Хутбаи Имом Ҳусайн дар рӯзи Ошӯро
Хутбаи Имом Ҳусайн (а) дар рӯзи Ошӯро ба суханони Имом Ҳусайн (а) дар рӯзи Ошӯрои соли 61 ҳиҷрии қамарӣ ишора дорад, ки хитоб ба лашкариёни Умар ибни Саъд эрод шуд. Имом Ҳусайн (а) дар ин хутба худро муаррифӣ кард, сипас даъвати кӯфиёнро иллати омаданаш ба Ироқ баён кард ва бо ном бурдан аз бархе аз нависандагони номаҳо, ки дар лашкари Ибни Саъд буданд, даъвати ононро ёдовар шуд ва бар напазируфтани зиллат ва байъат накардан бо Язид ибни Муовия таъкид кард.
Ба гузориши Абумихнаф, таърихнигор воқеаи Карбало, нависандагони номаҳо даъвати худро инкор карданд. Ҳамчунин Шимр ибни Зилҷавшан сухани Имом Ҳусайн (а)-ро қатъ кард. Ба гуфтаи Муҳаммадҳодӣ Юсуфии Ғаравӣ ин кори Шимр барои ҷилавгирӣ аз таҳти таъсир қарор гирифтани лашкариёни Ибни Саъд анҷом шудааст.
Аҳамият ва ҷойгоҳ
Хутбаи Имом Ҳусайн (а), суханони Имоми сеюми шиаён аст, ки дар рӯзи Ошӯрои соли 61 қамарӣ дар баробари лашкариёни Умар ибни Саъд (сипоҳёни Убайдуллоҳ ибни Зиёд, волии Язид ибни Муовия дар Кӯфа, ки барои ҷанг бо Имом Ҳусайн (а) ба Карбало эъзом шуда буданд) эрод шуд. Ин суханон бо ихтилофоте дар манобеи шиа ва суннӣ нақл шудааст.[1]
Муҳтаво
Имом Ҳусайн (а) аз лашкариёни Умар Ибни Саъд хост то суханонашро бишунаванд ва дар ҷанг саросемагӣ накунанд то ононро панд диҳад. Ҳамчунин аз онон хост, ки ба ӯ фурсат диҳанд, то далели омаданашро ба Кӯфа тавзеҳ диҳад, то амр бар онҳо муштабаҳ нашавад.[2]
Ӯ дар идома ба муаррифии худ пардохт ва ба насабаш ба Имом Алӣ (а), Пайғамбар (с), Ҳамза ибни Абдулмуталлиб ва Ҷаъфар ибни Абитолиб ишора кард.[3] Ҳамчунин сухани Пайғамбар (с) дар бораи худ ва бародараш Имом Ҳасан (а) ки «ин ду сарвари ҷавонони аҳли биҳиштанд»-ро ёдовар шуд ва аз онон хост, ки агар суханонашро қабул надоранд, ба саҳобае ҳамчун Ҷобир ибни Абдуллоҳи Ансорӣ, Абусаиди Хидрӣ, Саҳл ибни Саъди Соидӣ, Зайд ибни Арқам ва Анас ибни Молик, ки ҳанӯз зинда буданд, муроҷиа намоянд.[4] Сипас бо ишора ба инки вай набераи Пайғамбар (с) аст, аз лашкариёни Ибни Саъд пурсид, оё касе аз шуморо куштаам, ё моли касеро хурдаам ва ё инки ҷароҳате бар касе ворид кардаам?[5]
Пас аз он Шабас ибни Рабъӣ, Ҳаҷҷор ибни Абҷар, Қайс ибни Ашъас ва Язид ибни Ҳорис аз нависандагони номаҳои кӯфиёнро хитоб қарор дод, ки оё шумо набудед, ки ба ман нома навиштеду маро ба Кӯфа даъват кардед?[6]
