Үндана:Қатли шибҳи амд
| Бахше аз аҳкоми амалӣ ва фиқҳӣ |
|---|
Қатли шибҳи амд (форсӣ: قتل شبهعمد) навъи қатлест, ки дар он қотил қасди куштан надорад ва амали анҷомшуда ҳам маъмулан кушанда нест, аммо қотил қасдан он амалро анҷом додааст; монанди иқдомоти тиббие, ки ба таври нохост боиси марги бемор мешавад. Қатли шибҳи амд дар муқобили қатли амд ва қатли ғайри амд аст, ки дар аввалӣ, қотил қасди куштан дорад ва дар дуюмӣ, на қасди куштан дорад ва на амали сабаби қатлро қасдан рӯи мақтул анҷом медиҳад.
Ба гуфтаи фақиҳон, қатли шибҳи амд қисос надорад; аммо қотил бояд дияи комил пардохт кунад ва каффора диҳад. Каффораи он рӯзагирӣ дар ду моҳи паёпай ва агар имконаш набуд, ғизо додан ба шаст фақир аст.
Ҷойгоҳ
Қатли шибҳи амд аз анвои қатл аст.[1] Фақиҳон аз ин унвон дар бахшҳое монанди қисос ва диёт баҳс карда ва аҳкоми марбут ба онро баён намудаанд.[2] Дар баъзе манбаъҳои ҳадисӣ низ бобе бо ин унвон вуҷуд дорад.[3] Дар ояти 92 сураи Нисо ба қатли ғайри амд ва вуҷуби пардохти дия барои он ишора шудааст ва муфассирони Қуръон онро бар қатли шибҳи амд татбиқ кардаанд.[4]
Мафҳумшиносӣ
Қатли шибҳи амд иборат аст аз куштани як инсон, бидуни он ки қотил қасди куштан дошта бошад ва коре ҳам ки анҷом додааст ғолибан кушанда набошад, аммо он корро аз рӯи қасд анҷом диҳад;[5] мисли иқдомоти тиббие, ки ба таври нохост боиси марги бемор мешавад[6] ва танбеҳи оддии фарзанд, ки нохост муҷиби марги ӯ шавад.[7] Дар сарчашмаҳои фиқҳӣ қатли шибҳи амд дар муқобили ду навъи қатли амд, ва қатли хатои маҳз ё ғайри амд тақсим шудааст.[8]
Меъёри қатли амд он аст, ки амал ва қасди қотил дар куштан, аз рӯи амд бошад. Меъёри қатли ғайри амд он аст, ки ҳам амал ва ҳам қасди қотил аз рӯи хато бошад; монанди тирандозӣ ба самти ҳайвоне, ки нохоста ба як инсон мерасад.[9] Меъёри қатли шибҳи амд низ он аст, ки амали қотил қасдан бошад, вале қасдаш куштан набошад.[10]
Қатли шибҳи амд гоҳе бо ибҳомоте рӯ ба рӯ буда ва ташхиси он маҳалли ихтилоф аст; зеро талфиқе аз ду навъи амдӣ ва хатои маҳз аст;[11] яъне аз он ҷиҳат ки қотил қасди феъл дорад, шабеҳи қатли амд ва аз он ҷиҳат ки қасди қатл надорад, шабеҳи хатои маҳз аст.[12] Масалан агар касе ба дигаре осебе ворид кунад, ки фақат муҷиби бемории ӯ шавад, вале дар оянда ҳамин беморӣ муҷиби марги вай гардад, байни фақиҳон ихтилофи назар аст, ки оё ин қатл, амд аст ё шабҳи амд.[13]
Ҳукми қатли шибҳи амд
Ба фатвои фақиҳон, қатли шибҳи амд боиси он намешавад, ки қотил қисос шавад; балки бояд дия пардохт кунад.[14] Муддати пардохти дия дар қатли шибҳи амд ду сол аст ва аз моли худи қотил пардохт мешавад.[15] Дар манбаъҳои фиқҳӣ омадааст, ки гоҳе пардохти дия бо иброи зимма (чашмпӯшӣ аз ҳаққи соҳиби дия) ва ҳамчунин бо рафъи масъулият аз он, бардошта мешавад; масалан агар пизишке, пеш аз табобати бемор, масъулияти пардохти дияро дар сурати фавти бемор напазирад ва бемор ё валии ӯ ҳам қабул кунад, ва пизишк низ дар табобат кӯтоҳӣ накунад ва бемор фавт кунад, тибқи назари машҳур, пардохти дия бар пизишк воҷиб нест.[16]
Ба гуфтаи фақиҳон, дар қатли шибҳи амд, илова бар дия, каффора ҳам бояд пардохт шавад.[17] Тибқи назари машҳур,[18] пардохти каффора ба ин тартиб аст: озод кардани як банда; агар имконаш набошад, рӯзагирӣ ду моҳи паёпай; агар ҳеҷ яке аз инҳо мумкин набошад, таом додан ба шаст фақир.[19]
Эзоҳ
- ↑ Қутбуддини Ровандӣ, Фиқҳ-ул-Қуръон, ҷ.2, саҳ.414.
