Омурзиши гуноҳ
Ин навиштор дар бораи омурзиши гуноҳ аст. Барои ошноӣ бо дархости бахшиш, мақолаи Истиғфор бубинед.
Омурзиши гуноҳ (форсӣ: آمرزش گناه) ё мағфирати Илоҳӣ (форсӣ: مغفرت الهی) ба маънои бахшида шудани гуноҳ аз ҷониби Худо ва аз байн рафтани таъсири гуноҳ аст. Дар ривоятҳои исломӣ, китобҳои ахлоқӣ ва бархе аз тафсирҳо, роҳҳо ва сабабҳое барои омурзиши гуноҳ зикр шудааст, ки бархе аз онҳо иборатанд аз: истиғфор, муҳаббат ба Аҳли Байт (а), шафоат, тавассул, некӣ ба падару модар, зиёрати қабри имомони шиа (а), ҳаҷ ва умраи муфрада, силаи раҳим, шабзиндадорӣ, аёдати бемор, таомдиҳӣ, ахлоқи нек, зиёрати Имом Ҳусайн (а) ва гиря бар мусибати ӯ, хизмат ба хонавода ва кӯмак ба ҳамсар, садақа, бартараф кардани мушкилоти муъмин, ташйиъи ҷаноза ва олимомӯзӣ.
Ҳузур дар бархе маконҳо монанди саҳрои Арафот ва дарки бархе замонҳо монанди моҳи рамазон, моҳи раҷаб ва шаби нимаи шаъбон низ аз омилҳои омурзиши гуноҳон муаррифӣ шудааст; ҳамчунин гирифтор шудан ба мусибатҳои дунявӣ.
Гуноҳҳое монанди ширк, бидъатгузорӣ дар дин, ҳаққуннос (дар сурате ки соҳиби ҳақ розӣ набошад) ва гуноҳоне ки ба таври ошкор анҷом шаванд, бахшиданашон номумкин дониста шудааст.
Мафҳумшиносӣ ва ҷойгоҳ
Омурзиши гуноҳ ба маънои бахшида шудани гуноҳ аст,[1] ки ба наҷоти гунаҳкор аз азоби Илоҳӣ ва ҷаҳаннам ва ворид шудани ӯ ба биҳишт меанҷомад.[2] Дар ояти 53 сураи Зумар[3] ва яке аз дуоҳои Имом Саҷҷод (а) дар Саҳифаи саҷҷодия, ба бахшиш ва мағфирати гуноҳ ишора шудааст: «اللَّهُمَّ يَا مَنْ بِرَحْمَتِهِ يَسْتَغيثُ الْمُذْنِبُونَ» [Аллоҳумма, ё ман бираҳматиҳи ястағисулмузнибун.] тарҷума: Худоё! Эй он ки гунаҳкорон аз раҳматаш ёрӣ мехоҳанд.[4] Ба гуфтаи Ибни Фаҳди Ҳиллӣ, фақеҳ ва муҳаддиси қарни нуҳуми ҳиҷрии қамарӣ, бо омурзиши гуноҳ тамоми таъсироти гуноҳ аз байн меравад ва монанди он аст, ки гӯё шахси гунаҳкор аслан дучори ҳеч гуноҳе нашудааст.[5]
Дар оятҳои Қуръон ва ривоятҳо, бархе аз гуноҳҳо бахшиданашон номумкин муаррифӣ шудаанд; аз ҷумла ширк,[6] бидъатгузорӣ дар дин,[7] ҳаққуннос (дар сурате ки соҳиби ҳақ розӣ набошад),[8] ва гуноҳоне, ки ошкоро анҷом шаванд.[9]
