Ҷаҳиш ба мӯҳтаво

Үндана:Робитаи номашруъ

Аз wikishia


Робитаи номашруъ (форсӣ: رابطه نامشروع) ба ҳар гуна иртибот бо қасди лаззати ҷинсӣ миёни фард бо ғайриҳамсар гуфта мешавад. Дар фиқҳи исломӣ, ҳар навъи истимтоъ аз ғайриҳамсар ва каниз, новобаста аз инсон ва ҳайвон, ҳамҷинс ё ғайриҳамҷинс, маҳрам ё номаҳрам ҷузви муносибатҳои ғайришаръӣ ҳисоб шуда ва ҳаром аст; дар баъзе маворид гуноҳи кабира ҳам шумурда мешавад. Ба ҷуз гуноҳоне мисли зино ва ливот, ки дорои муҷозоти муайян ҳастанд, рафторҳое чун оғӯш гирифтан, бӯсидан, нигоҳи шаҳватомез ва ҳар гуна иртиботе, ки заминасози муносибати ҷинсӣ бошад, низ робитаи номашруъ ҳисоб мешавад. Ин мафҳум ба тамосҳои ҷисмӣ маҳдуд нест ва мавориди дигаре мисли хилват кардан, паёмрасонӣ ва иртибот дар фазои маҷозӣ низ дар бар мегирад. Дар фиқҳи исломӣ барои робитаи номашруъ, ки ба ҳадди зино нарасад, муҷозоти таъзирӣ то 99 зарбаи шалоқ таъйин шудааст.

Пажӯҳишгарон барои муносибатҳои ғайришаръӣ паёмадҳои иҷтимоии зиёде шумурдаанд, аз ҷумла: коҳиши оромиши равонӣ, афзоиши талоқ ва фурӯпошии хонавода, коҳиши суръати издивоҷ, сиқти ҷанин ва заиф шудани боварҳои динӣ.

Аҳамият

Робитаи номашруъ ва корҳои зидди иффат, ба маънои баҳраварии ҷинсӣ аз ғайриҳамсар, амале ғайри зино аст, ки аз назари фиқҳӣ ҳаром аст.[1] Ин гуна муносибатҳо дар Ислом гуноҳ ҳисоб мешаванд ва баъзе аз онҳо ҷузви гуноҳони кабира қарор доранд.[2] Дар фиқҳи исломӣ барои муносибатҳои ғайришаръӣ камтар аз зино, мисли бӯсидан ва ҳамхобӣ бо номаҳрам, муҷозоти таъзир муқаррар шудааст.[3] Ҳамчунин оёте аз Қуръон мисли 151 Анъом, 90 Наҳл ва 33 Аъроф ки мусалмононро аз анҷоми корҳои зишт (фавоҳиш) парҳез додааст, ба таври куллӣ дар бораи парҳез аз тамоми шаклҳои муносибатҳои ҷинсии ғайришаръӣ аз ҷумла зино, ливот ва мусоҳақа дониста шудаанд.[4]

Оқибати муносибатҳои ғайришаръӣ

Пажӯҳишгарон барои муносибатҳои ғайришаръӣ паёмадҳову оқибатҳои шахсӣ ва иҷтимоии зиёде баршумурдаанд, аз ҷумла суст шудани бунёни хонавода ва таҳдиди бақои он, густариши мункарот ва осебҳои иҷтимоӣ дар ҷомеа.[5] Носир Макорими Шерозӣ, афзоиши муносибатҳои ғайришаръиро муҷиби коҳиши омори издивоҷ медонад.[6] Ҳамчунин Муртазо Мутаҳҳарӣ, исломшиноси шиа бар ин бовар аст, ки равнақи муносибатҳои ғайришаръӣ, ҷойгоҳи издивоҷро паст карда ва онро ҳамчун маҳдудияти озодии шахсӣ ҷилва медиҳад.[7]

Аз дигар паёмадҳои матраҳшуда метавон ба коҳиши оромиши равонӣ,[8] сиқти ҷанин,[9] афзоиши фарзандони номашруъ,[10] паст шудани сатҳи таълим ва саркӯбии истеъдодҳои ҷавонон, заиф шудани боварҳои динӣ ва коҳиши гароиш ба маънавият[11] ишора кард.

