Үндана:Пайғамбари уммӣ
Пайғамбари уммӣ (форсӣ: پیامبر اُمّی) тавсифи қуръонӣ барои ҳазрати Муҳаммад (с) аст. Уммӣ ба касе ишора дорад, ки ба тарзи маъмул хондану навиштан наомӯхтааст. Ин хусусият ҳамчун далел бар эъҷози Қуръон ва Илоҳӣ будани илми пайғамбар таъбир мешавад; чунки чӣ тавр шахсе, ки ҳеҷ гоҳ таълими башарӣ надида, метавонад китобе пур аз илму ҳикмат пешкаш кунад?! Уммӣ будани Пайғамбар (с) инчунин гувоҳӣ бар асолати Қуръон ва иқтибос нагирифтани он аз дигар китобҳост. Бар асоси оятҳои Қуръон, уммӣ будани Пайғамбар (с), ки дар Таврот ва Инҷил низ ба он ишора шудааст, фазилате барои Пайғамбар (с) маҳсуб мешавад.
Дар бораи маънои уммӣ будани Пайғамбар (с) назарҳои гуногун ироа шудаанд; аз ҷумла: дарснохонда, нотавон аз навиштану хондан, мансуб будан ба Уммулқуро (Макка), шахсе мансуб ба уммат ва пайғамбари қавме, ки китоб надоштанд.
Тавсифи уммӣ дар Қуръон
Бар асоси оятҳои Қуръон, уммӣ будан яке аз лақабҳои Пайғамбари Ислом (с) аст, ки дар китобҳои осмонии Таврот ва Инҷил низ ба он ишора шуда буд.[1] Ба гуфти Муҳаммадҷаводи Муғния, муфассири шиа, ин сифат хосси Пайғамбари Ислом (с) аст ва дигар пайғамбаронро дар бар намегирад.[2] Калимаи «уммӣ» ду маротиба дар Қуръон барои тавсифи Пайғамбар (с) истифода шудааст.[3]
Уммӣ ба шахсе гуфта мешавад, ки хондану навиштан наомӯхтааст[4] ва ҳамон тавре ки аз модар зода шуда, бесавод боқӣ мондааст.[5]
Тафсирҳои гуногуни уммӣ
Дарснахонда ва нотавон аз хондану навиштан
Ба гуфти Муртазо Мутаҳҳарӣ, дидгоҳи роиҷ дар миёни муфассарон ин аст, ки калимаи «уммӣ» ба маънои шахсе аст, ки хондану навиштан намедонад. [6] Олимоне чун Шайхи Тӯcӣ (олими шиаи асри панҷум),[7] Аллома Таботабоӣ ва Рашид Ризо (муфассари аҳли суннат) бар ин эътиқоданд. Онҳо «уммӣ»-ро ба тартиб ба маънои «касе, ки наменависад», «шахсе, ки қобилияти хондан ва навиштан надорад» [8] ва «касе, ки чизе нахонда ва наомӯхтааст»[9] тафсир кардаанд.
Ин маъно бо оятҳои дигари Қуръон[10] ва инчунин иҷмоъи муаррихон[11] тасдиқ шудааст. Баъзе аз шарқшиносон монанди Ҷон Давенпорт,[12] Томас Карлейл,[13] Вилл Дюрант[14] ва Константин Вергил Георгиу[15] низ уммӣ будани Пайғамбар (с)-ро пазируфтаанд.
