Истисқои Банӣ Исроил
Истисқои Банӣ Исроил (форсӣ: استسقای بنیاسرائیل) ба дархости ҳазрати Мусо (а) аз Худованд барои таъмини оби Банӣ Исроил ва ҷорӣ шудани дувоздаҳ чашма аз санг ишора дорад. Қуръон ин воқеаро дар шумори неъматҳое ёд карда, ки Худованд ба Банӣ Исроил ато кард. Дар баъзе ривоёти тафсирӣ, ҷорӣ шудани об бо савганди ҳазрати Мусо (а) ба Пайғамбари Ислом (с) ва Аҳли Байт (а) марбут дониста шудааст. Ҳамчунин дар ривояте, аз санге ёд шуда, ки дар замони зуҳури Имом Маҳдӣ (аҷ) ҳамроҳи ӯ хоҳад буд ва аз он об ҷорӣ мешавад.
Муаррифӣ
Бино ба гузориши манбаъҳои тафсирӣ, Банӣ Исроил дар даврае аз ташнагии худ ва чорпоёнашон ба Мусо (а) шикоят карданд.[1] Дар баъзе нақлҳо низ омадааст, ки онон Мусоро ба сабаби хориҷ карданашон аз Миср сарзаниш карданд; зеро ин корро муҷиби ба хатар афтодани ҷони худ, фарзандон ва чорпоёнашон медонистанд.[2]
Бино ба гузориши Қуръон, Мусо (а) аз Худо барои Банӣ Исроил талаби об кард.[3] Худо ба ӯ ваҳй кард[4] ки асои худро бар санге бизанад. Бо ин кор, дувоздаҳ чашма аз санг ҷорӣ шуд,[5] то ҳар як аз дувоздаҳ гурӯҳи Банӣ Исроил маҳалли обхӯрии худро бишносанд[6] ва миёни онҳо ихтилофе пеш наояд.[7] Дар Қуръон ин воқеа аз неъматҳои Худо ба Банӣ Исроил шумурда шудааст.[8] Ин моҷаро дар ояти 60 сураи Бақара ва ояти 160 сураи Аъроф, бо тафовутҳое дар таъбир омадааст.[9]
Талаби об намудани Мусоро навъе дуо ва ниёиш хондаанд, ки бо намози истисқо дар шариати Ислом шабоҳат дорад.[10] Ҳамчунин, истисқои Банӣ Исроилро аз муъҷизоти Мусо (а) шумурдаанд[11] ва баъзе муфассирон ҷорӣ шудани дувоздаҳ чашмаро дуюмин муъҷиза дар ин воқеа донистаанд.[12]
Баъзе нависандагони араб, чашмаҳои ёдшуда дар Қуръонро бо чашмаҳои Уюни Мусо дар шарқи канали Суэс, дар ҳудуди даҳкиллометрии ҷануби шаҳри Суэс, татбиқ додаанд.[13]
Савганд ба Аҳли Байт
Дар ривояти тафсирӣ омадааст, ки Мусо (а) ҳангоми талаби об, Худоро ба ҳаққи Пайғамбари Ислом (с), Имом Алӣ (а), Ҳазрати Фотима (а), Имом Ҳасан (а), Имом Ҳусайн (а) ва фарзандони онҳо савганд дод ва Худованд дархости ӯро иҷобат кард.[14]
Санг ва асо
Дар бораи моҳияти санге, ки Мусо (а) асои худро бар он зад, дидгоҳҳои мухталифе ироа шудааст;[15] баъзе онро санги биҳиштӣ донистаанд, ки ҳазрати Одам аз биҳишт оварда буд; дар муқобил, баъзе онро санги маъмулӣ шумурдаанд.[16] Дар ривояте дар манбаъҳои шиа омадааст, ки ин санг дар замони зуҳури Имом Маҳдӣ (аҷ) ҳамроҳи ӯ хоҳад буд. Бино ба ин ривоят, ҳангоме ки Имом Маҳдӣ (аҷ) дар Макка зуҳур мекунад ва ба сӯи Куфа ҳаракат мекунад, ба ёронаш гуфта мешавад об бо худ набаранд; зеро санге, ки Мусо (а) бо он Банӣ Исроилро сероб кард, ҳамроҳи Имом хоҳад буд ва онон аз он об хоҳанд нӯшид.[17] Баъзе аз ин ривоят бардоштаанд, ки Банӣ Исроил низ сангро ҳамроҳи худ ҳамл мекарданд.[18]