Роҳҳои бахшиш
Дар ривоятҳои исломӣ, китобҳои ахлоқӣ ва бархе аз тафсирҳо, илова бар муҳаббат ба Аҳли Байт (а),[10] шафоат,[11] ва дуои дигарон дар ҳаққи гунаҳкор,[12] сабабҳои дигаре низ барои омурзиши гуноҳон зикр шудааст:
Барои гуноҳони гузаштаам, ки фаромӯшашон кардаам, вале барои ман сабт шудаанд, аз Худо бахшиш мехоҳам. Барои гуноҳони ҳалокатовар, аз Худо бахшиш мехоҳам. Барои гуноҳони бисёр нафратангез ва зишт, аз Ӯ бахшиш мехоҳам. Барои он чи бар ман воҷиб сохт ва дар анҷомаш сустӣ кардам, аз Ӯ бахшиш мехоҳам. Барои фаромӯш кардани чизҳое ки маро аз Парвардигорам дур кардаанд, аз Ӯ бахшиш мехоҳам.[13]
Анҷоми бархе аъмоли ибодӣ:
- Истиғфор аз гуноҳ[14]
- Тавассул[15]
- Зиёрати қабри имомони шиа (а)[16]
- Ҳаҷ ва умраи муфрада[17]
- Анҷоми бархе аъмоли ибодӣ марбут ба моҳҳои қамарӣ[18]
- Сили раҳим[19]
- Некӣ ба падару модар[20]
- Тиловати бархе аз сураҳои Қуръон[21]
- Хондани дуоҳои расида аз маъсумон[22]
- Инфоқ[23] ва Садақа[24]
- Зиёрати Имом Ҳусайн (а)[25] ва гиря бар мусибати ӯ[26]
- Рӯза доштан дар ҳавои гарм[27]
- Шабзиндадорӣ[28]
- Ифтордиҳӣ дар моҳи рамазон[29]
- Гуфтани бархе аз зикрҳо[30]
- Зиёд саҷда кардан[31]
- Ба ҷо овардани панҷ вақт намози рӯзона[32]
- Ташйеъи ҷаноза[33]
- Салом кардан бо овози баланд[34]
- Аҳамият додан ба умури марбут ба масҷид[35]
- Аёдати бемор[36] ва аҳамият додан ба хоҳишҳои ӯ[37]
- Рафъи мушкили муъмин[38]
- Ахлоқи нек[39]
- Барпо кардани меҳмонӣ[40] ва таъомдиҳӣ[41]
- Риояи бархе аз одобҳои исломӣ[42]
- Суст нашудан дар ҷиҳод[43]
- Хизмат ба хонавода[44] ва кӯмак ба ҳамсар[45]
- Иҷобати муаззин ва ҳозир шудан барои адои намоз[46]
- Илмомӯзӣ[47] ва омӯзонидани илм ба дигарон[48]
Замон, макон ва гирифториҳои дунявӣ:
- Шаб[49] ва рӯзи ҷумъа[50]
- Моҳи раҷаб[51]
- Моҳи рамазон[52]
- Шаби нимаи шаъбон[53]
- Ҳузур дар саҳрои Арафот[54]
- Бемориҳо[55]
- Ҳузн ва андӯҳ[56]
- Зарарҳои молӣ ва ҷонӣ[57]
- Фақр[58]
- Сахтии ҷон додан[59]
Ҷусторҳои вобаста
Эзоҳ
- ↑ Мазоҳирӣ, Сайру сулук, 1390ҳ.ш., саҳ.140
- ↑ Мазоҳирӣ, Сайру сулук, 1390ҳ.ш., саҳ.155
- ↑ Мазоҳирӣ, Сайру сулук, 1390ҳ.ш., саҳ.140