Дар тасдиқи ин маъно гоҳе байти маъруфе аз Ҳофиз, шоири асри ҳаштуми қамрӣ, истифода мешавад:
Низомӣ низ дар асри шашуми қамарӣ сурудааст:
Ба гуфти Муртазо Мутаҳҳарӣ, касоне монанди Сайиди Муртазо эътиқод доранд, ки Пайғамбар (с) дар давраи рисолат қобилияти хондан ва навиштан доштанд ва ба воқеаи давоту қалам ишора кардаанд. Аммо Мутаҳҳарӣ ин дидгоҳро рад карда ва дархости давоту қалам аз тарафи пайғамбарро на барои навиштани шахсӣ, балке ҳамчун фармон барои сабт ва қайди мавзуъ аз тарафи дигарон ва маҷозӣ тафсир мекунад.[18]
Мансуб ба Уммулқуро (Макка)
Бар асоси баъзе ривоятҳои мансуб ба Имом Боқир (а) набии уммӣ ба маънои пайғамбаре аз Макка дониста шудааст.[19] Баъзе муфассарон низ бар ҳамин назаранд.[20] Ин дидгоҳ ба сабаби заъфи санадӣ[21] мавриди нақд қарор гирифтааст. Инчунин, «Уммулқуро» номи махсуси Макка нест, балке унвоне умумӣ барои ҳар марказ ва минтақае асосӣ аст. Илова бар ин, дар ояти 78 сураи Бақара, яҳудиёни сокини Мадина низ «уммӣ» хонда шудаанд, ки ин амр бо мансуб будан ба Макка дар тазод аст. Аз нигоҳи адабиёти арабӣ низ, хитоб кардани шахси мансуб ба Уммулқуро бо сифати «уммӣ» амри маъмул ва роиҷ нест. [22]
Шахсе мансуб ба уммат
Ба гуфти Макорими Шерозӣ калимаи уммӣ илова бар ду маънои зикршуда, дар маънои касе, ки аз миёни уммат ва тудаи мардум қиём кардааст, низ омадааст. Ӯ мақсуд аз ин калимаро маҷмуи се эҳтимол дониста ва дар таркиби "пайғамбари уммӣ" гуфта пайғамбаре, ки дарс нахонда ва аз миёни ҷамъият бархоста ва дар сарзамини Уммулқуро тулӯъ кардааст. [23]
Қавме, ки китоби осмонӣ надоштанд
Баъзеҳо эътиқод доранд, ки уммӣ ба шахсоне гуфта мешавад, ки аз аҳли китоб набуданд.[24] Ва пайғамбари уммӣ ба ин маъно аст, ки Худованд он пайғамбарро дар миёни қавме, ки соҳиби китоб ва шариат нестанд, маъбуъс кардааст. [25] Барои ҳамин таъбири «уммиён» (ҷамъи уммӣ) дар Қуръон дар бораи қавми араб истифода шудааст, ки китоби осмонӣ надоштанд.[26] Ва ин таъбир арабҳои босодро, ки қувваи хондану навиштан доштанд, низ дарбар мегирад.[27]
Ба гуфти Муртазо Мутаҳҳарӣ ин маънои эҳтимолӣ дар шакли ҷамъи калимаи уммӣ ва дар бораи мушрикони араб баён шудааст, аммо дар шакли танҳои он ва роҷеъ ба Пайғамбар (с) касе ин эҳтимолро надодааст.[28]
Паёмадҳои уммӣ будани Пайғамбар
Камоли Пайғамбар ба илми ладунӣ ва уммӣ будан
Уммӣ будани Пайғамбар (с) ҳамчун тавсифи камол ва фазилат барои Пайғамбар маҳсуб мешавад, зеро бар хилофи бархурдор набудан аз саводи маъмулии башарӣ, аз илми ладунӣ баҳра мебарад.[29] Ин сифат дар тавсифи Пайғамбар ҷанбаи мадҳу ситоиш дорад, дар ҳоле ки барои дигарон метавонад нишонаи ҷаҳл ва некӯҳиш бошад.[30] Ин фарқ монанди фарқи сифати такаббур аст, ки дар зоти Худо камол маҳсуб мешавад, аммо барои ғайри Ӯ айбу мазаммат ба ҳисоб меояд. [31]