Дар бораи чигунагии ҷорӣ шудани дувоздаҳ чашма аз як санг ва сероб шудани ҷамъияти фаровони Банӣ Исроил, дар баъзе манбаъҳо ба муъҷиза будани воқеа ва таҳаққуқи он ба хостори Худованд ишора шудааст.[19] Ҳамчунин гуфта шудааст асое, ки Мусо (а) дар ин воқеа ба кор бурд, ҳамон асои Мусо буд, ки муъҷизоти дигари худро низ бо он анҷом медод.[20]
Такрори муъҷиза
Дар бораи теъдоди дафъаҳои ҷорӣ шудани об аз санг, дидгоҳҳои мутафовите вуҷуд дорад. Баъзе муфассирон ин воқеаро як бор донистаанд.[21] Дар муқобил, баъзе муътақиданд, ки ин рухдод чанд бор такрор шудааст;[22] ба ин сурат, ки Банӣ Исроил сангро бо худ мебурданд ва ҳар гоҳ ба об ниёз доштанд, Мусо (а) бо асои худ бар он мезад ва об ҷорӣ мешуд.[23] Ривоёте низ дар таъйиди ин дидгоҳ нақл шудааст.[24]
Баъзе муфассирони шиа[25] ва аҳли суннат[26] маҳалли вуқуи ин моҷароро биёбоне донистаанд, ки Банӣ Исроил дар давраи саргардонӣ дар он ба сар мебурданд.[27]
Таврот
Дар Сифри Хуруҷи Таврот низ гузорише аз ташнагии Банӣ Исроил ва дархости об аз ҳазрати Мусо (а) омадааст.[28] Дар ин гузориш, Банӣ Исроил Мусо (а)-ро сарзаниш карданд, ки чаро ононро аз Миср берун овардааст.[29] Мусо назди Худованд шикоят кард ва гуфт ӯро сангсор хоҳанд кард.[30] Сипас Худованд ба ӯ фармон дод дар ҳузури бузургони Банӣ Исроил асои худро бар сахрае бизанад; пас аз он, об аз сахра ҷорӣ шуд.[31]
Гузориши Таврот аз ин ҷиҳат бо гузориши Қуръон тафовут дорад, ки дар он аз ҷорӣ шудани дувоздаҳ чашма ва ҳар чашма маъсуси яке аз гурӯҳҳои Банӣ Исроил будан сухане наомадааст.[32]
Эзоҳ
- ↑ Ҳусайнӣ Ҳамадонӣ, Анвори дурахшон, ҷ.1, саҳ.184.
- ↑ Наҷафӣ Хумайнӣ, Тафсири осон, ҷ.1, саҳ.145.
- ↑ Макорими Шерозӣ, Тафсири намуна, ҷ.1, саҳ.272.
- ↑ Ҳусайнӣ Ҳамадонӣ, Анвори дурахшон, ҷ.1, саҳ.184.
- ↑ Макорими Шерозӣ, Тафсири намуна, ҷ.1, саҳ.272.
- ↑ Юсуф, Исроил-ул-бидоя ва-н-ниҳоя, ҷ.1, саҳ.67.
- ↑ Фазлуллоҳ, Тафсир мин ваҳй-ил-Қуръон, ҷ.2, саҳ.59.
- ↑ Фахри Розӣ, Мафотиҳ-ул-ғайб, ҷ.3, саҳ.527.
- ↑ Қурашӣ, Тафсири аҳсан-ул-ҳадис, ҷ.1, саҳ.144.
- ↑ Муҳаққиқиён, Иртиботи анвори сақалайн дар тафсири Қуръон, ҷ.3, саҳ.243.
- ↑ Таботабоӣ, ал-Мизон, ҷ.8, саҳ.285.
- ↑ Қироатӣ, Тафсири нур, ҷ.3, саҳ.195.
- ↑ Авазуллоҳ, Ҳаёт ва ахлоқ-ул-анбиё (с), ҷ.1, саҳ.201; Юсуф, Исроил-ул-бидоя ва-н-ниҳоя, ҷ.1, саҳ.67.
- ↑ Баҳронӣ, ал-Бурҳон, ҷ.1, саҳ.226.
- ↑ Макорими Шерозӣ, Тафсири намуна, ҷ.1, саҳ.272.
- ↑ Ҳусайнӣ Шоҳабдулазимӣ, Тафсири исноашарӣ, ҷ.1, саҳ.158.
- ↑ Саффор, Басоир-уд-дараҷот, ҷ.1, саҳ.188; Нуъмонӣ, ал-Ғайба, саҳ.238.
- ↑ Наҷафӣ Хумайнӣ, Тафсири осон, ҷ.1, саҳ.146.
- ↑ Наҷафӣ Хумайнӣ, Тафсири осон, ҷ.1, саҳ.145.
- ↑ Таййиб, Атяб-ул-баён, ҷ.2, саҳ.43.
- ↑ Толиқонӣ, Партаве аз Қуръон, ҷ.1, саҳ.17.
- ↑ Ҳусайнӣ Шоҳабдулазимӣ, Тафсири исноашарӣ, ҷ.1, саҳ.158.
- ↑ Наҷафӣ Хумайнӣ, Тафсири осон, ҷ.1, саҳ.145.
- ↑ Қумӣ, Тафсир ал-Қумӣ, ҷ.1, саҳ.48.
- ↑ Содиқӣ Теҳронӣ, ал-Балoғ, саҳ.9.
- ↑ Фахри Розӣ, Мафотиҳ-ул-ғайб, ҷ.3, саҳ.528.
