Реҳлати Пайғамбар (с)

Аз wikishia
(Тағйири масир аз Вафоти Пайғамбар (с))
Реҳлати Пайғамбар (с)
Наққошии азодорӣ канори бистари Паёмбар (с) дар китоби Сияр-ун-набӣ, ки дар қарни 11ҳ.қ. ба дастури ҳокими усмонӣ ва тавассути Сайид Сулаймон Касимпошо таҳия шуд.
Наққошии азодорӣ канори бистари Паёмбар (с) дар китоби Сияр-ун-набӣ, ки дар қарни 11ҳ.қ. ба дастури ҳокими усмонӣ ва тавассути Сайид Сулаймон Касимпошо таҳия шуд.
Замон28 сафар, соли 11ҳ.қ.
МаконМадина, хонаи Пайғамбар (с)
СабабЗаҳр
ОмилҳоЗани яҳудӣ ё душманони дохилӣ
ПаёмадҳоВоқеаи Сақифа
ВокунишҳоИнкори реҳлат аз тарафи Умар ибни Хаттоб
ДахлдорҲазрати Муҳаммад (с)

Реҳлати Пайғамбар (с) (форсӣ: رحلت پیامبر(ص)) аз рӯйдодҳои соли 11ҳ.қ. аст, ки бо вуқуъи он мусулмонон дучор ихтилоф шуданд ва ҳамин масаъла таъсироти зиёде бар сарнавишти онон дошт. Баҳс аз реҳлат ё шаҳодати Пайғамбар ва пайомадҳои он низ аз баҳсҳои муҳимми таърихи Ислом аст. Бар асоси ривоёте ки дар сарчашмаҳои ҳадисии шиа ва суннӣ нақл шуда, Пайғамбар (с) аз тарафи зане яҳудӣ заҳр хӯронда ва шаҳид шуд; аммо бархе муътақиданд Пайғамбар ба марги табиӣ аз дунё рафтааст. Ба гуфтаи Ҷаъфар Муртазои Омилӣ - пажӯҳишгари таърихи Ислом, Расули Худо чанд бор ҳадафи террор қарор гирифт ва ба сабаби масмумият аз дунё рафт.

Дар манобеи таърихӣ воқеаҳои муҳимме барои вопасин рӯзҳои зиндагии Пайғамбар (с) нақл шудааст; аз ҷумла: ҷараёни сипоҳи Усома, моҷарои давоту қалам, бозгӯии ҳадиси сиқлайн ва таъйини васии Пайғамбар (с).

Ба гузориши манобеи таърихӣ, пас аз реҳлати Пайғамбар (с) мардуми Мадина, ба вижа духтараш Фотима (с), бисёр андӯҳгин буданд. Умар ибни Хаттоб исрор дошт ки Пайғамбар намурда ва касонеро, ки муътақид буданд Пайғамбар аз дунё рафтаро таҳдид ба қатл мекард, то ин ки Абубакр аз роҳ расид ва бо хондани ояти 144 сураи Оли Имрон ӯро ором кард. Бархе ин иқдоми Умарро нақшае аз пеш тарроҳишуда барои ба қудрат расондани Абубакр шумурдаанд.

Ба гузориши таърихнигорон, Имом Алӣ (а) ба кумаки афроде чун Фазл ибни Аббос ва Усома ибни Зайд Пайғамбарро барои дафн таҷҳиз карда ва ӯро дар манзилаш дафн намуданд. Дар замони хоксупории Пайғамбар, бархе сарони ансору муҳоҷирон, дар Сақифаи Банӣ Соида гирд омада ва бар хилофи суфориши Расули Худо, Абубакрро ба ҷонишинии Пайғамбар таъйин карданд.

Реҳлат ё шаҳодати Пайғамбар (с) бинобар қавли машҳури шиа дар 28 сафар ва бинобар қавли машҳури аҳли суннат дар 12 рабиулаввал рух дод.

Ҷойгоҳ

Паёмбари акрам (с) дар соли 11ҳ.қ.[1] ва дар Мадина[2] даргузашт. Реҳлати Пайғамбар дар рӯзи душанбе мавриди тавофуқи ҳамаи таърихнигорон аст.[3] Дар байни шиа, Шайхи Муфид ва Шайх Тӯсӣ санаи онро рӯзи 28 сафар донистаанд[4] ва Шайх Аббоси Қумӣ онро назари бештари олимон шиа медонад.[5] Ба гуфтаи Расули Ҷаъфариён - таърихпажӯҳи шиа, ҳеҷ ривояте барои ин сана вуҷуд надорад[6] ва шиаён ба пайравӣ аз Муфид ва Тӯсӣ ин санаро пазируфтаанд.[7]

Маросими азодории реҳлати Пайғамбар дар ҳарами Имом Алӣ (28 сафари 1445ҳ.қ.)[8]

