Jump to content

Олами зар

Аз wikishia

Олами зар (форсӣ: عالم ذر) яке аз назарияҳо дар бораи мақоми паймони Илоҳӣ аст, ки бар асоси он Худо инсонҳоро пеш аз ҳаёти дунявӣ ба сурати зарра офарида, бо онҳо дар бораи рубубияти худ паймон бастааст. Дар миёни донишмандони динӣ дар бораи воқеияти олами зар ихтилофи назар вуҷуд дорад; бархе онро мусаллам ва ғайри қобили инкор медонанд ва бархе онро амре ғайри қобили қабул мешуморанд.

Олами зар ба ин далел мавриди таваҷҷуҳи уламои динӣ қарор гирифтааст, ки тафовутҳое дар офариниш миёни инсонҳо вуҷуд дорад ва бар асоси ин тафовутҳо ишколоте бар адли Илоҳӣ мешавад. Бар пояи назарияи олами зар, агар шахсе дар хонаводаи нобоб, шароити бад ва вижагиҳои номатлубе дар дунё қарор гирифта бошад, натиҷаи имтиҳони худи ӯ дар олами зар будааст. Шахсони нек низ чун зудтар ва беҳтар аз дигарон ба рубубияти Худо гувоҳӣ додаанд, дар ин дунё дар вазъияти беҳтаре қарор дода шудаанд.

Мувофиқони олами зар, барои исботи он, ба Қуръон, ривоятҳои мутааддид ва истидлолҳои ақлӣ истинод мекунанд. Мухолифон низ оятҳои Қуръон, заъфи санадӣ ва муҳтавои ривоятҳо ва тазодди вуҷуди олами зар бо ақлро аз далелҳои худ бар радди ин назария баён мекунанд. Дар заминаи мақоми паймони Илоҳӣ, назарияҳои ҷойгузине ҳам барои олами зар вуҷуд дорад. Масалан, бархе мегӯянд, манзур аз шаҳодати инсонҳо ба рубубияти Худованд, фитрати Илоҳии инсон аст, ки вуҷуди Худоро тасдиқ мекунад. Бархе аз олами малакут сухан гуфтаанд, ки дар он ҷо инсон бо илми ҳузурӣ Худоро дарк мекунад. Тибқи дидгоҳи ҷамъе аз уламо низ паймони Илоҳӣ ҳамон огоҳии дарунии ношӣ аз ақли инсон аст.

Аҳамият ва мафҳумшиносӣ

Олами зар яке аз назарияҳоест, ки дар робита бо маҳалли гирифтани паймони Худованд матраҳ шудааст.[1] Бинобар ин назария, Худованд дар олами зар барои ҳар инсон, бадани бисёр кучак (заррӣ) офарид ва рӯҳи ӯро ба он бадан пайванд дод. Ин баданҳо, ки аз пеш барои ҳар шухс муқаррар шуда буданд, аз хок ба шакли гил сохта шуданд ва дар ҳамон олам, ба сурати воқеӣ вуҷуд ёфтанд. Бо пайвастани рӯҳ ба ин баданҳои ниҳоят хурд, ки аз сулби Одам берун кашида шуда буданд, офариниши инсон комил гардид.[2] Тибқи ин дидгоҳ, дар олами зар, инсон тааҳҳуди худро ба Худованд нишон дод ва ба ин бовар расид, ки ҳеч маъбуде ҷуз Ӯ нест.[3] Бар асоси ривоятҳое, ки дар ин робита нақл шудааст, Худованд аз инсонҳои заррӣ пурсид: «Оё Ман Парвардигори шумо нестам?» ва ҳама посух доданд: «Бале, Ту Парвардигори моӣ.» Пас аз ин гуфтугӯ, ҳама дубора ба вуҷуди Одам бозгардонида шуданд.[4]

Дар масъалаи пазируфтани ё напазируфтани олами зар ҳамчун марҳилае аз ҳаёти инсон пеш аз ҳаёти дунявӣ миёни донишмандони дин ихтилоф вуҷуд дорад. Бархе ин оламро пазируфта ва онро аз мусалламоти динӣ ва ғайри қобили инкор донистаанд.[5] Гурӯҳе низ вуҷуди чунин оламро мардуд ва ғайри қобили қабул[6] унвон кардаанд. Бархе аз уламо низ бар ин боваранд, ки асли вуҷуди чунин олам барои паймони Илоҳӣ зарурӣ аст; дар айни ҳол дар бораи ҷузъиёти он наметавонем изҳори назар кунем.[7]

«Зар» будани номи ин олам

Гуфта шудааст, азбаски ин баданҳо бисёр хурд буданд ба онҳо «зарра» гуфта шудааст ва ба ҳамин далел, фарзандони Одамро ҳам «зуррият» номидаанд.[8] Дар муқобили ин назар, Аллома Таботабоӣ муътақид аст ташбеҳи инсонҳо ба зарраҳо, ба далели зиёд будани теъдоди инсонҳо (монанди зиёди мӯрчаҳо) дар олами зар будааст, на кучакии ҷисмашон. Ҳамин ташбеҳ дар ривоятҳо боис шудааст то ба он, олами зар гуфта шавад.[9]

Посух ба масъалаи адли Илоҳӣ ва тафовутҳо дар офариниш

Масъалаи олами зар ҳамчун яке аз посухҳо ба савол аз иллати тафовути ҳолати инсонҳо дар офариниши дунё матраҳ шудааст. Бар асоси ин тавзеҳ, ҳолати инсон дар дунё вобаста ба интихобҳои ӯ ва имтиҳоне аст, ки дар олами зар доштааст. Аз ин ҷиҳат, анбиё ва авлиё ба далели он ки дар он олам, зудтар ва беҳтар аз ҳамаи инсонҳо шаҳодат ба рубубияти Худованд додаанд, аз мақоми болотаре дар дунё баҳраманд шудаанд.[10] Ба ҳамин шакл, агар шахсе дар хонаводаи нобоб, шароити бад ва вижагиҳои номатлубе дар дунё қарор гирифта бошад, натиҷаи имтиҳони худи ӯ дар олами зар будааст.[11]

Оламҳои зар, азлол ва арвоҳ

Илова бар олами зар, дар ривоятҳо ба олами арвоҳ ва олами азлол пеш аз олами дунё ишора шудааст. Бархе аз соҳибназарон, ҳамаи ин таъбирҳоро марбут ба як олам донистаанд.[12] Бархе сухан аз вуҷуди ду олами арвоҳ ва олами зар ба миён оварда ва олами азлолро ҳамон олами арвоҳ донистаанд.[13] Дидгоҳи сеюм низ ин аст, ки оламҳои арвоҳ, азлол ва зар, ҳар кадом, ба сурати ҷудогонаанд.[14]

Олами зар ё оламҳои зар?

