Хутбаи ҳазрати Зайнаб дар Шом
Бо Хутбаи ҳазрати Зайнаб дар Кӯфа иштибоҳ нашавад!
| Мавзуъ | Мубориза бо таҳрифи воқеаи Карбало, расво сохтани зулм ва фасоди Язид, муаррифии Язид ҳамчун омили асосии воқеаи Карбало |
|---|---|
| Содиршуда аз | Ҳазрати Зайнаб (с) |
| Сарчашмаи шиа | ал-Эҳтиҷоҷ ало аҳл-ил-лилҷоҷ, Мусир-ул-аҳзон, ал-Луҳуф ала қатла-т-туфуф |
| Сарчашмаи суннӣ | Балоғот-ун-нисо |
Хутбаи ҳазрати Зайнаб дар Шом (форсӣ: خطبه حضرت زینب در شام) ба хутбае ишора дорад, ки ҳазрати Зайнаб (с) пас аз воқеаи Карбало, дар маҳфили Язид ибни Муовия дар Шом ироа кард. Ин хутба ба далели таъсиргузорӣ, фасоҳат ва балоғаташ ҳамеша мавриди таваҷҷуҳи пажӯҳишгарон қарор гирифтааст. Зайнаб (с) дар ин хутба бо суханони рӯшан ва бепарда ба фошгӯӣ алайҳи ҳукумати Банӣ Умайя пардохт.
Зайнаб (с) дар ин хутба Язид ва тарафдорони ӯро аз золимон ва сазоворони азоб номид ва пирӯзии зоҳирии ӯро дар ҷанг ба суннати имлои Худо нисбат дод. Зайнаб (с) дар ин суханронӣ аз далелҳои бурҳонӣ истифода кард ва заминаи фикрии ҷомеаро барои огоҳӣ аз ботил будани ҳукумати Язид фароҳам сохт. Ҳамчунин ӯ тавонист бо истинод ба оятҳои Қуръон, бархеро ҳидоят кунад ва тӯҳмати ҳукумати вақтро, ки асирони Карбалоро хориҷӣ мехонд, рад намояд.
Ин хутбаро такмилкунандаи қиёми Имом Ҳусайн (а) дар Карбало донистаанд, зеро ҳазрати Зайнаб (с) бо баёни ин хутба тавонист аз таҳрифи воқеаи Карбало ҷилавгирӣ кунад. Дар шеър ва адабиёти форсӣ низ ба нақши ҳазрати Зайнаб дар такмил шудани ҳаракати Имом Ҳусайн (а) таваҷҷуҳи махсус шудааст. Дар бораи Хутбаи ҳазрати Зайнаб дар Шом, пажӯҳишҳои гуногун навишта шудааст, ки аз ҷумлаи онҳо «Шарҳи Хутбаи ҳазрати Зайнаб (с) дар Шом», таълифи Алӣ Каримии Ҷаҳрумӣ мебошад.
(Эй Язид) ба Худо савганд, ҳаргиз ёди моро маҳв нахоҳӣ кард ва паёми моро нахоҳӣ кушт, ту поёни моро нахоҳӣ ёфт ва нанг ин кор аз ту пок нахоҳад шуд.[1]
Ҷойгоҳи хутба дар таърихи Ислом
Хутбаи ҳазрати Зайнаб (с) дар Шом аз фасеҳтарин ва кӯбандатарин хутбаҳои таърихи Ислом шумурда мешавад.[2] Сайид Абдулкарими Ҳошиминажод, муаллифи китоби «Дарсе ки Ҳусайн ба инсонҳо омӯхт», чунин хутбаи таҳқиромез аз як зани асир дар баробари бузургтарин маркази қудрати он замонро ҳайратовар донистааст.[3] Пажӯҳишгарон ин хутбаро такмилкунандаи [[Қиёми Имом Ҳусайн (а)|қиёми Имом Ҳусайн] дар Карбало донистаанд.[4] Хутбаи ҳазрати Зайнаб (с) дар Шом ба далели таъсиргузорӣ, фасоҳат ва балоғат пайваста мавриди таваҷҷуҳи пажӯҳишгарон қарор гирифтааст.[5]
Ин хутба бо ҳадафи мубориза бо таҳрифи воқеаи Карбало хонда шудааст; зеро Язид мехост воқеаи Карбалоро барои мардум ҳамчун азоби Илоҳӣ бар Имом Ҳусайн (а) муаррифӣ кунад.[6] Аммо Ҳазрати Зайнаб (с) дар ин хутба, Язидро омили асосии воқеаи Карбало муаррифӣ мекунад.[7] Суханони ҳазрати Зайнаб (с) сабаби тарс дар сарони ҳукумати Умавӣ ва ангезандаи нафрати умумӣ аз онҳо ба далели рӯйдоди Карбало дониста шудааст.[8] Оятуллоҳ Хоманаӣ, раҳбари Ҷумҳурии исломии Эрон, бар ин бовар аст, ки хутбаи ҳазрати Зайнаб дар Кӯфа ва Шом, чунон ҳунармандона баён шудааст, ки ҳатто душманон ҳам наметавонанд онро нодида гиранд.[9]
Ҳазрати Зайнаб ин хутбаро дар замоне хонд, ки Язид ба сари буридаи Имом Ҳусайн беэҳтиромӣ кард[10] ва марде аз Шом аз Язид хост, ки Фотима духтари Имом Ҳусайнро ба канизии ӯ диҳад.[11] Бар асоси гузоришҳои таърихӣ, вақте асирони Карбало ба Шом бурда шуданд, Язид маҷлисе ташкил дод.[12] Сари Имом Ҳусайнро дар табақе гузоштанд ва асиронро ба маҳфили Язид ворид карданд.[13] Язид бо чӯбе, ки дар даст дошт, ба лабони Имом Ҳусайн (а) мезад.[14] Ӯ бо хондани шеър ваҳй ва нубуввати Пайғамбарро инкор кард,[15] ва эълом дошт, ки воқеаи Карбалоро ба хотири хунхоҳии аҷдоди кофири худ, ки дар ҷанги Бадр ба дасти Пайғамбар (с) ва Ҳазрати Алӣ (а) кушта шуданд, анҷом додааст.[16]
Кош бузургони ман дарҷанги Бадр медиданд, ки
Қабилаи Хазраҷ чӣ гуна аз заработи найза ба зорӣ омадааст.