Мафҳумшиносӣ

Робитаи номашруъ ғайр аз зино, мафҳуми фарогирест, ки ҳар навъи иртиботи хориҷ аз чорчӯбаи шаръӣ, ки ба ҳадди духул нарасад, дар ин унвон қарор мегирад.[12] Бо ин ҳол, ба гузориши пажӯҳишгарон, ин истилоҳ ба сурати як унвони мустақил дар фиқҳи мазоҳиби исломӣ ба кор нарафта,[13] ва дар қонунҳои ҷиноии баъзе кишварҳо ва низомҳои ҳуқуқӣ низ таърифи дақиқе аз он ироа нашуда, балки бештар ба зикри намунаҳо ва таъйини муҷозот басанда шудааст.[14]

Дар дини Ислом ҳар амале ки бар асоси оёт ё ривоёт ҳаром будани он собит бошад дар зумраи муносибатҳои ғайришаръӣ қарор мегирад; аз ин рӯ муносибати ҷинсӣ байни шахсони ҳамҷинс низ робитаи номашруъ ҳисоб мешавад.[15] Баъзе фақеҳони шиа мисли Софии Гулпойгонӣ, Алавии Гургонӣ ва Макорими Шерозӣ муносибати ғайришаръиро ҳар гуна иртиботи ҷинсии мафсадаангез донистаанд, ки қасди лаззати ҷинсӣ ё заминасози он бошад;[16] бар асоси ин таъриф, робитаи номашруъ ба муносибати физикӣ маҳдуд нест ва шомили иртиботи паёмрасонии ошиқона ва монанди он низ мешавад.[17] Дар муқобил баъзе ҳамчунон Шубайрии Занҷонӣ ва Маҳфузӣ, аз мароҷеи тақлид, танҳо муносибати бадании ҷинсии ғайришаръиро робитаи номашруъ медонанд, ки мавориди он дар фиқҳ омада бошад. Бо ин ҳол, онон низ иртибототи ғайриҳузурии таҳриккунандаро ба далели мафсада ва барангехтани шаҳват ҳаром медонанд, ҳарчанд эътиқод доранд истилоҳи робитаи номашруъ баргирифта аз урф буда ва дар чунин маворид сидқ намекунад.[18]

Таърифи ҳуқуқӣ

Дар ҳуқуқ, робитаи номашруъ дар муқобили муносибати шаръӣ (ношӣ аз издивоҷ) қарор мегирад; бинобар ин, ҳар амале, ки ба хосси зану шавҳар аст, агар миёни ғайри онон воқеъ шавад, ғайришаръӣ талққӣ мешавад.[19] Бо ин ҳол, дар фиқҳ ва ҳуқуқ ба ҷуз зино, таърифи ҷомеъ ва равшане ироа нашудааст.[20] Дар айни ҳол, баъзе ҳуқуқдорон бо таҳлили қонунҳо натиҷа гирифтаанд, ки ҳар муносибат миёни зану марди болиғ ки фоқиди қолаби шаръӣ (сиғаи издивоҷ) бошад, дар сурати ҳамроҳӣ бо қасди лаззати ҷинсӣ, ғайришаръӣ ҳисоб мешавад.[21] Бар ин асос, робитаи номашруъ метавонад бо ризоият ё икроҳ, бо ё бе тамоси ҷисмӣ, миёни афроди оиладор ё муҷаррад ва маҳрам ё номаҳрам таҳаққуқ ёбад.[22] Дар моддаҳои 237 то 241-уми Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон низ баъзе мавориди равобити номашруъ ва амалҳои зидди покдоманӣ ишора ва ҷазоҳои он таин гардидааст.[23]