- ↑ Ниг.: Муҳаққиқи Ҳиллӣ, Шароиъ-ул-Ислом, ҷ.4, саҳ.228; Наҷафӣ, Ҷавоҳир-ул-калом, ҷ.42, саҳ.7; Сабзаворӣ, Муҳаззаб-ул-аҳком, ҷ.29, саҳ.62.
- ↑ Кулайнӣ, ал-Кофӣ, ҷ.7, саҳ.278; Ҳурри Омилӣ, Васоил-уш-шиа, ҷ.29, саҳ.35.
- ↑ Ниг.: Табарӣ, Ҷомеъ-ул-баён фи тафсир-ил-Қуръон, ҷ.5, саҳ.136; Фахруддини Розӣ, Мафотиҳ-ул-ғайб, ҷ.10, саҳ.176 - 177; Макорими Шерозӣ, Тафсири намуна, ҷ.4, саҳ.71.
- ↑ Гурҷӣ, Оёт-ул-аҳкоми ҳуқуқӣ ва ҷазоӣ, саҳ.45.
- ↑ Наҷафӣ, Ҷавоҳир-ул-калом, ҷ.43, саҳ.46 - 47; Мунтазирӣ, Аҳкоми тиббӣ, саҳ.51; Фозил Ланкаронӣ, Аҳкоми пизишкон ва беморон, саҳ.187.
- ↑ Гурҷӣ, Оёт-ул-аҳкоми ҳуқуқӣ ва ҷазоӣ, саҳ.45.
- ↑ Қутбуддини Ровандӣ, Фиқҳ-ул-Қуръон, ҷ.2, саҳ.414.
- ↑ Муҳаққиқи Ҳиллӣ, Шароиъ-ул-Ислом, ҷ.4, саҳ.228.
- ↑ Муҳаққиқи Ҳиллӣ, Шароиъ-ул-Ислом, ҷ.4, саҳ.228.
- ↑ Ҳотамӣ ва дигарон, «تشخیص قتل شبه عمدی در فقه امامیه و نظام های حقوقی ایران و فرانسه», саҳ.115.
- ↑ Молмир ва дигарон, «معیارهای قتل شبه عمد در فقه امامیه و حقوق موضوعه ایران», саҳ.56.
- ↑ Муассисаи Доират-ул-маорифи Фиқҳи исломӣ, Фарҳанги фиқҳ, ҷ.6, саҳ.492.
- ↑ Ҳиллӣ, Таҳрир-ул-аҳком-иш-шаръия, ҷ.5, саҳ.527; Қутбуддини Ровандӣ, Фиқҳ-ул-Қуръон, ҷ.2, саҳ.415.
- ↑ Муҳаққиқи Ҳиллӣ, Шароиъ-ул-Ислом, ҷ.4, саҳ.229; Шаҳиди Сонӣ, ар-Равзат-ул-баҳия, ҷ.4, саҳ.488; Имом Хумайнӣ, Таҳрир-ул-васила, ҷ.2, саҳ.556 - 557.
- ↑ Наҷафӣ, Ҷавоҳир-ул-калом, ҷ.43, саҳ.46 - 47; Мунтазирӣ, Аҳкоми тиббӣ, саҳ.51; Фозил Ланкаронӣ, Аҳкоми пизишкон ва беморон, саҳ.187.
- ↑ Қутбуддини Ровандӣ, Фиқҳ-ул-Қуръон, ҷ.2, саҳ.415; Наҷафӣ, Ҷавоҳир-ул-калом, ҷ.43, саҳ.407; Мунтазирӣ, ал-Аҳком-уш-шаръия, саҳ.564.
- ↑ Муассисаи Доират-ул-маорифи Фиқҳи исломӣ, Фарҳанги фиқҳ, ҷ.4, саҳ.495.
- ↑ Қутбуддини Ровандӣ, Фиқҳ-ул-Қуръон, ҷ.2, саҳ.415; Наҷафӣ, Ҷавоҳир-ул-калом, ҷ.43, саҳ.407.
Сарчашма
- Гурҷӣ, Абулқосим, Оёт-ул-аҳкоми ҳуқуқӣ ва ҷазоӣ, Теҳрон, нашри Мизон, чопи сеюм, 1385ҳ.ш.
- Имом Хумайнӣ, Сайид Рӯҳуллоҳ, Таҳрир-ул-васила, Қум, Муассисаи матбуоти Дор-ул-илм, чопи якум, бетаърих.