Дар он ҳол аз шодӣ фарёд мезаданд
Ва мегуфтанд: Эй Язид! Дастат дард набинад!
Ҳошим бо салтанат бозӣ кард,
Пас на хабаре омад ва на ваҳйе нозил шуд!
[17]
Аз сарчашмаҳои шиа китобҳои ал-Эҳтиҷоҷ ало аҳл-ил-лилҷоҷ, Мусир-ул-аҳзон, ал-Луҳуф ала қатла-т-туфуф ва аз сарчашмаҳои суннӣ Балоғот-ун-нисо ин хутбаро нақл кардаанд.
Муҳтаво
Ба гуфтаи бархе муҳаққиқон, ҳазрати Зайнаб бар хилофи хутбаи эҳсосии худ дар Кӯфа, дар хутбаи Шом бештар аз матолиби бурҳонӣ ва истидлолӣ истифода кардааст ва камтар ба матолиби эҳсосӣ пардохтааст.[18] Мазмуни Хутбаи ҳазрати Зайнаб (с)-ро шомили ҳафт меҳвар донистаанд:
- Шикастани ғурури Язид бо истинод ба оятҳои Қуръон;
- Қиёси гузашти каримонаи Пайғамбар (с) аз ниёкони Язид дар фатҳи Макка, бо амали Язид дар асир гирифтани хонадони Пайғамбар;
- Ёдоварии суханони куфромези Язид ва таъкиди бар беимонии ӯ;
- Таъкид бар мақоми баланди шаҳидон, хусусан шаҳидони хонадони Пайғамбар (с);
- Ишора ба ҳузури Язид дар додгоҳи адли Илоҳӣ дар рӯзи Қиёмат;
- Таҳқири Язид бо ношоиста донистани ӯ барои ҳамсухан шудан;
- Шукргузории неъматҳои фаровони Худо ба хотири арзонӣ доштани раҳмат, каромат ва шаҳодат ба хонадони Пайғамбар (с).[19]
Ҳазрати Зайнаб дар ин хутба ба оятҳои мутааддиде истинод кардааст; зеро мехост бо истифода аз гуфтори муштараки худ бо мардуми Шом (яъне Қуръон), аз як тараф онҳоро ҳидоят кунад ва аз тарафи дигар, иддаои ҳукумати вақтро, ки Аҳли байт (а)-ро хориҷӣ муаррифӣ карда буданд, аз онҳо бартараф созад.[20] Ҳазрати Зайнаб дар ин хутба бо истинод ба ояти 10 сураи Рум, беэҳтиромии Язид ба оятҳои Илоҳиро натиҷаи гуноҳҳои фаровони ӯ медонад.[21] Ӯ дар идома бо такя бар ояти 178 сураи Оли Имрон, пирӯзии зоҳирии Язид дар ҷангро ба хотири суннати имлои Худо мешуморад.[22] Зайнаб (с) дар ин хутба бо истинод ба оятҳои гуногуни Қуръон, Язид ва тарафдорони ӯро ба сабаби анҷоми воқеаи Карбало золим, шоистаи хорӣ дар дунё ва азоб дар охират медонад.[23]
Ҳазрати Зайнаб бо мухотаб қарор додани Язид бо таъбири «Ябна-т-тулақо» (яъне: эй фарзанди раҳошудагон), гузашти каримонаи Пайғамбар (с) аз ниёкони Язид дар фатҳи Маккаро бо амали Язид дар асир гирифтани хонадони Пайғамбар муқоиса мекунад.[24] Ба гуфтаи Лутфуллоҳ Софии Гулпойгонӣ, аз мароҷеи тақлиди шиа, ҳазрати Зайнаб дар бахшҳои поёнии ин хутба, ин хабари ғайбиро баён мекунад, ки ёди Аҳли Байт (а) ҳеҷ гоҳ фаромӯш нахоҳад шуд.[25]
Дархости каниз гирифтани Фотима духтари Имом Алӣ (а)
Пас аз хутбаи ҳазрати Зайнаб, шахсе аз мардуми Шом аз Язид дархост кард, ки Фотима духтари Имом Алӣ (а)-ро ба унвони каниз ба ӯ бахшад. Ин дархост боиси гуфтугӯе миёни ҳазрати Зайнаб (с) ва Язид гардид.[26] Пас аз ин дархост, Фотима назди ҳазрати Зайнаб рафта ва ба ӯ паноҳ бурд. Ҳазрати Зайнаб овозашро баланд кард то ба гӯши Язид расад:[27] «Дурӯғ гуфтӣ ва пастӣ, на ту метавонӣ чунин кунӣ ва на амири ту».[28]
Язид хашмгин шуд ва гуфт: «Ман чунин қудрат дорам ва агар бихоҳам, ин корро мекунам». Зайнаб дар посух гуфт: Худованд чунин қудратро дар ту қарор надодааст магар он ки аз Ислом хориҷ шуда ва пайрави дине ҷуз Ислом гардида бошӣ. Язид: «Бо ман чунин рафтор мекунӣ! Падар ва бародари ту аз дин хориҷ шудаанд».[29] Ин суханони Язидро нишонаи хашми ӯ донистаанд.[30] Зайнаб (с) гуфт: «Бо дини Худо ва дини падар, бародар ва ҷадди ман буд, ки ту, падар ва бобоят мусалмон шудед». Язид: «Дурӯғ мегӯӣ, эй душмани Худо». Зайнаб дар посух гуфт: «Ту фармонравои дорои қудрат ҳастӣ, ки ба зулм сухани нодуруст мегӯӣ».[31] Сипас хомӯшӣ ҳукмфармо шуд. Марди шомӣ дубора дархости каниз гирифтани Фотимаро матраҳ кард, ки Язид бо шиддат ба ӯ посух дод.[32]