Дар бархе ривоятҳои марбут ба олами зар[15] таъбири «зари аввал» ба кор рафтааст. Ҳамин масъала боис шудааст, ки бархе уламо аз вуҷуди оламҳои зари гуногун сухан бигӯянд.[16] Бар асоси таҳлиле аз ривоятҳо, гуфта шудааст, ки ду олами зар вуҷуд доштааст: яке пеш аз офариниши Одам, ки ҳамаи инсонҳо ба сурати зар, аз гил офарида ва бо онҳо аҳд баста шуд. Дуюмӣ пас аз нузули Одам ба замин, ки насли ӯ аз пушташ берун кашида шуд ва бори дигар бо онҳо дар бораи тавҳид ва вилоят паймон гирифта шуд.[17]

Далелҳои мувофиқони олами зар

Гурӯҳе аз андешамандон бар ин боваранд, ки олами зар яке аз оламҳое аст, ки инсон пеш аз таваллуд дар дунё сипарӣ кардааст. Ин гурӯҳ бар ин масъала истидлол мекунанд, ки оятҳо ва ривоятҳо ба сароҳат далолат бар вуҷуди чунин олам доранд. Вуҷуди чунин олам ғайри қобили инкор бо ақл нест.[18] Дар натиҷа бояд маънои зоҳирии оятҳо ва ривоятҳоро пазируфт ва бор кардани маънои дигар бар онҳо дуруст нест.[19] Аз ҷумла мувофиқони олами зар дар миёни уламои шиа Шайх Садуқ (ваф.381ҳ.қ.),[20] Муҳаммадамини Истарободӣ (ваф.1036ҳ.қ.),[21] Муҳаммадсолеҳи Мозандаронӣ (ваф.1081ҳ.қ.),[22] Шарифи Лоҳиҷӣ (ваф.1088 то 1091ҳ.қ.),[23] Шайх Ҳурри Омилӣ (ваф.1104ҳ.қ.),[24] Муҳаммадбоқири Маҷлисӣ (ваф.1110ҳ.қ.),[25] Мурод ибни Алии Тафришӣ (зинда то 1110ҳ.қ.),[26] Сайид Алихони Шерозӣ (ваф.1120ҳ.қ.),[27] Сайид Неъматуллоҳ Ҷазоирӣ (ваф.1112ҳ.қ.),[28] Ҳабибуллоҳ Хӯӣ (ваф.1324ҳ.қ.)[29] ва Абдулҳусайни Аминӣ (ваф.1390ҳ.қ.)[30] ҳастанд.

Далел аз Қуръон

Абдулҳусайни Аминӣ 19 оятро дар далелҳои марбут ба олами зар зикр кардааст.[31] Аз ҷумла оятҳое, ки уламо барои исботи олами зар истинод кардаанд, инҳоянд:

  • Ояти 172 сураи Аъроф ишора дорад ба ин ки Худо аз пушти фарзандони Одам зуррияи онҳоро баргирифт ва онҳо ба рубубияти Худо иқрор карданд.[32] Шарифи Лоҳиҷӣ муътақид аст: зоҳири оят, ки мефармояд Худованд зуррияи фарзандони Одамро аз пушти худи онҳо берун овард, бо ривоятҳое, ки мегӯянд ҳамаи фарзандони Одам то қиёмат аз пушти худи ӯ хориҷ шуданд, носозгор нест; зеро дар воқеъ берун омадани наслҳо аз наслҳои қаблӣ, ба маънои хуруҷи ҳама аз пушти Одам аст.[33]
  • Оятҳое, ки фитрӣ будани маърифати Худовандро баён мекунанд, ҳамчун шоҳид барои олами зар матраҳ шудаанд.[34]
  • Ояти аввал сураи Инсон нишон медиҳад, ки инсон замонеро пеш аз дунё гузаронидааст.[35] Ин масъала метавонад ишора ба олами зар бошад.[36]
  • Оятҳои 101 сураи Аъроф ва 74 сураи Юнус баён мекунанд касоне, ки пеш аз ин ба ҳақ имон наоварда буданд, дигар ба он имон намеоваранд. Гуфта шудааст, имон наовардани собиқ, марбут ба олами зар аст.[37]
  • Оятҳои 60 ва 61 сураи Ёсин баёнгари онанд, ки аҳде пешин аз ҷониби Худованд дар хусуси итоат накардан аз Шайтон ва зарурати бандагии Худованд вуҷуд доштааст.[38]

Истидлол ба ривоятҳо

Шайх Ҳурри Омилӣ муътақид аст, ки ривоятҳои олами зар аз ҳадди тавотур фаротар аст ва ишколҳои бархе аз мутакаллимон ба он, ба ҳадде заиф аст, ки ҳатто кӯдакон низ аз посухи онҳо нотавон нестанд.[39] Сайид Неъматуллоҳи Ҷазоирӣ аз уламои ахбории шиа ривоятҳои марбут ба олами зарро беш аз 500 маврид медонад, ки дар миёни онҳо аҳодиси саҳеҳ ва ҳасан ва мувассақ вуҷуд дорад. Ӯ таъвили ин ривоятҳо аз ҷониби шахсоне ҳамчун Шайх Муфид, Сайид Муртазо ва Аминулислом Табрасиро мояи тааҷҷуб донистааст.[40] Ҳабибуллоҳ Хӯӣ бар он аст, ки инкори асли олами зар ва маҳол донистани он бар асоси далелҳои ақлии матраҳшуда, бебунёд аст; зеро чунин далелҳо дар баробари ривоятҳои фаровон ва мутавотире, ки бар вуҷуди ин олам далолат доранд, арзиши чандоне надорад. Афзун бар ин, бисёре аз ривоятҳо, ояти паймонро ба олами зар тафсир кардаанд.[41] Аминӣ ровиёни 40 ҳадис аз аҳодиси вабаста ба мавзуи олами зарро баррасӣ ва онҳоро сиқа донистааст.[42]