Фарқи робитаи номашруъ бо корҳои зидди иффату покдоманӣ

Ба назари баъзе ҳуқуқдонон робитаи номашруъ дар қонунҳо таърифи сареҳе надорад ва ба муносибати ҷинсӣ низ маҳдуд нашудааст.[24] Аз ин рӯ, миёни ин унвон ва «амали зидди иффату покдоманӣ» фарқ гузошта ва гуфтаанд амали зидди иффату покдоманӣ иборат аст аз тамоси ҷисмӣ миёни марду зани номаҳрам ба қасди лаззат бидуни духул, аммо робитаи номашруъ густурдатар аст ва шомили ҳар гуна иртибот миёни зану марди номаҳрам бо қасди лаззати ҷинсӣ мешавад.[25] Макорими Шерозӣ амали мунофии иффатро рафторе мухолифи покдоманӣ ва тоҳират донистааст. Алавии Гургонӣ онро амале мешуморад ки бар хилофи сираи муташарреа ё дастурҳои ахлоқӣ ва аҳком буда ва муҷиби шикасташавии ҳаримҳо дар умури ҷинсӣ дар сатҳи ҷомеа шавад.[26]

Намунаҳои робитаи номашруъ

Муносибатҳои ғайришаръиро шомили ҳамаи робитаҳои зидди иффату покдоманӣ медонанд[27] ва ҳар гуна иртибот бо қасди бароварда сохтани тамоюлоти ҷинсӣ, монанди тамоси телефонӣ, тамоси телефонӣ, хилват кардан ё ҳузур дар маконҳои дур аз диди дигаронро дар бар мегирад.[28] Ҳамчунин, ин гуна муносибатҳо метавонад аз тариқи шабакаҳои маҷозӣ, кофешопҳо ё қадам задан дар паркҳо ё ғайра шакл гирад.[29]

Намудҳои робитаи номашруъ дар фиқҳи исломӣ

Дар осори фақеҳони шиа, намудҳои зиёде барои муносибатҳои ғайришаръӣ ва аҳкоми онҳо баён шудааст, аз ҷумла:

Робитаи номашруъ дар фазои маҷозӣ

Бо густариши технология ва фанноварӣ, намунаҳои наве низ барои муносибатҳои ғайришаръӣ матраҳ шудааст; аз ҷумла: ҳарзанигорӣ (порнография), руспигарӣ, нигоҳи шаҳватомез, паёмрасонӣ ва чат, ихтилот, ҳамҷинсбозӣ, ҳарзагӯии телефонӣ, молишгарии ҷинсӣ ва мубаддилпӯшӣ.[39] Баъзе мароҷеи тақлид мисли Софии Гулпойгонӣ ва Систонӣ чунин иртибототро дар сурати вуҷуди қасди лаззат ё эҳтимоли мафсада, ҳаром донистаанд.[40] Ҳамчунин нигориш ва ирсоли паёмҳои таҳриккунанда ё муҳтавои ҷинсӣ[41] дар шабакаҳои иҷтимоӣ дар қолаби филм, акс, стикер ва ҳоказо дар сурате, ки муҷиби таҳрики мухотаб шавад метавонад ҷузви робитаи номашруъ ҳисоб шавад.[42]

Пешгирӣ ва дармон

Баъзе муҳаққиқони улуми динӣ ба роҳкорҳои пешгирӣ аз иртикоби муносибатҳои ғайришаръӣ ва дармони он пардохтаанд.

Шеваҳои пешгирӣ

Бар асоси дидгоҳи баъзе андешмандони динӣ, нахустин роҳбурди Ислом дар муқобила бо инҳирофоти ҷинсӣ, тақвияти хештандорӣ ва эҷоди сифоте мисли иффат дар шахс аст.[43] Дар ин чорчӯба, маҷмуае аз аҳком ва тавсияҳои динӣ ба унвони абзорҳои пешгирона муаррифӣ шудаанд; аз ҷумла парҳез аз нигоҳи ҳаром, риояти ҳиҷоб, ҳурмати тамоси баданӣ бо номаҳрам, иҷтиноб аз хилвати зану марди номаҳрам ва парҳез аз гуфтугӯи таҳриккунанда дар фазои ҳақиқӣ ва маҷозӣ.[44]

