Қуръон

Аз wikishia
(Тағйири масир аз Қуръони Карим)
ҚУРЪОН
وسط
Нусхае аз Қуръон, мутааллиқ ба қарни чаҳорум ё панҷуми қамарӣ ба хати куфӣ (масҷиди рустои Нугул, аз тавобеи Санандаҷ)

МАЪЛУМОТ


Унвон: Китоби муқаддаси дини Ислом
Номҳои машҳур: Қуръон, Фурқон, ал-Китоб ва Мусҳаф
Теъдоди ҷузъҳо: 30 ҷузъ
Теъдоди сураҳо: 114 сура
Теъдоди оятҳо: 6236 оят

Қуръон (арабӣ: القرآن) каломи Худо ва китоби осмонии мусулмонон аст, ки ба василаи Ҷабраил ба ҳазрати Муҳаммад (с) ваҳй шуд. Мусулмонон муҳтаво ва лафзҳои Қуръонро нозилшуда аз сӯи Худованд медонанд. Ҳамчунин муътақиданд Қуръон, муъҷиза ва нишонаи пайғамбарии ҳазрати Муҳаммад (с) ва охирин китоби осмонӣ аст. Ин китоб бар муъҷиза будани худ таъкид карда, далели эъҷозашро он донистааст, ки касе наметавонад монанде барои он биоварад.

Нахустин оёти Қуръон ибтидо дар Ғори Ҳиро, воқеъ дар кӯҳи Нур ба Пайғамбари Ислом (с) ваҳй шуд. Дидгоҳи машҳур ин аст, ки оёти он, ҳам аз тариқи фариштаи ваҳй ва ҳам бевосита ва ба таври мустақим, бар ҳазрати Муҳаммад (с) нозил мешудааст. Ба эътиқоди бештари мусулмонон, нузули Қуръон ба таври тадриҷӣ сурат гирифтааст, аммо бархе бар ин боваранд, ки илова бар нузули тадриҷии оёт, он чи қарор будааст дар як сол бар Пайғамбар (с) нозил шавад, дар шаби Қадр ҳам якҷо бар ӯ нозил мешудааст.

Оёти Қуръон дар замони Пайғамбар (с) ба сурати пароканда бар рӯи пӯсти ҳайвонот, чӯби дарахти хурмо, коғаз ва матоъ навишта мешуд. Пас аз реҳлати Пайғамбар (с) оёт ва сураҳои Қуръон тавассути асҳоб ҷамъоварӣ шуд, аммо нусхаҳои бисёре тадвин шуд, ки дар тартиби сураҳо ва қироат, бо ҳам мутафовит буданд. Ба дастури Усмон нусхаи воҳиде аз Қуръон таҳия шуд ва нусхаҳои дигари мавҷудро аз байн бурданд. Шиаён ба пайравӣ аз имомони худ, ин нусхаро дуруст ва комил медонанд.

Қуръон, Фурқон, ал-Китоб ва Мусҳаф аз машҳуртарин номҳои Қуръон аст. Қуръон 114 сура ва беш аз 6000 оят дорад ва ба 30 пора ва 120 ҳизб тақсим шудааст. Дар Қуръон, аз мавзуъҳое чун тавҳид, маод, ғазваҳои Пайғамбари Ислом (с), достонҳои пайғамбарон, аъмоли шаръии дини Ислом, фазоил ва разоили ахлоқӣ ва мубориза бо ширку нифоқ, сухан ба миён омадааст.

То қарни чаҳоруми қамарӣ, қироатҳои гуногуне аз Қуръон, байни мусулмонон, ривоҷ доштааст. Вуҷуди нусхаҳои гуногуни Қуръон дар миёни мусулмонон, ибтидоӣ будани хатти арабӣ, вуҷуди лаҳҷаҳои мухталиф ва салиқаи қориён, аз сабабҳои ихтилофи қироат будааст. Дар ин қарн, ҳафт қироат аз байни қироатҳо баргузида шуд. Қироати шоеъи Қуръон дар миёни мусулмонон, қироати Осим бо ривояти Ҳафс аст.

Нахустин тарҷумаи комили Қуръон ба забони форсӣ, дар қарни чаҳоруми қамарӣ ва ба забони лотин, дар қарни шашуми қамарӣ (дувоздаҳуми мелодӣ) навишта шудааст. Ин китоб нахустин бор дар соли 950 қамарӣ (1543 мелодӣ), дар Итолиё ба чоп расид. Аввалин чопи он тавассути мусулмонон, дар соли 1200 қамарӣ дар Санкт-Петербурги Русия сурат гирифт. Эрон аввалин кишвари мусулмон буд, ки Қуръонро дар солҳои 1243 қамарӣ ва 1248 қамарӣ чоп кард. Қуръоне, ки имрӯз бо номи Усмон Тоҳо шинохта шуда, бар пояи чопи Миср аст.

Қуръон маншаи пайдоиши илмҳои фаровоне байни мусулмонон шудааст. Тафсир ва улуми қуръоние чун таърихи Қуръон, илми луғоти Қуръон, илми эъроб ва балоғати Қуръон, қасас-ул-Қуръон ва эъҷоз-ул-Қуръон аз ҷумлаи илмҳои қуръонӣ ҳастанд. Қуръон ҷойгоҳи вижае дар оинҳо ва ҳунари мусулмонон доштааст. Хатми Қуръон, Қуръон ба сар гирифтан ва қироати Қуръон дар маросими издивоҷ, аз он ҷумла аст. Бештарин намуди Қуръон дар ҳунар, дар хушнависӣ, тиллокорӣ, таҷлид (ҷилд кардан), адабиёт ва меъморӣ будааст.

Каломи Худо

Ба эътиқоди мусулмонон, Қуръон каломи Худованд аст, ки аз тариқи ваҳй бар Пайғамбари Ислом (с) нозил шуда[1], муҳтаво ва лафзҳои он аз сӯи Худованд омадааст[2]. Нахустин бор дар ғори Ҳиро, воқеъ дар куҳи Нур, ба Пайғамбари Ислом, ваҳй шуд.[3] Гуфтаанд: нахустин оёте ки бар Пайғамбар нозил шуд, оёти оғозини сураи Алақ ва нахустин сурае, ки ба таври комил нозил шуд, сураи Фотиҳа аст[4]. Ба ақидаи мусулмонон, Пайғамбари Ислом (с), охирин пайғамбар ва Қуръон, охирин китоби осмонӣ аст.[5]

Чигунагии дарёфти Қуръон

Қуръон нузули ваҳй бар пайғамбаронро фақат аз ин се тариқ донистааст:

  • илҳом,
  • аз пушти парда,
  • аз тариқи фариштагон.[6]

Бархе бо истинод ба оёте чун «قُلْ مَن كَانَ عَدُوًّا لِّجِبْرِيلَ فَإِنَّهُ نَزَّلَهُ عَلَىٰ قَلْبِكَ بِإِذْنِ اللَّـهِ» “Бигӯ: касе ки душмани Ҷабраил аст [дар воқеъ душмани Худост] чароки ӯ, ба фармони Худо, Қуръонро бар қалбат нозил кардааст”[7], гуфтаанд: нузули ин китоб, танҳо аз тариқи Ҷабраил сурат гирифтааст,[8] аммо дидгоҳи машҳур ин аст, ки Қуръон ба шеваҳои дигар ва аз ҷумла ба сурати мустақим ва бевосита ҳам бар Пайғамбар нозил шудааст[9].