Ӯ суханонашро бо қироати ояти «إِنِّي عُذْتُ بِرَبِّي وَ رَبِّكُمْ أَنْ تَرْجُمُونِ»[7] ки ба достони ҳазрати Мӯсо (а) дар баробари лаҷоҷати фиръавниён ишора дорад ва низ ояим «...بِرَبِّي وَ رَبِّكُمْ مِنْ كُلِّ مُتَكَبِّرٍ لا يُؤْمِنُ بِيَوْمِ الْحِسابِ »[8] ба поён бурд.[9]
Вокунишҳо
Ба гузориши Абумихнаф ҳангоме, ки Имом Ҳусайн (а) аз лашкариёни Ибни Саъд хост, ки ба суханонаш гӯш диҳанд, то далели омаданаш ба Кӯфаро баён кунад, бархе аз занону кӯдакон ба гиря афтоданд. Имом Ҳусайн (а) аз ҳазрати Аббос ва Алии Акбар хост, ки ононро сокит кунанд ва ҷумлаи маъруфи «سَكِّتَاهُن فَلَعَمْرِي لَيَكْثُرَنَّ بُكَاؤُهُنَّ; сокиташон кунед ба Худо қасам, ҳанӯз гиряҳои бисёре дар пеш доранд!»-ро ҳаминҷо бар забон ҷорӣ кард.[10]
Ҳамчунин пас аз онки Имом Ҳусайн (а) аз лашкариёни Ибни Саъд хост, ки агар суханонашро қабул надоранд, ба саҳобае, ки зинда ҳастанд муроҷиа намоянд, Шимр ибни Зилҷавшан дод зад: ӯ Худоро бар як ҳарф мепарастад (киноя аз инки Худоро фақат бо забон мепарастад) ва намедонад чӣ мегӯяд? Сухани Шимр вокуниши Ҳабиб ибни Мазоҳирро дар пай дошт, ки ба ӯ гуфт, Худо бар қалбат муҳр задааст.[11] Ба гуфтаи Муҳаммадҳодӣ Юсуфии Ғаравӣ, пажӯҳишгари таърихи Ислом, қатъ кардани суханони Имом Ҳусайн (а) тавассути Шимр, барои ҷилавгирӣ аз таъсири суханони ӯ бар лашкариёни Ибни Саъд будааст.[12]
Нависандагони номаҳо даъвати худро инкор намуданд.[13] Пас аз суханони Имом Ҳусайн (а) Қайс ибни Ашъас гуфт: чаро бо писарамакат (Язид) байъат намекунӣ? Имом Ҳусайн (а) фармуд: «لا وَ اللهِ لَا أُعْطِيكُمْ بِيَدِي إِعْطَاءَ الذَّلِيلِ وَ لَا أَفِرُّ فِرَارَ الْعَبِيدِ; ба Худо қасам, дастамро ҳамчун инсонҳои залил дар дасти шумо қарор намедиҳам ва монанди бардаҳо фирор намекунам!».[14]
Матн ва тарҷумаи хутба
Матн:
أَيُّهَا النَّاسُ اسْمَعُوا قَوْلِي وَ لَا تَعْجَلُوا حَتَّى أَعِظَكُمْ بِمَا يَحِقُّ لَكُمْ عَلَيَّ وَ حَتَّى أُعْذِرَ إِلَيْكُمْ فَإِنْ أَعْطَيْتُمُونِي النَّصَفَ كُنْتُمْ بِذَلِكَ أَسْعَدَ وَ إِنْ لَمْ تُعْطُونِي النَّصَفَ مِنْ أَنْفُسِكُمْ فَأَجْمِعُوا رَأْيَكُمْ ثُمَّ لا يَكُنْ أَمْرُكُمْ عَلَيْكُمْ غُمَّةً ثُمَّ اقْضُوا إِلَيَّ وَ لا تُنْظِرُونِ إِنَّ وَلِيِّيَ اللَّهُ الَّذِي نَزَّلَ الْكِتابَ وَ هُوَ يَتَوَلَّى الصَّالِحِينَ