Бар асоси бархе гузоришҳо, ин воқеа дар бораи Фотима духтари Имом Ҳусайн (а) рух додааст.[33]
Дастовардҳои хутба
Ба гуфтаи пажӯҳишгарони таърихӣ, хутбаи ҳазрати Зайнаб дар Шом натиҷаҳои зеринро ба бор овард:
- Ба ларза даровардани хилофати Банӣ Умайя; рафторҳои ҳазрати Зайнаб (с) пас аз воқеаи Карбало, аз ҷумла хутбаи ӯ дар Шом, ҳамчун омиле барои заъфи машруияти Умавиён ва суқути ниҳоии онҳо дониста шудааст;[34]
- Муаррифӣ шудани ҳукумати Банӣ Умайя ҳамчун шикастхӯрдагони воқеаи Карбало, бо вуҷуди он ки онҳо худро пирӯзи ҷанг медонистанд;[35]
- Аз байн рафтани гуфтумони ҳукумати вақт, ки асирони Карбалоро хориҷӣ мехонд;[36]
- Фароҳам омадани заминаи фикрии ҷомеа барои огоҳ шудан аз ботил будани ҳукумати Язид;[37]
- Ошкор шудани шахсияти мунофиқонаи Язид ва атрофиёни ӯ барои мардуми Шом.[38]
Таъсир дар адабиёт
Дар адабиёти ошӯроӣ ба нақши ҳазрати Зайнаб ҳамчун паёмрасони воқеаи Карбало таваҷҷуҳ шудааст.[39] Гарчанде ашъори марбут ба ҳазрати Зайнаб қаблан чеҳраи ғамзада ва пайваста гирёнро тасвир мекарданд, аммо дар идома бо таъсирпазирӣ аз хутбаҳои ӯ, аз Зайнаб (с) чеҳраи ҷангҷӯ, муқовим ва мубориз тасвир шуд.[40] Назрҳусайн Ҷаҳондир, шоири покистонӣ, ин хутбаро дар қолаби 120 байт ба назм даровардааст.[41] Сайид Ҷаъфар Шаҳидӣ, таърихшиноси шиа, бар ин бовар аст, ки агар хутбаи ҳазрати Зайнаб дар Шом ва Кӯфа намебуд, бузургии воқеаи Ошӯро барои бисёре аз афрод маълум намешуд.[42] Ин маъно дар қолаби шеъри зерин бозофаринӣ шудааст:

Сирри най дар Найнавo мемонд агар Зайнаб набуд,
Карбало дар Карбало мемонд агар Зайнаб набуд.
Чеҳраи сурхи ҳақиқат баъд аз он тӯфони ранг,
Пушти абре аз риё мемонд агар Зайнаб набуд.
Чашмаи фарёди мазлумияти лабташнагон,
Дар кавири тафта ҷо мемонд агар Зайнаб набуд.
Захмаи захмитарин фарёд дар чанги сукут,
Аз тарози нағма во мемонд агар Зайнаб набуд.
Дар тулӯи доғи Асғар устухони ашки сурх,
Дар гулӯи чашмҳо мемонд агар Зайнаб набуд.
Зулҷиноҳи додхоҳӣ бе савору бе лагом,
Дар биёбонҳо раҳо мемонд агар Зайнаб набуд.
Дар убури бистари таърих, сели инқилоб,
Пушти кӯҳи фитна ҷо мемонд агар Зайнаб набуд.
Муҷоҳидӣ, Карвони шеъри Ошӯро, 1386ҳ.ш., саҳ.623
Такнигорӣ
Дар бораи Хутбаи ҳазрати Зайнаб дар Шом, пажӯҳишҳои гуногун бо равишҳои адабӣ, иҷтимоӣ, таърихӣ ва методологӣ навишта шудаанд.[43] Бархе аз китобҳое, ки дар шарҳи ин хутба навишта шудаанд, иборатанд аз:
- Нигоҳе ба хутбаҳои ҳазрати Зайнаб (с) дар Кӯфа ва Шом, асари Абдулкарими Покниё; мавзуъҳои ин китоб дар чор фасл танзим шудаанд, ки фасли сеюми он ба баррасии суханони ҳазрати Зайнаб (с) дар Шом ва паёмадҳои он ихтисос дорад.[44] Ин китоб дар соли 1389ҳ.ш., ба кӯшиши нашриёти Фарҳанги Аҳли Байт (а) дар 130 саҳифа мунташир шудааст.[45]
- Шарҳи Хутбаи ҳазрати Зайнаб (с) дар Шом, таълифи Алӣ Каримии Ҷаҳрумӣ; нашриёти Бӯстони китоби Қум, ин китобро барои бори дувум дар соли 1394ҳ.ш. мунташир кардааст.[46]
- Шарҳу хутбат-ис-сайидати Зайнаб (с) фи маҷлиси Язид ибни Муовия, навиштаи Раҷаб ибни Ҳасан ба забони арабист. Ин китобро нашриёти Мероси Мондгор дар соли 1400ҳ.ш. мунташир кардааст.[47]
Матн ва тарҷумаи хутба