Нузули дафъӣ ва тадриҷӣ

Тибқи бархе аз оёти Қуръон, ин китоб дар моҳи Рамазон ва шаби Қадр нозил шудааст[10]. Бар ин асос байни мусулмонон дар заминаи ин ки Қуръон якдафъа нозил шудааст, ё ба сурати тадриҷӣ, ихтилофи назар вуҷуд дорад[11]. Бархе гуфтаанд: Қуръон, ҳам ба сурати дафъӣ нозил шудааст ва ҳам, ба сурати тадриҷӣ[12]; гурӯҳе бар ин боваранд, ки он чи қарор будааст дар як сол бар Пайғамбар (с) нозил шавад, дар шаби Қадр ҳам якҷо бар ӯ нозил мешудааст[13]; бовари касоне низ ин аст, ки Қуръон танҳо ба сурати тадриҷӣ нозил шуда ва оғози нузули он дар моҳи Рамазон ва шаби Қадр будааст[14].

Номҳои машҳур

Номҳои фаровоне барои Қуръон зикр кардаанд. Қуръон, Фурқон, ал-Китоб ва Мусҳаф машҳуртарини онҳост[15]. Номи Мусҳафро Абубакр бар он гузоштааст, аммо дигар номҳо дар худи Қуръон зикр шудааст.[16] Қуръон, машҳуртарин номи ин китоб аст. Калимаи Қуръон дар луғат ба маънои хонданӣ аст ва бо алифу лом (яъне ал-Қуръон), панҷоҳ бор дар Қуръон ба кор рафтааст, ки дар ҳамаи он корбурдҳо ба маънои китоби Қуръон аст, ҳамчунин бе алифу лом (яъне Қуръон), бист бор дар Қуръон омадааст, ки дар сездаҳ маврид, китоби Қуръон маъно медиҳад.[17] Қуръон бо лақабҳои гуногуне, ки решаи қуръонӣ доранд, муаррифӣ шудааст. Монанди: Маҷид, Карим, Ҳаким, Мубин. Нависандаи китоби Қуръон ва қуръонпажӯҳӣ бар ин бовар аст, ки дар фарҳанги Ислом ва ташайюъ, Қуръонро ҳамвора аҳли суннат бо сифати Карим ба сурати «Қуръони Карим» ва аҳли ташайюъ бо сифати Маҷид, ба сӯрати «Қуръони Маҷид» меноманд ва ин ду сифат маншаи қуръонӣ дорад.[18] Садрулмутааллиҳин фасли понздаҳум аз мавқифи ҳафтуми китоби "Асфор"-ро бо унвони «ал-Фаслу (15) фи алқоб-ил-Қуръони ва нуутиҳ» ба номҳо ва лақабҳои Қуръон бахшида ва беш аз бист ному лақаб (бо такя ба оёти Қуръон)-ро барои Қуръон зикр ва ба ташреҳи онҳо пардохтааст.[19]

Ҷойгоҳ

Қуръон, муҳимтарин манбаи андешаи мусулмонон ва меъёри дигар манобеи тафаккури Исломие чун ҳадис ва суннат аст; ба ин маъно ки омӯзаҳое ки аз тариқи дигар манобеи исломӣ расидааст, дар сурати мухолифат бо омӯзаҳои Қуръон, эътибор надорад[20]. Бар асоси ривоёти Пайғамбари Ислом (с) ва имомони шиа, аҳодисро бояд бар Қуръон арза кард ва агар бар он мунтабиқ набуд, бояд онҳоро номуътабар ва ҷаълӣ донист[21].

Барои намуна аз Пайғамбари Ислом ҳазрати Муҳаммад (с), гузориш кардаанд: “Ҳар сухане, ки аз ман барои шумо нақл мешавад, агар бо Қуръон созгор бошад, ман онро гуфтаам ва агар бо он мунофот дошта бошад, ман онро нагуфтаам"[22]. Дар ривояте аз Имом Содиқ (а) низ омадааст, ҳар ҳадисе, ки бо Қуръон мунофот дошта бошад, дурӯғ аст[23].

Таърих

Китобат ва тадвин

Қуръони мансуб ба Имом Ҳасан (а), бо хатти Куфӣ дар 20 варақ аз пусти оҳӯ бо ҳошияи оҳори муҳра ва абъоди 15 * 8/20 сантиметр. Ин Қуръон дар музейи Малик қарор дорад[24].
Навиштори аслӣ: Китобати Қуръон

Пайғамбари Ислом бар азёд кардан ва қироати дуруст ва навиштани оёти Қуръон таъкиди бисёр доштаанд. Ба хотири камии афроди босавод ва камбуди имконоти навишторӣ дар солҳои оғозини беъсат, аз тарси ин ки мабодо калимае аз ёд равад ё иштибоҳ навишта шавад, талош дошт, то оёт ба таври дуруст, азёд ва қироат шаванд[25]. Ӯ замоне ки ояте нозил мешуд, котибони ваҳйро фаро мехонд то онро банависанд[26]. Оёти Қуръон, ба таври пароканда, бар пораҳое аз пусти ҳайвонот, чӯби дарахти хурмо, матоъ ва коғаз навишта мешуд[27].

Пайғамбар худ бар кори навиштани ваҳй назорат мекард. Ӯ пас аз тиловати оёт барои котибони ваҳй, аз онон мехост, ки он чиро навиштаанд, бихонанд, то иштибоҳоти эҳтимолӣ дар навиштан, рафъ шавад[28]. Суютӣ навиштааст: дар замони Пайғамбар ҳамаи Қуръон навишта шуда буд, аммо ба таври якҷо набуд ва чиниши сураҳо мушаххас нашуда буд[29].

Тадвини Қуръон ба шакли кунунӣ, дар замони Пайғамбар (с) рӯй надодааст. Ба навиштаи китоби «ат-Тамҳиду фи улум-ил-Қуръон», дар давраи Пайғамбар, оёт ва номҳои сураҳо, бо назари ӯ, мушаххас шуда буд, аммо тадвини ниҳоии Қуръон ба сурати як китоб ва чиниши сураҳо, баъд аз вафоти Пайғамбар (с) ва ба салоҳдиди саҳоба, анҷом шудааст[30]. Тибқи ин китоб, нахустин касе ки Қуръонро тадвин кард, Имом Алӣ (а) буд. Ӯ сураҳои Қуръонро бар асоси таърихи нузули онҳо, ҷамъоварӣ кард[31].

Яксонсозии мусҳафҳо

Пас аз вафоти Пайғамбар, ҳар як аз асҳоби бузурги ӯ, ба ҷамъоварии Қуръон, иқдом карданд. Мусҳафҳои бисёре тадвин шуд, ки дар тартиби сураҳо ва қироат, аз ҳам фарқ мекарданд[32]. Ин масаъла мӯҷиб шуд, ки ҳар гурӯҳ аз онҳо қироати худ аз Қуръонро дуруст ва қироати дигаронро нодуруст бидонанд[33].

