Оли Бӯя

Аз wikishia

Оли Бӯя ё буӣён як силсилаи шиа аст, ки дар солҳои 322 то 448 қамарӣ, бар бахшҳое аз Эрону Ироқ ҳукумат мекард. Бунёнгузори ин силсилаи Алӣ ибни Бӯя (даргузашт 338ҳ.қ.) ба ҳимояти бародаронаш Аҳмаду Ҳасан буд. Ин силсила ба номи падари онон (Бӯя) номгузорӣ шудааст. Дар давраи ҳукумати ин силсила, маросими азодории Имом Ҳусайн (а) дар рӯзи Ошӯро ва ҷашни вилояти ҳазрати Алӣ (а) дар иди Ғадир ба сурати расмӣ ва умумӣ баргузор мешуд. Ҳамчунин дар ин давра «ҳайя ала хайрилъамал» дар азон гуфта мешуд ва истифода аз муҳр, намоз ва тасбеҳи турбат роиҷ гардид. Ҳокимони ин силсила низ қубури имомони шиа дар Ироқро бозсозӣ карданд ва зиёрати марқади онон, густариш ёфт.

Бархе аз муҳаққиқон бо истинод ба манобеи торихӣ ва ироаи шавоҳиде ин силсиларо шиа донистаанд. Бо ин ҳол, дар бораи инки инон аз ибтидо шиаи исноъашарӣ буда ё аз зайдия ба ин мазҳаб гаравидаанд, назароти мухталифе вуҷуд дорад. Рукнуддавла (ҳукума: 323 - 338ҳ.қ.), Муъизуддавла (325 - 356ҳ.қ.) ва Азудуддавла (338 - 372ҳ.қ.) аз ҳокимони машҳури ин силсила буданд. Дар бораи Оли Бӯя осори мухталифе навишта шудааст. Китоби Таҷориб-ул-умами Ибни Маскавайҳ (навишташуда дар қарни панҷуми қамарӣ) аз манобеи муҳим дар бораи таърихи ин силсила медонанд.

Ҷойгоҳ ва аҳамият

Оли Бӯя, силсилаи шиъие аст, ки беш аз 120 сол (322 - 448ҳ.қ.) бар бахшҳое аз Эрон ва Ироқ ҳукумат ронданд.[1] Дар давраи ҳукумати онон бархе аз шаъоир ва намодҳои шиъие ҳамчун азодории Имом Ҳусайн (а) ва барпоии ҷашни Ғадир барои аввалин бор ба сурати расмӣ ва умумӣ баргузор шуд. Ин давраро аз дурахшонтарин давраҳои тамаддуни Исломӣ медонанд.[2]

Ҳукумати Оли Бӯя тавассути Алӣ писари Абушуҷоъи Бӯя бо ҳимояти бародаронаш Аҳмад ва Ҳасан бунён ниҳода шуд ва ба ҳамин хотир ба Оли Бӯя ё буиён номида шудааст. Ба онони диёлама[3] ва Дайламиён низ гуфта мешавад.[4]

Мазҳаб

Ҳукуматҳои Эрон пас аз Ислом Номи ҳукумат Хулафои рошидин Банӣ Умайя Банӣ Аббос Тоҳириён Саффориён Алавиёни Табаристон Сомониён Зиёриён Оли Бӯя Ғазнавиён Салҷуқиён Хоразмшоҳиён Илхонон Темуриён Сафавиён Афғонон Афшор Занд Қоҷор Паҳлавӣ Ҷумҳурии Исломӣ

Давраи ҳукумат 16 - 40 41 - 130 131 - 205 205 - 259ҳ.қ. 247 - 287ҳ.қ. 250 - 316ҳ.қ. 261 - 389ҳ.қ. 315 - 462ҳ.қ. 320 - 440ҳ.қ. 388 - 555ҳ.қ. 429 - 590 470 - 617ҳ.қ. 654 - 736ҳ.қ. 771 - 903ҳ.қ. 907 - 1133ҳ.қ. 1133 - 1142 1148 - 1161ҳ.қ. 1163 - 1209ҳ.қ. 1209 - 1345ҳ.қ. 1345ҳ.қ. (1304ҳ.ш.) - 1357ҳ.ш. 1357ҳ.ш. -... Бунёнгузор Абубакр Муовия Саффоҳ Тоҳири Зуляминайн Яъқуб Лайс Доъии Кабир Насри Аввал Мардовиҷ писари Зиёр Имодуддавла Алӣ Султон Маҳмуд Туғрул Бек Ануштакин Ғарҷа Ҳулокухон Темури Гӯрконӣ Шоҳ Исмоили Аввал Маҳмуди Афғон Нодиршоҳ Каримхони Занд Оқомуҳаммадхон Ризошоҳ Имом Хумайнӣ