ثُمَّ حَمِدَ اللهَ وَ أَثْنَى عَلَيْهِ وَ ذَكَرَ اللهَ بِمَا هُوَ أَهْلُهُ وَ صَلَّى عَلَى النَّبِيِّ (ص) وَ عَلَى مَلَائِكَةِ اللهِ وَ أَنْبِيَائِهِ فَلَمْ يُسْمَعْ مُتَكَلِّمٌ قَطُّ قَبْلَهُ وَ لَا بَعْدَهُ أَبْلَغُ فِي مَنْطِقٍ مِنْهُ ثُمَّ قَالَ أَمَّا بَعْدُ فَانْسُبُونِي فَانْظُرُوا مَنْ أَنَا ثُمَّ ارْجِعُوا إِلَى أَنْفُسِكُمْ وَ عَاتِبُوهَا فَانْظُرُوا هَلْ يَصْلُحُ لَكُمْ قَتْلِي وَ انْتِهَاكُ حُرْمَتِي أَ لَسْتُ ابْنَ بِنْتِ نَبِيِّكُمْ وَ ابْنَ وَصِيِّهِ وَ ابْنِ عَمِّهِ وَ أَوَّلِ الْمُؤْمِنِينَ الْمُصَدِّقِ لِرَسُولِ اللهِ بِمَا جَاءَ بِهِ مِنْ عِنْدِ رَبِّهِ أَ وَ لَيْسَ حَمْزَةُ سَيِّدُ الشُّهَدَاءِ عَمِّي أَ وَ لَيْسَ جَعْفَرٌ الطَّيَّارُ فِي الْجَنَّةِ بِجِنَاحَيْنِ عَمِّي
أَ وَ لَمْ يَبْلُغْكُمْ مَا قَالَ رَسُولُ اللهِ لِي وَ لِأَخِي هَذَانِ سَيِّدَا شَبَابِ أَهْلِ الْجَنَّةِ فَإِنْ صَدَّقْتُمُونِي بِمَا أَقُولُ وَ هُوَ الْحَقُّ وَ اللهِ مَا تَعَمَّدْتُ كَذِباً مُنْذُ عَلِمْتُ أَنَّ اللهَ يَمْقُتُ عَلَيْهِ أَهْلَهُ وَ إِنْ كَذَّبْتُمُونِي فَإِنَّ فِيكُمْ مَنْ لَوْ سَأَلْتُمُوهُ عَنْ ذَلِكَ أَخْبَرَكُمْ سَلُوا جَابِرَ بْنَ عَبْدِ اللهِ الْأَنْصَارِيَّ وَ أَبَا سَعِيدٍ الْخُدْرِيَّ وَ سَهْلَ بْنَ سَعْدٍ السَّاعِدِيَّ وَ زَيْدَ بْنَ أَرْقَمَ وَ أَنَسَ بْنَ مَالِكٍ يُخْبِرُوكُمْ أَنَّهُمْ سَمِعُوا هَذِهِ الْمَقَالَةَ مِنْ رَسُولِ اللهِ ص لِي وَ لِأَخِي أَ مَا فِي هَذَا حَاجِزٌ لَكُمْ عَنْ سَفْكِ دَمِي
فَقَالَ لَهُ شِمْرُ بْنُ ذِي الْجَوْشَنِ هُوَ يَعْبُدُ اللهَ عَلى حَرْفٍ إِنْ كَانَ يَدْرِي مَا تَقَوَّلَ فَقَالَ لَهُ حَبِيبُ بْنُ مُظَاهِرٍ وَ اللَهِ إِنِّي لَأَرَاكَ تَعْبُدُ اللهَ عَلَى سَبْعِينَ حَرْفاً وَ أَنَا أَشْهَدُ أَنَّكَ صَادِقٌ مَا تَدْرِي مَا يَقُولُ قَدْ طَبَعَ اللهُ عَلَى قَلْبِكَ
ثُمَّ قَالَ لَهُمُ الْحُسَيْنُ ع فَإِنْ كُنْتُمْ فِي شَكٍّ مِنْ هَذَا أَ فَتَشُكُّونَ أَنِّي ابْنُ بِنْتِ نَبِيِّكُمْ فَوَ اللهِ مَا بَيْنَ الْمَشْرِقِ وَ الْمَغْرِبِ ابْنُ بِنْتِ نَبِيٍّ غَيْرِي فِيكُمْ وَ لَا فِي غَيْرِكُمْ وَيْحَكُمْ أَ تَطْلُبُونِّي بِقَتِيلٍ مِنْكُمْ قَتَلْتُهُ أَوْ مَالٍ لَكُمُ اسْتَهْلَكْتُهُ أَوْ بِقِصَاصِ جِرَاحَةٍ فَأَخَذُوا لَا يُكَلِّمُونَهُ
فَنَادَى يَا شَبَثَ بْنَ رِبْعِيٍّ يَا حَجَّارَ بْنَ أَبْجَرَ يَا قَيْسَ بْنَ الْأَشْعَثِ يَا يَزِيدَ بْنَ الْحَارِثِ أَ لَمْ تَكْتُبُوا إِلَيَّ أَنْ قَدْ أَيْنَعَتِ الثِّمَارُ وَ اخْضَرَّ الْجَنَابُ وَ إِنَّمَا تَقْدَمُ عَلَى جُنْدٍ لَكَ مُجَنَّدٍ
