Үндана:Қазовати Довуд миёни ду бародар
Қазовати Довуд миёни ду бародар (форсӣ: قضاوت داوود میان دو برادر) аз достонҳои қуръонӣ аст. Дар ин достон, яке аз бародарон ба ҳазрати Довуд (а) шикоят мекунад, ки бародараш 99 гӯсфанди модина дорад ва ӯ танҳо як гӯсфанди модина[1] (меш[2]) ва бародараш мехоҳад ҳамон як гӯсфандро низ гирад.[3] Шикояткунанда аз Довуд (а) дархост мекунад қазовате бидуни зулм анҷом шавад.[4] Довуд (а) пас аз шунидани суханони шикояткунанда, ҳукмро алайҳи тарафи дигар содир мекунад[5] бидуни он ки дифои ӯро бишнавад ё шоҳиде талаб кунад[6] ва амали тарафи дувумро зулм медонад.[7] Ин достон дар Сураи Сод нақл шудааст.[8]
Баъзе муфассирон мегӯянд ин дархост замоне рух дод, ки Довуд (а) дар ҳоли ибодат буд[9] ва афроде ногаҳонӣ[10] назди ӯ омаданд.[11] Вуруди ногаҳонӣ, ҳатто бо вуҷуди посбонон,[12] боиси ваҳшати Довуд (а) шуд[13] ва боиси он шуд, ки дар қазо шитоб кунад ва натавонад мавзӯъро пурра баррасӣ кунад.[14] Баъзе муфассирон бар асоси шавоҳиде аз оят, муътақиданд афроде, ки назди Довуд (а) омаданд, ду гурӯҳ буданд, на ду нафар.[15] Муфассирон дар бораи ҳувияти афроде, ки назди Довуд омаданд, ихтилофи назар доранд; Сайид Муҳаммадҳусайни Фазлуллоҳ онҳоро фаришта[16] ва Мағния[17] инсон медонад ва Шайхи Тӯсӣ зоҳири оятро инсон будани онҳо медонад.[18]
Хатои Довуд (а), кӯтоҳӣ дар риояи одоби қазоват будааст;[19] дар қазоват бояд суханони ҳар ду тараф шунида шавад, аммо ӯ бидуни шунидани сухани тарафи дувум, ӯро муттаҳам кард.[20] Фахри Розӣ эҳтимол додааст, ки ҳукми Довуд машрут бар сидқи фарди аввал ва зулми тарафи дувум будааст.[21] Баъзе муфассирон амали Довудро тарки авло донистаанд, на гуноҳ,[22] зеро пайғамбарон, маъсум ҳастанд ва гуноҳ намекунанд.[23] Ба ҳамин далел, Довуд пас аз он аз Худо омурзиш хост[24] ва Худованд ӯро шомили афви худ қарор дод.[25]
Сайид Муҳаммадҳусайни Фазлуллоҳ ин ҳодисаро тамсиле барои омода кардани Довуд дар қазоватҳои оянда донистааст. Бар ин асос гуноҳе рух надодааст ва тавбаи ӯ танҳо нишонаи хӯшуъ дар баробари Худо будааст.[26]
Қазовати Довуд (а), ҳамчун озмун барои ӯ шинохта шудааст,[27] зеро пеш аз он ҳикмат ва фаслулхитоб[28] (хитобе, ки миёни ҳақ ва ботил фосила меандозад[29]) ба ӯ дода шуда буд.[30] Аз Имом Ризо (а) нақл шудааст, ки Довуд гумон мекард касе аз ӯ олимтар нест ва Худованд ӯро дар ин қазо имтиҳон кард.[31] Аз Имом Содиқ (а) низ нақл шудааст, ки Имом Маҳдӣ пас аз зуҳур монанди Довуд, дар миёни мардум қазоват хоҳад кард.[32]
Эзоҳ
- ↑ Таботабоӣ, ал-Мизон, ҷ.17, саҳ.192.
- ↑ Ҳусайнии Ҳамадонӣ, Анвори дурахшон, ҷ.14, саҳ.109.
- ↑ Ҳусайнии Ҳамадонӣ, Анвори дурахшон, ҷ.14, саҳ.109.
- ↑ Таботабоӣ, ал-Мизон, ҷ.17, саҳ.192; Мударрисӣ, Мин ҳуда-л-Қуръон, ҷ.11, саҳ.339.
- ↑ Шерозӣ, Табйин-ул-Қуръон, саҳ.466.
- ↑ Мударрисӣ, Мин ҳуда-л-Қуръон, ҷ.11, саҳ.340.
- ↑ Сураи Сод, ояти 24.
- ↑ Сураи Сод, оятҳои 21 - 25.
- ↑ Муғния, Тафсир-ул-кошиф, ҷ.6, саҳ.372.
- ↑ Фазлуллоҳ, Тафсир мин ваҳй-ил-Қуръон, ҷ.19, саҳ.246.
- ↑ Ҳусайнии Шерозӣ, Табйин-ул-Қуръон, саҳ.466.
- ↑ Макорими Шерозӣ, Тафсири намуна, ҷ.19, саҳ.245.