Бо пешниҳоди Ҳузайфа ба Усмон барои яке кардани мусҳафҳо ва мувофиқати асҳоби Пайғамбар, Усмон гурӯҳеро маъмури ин кор кард[34]. Ӯ афродеро ба сарзаминҳои мухталифи исломӣ фиристод ва ҳамаи Қуръонҳои мавҷудро ҷамъоварӣ кард, сипас дастур дод онҳоро аз байн бибаранд[35]. Тибқи китоби ат-Тамҳид, қавитарин эҳтимол дар бораи замони яке кардани Қуръонҳо, соли 25 қамарӣ,аст[36].

Мувофиқати имомони шиа бо Мусҳафи усмонӣ

Ҳамчунин бубинед: Мусҳафи усмонӣ

Бар асоси ривоёт, имомони шиа бо яксонсозии қуръонҳо ва ҳамчунин бо мусҳафе, ки бо фармони Усмон, тадвин шуд, мувофиқ будаанд. Суютӣ аз Имом Алӣ (а) нақл кардааст, ки Усмон дар бораи яке кардани Қуръонҳо бо ӯ машварат карда ва ӯ ҳам мувофиқи ин кор будааст[37].

Ҳамчунин нақл шудааст, ки Имом Содиқ (а) шахсеро, ки дар ҳузураш, бар хилофи қироати расмӣ, Қуръон мехонд, аз ин кор наҳй кардааст[38]. Тибқи китоби ат-Тамҳид, ҳамаи шиаён Қуръонеро, ки имрӯза дар даст аст, дуруст ва комил медонанд[39].

Қироатҳои мухталиф аз Қуръон

Навишторҳои аслӣ: Қориёни ҳафтгона ва Чордаҳ ривоят

То қарни чаҳоруми ҳиҷрӣ, қироатҳои гуногуне аз Қуръон байни мусулмонон ривоҷ доштааст[40]. Муҳимтарин авомили ихтилофи қироатҳоро вуҷуди Қуръонҳои гуногун байни мусулмонҳо, ибтидоӣ будани хатти арабӣ, нуқта надоштани ҳуруф, холӣ будани ҳуруф аз ҳаракот, вуҷуди лаҳҷаҳои мухталиф ва эъмоли салиқаи қориёни Қуръон (касоне ки Қуръонро таълим медоданд) донистаанд[41].

Дар қарни чаҳоруми қамарӣ, Ибни Муҷоҳид, устоди қориёни Бағдод, ҳафт қироатро аз байни ҳамаи қироатҳо баргузид. Қориёни ин қироатҳо ба қуррои сабъа (қориёни ҳафтгона) машҳуранд. Аз он ҷо ки ҳар як аз ин қироатҳо бо ду ривоят, нақл шудааст, аз ин пас чаҳордаҳ қироат аз Қуръон мавриди қабули мусулмонон қарор гирифт[42].

Аҳли суннат эътиқод доранд Қуръон, вуҷуҳи лафзии гуногуне дорад ва афрод метавонанд тибқи ҳар як аз он вуҷуҳе, ки мехоҳанд, онро қироат кунанд[43], аммо олимони шиа мегӯянд: Қуръон танҳо бо як қироат нозил шудааст ва имомони шиа сирфан ба хотири осонгирӣ, хондани Қуръон бо қироатҳои мухталифро иҷоза додаанд[44].

Қироати роиҷ дар миёни мусулмонон, қироати Осим бо ривояти Ҳафс аст. Гурӯҳе аз қуръонпажӯҳони муосири шиа, танҳо ин қироатро саҳеҳ ва мутавотир дониста, гуфтаанд: дигар қироатҳо аз Пайғамбар гирифта нашуда ва ҳосили эъмоли салиқаи қориёни он қироатҳо будааст[45].

Тасвири нусхае аз Қуръон бо тарҷумаи форсӣ, марбут ба давраи темурӣ

Эъробгузории Қуръон

Дар забони арабӣ, эъроб саҳми муҳимме дар баёни маънӣ дорад ва тавваҷуҳ ба эъроби Қуръон зарурате дучандон дорад; зеро хато дар ташхиси эъроби Қуръон, боиси тағйири маъно ва гоҳе маъное мутаноқиз бо мақсуди Худованд мешавад[46].

Котибони ваҳй дар ибтидо калимоти Қуръонро бенуқта ва эъроб менигоштанд ва ин амр барои касоне ки дар асри Пайғамбар (с) зиндагӣ мекарданд, мушкилие надошт, аммо барои наслҳои баъдӣ ва ба хусус мусулмонони ғайриараб гоҳ мӯҷиби қироатҳои мухталиф ва тағйири маъонӣ мегардид ва из ин рӯй, эъробгузории Қуръон барои поён додан ба ихтилофот ва тағйиру таҳрифи маънавии Қуръон зарурӣ буд[47]. Гузоришҳои таърихӣ дар бораи нахустин эъробгузори Қуръон ва сабткунандаи нишонаҳои эъробӣ мухталиф аст. Маъмулан Абуласвади Дуалӣ (ваф. 69ҳ.қ.)-ро оғозгари эъробгузории Қуръон муаррифӣ мекунанд, ки бо кумаки Яҳё ибни Яъмур анҷом медодааст[48]. Эъробгузории ибтидоӣ ба ин шакл будааст: нуқта рӯи ҳарфи поёнии калима барои насб, нуқтаи зери ҳарф барои ҷар, нуқтаи баъд аз ҳарфи охир барои рафъ[49]. Як қарн баъд, тавассути Халил ибни Аҳмади Фароҳидӣ (ваф. 175ҳ.қ.), шаклҳои хос, ҷойгузини нуқтаҳо шуданд: шакли росткунҷаи рӯи ҳарф барои насб, росткунҷаи зери он барои ҷар, вови хурд болои он барои рафъ, такрори шакли мушобеҳи ҳар ҳаракат барои танвин, дандонаи ҳарфи син «س» барои ташдид, сари ҳарфи сод «ص» барои сукун[50]. Сипас дар нимаи дувуми қарни дувуми ҳиҷрӣ, мактаби наҳви Басра бо шахсияте чун Сибавайҳ, ва мактаби наҳви Кӯфа ба пешвоии Касоӣ ва дар авосити садаи сеюми ҳиҷрӣ, мактаби наҳви Бағдод зуҳур кард ва дар илми эъроби Қуръони Карим таҳаввул падид омад[51].

Тарҷума

Навиштори аслӣ: Тарҷумаи Қуръон

Тарҷумаи Қуръон пешинаи бисёр куҳане дорад ва ба садри Ислом бармегардад[52], аммо нахустин тарҷумаи комили Қуръон ба забони форсӣ, дар қарни чаҳоруми қамарӣ анҷом шудааст[53]. Гуфтаанд: нахустин мутарҷими Қуръон, Салмони Форсӣ будааст, ки Бисмиллоҳир-раҳмонир-раҳимро «Ба номи Яздони бахшоянда» тарҷума кард[54].

Тарҷумаи Қуръон ба забонҳои аврупоӣ, дар оғоз тавассути кашишону роҳибони масеҳӣ анҷом шуд. Онҳо бо қасди ишкол гирифтан ба Ислом дар мабоҳиси каломӣ, иборатҳое аз онро тарҷума карданд[55]. Нахустин тарҷумаи комили лотини Қуръон, дар қарни шашуми қамарӣ (дувоздаҳуми мелодӣ) навишта шудааст[56].

