҳи фарҳанг ва андешаи исломӣ, 1393ҳ.ш.
  • Рӯҳонӣ, Муҳаммад, Зиндагонии ҳазрати Заҳро алайҳос-салом, тарҷумаи ҷилди 43 Биҳор-ул-анвор, Теҳрон, нашри Муҳом, 1377ҳ.ш.
  • Табарии Омулии Сағир, Муҳаммад ибни Ҷарир ибни Рустам, Далоил-ул-имомат, Қум, нашри Беъсат, 1413ҳ.қ.
  • Табарсӣ, Аҳмад ибни Алӣ, ал-Эҳтиҷоҷ ала аҳли-л-лаҷоҷ‏, Машҳад, нашри Муртазо, 1403ҳ.қ.
  • Фаттоҳизода, Фатҳия, Расулии Ровандӣ, Муҳаммадризо, “Аснод ва шуруҳи хутбаҳои ҳазрати Заҳро саломуллоҳи алайҳо”, дар фаслномаи Тахассусии мутолиъоти Қуръон ва ҳадиси Сафина, № 45, 1395ҳ.ш.
  • Хазоъӣ, Маҳбуба; Хокпур, Ҳусайн; Ҳасумӣ, Валиюллоҳ, «Таҳлили хутбаи Иёдати ҳазрати Заҳро (с) бар пояи назарияи куниши гуфторӣ», дар фаслномаи Таърихи Ислом, № 80, 1398ҳ.ш.
  • Хушовӣ, Шаҳин, Зиндагонии сиёсии ҳазрати Фотимаи Заҳро саломуллоҳи алайҳо, Теҳрон, нашри Обид, 1378ҳ.ш.
  • Шайхи Садуқ, Муҳаммад ибни Алӣ, Маъонӣ-л-ахбор, Қум, Дафтари интишороти исломии вобаста ба Ҷомеъаи мударрисини ҳавзаи илмияи Қум, 1403ҳ.қ.
  • Яъқубӣ, Аҳмад ибни Исҳоқ, Таърихи Яъқубӣ, Бейрут, Дорусодир, бе то.