Уммӣ будан далел бар Илоҳӣ будани Қуръон
Муфассарон уммӣ будани Пайғамбар (с)-ро далел бар Илоҳӣ будани рисолат [32] ва эъҷози Қуръон [33] медонанд. Зеро бо вуҷуди он ки Пайғамбар маълумот ва саводи маъмулӣ надошт, тавонист мардумро аз ҷаҳолат ба сӯйи ҳидоят ва наҷот роҳнамоӣ кунад.[34] Инчунин овардани Қуръоне, ки дарбаргирандаи улум ва ҳикматҳои гуногун аст аз тарафи шахсе уммӣ, муъҷиза маҳсуб мешавад. [35] Аллома Таботабоӣ дар китоби ал-Мизон дар баҳси эъҷози Қуръон яке аз таҳаддиҳоро махсуси таҳаддӣ дар бораи касе, ки Қуръон бар ӯ нозил шуда, донистааст. Ба гуфти ӯ, Худованд Қуръонро бар шахсе нозил кард, ки на хондану навиштан медонист, на муаллиме дида буд ва на ҳатто дар тӯли чил соли ҳаёти пеш аз беъсаташ, нишонае аз илм ё суханварӣ дар ӯ мушоҳида шуда буд. [36]
Иқтибос нашудани Қуръон аз дигар китобҳо
Ба гуфти муфассарон ояти 48 сураи Анкабут бо ишора ба қобилияти хондану навиштан надоштани Пайғамбар (с) дар давраи пеш аз беъсат, ҳар гуна даъвои иқтибосгирӣ ё ёд гирифтани Қуръон аз манбаъҳои дигарро рад мекунад. [37] Ин оят таъкид мекунад, ки агар Пайғамбар савод медошт, мухолифонаш метавонистанд даъво кунанд, ки Қуръон маҳсули таҳқиқу таркиби китобҳои қаблӣ аст.[38] Албатта баъзе шарқшиносон монанди Нолдеке, Вилл, Блашер ва Виллям Ватт уммӣ будани Пайғамбар (с)-ро инкор кардаанд, ки дар нақди ин дидгоҳ гуфта шудааст ин инкор бидуни далел ва бо ҳадафи эҷоди шакку тардид дар манбаи Илоҳии Қуръон сурат гирифтааст. [39]
Эзоҳ
- ↑ Қарашӣ, Тафсири Аҳсан-ул-ҳадис, 1377ҳ.ш., ҷ.4, саҳ.17
- ↑ Муғния, Тафсир-ул-кошиф, 1424ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.404
- ↑ Тайиб, Атяб-ул-баён, 1378ҳ.ш., ҷ.5, саҳ.477 ва ҷ.6, саҳ.4
- ↑ Қарашӣ, Қомуси Қуръон, 1371ҳ.ш., ҷ.1, саҳ.119
- ↑ Ибни Манзур, Лисон-ул-араб, 1414ҳ.қ., ҷ.12, саҳ.34
- ↑ Мутаҳҳарӣ, Паёмбари уммӣ, 1381ҳ.ш., саҳ.40
- ↑ Шайх Туcӣ, ат-Тибён, Бейрут, ҷ.4, саҳ.559
- ↑ Таботабоӣ, ал-Мизон, 1417ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.215
- ↑ Рашид Ризо, ал-Манор, 1990 м., ҷ.2, саҳ.385
- ↑ Мутаҳҳарӣ, Паёмбари уммӣ, 1381ҳ.ш., саҳ.36-40
- ↑ Макорими Шерозӣ, Тафсири Намуна, 1374ҳ.ш., ҷ.6, саҳ.400, Мутаҳҳарӣ, Паёмбари уммӣ, 1381ҳ.ш., саҳ.9
- ↑ Давенпорт, Узри тақсир ба пешгоҳи Муҳаммад ва Қуръон, 1344ҳ.ш., саҳ.17-18
- ↑ Мутаҳҳарӣ, Маҷмуъаи осори шаҳид Мутаҳҳарӣ, Интишороти Садро, ҷ.3, саҳ.206-207
- ↑ Ҷавоҳирӣ, Ҷавоб ба шубаҳоти эъҷоз ва таҳаддӣ, 1397ҳ.ш., саҳ.226
- ↑ Ҷавоҳирӣ, Ҷавоб ба шубаҳоти эъҷоз ва таҳаддӣ, 1397ҳ.ш., саҳ.227
- ↑ Ҳофизи Шерозӣ, Девон, саҳ.168; «نگار من که به مکتب نرفت...؛گفتگو با استاد مصطفی دلشاد تهرانی», Пойгоҳи иттилоърасонии Ҳавза
- ↑ «در نعت رسول اکرم», сайти Ганҷур
- ↑ Мутаҳҳарӣ, Паёмбари уммӣ, 1381ҳ.ш., саҳ.19-20