- Кулайнӣ, Муҳаммадибни Яъқуб, ал-Кофӣ, тасҳеҳ: Алиакбар Ғаффорӣ ва Муҳаммад Охундӣ, Теҳрон, Дор-ул-кутуб-ил-исломия, 1407ҳ.қ.
- Қутбуддини Ровандӣ, Саид ибни Абдуллоҳ, Фиқҳ-ул-Қуръон, таҳқиқ: Сайид Аҳмад Ҳусайнӣ, Қум, Интишороти китобхонаи Оятуллоҳ Марашӣ Наҷафӣ, чопи дуюм, 1405ҳ.қ.
- Макорими Шерозӣ, Носир, Тафсири намуна, Теҳрон, Дор-ул-кутуб-ил-исломия, чопи якум, 1374ҳ.ш.
- Молмир, Маҳмуд ва дигарон, «معیارهای قتل شبه عمد در فقه امامیه و حقوق موضوعه ایران» («Меъёрҳои қатли шибҳи амд дар фиқҳи имомия ва ҳуқуқи мавзӯи Эрон»), дар маҷаллаи илмии Фиқҳ, ҳуқуқ ва улуми ҷазо, №10, зимистони 1397ҳ.ш.
- Муассисаи Доират-ул-маорифи Фиқҳи исломӣ, Фарҳанги фиқҳ, Қум, Муассисаи Доират-ул-маорифи Фиқҳи исломӣ, 1387ҳ.ш.
- Мунтазирӣ, Ҳусайналии, ал-Аҳком-уш-шаръия ало мазҳаб-и аҳл-ил-байт (а), Қум, нашри Тафаккур, чопи якум, 1413ҳ.қ.
- Мунтазирӣ, Ҳусайналӣ, Аҳкоми тиббӣ, Қум, нашри Соя, чоп, сеюм, 1427ҳ.қ.
- Муҳаққиқи Ҳиллӣ, Наҷмуддин Ҷаъфар ибни Ҳасан, Шароиъ-ул-Ислом фи масоил-ил-ҳалол ва-л-ҳаром, таҳқиқ ва тасҳеҳ: Абдулҳусайн Муҳаммадалӣ Баққол, Қум, Муассисаи Исмоилиён, чопи дуюм, 1408ҳ.қ.
- Наҷафии Ҷавоҳирӣ, Муҳаммадҳасан, Ҷавоҳир-ул-калом фи шарҳи шароиъ-ул-ислом, Бейрут, Дор эҳё-ит-турос-ил-арабӣ, 1362ҳ.қ.
- Сабзаворӣ, Сайид Абдулаъло, Муҳаззаб-ул-аҳком фӣ баён-ил-ҳалол ва-л-ҳаром, Қум, Муассиса ал-Манор, чопи чаҳорум, 1413ҳ.қ.
- Табарӣ, Муҳаммад ибни Ҷарир, Ҷомеъ-ул-баён фи тафсир-ил-Қуръон, Бейрут, Дор-ул-маърифа, чопи якум, 1412ҳ.қ.
- Фахруддини Розӣ, Абуабдуллоҳ Муҳаммад ибни Умар, Мафотиҳ-ул-ғайб, Бейрут, Дор эҳё-ит-турос-ил-арабӣ, чопи сеюм, 1420ҳ.қ.
- Фозил Ланкаронӣ, Муҳаммад, Аҳкоми пизишкон ва беморон, Қум, Маркази фиқҳии аиммаи атҳор (а), чопи якум, 1427ҳ.қ.
- Ҳиллӣ, Ҳасан ибни Юсуф, Таҳрир-ул-аҳком-иш-шаръия ало мазҳаб-ил-имомия, Қум, Муассисаи Имом Содиқ (а), чопи якум, 1420ҳ.қ.
- Ҳотамӣ, Маҳмуд ва дигарон, «تشخیص قتل شبه عمدی در فقه امامیه و نظام های حقوقی ایران و فرانسه» («Ташхиси қатли шибҳи амдӣ дар фиқҳи имомия ва низомҳои ҳуқуқии Эрон ва Фаронса»), дар фаслномаи Пажӯҳиши татбиқии ҳуқуқи Ислом ва Ғарб, №2, тобистони 1401ҳ.ш.
- Шайх Ҳурри Омилӣ, Васоил-уш-шиа, Қум, Муассисаи Ол-ил-Байт (а), чопи якум, 1409ҳ.қ.
- Шаҳиди Сонӣ, Зайнуддин ибни Алӣ, ар-Равзат-ул-баҳия фи шарҳ-ил-лумъат-ид-димишқия, Қум, Маҷмаъ-ул-фикр-ил-исломӣ, бетаърих.