Jump to content

Сираи муташарриа

Аз wikishia

Сираи муташарриа (форсӣ: سیره مُتَشَرِّعه) мувофиқати амалӣ миёни ҳама ё бештари пайравони як дин ё мазҳаб бар як амали мушаххас аст. Ба иборати дигар, амали мусулмонон аст аз он ҷиҳат ки мусулмонанд ва ба аҳкоми шариат пойбанданд. Сираи муташарриа аз масоиле аст, ки дар илми усули фиқҳ дар бораи ҳуҷҷияти он баҳс кардаанд. Масъалаи ҳуҷҷияти хабари воҳид ва ҳуҷҷияти зуҳурот аз масоили асосӣ ва муҳим дар раванди истинботи ҳукми шаръӣ ба шумор мераванд, ки барои исботи он ба сираи муташарриа низ истинод кардаанд. Ҳамчунин фақеҳон барои исботи бархе масоили фиқҳӣ ба сираи муташарриа истинод кардаанд.

Ба гуфтаи бархе усулиён, сираи муташарриае ки дар асри имоми маъсум (а) низ ҷараён дошта ва худи ӯ низ аз амалкунандагон ба он буда, ҳуҷҷат аст. Ҳамчунин сирае ки маъсум амалкунанда ба он набуда, вале дар маърази диду шуниди ӯ будааст ва дар айни ҳол аз он манъ накарда, ҳуҷҷат аст. Усулиён ин навъи сираҳоро ба масобаи иҷмоъ, кашф аз баёни шаръӣ ё раъйи маъсум (а) донистаанд.

Усулиён мегӯянд сираи муташарриа танҳо бар машруияти як феъл ва ҳаром набудани он ё машруияти тарки як феъл ва воҷиб набудани он далолат мекунад ва аҳкоме чун воҷиб, мустаҳаб, ҳаром ва макруҳро исбот намекунад.

Мафҳумшиносӣ ва ҷойгоҳ

Сираи муташарриа иттифоқи ҳама ё бештари пайравони як дин ё мазҳаб бар як амали мушаххас аст.[1] Ба баёни дигар, равиши мудовими амалӣ миёни пайравони як дин ё мазҳаби мушаххас бар анҷоми як амал ё тарки он аст.[2] Бар асоси таърифе ки Мирзои Ноинӣ пешниҳод кардааст, сираи муташарриа амали мусалмонон аст, аз он ҷиҳат ки мусалмонанд ва ба аҳкоми шариат ӯҳдадоранд.[3]

Дар фиқҳ ва усули фиқҳ бисёр ба сираи муташарриа истинод шудааст[4] ва баҳс аз ҳуҷҷияти он аз масоили илми усули фиқҳ ба шумор рафта, дар бархе осори усулӣ дар бораи он баҳс шудааст.[5]

Дар бораи доираи далолати сираи муташарриа гуфтаанд, ки танҳо бар машруияти як феъл ва ҳаром набудани он ё машруияти тарки як феъл ва воҷиб набудани он далолат мекунад ва аҳкоме чун воҷиб, мустаҳаб, ҳаром ва макруҳро исбот намекунад.[6]

Тафовути сираи муташарриа ва сираи уқало

Сираи муташарриа хостар аз сираи уқало аст ва он танҳо сираи мусалмонон ё пайравони як дин ё мазҳаби мушаххас бар анҷом ё тарки як кор аст;[7] дар ҳоле ки сираи уқало табонӣ ва мувофиқати ҳама ё бештари уқало бар анҷом ё тарки як кор аст.[8] Дар бораи тафовути ин ду дар ҳуҷҷият ва эътибор низ гуфтаанд: сираи муташарриа агар собит шавад, худ далел бар ҳукми шаръӣ аст; аммо сираи уқало ҳуҷҷат нест, магар он ки ба имзо ва таъйиди маъсум бирасад ё радъ ва манъе аз сӯи ӯ ба он нарасида бошад.[9]

Гуфта мешавад сираи муташарриа салоҳияти онро дорад, ки монеъ аз таъсири сираи уқалоӣ дар исботи ҳукми шаръӣ шавад; вале сираи уқалоӣ нисбат ба сираи муташарриа чунин салоҳият надорад.[10]