- ↑ Саҳифаи саҷҷодия, Дуои 16, банди 1
- ↑ Ибни Фаҳд Ҳиллӣ, Уддат-уд-доъӣ, 1407ҳ.қ., саҳ.327
- ↑ Макорими Шерозӣ, Волотарин бандагон, 1383ҳ.ш., саҳ.155
- ↑ Шайхи Садуқ, Савоб-ул-аъмол ва иқоб-ул-аъмол, 1364ҳ.ш., саҳ.258
- ↑ Маҷлисӣ, Биҳор-ул-анвор, 1403ҳ.қ., ҷ.6, саҳ.29–30
- ↑ Баҳронӣ, Аволим-ул-улум, 1413ҳ.қ., ҷ.11, саҳ.280
- ↑ Дайламӣ, Иршод-ул-қулуб, 1371ҳ.ш., ҷ.2, саҳ.253
- ↑ Мазоҳирӣ, Сайру сулук, 1390ҳ.ш., саҳ.275
- ↑ Табарсӣ, Маҷмаъ-ул-баён, 1372ҳ.ш., ҷ.5, саҳ.403
- ↑ Муҳаммадии Райшаҳрӣ, Наҳҷ-уз-зикр, 1387ҳ.ш., ҷ.4, саҳ.309
- ↑ Нурӣ, Мустадрак-ул-васоил, 1408ҳ.қ., ҷ.12, саҳ.118
- ↑ Ансориён, Тафсир ва шарҳи Саҳифаи саҷҷодия, 1383ҳ.ш., ҷ.12, саҳ.308–310
- ↑ Қумӣ, Мақаомот-ул-алийя, 1389ҳ.ш., саҳ.474
- ↑ Маҷлисӣ, Биҳор-ул-анвор, 1403ҳ.қ., ҷ.74, саҳ.290
- ↑ Ниг.: Шаҳиди Аввал, ал-Арбауна ҳадисан, 1407ҳ.қ., саҳ.91; Шайхи Садуқ, Савоб-ул-аъмол, 1364ҳ.ш., саҳ.56–58; Муҳаммадии Райшаҳрӣ, Наҳҷ-уз-зикр, 1387ҳ.ш., ҷ.4, саҳ.120
- ↑ Момиқонӣ, Сироҷ-уш-шариа, 1388ҳ.ш., саҳ.809
- ↑ Дастғайб, Гуноҳони кабира, 1388ҳ.ш., ҷ.1, саҳ.122
- ↑ Ибни Тавус, Фалоҳ-ус-соил, 1406ҳ.қ., саҳ.167
- ↑ Ниг.: Ибни Тавус, Фалоҳ-ус-соил, 1406ҳ.қ., саҳ.167; Ибни Фаҳд Ҳиллӣ, Уддат-уд-доъӣ, 1407ҳ.қ., саҳ.338; Мафотиҳ-ул-ҷинон, Дуои Кумайл, саҳ.62
- ↑ Табарсӣ, Маҷмаъ-ул-баён, 1372ҳ.ш., ҷ.2, саҳ.658
- ↑ Шайхи Садуқ, Савоб-ул-аъмол, 1364ҳ.ш., саҳ.56–58
- ↑ Ибни Қулавайҳ, Комил-уз-зиёрот, 1356ҳ.ш., саҳ.129
- ↑ Ибни Қулавайҳ, Комил-уз-зиёрот, 1356ҳ.ш., саҳ.104
- ↑ Кулайнӣ, ал-Кофӣ, 1407ҳ.қ., ҷ.4, саҳ.64
- ↑ Шуайрӣ, Ҷомеъ-ул-ахбор, Матбааи Ҳайдария, саҳ.75
- ↑ Фаттол Нишобурӣ, Равзат-ул-воизин, 1381ҳ.ш., саҳ.195
- ↑ Шайхи Садуқ, Савоб-ул-аъмол, 1364ҳ.ш., саҳ.2
- ↑ Ансориён, Ирфони исломӣ, 1386ҳ.ш., ҷ.6, саҳ.99
- ↑ Маликӣ Табрезӣ, Асрор-ус-салот, 1372ҳ.ш., саҳ.254
- ↑ Шуайрӣ, Ҷомеъ-ул-ахбор, Матбааи Ҳайдария, саҳ.166
- ↑ Қироатӣ, Гуноҳшиносӣ, 1386ҳ.ш., саҳ.270
- ↑ Шуайрӣ, Ҷомеъ-ул-ахбор, Матбааи Ҳайдария, саҳ.68–69
- ↑ Муҳаммадии Райшаҳрӣ, Наҳҷ-уз-зикр, 1387ҳ.ш., ҷ.4, саҳ.229
- ↑ Мишкинӣ, Таҳрир-ул-мавоиз-ил-ададия, 1382ҳ.ш., саҳ.683