Чоп

Қуръон нахустин бор дар соли 950 қамарӣ (1543 мелодӣ), дар Италия ба чоп расид. Ин чоп ба дастури мақомоти калисо аз байн рафт. Пас аз он дар соли 1104 қамарӣ (1692 мелодӣ) ва сипас 1108 қамарӣ (1696 мелодӣ), дар аврупо чоп шуд. Аввалин чопи Қуръон тавассути мусулмон, дар соли 1200 қамарӣ сурат гирифт. Мавлоусмон ин корро дар Санкт-Перетрбурги Русия анҷом дод. Аввалин кишвари мусулмон, ки Қуръонро чоп кард, Эрон буд. Эрон дар солҳои 1243 қамарӣ ва 1248 қамарӣ, ду чопи сангии зебо аз он таҳия кард. Дар солҳои баъд, дигар кишварҳои исломие монанди Туркия, Миср ва Ироқ, чопҳои мухталифе аз Қуръон таҳия карданд[57].

Қуръони чопи Миср, дар соли 1342 қамарӣ бо назорати асотиди донишгоҳи ал-Азҳар ва бар асоси ривояти Ҳафс аз Осим, таҳия шуда буд ва мавриди пазириши ҷаҳони Ислом қарор гирифт. Қуръоне ки имрӯз бо номи Усмон Тоҳо шинохта шудааст, ба хатти ин хушнависи сурӣ ва бар пояи чопи Миср аст. Ин Қуръон дар бештари кишварҳои исломӣ чоп мешавад. Вижагии ин чоп, танзими оёт дар сафҳаҳо ва тақсими муназзами ҳизбҳо ва ҷузъҳои сигонаи Қуръон аст[58].

Имрӯза чопи Қуръон, бо назорати созмонҳои марбут ба ин кор анҷом мешавад ва қавонини вижаеро дорад.[59] Дар Эрон, созмони Дор-ул-Қуръон-ул-карим, вазифаи тасҳеҳ ва назорат бар чопи Қуръонро бар ӯҳда дорад.[60]

Сохтори Қуръон

Қуръон 114 сура ва наздик ба шаш ҳазор оят дорад. Дар бораи адади дақиқи оёти он, ихтилофи назар аст. Бархе аз Имом Алӣ (а) нақл кардаанд, ки Қуръон 6236 оят дорад[61]. Қуръон ба сӣ ҷузъ (пора) ва 120 ҳизб тақсим шудааст.[62]

Сура

Навиштори аслӣ: Сура

Ба бахшҳои мухталифи Қуръон, ки муҳтавои мунсаҷиме доранд, сура мегӯянд.[63] Сураҳои Қуръон, ба ҷуз сураи Тавба, бо “Бисмиллоҳир-раҳмонир-раҳим” оғоз мешавад.[64] Сураҳо бо тавваҷуҳ ба замони нузулашон, ба ду дастаи сураҳои маккӣ ва маданӣ тақсим мешаванд. Ба сураҳое ки пеш аз ҳиҷрати Пайғамбари Ислом (с) ба Мадина нозил шудаанд, маккӣ мегӯянд; сураҳоеро ки баъд аз ҳиҷрати Пайғамбар (с) ба Мадина, нозил шудаанд, маданӣ меноманд.[65]

Оят

Навиштори аслӣ: Оят
Оятҳои ҳаккокишуда бар 80 қитъа дар Наҷаф рӯи заминаи чӯб

Оят ба калимот, иборот ва ё ҷумалоте аз Қуръон мегӯянд, ки сура аз онҳо ташкил мешавад.[66] Ҳар сурае теъдоди муайяне оят дорад.[67] Оёти Қуръон ба лиҳози ҳаҷм бо ҳам мутафовитанд. Ояти 282 сураи Бақара, дарозтарин ояти Қуръон аст. Кӯтоҳтарин ояти Қуръонро низ оёте чун «Мудҳомматон» (сураи ар-Раҳмон, ояти 64), «Ваззуҳа» (сураи Зуҳо, ояти 1), «Валфаҷр» (сураи Фаҷр, ояти 1) ва ё фавотиҳи сураҳо донистаанд.[68]

Оёти Қуръон аз назари миқдори равшании маъно, ба ду дастаи муҳкам ва муташобеҳ тақсим мешавад. Манзур аз оёти муҳкам, оётеанд, ки маънояшон ба андозае равшан аст, ки ҷои шакке дар онҳо нест. Ба оёте ки дар бораи маънои онҳо этимолоти мухталифе дода мешавад, муташобеҳ мегӯянд.[69] Ин дастабандиро худи Қуръон ироа кардааст.[70]

Тақсими дигаре низ барои оёт баён шудааст: ба ояте аз Қуръон, ки ҳукми мавҷуд дар ояти дигарро ботил мекунад, ояти носих, ва ба ояте ки ҳукмаш ботил шудааст, мансух мегӯянд.[71]

Ҳизб ва ҷузъ

Навишторҳои аслӣ: Ҷузъ ва Ҳизб

Ҳизб ва ҷузъ ду гуна аз тақсимоти Қуръон аст, ки мусулмонон ибдоъ кардаанд. Ҳадс задаанд, ки мусулмонон ин корро ба ҷиҳати барномарезӣ барои тиловат ё ҳифзи рӯзонаи Қуръон анҷом дода бошанд. Ин гуна тақсимот ҷанбаи фардӣ дошта ва яксон набудааст.[72] Гуфтаанд: дар замони Пайғамбар (с), Қуръон ба ҳафт ҳизб тақсим шуда буд ва ҳар ҳизб чанд сураро дарбар мегирифт; ҳамчунин дар давраҳое, тақсимбандиҳои дуҷузъӣ то даҳ ҷузъӣ барои Қуръон матраҳ будааст. Имрӯза тақсими Қуръон ба сӣ ҷузъ ва тақсими ҳар ҷузъ ба чаҳор ҳизб, роиҷ аст.[73]

Муҳтаво

Дар Қуръон аз мавзуъоти гуногуне чун масоили эътиқодӣ, ахлоқ, аҳкоми шаръӣ, достонҳои гузаштагон, мубориза бо мунофиқону мушрикон сухан ба миён омадааст. Бархе аз мазмунҳои муҳими Қуръон иборатаст аз: тавҳид, маод, рӯйдодҳои садри Ислом ҳамчун ғазавот(ҷангҳо)-и Пайғамбари Ислом, қисаҳои Қуръон, аҳкоми ибодӣ, ҳуқуқӣ ва ҷазоии дини Ислом, фазоил ва разоили ахлоқӣ ва наҳй аз ширку нифоқ.[74]

Таҳрифнопазирӣ

Навиштори аслӣ: Таҳрифнопазирии Қуръон

Таҳриф ба маъное ки ғолибан аз он баҳс мешавад; яъне изофа шудани калима ё калимоте ба Қуръон, ё ҳазф шудани калима ё калимоте аз он. Абулқосими Хуӣ навиштааст: Мусулмонон иттифоқи назар доранд, ки таҳриф ба маънои нахуст, дар Қуръон сурат нагирифтааст, аммо дар заминаи ҳазфи калима ё калимоте аз Қуръон, ихтилофи назар вуҷуд дорад.[75] Ба гуфтаи ӯ, дидгоҳи машҳур байни олимони шиа ин аст, ки таҳриф ба ин маъно низ дар Қуръон сурат нагирифтааст.[76]