Ривоятҳои марбут ба олами зар, абъоди гуногуне доранд. Бархе ба дарки қалбӣ ва шӯҳудии бандагон аз рубубияти Худо дар он олам ишора доранд ва онро пешшарти маърифат дар дунё медонанд.[43] Гурӯҳе ба хуруҷи зуррияи Одам ба сурати зарраҳои рез аз пушти ӯ ва гирифтани паймон дар он ҳолат таъкид доранд.[44] Гурӯҳе бар фаромӯшии маҳалли гирифтани паймон далолат доранд ва ин ки рӯзе ҳамаи одамон он маҳалро ба ёд меоранд.[45] Ҳамчунин, бархе ривоятҳо онро бо фитрат[46] ё тинат[47] яке гирифтаанд. Дар канори рубубият, дар ин ривоятҳо ба рисолати Пайғамбар (с) ва вилояти Аҳли Байт (а) низ таъкид шудааст[48] ва ҳатто паймони пайғамбарон барои ёрии Имом Маҳдӣ (аҷ) низ матраҳ шудааст.[49]

Далели ақлӣ

Абдулҳусайни Аминӣ аз имкони расидан ба шинохти Худованд дар дунё, зарурати олами зар ва олами арвоҳро натиҷа мегирад. Ӯ бар ин бовар аст, ки агар инсон пештар олами зар ва арвоҳро таҷриба накарда буд, дар ин дунё имкони шинохти Худо барояш фароҳам намешуд; зеро ҳиҷобҳои моддӣ монеи шуҳуди малакут ҳастанд.[50] Таботабоӣ дар радди ин истидлол мегӯяд, агар шинохти Худо ниёзманду вобаста олами зар буд, чаро Одам ва Ҳавво аз ин қоида истисно шуданд? Ва агар бидуни он ба маърифат расиданд, фарзандонашон низ метавонистанд дар замони таваллуд, ба он даст ёбанд. Пас чӣ ниёзе ба олами зар аст?![51]

Истидлолҳои мухолифон

Мухолифони вуҷуди олами зар бар ин боваранд, ки бо таваҷҷуҳ ба далелҳои мухталиф наметавон оятҳо ва ривоятҳоро ба маъное, ки мувофиқон мегӯянд, пазируфт. Бархе аз мухолифони олами зар дар миёни уламои шиа иборатанд аз: Шайх Муфид (ваф.413ҳ.қ.),[52] Сайид Муртазо (ваф.436ҳ.қ.),[53] Шайх Тӯсӣ (ваф.460ҳ.қ.),[54] Табрасӣ (ваф.548ҳ.қ.),[55] Файзи Кошонӣ (ваф.1091ҳ.қ.),[56] Сайид Абдулҳусайни Шарафуддин (ваф.1377ҳ.қ.),[57] Сайид Муҳаммадҳусайн Таботабоӣ (ваф.1402ҳ.қ.),[58] Сайид Абдулаъло Сабзаворӣ (ваф.1414ҳ.қ.),[59] Носир Макорими Шерозӣ (зода: 1305ҳ.ш.)[60] ва Абдуллоҳ Ҷаводии Омулӣ (зода: 1312ҳ.ш.).[61]

Хилофи маънои зоҳирии ояти мисоқ будани олами зар

Тибқи таҳлиле, ки мухолифони олами зар ироа мекунанд, ояти мисоқ, назарияи олами зарро рад мекунад. Зеро дар ин оят наомадааст Худо аз пушти ҳазрати Одам зуррияи ӯро хориҷ кард; балки ишора шудааст, ки аз пуштҳои фарзандони Одам фарзандони онҳоро хориҷ кард. Сипас Худованд тавзеҳ додааст, ки ҳадаф аз ин кор он буд, ки инсонҳо дар рӯзи қиёмат нагӯянд: «Мо аз ин мавзуъ бехабар будем» ё баҳона биёваранд, ки чун падарони мо мушрик буданд, мо низ ба дину оини онҳо пойбанд шудем. Ин таъбир нишон медиҳад, ки оят марбут ба тамоми фарзандони Одам нест; балки танҳо шомили касоне аст, ки падаронашон мушрик буданд.[62]

Ба ақидаи мухолифон, далеле, ки дар охири оят барои вуҷуди аҳд баён шудааст, бо пазируфтани олами зар созгор нест; зеро оят фоидаи аҳдро ин гуна баён мекунад, ки рӯзи қиёмат ин афрод ба далели вуҷуди ин аҳд наметавонанд бигӯянд, ки мо аз ҳақ ғофил будем; дар сурате ки агар аҳд марбут ба олами зар бошад, ҳеч яке аз уқало онро дар дунё ба хотир намеоваранд то итмоми ҳуҷҷате бар онҳо бошад.[63]

Баррасии ривоятҳои олами зар

Мухолифони вуҷуди олами зар бар ин боваранд, ки ривоятҳои дар бораи ин олам саҳеҳуссанад нестанд ва ҳуҷҷият надоранд.[64] Тибқи таҳлили муҳаққиқони Тафсири намуна, дар манобеи шиа ва аҳли суннат, ривоятҳои гуногуне дар бораи олами зар нақл шудааст, ки дар нигоҳи аввал, мутавотир ба назар мерасанд; аммо бо баррасии дақиқи аснод ва дастабандии ровиён мушаххас мешавад, бисёре аз ин ривоятҳо такрорӣ ҳастанд ва аз ровиёни муштарак нақл шудаанд. Бинобар ин шумори воқеии онҳо камтар аз чизест, ки ибтидо ба назар мерасад. Афзун бар ин, аз назари муҳтаво низ миёни ривоятҳо ихтилофи зиёде вуҷуд дорад; бархе бо вуҷуди олами зар ва бархе бо тафсирҳои муқобили он созгоранд. Бисёре аз ин ривоятҳо низ санади мустаҳкам надоранд. Дар натиҷа наметавон бо итминон ба онҳо истинод кард.[65] Тибқи таҳлили Ҷаводии Омулӣ муфассири шиа, вуҷуди ривоятҳои саҳеҳуссанад дар миёни аҳодиси олами зар далеле бар пазируфтани он нест; зеро ривоятҳо бояд бо муҳтавои умумии Қуръон, суннати маъсумон ва бурҳони ақлӣ созгор бошанд; дар сурате ки зоҳири бархе аз ин ривоятҳо чунин нест.[66]