فَقَالَ لَهُ قَيْسُ بْنُ الْأَشْعَثِ مَا نَدْرِي مَا تَقُولُ وَ لَكِنِ انْزِلْ عَلَى حُكْمِ بَنِي عَمِّكَ فَإِنَّهُمْ لَمْ يُرُوكَ إِلَّا مَا تُحِبُّ فَقَالَ لَهُ الْحُسَيْنُ لَا وَ اللهِ لَا أُعْطِيكُمْ بِيَدِي إِعْطَاءَ الذَّلِيلِ وَ لَا أَفِرُّ فِرَارَ الْعَبِيدِ
ثُمَّ نَادَى يَا عِبَادَ اللهِ إِنِّي عُذْتُ بِرَبِّي وَ رَبِّكُمْ أَنْ تَرْجُمُونِ أَعُوذُ بِرَبِّي وَ رَبِّكُمْ مِنْ كُلِّ مُتَكَبِّرٍ لا يُؤْمِنُ بِيَوْمِ الْحِسابِ.[15]
Тарҷума:
Эй гурӯҳи мардум! Гуфтори маро шунавед ва шитоб накунед, то шуморо ба ончи ҳаққи шумо бар ман аст панд диҳам, ва узри худро бар шумо ошкор кунам. Пас, агар инсоф диҳед саодатманд хоҳед шуд ва агар инсоф надиҳед, нек бингаред, то набошад кори шумо бар шумо андӯҳе, сипас дар бораи ман ончӣ хоҳед анҷом диҳед ва муҳлатам надиҳед, ҳамоно валийи ман он Худое аст, ки Қуръонро фурӯ фиристод ва Ӯст сарпараст ва ёри мардумони шоиста!.
Сипас ҳамд ва санои Парвардигорро ба ҷо овард, ва ба ончи шоиста буд, аз Ӯ ёд кард ва бар пайғамбари Худо (с) ва Фариштагонаш ва пайғамбарон дуруд фиристод, ва аз ҳеҷ суханваре пеш аз ӯ ва на пас аз он ҳазрат, сухане балиғтару расотар аз суханони ӯ шунида нашуд, сипас фармуд: аммо баъд, пас насаб ва нажоди маро бисанҷеду бибинед ман кӣ ҳастам? сипас ба худ оеду хешро сарзаниш кунед ва бингаред, оё куштани ман ва даридани пардаи ҳурматам барои шумо сазовор аст? Оё ман писари духтари Пайғамбари шумо ва фарзанди васийи ӯ нестам, он кас ки писарамаки Расули Худо ва аввалин кас буд, ки Расули Худо (с)-ро дар ончӣ аз ҷониби Парвардигораш оварда буд тасдиқ кард? Оё Ҳамзаи сайидушшуҳадо амаки ман нест? Оё Ҷаъфар ибни Абитолиб, ки бо ду бол дар биҳишт парвоз кунад, амаки ман нест?
Оё ба шумо нарасидааст, ончи Расули Худо (с) дар бораи ману бародарам фармуд: ки ин ду сарвараони ҷавонони аҳл биҳишт ҳастанд? Пас агар тасдиқи сухани маро бикунед, ҳақ ҳамон аст, ба Худо аз рӯзе, ки донистаам Худои дурӯғгӯро душман дорад, дурӯғ нагуфтаам, ва агар ба дурӯғам нисбат диҳед пас ҳамоно дар миёни шумо касоне ҳастанд, ки агар аз онон бипурсед шуморо ба ончӣ ман гуфтам огоҳӣ диҳанд, бипурсед аз Ҷобир ибни Абдуллоҳи Ансорӣ, ва Абусаиди Хидрӣ, Саҳл ибни Саъди Соидӣ, Зайд ибни Арқам ва Анас Молик то ба шумо огоҳӣ диҳанд, ки ин гуфторро аз Пайғамбар (с) дар бораи ман ва бародарам шунидаанд, оё ин гуфтори Расули Худо (с) аз рехтани хуни ман пешгирӣ намекунад?
