Номаҳои Пайғамбар (с) ба подшоҳон
Номае, ки ба Пайғамбари Ислом - ҳазрати Муҳаммад (с), нисбат дода мешавад ва ба Муқавқис, ҳокими Миср, ирсол гардидааст; ҳоло дар Осорхонаи Қасри Топқапӣ, Истанбул нигоҳдорӣ мешавад. | |
| Замони содир шудан | Дар солҳои 6 то 10 ҳиҷрии қамарӣ |
|---|---|
| Мухотаб | Подшоҳон |
| Забон | Арабӣ |
| Мавзуъ | Даъват ба яктопарастӣ ва Ислом |
| Сарчашмаи шиа | Таърихи Яъқубӣ |
| Сарчашмаи суннӣ | Таърихи Табарӣ • ас-Сират-ун-набавия |
| Натиҷаҳо ва пайомадҳо | Вокунишҳои гуногун (тӯҳфа додан, пазируфтани Ислом, пора кардани нома) |
Номаҳои Пайғамбар ба подшоҳон (форсӣ: نامههای پیغمبر به پادشاهان) номаҳое аст, ки Пайғамбари акрам (с) ба подшоҳони сарзаминҳои мухталиф фиристод ва ононро ба пазируфтани дини Ислом даъват кард. Пайғамбар дар ин номаҳо ба бархе подшоҳон ҳушдорҳое низ дод; барои мисол, ба Ҳирқал - императори Рум, ва Хусравпарвиз - подшоҳи Эрон, тазаккур дод, ки дар баробари гуноҳони зердастонашон масъул ҳастанд. Ба ҳокимони Димишқ ва Умон эълом шуд, ки барои ҳифзи ҳукуматашон бояд Исломро бипазиранд, дар ғайри ин сурат салтанаташон нобуд хоҳад шуд. Аз подшоҳи Баҳрайн низ хоста шуд, ки дар сурати напазируфтани Ислом, ҷизя бипардозад.
Вокуниши подшоҳон гуногун буд. Наҷошӣ подшоҳи Ҳабаша мусалмон шуд, Хусравпарвиз номаро пора кард ва бархе монанди подшоҳи Баҳрайн, даъватро напазируфтанд. Замони ирсоли номаҳо дар манобеи таърихӣ гуногун зикр шудааст, аммо бештари онро дар соли шашум ва пас аз сулҳи Ҳудайбия донистаанд.
Мӯҳтавои номаҳо
«Бигӯ: эй аҳли китоб, биёед ба сухане, ки миёни мо ва шумо яксон аст: ки ибодат накунем ҷуз Худоро ва шарик қарор надиҳем ба Ӯ чизеро ва нагирад баъзе аз мо баъзеи дигарро ба ҷои Худо ба худоӣ. Пас агар рӯй гардонанд, бигӯед: гувоҳ бошед, ки мо мусалмонем [на шумо].» (Оли Имрон, 64)
Бар асоси гузоришҳои таърихӣ, Пайғамбари акрам (с) бо фиристодани номаҳое ба подшоҳони сарзаминҳои мухталиф, аз ҷумла Ҳабаша, Рум, Эрон, Миср, Димишқ ва Ямама[2] ва бино бар назари бархе муаррихон илова бар он, Умон, Баҳрайн[3] ва Яман[4] ононро ба Ислом даъват кард. Ӯ барои расондани ин номаҳо, фиристодагоне вижа ба сӯи ҳар як эъзом кард.[5]
Бар асоси гузоришҳо, мӯҳтавои аслии номаҳо, даъват ба тавҳид ва пазируфтани Ислом будааст.[6] Пайғамбар дар нома ба Наҷошӣ, подшоҳи масеҳии Ҳабаша, покдомании Марям (с)-ро ёдовар шуд[7] ва дар нома ба подшоҳи Баҳрайн, шароит ва аҳкоми мусалмон шуданро шарҳ дод.[8]