Аҳли суннат воқеаи даргузашти Пайғамбарро дар моҳи рабиулаввал ва дар рӯзҳои аввал,[9] дувум[10] ва гурӯҳе низ дар рӯзи дувоздаҳуми[11] ин моҳ гузориш намудаанд ва бархе ҳаминро қавли машҳури аҳли суннат донистаанд.[12] Ирбилӣ - маноқибнигори шиа, низ дар Кашф-ул-ғумма ривояте аз Имом Боқир (а) нақл карда ки рӯзи вафоти Пайғамбар (с) дувуми рабиулаввал аст,[13] вале Шайх Аббоси Қумӣ онро аз рӯи тақия донистааст.[14] Чунонки ду олими дигари шиа, Кулайнӣ ва Муҳамад ибни Ҷарири Табарӣ низ қоил ба вуқуъи он дар 12 рабиулаввал ҳастанд.[15]

Сарчашмаҳое ҳамчун ас-Сират-ун-набавия навиштаи Ибни Ҳишом (ваф.218ҳ.қ.),[16] ат-Табақот-ул-кубро навиштаи Муҳамад Ибни Саъд (ваф.230ҳ.қ.),[17] Таърихи Яъқубӣ навиштаи Аҳмад ибни Абияъқуб (ваф.284ҳ.қ.),[18] ал-Иршод навиштаи Шайхи Муфид (ваф.413қ)[19] ва ас-Саҳиҳу мин сират-ин-набий-ил-аъзам навиштаи Ҷаъфар Муртазо Омилӣ (ваф.1441қ) шомили баҳсҳои марбут ба реҳлати Пайғамбар (с) ҳастанд.[20]

Паёмадҳои даргузашти Пайғамбар

Ин рӯйдод таъсири ошкору муҳимме дар сарнавишти мусулмонон дошт.[21] Бедиранг пас аз реҳлати Пайғамбар, гурӯҳе аз бузургони муҳоҷир ва ансор дар Сақифаи Банӣ Соида ҷамъ шуданд ва Абубакрро ба унвони халифа интихоб карданд.[22] Ҳамчунин тарафдорони халифа барои байъат гирифтан аз Алӣ ба хонаи Фотима духтари Пайғамбар ҳамла карданд.[23] Дар ин ҳуҷум ба Фотима ҷароҳатҳое ворид шуд,[24] ки ба эътиқоди шиаён ба шаҳодати ӯ анҷомид.[25] Ба бовари шиаён пас аз реҳлати Пайғамбар, суфоришҳои Пайғамбар дар мавриди ҷонишинии Имом Алӣ (а) ба ҷои вай иҷро нагарадид[26] ва ихтилоф бар сари ҷонишинии ӯ ба низои амиқ дар ҷомеъаи исломӣ бадал шуд ва заминасози эҷоди ду мазҳаби бузурги шиа ва аҳли суннат гардид.[27]

Дар кишварҳои мухталифи ҷаҳон дар солрӯзи реҳлати Расули Худо (с), маросими сӯгворӣ барпо мешавад.[28] Дар Эрон рӯзи 28 сафар ба унвони рӯзи реҳлати Пайғамбар таътили расмӣ асту шиаён ба ҳамин муносибат дар ин рӯз барои Пайғамбар азодорӣ мекунанд.[29]

Моҷарои масмум шудани Пайғамбар

Дар ин ки оё Пайғамбар ба марги одӣ аз дунё рафт ва ё бо заҳр додан, ду гунаи гузориш вуҷуд дорад.[30] Бархе муътақиданд реҳлати Расули Худои як амри табиӣ будааст;[31] вале дар китоби ал-Кофӣ бинобар ҳадисе аз Имом Содиқ (а),[32] китоби Басоир-уд-дараҷот китоби ҳадисии шиа,[33] ва дар Табақоти Ибни Саъд китоби таърихии қарни сеюми қамарӣ, гузоришҳоест, ки Пайғамбар сабаби бемории охири умри худро аз масмум шудан ба хотири хӯрдани гушти гӯсфанде донистааст, ки баъд аз фатҳи Хайбар, зане яҳудӣ барои Пайғамбар ва ёронаш оварда буд.[34]

Шайхи Муфид,[35] Шайх Тӯсӣ,[36] Аллома Ҳиллӣ[37] ва нависандагони бархе манобеи аҳли суннат ҳамчун Саҳеҳи Бухорӣ,[38] Сунани Дорамӣ[39] ва ал-Мустадраку ала-с-саҳиҳайн[40] ба даргузашт Пайғамбар (с) дар асари хӯрондани заҳр таъкид кардаанд. Ҷаъфар Муртазо Омилӣ - таърихшиноси шиа, аз манобеи шиа ва аҳли суннат гузоришҳое дар бораи иқдом ба террори Пайғамбар гирдоварӣ карда[41] ва ба масмумият ва шаҳодати Пайғамбар бовар пайдо кардааст.[42] Ӯ омили масмумияти Пайғамбарро баъзе душманони дохилӣ медонад.[43] Ҳамон тавр ки дар Тафсири Айёшӣ аз Имом Содиқ (а) нақл шуда ки омили масмумияти Пайғамбар ду тан аз ҳамсарони ҳазрат будаанд.[44]