- ↑ Айёшӣ, ат-Тафсир, 1380ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.31; Саффор, Басоир-уд-дараҷот, 1404ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.226
- ↑ Файзи Кошонӣ, Тафсир-ус-софӣ, 1415ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.242; Ҳусайнии Шерозӣ, Табйин-ул-Қуръон, 1423ҳ.қ., саҳ.182
- ↑ Макорими Шерозӣ, Тафсири Намуна, 1374ҳ.ш., ҷ.6, саҳ.402
- ↑ Мутаҳҳарӣ, Паёмбари уммӣ, 1381ҳ.ш., саҳ.41-42
- ↑ Макорими Шерозӣ, Тафсири Намуна, 1374ҳ.ш., ҷ.6, саҳ.396-397 ва 400
- ↑ Замахшарӣ, ал-Кашшоф, 1407ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.347 ва 375
- ↑ Таробишӣ, Мин ислом-ил-Қуръон ило ислом-ил-ҳадис, 2010 м., 89-90
- ↑ Роғиби Исфаҳонӣ, Муфродот алфоз-ил-Қуръон, 1412ҳ.қ., саҳ.87
- ↑ Қуртубӣ, ал-Ҷомеъ ли-аҳком-ил-Қуръон, 1364ҳ.ш., ҷ.19, саҳ.91
- ↑ Мутаҳҳарӣ, Паёмбари уммӣ, 1381ҳ.ш., саҳ.44
- ↑ Рабиъниё, «Уммӣ», саҳ.400
- ↑ Рабиъниё, «Уммӣ», саҳ.400
- ↑ Рабиъниё, «Уммӣ», саҳ.400
- ↑ Қарашӣ, Қомуси Қуръон, 1371ҳ.ш., ҷ.1, саҳ.120
- ↑ Таботабоӣ, ал-Мизон, 1393ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.63
- ↑ Муғния, Тафсир-ул-кошиф, 1424ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.404
- ↑ Рабиъниё, «Уммӣ», саҳ.400
- ↑ Таботабоӣ, ал-Мизон, 1393ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.63
- ↑ Таботабоӣ, ал-Мизон, 1352ҳ.ш., ҷ.16, саҳ.139
- ↑ Таботабоӣ, ал-Мизон, 1352ҳ.ш., ҷ.16, саҳ.139
- ↑ Давлатободӣ, «تلقی ناصحیح مستشرقان درباره امّیبودن پیامبر اکرم(ص)», Хабаргузории ИКНА
Сарчашма
- Қуръони карим.
- Айёшӣ, Муҳаммад ибни Масъуд, ат-Тафсир, муҳаққиқи Ҳошим Расули Маҳаллотӣ, Теҳрон, ал-Матбаат-ул-илмия, чопи аввал, 1389ҳ.қ.
- Давенпорт, Ҷон, Узри тақсир ба пешгоҳи Муҳаммад ва Қуръон, тарҷумаи Саидӣ, Теҳрон, нашри Интишор, 1344ҳ.ш.
- Давлатободӣ, Маъсума, «تلقی ناصحیح مستشرقان درباره امّیبودن پیامبر اکرم(ص)» (Талаққии носаҳеҳи мусташриқон дар бораи уммӣ будани Пайғамбари акрам (с)), Хабаргузории ИКНА, санаи нашр: 4 ноябри 2013, санаи боздид: 14 августи 2025
- Замахшарӣ, Маҳмуд, ал-Кашшоф ан ҳақоиқи ғавомиз-ит-танзил, Бейрут, Дор-ул-китоб-ил-арабӣ, чопи сеюм, 1407ҳ.қ.
- Ибни Манзур, Муҳаммад ибни Макрам, Лисан-ул-аъраб, Бейрут, Дор Содир, чопи сеюм, 1414ҳ.қ.
- Қарашӣ, Сайид Алиакбар, Қомуси Қуръон, Теҳрон, Дор-ул-кутуб-ил-исломия, чопи шашум, 1371ҳ.ш.
- Қарашӣ, Сайид Алиакбар, Тафсири Аҳсан-ул-ҳадис, Теҳрон, Бунёди Беъсат, чопи сеюм, 1377ҳ.ш.
- Қуртубӣ, Муҳаммад ибни Аҳмад, ал-Ҷомеъ ли-аҳком-ил-Қуръон, Теҳрон, Носири Хусрав, чопи аввал, 1364ҳ.ш.
- Макорими Шерозӣ, Носир, Тафсири Намуна, Теҳрон, Дор-ул-кутуб-ил-исломия, чопи аввал, 1374ҳ.ш.
- Муғния, Муҳаммадҷавод, Тафсир-ул-кошиф, Теҳрон, Дор-ул-кутуб-ил-исломия, чопи аввал, 1424ҳ.ш.
- Мустафавӣ, Ҳасан, ат-Таҳқиқ фи калимот-ил-Қуръон-ил-карим, Теҳрон, Бангоҳи тарҷума ва нашри китоб, 1360ҳ.ш.