Таҳаддӣ ва эъҷози Қуръон

Навишторҳои аслӣ: Таҳаддӣ ва Эъҷози Қуръон

Дар оёте аз Қуръон, аз мухолифони Пайғамбари Ислом (с) хоста шудааст, ки агар Пайғамбарро фиристодаи Худованд намедонанд, китобе ҳамчун Қуръон ё даҳ сура ё дастикам як сура монанди онро биоваранд.[77] Мусулмонон ин масаъларо таҳаддӣ ном ниҳодаанд. Таҳаддӣ ба маънои ҳамовард хостан ва ба мубориза талабидан аст. Ин калима нахустин бор дар навиштаҳои каломии садаи сеюм, ба маънои ҳамовард хостани Қуръон, ба кор рафтааст.[78] Ба эътқиоди мусулмонон касе, наметавонад китобе монанди Қуръон биоварад ва ин нишонаи муъҷиза будани Қуръон ва пайғамбарии ҳазрати Муҳаммад (с) аст. Худи Қуръон ҳам бар Илоҳӣ будани он, таъкид карда ва овардани монанде барои онро номумкин донистааст.[79] Эъҷоз-ул-Қуръон, яке аз улуми қуръоние аст, ки далоили муъҷиза будани Қуръонро баррасӣ мекунад.

Улуми муртабит бо Қуръон

Қуръон маншаи пайдоиши илмҳои фаровоне, байни мусулмонон шудааст. Тафсир ва улуми қуръонӣ аз он ҷумла аст.

Тафсир

Навиштори аслӣ: Тафсир

Тафсир илми шарҳ ва табйини оёти Қуръон аст.[80] Тафсири Қуръон аз замони Пайғамбар ва тавассути худи ӯ оғоз шудааст.[81] Имом Алӣ (а), Ибни Аббос, Абдуллоҳ ибни Масъуд ва Убай ибни Каъб, нахустин муффасирони Қуръон пас аз Пайғамбар (с) будаанд.[82] Қуръон бо равишҳои мухталифе тафсир шудааст. Бархе аз равишҳои тафсири Қуръон иборатанд аз: тафсири мавзуӣ, тафсири тартибӣ, тафсири Қуръон ба Қуръон, тафсири ривоӣ, тафсири илмӣ, тафсири фиқҳӣ, тафсири фалсафӣ ва тафсири ирфонӣ.

Улуми қуръонӣ

Навиштори аслӣ: Улуми қуръонӣ

Маҷмуъаи илмҳоеро, ки дар бораи Қуръон баҳс мекунанд, улуми қуръонӣ меноманд. Таърихи Қуръон, оёт-ул-аҳком, илми луғоти Қуръон, илми эъроб ва балоғати Қуръон, асбоби нузул, қасас-ул-Қуръон, эъҷоз-ул-Қуръон, илми қироатҳо, илми Маккӣ ва Маданӣ, илми муҳкам ва муташобеҳ ва илми носиху мансух аз мабоҳиси улуми қуръонӣ аст.[83]

Бархе аз манобеи муҳимми Улуми қуръонӣ иборат аст аз:

Оинҳо

Қуръон ба сар гирифтан дар шаби Қадр дар шаҳри Наҷаф

Қуръон дар зиндагии иҷтимои мусулмонон ҳузури пурранге дорад. Ҷаласоти хатми Қуръони умумӣ дар масоҷид, ҳарамҳои имомону имомзодагон ва маҷолиси хонагӣ баргузор мешавад.[84]

Қуръон ба сар гирифтан аз оинҳое аст, ки шиаён дар шабҳои Қадр анҷом медиҳанд. Дар ин оин, зимни қарор додани Қуръон бар болои сар, Худовандро ба ҳаққи худи Ӯ ва Қуръону маъсумон, қасам медиҳанд, то гуноҳонашонро биёмурзад.[85]

Дар бисёре аз маҷолиси расмии мусулмонон, монанди суханрониҳо ва оинҳои иҷтимоӣ, аз ҷумла издивоҷ, оёте аз Қуръон қироат мешавад.[86]

Қуръон бо оинҳои наврузии эрониён, пайванди муҳкаме дорад. Дар Эрон, бар сари суфраи ҳафтсин, Қуръон мегузоранд ва ҳангоми таҳвили соли нав, оёте аз онро тиловат мекунанд. Ҳамчунин дар бархе аз хонаводаҳо, бузургтарҳо, аз тариқи Қуръон идӣ медиҳанд. Онҳо миқдоре пул дар Қуръон қарор медиҳанд ва бачаҳо бо бозкардани он, идии худро мебардоранд.[87]

Қуръон дар ҳунар

Қуръон, бозтоби фаровоне дар ҳунари мусулмонон доштааст. Бештарин намуди он дар ҳунарҳое чун хушнависӣ, тиллокорӣ, таҷлид (ҷилд кардан), адабиёт ва меъморӣ қобили мушоҳида аст. Аз он ҷо ки ҳифз ва интишори Қуръон, бо нусханависӣ сурат мегирифт, ҳунари хушнависӣ байни мусулмонон бисёр пешрафт кард[88] ва ба тадриҷ Қуръон бо хатҳои гуногуне чун насх, кӯфӣ, сулс, шикаста ва настаълиқ навишта шуд.[89] Оёти Қуръон дар адабиёти форсӣ ва арабӣ ҳам бисёр корбурд доштааст. Ҳам дар наср ва ҳам дар шеъри форсӣ ва арабӣ, иборот ва мазмуни қуръонии фаровоне ба кор рафтааст.[90]

Ҳунари меъмории исломӣ беш аз ҳар чизе, таҳти таъсири оёти Қуръон будааст. Дар бештари биноҳои таърихии мусулмонон, аз ҷумла масҷидҳо ва кохҳо иборатҳои қуръонӣ дида мешавад, ҳамчунин бархе аз мазомини Қуръон ҳамчун авсофи Қуръон аз биҳишту дӯзах, дар меъмории биноҳо ба кор рафтааст.[91] Иборатҳои қуръонии мавҷуд дар Қуббат-ус-сахраи воқеъшуда дар Байтулмуқаддасро аз ҷолибтарин, корбурдҳои оёти Қуръон дар биноҳо донистаанд. Дар катибаҳои ин бино, ки дар соли 71 қамарӣ/691 мелодӣ, сохта шудааст, ақоиди аслии дини Ислом ва бахшҳое аз оёти сураҳои Нисо, Оли Имрон ва Марям дида мешавад.[92]

Таъсири Қуръон дар мондагории забони фасеҳи арабӣ

Гуфтаанд забони Қуръон, фасеҳ ва болотар аз забон ва адабиёти арабии асри нузулаш буд; эъҷози каломии он ва пардохтан ба китобати Қуръон ва баъдҳо расмулхат ва эъробгузорӣ, тафсир (монанди вожашиносӣ ва истинод ба ашъори ҷоҳилӣ), тадвини дастури забони арабӣ (барои ҳифзи Қуръон аз таҳриф ва қироати нодуруст), улуми қуръонӣ, густариши Ислом ба сарзаминҳои дигар ва..., боиси ҳифзи ин забон ва табдил шудан ба як забони ҷаҳонӣ шуд. Аз ин рӯ, гуфта шудааст агар Қуръон намебуд, забони фасеҳи арабӣ, монанди забонҳои лотину санскрит, забони мурдаю бостонӣ мешуд.[93]