Моҷарои ладуд

Мақолаи аслӣ: Моҷарои ладуд

Моҷарои ладуд ки бархе онро сохтагӣ[45] ва бархе хурофӣ[46] донистаанд низ аз ҳаводиси рӯзҳои бемории Пайғамбари Ислом аст. Дар Саҳеҳи Бухорӣ ва Табақоти Ибни Саъд аз Оиша нақл шуда, ки дар рӯзҳои охири умри Пайғамбар, ки ӯ аз шиддати беморӣ аз ҳол мерафт, ладуд (доруи талх барои беморони синапаҳлӯ) ба даҳони Пайғамбар рехтанд, вале Пайғамбар дар он ҳол ишора кард, ки ин корро накунанд. Вақте Пайғамбар ҳолаш беҳтар шуд дастур дод ба ҷуз амакаш Аббос, аз он дору ба даҳони ҳамаи ҳозирин дар ҷаласа рехта шавад.[47] Наҷмӣ - пажӯҳишгари шиа, эҳтимол додааст ҷоъилони ин ҳадис ба дунболи таъйиде барои иқдоми Умар ибни Хаттоб дар моҷарои давот ва қалам будаанд, ки Пайғамбарро ба ҳазёнгӯӣ муттаҳам кард.[48]

Хоксупории Пайғамбар (с)

Қуббат-ул-хазро бар болои мазори Пайғамбар (с) дар Мадина

Ибни Саъд нақл карда ки баъд аз реҳлати Расули Худо (с) мардум, бисёр андӯҳгин буданд.[49] Духтараш Фотима (с) пайваста ашк мерехт ва навои «Ё абато!» сар медод ва пас аз реҳлати Пайғамбар касе ӯро хандон надид.[50] Дар Наҳҷулбалоға аз Имом Алӣ (а) нақл шудааст ки бо реҳлати Расули Худо (с) дару девор шеван мекарданд ва ман машғули ғусли он ҳазрат будам ва фариштагон маро ёрӣ мекарданд ва бар ӯ намоз мегузорданд ва гӯши ман аз садои оҳистаи онон, ки бар он ҳазрат намоз мехонданд холӣ намешуд.[51]

Ба гузориши манобеи таърихӣ, Пайғамбар (с) дар оғӯши Алӣ (а) аз дунё рафт[52] ва вай Пайғамбарро бо кумаки Фазл ибни Аббос, Усома ибни Зайд ва афроди дигар, аз рӯи пироҳан ғусл дода ва кафан карданд.[53] Ба пешниҳоди Алӣ (а)[54] мардум даста-даста вориди хонаи Пайғамбар шуда ва бидуни он ки ба касе иқтидо кунанд бар Пайғамбар намоз гузорданад ва ин барнома то рӯзи баъд идома дошт.[55] Бинобар он чи дар бархе ривоёт нақл шуда барои макони дафни Пайғамбар пешниҳодоти гуногуне вуҷуд дошт, вале бо таъкиди Алӣ бар ин ки Худо ҷони Пайғамбаронро дар поктарин маконҳо мегирад, ҳама пазируфтанд ва пайкари Пайғамбар дар ҳамон макони реҳлат (манзилаш ва маҳалли зиндагии Оиша) дафн шуд.[56] Қабрро Абуубайдаи Ҷарроҳ ва Зайд ибни Саҳл омода карданд[57] ва Алӣ (а) бо кумаки Фазл ибни Аббос ва Усома ибни Зайд бадани Пайғамбарро ба хок супурд.[58]

Масаълаи ҷонишинӣ

Ҳаққи ҷонишинии Пайғамбар ва раёсат бар ҳукумати мусулмонон пас аз даргузашти ӯ яке аз муҳимтарин масоил ва омили аслии тафриқа байни мусулмонон будааст.[59] Бар ҳамин асос рухдодҳои пеш аз даргузашти Пайғамбари Ислом ва андаке пас аз он, аз ҳассостарин воқеаҳои оканда аз сиёсати пинҳонкорӣ ва печидагӣ тавсиф шудааст.[60] Бар асоси таҳлили манобеи шиа, Пайғамбар барои тасбити ҷонишинии Алӣ пас аз эълон дар Ғадир, талош кард мухолифони хилофати Алиро бо узвият дар сипоҳи Усома аз Мадина дур кунад,[61] ва васиятномае дар бораи баъд аз худаш бинависад,[62] чандин бор бар ҳадиси сиқлайн таъкид кард[63] васии пас аз худро муаррифӣ намуд,[64] ва монеъи иқомаи намози ҷамоат тавассути Абубакр шуд.[65]