- Мутаҳҳарӣ, Муртазо, Маҷмуъаи осори шаҳид Мутаҳҳарӣ, Қум, Интишороти Садро, [бетаърих].
- Мутаҳҳарӣ, Муртазо, Паёмбари уммӣ, Интишороти Садро, 1381ҳ.ш.
- Рабиъниё, Абутолиб, «Уммӣ», Доират-уи-маорифи Қуръони карим, ҷ.14. Қум, Бустони китоб, 1382ҳ.ш.
- Рашид Ризо, Тафсир-ул-манор, Миср, ал-Ҳайъат-ул-мисрият-ул-омма ли-л-китоб, 1990 м.
- Роғиби Исфаҳонӣ, Ҳусайн ибни Муҳаммад, Муфродот алфоз-ил-Қуръон, Бейрут, Дор-ул-қалам, чопи аввал, 1412ҳ.қ.
- Саффор, Муҳаммад ибни Ҳасан, Басоир-уд-дараҷот фи фазоили Оли Муҳаммад (с), муҳаққиқ Муҳсини Кучабоғӣ, Қум, Мактаба Оятуллоҳ ал-Маръашӣ ан-Наҷафӣ, чопи дуввум, 1404ҳ.қ.
- Таботабоӣ, Сайид Муҳаммадҳусайн, ал-Мизон фи тафсир-ил-Қуръон, Қум, Дафтири интишороти исломӣ, чопи панҷум, 1417ҳ.қ.
- Таботабоӣ, Сайид Муҳаммадҳусайн, ал-Мизон фи тафсир-ил-Қуръон, Алломӣ, Бейрут, чопи дуввум, 1393ҳ.қ.
- Тайиб, Сайид Абдулҳусайн, Атяб-ул-баён фи тафсир-ил-Қуръон, Теҳрон, Интишороти ислом, чопи дуввум, 1378ҳ.ш.
- Таробишӣ, Ҷурҷ, Мин ислом-ил-Қуръон ило ислом-ил-ҳадис, Бейрут, Дор-ус-соқӣ, 2010 м.
- Файзи Кошонӣ, Мулломуҳсин, Тафсир-ус-софӣ, таҳқиқи Ҳусайни Аълмӣ, Теҳрон, Интишороти Садр, чопи дуввум, 1415ҳ.қ.
- Ҳусайнии Шерозӣ, Сайид Муҳаммад, Табйин-ул-Қуръон, Бейрут, Дор-ул-улум, чопи дуввум, 1423ҳ.қ.
- Ҷавоҳирӣ, Сайид Муҳаммадҳасан, Ҷавоб ба шубаҳоти эъҷоз ва таҳаддӣ, Пажӯҳишгоҳи фарҳанг ва андешаи исломӣ, 1397ҳ.ш.
- Шайх Туcӣ, Муҳаммад ибни Ҳасан, ат-Тибён фи тафсир-ил-Қуръон, таҳқиқи Қасири Омилӣ, Аҳмад, Бейрут, Дор эҳё-ит-турост-ил-арабӣ, бетаърих.
- «در نعت رسول اکرم» (Дар наъти Расули акрам), сайти Ганҷур, санаи боздид: 14 августи 2025
- «نگار من که به مکتب نرفت...؛گفتگو با استاد مصطفی دلشاد تهرانی» (Нигоҳи ман ки ба мактаб нарафту...; Гуфтугӯ бо устоб Мустафо Дилшоди Теҳронӣ), Пойгоҳи иттилоърасонии Ҳавза, санаи нашр: 12 ноябри 2011, санаи боздид: 10 августи 2025
- «کتاب پیامبر امی اثر استاد شهید مرتضی مطهری» (Китоби Паёмбари уммӣ, асари устод МУртазо Мутаҳҳарӣ), сайти Интишороти Садро, санаи боздид: 14 августи 2025
- «مکتب وحی و امیبودن پیامبر» (Мактаби ваҳй ва уммӣ будани Пайғамбар), Пойгоҳи иттилоърасонии Китобхонаҳои Эрон, санаи боздид: 10 августи 2025
Пайванд ба берун
- «نقد و بررسی آرای مستشرقان دربارة امّی بودن پیامبر اکرم(ص)» («Нақду баррасии дидгоҳи шарқшиносон дар бораи уммӣ будани Пайғамбари акрам (с)»)