Далелҳои ақлӣ

Мухолифон, барои радди назарияи олами зар, ба ироаи истидлолҳои ақлӣ низ пардохтаанд:

  • Бар асоси таҳлиле, пазируфтани олами зар ба маънои пазируфтани таносух аст; чаро ки бар асоси ин бовар, рӯҳ ба бадани заррӣ тааллуқ гирифта ва сипас бо бадани дунявӣ марбут мешавад.[67] Дар посух ба ин ишкол гуфта шудааст, ки рӯҳ бо бадани заррӣ ҳамроҳ аст ва дар тамоми марҳилаҳо то таваллуд дар дунё рушд мекунад ва бадани нав офарида намешавад. Бинобар ин, ин раванд ҳеч гоҳ намунаи таносух нест.[68]
  • Иқрор гирифтан ва таклифу имтиҳон ҳангоме маъно дорад, ки мукаллаф дорои ақл бошад. Агар инсонҳо дар олами зар ақл доштаанд, маъно надорад, ки ҳамаи онҳо ин оламро фаромӯш карда бошанд.[69]
  • Дар ин дунё кӯдакон таклиф надоранд ва мавриди имтиҳон қарор намегиранд; пас чӣ гуна метавон тасаввур кард, ки инсонҳо бо бадани заррӣ имтиҳон шаванд?[70] Сайид ибни Товус (ваф.664ҳ.қ.) дар посух ба ин ишкол муътақид аст, ки имкон дорад зарраҳое, ки аз пушти фарзандони Одам хориҷ шуданд, пеш аз он, барои ҳар яке аз онҳо ақл ва рӯҳе офарида шуда бошад; ҳамон тавр ки гуфта мешавад дар қиёмат, инсонҳои мутакаббир ба сурати зарра маҳшур мешаванд.[71]
  • Тибқи таҳлиле, ки Аллома Таботабоӣ аз раванди шинохти тасдиқи(илми ҳусулӣ)-и инсон дорад, шинохтҳое монанди тасдиқ ба рубубияти Худованд, пас аз таҳаввулоти дарунии инсон ва бар пояи таҷрибаҳои ҳиссии зоҳирӣ ва ботинӣ ба даст меоянд. Дар натиҷа, ин ҳавос вобаста ба бадани моддӣ ҳастанд ва танҳо дар чорчӯби зиндагии дунявӣ ва ҷисмонӣ шакл мегиранд.[72]

Назарияҳои дигар дар бораи ҷойгоҳи мисоқ

Илова бар назарияе, ки олами зарро маҳалли паймони Илоҳӣ медонад, дидгоҳҳои дигаре дар ин робита матраҳ шудааст: дидгоҳи ақл, паймонро огоҳии дарунии ношӣ аз тааққул медонад.[73] Дидгоҳи ваҳй, онро аҳде баргирифта аз паёми анбиё муаррифӣ мекунад.[74] Дидгоҳи тамсил, оятро тасвири тахайюлӣ барои нишон додани ҳуҷҷати ақлонӣ медонад.[75] Сайид Ҳайдари Омулӣ (зинда то 787ҳ.қ.) ва Шайх Баҳоӣ (ваф.1031ҳ.қ.) низ онро марбут ба олами арвоҳ донистаанд, ки пеш аз офариниши бадани инсон аст.[76] Гурӯҳе паймонро дар ҳама маротиби вуҷуди инсон ҷорӣ медонанд.[77] Муллосадро (ваф.1050ҳ.қ.) паймонро марбут ба мартибаи ақлӣ ва мусули афлотунӣ тафсир мекунад.[78] Аллома Таботабоӣ бар ин бовар аст, ки инсон пеш аз вуруд ба дунё, вуҷуде дар оламе дигар назди Худованд доштааст. Дар олами малакут, инсон бевосита Худоро шуҳуд мекунад ва ба ягонагии Ӯ огоҳ аст. Ин шинохт ҳузурист, на ҳосили истидлол.[79] Дидгоҳи фитрат низ, ки тавассути Сайид Муртазо ва Абдуллоҳ Ҷаводии Омулӣ матраҳ шуда, бар он аст, ки инсон дар зоти офариниши худ, Худоро мешиносад ва ба Ӯ иқрор дорад.[80]