Нисбати сираи муташарриа бо иҷмоъ

Ба гуфтаи бархе усулиён, сираи муташарриа навъе аз иҷмоъ аст.[11] Муҳаммадризо Музаффар, аз уламои шиа, сираи муташарриаро олитарин навъи иҷмоъ шумурдааст; зеро иҷмоъи амалии уламову ғайриуламо бар як феъл ё тарки он аст, дар ҳоле ки дигар анвоъи иҷмоъ қавлӣ ҳастанд ва танҳо махсуси уламост.[12]

Ақсоми сираи муташарриа ва ҳуҷҷияти онҳо

Дар илми усули фиқҳ, барои сираи муташарриа ақсомеро зикр кардаанд, ки ба шарҳи зер аст:

  • Сираҳое ки яқинан дар асри маъсум (а) ҷараён дошта ва худи маъсум низ аз амалкунандагон ба ин сираҳо будааст;[13] монанди сираи мусалмонон бар эътимод ва амал ба ривоятҳое ки шахсони сиқа аз имоми маъсум (а) нақл мекарданд ва восита миёни маъсум ва мардум буданд.[14] Ба гуфтаи усулиён, тардиде нест, ки ин навъи сира ҳуҷҷат аст ва худ далел бар ҳукми шаръӣ аст; зеро мисли иҷмоъ, кашф аз баёни шаръӣ ва раъйи маъсум мекунад.[15]
  • Сираҳое ки дар асри маъсум (а) ҷараён дошта ва худи маъсум амалкунанда ба он набуда, вале онҳоро имзо кардааст ва бо онҳо мувофиқ будааст. Барои намуна, Шайх Ансорӣ ба ин навъи сира истинод карда ва гуфтааст, ки сираи мусалмонон аз ибтидои шариат ва балки дар ҳар шариате бар ин будааст, ки нисбат ба тарки феъле ки пас аз ҷустуҷӯ ва таҳқиқ фаҳмида мешавад аз сӯи шореъ наҳй нашуда, ӯҳдадорӣ надошта бошанд.[16] Ин навъи сираро ки эҳроз шудааст дар асри маъсум вуҷуд дошта ва мавриди имзои ӯ будааст, низ ҳуҷҷат донистаанд ва мисли иҷмоъ, кашф аз қавли маъсум шумурдаанд.[17]
  • Сираи мустаҳдаса ё сирае ки яқин дорем баъди асри маъсум (а) пайдо шудааст ва ба асри ӯ намерасад:[18] Бархе усулиён ин навъи сираро ки ҳамъаср бо замони маъсум (а) нест ва ризояту имзои ӯ дар бораи он эҳроз нашудааст, ҳуҷҷат надонистаанд.[19]
  • Сирае ки шак дорем оё ба асри маъсум (а) мерасад ва дар маърази диду шуниди ӯ будааст ё не.[20] Бархе усулиён ин навъи сираро низ ҳуҷҷат надонистаанд.[21]

Корбурди сираи муташарриа дар масоили фиқҳӣ

Бархе аз корбурдҳои сираи муташарриа дар масоили фиқҳӣ ба шарҳи зер аст:

  • Ба назари фақеҳон, сираи муташарриа бар ин устувор шудааст, ки агар касе чизе аз амволи манқул ва мубоҳро ҳиёзат кунад, соҳиби он мешавад. Ин сира дар маърази диду шуниди маъсум (а) будааст ва радъу манъе дар бораи он сурат нагирифтааст.[22]
  • Имом Хумайнӣ дар бораи эҷоди моликият дар байъи муъототӣ гуфтааст: сираи муташарриа, аз уламо ва солеҳон то ғайри онҳо, бар ин будааст, ки вақте бе гуфтани иҷобу қабул, аз бозор нон ё гӯшт ё монанди он мехариданд, мақсуди онҳо танҳо бар ибоҳаи тасарруф набуда, балки бар моликият будааст.[23]
  • Яке аз ақсоми мутаҳҳирот ба назари фақеҳон, изолаи айни наҷосат аз бадани ҳайвон аст.[24] Ба гуфтаи Оқо Ризо Ҳамадонӣ, яке аз далелҳои ин фатво, сира ва бинои муташарриа дар бархӯрд бо ҳайвоноте будааст, ки бо вуҷуди он ки медонистанд бадани онҳо ҳангоми таваллуд ба хуни вилодат наҷис будааст, аммо ба маҳзи изолаи айни наҷосат, онро пок мешумурдаанд.[25]
  • Ҷаъфари Субҳонӣ яке аз далелҳои қоилон ба ҷавози бақо бар тақлид аз майитро сираи муташарриа дониста[26] ва гуфтааст, ки сираи муташарриа дар ҳамаи билод ва ба вижа билоде ки роҳи иртиботӣ бо онҳо заиф будааст, бар ин ҷараён доштааст, ки вақте аз муҷтаҳиде дар замони ҳаёташ тақлид мекарданд, пас аз вафоташ низ аз ӯ тақлид мекарданд, то вақте ки мисли ӯ ё афзал аз ӯро меёфтанд.[27]