Дидгоҳи мусташриқон

Донишмандони ғайримусулмон, пажӯҳишҳои фаровоне дар бораи адабиёт, муҳтаво ва ваҳйонӣ будани Қуръон анҷом додаанд. Бархе аз мусташриқон, Қуръонро каломи Пайғамбари Ислом (с) дониста, гуфтаанд: мазмуни он аз манобеи яҳудию масеҳӣ ва ашъори давраи ҷоҳилият, иқтибос шудааст; бархе низ ҳарчанд ошкоро Қуръонро ваҳйонӣ надонистаанд, онро бартар аз каломи инсонӣ шумурдаанд.[94]

Ричард Бел, гуфтааст: Сабки адабиёти Қуръон, ки дар он саҷъ ва такрору ташбиҳи фаровоне ба кор рафтааст, аз матнҳои яҳудию масеҳӣ ва оини ҳунафо таъсир гирифтааст. Дар муқобил, Теодор Нулдака, сураҳои Қуръон ба хусус сураҳои маккии онро аз назари адабӣ, эъҷозгуна дониста, оёти Қуръонро ба нағмаи фариштагон ташбеҳ кардааст, ки ҷони муъминонро ба ваҷд меоварад. Мурис Буко - мусташриқи фаронсавӣ, эъҷози илмии Қуръонро мадди назар қарор дода, навиштааст: бархе аз оёти Қуръон бо иктишофоти илмии ҷадид комилан мутобиқат дорад. Ӯ натиҷа гирифтааст, ки Қуръон маншаи Илоҳӣ дорад.[95]

Ҷусторҳои вобаста

Нигорхона

Эзоҳ

  1. Мисбоҳи Яздӣ, Қуръоншиносӣ,1389,ҷ.1,саҳ.115-122
  2. Мирмуҳаммадӣ Зарандӣ, Таърих ва улуми Қуръон, 1363 ҳ.ш., саҳ.44/ Мисбоҳ Яздӣ, Қуръоншиносӣ, 1389,ҷ.1, саҳ.123.
  3. Маърифат, ат-Тамҳид, 1412 ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.124-127
  4. Маърифат, ат-Тамҳид, 1412 ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.127
  5. Мутаҳҳарӣ, Маҷмуаи осор, 1389 ҳ.ш., ҷ.2, саҳ.153
  6. ниг.: Сураи Шӯро, ояти 51
  7. Сураи Бақара, ояти 97.
  8. Мирмуҳаммадии Зарандӣ, Таърих ва улуми Қуръон, 1362 ҳ.ш., саҳ.7
  9. Юсуфии Ғаравӣ, Улуми қуръонӣ, 1393 ҳ.ш., саҳ.46 /Маърифат, ат-Тамҳид, 1412 ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.55 ва 56
  10. Сураи Бақара, ояти 185/ сураи Қадр, ояти 1
  11. Искандарлӯ, Улуми қуръонӣ, 1379 ҳ.ш., саҳ.41
  12. Мисбоҳи Яздӣ, Қуръоншиносӣ, 1379 ҳ.ш., ҷ.1, саҳ.129
  13. Искандарлӯ, Улуми Қуръонӣ, саҳ.42
  14. Искандарлӯ, Улуми Қуръонӣ, саҳ.42 ва 49
  15. Юсуфии Ғаравӣ, Улуми қуръонӣ, 1393 ҳ.ш., саҳ.28
  16. Юсуфии Ғаравӣ, Улуми қуръонӣ, 1393 ҳ.ш., саҳ.28
  17. Мисбоҳи Яздӣ, Қуръоншиносӣ, 1389 ҳ.ш., ҷ.1, саҳ.43
  18. Хуррамшоҳӣ, Қуръон ва қуръонпажӯҳӣ, саҳ.10
  19. Муллосадро, ал-Ҳикмат-ул-мутаолияти фи-л-асфор-ил-арбаа, 1981, ҷ.7, саҳ.52
  20. Мутаҳҳарӣ, Маҷмуаи осор, 1390 ҳ.ш., ҷ.26, саҳ.25 ва 26
  21. Мутаҳҳарӣ, Маҷмуаи осор, 1390 ҳ.ш., ҷ.26, саҳ.26
  22. Кулайнӣ, Кофӣ, 1407 ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.69
  23. Кулайнӣ, Кофӣ, 1407 ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.69
  24. https://razavi.aqr.ir/Portal/home/?news/272708/933143/979000/
  25. Ромиёр, Таърихи Қуръон, 1369 ҳ.ш., саҳ.221
  26. Ромиёр, Таърихи Қуръон, 1369 ҳ.ш., саҳ.257
  27. Маърифат, ат-Тамҳид, 1412 ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.280
  28. Ромиёр, Таърихи Қуръон, 1369 ҳ.ш., саҳ.260
  29. Суютӣ,ал-Итқон, 1363 ҳ.ш., ҷ.1, саҳ.202/ Суютӣ, тарҷумаи ал-Итқон, ҷ.1, саҳ.201.
  30. Маърифат, ат-Тамҳид, 1412 ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.282.
  31. Маърифат, ат-Тамҳид, 1412 ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.281.
  32. Маърифат, ат-Тамҳид, 1412 ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.334.
  33. Маърифат, ат-Тамҳид, 1412 ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.334-337.
  34. Маърифат, ат-Тамҳид, 1412 ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.338.
  35. Маърифат, ат-Тамҳид, 1412 ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.346.
  36. Маърифат, ат-Тамҳид, 1412 ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.343-346.
  37. Маърифат, ат-Тамҳид, 1412 ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.341.
  38. Ҳурри Омилӣ, Васоил-уш-шиа, 1412 ҳ.қ., ҷ.4, саҳ.821