Аз дигар роҳкорҳои пешгирона издивоҷи доим ва муваққат муаррифӣ шудааст.[45] Ҳамчунин омилҳое мисли рӯзадорӣ, иффат дар гуфтор, огоҳӣ аз паёмадҳои муносибатҳои ғайришаръӣ, назорат бар мувоҷеҳаи фарзандон бо саҳнаҳои таҳриккунандаи ҷинсӣ дар коҳиши заминаҳои ин навъи муносибатҳо муассир дониста шудаанд.[46]

Роҳкори дармонӣ

Дар хусуси афроде ки даргири муносибатҳои ғайришаръӣ шудаанд, маҷмуае аз роҳкорҳои ислоҳӣ пешниҳод шудааст, аз ҷумла: тавба, қатъи робитаи носолим, тақвияти ирода, дуо ва тавассул, ёди марг ва нопойдории лаззатҳои дунёвӣ, барномарезӣ барои авқоти фароғат, варзиш ва фаъолиятҳои ҳадафманд, парҳез аз танҳоӣ ва гӯшагирӣ, машварат бо уламо.[47] Дар канори ин роҳкорҳое, ки гуфта шуд, дар назар гирифтани муҷозоти муносиб бо навъи тахаллуф низ ба унвони охирин марҳила дар фароянди ислоҳ ва боздорандагӣ матраҳ шудааст.[48]