Ҷусторҳои вобаста

Эзоҳ

  1. Ҷаводии Омулӣ, Тасним: Тафсири Қуръони карим, 1392ҳ.ш., ҷ.31, саҳ.74
  2. Биёбонии Ускуӣ, Мақоми олами зар ва арвоҳ дар фитрати тавҳидии инсон, 1394ҳ.ш., саҳ.433
  3. Садриниё, Олами зар, 1388ҳ.ш., саҳ.49
  4. Барои намуна ниг.: Кулайнӣ, ал-Кофӣ, 1407ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.6–13; Ибни Абиҳотам, Тафсир-ул-Қуръон-ил-азим, 1419ҳ.қ., ҷ.5, саҳ.1612–1613
  5. Барои намуна ниг.: Шайх Ҳурри Омилӣ, ал-Фусул-ул-муҳимма фи усул-ил-аимма, 1418ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.425; Ҷазоирӣ, Нур-ул-бароҳин, 1417ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.184–185
  6. Барои намуна ниг.: Шайх Муфид, ал-Масоил-ус-саравия, 1413ҳ.қ., саҳ.46; Таботабоӣ, ал-Мизон фи тафсир-ил-Қуръон, 1393ҳ.қ., ҷ.8, саҳ.315–316
  7. Барои намуна ниг.: Хӯӣ, Сирот-ун-наҷот фи аҷвибат-ил-истифтоот, 1416ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.469; Мисбоҳи Яздӣ, Маорифи Қуръон (1–3), 1386ҳ.ш., саҳ.48
  8. Биёбонии Ускуӣ, Мақоми олами зар ва арвоҳ дар фитрати тавҳидии инсон, 1394ҳ.ш., саҳ.433
  9. Таботабоӣ, ал-Мизон фи тафсир-ил-Қуръон, 1393ҳ.қ., ҷ.8, саҳ.324
  10. Кулайнӣ, ал-Кофӣ, 1407ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.441; Мозандаронӣ, Шарҳ-ул-кофӣ (ал-усул ва-р-равза), 1382ҳ.қ., ҷ.8, саҳ.17–19
  11. Акбарӣ, Олами зар: оғози шигифтангези зиндагии инсон, 1387ҳ.ш., саҳ.141–151
  12. Барои намуна ниг.: Омулӣ, Тафсир-ул-муҳит-ил-аъзам, 1428ҳ.қ., ҷ.4, саҳ.259–260 ва ҷ.5, саҳ.361–362; Шайх Баҳоӣ, ал-Арбаъун ҳадисан, 1431ҳ.қ., саҳ.78
  13. Барои намуна ниг.: Астарободӣ, ал-Ҳошия ало усул-ил-кофӣ, 1430ҳ.қ., саҳ.177; Кабир Маданӣ Шерозӣ, Риёз-ус-соликин фи шарҳи саҳифати Сайид-ис-соҷидин, 1409ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.304
  14. Аминӣ, ал-Мақосид-ул-алия фи-л-матолиб-ис-сания, 1434ҳ.қ., саҳ.136
  15. Барои намуна ниг.: Қумӣ, Тафсир-ул-Қумӣ, 1404ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.340; Саффор, Басоир-уд-дараҷот фи фазоили Оли Муҳаммад (с), 1404ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.85; Нуъмонӣ, ал-Ғайба, 1397ҳ.қ., саҳ.189
  16. Барои намуна ниг.: Мозандаронӣ, Шарҳ-ул-кофӣ (ал-усул ва-р-равза), 1382ҳ.қ., ҷ.8, саҳ.13
  17. Биёбонии Ускуӣ, Мақоми олами зар ва арвоҳ дар фитрати тавҳидии инсон, 1394ҳ.ш., саҳ.434
  18. Биёбонии Ускуӣ, Мақоми олами зар ва арвоҳ дар фитрати тавҳидии инсон, 1394ҳ.ш., саҳ.442
  19. Биёбонии Ускуӣ, Мақоми олами зар ва арвоҳ дар фитрати тавҳидии инсон, 1394ҳ.ш., саҳ.516
  20. Шайх Садуқ, ал-Ҳидоя, 1418ҳ.қ., саҳ.24–25
  21. Астарободӣ, ал-Ҳошия ало усул-ил-кофӣ, 1430ҳ.қ., саҳ.177
  22. Мозандаронӣ, Шарҳ-ул-кофӣ (ал-усул ва-р-равза), 1382ҳ.қ., ҷ.7, саҳ.121 ва саҳ.124 ва саҳ.128 ва ҷ.8, саҳ.38
  23. Шариф Лоҳиҷӣ, Тафсири Шариф Лоҳиҷӣ, 1373ҳ.ш., ҷ.2, саҳ.123–127
  24. Шайх Ҳурри Омилӣ, ал-Фусул-ул-муҳимма фи усул-ил-аимма, 1418ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.425
  25. Маҷлисӣ, Биҳор-ул-анвор, 1403ҳ.қ., ҷ.5, саҳ.257; Маҷлисӣ, Миръот-ул-уқул фи шарҳи ахбори ол-ир-расул, 1404ҳ.қ., ҷ.5, саҳ.16–161
  26. Тафришӣ, Ҳошия бар ман ло яҳзуруҳу-л-фақеҳ, ба нақл аз: Хоҷавӣ, Ҷомеъ-уш-шатот, 1418ҳ.қ., саҳ.68
  27. Кабир Маданӣ Шерозӣ, Риёз-ус-соликин фи шарҳи саҳифати Сайид-ис-соҷидин, 1409ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.304
  28. Ҷазоирӣ, Нур-ул-бароҳин, 1417ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.184–185
  29. Ҳошимӣ Хӯӣ, Минҳоҷ-ул-бароа фи шарҳи Наҳҷ-ил-балоға, 1400ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.147
  30. Аминӣ, ал-Мақосид-ул-алия фи-л-матолиб-ис-сания, 1434ҳ.қ., саҳ.136–138
  31. Аминӣ, ал-Мақосид-ул-алия фи-л-матолиб-ис-сания, 1434ҳ.қ., саҳ.196–234
  32. Барои намуна ниг.: Балхӣ, Тафсири Муқотил ибни Сулаймон, 1423ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.72–73; Маҷлисӣ, Миръот-ул-уқул фи шарҳи ахбори ол-ир-расул, 1363ҳ.ш., ҷ.7, саҳ.36–37; Ҷазоирӣ, ал-Анвор-ун-нуъмония, 1429ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.201
  33. Шариф Лоҳиҷӣ, Тафсири Шариф Лоҳиҷӣ, 1373ҳ.ш., ҷ.2, саҳ.123
  34. Биёбонии Ускуӣ, Мақоми олами зар ва арвоҳ дар фитрати тавҳидии инсон, 1394ҳ.ш., саҳ.442
  35. Маликӣ Миёнҷӣ, Тавҳиди имомия, 1415ҳ.қ., саҳ.125
  36. Биёбонии Ускуӣ, Мақоми олами зар ва арвоҳ дар фитрати тавҳидии инсон, 1394ҳ.ш., саҳ.445
  37. Раштӣ, Усул ал-ақоид, 1430ҳ.қ., саҳ.62; Муҳаммадӣ Райшаҳрӣ, Мавсуъат-ул-ақоид-ил-исломия фи-л-китоб ва-с-сунна, 1429ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.58
  38. Тайиб, Атяб-ул-баён фи тафсир-ил-Қуръон, 1378ҳ.ш., ҷ.12, саҳ.422
  39. Шайх Ҳурри Омилӣ, ал-Фусул-ул-муҳимма фи усул-ил-аимма, 1418ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.425