Шимр ибни Зилҷавшан гуфт: ӯ Худоро бар як ҳарф мепарастад (киноя аз инки Худоро фақат бо забон мепарастад) ва намедонад, ки чӣ мегӯяд. Ҳабиб ибни Мазоҳир ба ӯ гуфт: ба Худо ман туро чунин мебинам, ки бар ҳафтод ҳарф низ Худоро парастиш кунӣ, ва ман гувоҳӣ диҳам, ки ту рост мегӯӣ, ва надонӣ ӯ чӣ мегӯяд, Худо дили туро (аз пазириши сухани ҳақ) муҳр кардааст.
Сипас Ҳусайн алайҳиссалом фармуд: агар дар ин сухан ҳам тардид доред оё дар ин низ шак доред, ки ман писари духтари Пайғамбар шумо ҳастам? ба Худо дар миёни машриқу мағриб писари духтари пайғамбаре ҷуз ман нест, чӣ дар миёни шумо ва чӣ дар ғайри шумо! Вой бар шумо! Оё касе аз шуморо куштаам, ки хуни ӯро аз ман мехоҳед? ё моле аз шуморо хурдаам? ё қасоси ҷароҳатеро аз ман мехоҳед?
Пас аз он, он ҳазрат фарёд зад: эй Шабас ибни Рубъӣ, ва эй Ҳаҷҷор ибни Абҷар, ва эй Қайс ибни Ашъас, ва эй Язид ибни Ҳорис, оё шумо ба ман нанавиштед: ки меваҳо расида ва боғҳо сарсабз шудаанду ту бар лашкаре омодаи ёрият ворид хоҳӣ шуд?
Қайс ибни Ашъас гуфт: мо надонем ту чӣ мегӯӣ, вале ба ҳукми писарамат тан дар деҳ; зеро ки эшон чизе ҷуз ончи ту дӯст дорӣ дар бораи ту анҷом нахоҳанд дод!?
Ҳусайн алайҳиссалом фармуд: на ба Худо, на дасти хорӣ ба шумо хоҳам дод, ва на монанди бардагон фирор хоҳам намуд, сипас фармуд: эй бандагони Худо! ҳамоно ман ба Парвардигори худ ва Парвардигори шумо паноҳ барам аз инки озоре ба ман бирасонед, ба Парвардигори худ ва Парвардигори шумо паноҳ барам аз ҳар саркаше ки ба рузи ҷазо имон наёварад!.[16]
Хутбаи дувум
Аллома Маҷлисӣ дар Биҳорул-анвор ба нақл аз Маноқиби Ибни Шаҳрошӯб хутбаи дигаре аз Имом Ҳусайн (а) хитоб ба сипоҳи Умар ибни Саъд дар рӯзи Ошӯро нақл кардааст.[17] Сухани Имом Ҳусайн (а) ки «шумо сухани маро гӯш намедиҳед; чароки шикамҳоятон аз моли ҳаром пур шуда ва бар дилҳоятон муҳри шақоват зада шудааст» дар вокуниш ба сокит нашудани лашкариёни ибни Саъд дар баробари суханонаш дар ин хутба эрод шудааст.[18]
Ҷусторҳои вобаста
Эзоҳ
- ↑ Барои намуна нигоҳ кунед: Шайхи Муфид, ал-Иршод, 1413ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.96; Табарсӣ, Эълом-ул-варо, 1390ҳ.қ., саҳ.241; Шомӣ, ад-Дурр-ун-назим, 1420ҳ.қ., саҳ.552; Сайид ибни Товус, Луҳуф, 1348ҳ.ш., саҳ.96; Ибни Намои Ҳиллӣ, Мусир-ул-аҳзон, 1406ҳ.қ., саҳ.54; Табарӣ, Таърих-ул-умами ва-л-мулук, 1387ҳ.қ., ҷ.5, саҳ.425; Ибни Асир, ал-Комил, 1385ҳ.қ., ҷ.4, саҳ.61; Ибни Ҷавзӣ, ал-Мунтазам, 1412ҳ.қ., ҷ.5, саҳ.339; Абумихнаф, Вақъат-ут-Тафф, 1417ҳ.қ., саҳ.206.
- ↑ Шайхи Муфид, ал-Иршод, 1413ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.97.
- ↑ Шайхи Муфид, ал-Иршод, 1413ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.97.
- ↑ Шайхи Муфид, ал-Иршод, 1413ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.97.
- ↑ Шайхи Муфид, ал-Иршод, 1413ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.98.
- ↑ Шайхи Муфид, ал-Иршод, 1413ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.98.