فَقَامَتْ زَيْنَبُ بِنْتُ عَلِيِّ بْنِ أَبِي طَالِبٍ ع فَقَالَتْ:
الْحَمْدُ لِلهِ رَبِّ الْعالَمِينَ وَ صَلَّى اللهُ عَلَى رَسُولِهِ وَ آلِهِ أَجْمَعِينَ صَدَقَ اللهُ سُبْحَانَهُ كَذَلِكَ يَقُولُ: ﴿ثُمَّ كَانَ عَاقِبَةَ الَّذِينَ أَسَاءُوا السُّوءَى أَنْ كَذَّبُوا بِآيَاتِ اللَّهِ وَكَانُوا بِهَا يَسْتَهْزِئُونَ﴾ [روم:۱۰]
أَ ظَنَنْتَ يَا يَزِيدُ حَيْثُ أَخَذْتَ عَلَيْنَا أَقْطَارَ الْأَرْضِ وَ آفَاقَ السَّمَاءِ فَأَصْبَحْنَا نُسَاقُ كَمَا تُسَاقُ الْأُسَرَاءُ أَنَّ بِنَا هَوَاناً عَلَيْهِ وَ بِكَ عَلَيْهِ كَرَامَةً
وَ أَنَّ ذَلِكَ لِعِظَمِ خَطَرِكَ عِنْدَهُ فَشَمَخْتَ بِأَنْفِكَ وَ نَظَرْتَ فِي عِطْفِكَ جَذْلَانَ مَسْرُوراً حَيْثُ رَأَيْتَ الدُّنْيَا لَكَ مُسْتَوْثِقَةً وَ الْأُمُورَ مُتَّسِقَةً وَ حِينَ صَفَا لَكَ مُلْكُنَا وَ سُلْطَانُنَا
فَمَهْلًا مَهْلًا أَ نَسِيتَ قَوْلَ اللهِ تَعَالَى: وَلَا يَحْسَبَنَّ الَّذِينَ كَفَرُوا أَنَّمَا نُمْلِي لَهُمْ خَيْرٌ لِأَنْفُسِهِمْ إِنَّمَا نُمْلِي لَهُمْ لِيَزْدَادُوا إِثْمًا وَلَهُمْ عَذَابٌ مُهِينٌ. [آل عمران:178]
أَ مِنَ الْعَدْلِ يَا ابْنَ الطُّلَقَاءِ تَخْدِيرُكَ حَرَائِرَكَ وَ إِمَاءَكَ وَ سَوْقُكَ بَنَاتِ رَسُولِ الله صلی الله علیه وآله سَبَايَا قَدْ هَتَكْتَ سُتُورَهُنَّ وَ أَبْدَيْتَ وُجُوهَهُنَّ تَحْدُو بِهِنَّ الْأَعْدَاءُ مِنْ بَلَدٍ إِلَى بَلَدٍ وَ يَسْتَشْرِفُهُنَّ أَهْلُ الْمَنَاهِلِ وَ الْمَنَاقِلِ وَ يَتَصَفَّحُ وُجُوهَهُنَّ الْقَرِيبُ وَ الْبَعِيدُ وَ الدَّنِيُّ وَ الشَّرِيفُ لَيْسَ مَعَهُنَّ مِنْ رِجَالِهِنَّ وَلِيٌّ وَ لَا مِنْ حُمَاتِهِنَّ حَمِيٌّ
وَ كَيْفَ يُرْتَجَى مُرَاقَبَةُ مَنْ لَفَظَ فُوهُ أَكْبَادَ الْأَزْكِيَاءِ وَ نَبَتَ لَحْمُهُ مِنْ دِمَاءِ الشُّهَدَاءِ وَ كَيْفَ يَسْتَبْطِئُ فِي بُغْضِنَا أَهْلَ الْبَيْتِ مَنْ نَظَرَ إِلَيْنَا بِالشَّنَفِ وَ الشَّنَئَانِ وَ الْإِحَنِ وَ الْأَضْغَانِ ثُمَّ تَقُولُ غَيْرَ مُتَأَثِّمٍ وَ لَا مُسْتَعْظِمٍ
«لَأَهَلُّوا وَ اسْتَهَلُّوا فَرَحاً/ ثُمَّ قَالُوا يَا يَزِيدُ لَا تُشَلَ» مُنْتَحِياً عَلَى ثَنَايَا أَبِي عَبْدِ اللهِ سَيِّدِ شَبَابِ أَهْلِ الْجَنَّةِ تَنْكُتُهَا بِمِخْصَرَتِكَ
وَ كَيْفَ لَا تَقُولُ ذَلِكَ وَ قَدْ نَكَأْتَ الْقَرْحَةَ وَ اسْتَأْصَلْتَ الشَّافَةَ بِإِرَاقَتِكَ دِمَاءَ ذُرِّيَّةِ مُحَمَّدٍ ص وَ نُجُومِ الْأَرْضِ مِنْ آلِ عَبْدِ الْمُطَّلِبِ وَ تَهْتِفُ بِأَشْيَاخِكَ زَعَمْتَ أَنَّكَ تُنَادِيهِمْ فَلَتَرِدَنَّ وَشِيكاً مَوْرِدَهُمْ
وَ لَتَوَدَّنَّ أَنَّكَ شَلَلْتَ وَ بَكِمْتَ وَ لَمْ تَكُنْ قُلْتَ مَا قُلْتَ وَ فَعَلْتَ مَا فَعَلْتَ اللَّهُمَّ خُذْ لَنَا بِحَقِّنَا وَ انْتَقِمْ مِنْ ظَالِمِنَا وَ أَحْلِلْ غَضَبَكَ بِمَنْ سَفَكَ دِمَاءَنَا وَ قَتَلَ حُمَاتَنَا
فَوَ الله مَا فَرَيْتَ إِلَّا جِلْدَكَ وَ لَا حَزَزْتَ إِلَّا لَحْمَكَ وَ لَتَرِدَنَّ عَلَى رَسُولِ اللهِ ص بِمَا تَحَمَّلْتَ مِنْ سَفْكِ دِمَاءِ ذُرِّيَّتِهِ وَ انْتَهَكْتَ مِنْ حُرْمَتِهِ فِي عِتْرَتِهِ وَ لُحْمَتِهِ حَيْثُ يَجْمَعُ اللهُ شَمْلَهُمْ وَ يَلُمُّ شَعَثَهُمْ وَ يَأْخُذُ بِحَقِّهِمْ ﴿وَلَا تَحْسَبَنَّ الَّذِينَ قُتِلُوا فِي سَبِيلِ اللَّهِ أَمْوَاتًا بَلْ أَحْيَاءٌ عِنْدَ رَبِّهِمْ يُرْزَقُونَ﴾ [آل عمران:169]
وَ حَسْبُكَ بِاللهِ حَاكِماً وَ بِمُحَمَّدٍ ص خَصِيماً وَ بِجَبْرَئِيلَ ظَهِيراً وَ سَيَعْلَمُ مَنْ سَوَّلَ لَكَ وَ مَكَّنَكَ مِنْ رِقَابِ الْمُسْلِمِينَ بِئْسَ لِلظَّالِمِينَ بَدَلًا وَ أَيُّكُمْ شَرٌّ مَكاناً وَ أَضْعَفُ جُنْداً
وَ لَئِنْ جَرَّتْ عَلَيَّ الدَّوَاهِي مُخَاطَبَتَكَ إِنِّي لَأَسْتَصْغِرُ قَدْرَكَ وَ أَسْتَعْظِمُ تَقْرِيعَكَ وَ أَسْتَكْثِرُ تَوْبِيخَكَ لَكِنَّ الْعُيُونَ عبْرَى وَ الصُّدُورَ حَرَّى أَلَا فَالْعَجَبُ كُلُّ الْعَجَبِ لِقَتْلِ حِزْبِ الله النُّجَبَاءِ بِحِزْبِ الشَّيْطَانِ الطُّلَقَاءِ
