Тавҳиди ибодӣ
Тавҳиди ибодӣ (форсӣ: توحید عبادی) ё тавҳид дар ибодат (форсӣ: توحید در عبادت) ба маънои ягонапарастӣ аст. Яъне ғайр аз Худо ҳеҷ маъбуде нест ва танҳо Ӯ сазовори парастиш мебошад. Тавҳиди ибодӣ аз омӯзишҳои асосии мактабҳои Илоҳӣ ва ҳадафи аслии даъвати ҳамаи пайғамбарон (а) шумурда мешавад ва мавриди иттифоқи ҳамаи мусулмонон аст. Ба гуфтаи мутакаллимон ва муфассирон, оятҳои зиёде аз Қуръон бар тавҳиди ибодӣ далолат доранд. Калимаи Ло илоҳа иллаллоҳ низ ба маънои тавҳид дар ибодат дониста шудааст.
Далелҳои гуногун барои исботи тавҳиди ибодӣ ироа шудааст. Дар бархе аз ин далелҳо бо истинод ба вобастагии холиқият ва убудият, рубубият ва убудият, ва моликияти маргу ҳаёт бо убудият, ба исботи тавҳиди ибодӣ пардохта шудааст. Бар асоси ин далелҳо, танҳо касе ки холиқ, рабб ва молики ҳаёт ва марги махлуқот аст, сазовори парастиш мебошад.
Ба иттифоқи назари ҳамаи мусулмонон, парастиши ғайри Худо ширк аст ва боиси хориҷ шудан аз Ислом мегардад. Ваҳҳобиён аъмоле монанди тавассул, табаррук, зиёрати қабрҳо, дархости шафоат ва ёрӣ аз ғайри Худоро намунаи ибодат ва ширк шумурдаанд; аммо ба онҳо эрод гирифта шудааст, ки чунин аъмол танҳо вақте ширк аст, ки бо эътиқод ба улуҳият ва рубубияти ғайри Худо ҳамроҳ бошад; вагарна ширк нест ва бо тавҳид дар ибодат мухолифат надорад.
Аҳамият ва ҷойгоҳ
Тавҳиди ибодӣ ва ягонапарастиро аз омӯзишҳои асосии осмонӣ ва ҳадафи аслии даъвати ҳамаи пайғамбарон шумурдаанд ва гуфта шудааст, ки дар оятҳое монанди ояти 36 сураи Наҳл ва ояти 25 сураи Анбиё ба он тасриҳ шудааст.[1] Мутакаллимон мегӯянд, ки ҳамаи мусулмонон ва муваҳҳидон бар ин ки фақат Худованд шоистаи ибодат аст, иттифоқи назар доранд[2] ва агар ихтилофе вуҷуд дошта бошад, дар тафсири ибодат ва масодиқи он аст.[3]
Гуфта шудааст, бар асоси оятҳои Қуръон ва гузоришҳои таърихӣ, бештарин инҳирофе ки дар масъалаи тавҳид рух додааст, марбут ба тавҳид дар ибодат ва рубубият будааст.[4] Ба назари Аллома Маҷлисӣ, мушрикони Қурайш ба тавҳид дар холиқият ва рубубият иқрор доштанд ва ихтилофи аслии онҳо дар тавҳиди ибодӣ буд.[5] Бархе тавҳиди ибодиро муҳимтарин масъалае донистаанд, ки боис шудааст ваҳҳобиён дар муқобили дигар мусулмонон (шиа ва аҳли суннат) мавқеъгирӣ кунанд.[6]
Гуфта мешавад, ки оятҳои зиёде дар Қуръон бар тавҳиди ибодӣ далолат доранд; аз ҷумла ояти 51 ва 64 сураи Оли Имрон, ояти 102 сураи Анъом, ояти 36 сураи Наҳл, ояти 25 сураи Анбиё, ояти 61 сураи Ёсин.[7] Калимаи Ло илоҳа иллаллоҳ низ нозир ба тавҳид дар ибодат дониста шудааст.[8] Дар оятҳои Қуръон, ҳабти аъмол, гумроҳӣ, шақоват ва зиёнкорӣ дар рӯзи қиёмат ва хашми Худо аз осори ибодати ғайри Худо шумурда шудаанд.[9] Дар фармони дуюми даҳ фармони ҳазрати Мӯсо (а) низ аз парастиши ғайри Худо манъ шуда ва бар тавҳид дар ибодат таъкид шудааст.[10]