Бар асоси гузоришҳои таърихӣ, рӯйкарди саҳоба ба масаълаи ҷонишинии пас аз Пайғамбар бар ду гуна будааст: гурӯҳе аз саҳоба гуфтанд Пайғамбар касеро таъйин накарда ва дар Сақифаи Банӣ Соида гирди ҳам омада ва Абубакрро ба хилофат баргузиданд,[66] ва гурӯҳи дигар, ки бештарашон аз Банӣ Ҳошим буданд бар асоси суханони Пайғамбар муътақид буданд Пайғамбар Алиро барои пас аз худ таъйин кардааст ва ба ҳамин далел то муддате бо Абубакр байъат накарданд.[67] Ихтилофоти ин ду гурӯҳ сабаби даргирӣ дар Мадина ва ҳамла ба хона Алӣ шуд.[68] Бинобар бархе гузоришҳо Алӣ то баъд аз шаҳодати Фотима бо Абубакр байъат накард.[69] Бинобар Китоби Салим ибни Қайс ва манобеи дигар, иддае дар замони ҳаёти Пайғамбар барои таъйини таклифи ҷонишинии ӯ ҳампаймон шуданд, ки ин рӯйдод дар манобеи мазкур саҳифаи малъуна хонда шудааст.[70]

Такнигорӣ

Дар мавзуи реҳлати Пайғамбар (с), бархе осори мустақил - бештар тавассути нависандагони аҳли суннат - нигошта шудааст; аз ҷумла:

  • Вафот-ун-набӣ (с), навиштаи Абдулвоҳид ал-Музаффар. Далоили вафот, бемории Пайғамбар ва муддату сабаби он, ҳаводиси ҳангоми вафот, таҷҳизу тадфин ва азодорӣ барои он ҳазрат, унвонҳои мавриди баҳси ин асар ҳастанд.[71]
  • Вафот-ун-набӣ Муҳамад (с), навиштаи Шайх Ҳусайн ад-Дарозӣ ал-Баҳронӣ, ки тавассути муассисаи Балоғ дар Бейрут ба чоп расидааст.[72]
  • Вафоту Расулиллоҳ (с) ва мавзеу қабриҳ, ба қалам Набил ал-Ҳасанӣ, дар ин асар ба чигунагии вафоти Пайғамбар (с), макони дафни эшон ва ихтилофоти бавуҷудомада байни асҳоб дар ин бора ишора шудааст.[73]
  • Ва азламат-ил-Мадина: вафот-ун-набӣ (с), навишта Назор ан-Наъловонӣ ал-Асқалонӣ, ки дар соли 1424ҳ.қ. тавассути Дор-ул-минҳоҷи Бейрут ба чоп расид.[74]
  • Салват-ул-катиби бивафот-ил-ҳабиб (с), ба қалами Ибни Носириддин ва бо таҳқиқи Солеҳ Юсуф Маътуқ. Ин асар ба ҳаводиси баъд аз реҳлат ва азои фариштагон, ғусли бадани Пайғамбар тавассути Алӣ ибни Абитолиб ва низ ба матолибе дар бораи фарзанду ҳамсарони Пайғамбар пардохтааст.[75]

