Ҷаҳиш ба мӯҳтаво

Исроил (лақаб)

Аз wikishia

Исроил лақаби Яъқуби пайғамбар аст. Дар тафсири Маҷмаъ-ул-баён, Исроил дар забони ибрӣ ба маънои баргузидаи Худо ё бандаи Худо зикр шудааст.[1] Шайхи Тусӣ ин вожаро мураккаб аз Исро (банда) ва Ил (Худо) дониста ва онро "бандаи Худо" маъно кардааст.[2] Муфассирони шиа мақсуд аз калимаи Исроил дар ояти 93 сураи Оли Имрон ва ояти 58 сураи Марямро Яъқуб медонанд.[3] Ба ҳамин ҷиҳат фарзандон ва насли Яъқуб дар Қуръон Банӣ Исроил номида шудаанд.[4]

Дар Таврот низ омада ки Худованд пас аз кашиш гирифтан бо Яъқуб, ӯро ба далели нерӯмандӣ ва ғалаба бар Худо ва одамон, Исроил номид.[5]

Эзоҳ

  1. ↑ Табарсӣ, Маҷмаъ-ул-баён, ҷ.1, саҳ.182.
  2. ↑ Шайхи Тусӣ, ат-Тибён, ҷ.1, саҳ.180.
  3. ↑ Табарсӣ, Маҷмаъ-ул-баён, ҷ.2, саҳ.344; Субҳонӣ, Маншури ҷовид, ҷ.11, саҳ.325.
  4. ↑ Рӯҳӣ, «سیمای بنی‌اسرائیل در قرآن و عهدین», саҳ.58.
  5. ↑ Аҳди Атиқ, ҷ.1, саҳ.234 - 236.

Сарчашма

  • Рӯҳӣ, Абулфазл, «سیمای بنی‌اسرائیل در قرآن و عهدین» («Симои Банӣ Исроил дар Қуръон ва Аҳдайн»), дар маҷаллаи Маърифат, №95, обони 1384ҳ.ш.
  • Субҳонӣ, Ҷаъфар, Маншури ҷовид, Қум, Муассисаи Имом Содиқ (а), 1390ҳ.ш.
  • Табарсӣ, Фазл ибни Ҳасан, Маҷмаъ-ул-баён фи тафсир-ил-Қуръон, Бейрут, Муассиса ал-Аъламӣ ли-л-матбуот, 1415ҳ.қ.
  • Шайхи Тусӣ, Муҳаммад ибни Ҳасан, ат-Тибён фи тафсир-ил-Қуръон, Бейрут, Дор эҳё-ит-турос-ил-арабӣ, бетаърих.
  • Аҳди Атиқ (ҷ.1: китобҳои Шариат ё Таврот), тарҷумаи Пирӯз Сиёр, Теҳрон, нашри Ҳермес, 1393ҳ.ш.