Ба гуфтаи Сайид Ҷаъфар Муртазо Омилӣ, таърихнигори шиа, дар китоби ас-Саҳеҳ мин сирaт-ин-набий-ил-аъзам, Пайғамбар қасди султа бар кишварҳоро надошт,[9] аммо дар айни ҳол ба бархе подшоҳон ҳушдорҳое дод; барои мисол, ба Ҳирқал - подшоҳи Рум[10] ва Хусравпарвиз - подшоҳи Эрон[11] тазаккур дод, ки дар баробари гуноҳони зердастонашон масъул ҳастанд. Дар нома ба подшоҳи Эрон ҳушдор дод, ки дар сурати напазируфтани Ислом, бояд барои ҷанг омода бошад.[12] Ҳамчунин ба подшоҳи Димишқ[13] ва Умон[14] эълон намуд, ки барои ҳифзи салтанат бояд Исломро бипазиранд, дар ғайри ин сурат ҳукуматашон нобуд хоҳад шуд. Аз подшоҳи Баҳрайн низ хоста шуд, ки дар сурати напазируфтани Ислом, ҷизя пардохт кунад.[15]
Вокуниши подшоҳон
Бар асоси манобеи таърихӣ, вокуниши подшоҳон ба номаҳои Пайғамбари Ислом гуногун буд; бархе аз онон монанди Наҷошӣ - подшоҳи Ҳабаша,[16] подшоҳи Баҳрайн[17] ва подшоҳи Умон[18] Исломро пазируфтанд. Наҷошӣ бо эҳтироми фаровон номаро пазируфт,[19] шаҳодатайнро хонд[20] ва тӯҳфаҳоеро, аз ҷумла Морияи Қибтияро барои Пайғамбар (с) фиристод.[21] Бо ин ҳол, ба гузориши Таърихи Табарӣ, подшоҳи Баҳрайн мусалмон нашуд, вале бо Пайғамбар (с) сулҳ кард.[22]
Дар муқобил, Хусравпарвиз, подшоҳи Эрон, аз пазируфтани Ислом худдорӣ кард ва номаи Пайғамбарро пора намуд.[23] Ба гуфтаи Сайид Ҷаъфар Муртазо Омилӣ, Наҷошии севум подшоҳи Ҳабаша низ номаи Пайғамбар (с)-ро пора кард.[24]
Подшоҳони Рум,[25] Димишқ, Миср, ва Ямама, агарчи мусалмон нашуданд, аммо бо эҳтиром посух доданд. Бархе аз онон монанди Муқавқис подшоҳи Миср тӯҳфаҳое фиристод.[26] Подшоҳи Рум низ ба азамати Пайғамбар (с) эътироф кард.[27]
Замони фиристодани номаҳо
Дар бораи замони фиристодани ин номаҳо миёни таърихнигорон ихтилофи назар вуҷуд дорад; бархе онро дар зилҳаҷҷаи соли 6 ҳиҷрӣ[28] бархе дар муҳаррами соли ҳафтуми ҳиҷрӣ[29] ва бархе дигар дар фосилаи байни сулҳи Ҳудайбия то вафоти Пайғамбар (с)[30] зикр кардаанд.
Китобшиносӣ
- Ибни Ҷавзӣ, Абдурраҳмон ибни Алӣ, Расоил ва русулу Расулиллоҳ саллаллоҳу алайҳи васаллам ила-л-мулук ва-л-ашроф, Димишқ, 1425ҳ.қ./2004
Эзоҳ
- ↑ Ибни Абишайба, ал-Мусаннаф, 1409ҳ.қ., ҷ.7, саҳ.347; Яъқубӣ, Таърихи Яъқубӣ, Дор Содир, ҷ.2, саҳ.78
- ↑ Ибни Саъд, ат-Табақот-ул-кубро, 1410ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.198-201
- ↑ Яъқубӣ, Таърихи Яъқубӣ, Дор Содир, ҷ.2, саҳ.78; Ибни Ҳишом, ас-Сирaт-ун-набавия, бетаърих, ҷ.2, саҳ.607; Ибни Қайим, Зод-ул-маод, 1415ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.122-123
- ↑ Ибни Қайим, Зод-ул-маод, 1415ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.122-123
- ↑ Табарӣ, Таърихи Табарӣ, 1387ҳ.ш., ҷ.2, саҳ.644; Ибни Ҳишом, ас-Сирaт-ун-набавия, бетаърих, ҷ.2, саҳ.607
- ↑ Аҳмадии Миёнҷӣ, Макотиб-ур-расул, 1419ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.187; Ибни Абишайба, ал-Мусаннаф, 1409ҳ.қ., ҷ.7, саҳ.347