  39. Маърифат, ат-Тамҳид, 1412 ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.342.
  40. Носиҳиё, Улуми қуръонӣ дар мактаби Аҳли Байт, 1389 ҳ.ш., саҳ.195
  41. Маърифат, ат-Тамҳид, 1411 ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.10, 12, 16, 25
  42. Носиҳиён, Улуми қуръонӣ дар мактаби Аҳли Байт, 1389 ҳ.ш., саҳ.195
  43. Носеҳиён, Улуми қуръонӣ дар мактаби Аҳли Байт, саҳ.198
  44. Носеҳиён, Улуми қуръонӣ дар мактаби Аҳли Байт, саҳ.199
  45. Носеҳиён, Улуми қуръонӣ дар мактаби Аҳли Байт, 1389 ҳ.ш., саҳ.199
  46. Муҳаммадии Райшаҳрӣ, Шинохтномаи Қуръон, 1391 ҳ.ш., ҷ.2, саҳ.212.
  47. Муҳаммадии Райшаҳрӣ, Шинохтномаи Қуръон, 1391 ҳ.ш., ҷ.2, саҳ.214
  48. Муҳаммадии Райшаҳрӣ, Шинохтномаи Қуръон, 1391 ҳ.ш., ҷ.2, саҳ.215.
  49. Муҳаммадии Райшаҳрӣ, Шинохтномаи Қуръон, 1391 ҳ.ш., ҷ.2, саҳ.215.
  50. Муҳаммадии Райшаҳрӣ, Шинохтномаи Қуръон, 1391 ҳ.ш., ҷ.2, саҳ.215.
  51. Муҳаммадии Райшаҳрӣ, Шинохтномаи Қуръон, 1391 ҳ.ш., ҷ.2, саҳ.316.
  52. Ромиёр, Таърихи Қуръон, 1369 ҳ.ш., саҳ.653
  53. Озарнуш, Тарҷумаи Қуръон ба форсӣ, саҳ.79
  54. Ромиёр, Таърихи Қуръон, 1369 ҳ.ш., саҳ.653
  55. Раҳматӣ, Тарҷумаи Қуръон ба забонҳои дигар, 1383 ҳ.ш., саҳ.84
  56. Раҳматӣ, Тарҷумаи Қуръон ба забонҳои дигар, 1383 ҳ.ш., саҳ.84
  57. Маърифат, Пешинаи чопи Қуръони карим, сойти донишномаи мавзуъии Қуръон
  58. Маърифат, Пешинаи чопи Қуръони карим, сойти донишномаи мавзуъии Қуръон
  59. Назорат бар чоп ва нашри Қуръони карим, сойти Тиловат
  60. Таърихча ва вазоиф ва аҳдоф, сойти Тиловат
  61. Юсуфии Ғаравӣ, Улуми Қуръонӣ, 1393 ҳ.ш., саҳ.32
  62. Мустафид, "ҷуз, саҳ.229, 230
  63. Ҷаводии Омулӣ, Тасним, 1389, ҷ.2, саҳ.411
  64. Ҷамъе аз муҳаққиқон, "Ояти басмала", саҳ.120
  65. Маърифат, ат-Тамҳид, 1413 ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.130
  66. Муҷтаҳиди Шабистарӣ, Оят, 1370 ҳ.ш., саҳ.276
  67. Муҷтаҳиди Шабистарӣ, Оят, 1370 ҳ.ш., саҳ.276
  68. Муҷтаҳиди Шабистарӣ, Оят, 1370 ҳ.ш., саҳ.276
  69. Таботабоӣ, ал-Мизон, 1417 ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.21/ Макорими Шерозӣ, Тафсири намуна, 1374 ҳ.ш., ҷ.2, саҳ.433
  70. Сураи Оли-Имрон, ояти 7.
  71. Маърифат, ат-Тамҳид, 1411 ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.294
  72. Мустафид, Ҷузъ, саҳ.228
  73. Мустафид, Ҷузъ, саҳ.229
  74. Хуррамшоҳӣ, "Қуръони Маҷид", саҳ.1631
  75. Хуӣ, ал-Баён фӣ тафсир-ил-Қуръон, 1430 ҳ.қ., саҳ.200
  76. Хуӣ, ал-Баён фӣ тафсирил-Қуръон, 1430 ҳ.қ., саҳ.201
  77. Сураи Исроъ, ояти 88/ Сураи Ҳуд, ояти 13/ Сураи Юнус, ояти 38.
  78. Маъмурӣ, Таҳаддӣ, 1385 ҳ.ш., саҳ.599.
  79. Сураи Тур, ояти 34.
  80. Аббосӣ, Тафсир, 1382 ҳ.ш., ҷ.7, саҳ.619
  81. Маърифат, ат-Тафсиру вал муфассирун, 1418 ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.174
  82. Маърифат, ат-Тафсиру вал муфассирун, 1418 ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.210
  83. Искандарлӯ, Улуми Қуръон, 1379 ҳ.ш., саҳ.12
  84. Одоби хатми Қуръон дар моҳи Рамазон, Гулистони Қуръон, саҳ.36
  85. Маросими Қуръон ба сар гирифтан, пойгоҳи иттилоърасонии ҳавза
  86. Мусавии Омулӣ, Қуръон дар русуми эронӣ, 1384, саҳ.47
  87. Мусавии Омулӣ, "Қуръон дар русуми эронӣ", саҳ.47
  88. Маҳмудзода, "Ҳунари хат ва тазҳиби қуръонӣ", саҳ.3
  89. Барои намуна ниг.: Ҷабборирод, "Нурнигорони муосир", саҳ.66
  90. Барои намуна ниг.: Ростгӯ, "Таҷаллии Қуръон дар адаби форсӣ", саҳ.56/ Ҷаъфарӣ, "Таъсири Қуръон дар шеъри форсӣ", саҳ.54, / Туробӣ, "Таъсири Қуръон дар шеър ва адаби форсӣ", саҳ.52
  91. Гаробор, "Ҳунари меъморӣ ва Қуръон", саҳ.69
  92. Гаробор, "Ҳунари меъмории ва Қуръон", саҳ.71
  93. Абдуттавоб, Мабоҳисе дар фиқҳ, 1367 ҳ.ш., саҳ.12
  94. Каримӣ, "Мусташриқон ва Қуръон", саҳ.35
  95. Каримӣ, "Мусташриқон ва Қуръон", саҳ.35