Эзоҳ

  1. Ҳайдарӣ, «وب و جرایم منافی عفت: واکافی رهیافت‌های حقوقی», саҳ.214.
  2. Дастғайб, Гуноҳони кабира, ҷ.2, саҳ.327 - 332.
  3. Ширӣ, Суқути муҷозот дар ҳуқуқи ҷиноии ислом ва Эрон, саҳ.119 - 120.
  4. Садр, Моваро-ул-фиқҳ, ҷ.9, саҳ.279 - 280; Сиддиқӣ ва дигарон, «مصادیق جدید روابط نامشروع غیر از زنا و مجازات آن در فقه اسلامی و حقوق ایران و افغانستان», саҳ.117.
  5. Сиддиқӣ ва дигарон, «مصادیق جدید روابط نامشروع غیر از زنا», саҳ.116.
  6. Масъудиниё, «روابط نامشروع در فضای مجازی از منظر فقه جزایی», саҳ.63.
  7. Мутаҳҳарӣ, Масъалаи ҳиҷоб, саҳ.83.
  8. Мутаҳҳарӣ, Масъалаи ҳиҷоб, саҳ.84-87.
  9. Сархуш, «چند درصد سقط‌های جنین در کشور ناشی از روابط نامشروع است؟ | آمار عجیب از دست دادن تولدها در کشور به دلیل سقط جنین», Сайти Ҳамшаҳрӣ-онлайн.
  10. Фаршчӣ, «بحران کودکان نامشروع در غرب», Сайти рӯзномаи Ҷоми Ҷам.
  11. Ҷаҳон Шило ва Саҷҷодӣ, «بررسی روابط آزاد دختر و پسر و تأثیرات آن», саҳ.50 - 51.
  12. Сиддиқӣ ва дигарон, «مصادیق جدید روابط نامشروع غیر از زنا», саҳ.116.
  13. Сиддиқӣ ва дигарон, «مصادیق جدید روابط نامشروع غیر از زنا», саҳ.128.
  14. Сиддиқӣ ва дигарон, «مصادیق جدید روابط نامشروع غیر از زنا», саҳ.128.
  15. Сиддиқӣ ва дигарон, «مصادیق جدید روابط نامشروع غیر از زنا», саҳ.119.
  16. Наврӯзпур, «تبیین مفهومی و مصداقی دو عنوان منافی عفت و رابطه نامشروع در فقه و حقوق», саҳ.113 - 114.
  17. Наврӯзпур, «تبیین مفهومی و مصداقی دو عنوان منافی عفت و رابطه نامشروع در فقه و حقوق», саҳ.112-113.
  18. Наврӯзпур, «تبیین مفهومی و مصداقی دو عنوان منافی عفت و رابطه نامشروع در فقه و حقوق», саҳ.114.
  19. Масъудиниё, «روابط نامشروع در فضای مجازی از منظر فقه جزایی», саҳ.64.
  20. Ҳайдарӣ, «وب و جرایم منافی عفت: واکافی رهیافت‌های حقوقی», саҳ.214.
  21. Сиддиқӣ ва дигарон, «مصادیق جدید روابط نامشروع غیر از زنا», саҳ.117.
  22. Сиддиқӣ ва дигарон, «مصادیق جدید روابط نامشروع غیر از زنا», саҳ.117.
  23. КОДЕКСИ ҶИНОЯТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН, Сайти Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
  24. Будоғӣ ва Аҳмадия, «خلأهای قانونی و انحرافات اجتماعی», саҳ.189.
  25. Ҳайдарӣ, «وب و جرایم منافی عفت: واکافی رهیافت‌های حقوقی», саҳ.214.
  26. Наврӯзпур, «تبیین مفهومی و مصداقی دو عنوان منافی عفت و رابطه نامشروع در فقه و حقوق», саҳ.112 - 113.
  27. Орин, «مطالعه تطبیقی بررسی رابطه نامشروع در فقه و حقوق کیفری ایران», саҳ.39.
  28. Орин, «مطالعه تطبیقی بررسی رابطه نامشروع در فقه و حقوق کیفری ایران», саҳ.54.
  29. Сиддиқӣ ва дигарон, «مصادیق جدید روابط نامشروع غیر از زنا», саҳ.117.
  30. Тӯсӣ, ат-Тибён, ҷ.6, саҳ.475; Имом Хумайнӣ, Таҳрир-ул-васила, ҷ.1, саҳ.274.
  31. Садр, ал-Фатова-л-возиҳа, саҳ.19.
  32. Арҷманди Дониш ва дигарон, «ماهیت، مشروعیت و آثار ازدواج سفید», саҳ.20.
  33. Ҳошимии Шоҳрӯдӣ, Фарҳанги фиқҳ мувофиқи мазҳаби Аҳли Байт (а), ҷ.4, саҳ.294.
  34. Биниҳошимӣ, Тавзеҳ-ул-масоил (муҳашшо), ҷ.2, саҳ.485.
  35. Наҷафӣ, Ҷавоҳир-ул-калом, ҷ.29, саҳ.100.
  36. Наҷафӣ, Ҷавоҳир-ул-калом, ҷ.41, саҳ.637
  37. Наҷафӣ, Ҷавоҳир-ул-калом, ҷ.41, саҳ.374.
  38. Наҷафӣ, Ҷавоҳир-ул-калом, ҷ.41, саҳ.387
  39. Сиддиқӣ ва дигарон, «مصادیق جدید روابط نامشروع غیر از زنا», саҳ.120 - 124.
  40. Масъудиниё, «روابط نامشروع در فضای مجازی از منظر فقه جزایی», саҳ.64.
  41. Масъудиниё, «روابط نامشروع در فضای مجازی از منظر فقه جزایی», саҳ.66.
  42. Масъудиниё, «روابط نامشروع در فضای مجازی از منظر فقه جزایی», саҳ.66.
  43. Содиқӣ ва Акбарӣ, «آسیب شناسی سیاست کیفری ایران در قبال جرایم جنسی از منظر فقهی و جرم شناسی», саҳ.64 - 65.
  44. Ҷаъфарӣ ва Соедӣ, ал-Алоқот ғайр-ул-машруа, саҳ.202, 205, 207 - 208, 210 ва 212.
  45. Ҷаъфарӣ ва Соедӣ, ал-Алоқот ғайр-ул-машруа, саҳ.220.
  46. Ҷаъфарӣ ва Соедӣ, ал-Алоқот ғайр-ул-машруа, саҳ.223, 226 - 227 ва 231.
  47. Ҷаъфарӣ ва Соедӣ, ал-Алоқот ғайр-ул-машруа, саҳ.235-237, 240 - 241, 244.
  48. Содиқӣ ва Акбарӣ, «آسیب شناسی سیاست کیفری ایران در قبال جرایم جنسی از منظر فقهی و جرم شناسی», саҳ.65; Ҷаъфарӣ ва Соедӣ, ал-Алоқот ғайр-ул-машруа, саҳ.245.