Эзоҳ

  1. Шайхи Муфид, ал-Иршод, 1410ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.182; Табарӣ, Таърих-ут-Табарӣ, 1387ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.200
  2. Шайхи Муфид, ал-Иршод, 1413ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.182; Табарӣ, Таърих-ут-Табарӣ, 1387ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.195
  3. Ҷаъфариён, Сираи Расули Худо (с), 1383ҳ.ш., саҳ.682
  4. Шайхи Муфид, ал-Иршод, 1413ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.189; Шайх Тӯсӣ, Таҳзиб-ул-аҳком, 1407ҳ.қ., ҷ.6, саҳ.2
  5. Қумӣ, Мунтаҳа-л-омол, 1379ҳ.ш., ҷ.1, саҳ.249
  6. Ҷаъфариён, Сираи Расули Худо (с), 1383ҳ.ш., саҳ.682
  7. Ҷаъфариён, Сираи Расули Худо (с), 1383ҳ.ш., саҳ.682
  8. «[Photos] Mourning of Imam Ali’s (AS) shrine servants on the occasion of 28th of Safar", Хабаргузории ШАФАҚНО
  9. Ибни Касир, ал-Бидояту ва-н-ниҳоя, 1407ҳ.қ., ҷ.5, саҳ.254; Суҳайлӣ, ар-Равз-ул-унуф, 1412ҳ.қ., ҷ.7, саҳ.579
  10. Табарӣ, Таърих-ут-Табарӣ, 1387ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.200; Суҳайлӣ, ар-Равз-ул-унуф, 1412ҳ.қ., ҷ.7, саҳ.579
  11. Ибни Касир, ал-Бидояту ва-н-ниҳоя, 1407ҳ.қ., ҷ.5, саҳ.276; Воқидӣ, ал-Мағозӣ ли-л-Воқидӣ, 1409ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.1089; Халифа ибни Хайёт, Таърихи Халифа ибни Хайёт, 1415ҳ.қ., саҳ.46; Масъудӣ, Муруҷ-уз-заҳаб, 1409ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.280
  12. Торӣ Ҷалил, «Тааммуле дар таърихи вафоти Пайғамбар (с)», саҳ.12
  13. Қумӣ, Мунтаҳа-л-омол, 1379ҳ.ш., ҷ.1, саҳ.249
  14. Қумӣ, Мунтаҳа-л-омол, 1379ҳ.ш., ҷ.1, саҳ.249
  15. Кулайнӣ, ал-Кофӣ, 1362ҳ.ш., ҷ.4, саҳ.439; Табарӣ, ал-Мустаршид, 1415ҳ.қ., си 115
  16. Ибни Ҳишом, ас-Сират-ун-набавия, Дор-ул-маърифа, ҷ.2, саҳ.649 - 666
  17. Ибни Саъд, ат-Табақот-ул-кубро, 1410ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.129 - 253
  18. Яъқубӣ, Таърихи Яъқубӣ, Дору содир, ҷ.2, саҳ.113 - 115
  19. Шайхи Муфид, ал-Иршод, 1413ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.179 - 192
  20. Омилӣ, ас-Саҳиҳу мин сират-ин-набий-ил-аъзам, 1385ҳ.ш., ҷ.33, саҳ.125 - 355 ва саҳ.5 - 230
  21. Ниг.: Шаҳидӣ, Таърихи таҳлилии Ислом, 1390ҳ.ш., саҳ.106 - 107
  22. Табарӣ, Таърих-ул-умами ва-л-мулук, 1387ҳ.ш., ҷ.3, саҳ.201 - 203
  23. Ибни Қутайба, ал-Имомату ва-с-сиёсат, 1410ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.30 - 31
  24. Масъудӣ, Исбот-ул-васия, 1384ҳ.ш., саҳ.146
  25. Маҳдӣ, ал-Ҳуҷум, 1425ҳ.қ., саҳ.221 - 356
  26. Ниг.: Шаҳидӣ, Таърихи таҳлилии Ислом, 1390ҳ.ш., саҳ.106 - 107
  27. Ниг.: Таботабоӣ, Шиа дар Ислом, 1378ҳ.ш., саҳ.28
  28. «مراسم سالروز رحلت پیامبر اکرم(ص) در خارج از کشور», Хабаргузории Меҳр
  29. Барои намуна ниг.: «حرکت و تجمع دسته‌جات عزاداری در سالروز رحلت پیامبر اکرم(ص) در بوشهر», Хабаргузории Тасним
  30. Омилӣ, ас-Саҳиҳу мин сират-ин-набий-ил-аъзам, 1385ҳ.ш., ҷ.33, саҳ.141 - 158
  31. Ибни Абилҳадид, Шарҳи Наҳҷулбалоға, 1404ҳ.қ., ҷ.10, саҳ.266
  32. Кулайнӣ, ал-Кофӣ, 1407ҳ.қ., ҷ.6, саҳ.315, ҳадиси 3
  33. Саффор, Басоир-уд-дараҷот, 1404ҳ.қ., саҳ.503
  34. Ибни Саъд, ат-Табақот-ул-кубро, 1410ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.156 - 155
  35. Шайхи Муфид, ал-Муқниъа, 1413ҳ.қ., саҳ.456
  36. Тӯсӣ, Таҳзиб-ул-аҳком, 1407ҳ.қ., ҷ.6, саҳ.2
  37. Ҳиллӣ, Мунтаҳа-л-матлаб, 1412ҳ.қ., ҷ.13, саҳ.259
  38. Бухорӣ, Саҳеҳ ал-Бухорӣ, 1422ҳ.қ., ҷ.6, саҳ.9, ҳадиси 4428
  39. ад-Дорамӣ, Сунану ад-Дорамӣ, 1412ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.207, ҳадиси 68
  40. Ҳокими Нишобурӣ, ал-Мустадрак, 1411ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.61, ҳадиси 4395
  41. Омилӣ, ас-Саҳиҳу мин сират-ин-набий-ил-аъзам, 1385ҳ.ш., ҷ.33, саҳ.141 - 158
  42. Омилӣ, ас-Саҳиҳу мин сират-ин-набий-ил-аъзам, 1385ҳ.ш., ҷ.33, саҳ.159