- ↑ Мишкинӣ, Таҳрир-ул-мавоиз-ил-ададия, 1382ҳ.ш., саҳ.683
- ↑ Кулайнӣ, ал-Кофӣ, 1407ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.100
- ↑ Маҷлисӣ, Биҳор-ул-анвор, 1403ҳ.қ., ҷ.72, саҳ.461
- ↑ Кулайнӣ, ал-Кофӣ, 1407ҳ.қ., ҷ.4, саҳ.52
- ↑ Ниг.: Момиқонӣ, Сироҷ-уш-шариа, 1388ҳ.ш., саҳ.212–213; Шуайрӣ, Ҷомеъ-ул-ахбор, Матбааи Ҳайдария, саҳ.68–69
- ↑ Муҳаммадии Райшаҳрӣ, Наҳҷ-уд-дуо, 1389ҳ.ш., ҷ.1, саҳ.350
- ↑ Муҳаммадии Райшаҳрӣ, Ҳикматномаи Паёмбари аъзам (с), 1387ҳ.ш., ҷ.8, саҳ.454
- ↑ Маҷлисӣ, Биҳор-ул-анвор, 1403ҳ.қ., ҷ.101, саҳ.132
- ↑ Муҳаммадии Райшаҳрӣ, Ҳикматномаи Паёмбари аъзам (с), 1387ҳ.ш., ҷ.8, саҳ.454
- ↑ Муҳаммадии Райшаҳрӣ, Ҳикматномаи Паёмбари аъзам (с), 1387ҳ.ш., ҷ.8, саҳ.454
- ↑ Муҳаммадии Райшаҳрӣ, Ҳикматномаи Паёмбари аъзам (с), 1387ҳ.ш., ҷ.1, саҳ.452
- ↑ Маҷлисӣ, Биҳор-ул-анвор, 1403ҳ.қ., ҷ.86, саҳ.283
- ↑ Муҳаммадии Райшаҳрӣ, Наҳҷ-уз-зикр, 1387ҳ.ш., ҷ.4, саҳ.115
- ↑ Муҳаммадии Райшаҳрӣ, Ҳикматномаи Паёмбари аъзам (с), 1387ҳ.ш., ҷ.2, саҳ.513
- ↑ Муҳаммадии Райшаҳрӣ, Наҳҷ-уд-дуо, 1389ҳ.ш., ҷ.1, саҳ.330
- ↑ Муҳаммадии Райшаҳрӣ, Наҳҷ-уд-дуо, 1389ҳ.ш., ҷ.1, саҳ.279
- ↑ Муҳаммадии Райшаҳрӣ, Ҳикматномаи Паёмбари аъзам (с), 1387ҳ.ш., ҷ.8, саҳ.452
- ↑ Момиқонӣ, Сироҷ-уш-шариа, 1388ҳ.ш., саҳ.874
- ↑ Ансориён, Тафсир ва шарҳи Саҳифаи саҷҷодия, 1383ҳ.ш., ҷ.7, саҳ.230
- ↑ Шаҳиди Сонӣ, Мусаккин-ул-фуод, Китобхонаи Басиратӣ, саҳ.21
- ↑ Муҳаммадии Райшаҳрӣ, Ҳикматномаи Паёмбари аъзам (с), 1387ҳ.ш., ҷ.8, саҳ.449
- ↑ Ансориён, Тафсир ва шарҳи Саҳифаи саҷҷодия, 1383ҳ.ш., ҷ.7, саҳ.230
Сарчашма
- Ансориён, Ҳусайн, Тафсир ва шарҳи Саҳифаи саҷҷодия, Қум, Дор-ул-ирфон, 1383ҳ.ш.
- Баҳронӣ, Абдуллоҳ ибни Нуруллоҳ, Аволим-ул-улум ва-л-маориф ва-л-аҳвол мин-ал-оёт ва-л-ахбор ва-л-ақвол: мустадраку Сайидатуннисо ила ал-Имом ал-Ҷавод, Қум, Муассисату ал-Имом ал-Маҳдӣ (аҷ), чопи аввал, 1413ҳ.қ.
- Дайламӣ, Ҳасан ибни Муҳаммад, Иршод-ул-қулуб, Қум, аш-Шариф ар-Разӣ, 1371ҳ.ш.
- Дастғайб, Абдулҳусайн, Гуноҳони кабира, Қум, Дафтари нашри исломӣ (Ҷомеаи мударрисин), 1388ҳ.ш.
- Ибни Фаҳд Ҳиллӣ, Аҳмад ибни Муҳаммад, Уддат-уд-доӣ, Қум, Дор-ул-китоб-ил-исломӣ, 1407ҳ.қ.