فَهَذِهِ الْأَيْدِي تَنْطِفُ مِنْ دِمَائِنَا وَ الْأَفْوَاهُ تَتَحَلَّبُ مِنْ لُحُومِنَا وَ تِلْكَ الْجُثَثُ الطَّوَاهِرُ الزَّوَاكِي تَنْتَابُهَا الْعَوَاسِلُ وَ تُعَفِّرُهَا أُمَّهَاتُ الْفَرَاعِلِ وَ لَئِنِ اتَّخَذْتَنَا مَغْنَماً لَتَجِدَنَّا وَشِيكاً مَغْرَماً حِينَ لَا تَجِدُ إِلَّا مَا قَدَّمَتْ يَدَاكَ وَ ما رَبُّكَ بِظَلَّامٍ لِلْعَبِيدِ فَإِلَى اللهِ الْمُشْتَكَى وَ عَلَيْهِ الْمُعَوَّلُ
فَكِدْ كَيْدَكَ وَ اسْعَ سَعْيَكَ وَ نَاصِبْ جُهْدَكَ فَوَ الله لَا تَمْحُو ذِكْرَنَا وَ لَا تُمِيتُ وَحْيَنَا وَ لَا تُدْرِكُ أَمَدَنَا وَ لَا تَرْحَضُ عَنْكَ عَارَهَا وَ هَلْ رَأْيُكَ إِلَّا فَنَدٌ وَ أَيَّامُكَ إِلَّا عَدَدٌ وَ جَمْعُكَ إِلَّا بَدَدٌ يَوْمَ يُنَادِي الْمُنَادِي أَلا لَعْنَةُ الله عَلَى الظَّالِمِينَ
فَالْحَمْدُ لِله رَبِّ الْعالَمِينَ الَّذِي خَتَمَ لِأَوَّلِنَا بِالسَّعَادَةِ وَ الْمَغْفِرَةِ وَ لِآخِرِنَا بِالشَّهَادَةِ وَ الرَّحْمَةِ وَ نَسْأَلُ الله أَنْ يُكْمِلَ لَهُمُ الثَّوَابَ وَ يُوجِبَ لَهُمُ الْمَزِيدَ وَ يُحْسِنَ عَلَيْنَا الْخِلَافَةَ إِنَّهُ رَحِيمٌ وَدُودٌ وَ حَسْبُنَا الله وَ نِعْمَ الْوَكِيلُ.
Зайнаб духтари Алӣ ибни Абитолиб (а) бархост ва фармуд:
Ситоиш сазовори Худо, Парвардигори ҷаҳониён аст, ва дуруди Худо бар Муҳаммад ва бар тамоми хонадони ӯ бод. Худо рост фармуда, ки фармуд: Оқибати касоне ки бадӣ карданд, бадтар буд, зеро ки оятҳои Худоро дурӯғ шумурданд ва онҳоро масхара мекарданд. (Оят 10, сураи Рум)
Эй Язид, оё гумон кардӣ, ки чун сарзаминҳо ва осмонҳоро бар мо бастӣ ва моро мисли канизон ронданд, ин нишонаи пастии мо ва бузургии ту аст?!
Ва гумон кардӣ, ки ин нишонаи бузургии ту дар назди Худо аст, ки бо кибр бинӣ боло гирифтӣ ва шодии чашмонат метобад, чун мебинӣ, ки дунё бароят устувор ва корҳо муттаҳиданд, ва ҳукумату султони мо ба ту расидааст.
Лаҳзае ором гир, оё фаромӯш кардӣ каломи Худоро, ки фармуд: Кофирон набояд гумон кунанд, ки муҳлат додан ба онҳо барои нафъи онҳост. Мо муҳлат медиҳем, то гуноҳашон бештар гардад ва барои онҳо азоби хоркунанда аст. (Оли Имрон: 178)
Оё ин адолат аст, эй фарзанди озодшудагон, ки занону канизони ту дар парда бошанд, вале духтарони Пайғамбари Худо асир гарданд?! Пардаҳои ҳурмати онҳоро даридӣ, чеҳраҳояшонро ошкор кардӣ, душманон онҳоро аз як шаҳр ба шаҳри дигар бурданд, мардум — дур ва наздик, паст ва олӣ — ба чеҳраҳояшон менигаристанд, дар ҳоле ки ҳеҷ марде аз хешовандонашон ҳамроҳ набуд.
Чӣ гуна метавон умед ба раҳм дошт аз фарзанди касе, ки ҷигари поконро ба даҳон гирифта, гӯшташ аз хуни шаҳидон парвариш ёфтааст?! Чӣ гуна душмане, ки бо кина ва нафрат ба мо менигарад, метавонад дар душманиаш сустӣ кунад?! Он гоҳ бе ҳеҷ шарм ва эҳсоси гуноҳ мегӯӣ:
(Аҷдоди ту) шодӣ мекунанд ва ба ту мегӯянд: «Эй Язид, офарин!» Дар ҳоле ки ту бо асоят бар дандонҳои Абоабдуллоҳ, сарвари ҷавонони биҳишт, мезанӣ.
Чаро чунин нагӯӣ, дар ҳоле ки захмро боз кардӣ, решаро кандӣ, хуни фарзандони Пайғамбарро рехтӣ, ситорагони заминро аз хонадони Абдулмутталиб куштӣ ва аҷдоди худро нидо мекунӣ, ки ба зудӣ ба онҳо хоҳӣ пайваст.
(Эй Язид) Ба зудӣ ба онҳо хоҳӣ пайваст ва он рӯз орзу мекунӣ, ки кош лол ва фалаҷ мебудӣ ва он чӣ гуфтӣ намегуфтӣ, он чӣ кардӣ намекардӣ. Худоё, ҳақи моро бигир, аз золимон интиқом гир, ва ғазаби худро бар касе фурӯ рез, ки хуни моро рехт ва ҳомиёни моро кушт.