Сарчашма

  • Арҷманди Дониш, Ҷаъфар ва дигарон, «ماهیت، مشروعیت و آثار ازدواج سفید» (Моҳият, машруият ва осори издивоҷи сафед), Фаслномаи Фиқҳ ва мабонии ҳуқуқи исломӣ, №4, 1397ҳ.ш.
  • Биниҳошимӣ, Сайид Муҳаммадҳусайн, Тавзеҳ-ул-масоил (муҳашшо), Қум, Дафтари интишороти исломӣ, чопи ҳаштум, 1424ҳ.қ.
  • Будоғӣ, Фотима ва Марям Аҳмадия, «خلأهای قانونی و انحرافات اجتماعی» (Халаъҳои қонунӣ ва инҳирофоти иҷтимоӣ), Фаслномаи Мутолиоти роҳбурдии занон, №17, тирамоҳи 1381ҳ.ш.
  • Будоғӣ, Фотима ва Марям Аҳмадия, «خلأهای قانونی و انحرافات اجتماعی» (قسمت دوم) (Халаъҳои қонунӣ ва инҳирофоти иҷтимоӣ (қисми дувум)), Фаслномаи Мутолиоти роҳбурдии занон, №18, зимистони 1381ҳ.ш.
  • Имом Хумайнӣ, Сайид Рӯҳуллоҳ, Таҳрир-ул-васила, Дор-ул-кутуб-ил-илмия, Исмоилиён, 1408ҳ.қ.
  • Макорими Шерозӣ, Носир, Мушкилоти ҷинсии ҷавонон, Қум, Насли ҷавон, 1387ҳ.ш.
  • Масъудиниё, Муҳаммад, «روابط نامشروع در فضای مجازی از منظر فقه جزایی» (Муносибатҳои ғайришаръӣ дар фазои маҷозӣ аз манзари фиқҳи ҷазоӣ), дар Фаслномаи Фиқҳи ҷазои татбиқӣ, №5, баҳори 1401ҳ.ш.
  • Мутаҳҳарӣ, Муртазо, Масъалаи ҳиҷоб, Теҳрон, Садро, чопи панҷоҳу дувум, 1379ҳ.ш.
  • Наврӯзпур, Илёс, «تبیین مفهومی و مصداقی دو عنوان منافی عفت و رابطه نامشروع در فقه و حقوق» (Табйини мафҳумӣ ва мисдоқии ду унвони мунофии иффат ва муносибати ғайришаръӣ дар фиқҳ ва ҳуқуқ), дар маҷаллаи Расоил, №11, тирамоҳу зимистони 1402ҳ.ш.
  • Наҷафӣ, Муҳаммадҳасан, Ҷавоҳир-ул-калом фи шарҳи шароеъ-ил-ислом, Теҳрон, Дор-ул-кутуб-ил-исломия ва ал-Мактабат-ул-исломия, 1362 - 1369ҳ.ш.
  • Орин, Маҳдӣ, «مطالعه تطبیقی بررسی رابطه نامشروع در فقه و حقوق کیفری ایران» (Мутолиаи татбиқии баррасии муносибати ғайришаръӣ дар фиқҳ ва ҳуқуқи кайфари Эрон), Фаслномаи Пажӯҳишҳои ҳуқуқии татбиқии адлу инсоф, №5, тобистони 1398ҳ.ш.
  • Садр, Сайид Муҳаммад, Моваро-ул-фиқҳ, Бейрут, Дор-ул-азво, 1420ҳ.қ./1999м.
  • Садр, Сайид Муҳаммадбоқир, ал-Фатова-л-возиҳа, Матбаъат-ул-адааб, Наҷаф, бетаърих.