  40. Ҷазоирӣ, Нур-ул-бароҳин, 1417ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.184–185
  41. Ҳошимӣ Хӯӣ, Минҳоҷ-ул-бароа фи шарҳи Наҳҷ-ил-балоға, 1400ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.147
  42. Аминӣ, ал-Мақосид-ул-алия фи-л-матолиб-ис-сания, 1434ҳ.қ., саҳ.270–289
  43. Аёшӣ, Тафсир-ул-Аёшӣ, 1380ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.39–40; Барқӣ, ал-Маҳосин, 1371ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.241; Саффор, Басоир-уд-дараҷот, 1404ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.71–72; Шайх Садуқ, ат-Тавҳид, 1398ҳ.қ., саҳ.330; Шайх Садуқ, Илал-уш-шароеъ, 1385ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.118
  44. Барои намуна ниг.: Кулайнӣ, ал-Кофӣ, 1407ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.13
  45. Барои намуна ниг.: Шайх Садуқ, Илал-уш-шароеъ, 1385ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.118
  46. Барои намуна ниг.: Кулайнӣ, ал-Кофӣ, 1407ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.12
  47. Барои намуна ниг.: Кулайнӣ, ал-Кофӣ, 1407ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.6–7
  48. Барои намуна ниг.: Кулайнӣ, ал-Кофӣ, 1407ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.133
  49. Барои намуна ниг.: Кулайнӣ, ал-Кофӣ, 1407ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.12
  50. Аминӣ, ал-Мақосид-ул-алия фи-л-матолиб-ис-сания, 1434ҳ.қ., саҳ.136–138
  51. Таботабоӣ, ал-Мизон фи тафсир-ил-Қуръон, 1393ҳ.қ., ҷ.8, саҳ.317–318
  52. Шайх Муфид, ал-Масоил-ус-саравия, 1413ҳ.қ., саҳ.46
  53. Сайид Муртазо, Тафсир-уш-шариф ал-Муртазо, 1431ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.376
  54. Шайх Тӯсӣ, ат-Тибён фи тафсир-ил-Қуръон, Дор эҳё-ит-турос-ил-арабӣ, ҷ.5, саҳ.29
  55. Табрасӣ, Маҷмаъ-ул-баён, 1408ҳ.қ., ҷ.4, саҳ.765
  56. Файзи Кошонӣ, ал-Вофӣ, 1406ҳ.қ., саҳ.502
  57. Шарафуддин, Фалсафат-ул-мисоқ ва-л-вилоя, 1432ҳ.қ., саҳ.16–17
  58. Таботабоӣ, ал-Мизон фи тафсир-ил-Қуръон, 1393ҳ.қ., ҷ.8, саҳ.315–316
  59. Сабзаворӣ, Мавоҳиб-ур-раҳмон фи тафсир-ил-Қуръон, 1414ҳ.қ., ҷ.5, саҳ.30
  60. Макорим Шерозӣ, Тафсири намуна, 1374ҳ.ш., ҷ.7, саҳ.8
  61. Ҷаводии Омулӣ, Тасним: Тафсири Қуръони карим, 1392ҳ.ш., ҷ.31, саҳ.74–89
  62. Сайид Муртазо, Тафсир-уш-шариф ал-Муртазо, 1431ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.376
  63. Шайх Тӯсӣ, ат-Тибён фи тафсир-ил-Қуръон, Дор эҳё-ит-турос-ил-арабӣ, ҷ.5, саҳ.29; Таботабоӣ, ал-Мизон фи тафсир-ил-Қуръон, 1393ҳ.қ., ҷ.8, саҳ.312
  64. Таботабоӣ, ал-Мизон фи тафсир-ил-Қуръон, 1393ҳ.қ., ҷ.8, саҳ.312
  65. Макорим Шерозӣ, Тафсири намуна, 1374ҳ.ш., ҷ.7, саҳ.9–10
  66. Ҷаводии Омулӣ, Тасним: Тафсири Қуръони карим, 1392ҳ.ш., ҷ.31, саҳ.89
  67. Шайх Муфид, ал-Масоил-ус-саравия, 1413ҳ.қ., саҳ.46; Шайх Тӯсӣ, ат-Тибён фи тафсир-ил-Қуръон, Дор эҳё-ит-турос-ил-арабӣ, ҷ.5, саҳ.29
  68. Биёбонии Ускуӣ, Мақоми олами зар ва арвоҳ дар фитрати тавҳидии инсон, 1394ҳ.ш., саҳ.487
  69. Сайид Муртазо, Расоил-уш-шариф ал-Муртазо, 1405ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.113–114; Шайх Тӯсӣ, ат-Тибён фи тафсир-ил-Қуръон, Дор эҳё-ит-турос-ил-арабӣ, ҷ.5, саҳ.29
  70. Шайх Тӯсӣ, ат-Тибён фи тафсир-ил-Қуръон, Дор эҳё-ит-турос-ил-арабӣ, ҷ.5, саҳ.28
  71. Ибни Товус, Саъд-ус-сууд линуфус-ил-манзуд, Дор-уз-захоир, саҳ.202
  72. Таботабоӣ, ал-Мизон фи тафсир-ил-Қуръон, 1393ҳ.қ., ҷ.8, саҳ.316
  73. Шайх Муфид, ал-Масоил-ул-укбария, 1413ҳ.қ., саҳ.113; Сайид Муртазо, Тафсир-уш-шариф ал-Муртазо, 1431ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.377; Файзи Кошонӣ, ал-Вофӣ, 1406ҳ.қ., саҳ.502; Шарафуддин, Фалсафат-ул-мисоқ ва-л-вилоя, 1432ҳ.қ., саҳ.16–17
  74. Сайид Муртазо, Тафсир-уш-шариф ал-Муртазо, 1431ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.377; Шайх Тӯсӣ, ат-Тибён фи тафсир-ил-Қуръон, Дор эҳё-ит-турос-ил-арабӣ, ҷ.5, саҳ.27–28
  75. Замхашарӣ, ал-Кашшоф, 1407ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.176; Абуҳайён, ал-Баҳр-ул-муҳит фи-т-тафсир, 1420ҳ.қ., ҷ.5, саҳ.218–220
  76. Омулӣ, Тафсир-ул-муҳит-ил-аъзам, 1428ҳ.қ., ҷ.4, саҳ.259–260 ва ҷ.5, саҳ.361–362; Шайх Баҳоӣ, ал-Арбаъун ҳадисан, 1431ҳ.қ., саҳ.78
  77. Барои намуна ниг.: Қозӣ Саиди Қумӣ, Шарҳ-ул-арбаин, 14212ҳ.қ., саҳ.365–367; Сабзаворӣ, Мавоҳиб-ур-раҳмон фи тафсир-ил-Қуръон, 1414ҳ.қ., ҷ.5, саҳ.30
  78. Садруддин Шерозӣ, Тафсир-ул-Қуръон-ил-карим, 1366ҳ.ш., ҷ.2, саҳ.243
  79. Таботабоӣ, ал-Мизон фи тафсир-ил-Қуръон, 1393ҳ.қ., ҷ.8, саҳ.318–321
  80. Сайид Муртазо, Тафсир-уш-шариф ал-Муртазо, 1431ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.377–378; Ҷаводии Омулӣ, Тасним: Тафсири Қуръони карим, 1392ҳ.ш., ҷ.31, саҳ.119