- ↑ Сураи Духон, ояти 20.
- ↑ Сураи Мӯъмин, ояти 27.
- ↑ Шайхи Муфид, ал-Иршод, 1413ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.98.
- ↑ Абумихнаф, Вақъат-ут-Тафф, 1417ҳ.қ., саҳ.206.
- ↑ Шайхи Муфид, ал-Иршод, 1413ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.97 - 98.
- ↑ Юсуфии Ғаравӣ, Мавсуъат-ут-таърих-ил-исломӣ, 1417ҳ.қ., ҷ.6, саҳ.15.
- ↑ Абумихнаф, Вақъат-ут-Тафф, 1417ҳ.қ., саҳ.208.
- ↑ Шайхи Муфид, ал-Иршод, 1413ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.98.
- ↑ Шайхи Муфид, ал-Иршод, 1413ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.97 - 98.
- ↑ Шайхи Муфид, ал-Иршод, тарҷумаи Расулии Маҳаллотӣ, Теҳрон, ҷ.2, саҳ.100 - 101.
- ↑ Маҷлисӣ, Биҳор-ул-анвор, 1403ҳ.қ., ҷ.45, саҳ.9.
- ↑ Маҷлисӣ, Биҳор-ул-анвор, 1403ҳ.қ., ҷ.45, саҳ.9.
Сарчашма
- Абумихнаф, Лут ибни Яҳё, Вақъат-ут-Тафф, таҳқиқи Муҳаммадҳодӣ Юсуфии Ғаравӣ, Қум, муассисаи ан-Нашрул-исломӣ, чопи сеюм, 1417ҳ.қ.
- Аллома Маҷлисӣ, Муҳаммадбоқир ибни Муҳаммадтақӣ, Биҳор-ул-анвор, Бейрут, Дору эҳёилтуросилъарабӣ, 1403ҳ.қ.
- Ибни Асир, Алӣ ибни Муҳаммад, ал-Комилу фи-т-торих, Бейрут, Дорусодир - дору Бейрут, 1385ҳ.қ.
- Ибни Намои Ҳиллӣ, Ҷаъфар ибни Муҳаммад, Мусир-ул-аҳзон, Қум, мадрасаи Имом Маҳдӣ, чопи сеюм, 1406ҳ.қ.
- Ибни Ҷавзӣ, Абдурраҳмон ибни Алӣ, ал-Мунтазам фи таърих-ил-умами ва-л-мулук, таҳқиқи Муҳаммад Абдуқодир Ато ва Мустафо Абдуқодир Ато, Бейрут, Дорулкутубилъилмия, чопи аввал, 1412ҳ.қ.
- Сайид ибни Товус, Алӣ ибни Мӯсо, ал-Луҳуф ала қатла-т-Туфуф, тарҷумаи Фаҳрии Занҷонӣ, Теҳрон, интишороти ҷаҳон, чопи аввал, 1348ҳ.ш.
- Табарӣ, Муҳаммад ибни Ҷарир, Таърих-ул-умами ва-л-мулук, таҳқиқи Муҳаммад Абулфазл Иброҳим, Бейрут, Дорултурос, чопи дувум, 1387ҳ.қ.
- Табарсӣ, Фазл ибни Ҳасан, Эълом-ул-варо би аълом-ил-ҳудо, Теҳрон, исломия, чопи сеюм, 1390ҳ.қ.
- Шайхи Муфид, Муҳаммад ибни Муҳаммад, ал-Иршод фи маърифати ҳуҷаҷиллоҳ ала-л-ибод, Қум, конгресси Шайхи Муфид, чопи аввал, 1413ҳ.қ.
- Шайхи Муфид, Муҳаммад ибни Нуъмон, ал-Иршод фи маърифати ҳуҷаҷиллоҳи ала-л-ибод, тарҷумаи Сайидҳошим Расулии Маҳаллотӣ, Теҳрон, бе то.
- Шомӣ, Юсуф ибни Ҳотам, ад-Дурр-ун-назим фи маноқиб-ил-аиммат-ил-ҳоимим, Қум, Ҷомеаи мударрисин, чопи аввал, 1420ҳ.қ.
- Юсуфии Ғаравӣ, Муҳаммадҳодӣ, Мавсуъат-ут-таърих-ил-исломӣ, Қум, Маҷмаи андешаи исломӣ, 1417ҳ.қ.