(Эй Язид) Ба Худо савганд, ҷуз пӯсти худро надаридӣ ва ҷуз гӯшти худро набуридӣ. Ба зудӣ назди Пайғамбар хоҳӣ рафт, дар ҳоле ки хуни фарзандонашро рехтӣ ва ҳурмати хонадонашро шикастӣ. Он ҷо Худо парокандагии онҳоро ҷамъ мекунад ва ҳақи онҳоро мегирад. ﴿Онҳое ки дар роҳи Худо кушта шудаанд, зиндаанд ва назди Парвардигорашон ризқ меёбанд﴾ (Оли Имрон:169)
(Эй Язид) Барои ту кофист, ки Худо довар аст, Муҳаммад (с) душман ва Ҷабраил пуштибон. Ба зудӣ хоҳӣ донист, ки касе ки туро фиреб дод ва бар гардани мусалмонон савор кард, чӣ бад ҷойгузине интихоб кард ва кадом як аз шумо мақоми пасттар ва нерӯи заифтар дорад.
Эй Язид, гарчи мусибатҳо ва балоҳо аз ту бар ман фуруд омад, ман ҳамеша қадри туро ночиз медонам, фоҷеаатро бузург мешуморам, ва маломататро зиёд. Чӣ кунам, ки чашмҳо гирёнанд ва синаҳо сӯзон. Шигифт аст, ки гурӯҳи Худо — покон — ба дасти гурӯҳи шайтон — озодшудагони Макка — кушта шуданд.
Аз дастҳои палидашон хуни мо мечакад, ва даҳонҳои нопокашон аз гӯшти мо пур шудаанд, он ҷасадҳои покро гургҳо медаранд, ва модарони хайвонҳои ваҳшӣ онҳоро молида, нобуд мекунанд. Агар моро ғанимат шумурдӣ, ба зудӣ хоҳӣ дид, ки ин ғанимат нест, балки ғаромат аст. Он рӯз, ки ҷуз он чӣ дастҳоят пеш фиристодаанд, чизе намеёбӣ. Парвардигори ту бар бандагонаш ситамгар нест. Ба Худо шикоят мебарем ва бар Ӯ такя мекунем.
Ҳар макре дорӣ, ба кор банд, ҳар талоше дорӣ, анҷом деҳ. Ба Худо савганд, наметавонӣ ёди моро маҳв кунӣ, ваҳйи моро аз байн барӣ, ва умри моро дарк кунӣ. Нангро аз худ тоза карда наметавонӣ. Оё фикри ту ҷуз хаёл аст? Оё рӯзҳоят ҷуз шумораанд? Оё ҷамъиятат ҷуз парокандагӣ аст? Он рӯз, ки нидо расад: Огоҳ бошед! Лаънати Худо бар золимон бод!
Пас ситоиш сазовори Худованд аст, ки барои аввалини мо саодат ва мағфират, ва барои охирини мо шаҳодат ва раҳматро муқаррар кард. Аз Худо мехоҳем, ки подоши онҳоро комил гардонад, бар онҳо афзунӣ ато кунад, ва барои мо хилофатро некӯ гардонад. Ӯ меҳрубон ва дӯстдор аст. Худо барои мо бас аст ва чӣ некӯ вакиле аст.
Ҷусторҳои вобаста
Эзоҳ
- ↑ Сайид ибни Тавус, ал-Луҳуф ала қатла-т-туфуф, 1348ҳ.ш., саҳ.185
- ↑ Довудӣ ва Маҳдӣ Рустамнажод, Ошӯро: решаҳо, ангезаҳо, рӯйдодҳо, паёмадҳо, 1386ҳ.ш., саҳ.592
- ↑ Ҳошиминажод, Дарсе ки Ҳусайн ба инсонҳо омӯхт, 1382ҳ.ш., саҳ.220–221
- ↑ Рӯшанфикр ва Дониш Муҳаммадӣ, «Таҳлили гуфтумони адабии хутбаҳои Ҳазрати Зайнаб (с)», саҳ.134
- ↑ Барои намуна нигаред ба мақолаҳои: Ранҷбарҳусайнӣ ва Марям Исломипур, «Таҳлили иқтибосҳои қуръонии Хутбаи ҳазрати Зайнаб (с) дар Шом»; Ризоӣ ва Муҳаддиса Дилоромнажод, «Таҳлили фаронақши андешагонӣ дар хутбаи ҳазрати Зайнаб (с) бар асоси дастури нақшгарои Ҳалидӣ»; Ёраҳмадӣ ва Заҳро Хайруллоҳӣ, «Маорифи қуръонӣ дар Хутбаи ҳазрати Зайнаб (с)»; Хурсандӣ ва дигарон, «Таҳлили балоғии Хутбаи ҳазрати Зайнаб (с)»; Насровӣ, «Даромаде бар гуфтумонковии таърихӣ, мутолиаи мавриди Хутбаи ҳазрати Зайнаб (с) дар Шом»; Рӯшанфикр ва Дониш Муҳаммадӣ, «Таҳлили гуфтумони адабии хутбаҳои Ҳазрати Зайнаб (с)»
- ↑ Рӯшанфикр ва Дониш Муҳаммадӣ, «Таҳлили гуфтумони адабии хутбаҳои Ҳазрати Зайнаб (с)», саҳ.134
- ↑ Сайид ибни Тавус, ал-Луҳуф ала қатла-т-туфуф, 1348ҳ.ш., саҳ.184
- ↑ Мазинонӣ, Нақши занон дар ҳамосаи Ошӯро, 1390ҳ.ш., саҳ.130
- ↑ Ҳусайнии Хоманаӣ, بیانات در دیدار جمعی از پیشکسوتان جهاد و شهادت و خاطرهگویان دفتر ادبیات و هنر مقاومت, Сомонаи khamenei.ir