Ба гуфтаи Алӣ Раббонии Гулпойгонӣ, каломпажӯҳи шиа, ба далели рӯшан будани масъалаи тавҳид дар ибодат ва набудани ихтилоф дар миёни мусалмонон, ин масъала дар китобҳои каломии қадим матраҳ набуда, балки бештар дар китобҳои ахлоқӣ баррасӣ мешуд. Аммо пас аз зуҳури Ибни Таймия ва андешаҳои навини ӯ дар бораи тавҳид ва ширк дар ибодат, тарҳи ин масъала зарурат ва аҳамият пайдо кард.[11]
Мафҳумшиносӣ
Тавҳиди ибодӣ ба ин маъност, ки маъбуде ҷуз Худо нест ва танҳо Худо сазовори ибодат аст.[12] Муҳаммадтақӣ Мисбоҳи Яздӣ гуфтааст, тавҳид дар ибодат марбут ба амали инсон аст ва ба ин маъност, ки инсон дар амал касе ғайр аз Худоро парастиш накунад; аммо эътиқод ба он ки касе ҷуз Худо сазовори парастиш нест, тавҳид дар улуҳият ва маъбудият номида мешавад.[13] Ба назари ӯ, маънои Ло илоҳа иллаллоҳ тавҳид дар улуҳият аст.[14] Бо ин ҳол, бархе аз уламо ва донишмандони шиа,[15] Ибни Таймия[16] ва ваҳҳобият[17] тавҳиди ибодӣ ва тавҳид дар улуҳиятро ба як маъно донистаанд. Аммо Ҷаъфари Субҳонӣ, мутакаллим ва муфассири шиа, яке донистани тавҳиди ибодӣ ва тавҳиди улуҳиятро хато донистааст.[18]
Далелҳои тавҳиди ибодӣ
Барои тавҳиди ибодӣ далелҳое ироа шудааст,[19] ки бархе аз онҳо чунинанд:
- Вобастагии холиқият ва убудият: маъбуд касест, ки офаринанда бошад. Ҳеҷ офаринандае ҷуз Худованд нест. Пас касе ҷуз Ӯ маъбуд нест. Оятҳое монанди ояти 61 сураи Ҳуд, ояти 1 ва 102 сураи Анъом бар вобастагии холиқият ва убудият далолат доранд.[20]
- Вобастагии рубубият ва убудият: маъбуд касест, ки рабб бошад. Ғайр аз Худо касе рабб нест. Бинобар ин, ғайр аз Худо касе маъбуд нест.[21] ояти 21 сураи Бақара, оятҳои 76 то 79 сураи Анъом аз ҷумлаи оятҳое ҳастанд, ки бар вобастагии рубубият ва убудият далолат доранд.[22]
- Вобастагии моликияти маргу ҳаёт бо убудият: маъбуд касест, ки ҳаёт ва марги махлуқот дар дасти ӯст. Ҷуз Худо касе молики марг ва ҳаёт нест. Пас ғайр аз Худо касе маъбуд нест.[23] Оятҳое монанди ояти 104 сураи Юнус, ояти 123 сураи Ҳуд ва ояти 88 сураи Қасас ба ин бурҳон ишора доранд.[24]
Аз ояти 5 сураи Ҳамд (إِیَّاکَ نَعْبُدُ) низ ин маъно бардошт шуда, ки фақат ва фақат Худованд шоистаи ибодат ва парастиш аст; бо ин далел ки мафъул (إِیَّاکَ) бар фоил (замир дар نَعْبُدُ) муқаддам шудааст. Инчунин муқаддам шудани мафъули як феъл бар фоили он, тибқи қоидаи забони арабӣ, далолат бар инҳисор дошта ва хос буданро мерасонад. Аз ин рӯ, гуфта шудааст, ки оят бар тавҳиди ибодӣ далолат мекунад.[25] Аллома Таботабоӣ оятҳои 39 ва 40 сураи Юсуфро низ далели воҳид бар тавҳид дар ибодат донистааст. Худованд дар ояти чиҳилум (أَمَرَ أَلَّا تَعْبُدُوا إِلَّا إِيَّاهُ [Амара ан ло таъбуду илло ийёҳу]) фармон додааст, ки касе ҷуз Ӯ парастиш нашавад.[26]