Корбурди сираи муташарриа дар масоили усули фиқҳ

Дар илми усули фиқҳ барои баҳс дар бораи ду масъала аз масоили асосии ин илм, яъне исботи ҳуҷҷияти хабари воҳид ва исботи ҳуҷҷияти зуҳурот, ба сираи муташарриа истинод шудааст.[28] Барои намуна гуфтаанд: сираи мусалмонон ва муташарриа дар ҳамаи давраҳо ва ҳатто асри Пайғамбар (с) ва имомони маъсум (а) ва дар миёни асҳоби онон, бар эътимод ба хабари сиқа будааст ва манъе аз Пайғамбар ва имомони маъсум дар амал ба он низ нарасидааст.[29]

Ҳамчунин дар бораи ҳуҷҷияти зуҳурот гуфтаанд, ки сираи ҳамаи мусалмонон ва ҳатто асҳоби имомон (а) бар ин ҷараён доштааст, ки ба зуҳури сухани мутакаллим барои расидан ба мурод ва мақсуди ӯ эътимод ва такя мекарданд ва аз он низ манъ нашудаанд.[30]

Ҷусторҳои вобаста

Эзоҳ

  1. Ҷамъе аз нависандагон, ал-Фоиқ фи-л-усул, 1444ҳ.қ., саҳ.131
  2. Ҷамъе аз нависандагон, Фарҳангномаи усули фиқҳ, 1389ҳ.ш., саҳ.496
  3. Козимии Хуросонӣ, Фавоид-ул-усул, Муассисат-ун-нашр-ил-исломӣ, ҷ.3, саҳ.192
  4. Ҷамъе аз нависандагон, ал-Фоиқ фи-л-усул, 1444ҳ.қ., саҳ.131
  5. Барои намуна ниг.: Музаффар, Усул-ул-фиқҳ, 1405ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.155; Ҳошимии Шоҳрӯдӣ, Буҳус фи илм-ил-усул (тақрироти дарси Сайид Муҳаммадбоқир Садр), 1417ҳ.қ., ҷ.4, саҳ.233; Сайфии Мозандаронӣ, Бадоеъ-ул-буҳус фи илм-ил-усул, 1429ҳ.қ., ҷ.9, саҳ.267
  6. Музаффар, Усул-ул-фиқҳ, 1405ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.158
  7. Музаффар, Усул-ул-фиқҳ, 1405ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.155
  8. Сайфии Мозандаронӣ, Бадоеъ-ул-буҳус, 1429ҳ.қ., ҷ.9, саҳ.268
  9. Барои намуна ниг.: Исфаҳонӣ, Ҳошияи Макосиб, 1418ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.104
  10. Сайфии Мозандаронӣ, Бадоеъ-ул-буҳус, 1429ҳ.қ., ҷ.9, саҳ.273
  11. Барои намуна нигаред: Музаффар, Усул-ул-фиқҳ, 1405ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.155
  12. Музаффар, Усул-ул-фиқҳ, 1405ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.155
  13. Музаффар, Усул-ул-фиқҳ, 1405ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.155
  14. Шайх Ансорӣ, Фароид-ул-усул, ҷ.1, саҳ.343
  15. Козимии Хуросонӣ, Фавоид-ул-усул, Муассисаи фикри исломӣ, ҷ.3, саҳ.192; Музаффар, Усул-ул-фиқҳ, 1405ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.155; Ҳошимии Шоҳрӯдӣ, Буҳус фи илм-ил-усул, 1417ҳ.қ., ҷ.4, саҳ.247
  16. Шайх Ансорӣ, Фароид-ул-усул, ҷ.2, саҳ.55
  17. Шайх Ансорӣ, Фароид-ул-усул, ҷ.2, саҳ.55; Козимии Хуросонӣ, Фавоид-ул-усул, Муассисаи фикри исломӣ, ҷ.3, саҳ.192; Музаффар, Усул-ул-фиқҳ, 1405ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.155;
  18. Музаффар, Усул-ул-фиқҳ, 1405ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.155
  19. Музаффар, Усул-ул-фиқҳ, 1405ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.155
  20. Музаффар, Усул-ул-фиқҳ, 1405ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.155
  21. Музаффар, Усул-ул-фиқҳ, 1405ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.156
  22. Ҳошимии Шоҳрӯдӣ, Буҳус фи илм-ил-усул (тақрироти дарси Сайид Муҳаммадбоқир Садр), 1417ҳ.қ., ҷ.4, саҳ.236
  23. Имом Хумайнӣ, Китоб-ул-байъ, 1410ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.55
  24. Барои намуна нигаред: Таботабоии Яздӣ, ал-Урват-ул-вусқо, 1417ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.287
  25. Ҳамадонӣ, Мисбоҳ-ул-фақеҳ, 1417ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.363
  26. Субҳонӣ, ал-Мабсут фи усули-л-фиқҳ, 1432ҳ.қ., ҷ.4, саҳ.701
  27. Субҳонӣ, ал-Мабсут фи усули-л-фиқҳ, 1432ҳ.қ., ҷ.4, саҳ.702
  28. Барои намуна нигаред: Шайх Ансорӣ, Фароид-ул-усул, ҷ.1, саҳ.343; Ҳошимии Шоҳрӯдӣ, Буҳус фи илм-ил-усул (тақрироти дарси Сайид Муҳаммадбоқир Садр), 1417ҳ.қ., ҷ.4, саҳ.249
  29. Шайх Ансорӣ, Фароид-ул-усул, ҷ.1, саҳ.343; Ҳошимии Шоҳрӯдӣ, Буҳус фи илм-ил-усул, 1417ҳ.қ., ҷ.4, саҳ.421
  30. Ҳошимии Шоҳрӯдӣ, Буҳус фи илм-ил-усул, 1417ҳ.қ., ҷ.4, саҳ.249