- ↑ Ибни Тайфур, Балоғот-ун-нисо, Шарифи Разӣ, саҳ.34
- ↑ Ибни Намо Ҳилӣ, Мусир-ул-аҳзон, 1406ҳ.қ., саҳ.100–101
- ↑ Сайид ибни Тавус, ал-Луҳуф ала қатла-т-туфуф, 1348ҳ.ш., саҳ.178
- ↑ Ибни Тайфур, Балоғот-ун-нисо, Шарифи Разӣ, саҳ.34
- ↑ Абумихнаф, Вақъат-ут-тафф, 1417ҳ.қ., саҳ.269
- ↑ Фаттоли Нишопурӣ, Равзат-ул-воизин, 1375ҳ.ш., саҳ.191
- ↑ Ибни Тайфур, Балоғот-ун-нисо, Шарифи Разӣ, саҳ.34
- ↑ Ибни Тайфур, Балоғот-ун-нисо, Шарифи Разӣ, саҳ.34; Фаттоли Нишопурӣ, Равзат-ул-воизин, 1375ҳ.ш., саҳ.191
- ↑ Рӯшанфикр ва Дониши Муҳаммадӣ, «Таҳлили гуфтумони адабии хутбаҳои ҳазрати Зайнаб (с)», саҳ.134
- ↑ Довудӣ ва Маҳдӣ Рустамнажод, Ошӯро: решаҳо, ангезаҳо, рӯйдодҳо, паёмадҳо, 1386ҳ.ш., саҳ.592–593
- ↑ Хонимуқаддам, «Чароии таҷаллии Қуръон дар хутбаҳои ҳазрати Зайнаб (с): аҳдоф ва натоиҷ», саҳ.70–72
- ↑ Рӯшанфикр ва Дониши Муҳаммадӣ, «Таҳлили гуфтумони адабии хутбаҳои ҳазрати Зайнаб (с)», саҳ.142
- ↑ Рӯшанфикр ва Дониши Муҳаммадӣ, «Таҳлили гуфтумони адабии хутбаҳои ҳазрати Зайнаб (с)», саҳ.142
- ↑ Ранҷбарҳусайнӣ ва Марям Исломипур, «Таҳлили иқтибосҳои қуръонии Хутбаи ҳазрати Зайнаб (с) дар Шом», саҳ.24
- ↑ Ниг.: Сайид ибни Тавус, ал-Луҳуф ало қатла-т-туфуф, 1348ҳ.ш., саҳ.182
- ↑ Софии Гулпойгонӣ, Ҳусайн (а) шаҳиди огоҳ, 1366ҳ.ш., саҳ.385–386
- ↑ Саффор, ал-Маръат-ул-азима, 2000м, саҳ.240
- ↑ Саффор, ал-Маръат-ул-азима, 2000м, саҳ.240
- ↑ Абумихнаф, Вақъат-ут-тафф, 1417ҳ.қ., саҳ.272
- ↑ Абумихнаф, Вақъат-ут-тафф, 1417ҳ.қ., саҳ.272
- ↑ Саффор, ал-Маръат-ул-азима, 2000м, саҳ.240
- ↑ Абумихнаф, Вақъат-ут-тафф, 1417ҳ.қ., саҳ.272
- ↑ Абумихнаф, Вақъат-ут-тафф, 1417ҳ.қ., саҳ.272
- ↑ Шайх Муфид, ал-Иршод, 1413ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.121
- ↑ Раббонӣ Халхолӣ, Чеҳраи дурахшони ақилаи Банӣ Ҳошим Зайнаби Кубро (с), 1387ҳ.ш., саҳ.213
- ↑ Саровӣ, «Даромаде бар гуфтумонковии таърихӣ: мутолиаи мавридии Хутбаи ҳазрати Зайнаб (с) дар Шом», саҳ.87
- ↑ Саровӣ, «Даромаде бар гуфтумонковии таърихӣ: мутолиаи мавридии Хутбаи ҳазрати Зайнаб (с) дар Шом», саҳ.88
- ↑ Ҳошиминажод, Дарсе ки Ҳусайн (а) ба инсонҳо омӯхт, 1382ҳ.ш., саҳ.221
- ↑ Хонимуқаддам, «Чароии таҷаллии Қуръон дар хутбаҳои ҳазрати Зайнаб (с): аҳдоф ва натоиҷ», саҳ.82
- ↑ Ҳайдарӣ ва дигарон, «Бозхонии ҷилваҳои муқовимат дар хутбаҳои ҳазрати Зайнаб (с) ва шеъри ошӯроӣ», саҳ.20
- ↑ Ҳайдарӣ ва дигарон, «Бозхонии ҷилваҳои муқовимат дар хутбаҳои ҳазрати Зайнаб (с) ва шеъри ошӯроӣ», саҳ.20
- ↑ Амин, Партовие аз таърихи ташайюъ, 1385ҳ.ш., саҳ.106
- ↑ Шаҳидӣ, «Агар Зайнаб набуд азамати Ошӯро ҷовидона намешуд», саҳ.14
- ↑ Ранҷбарҳусайнӣ ва Марям Исломипур, «Таҳлили иқтибосҳои қуръонии Хутбаи ҳазрати Зайнаб (с) дар Шом», саҳ.8
- ↑ Покниё, Нигоҳе ба хутбаҳои ҳазрати Зайнаб (с), 1389ҳ.ш., саҳифаи феҳристи китоб
- ↑ Покниё, Нигоҳе ба хутбаҳои ҳазрати Зайнаб (с), 1389ҳ.ш., саҳифаи шиносномаи китоб
- ↑ Каримии Ҷаҳрумӣ, Шарҳи Хутбаи ҳазрати Зайнаб (с), 1394ҳ.ш., саҳифаи шиносномаи китоб
- ↑ Ибни Ҳасан, Шарҳи Хутбаи ҳазрати Зайнаб (с), 1400ҳ.ш., саҳифаи шиносномаи китоб
Сарчашма
- Ёраҳмадӣ, Озара ва Заҳро Хайруллоҳӣ, «معارف قرآنی در خطبه حضرت زینب(س)», дар маҷаллаи Байинот, №105 ва 106, баҳор ва тобистони 1399ҳ.ш.
- Абумихнаф, Лут ибни Яҳё, Вақъат-ут-тафф, Қум, Дафтари нашри исломӣ, 1417ҳ.қ.