- ↑ Мақдисӣ, ал-Бадъ ва-т-таърих, ҷ.3, саҳ.87.
- ↑ Сифри Хуруҷ, боби 17: ояти 3.
- ↑ Сифри Хуруҷ, боби 17: ояти 3.
- ↑ Сифри Хуруҷ, боби 17: ояти 4.
- ↑ Сифри Хуруҷ, боби 17: ояти 6.
- ↑ Қурашӣ, Тафсири аҳсан-ул-ҳадис, ҷ.1, саҳ.144.
Сарчашма
- Қуръони карим.
- Таврот, Сифри Хуруҷ.
- Авазуллоҳ, Аҳмад Сабоҳӣ, Ҳаёт ва ахлоқ-ул-анбиё (с), муқаддиманавис: Сайид Собиқ, Муҳаммад Фаҳҳом, Бейрут, Дор Иқра, 1993.
- Баҳронӣ, Сайид Ҳошим, ал-Бурҳон фи тафсир-ил-Қуръон, Теҳрон, Бунёди баъсат, чопи якум, 1416ҳ.қ.
- Қироатӣ, Муҳсин, Тафсири нур, Теҳрон, Маркази фарҳангии дарсҳое аз Қуръон, чопи ёздаҳум, 1383ҳ.ш.
- Қумӣ, Алӣ ибни Иброҳим, Тафсир ал-Қумӣ, муҳаққиқ: Таййиб Мусавии Ҷазоирӣ, Қум, Дор-ул-китоб, 1363ҳ.ш.
- Қурашӣ, Сайид Алиакбар, Тафсири аҳсан-ул-ҳадис, Теҳрон, Бунёди баъсат, чопи сеюм, 1377ҳ.ш.
- Макорими Шерозӣ, Носир, Тафсири намуна, Теҳрон, Дор-ул-кутуб-ил-исломия, 1374ҳ.ш.
- Мақдисӣ, Мутоҳҳар ибни Тоҳир, ал-Бадъ ва-т-таърих, Мактабат-ус-сақофат-ид-диния, Бури Саид, бетаърих.
- Наҷафӣ Хумайнӣ, Муҳаммад Ҷавод, Тафсири осон, Теҳрон, Интишороти исломия, чопи якум, 1398ҳ.қ.
- Нуъмонӣ, Муҳаммад ибни Иброҳим, ал-Ғайба, муҳаққиқ ва мусанниф: Алиакбар Ғаффорӣ, Теҳрон, нашри Садуқ, чопи якум, 1397ҳ.қ.
- Саффор, Муҳаммад ибни Ҳасан, Басоир-уд-дараҷот фи фазоил Оли Муҳаммад саллаллоҳу алайҳим, муҳаққиқ ва мусанниф: Муҳсин ибни Аббосалӣ Кӯчабоғӣ, Қум, Мактаба Оятуллоҳ ал-Маръашӣ ан-Наҷафӣ, чопи дуюм, 1404ҳ.қ.
- Содиқӣ Теҳронӣ, Муҳаммад, ал-Балoғ фи тафсир-ил-Қуръон би-л-Қуръон, Қум, муаллиф, чопи якум, 1419ҳ.қ.
- Таботабоӣ, Сайид Муҳаммадҳусайн, ал-Мизон фи тафсир-ил-Қуръон, Қум, Дафтари интишороти исломӣ, чопи панҷум, 1417ҳ.қ.
- Таййиб, Сайид Абдулҳусайн, Атяб-ул-баён фи тафсир-ил-Қуръон, Теҳрон, Интишороти Ислом, чопи дуюм, 1378ҳ.ш.
- Толиқонӣ, Сайид Маҳмуд, Партаве аз Қуръон, Теҳрон, Ширкати саҳомӣ интишор, чопи чаҳорум, 1362ҳ.ш.
- Фазлуллоҳ, Сайид Муҳаммадҳусайн, Тафсир мин ваҳй-ил-Қуръон, Бейрут, Дор-ул-Малик ли-т-тибоа ва-н-нашр, чопи дуюм, 1419ҳ.қ.
- Фахри Розӣ, Муҳаммад ибни Умар, Мафотиҳ-ул-ғайб, Бейрут, Дор эҳё-ит-турос-ил-арабӣ, чопи сеюм, 1420ҳ.қ.
- Ҳусайнӣ Ҳамадонӣ, Сайид Муҳаммадҳусайн, Анвори дурахшон, таҳқиқ: Муҳаммадбоқир Беҳбудӣ, Теҳрон, Китобфурӯшии Лутфӣ, чопи якум, 1404ҳ.қ.
- Ҳусайнӣ Шоҳабдулазимӣ, Ҳусайн ибни Аҳмад, Тафсири исноашарӣ, Теҳрон, Миқот, чопи якум, 1363ҳ.ш.
- Юсуф, Маҳмуд Юсуф, Исроил-ул-бидоя ва-н-ниҳоя, бемакон, беном, 1994.