Сарчашма

  • Одоби хатми Қуръон дар моҳи Рамазон, Гулистони Қуръон, рақами 91, 1380ҳ.ш.
  • Одоби рафтан ба хонаи ҷадид, сайти маркази миллии посухгӯӣ ба суолоти шаръӣ (20 тири 1395), таърихи дастрасӣ (24 баҳмани 1395ҳ.ш.)
  • Озарнуш, Озартош, “Тарҷумаи Қуръон ба форсӣ”, донишномаи ҷаҳони Ислом, ҷ.7, Теҳрон, Бунёди доиратул-маорифи исломӣ, чопи аввал 1382ҳ.ш.
  • Искандарлӯ, Муҳаммадҷавод, “Улуми қуръонӣ”, Қум, созмони ҳавзаҳо ва мадориси илмияи хориҷ аз кишвар, чопи аввал 1379ҳ.ш.
  • “Таърихча, вазоиф ва аҳдоф”, сайти Тиловат, таърихи дастрасӣ (10 баҳмани 1395ҳ.ш.)
  • Балоғӣ, Садриддин, Қасаси Қуръон, Теҳрон, Амир Кабир, чопи ҳабдаҳум, 1380ҳ.ш.
  • Туробии Сафедобӣ, “Таъсири Қуръон дар шеър ва адаби форсӣ”, думоҳномаҳи башорат, шумораи 45, 1383ҳ.ш.
  • Ҷаббории Род, Ҳамид, “Нурнигорони муосир”, думоҳномаи Башорат, шумораи 58, 1386ҳ.ш.
  • Ҷаъфарӣ, Олия, “Таъсири Қуръон дар шеъри форсӣ”, думоҳномаҳи Башорат, шумораи 67, 1387ҳ.ш.
  • Ҷаводии Омулӣ, Абдуллоҳ, Тасним, Қум, Исро, чопи шашум, 1389ҳ.ш.
  • Ҷамъе аз муҳаққиқон,”Ояти басмала”, фарҳангномаи улуми қуръонӣ, Қум, дафтари таблиғоти исломӣ, чопи аввал, 1394ҳ.ш.
  • Ҳурри Омилӣ, Муҳаммад ибни Ҳасан, Васоил-уш-шиа ило таҳсили масоилиш шариа, таҳқиқи Абдураҳим Раббонии Шерозӣ, Бейрут, Дору эҳйиттурос, чопи шашум, 1412ҳ.қ./1991 м.
  • Хуррамшоҳӣ, Баҳоуддин, “Қуръони Маҷид”, донишномаи Қуръон ва қуръонпажӯҳӣ, ҷ.2, Теҳрон, дӯстон - ноҳид, чопи аввал, 1377ҳ.ш.
  • Хӯӣ, Абулқосим, ал-Баён фӣ-тафсирил-Қуръон, Қум, муассисаи эҳёу осорил имомил Хӯӣ, чопи чаҳорум, 1430ҳ.қ.
  • Раҳматӣ, Муҳаммадкозим, “Тарҷумаи Қуръон ба забонҳои дигар”, донишномаи ҷаҳони Ислом, Теҳрон, ҷ.7, бунёди доиратул маорифил исломӣ, чопи аввал, 1382ҳ.ш.
  • Ромёр, Маҳмуд, Таърихи Қуръон, Теҳрон, Амири Кабир, чопи сеюм,1369ҳ.ш.
  • Ростгӯ, Саидмуҳаммад, “Таҷаллии Қуръон дар адаби форсӣ”, думоҳномаи Башорат, шумораи 30, 1381ҳ.ш.
  • Суютӣ, Ҷалолиддини Абдурраҳмон, ал-Итқону фи улумл Қуръон, таҳқиқи Муҳаммад Абулфазли Иброҳим, Қум, арразӣ - бедор - Азизӣ, чопи дувум, 1363ҳ.ш.
  • Суютӣ, Ҷалолиддини Абдурраҳмон, ал-Итқону фи улумл Қуръон, таҳқиқи Муҳаммад Абулфазли Иброҳим, тарҷумаи Сайидмаҳдии Ҳоирии Қазвинӣ, Теҳрон, Амири Кабир, чопи аввал, 1363ҳ.ш.
  • Торамӣ, Ҳасан, “Таъвил”, донишномаи ҷаҳони Ислом, ҷ.6, Теҳрон, бунёди доирутл маъорифи исломӣ, чопи дувум, 1388ҳ.ш.
  • Аббосӣ, Меҳрдод,”Тафсир”, донишномаи ҷаҳони Ислом, ҷ.7, Теҳрон, бунёди доиратул маъорифи исломӣ, чопи аввал, 1382ҳ.ш.
  • Абдутаавоб, Рамазон, мабоҳисе дар фиқҳуллуғати забоншиносии арабӣ, тарҷума: Ҳамидризо Шайхӣ, Теҳрон, интишороти остони қудси Разавӣ, 1367ҳ.ш.
  • Каримӣ, Маҳмуд,”Мусташриқон ва Қуръон”, гулистони Қуръон,шумораи 22, соли 1379ҳ.ш.
  • Горбор, Алаг, “Ҳунар, меъморӣ ва Қуръон”, тарҷумаи Ҳасани Ҳафтодар, исломпажӯҳӣ,шумораи 1, 1384ҳ.ш.
  • Муҷтаҳиди Шабистарӣ, Муҳаммад,”Оят”, доиратул маорифи бузурги исломӣ, ҷ.2, Теҳрон, маркази доиратул маорифи бузурги исломӣ, чопи дувум, 1370ҳ.ш.
  • Муҳаммадии Рейшаҳрӣ, Муҳаммад ва ҷамъе аз пажӯҳишгарон, шинохтномаи Қуръон бар пояи Қуръон ва ҳадис,ҷ.3, Қум: дорулҳадис, чопи аввал, 1391ҳ.ш.
  • Маҳмудзода, Меҳрдод,”Ҳунари хат ва тазҳиби қуръонӣ”, китоби моҳи ҳунар, шумораи 3, соли 1377ҳ.ш.
  • “Маросими Қуръон ба сар гирифтан”, дар пойгоҳи итилоърасонии ҳавза (7 урдибиҳишти 1392), таърихи дастрасӣ (14 исфанди 1395).
  • Мустафид, Ҳамидризо, “ҷузъ”, донишномаи ҷаҳони Ислом,ҷ.10, Теҳрон, бунёди доиратул маорифи исломӣ, чопи аввал, 1385ҳ.ш.
  • Мисбоҳи Яздӣ, Муҳаммадтақӣ, Қуръоншиносӣ, Қум, интишороти муассисаи омӯзишӣ в пажӯҳишии имоми Хумайнӣ, чопи сеюм, 1389ҳ.ш.
  • Мутаҳҳарӣ, Муртазо, Маҷмӯъаи осор, Теҳрон, интишороти Садро, чопи понздаҳум, 1389ҳ.ш.
  • Маориф, Маҷид,”Гузорише аз омӯзиши Қуръон дар сираи Расули Худо (с)”, пажӯҳиши динӣ, шумораи 3, соли 1380.
  • Маърифат, Муҳаммадҳодӣ,” Ппешинаи чопи Қуръони Карим”, дар сайти донишномаи мавзӯии Қуръон, таърихи дастрасӣ (13 исфанди 1395ҳ.ш.)
  • Маърифат, Муҳаммадҳодӣ, ат-Тафсиру валмуфассирун фи савбиҳил қашиб, Машҳад, донишгоҳи улуми исломии Разавӣ, чопи аввал, 1418ҳ.қ.
  • Маърифат, Муҳаммадҳодӣ, ат-Тафсиру валмуфассирун фи савбиҳил қашиб, Машҳад, донишгоҳи улуми исломии Разавӣ, чопи аввал, 1419ҳ.қ.
  • Маърифат, Муҳаммадҳодӣ, ат-Тамҳиду фи улумил Қуръон, Қум, муассисатул нашрил исломӣ, чопи аввал, 1412ҳ.қ.
  • Маъмурӣ, Алӣ,”Таҳаддӣ”, доиратул маорифи бузурги исломӣ,ҷ.14, Теҳрон, маркази доиратул маорифи исломӣ, чопи аввал, соли 1358ҳ.ш.
  • Макорими Шерозӣ, Носир, Тафсири намуна, Теҳрон, дорулкутубил исломия, чопи аввал, 1374ҳ.ш.
  • Мусавии Омулӣ,”Қуръон дар русими эронӣ”, думоҳномаи Башорат, шумораи 51, 1384ҳ.ш.
  • Мирмуҳаммадии Зарандӣ, Сайидабулфазл, Таърих ва улми Қуръон, Қум, дафтари интишороти исломӣ, 1361ҳ.ш.
  • Носеҳиён, Алӣ Асғар, Улуми қуръонӣ дар мактаби Аҳли Байт, Машҳад, донишгоҳи улуми исломии Разавӣ, чопи аввал, 1389ҳ.ш.
  • “Назорат бар чоп ва нашри Қуръони Карим”, сайти тиловат, таърихи дастрасӣ (10 баҳмани 1395ҳ.ш.)
  • Ҳошимзода, Муҳаммадалӣ,”Китобшиносии улуми Қуръон”, пажӯҳишҳои қуръонӣ,шумораи 14, 1377ҳ.ш.
  • Юсуфии Ғаравӣ, Муҳаммадҳодӣ, Улуми қуръонӣ, Қум, дафтари нашри маориф, 1393ҳ.ш.