- Амин, Ҳасан, Партовие аз таърихи ташайюъ, тарҷума: Муҳаммадҳасани Оятуллоҳӣ, Қум, Муассисаи Доиратулмаорифи фиқҳи исломӣ, 1385ҳ.ш.
- Довудӣ, Саид ва Маҳдӣ Рустамнажод, Ошӯро: решаҳо, ангезаҳо, рӯйдодҳо, паёмадҳо, Қум, Имом Алӣ ибни Абӣ Толиб (а), таҳти назари Оятуллоҳ Мақорими Шерозӣ, 1388ҳ.ш., саҳ.596.
- Ибни Намо Ҳилӣ, Ҷаъфар ибни Муҳаммад, Масири ал-Аҳзон, Қум, Мактаби Имом Маҳдӣ (а), 1406ҳ.қ.
- Ибни Тайфур, Аҳмад ибни Абӣ Тоҳир, Балоғот-ун-нисо, Қум, аш-Шарифи Разӣ, бе таърих.
- Ибни Ҳасан, Раҷаб, Шарҳу хутбат-ис-сайидати Зайнаб (с) фи маҷлиси Язид ибни Муовияя, Қум, Мероси Мондгор, 1400ҳ.ш.
- Каримии Ҷаҳрумӣ, Алӣ, Шарҳи Хутбаи ҳазрати Зайнаб (с) дар Шом, Қум, Бӯстони китоб, 1394ҳ.ш.
- Мазинонӣ, Муҳаммадсодиқ, Нақши занон дар ҳамосаи Ошӯро, Қум, Бӯстони китоб, 1390ҳ.ш.
- Муҷоҳидӣ, Муҳаммадалӣ, Карвони шеъри Ошӯро, Қум, Замзами Ҳидоят, 1386ҳ.ш.
- Покниё, Абдулкарим, Нигоҳе ба хутбаҳои ҳазрати Зайнаб (с) дар Кӯфа ва Шом, Қум, Фарҳанги Аҳли Байт (а), 1389ҳ.ш.
- Раббонӣ Халхолӣ, Алӣ, Чеҳраи дурахшони ақилаи Банӣ Ҳошим Зайнаби Кубро (с), Қум, Мактаби Ҳусайн (а), 1387ҳ.ш.
- Ранҷбарҳусайнӣ, Муҳаммад ва Марям Исломипур, «تحلیل اقتباسهای قرآنی خطبه حضرت زینب(س) در شام», дар пажӯҳишномаи Маорифи Ҳусайнӣ, №17, баҳори 1399ҳ.ш.
- Ризоӣ, Ризо ва Муҳаддиса Долорамнажод, «تحلیل فرانقش اندیشگانی خطبه حضرت زینب(س) بر اساس دستور نقش گرای هلیدی», дар фаслномаи Лисони Мубин, №48, тобистони 1401ҳ.ш.
- Рӯшанфикр, Кубро ва Дониши Муҳаммадӣ, «تحلیل گفتمان ادبی خطبههای حضرت زینب(س)», дар маҷаллаи Мутолиоти Қуръон ва ҳадиси Сафина, №22, баҳори 1388ҳ.ш.
- Сайид ибни Тавус, Алӣ ибни Мӯсо, ал-Луҳуф ало қатла-т-туфуф, тарҷума: Аҳмади Фаҳрии Занҷонӣ, Теҳрон, Ҷаҳон, 1348ҳ.ш.
- Саровӣ, Муҳаммад, «درآمدی بر گفتمان کاوی تاریخی، مطالعۀ موردی خطبه حضرت زینب(س) در شام», дар маҷаллаи Мутолиоти таърихии Қуръон ва ҳадис, №57, баҳор ва тобистони 1394ҳ.ш.
- Саффор, Ҳасан, ал-Маръат-ул-азима, Димишқ, Доруттаохӣ, 2000м.
- Софии Гулпойгонӣ, Лутфуллоҳ, Ҳусайн (а) шаҳиди огоҳ ва раҳбари наҷотбахши Ислом, Машҳад, Муассисаи нашр ва таблиғ, 1366ҳ.ш.
- Табрасӣ, Аҳмад ибни Алӣ, ал-Иҳтиҷоҷ ало аҳл-ил-лиҷоҷ, Машҳад, Нашри Муртазо, 1403ҳ.қ.
- Фаттоли Нишобурӣ, Муҳаммад ибни Аҳмад, Роузатул Воизин ва Басира тул Мутааззин, Қум, нашриёти Разӣ, 1375ҳ.ш.
- Хонимуқаддам, Маҳйор, «چرایی تجلی قرآن در خطبههای حضرت زینب(س)، اهداف و نتایج», дар маҷаллаи Мишкот, зимистони 1394ҳ.ш.
- Хурсандӣ, Маҳмуд ва дигарон, «تحلیل بلاغی خطبه حضرت زینب(س)», дар маҷаллаи Мутолиоти адабии мутуни исломӣ, №2, тирамоҳи 1391ҳ.ш.
- Шаҳидӣ, Сайид Ҷаъфар, «اگر زینب نبود عظمت عاشورا جاودانه نمیشد», мусоҳиба дар маҷаллаи Гулистони Қуръон, №60, урдибиҳишти 1380ҳ.ш.
- Ҳайдарӣ ва дигарон, «بازخوانی جلوههای مقاومت در خطبههای حضرت زینب(س) و شعر عاشورایی», дар маҷаллаи Ковишномаи адабиёти татбиқӣ, №40, зимистони 1399ҳ.ш.
- Ҳошиминажод, Абдулкарим, Дарсе ки Ҳусайн (а) ба инсонҳо омӯхт, Машҳад, Беҳнашр, 1382ҳ.ш.
- Ҳусайнии Хоманаӣ, Сайид Алӣ, بیانات در دیدار جمعی از پیشکسوتان جهاد و شهادت و خاطرهگویان دفتر ادبیات و هنر مقاومت, дар сомонаи расмии Дафтари ҳифз ва нашри осори Оятуллоҳ Сайид Алӣ Хоманаӣ, санаи нашр: 31 шаҳривари 1384ҳ.ш., санаи боздид: 16 меҳри 1403ҳ.ш.