Ширк дар ибодат
Ба гуфтаи Оятуллоҳ Субҳонӣ, ба иттифоқи ҳамаи мусулмонон, парастиши ғайри Худо ширк аст ва боиси хориҷ шудан аз доираи тавҳиди исломӣ шумурда мешавад.[27] Ба назари Муртазо Мутаҳҳарӣ низ ибодати ғайри Худо ба ҳукми ақл ва шариат ҷоиз нест ва боиси хориҷ шудан аз Ислом мешавад.[28]
Ваҳҳобиён аъмоле монанди тавассул,[29] табаррук,[30] зиёрати қабрҳо[31] ва дархости шафоатро[32] ба маънои ибодати ашхос дониста, ширк шумурдаанд.[33] Аз ин рӯ, мусулмононеро ки ба Пайғамбари акрам (с), Аҳли Байт, пайғамбарон ва авлиёуллоҳ тавассул мекунанд ва ба номи онҳо табаррук меҷӯянд, мушрик медонанд.[34]
Дар посух ба ин дидгоҳи ваҳҳобиён гуфта шудааст: аъмоле монанди тавассул ва табаррук ба авлиёуллоҳ ва дархости шафоат аз онҳо, танҳо дар сурате ширк дар ибодат аст, ки бо эътиқод ба улӯҳият ва рубубияти онҳо ҳамроҳ бошад. Аммо агар ин аъмол бо чунин эътиқод бошад, ки авлиёуллоҳ бандагони холиси Худо ҳастанд, ширк дар ибодат нест, ҳатто агар бо хузуъ ҳамроҳ бошад.[35]
Такнигорӣ
- «Тавҳиди ибодӣ аз дидгоҳи шиа ва ваҳҳобият», асари Маҳдӣ Накӯии Самонӣ: Ин асар бо таваҷҷӯҳ ба аҳамияти тавҳиди ибодӣ ва тафсири нодурусти ваҳҳобият аз он, мавзуъро аз дидгоҳи шиа ва ваҳҳобият дар ду бахш ва як хотима таҳлил ва баррасӣ кардааст. Дар бахши аввал, мафҳумҳои тавҳид ва ширк ва меъёрҳои имон ва Ислом тавзеҳ дода шудаанд; ва дар бахши дуюм, дидгоҳи шиа ва ваҳҳобият дар бораи тавҳид ва ширки ибодӣ матраҳ шуда, дидгоҳи ваҳҳобият мавриди интиқод қарор гирифтааст.[36]
Эзоҳ
- ↑ Субҳонӣ, Маншури ҷовид, 1383ҳ.ш., ҷ.1, саҳ.428–429; Субҳонӣ, ал-Илоҳиёт, 1413ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.85; Обидӣ, Тавҳид ва ширк, Нашри Машъар, саҳ.84–85
- ↑ Субҳонӣ, Маншури ҷовид, 1383ҳ.ш., ҷ.1, саҳ.429; Субҳонӣ, ал-Илоҳиёт, 1413ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.85; Раббонии Гулпойгонӣ, Каломи татбиқӣ (1), 1399ҳ.ш., саҳ.100
- ↑ Субҳонӣ, Маншури ҷовид, 1383ҳ.ш., ҷ.1, саҳ.429
- ↑ Раббонии Гулпойгонӣ, Каломи татбиқӣ (1), 1399ҳ.ш., саҳ.99–100
- ↑ Маҷлисӣ, Биҳор-ул-анвор, 1403ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.209
- ↑ Обидӣ, Тавҳид ва ширк, Нашри Машъар, саҳ.83
- ↑ Субҳонӣ, Маншури ҷовид, 1383ҳ.ш., ҷ.1, саҳ.425–426; Обидӣ, Тавҳид ва ширк, Нашри Машъар, саҳ.85
- ↑ Мутаҳҳарӣ, Маҷмуаи осор, 1390ҳ.ш., ҷ.2, саҳ.106; Обидӣ, Тавҳид ва ширк, Нашри Машъар, саҳ.86