  43. Омилӣ, ас-Саҳиҳу мин сират-ин-набий-ил-аъзам, 1385ҳ.ш., ҷ.33, саҳ.159 - 193
  44. Айёшӣ, Китоб-ут-тафсир, 1380ҳ.ш., ҷ.1, саҳ.200
  45. Ибни Абилҳадид, Шарҳи Наҳҷулбалоға, 1404ҳ.қ., ҷ.13, саҳ.32; Наҷмӣ, «Достоне дуруғин дар бораи Паёмбари аъзам (с)», саҳ.120
  46. Омилӣ, ас-Саҳиҳу мин сират-ин-набий-ил-аъзам, 1385ҳ.ш., ҷ.32, саҳ.130
  47. Бухорӣ, Саҳеҳ ал-Бухорӣ, 1422ҳ.қ., ҷ.6, саҳ.14, ҳадиси 4458у ҷ.7, саҳ.127, ҳадиси 5712; Ибни Саъд, ат-Табақот-ул-кубро, 1410ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.181
  48. Наҷмӣ, «Достоне дуруғин дар бораи Паёмбари аъзам (с)», саҳ.120; Наҷмӣ, Азвоу ала-с-саҳиҳайн, саҳ.264
  49. Ибни Саъд, ат-Табақот-ул-кубро, 1410ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.238
  50. Ибни Саъд, ат-Табақот-ул-кубро, 1410ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.237 - 238
  51. Сайид Разӣ, Наҳҷулбалоға (Субҳӣ Солеҳ), 1414ҳ.қ., саҳ.311, хутбаи 197; Макорими Шерозӣ, Наҳҷулбалоға бо тарҷумаи форсии равон, 1384ҳ.ш., саҳ.485
  52. Ибни Саъд, ат-Табақот-ул-кубро, 1410ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.201
  53. Ибни Саъд, ат-Табақот-ул-кубро, 1410ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.212 ва 214; Ибни Ҳишом, ас-Сират-ун-набавия, Дор-ул-маърифа, ҷ.2, саҳ.662 - 263
  54. Шайхи Муфид, ал-Иршод, 1413ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.188
  55. Ибни Саъд, ат-Табақот-ул-кубро, 1410ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.220; Яъқубӣ, Таърихи Яъқубӣ, Дору содир, ҷ.2, саҳ.114
  56. Ирбилӣ, Кашф-ул-ғумма, 1381ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.19
  57. Ибни Ҳишом, ас-Сират-ун-набавия, Дор-ул-маърифа, ҷ.2, саҳ.263
  58. Ибни Саъд, ат-Табақот-ул-кубро, 1410ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.229
  59. Маделунг, Ҷонишинии ҳазрати Муҳамад (с), 1377ҳ.ш., саҳ.13
  60. Ғуломӣ, Пас аз ғуруб, 1388ҳ.ш., саҳ.21
  61. Шайхи Муфид, ал-Иршод, 1413ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.180
  62. Бухорӣ, Саҳеҳ ал-Бухорӣ, 1422ҳ.қ., ҷ.6, саҳ.9, ҳадиси 4432
  63. Шайхи Муфид, ал-Амолӣ, 1413ҳ.қ., саҳ.135; Ибни Ҳаҷари Ҳайсамӣ, ас-Савоиқ-ул-муҳриқа, 1417ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.438 ва 440
  64. Шайхи Муфид, ал-Иршод, 1413ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.185; Заҳабӣ, Таърих-ул-Ислом, 1413ҳ.қ., ҷ.11, саҳ.224; Ибни Касир, ал-Бидояту ва-н-ниҳоя, 1407ҳ.қ., ҷ.7, саҳ.359
  65. Ҷаъфариён, Сираи Расули Худо, 1383ҳ.ш., саҳ.679; Китоби Салим ибни Қайс, 1378ҳ.ш., саҳ.420
  66. Ибни Қутайба, ал-Имомату ва-с-сиёсат, 1410ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.22; Ибни Асир, ал-Комилу фи-т-таърих, Дору содир, ҷ.2, саҳ.327
  67. Яъқубӣ, Таърих-ул-Яъқубӣ, Дору содир, ҷ.2, саҳ.124; Аскарӣ, Сақифа: баррасии наҳваи шаклгирии ҳукумат пас аз Пайғамбар, 1387ҳ.ш., саҳ.99
  68. Яъқубӣ, Таърих-ул-Яъқубӣ, Дору содир, ҷ.2, саҳ.124; Аскарӣ, Сақифа: баррасии наҳваи шаклгирии ҳукумат пас аз Пайғамбар, 1387ҳ.ш., саҳ.99
  69. Ибни Қутайба, ал-Имомату ва-с-сиёсат, 1413ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.30 - 31
  70. Салим ибни Қайс, Китоби Салим ибни Қайс, 1378ҳ.ш., саҳ.269; Қумӣ, Сафинат-ул-биҳор, 1414ҳ.қ., ҷ.5, саҳ.56; Сайид ибни Товус, Турафун мин-ал-анбиёи ва-л-маноқиб, нашри Тосуъо, саҳ.564; Шайхи Муфид, ал-Фусул-ул-мухтора, 1413ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.232
  71. ал-Музаффар, Абдулвоҳид, 1386ҳ.ш., саҳ.3
  72. Дарозӣ, Вафот-ун-набӣ Муҳамад (с), 1428ҳ.қ., саҳ.2
  73. «Вафоту Расулиллоҳи (с) ва мавзеи қабриҳ», Бозори китоби Қоимиаҳ
  74. ан-Наъловонӣ, Вафот-ун-набӣ (с), 1424ҳ.қ., саҳ.2
  75. Ибни Носириддин, Салват-ул-каиб, Дор-ул-буҳуси ли-д-диросот-ил-исломия, 2007м, саҳ.211