Сарчашма

  • Абуҳайён, Муҳаммад ибни Юсуф, ал-Баҳр-ул-муҳит фи-т-тафсир, Бейрут, Дор-ул-фикр, 1420ҳ.қ.
  • Акбарӣ, Муҳаммадризо, Олами зар: оғози шигифтангези зиндагии инсон, Қум, Интишороти Масҷиди Ҷамкаран, 1387ҳ.ш.
  • Аламулҳудо, Муҳаммадбоқир, Садд-ул-мафар ала мункири олам-из-зар, Бейрут, Дор-ул-улум, 1433ҳ.қ.
  • Аминӣ, Абдулҳусайн, Мақосиди алия: дар баёни муроди чаҳор ояти Қуръони карим, тарҷумаи Бушро Таботабоии Яздӣ, Теҳрон, Бунёди Муҳаққиқ Таботабоӣ, 1401ҳ.ш.
  • Аминӣ, Абдулҳусайн, ал-Мақосид-ул-алия фи-л-матолиб-ис-сания, Қум, Дор-ут-тафсир, 1434ҳ.қ.
  • Астарободӣ, Муҳаммадамин ибни Муҳаммадшариф, ал-Ҳошия ало усул-ил-кофӣ, Қум, Муассисаи илмӣ-фарҳангии Дор-ул-ҳадис. Созмони чоп ва нашр, 1430ҳ.қ.
  • Афзалӣ, Алӣ, Олами зар ва оламҳои пеш аз дунё, Теҳрон, Муассисаи пажӯҳишии Ҳикмат ва фалсафаи Эрон, 1403ҳ.ш.
  • Аёшӣ, Муҳаммад ибни Масъуд, Тафсир-ул-Аёшӣ, Теҳрон, Мактабати илмияи исломия, 1380ҳ.қ.
  • Балхӣ, Муқотил ибни Сулаймон, Тафсири Муқотил ибни Сулаймон, Бейрут, Дор эҳё-ит-турос-ил-арабӣ, 1423ҳ.қ.
  • Барқӣ, Аҳмад ибни Муҳаммад ибни Холид, ал-Маҳосин, Қум, Дор-ул-кутуб-ил-исломия, 1371ҳ.қ.
  • Барқӣ, Аҳмад ибни Муҳаммад ибни Холид, ал-Маҳосин, Қум, Дор-ул-кутуб-ил-исломия, 1371ҳ.қ.
  • Биёбонии Ускуӣ, Муҳаммад, Мақоми олами зар ва арвоҳ дар фитрати тавҳидии инсон, Теҳрон, Муассисаи фарҳангии Набаъ, 1394ҳ.ш.
  • Замхашарӣ, Маҳмуд ибни Умар, ал-Кашшоф, Бейрут, Дор-ул-китоб-ил-арабӣ, 1407ҳ.қ.
  • Ибни Абиҳотам, Абдурраҳмон ибни Муҳаммад, Тафсир-ул-Қуръон-ил-азим, Риёз, Мактабату Низор Мустафо ал-Боз, 1419ҳ.қ.
  • Ибни Товус, Алӣ ибни Мӯсо, Саъд-ус-сууд линуфус-ил-манзуд, Қум, Дор-уз-захоир, бе таърих.
  • Кабир Маданӣ Шерозӣ, Сайид Алӣхон ибни Аҳмад, Риёз-ус-соликин фи шарҳи саҳифати Сайид-ис-соҷидин, Ҷамоати мударрисин дар ҳавзаи илмии Қум. Муассисаи нашри исломӣ, 1409ҳ.қ.
  • Кулайнӣ, Муҳаммад ибни Яъқуб, ал-Кофӣ, Теҳрон, Дор-ул-кутуб-ил-исломия, 1407ҳ.қ.
  • Макорим Шерозӣ, Носир, Тафсири намуна, Теҳрон, Дор-ул-кутуб-ил-исломия, 1374ҳ.ш.
  • Маликӣ Миёнҷӣ, Муҳаммадбоқир, Тавҳиди имомия, Теҳрон, Вазорати фарҳанг ва иршоди исломӣ. Муассисаи чоп ва интишорот, 1415ҳ.қ.
  • Марворид, Ҳасаналӣ, Танбиҳот ҳавла-л-мабдаъ ва-л-маод, Машҳад, Остонат-ур-разавият-ил-муқаддаса. Маҷмаъ-ул-буҳус-ил-исломия, 1418ҳ.қ.
  • Маҷлисӣ, Муҳаммадбоқир, Биҳор-ул-анвор, Бейрут, Дор эҳё-ит-турос-ил-арабӣ, 1403ҳ.қ.
  • Маҷлисӣ, Муҳаммадбоқир, Миръот-ул-уқул фи шарҳи ахбори ол-ир-расул, Теҳрон, Дор-ул-кутуб-ил-исломия, 1363ҳ.ш.
  • Маҷлисӣ, Муҳаммадбоқир, Миръот-ул-уқул фи шарҳи ахбори ол-ир-расул, Теҳрон, Дор-ул-кутуб-ил-исломия, 1404ҳ.қ.
  • Мисбоҳи Яздӣ, Муҳаммадтақӣ, Маорифи Қуръон (1–3): Худошиносӣ, Кайҳоншиносӣ, Инсоншиносӣ, Қум, Муассисаи омӯзишӣ пажӯҳишии Имом Хумайнӣ (рҳ), 1386ҳ.ш.
  • Мозандаронӣ, Муҳаммадсолеҳ ибни Аҳмад, Шарҳ-ул-кофӣ (ал-усул ва-р-равза), Теҳрон, ал-Мактабат-ул-исломия, 1382ҳ.қ.
  • Муҳаммадӣ Райшаҳрӣ, Муҳаммад, Мавсуъат-ул-ақоид-ил-исломия фи-л-китоб ва-с-сунна, Қум, Муассисаи илмӣ фарҳангии Дор-ул-ҳадис. Созмони чоп ва нашр, 1429ҳ.қ.
  • Нуъмонӣ, Муҳаммад ибни Иброҳим, ал-Ғайба, Теҳрон, Нашри Садуқ, 1397ҳ.қ.
  • Омулӣ, Молик Мустафо Ваҳбӣ, Олам-уз-зар: ҳақиқатун ам хаёл, Бағдод, Мактабат-ул-калимат-ит-тайиба, 1433ҳ.қ.