- ↑ Ниг.: Ҳошимии Рафсанҷонӣ ва муҳаққиқони Маркази фарҳанг ва маорифи Қуръон, Фарҳанги Қуръон, 1387ҳ.ш., ҷ.19, саҳ.537–540
- ↑ Ниг.: Аҳди Атиқ, Сифри Хуруҷ, боби 20, оятҳои 1–17
- ↑ Раббонии Гулпойгонӣ, Каломи татбиқӣ (1), 1399ҳ.ш., саҳ.100
- ↑ Ҷаводии Омулӣ, Тавҳид дар Қуръон, 1395ҳ.ш., саҳ.516; Субҳонӣ, ал-Илоҳиёт, 1413ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.85
- ↑ Мисбоҳи Яздӣ, Худошиносӣ, 1393ҳ.ш., саҳ.59
- ↑ Мисбоҳи Яздӣ, Худошиносӣ, 1393ҳ.ш., саҳ.59
- ↑ Барои намуна ниг.: Обидӣ, Тавҳид ва ширк, Нашри Машъар, саҳ.88–89
- ↑ Ибни Таймия, Минҳоҷ-ус-сунна, 1406ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.289–290
- ↑ Барои намуна ниг.: Қафорӣ, Усул мазҳаб-иш-шиат-ил-имомия, 1431ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.425; Субҳонӣ, ат-Тавҳид ва-ш-ширк фи-л-Қуръон-ил-карим, 1426ҳ.қ., саҳ.29
- ↑ Субҳонӣ, ат-Тавҳид ва-ш-ширк фи-л-Қуръон-ил-карим, 1426ҳ.қ., саҳ.29–30
- ↑ Барои намуна ниг.: Ҷаводии Омулӣ, Тавҳид дар Қуръон, 1395ҳ.ш., саҳ.519–527
- ↑ Ҷаводии Омулӣ, Тавҳид дар Қуръон, 1395ҳ.ш., саҳ.519–520
- ↑ Субҳонӣ, ал-Илоҳиёт, 1413ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.86; Ҷаводии Омулӣ, Тавҳид дар Қуръон, 1395ҳ.ш., саҳ.521–522
- ↑ Ҷаводии Омулӣ, Тавҳид дар Қуръон, 1395ҳ.ш., саҳ.522–524
- ↑ Ҷаводии Омулӣ, Тавҳид дар Қуръон, 1395ҳ.ш., саҳ.525
- ↑ Ҷаводии Омулӣ, Тавҳид дар Қуръон, 1395ҳ.ш., саҳ.526
- ↑ Макорими Шерозӣ, Тафсири намуна, 1371ҳ.ш., ҷ.1, саҳ.43
- ↑ Таботабоӣ, ал-Мизон фи тафсир-ил-Қуръон, 1390ҳ.қ., ҷ.11, саҳ.178
- ↑ Субҳонӣ, Маншури ҷовид, 1383ҳ.ш., ҷ.1, саҳ.272
- ↑ Мутаҳҳарӣ, Маҷмуаи осор, 1390ҳ.ш., ҷ.2, саҳ.104, 124 ва 129
- ↑ Ниг.: Қафорӣ, Усул мазҳаб-иш-шиат-ил-имомия, 1431ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.441–443
- ↑ Ол аш-Шайх, Фатҳ-ул-маҷид, 1377ҳ.қ., саҳ.133
- ↑ Ибни Таймия, Зиёрат-ул-қубур ва-л-истинҷод би-л-мақбур, Нашри Дор тайиба, саҳ.54; Ол аш-Шайх, Фатҳ-ул-маҷид, 1377ҳ.қ., саҳ.229–232; Қафорӣ, Усул мазҳаб-иш-шиат-ил-имомия, 1431ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.478–480
- ↑ Ол аш-Шайх, Фатҳ-ул-маҷид, 1377ҳ.қ., саҳ.205–206
- ↑ Ҳамчунин ниг.: Муғния, Ҳозиҳи ҳия-л-ваҳҳобия, Муназзамат-ул-эълом-ил-исломӣ, саҳ.74–76; Обидӣ, Тавҳид ва ширк, Нашри Машъар, саҳ.160–180
- ↑ Раббонии Гулпойгонӣ, Каломи татбиқӣ (1), 1399ҳ.ш., саҳ.112
- ↑ Субҳонӣ, ал-Илоҳиёт, 1413ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.101–102
- ↑ Накӯии Самонӣ, Тавҳиди ибодӣ аз дидгоҳи шиа ва ваҳҳобият, 1395ҳ.ш., саҳ.5–14
Сарчашма
- Ибни Таймия Ҳаронӣ, Аҳмад ибни Абдулҳалим, Зиёрат-ул-қубур ва-л-истинҷод би-л-мақбур, Риёз, Нашри Дор тайиба, бе таърих.