  • Сархуш, Марям, «چند درصد سقط‌های جنین در کشور ناشی از روابط نامشروع است؟ | آمار عجیب از دست دادن تولدها در کشور به دلیل سقط جنین» (Чанд дарсад сиқтҳои ҷанин дар кишвар ношӣ аз муносибатҳои ғайришаръӣ аст? | Омори аҷиб аз даст додани таваллудҳо дар кишвар ба далели сиқти ҷанин), Сайти Ҳамшаҳрӣ-онлайн, санаи дарҷи матлаб: 21 майи 2023, санаи боздид: 11 сентябри 2026.
  • Сиддиқӣ, Абдуссубҳон ва дигарон, «مصادیق جدید روابط نامشروع غیر از زنا و مجازات آن در فقه اسلامی و حقوق ایران و افغانستان» (Масодиқи ҷадиди муносибатҳои ғайришаръӣ ғайр аз зино ва муҷозоти он дар фиқҳи исломӣ ва ҳуқуқи Эрон ва Афғонистон), дар нашрияи Мутолиоти тақрибии мазоҳиби исломӣ, №53, баҳор ва тобистони 1399ҳ.ш.
  • Содиқӣ, Салор ва Аббосалии Акбарӣ, «آسیب شناسی سیاست کیفری ایران در قبال جرایم جنسی از منظر فقهی و جرم شناسی» (Осебшиносии сиёсати кайфари Эрон дар қиболи ҷароими ҷинсӣ аз манзари фиқҳӣ ва ҷурмшиносӣ), дар нашрияи Фиқҳ ва мабонии ҳуқуқи исломӣ, №2, тобистони 1401ҳ.ш.
  • Тӯсӣ, Муҳаммад ибни Ҳасан, ат-Тибён фи тафсир-ил-Қуръон, таҳқиқ: Аҳмади Қасири Омилӣ, Бейрут, Дор эҳё-ит-турос-ил-арабӣ, бетаърих.
  • Фаршчӣ, Кубро, «بحران کودکان نامشروع در غرب» (Буҳрони кӯдакони ғайришаръӣ дар Ғарб), Сайти рӯзномаи Ҷоми Ҷам, санаи дарҷи матлаб: 28 январи 2024, санаи боздид: 11 сентябри 2026.
  • Фатҳипур, Алӣ, «رابطه نامشروع» (Равобити номашруъ), дар маҷаллаи Ҳуқуқи имрӯз, №14, исфанди 1343ҳ.ш.
  • Ҳайдарӣ, Абдуллоҳ, «وب و جرایم منافی عفت: واکافی رهیافت‌های حقوقی» (Веб ва ҷароими мунофии иффат: воковии раҳёфтҳои ҳуқуқӣ), Фаслномаи Равоншиносӣ, улуми тарбиятӣ ва улуми иҷтимоӣ, №21, тобистони 1401ҳ.ш.
  • Ҳошимии Шоҳрӯдӣ, Маҳмуд, Фарҳанги фиқҳ мувофиқи мазҳаби Аҳли Байт алайҳимуссалом, Қум, Муассисаи Доират-ул-маорифи фиқҳи исломӣ бар мазҳаби Аҳли Байт, 1382ҳ.ш.
  • Ҷаҳон Шило, Шармин ва Марзия Содоти Саҷҷодӣ, «بررسی روابط آزاد دختر و پسر و تأثیرات آن» (Баррасии равобити озоди духтар ва писар ва таъсироти он), дар нашрияи Пажӯҳишҳои исломии ҷинсият ва хонавода, №5, тирамоҳу зимистони 1399ҳ.ш.
  • Ҷаъфарӣ, Искандар ва Зиёди Соедӣ, ал-Алоқот ғайр-ул-машруа, бемакон, ал-Атабат-ул-ҳусайният-ул-муқаддаса, чопи аввал, 2023м/1445ҳ.қ.
  • Ширӣ, Аббос, Суқути муҷозот дар ҳуқуқи кайфари ислом ва Эрон, Теҳрон, Маркази интишороти Ҷиҳоди донишгоҳи Шаҳиди Беҳиштӣ, 1372ҳ.ш.