- ↑ Ибни Ҳиббон, ас-Сиқот, 1393ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.8-9; Табарӣ, Таърихи Табарӣ, 1387ҳ.ш., ҷ.2, саҳ.652
- ↑ Табарӣ, Таърихи Табарӣ, 1387ҳ.ш., ҷ.3, саҳ.29
- ↑ Омилӣ, ас-Саҳеҳ мин сирaт-ин-набий-ил-аъзам, 1426ҳ.қ., ҷ.16, саҳ.255
- ↑ Ибни Занҷувайҳ, ал-Амвол, 1406ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.119; Абулфараҷи Исфаҳонӣ, ал-Ағонӣ, 1415ҳ.қ., ҷ.6, саҳ.525
- ↑ Табарӣ, Таърихи Табарӣ, 1387ҳ.ш., ҷ.2, саҳ.654-656; Маҷлисӣ, Биҳор-ул-анвор, 1403ҳ.қ., ҷ.20, саҳ.389
- ↑ Ибни Шаҳрошуб, Маноқиб, 1379ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.79
- ↑ Хоразмӣ, Муфид-ул-улум ва мубид-ул-ҳумум, 1418ҳ.қ., саҳ.53; Табарӣ, Таърихи Табарӣ, 1387ҳ.ш., ҷ.2, саҳ.652
- ↑ Ибни Қайим, Ҳидоят-ул-ҳаёро фи аҷвибат-ил-яҳуд ва-н-насоро, 1416ҳ.қ., саҳ.283; Ибни Сайидуннос, Уюн-ул-асар, 1414ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.335
- ↑ Табарӣ, Таърихи Табарӣ, 1387ҳ.ш., ҷ.3, саҳ.29
- ↑ Табарӣ, Таърихи Табарӣ, 1387ҳ.ш., ҷ.2, саҳ.652-653; Ибни Саъд, ат-Табақот-ул-кубро, 1410ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.198-199
- ↑ Ибни Саъд, ат-Табақот-ул-кубро, 1410ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.201
- ↑ Балозурӣ, Футуҳ-ул-булдон, 1988 м., саҳ.83; Ибни Саъд, ат-Табақот-ул-кубро, 1410ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.201
- ↑ Ибни Саъд, ат-Табақот-ул-кубро, 1410ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.198-199
- ↑ Табарӣ, Таърихи Табарӣ, 1387ҳ.ш., ҷ.2, саҳ.652-653; Ибни Саъд, ат-Табақот-ул-кубро, 1410ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.198-199
- ↑ Табарсӣ, Иълом-ул-варо, 1390ҳ.қ., саҳ.46
- ↑ Табарӣ, Таърихи Табарӣ, 1387ҳ.ш., ҷ.3, саҳ.29
- ↑ Ибни Саъд, ат-Табақот-ул-кубро, 1410ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.199
- ↑ Омилӣ, ас-Саҳеҳ мин сирaт-ин-набий-ил-аъзам, 1426ҳ.қ., ҷ.17, саҳ.59
- ↑ Табарӣ, Таърихи Табарӣ, 1387ҳ.ш., ҷ.2, саҳ.646
- ↑ Ибни Саъд, ат-Табақот-ул-кубро, 1410ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.200-201
- ↑ Ибни Абишайба, ал-Мусаннаф, 1409ҳ.қ., ҷ.7, саҳ.347
- ↑ Ибни Саъд, ат-Табақот-ул-кубро, 1410ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.198; Табарӣ, Таърихи Табарӣ, 1387ҳ.ш., ҷ.2, саҳ.644
- ↑ Ибни Қайим, Зод-ул-маод, 1415ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.120
- ↑ Табарӣ, Таърихи Табарӣ, 1387ҳ.ш., ҷ.2, саҳ.645
Сарчашма
- Абулфараҷи Исфаҳонӣ, Алӣ ибни Ҳусайн, ал-Ағонӣ, Бейрут, Дор эҳё-ит-турос-ил-арабӣ, чопи аввал, 1415ҳ.қ.
- Ибни Абишайба, Абдуллоҳ ибни Муҳаммад, ал-Мусаннаф фи-л-аҳодис ва-л-асор, таҳқиқи Камол Юсуфул Ҳут, Риёз, Мактабат-ур-рушд, 1409ҳ.қ.