- ↑ Фазлуллоҳ, Тафсир мин ваҳй-ил-Қуръон, ҷ.19, саҳ.246.
- ↑ Ҳусайнии Шерозӣ, Табйин-ул-Қуръон, саҳ.466.
- ↑ Шайхи Тӯсӣ, ат-Тибён, ҷ.8, саҳ.551; Таййиб, Атяб-ул-баён, ҷ.11, саҳ.231.
- ↑ Фазлуллоҳ, Тафсир мин ваҳй-ил-Қуръон, ҷ.19, саҳ.249.
- ↑ Муғния, Тафсир-ул-кошиф, ҷ.6, саҳ.373.
- ↑ Шайхи Тӯсӣ, ат-Тибён, ҷ.8, саҳ.552.
- ↑ Макорими Шерозӣ, Тафсири намуна, ҷ.19, саҳ.248.
- ↑ Шайхи Тӯсӣ, ат-Тибён, ҷ.8, саҳ.553.
- ↑ Фахри Розӣ, Мафотиҳ-ул-ғайб, ҷ.26, саҳ.384.
- ↑ Таййиб, Атяб-ул-баён, ҷ.11, саҳ.235.
- ↑ Таботабоӣ, ал-Мизон, ҷ.17, саҳ.194.
- ↑ Макорими Шерозӣ, Тафсири намуна, ҷ.19, саҳ.248.
- ↑ Макорими Шерозӣ, Тафсири намуна, ҷ.19, саҳ.249.
- ↑ Фазлуллоҳ, Тафсир мин ваҳй-ил-Қуръон, ҷ.19, саҳ.249.
- ↑ Макорими Шерозӣ, Тафсири намуна, ҷ.19, саҳ.244.
- ↑ Сураи Сод, ояти 20.
- ↑ Шерозӣ, Табйин-ул-Қуръон, саҳ.466.
- ↑ Қироатӣ, Тафсири нур, ҷ.10, саҳ.93.
- ↑ Қумӣ, Тафсир-ул-Қумӣ, ҷ.2, саҳ.233.
- ↑ Кулайнӣ, ал-Кофӣ, ҷ.2, саҳ.632.
Сарчашма
- Кулайнӣ, Муҳаммад ибни Яъқуб, ал-Кофӣ, Қум, Дор-ул-ҳадис, чопи аввал, 1429ҳ.қ.
- Қироатӣ, Муҳсин, Тафсири нур, Теҳрон, Маркази фарҳангии дарсҳое аз Қуръон, чопи ёздаҳум, 1383ҳ.ш.
- Қумӣ, Алӣ ибни Иброҳим, Тафсир-ул-Қумӣ, муҳаққиқ ва мусаҳҳеҳ: Сайидтаййиби Мусавии Ҷазоирӣ, Қум, Дор-ул-китоб, чопи сеюм, 1404ҳ.қ.
- Макорими Шерозӣ, Носир, Тафсири намуна, Теҳрон, Дор-ул-кутуб-ил-исломия, чопи аввал, 1374ҳ.ш.
- Муғния, Муҳаммадҷавод, Тафсир-ул-кошиф, Теҳрон, Дор-ул-кутуб-ил-исломия, чопи аввал, 1424ҳ.қ.
- Мударрисӣ, Сайид Муҳаммадтақӣ, Мин ҳуда-л-Қуръон, Теҳрон, Дормуҳибби-л-Ҳусайн, чопи аввал, 1419ҳ.қ.
- Таботабоӣ, Сайид Муҳаммадҳусайн, ал-Мизон фи тафсир-ил-Қуръон, Қум, Дафтари интишороти исломӣ, чопи панҷум, 1417ҳ.қ.
- Таййиб, Сайид Абдулҳусайн, Атяб-ул-баён фи тафсир-ил-Қуръон, Теҳрон, интишороти Ислом, чопи дувум, 1378ҳ.ш.
- Фазлуллоҳ, Сайид Муҳаммадҳусайн, Тафсир мин ваҳй-ил-Қуръон, Бейрут, Дор-ул-малок лит-тибоа ва-н-нашр, чопи дувум, 1419ҳ.қ.
- Фахри Розӣ, Муҳаммад ибни Умар, Мафотиҳ-ул-ғайб, Бейрут, Дор эҳё-ит-турос-ил-арабӣ, чопи сеюм, 1420ҳ.қ.
- Ҳусайнии Ҳамадонӣ, Сайид Муҳаммадҳусайн, Анвори дурахшон, таҳқиқ: Муҳаммадбоқир Беҳбудӣ, Теҳрон, китобфурӯшии Лутфӣ, чопи аввал, 1404ҳ.қ.
- Ҳусайнии Шерозӣ, Сайид Муҳаммад, Табйин-ул-Қуръон, Бейрут, Дор-ул-улум, чопи дувум, 1423ҳ.қ.
- Шайхи Тӯсӣ, Муҳаммад ибни Ҳасан, ат-Тибён фи тафсир-ил-Қуръон, бо муқаддимаи Шайх Оқобузурги Теҳронӣ, таҳқиқ: Аҳмад Қасир Омилӣ, Бейрут, Дор эҳё-ит-турос-ил-арабӣ, бетаърих.