Сарчашма

  • «[ Photos ] Mourning of Imam Ali’s (AS) shrine servants on the occasion of 28th of Safar “, хабаргузории ШАФАҚНО, санаи дарҷи матлаб: 14 сентябри 2023м, санаи боздид: 22 июни 2024.
  • «Вафоту Расулиллоҳи (с) ва мавзеи қабриҳ», Бозори китоби Қоимия, санаи боздид: 17 дайи 1402ҳ.ш.
  • «маросими солрӯзи реҳлати Пайғамбари акрам (с) дар хориҷ аз кишвар», Хабаргузории Меҳр, санаи нашр: 22 озари 1394ҳ.ш., санаи боздид: 6 дайи 1402ҳ.ш.,
  • «ҳаракату таҷаммуъи дастаи ҷоти азодорӣ дар солрӯзи реҳлати Пайғамбари акрам (с) дар бушиҳр», хабаргузории тасним, таърихи дарҷи матлаб: 5 обони 1398ҳ.ш., таърихи боздид: 1 мурдоди 1403ҳ.ш.
  • Айёшӣ, Муҳаммад ибни Масъуд, Тафсир-ул-Айёшӣ, Теҳрон, ал-Матбаат-ул-илмия, чопи аввал, 1380ҳ.қ.
  • Аскарӣ, Сайид Муртазо, Сақифа: баррасии наҳваи шаклгирии ҳукумат пас аз Пайғамбар, Қум, Донишкадаи усулуддин, 1387ҳ.ш.
  • Бухорӣ, Муҳаммад ибни Исмоил, Саҳеҳ ал-Бухорӣ, Димишқ, 1422ҳ.қ.
  • Воқидӣ, Муҳаммад ибни Умар, ал-Мағозӣ ли-л-Воқидӣ, Бейрут, 1409ҳ.қ.
  • Дорамӣ, Абдуллоҳ ибни Абдурраҳмон, Сунану ад-Дорамӣ, Арабистони Саудӣ, 1412ҳ.қ.
  • Заҳабӣ, Муҳаммад ибни Аҳмад, Таърих-ул-Ислом, Бейрут, Дор-ул-китоб-ил-арабӣ, чопи дувум, 1413ҳ.қ.
  • Ибни Абилҳадид, Абдулҳамид ибни Ҳибатуллоҳ, Шарҳи Наҳҷулбалоға, муҳаққиқу мусаҳҳеҳ: Иброҳим, Муҳаммади Абулфазл, Қум, Мактабату Оятиллоҳ ал-Маръашӣ ан-Наҷафӣ, чопи аввал, 1404ҳ.қ.
  • Ибни Асир, Алӣ ибни Муҳаммад, ал-Комилу фи-т-таърих, Бейрут, Дору содир, бе то.
  • Ибни Касири Димишқӣ, Исмоил ибни Умар, ал-Бидояту ва-н-ниҳоя, Бейрут, Дор-ул-фикр, 1407ҳ.қ.
  • Ибни Носириддин, Салват-ул-каиби бивафот-ил-ҳабиб, Иморот, Дор-ул-буҳуси ли-д-диросот-ил-исломия, бе то.
  • Ибни Саъд, Муҳаммад, ат-Табақот-ул-кубро, Бейрут, Дор-ул-кутуб-ил-илмия, чопи аввал, 1410ҳ.қ.
  • Ибни Қутайба, Абдуллоҳ ибни Муслим, ал-Имомату ва-с-сиёсат, Бейрут, Дор-ул-азво, 1410ҳ.қ.
  • Ибни Ҳаҷари Ҳайтамӣ, Аҳмад ибни Муҳаммад, ас-Савоиқ-ул-муҳриқати ала аҳл-ир-рафзи ва-з-залоли ва-з-зиндиқа, Бейрут, Муассисат-ур-рисола, чопи аввал, 1417ҳ.қ.
  • Ибни Ҳишом, Абдулмалик, ас-Сират-ун-набавия, Бейрут, Дор-ул-маърифа, чопи аввал, бе то.
  • Ирбилӣ, Алӣ ибни Исо, Кашф-ул-ғумма, таҳқиқ: Сайид Ҳошим Расулии Маҳаллотӣ, Табрез, нашр Банӣ Ҳошимӣ, чоп: аввал, 1381ҳ.қ.
  • Кулайнӣ, Муҳаммад ибни Яъқуб, ал-Кофӣ, муҳаққиқу мусаҳҳеҳ: Ғаффорӣ, Алиакбар, Охундӣ, Муҳаммад, Теҳрон, Дор-ул-кутуб-ил-исломия, чопи чаҳорум, 1407ҳ.қ.
  • Маделунг, Вилферд, Ҷонишинии ҳазрати Муҳаммад (с): пажӯҳише перомуни хилофати нахустин, тарҷума: Аҳмади Намоӣ, Ҷаводи Қосимӣ, Муҳаммадҷаводи Маҳдавӣ ва Ҳайдарризо Зобит, Бунёди пажӯҳишҳои исломии остони қудс, Машҳад, 1377ҳ.ш.