- Ибни Таймия Ҳаронӣ, Аҳмад ибни Абдулҳалим, Минҳоҷ-ус-суннат-ин-набавия фи нақзи калом-иш-шиат-ил-қадария, таҳқиқ: Муҳаммад Рашод Солеҳ, Риёз, Донишгоҳи Имом Муҳаммад ибни Сауд, чопи аввал, 1406ҳ.қ.
- Макорими Шерозӣ, Носир, Тафсири намуна, Теҳрон, Дор-ул-кутуб-ил-исломия, чопи даҳум, 1371ҳ.ш.
- Маҷлисӣ, Муҳаммадбоқир, Биҳор-ул-анвор, Бейрут, Дор эҳё-ит-турос-ил-арабӣ, чопи дуюм, 1403ҳ.қ.
- Мисбоҳи Яздӣ, Муҳаммадтақӣ, Омӯзиши ақоид, Теҳрон, Нашри Созмони таблиғоти исломӣ, 1384ҳ.ш.
- Мисбоҳи Яздӣ, Муҳаммадтақӣ, Худошиносӣ, Қум, Муассисаи омӯзишӣ ва пажӯҳишии Имом Хумайнӣ (рҳ), 1393ҳ.ш.
- Мутаҳҳарӣ, Муртазо, Маҷмуаи осор, Теҳрон, Интишороти Садро, 1390ҳ.ш.
- Муғния, Муҳаммадҷавод, Ҳозиҳи ҳия-л-ваҳҳобия, Теҳрон, Муназзамат-ул-эълом-ил-исломӣ, бе таърих.
- Накӯии Самонӣ, Маҳдӣ, Тавҳиди ибодӣ аз дидгоҳи шиа ва ваҳҳобият, Теҳрон, Нашри Машъар, 1395ҳ.ш.
- Обидӣ, Аҳмад, Тавҳид ва ширк дар назари шиа ва ваҳҳобият (баррасӣ ва интиқоди туҳматҳои доктор Қафорӣ бар мазҳаби шиа), Теҳрон, Нашри Машъар, бе таърих.
- Ол аш-Шайх, Абдурраҳмон ибни Ҳасан, Фатҳ-ул-маҷид шарҳу китоб-ит-тавҳид, таҳқиқ: Муҳаммад Ҳомид ал-Фақӣ, Қоҳира, Матбаат-ус-суннат-ил-муҳаммадия, чопи ҳафтум, 1377ҳ.қ./1957 м.
- Раббонии Гулпойгонӣ, Алӣ, Каломи татбиқӣ (1): Тавҳид, сифот ва адли Илоҳӣ, Қум, Ҷомеъат-ул-Мустафо (с), чопи панҷум, 1399ҳ.ш.
- Субҳонӣ, Ҷаъфар, Маншури ҷовид, Қум, Муассисаи Имом Содиқ (а), чопи аввал, 1383ҳ.ш.
- Субҳонӣ, Ҷаъфар, ал-Илоҳиёт ало ҳуда-л-китоб ва-с-сунна ва-л-ақл, Қум, Муассисаи Имом Содиқ (а), чопи чаҳорум, 1413ҳ.қ.
- Субҳонӣ, Ҷаъфар, ат-Тавҳид ва-ш-ширк фи-л-Қуръон-ил-карим, Қум, Муассисаи Имом Содиқ (а), 1426ҳ.қ./1384ҳ.ш.
- Таботабоӣ, Сайид Муҳаммадҳусайн, ал-Мизон фи тафсир-ил-Қуръон, Бейрут, Муассисат-ул-аъламӣ, чопи дуюм, 1390ҳ.қ.
- Қафорӣ, Носир ибни Абдуллоҳ ибни Алӣ, Усул мазҳаб-иш-шиат-ил-имомият-ил-иснаашария; арзун ва нақд, ал-Ҷиза, Дор-ур-ризо, чопи чаҳорум, 1431ҳ.қ./2010 м.
- Ҳошимии Рафсанҷонӣ, Акбар ва муҳаққиқони Маркази фарҳанг ва маорифи Қуръон, Фарҳанги Қуръон (калиди роҳёбӣ ба мавзуъҳо ва мафҳумҳои Қуръони карим), Қум, Бӯстони китоб, 1387ҳ.ш.
- Ҷаводии Омулӣ, Абдуллоҳ, Тавҳид дар Қуръон: тафсири мавзуии Қуръони карим, Қум, Нашри Исро, чопи ҳаштум, 1395ҳ.ш.