  • Омулӣ, Ҳайдар ибни Алӣ, Тафсир-ул-муҳит-ил-аъзам ва-л-баҳр-ил-хизам фи таъвили китоб-ил-лоҳ-ил-азиз-ил-муҳкам, Қум, Нурун ало нур, 1428ҳ.қ.
  • Оқобузург Теҳронӣ, Муҳаммадмуҳсин, аз-Зариа ило тасониф-иш-шиа, Қум, Исмоилиён, 1408ҳ.қ.
  • Раштӣ, Козим ибни Қосим, Усул ал-ақоид, Бейрут, Дор-ул-маҳаҷҷат-ил-байзо, 1430ҳ.қ.
  • Сабзаворӣ, Абдулаъло, Мавоҳиб-ур-раҳмон фи тафсир-ил-Қуръон, Қум, Мактаб самоҳат Оятуллоҳ-ил-узмо ас-Сайид ас-Сабзаворӣ, 1414ҳ.қ.
  • Садриниё, Ҳусайн, Олами зар, Теҳрон, Сояи Рӯшан, 1388ҳ.ш.
  • Садруддин Шерозӣ, Муҳаммад ибни Иброҳим, Тафсир-ул-Қуръон-ил-карим, Қум, Бедор, 1366ҳ.ш.
  • Сайид Муртазо, Алӣ ибни Ҳусайн, Расоил-уш-шариф ал-Муртазо, Қум, Дор-ул-Қуръон-ил-карим, 1405ҳ.қ.
  • Сайид Муртазо, Алӣ ибни Ҳусайн, Тафсир-уш-шариф ал-Муртазо, Бейрут, Муассисат-ул-аъламӣ ли-л-матбуот, 1431ҳ.қ.
  • Саффор, Муҳаммад ибни Ҳасан, Басоир-уд-дараҷот фи фазоили Оли Муҳаммад (с), Қум, Мактабату Оятуллоҳ ал-Маръашӣ ан-Наҷафӣ, 1404ҳ.қ.
  • Таботабоӣ, Сайид Муҳаммадҳусайн, ал-Мизон фи тафсир-ил-Қуръон, Бейрут, ал-Аъламӣ фи-л-матбуот, 1393ҳ.қ.
  • Табрасӣ, Фазл ибни Ҳасан, Маҷмаъ-ул-баён, Бейрут, Дор-ул-маърифа, 1408ҳ.қ.
  • Тайиб, Абдулҳусайн, Атяб-ул-баён фи тафсир-ил-Қуръон, Теҳрон, Нашри Ислом, 1378ҳ.ш.
  • Файзи Кошонӣ, Муҳаммадмуҳсин ибни Шоҳ Муртазо, ал-Вофӣ, Исфаҳон, Китобхонаи Имом Амиралмуъминин Алӣ (а), 1406ҳ.қ.
  • Хоҷавӣ, Исмоил ибни Муҳаммадҳусайн, Ҷомеъ-уш-шатот, бе ҷо, бе ношир, 1418ҳ.қ.
  • Хӯӣ, Абулқосим, Сирот-ун-наҷот фи аҷвибат-ил-истифтоот, бо таълиқоти Ҷавод Табрезӣ, Қум, Дафтари нашри баргузида, 1416ҳ.қ.
  • Шайх Баҳоӣ, Муҳаммад ибни Иззуддин, ал-Арбаъун ҳадисан, Қум, Ҷамоат-ул-уламо ва-л-мударрисин фи ҳавзат-ил-илмия би Қум-ил-муқаддаса, 1431ҳ.қ.
  • Шайх Муфид, Муҳаммад ибни Муҳаммад, ал-Масоил-ул-укбария, Қум, Муътамари ҷаҳонии ҳазораи Шайх Муфид, 1413ҳ.қ.
  • Шайх Муфид, Муҳаммад ибни Муҳаммад, ал-Масоил-ус-саравия, Қум, Муътамари ҷаҳонии ҳазораи Шайх Муфид, 1413ҳ.қ.
  • Шайх Садуқ, Муҳаммад ибни Алӣ, Илал-уш-шароеъ, Қум, Китобфурӯшии Доварӣ, 1385ҳ.қ.
  • Шайх Садуқ, Муҳаммад ибни Алӣ, ал-Ҳидоя, Қум, Муассисаи Имом Ҳодӣ (а), 1418ҳ.қ.
  • Шайх Садуқ, Муҳаммад ибни Алӣ, ат-Тавҳид, Қум, Ҷомеаи мударрисин, 1398ҳ.қ.
  • Шайх Тӯсӣ, Муҳаммад ибни Ҳасан, ат-Тибён фи тафсир-ил-Қуръон, Бейрут, Дор эҳё-ит-турос-ил-арабӣ, бе таърих.
  • Шайх Ҳурри Омилӣ, Муҳаммад ибни Ҳасан, ал-Фусул-ул-муҳимма фи усул-ил-аимма, Қум, Муассисаи маорифи исломии Имом Ризо (а), 1418ҳ.қ.
  • Шарафуддин, Абдулҳусайн, Фалсафат-ул-мисоқ ва-л-вилоя, Бейрут, Муассисату ол-ил-байт (а) лиэҳё-ит-турос, 1432ҳ.қ.
  • Шариф Лоҳиҷӣ, Муҳаммад ибни Алӣ, Тафсири Шариф Лоҳиҷӣ, Теҳрон, Дафтари нашри Дод, 1373ҳ.ш.
  • Қумӣ, Алӣ ибни Иброҳим, Тафсир-ул-Қумӣ, Қум, Дор-ул-китоб, 1404ҳ.қ.
  • Ҳошимӣ Хӯӣ, Ҳабибуллоҳ, Минҳоҷ-ул-бароа фи шарҳи Наҳҷ-ил-балоға, Теҳрон, Мактабат-ул-исломия, 1400ҳ.қ.
  • Ҷаводии Омулӣ, Абдуллоҳ, Тасним: Тафсири Қуръони карим, Қум, Исро, 1392ҳ.ш.
  • Ҷазоирӣ, Неъматуллоҳ ибни Абдуллоҳ, Нур-ул-бароҳин, Қум, Ҷамоати мударрисин дар ҳавзаи илмияи Қум. Муассисаи нашри исломӣ, 1417ҳ.қ.
  • Ҷазоирӣ, Неъматуллоҳ ибни Абдуллоҳ, ал-Анвор-ун-нуъмония, Бейрут, Дор-ул-қорӣ, 1429ҳ.қ.