Сарчашма

  • Имом Хумайнӣ, Сайид Рӯҳуллоҳ, Китоб-ул-байъ, Қум, Нашри Исмоилиён, 1410ҳ.қ.
  • Исфаҳонӣ, Муҳаммадҳусайн, Ҳошияи Макосиб, Қум, Дори Мустафо барои эҳёи мерос, чопи аввал, 1418ҳ.қ.
  • Козимии Хуросонӣ, Муҳаммадалӣ, Фавоид-ул-усул (тақрироти дарси хориҷи усули Мирзои Ноинӣ), Қум, Муассисат-ун-нашр-ил-исломӣ, 1376ҳ.ш.
  • Музаффар, Муҳаммадризо, Усул-ул-фиқҳ, Қум, Нашри дониши исломӣ, 1405ҳ.қ.
  • Сайфии Мозандаронӣ, Алиакбар, Бадоеъ-ул-буҳус фи илм-ил-усул, Қум, Муассисат-ун-нашр-ил-исломӣ, чопи сеюм, 1436ҳ.қ.
  • Субҳонӣ, Ҷаъфар, ал-Мабсут фи усули-л-фиқҳ, Қум, Муассисаи Имоми Содиқ (а), чопи аввал, 1431ҳ.қ.
  • Таботабоии Яздӣ, Сайид Муҳаммадкозим, ал-Урват-ул-вусқо, Қум, Муассисат-ун-нашр-ил-исломӣ, чопи аввал, 1417ҳ.қ.
  • Шайх Ансорӣ, Муртазо, Фароид-ул-усул, Қум, Маҷмаъи фикри исломӣ, 1419ҳ.қ.
  • Ҳамадонӣ, Ризо, Мисбоҳ-ул-фақеҳ, Қум, Муассисаи Ҷаъфарӣ барои эҳёи мерос, 1376ҳ.ш.
  • Ҳошимии Шоҳрӯдӣ, Сайид Муҳаммад, Буҳус фи илм-ил-усул (тақрироти дарси усули Сайид Муҳаммадбоқир Садр), Қум, Маркази ал-Ғадир барои омӯзишҳои исломӣ, чопи дуюм, 1417ҳ.қ.
  • Ҷамъе аз нависандагон, Фарҳангномаи усули фиқҳ, Қум, Пажӯҳишгоҳи улуми исломӣ ва фарҳанг, 1389ҳ.ш.
  • Ҷамъе аз нависандагон, ал-Фоиқ фи-л-усул, Қум, Муассисаи нашр барои ҳавзаҳои илмӣ, 1444ҳ.қ.