  • Масъудӣ, Алӣ ибни Ҳусайн, Муруҷ-уз-заҳаби ва маодин-ул-ҷавҳар, Қум, 1409ҳ.қ.
  • Маҳдӣ, Абдуззаҳро, ал-Ҳуҷуму ала байти Фотима, Теҳрон, Интишороти Барги ризвон, 1425ҳ.қ.
  • Наҷмӣ, Муҳаммадсодиқ, «Достоне дуруғин дар бораи Паёмбари аъзам (с)», фаслномаи Миқоти ҳаҷ, №58, зимистони 1385ҳ.ш.
  • Омилӣ, Сайид Ҷаъфар Муртазо, ас-Саҳиҳу мин сират-ин-набий-ил-аъзам, Қум, чопи аввал, 1385ҳ.ш.
  • Сайид Разӣ, Муҳаммад ибни Ҳусайн, Наҳҷулбалоға, таҳқиқ: Субҳӣ Солеҳ, Қум, Ҳиҷрат, чопи аввал, 1414ҳ.қ.
  • Салим ибни Қайс, Китоби Салим ибни Қайс, Қум, нашри ал-Ҳодӣ, 1420ҳ.қ./1378ҳ.ш.
  • Саффор, Муҳаммад ибни Ҳасан, Қум, Басоир-уд-дараҷот, китобхонаи Оятуллоҳи Маръашӣ, чопи дувум, 1404ҳ.қ.
  • Суҳайлӣ, Абдурраҳмон, ар-Равз-ул-унуфи фи шарҳи ас-Сират-ун-набавия, Бейрут, Дору эҳё-ит-турос-ил-арабӣ, чопи аввал, 1412ҳ.қ.
  • Табарӣ, Муҳаммад ибни Ҷарир ибни Рустам, ал-Мустаршиди фи имомати Амиралммнин Алӣ ибни Абитолиб (а), таҳқиқ: Аҳмади Маҳмудӣ, Теҳрон, 1415ҳ.қ.
  • Табарӣ, Муҳаммад ибни Ҷарир, таърихи Табарӣ (Таърих-ул-умами ва-л-мулук), Бейрут, Дор-ут-турос, чопи дувум, 1387ҳ.қ.
  • Таботабоӣ, Сайид Муҳаммадҳусайн, Шиа дар Ислом, Ҷомеъаи мударрисини ҳавзаи илмияи Қум, Дафтари интишороти исломӣ, 1378ҳ.ш.
  • Торӣ Ҷалил, «Тааммуле дар таърихи вафоти Пайғамбар (с)», дар маҷаллаи Таърихи Ислом, №5, баҳори 1380ҳ.ш.
  • Халифа ибни Хайёт, Таърихи Халифа ибни Хайёт, Бейрут, Дор-ул-кутуб-ил-илмия, 1415ҳ.қ.
  • Шайхи Муфид, Муҳаммад ибни Муҳаммад, ал-Амолӣ, Қум, конгресси Шайхи Муфид, чопи аввал, 1413ҳ.қ.
  • Шайхи Муфид, Муҳаммад ибни Муҳаммад, ал-Муқниъа, Қум, конгресси ҷаҳонии ҳазораи Шайхи Муфид, чопи аввал, 1413ҳ.қ.
  • Шайхи Тӯсӣ, Муҳаммад ибни Ҳасан, Таҳзиб-ул-аҳком, тасҳеҳ: Муҳаммади Охундӣ, Теҳрон, Дор-ул-кутуб-ил-исломия, чопи чаҳорум, 1407ҳ.қ.
  • Шаҳидӣ, Сайид Ҷаъфар, Таърихи таҳлилии Ислом, Теҳрон, Маркази нашри донишгоҳӣ, 1390ҳ.ш.
  • Яъқубӣ, Аҳмад ибни Абияъқуб, Таърих-ул-Яъқубӣ, Бейрут, Дору содир, чопи аввал, бе то.
  • ал-Музаффар, Абдулвоҳид, Вафот-ун-набӣ (с), Қум, 1386ҳ.ш.
  • ан-Наъловонӣ ал-Асқалонӣ, Назор, Вафот-ун-набӣ (с) ва азламат-ил-Мадина, Бейрут, Дор-ул-минҳоҷ, 1434ҳ.қ.
  • Қумӣ, Шайх Аббос, Мунтаҳа-л-омол, Қум, Далели мо, чопи аввал, 1379ҳ.ш.
  • Ҳиллӣ, Ҳасан ибни Юсуф, Мунтаҳа-л-матлаби фи таҳқиқ-ил-мазҳаб, Машҳад, 1412ҳ.қ.
  • Ҳокими Нишобурӣ, Муҳаммад ибни Абдуллоҳ, ал-Мустадраку ала-с-саҳиҳайн, Бейрут, Дор-ул-кутуб-ил-илмия, чопи аввал, 1411ҳ.қ.
  • Ҷаъфариён, Расул, Сираи Расули Худо (с), Қум, Далели мо, 1383ҳ.ш.
  • ٰДарозӣ ал-Баҳронӣ, Шайх Ҳусайн, Вафот-ун-набӣ Муҳаммад (с) Бейрут, Муассисату балоғ, чопи аввал, 1428ҳ.қ.