- Ибни Ҳиббон, Муҳаммад ибни Ҳиббон, ас-Сиқот, таҳқиқи Ҳусайн Иброҳим Заҳрон, Бейрут, Муассисат-ул-кутуб-ис-сақофия, 1393ҳ.қ.
- Ибни Занҷувайҳ, Ҳамид ибни Мухалад, ал-Амвол, таҳқиқи Шокир Зиб Файёз, ас-Саудия, Марказ ал-Малик Файсал ли-л-буҳус ва-д-диросот-ул-исломия, чопи аввал, 1406ҳ.қ.
- Ибни Саъд, Муҳаммад ибни Саъд, ат-Табақот-ул-кубро, таҳқиқи Муҳаммад Абдулқодир Ато, Бейрут, Дор-ул-кутуб-ил-илмия, чопи аввал, 1410ҳ.қ.
- Ибни Сайидуннос, Муҳаммад ибни Сайидуннос, Уюн-ул-асар фи фунун-ил-мағозӣ ва-ш-шамоил ва-с-сияр, таълиқи Иброҳим Муҳаммад Рамазон, Бейрут, Дор-ул-қалам, чопи аввал, 1414ҳ.қ.
- Ибни Шаҳрошуб, Муҳаммад ибни Алӣ, Маноқиби Оли Абитолиб (а), Қум, Аллома, чопи аввал, 1379ҳ.қ.
- Ибни Қайим Ҷавзия, Муҳаммад ибни Абибакр, Зод-ул-маод фи ҳудо хайр-ил-ибод, таҳқиқи Шуайб Арнаут ва Абдулқодир Арнаут, Бейрут, Муассисат-ур-рисола, 1415ҳ.қ.
- Ибни Қайим Ҷавзия, Муҳаммад ибни Абибакр, Ҳидоят-ул-ҳаёро фи аҷвибат-ил-яҳуд ва-н-насоро, таҳқиқи Муҳаммад Аҳмадул Ҳоҷ, Димишқ, Дор-ул-қалам, 1416ҳ.қ.
- Ибни Ҳишом, Абдулмалик ибни Ҳишом, ас-Сирaт-ун-набавия, таҳқиқи Мустафо Сақо ва Иброҳим Абиёрӣ ва Абдулҳафиз Шалабӣ, Бейрут, Дор-ул-маърифа, бетаърих.
- Аҳмадии Миёнҷӣ, Алӣ, Макотиб-ур-расул саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи, Қум, Дор-ул-ҳадис, чопи аввал, 1419ҳ.қ.
- Балозурӣ, Аҳмад ибни Яҳё, Футуҳ-ул-булдон, Бейрут, Дор ва мактабат-ул-ҳилол, 1988 м.
- Хоразмӣ, Муҳаммад ибни Аббос, Муфид-ул-улум ва мубид-ул-ҳумум, таҳқиқи Абдуллоҳ ибни Иброҳим Ансорӣ, Бейрут, Мактабат-ул-асрия, 1418ҳ.қ.
- Табарсӣ, Фазл ибни Ҳасан, Иълом-ул-варо би аълом-ил-ҳудо, Теҳрон, Исломия, чопи севум, 1390ҳ.қ.
- Табарӣ, Муҳаммад ибни Ҷарир, Таърихи Табарӣ: Таърих-ул-умам ва-л-мулук, таҳқиқи Муҳаммад Абулфазл Иброҳим, Бейрут, Дор-ут-турос, чопи дувум, 1387ҳ.ш.
- Омилӣ, Сайид Ҷаъфар Муртазоъ, ас-Саҳеҳ мин сирaт-ин-набий-ил-аъзам, Қум, Дор-ул-ҳадис, чопи аввал, 1426ҳ.қ.
- Маҷлисӣ, Муҳаммадбоқир, Биҳор-ул-анвор, тасҳеҳи ҷамъи аз муҳаққиқон, Бейрут, Дор эҳё-ит-турос-ил-арабӣ, чопи дувум, 1403ҳ.қ.
- Яъқубӣ, Аҳмад ибни Абияъқуб, Таърихи Яъқубӣ, Бейрут, Дор Содир, бетаърих.