- Ибни Қулавайҳ, Ҷаъфар ибни Муҳаммад, Комил-уз-зиёрот, Наҷаф, Дор-ул-муртазавия, чопи аввал, 1356ҳ.ш.
- Кулайнӣ, Муҳаммад ибни Яъқуб, ал-Кофӣ, Теҳрон, Дор-ул-кутуб-ил-исломия, чопи чорум, 1407ҳ.қ.
- Мазоҳирӣ, Ҳусайн, Сайру сулук, Исфаҳон, Муассисаи фарҳангӣ-мутолеотии аз-Заҳро (с), 1390ҳ.ш.
- Макорими Шерозӣ, Носир, Волотарин бандагон, Қум, Насли ҷавон, 1383ҳ.ш.
- Маликӣ Табрезӣ, Ҷавод ибни Шафӣ, Асрор-ус-салот, Теҳрон, Паёми озодӣ, 1372ҳ.ш.
- Маҷлисӣ, Муҳаммадбоқир ибни Муҳаммадтақӣ, Биҳор-ул-анвор, Бейрут, Дор эҳё-ит-турос-ил-арабӣ, чопи дуюм, 1403ҳ.қ.
- Мишкинӣ, Алӣ, Таҳрир-ул-мавоиз-ил-ададия, Қум, Нашри Ҳодӣ, 1382ҳ.ш.
- Момиқонӣ, Абдуллоҳ, Сироҷ-уш-шариа, Қум, Расолати яъқубӣ, 1388ҳ.ш.
- Муҳаммадии Райшаҳрӣ, Муҳаммад, Наҳҷ-уд-дуо, Қум, Муассисаи илмӣ-фарҳангии Дор-ул-ҳадис, 1389ҳ.ш.
- Муҳаммадии Райшаҳрӣ, Муҳаммад, Наҳҷ-уз-зикр, Қум, Муассисаи илмӣ-фарҳангии Дор-ул-ҳадис, 1387ҳ.ш.
- Муҳаммадии Райшаҳрӣ, Муҳаммад, Ҳикматномаи Паёмбари аъзам (с), Қум, Муассисаи илмӣ-фарҳангии Дор-ул-ҳадис, 1387ҳ.ш.
- Нурӣ, Ҳусайн ибни Муҳаммадтақӣ, Мустадрак-ул-васоил ва мустанбат-ул-масоил, Қум, Муассисату Ол-ил-байт (а), чопи аввал, 1408ҳ.қ.
- Табарсӣ, Фазл ибни Ҳасан, Маҷмаъ-ул-баён фи тафсир-ил-Қуръон, Теҳрон, Насири Хусрав, чопи сеюм, 1372ҳ.ш.
- Фаттол Нишобурӣ, Муҳаммад ибни Аҳмад, Равзат-ул-воизин, Қум, Далели мо, 1381ҳ.ш.
- Шайхи Садуқ, Савоб-ул-аъмол ва Иқоб-ул-аъмол, Қум, аш-Шариф ар-Разӣ, 1364ҳ.ш.
- Шаҳиди Аввал, ал-Арбауна ҳадисан, Қум, Мактаби Имом Маҳдӣ, чопи аввал, 1407ҳ.қ.
- Шаҳиди Сонӣ, Мусаккин-ул-фуод, Қум, Китобхонаи Басиратӣ, бе таърих.
- Шуайрӣ, Муҳаммад ибни Муҳаммад, Ҷомеъ-ул-ахбор, Наҷаф, Матбааи Ҳайдария, бе таърих.
- Қироатӣ, Маҳсон, Гуноҳшиносӣ, Теҳрон, Маркази фарҳангии Дарсҳое аз Қуръон, 1386ҳ.ш.
- Қумӣ, Аббос, Мақаомот-ул-алийя фи муҷибот-ис-саодат-ил-абадия (ахлоқ ва одоб), Қум, Нури матоф, 1389ҳ.ш.
- Ҳоирии Теҳронӣ, Маҳдӣ, Пандҳои Маъсумин (а), Қум, Бунёди фарҳангии Имом Маҳдӣ (а), 1373ҳ.ш.