Содиқи Саҷҷодӣ, нависандаи мақолаи Оли Бӯя дар Доиратулмаорифи бузурги исломӣ гуфтааст, ки дар бораи мазҳаби Оли Бӯя наметавон ба равшанӣ изҳориназр кард.[5] Бо ин ҳол, Расули Ҷаъфариён[6] таърихпажӯҳи шиа (зодаи 1346ҳ.ш.) ва бархе дигар аз нависандагон[7] бо истинод ба манобеи торихӣ ва низ ироаи шавоҳиде Оли Бӯяро шиаи дувоздаҳимомӣ медонанд. Эҳёи шаъоири шиа, доштани вазирони шиъӣ, номҳои шиъии ҳокимон ва равобити онон бо уламои шиа аз ин шавоҳид аст.[8] Ҳамчунин Ибни Касири Димишқӣ, таърихнигори аҳли суннат дар қарни ҳаштуми қамарӣ онҳоро шиа ва рофизӣ донистааст.[9] Абдулҷалили Қазвинӣ, олими шиаи қарни шашуми қамарӣ дар китоби Нақз низ ононро имоматӣ хондааст.[10]

Бархе аз нависандагон бо тавваҷӯҳ ба собиқаи мазҳаби зайдия дар Табаристон фарзияи зайдӣ будани Оли Бӯяро низ матраҳ кардаанд.[11] Инҳо мӯътақиданд Оли Бӯя ибтидо зайдимазҳаб буданд ва баъдҳо имомимазҳаб шуданд.[12][Ёддошт 1] ҳамчунин Расули Ҷаъфариён, аз китоби Таърихи Рей, асари Мунтаҷабиддини Розӣ, олими шиаи қарни шашуми қамарӣ матлабе нақл кардааст, ки бар асоси он, нависанда аз Ибни Шаҳрошӯб нақл кардааст, ки Оли Бӯя ба дасти Тоҷурруасо ибни Абиссуъадо аз уламои шиа, ба ин мазҳаб гаравидаанд.[13] Ҷаъфариён инро муҳтамал донистааст, ки гаравидани Оли Бӯя аз ташайюъи зайдӣ ба ташайюъи исноъашарӣ, ба хотири ин будааст, ки ҳокимони Оли Бӯя бино бар зайдӣ будан мебоист ҳукуматро ба Алавиён бисупоранд, аммо бино бар имомӣ будан, худ ҳукуматро дар ихтиёр мегирифтанд.[14]

Илё Повлович Петрушефскӣ (зодаи 1898м.) устоди донишгоҳи Русия мӯътақид аст, ки муассисони ҳукумати Оли Бӯя шиа буданд, аммо афроди баъдии ин хонадон ҳарчанд, ки дар ботин ба шиа тамоюл доштанд, вале дар зоҳир ва ба сурати расмӣ суннимазҳаб буданд.[15] Нависандаи мақолаи «Оли Бӯя ва нақши онон дар барпоии маросим ва мавосими шиаи имомия дар Ироқ» ин бардоштро иштибоҳ дониста, эҳтимол додааст, ки пазириши хилофати аббосӣ аз сӯи амирони Оли Бӯя мӯҷиби ин бардошт шуда бошад.[16] Ҳамчунин Бертулд Эшпулер (1911 - 1990м.) шарқшиноси олмонӣ дар китоби Таърихи Эрон дар қуруни нахустини исломӣ, бар ин бовар аст, ки Оли Бӯя аз ибтидо, шиаи дувоздаҳимомӣ буда ва то охир ҳам бар ҳамин ақида монданд.[17]

Бузургдошти шаъоири шиъӣ

Оли Бӯя дар тарвиҷи шиорҳои шиаёни имомия иқдомоте анҷом доданд, бархе аз онҳо иборатанд аз:

* Баргузории маросими азодории рӯзи Ошӯро: ба дастури Муизуддавлаи Дайламӣ, рӯзи Ошӯрои соли 352 қамарӣ азои умумӣ эълом шуд ва аз мардум хоста шуд, ки бо пӯшидани ҷомаи сиёҳ, андӯҳи худро нишон диҳанд. Ба гузориши Ибни Халдун занон дар ин рӯз бо мӯи парешон ва чеҳраи сиёҳкарда аз хонаҳояшон хориҷ мешуданд ва бар сару рӯи худ мекуфтанду дар азои Имом Ҳусайн (а) мегиристанд.[18] Ҳамчунин ба гузориши Ибни Ҷавзӣ (вафоти 597ҳ.қ.) таърихнигори аҳли суннат дар ин рӯз касбу корҳо таътил ва дар бозорҳо чодарҳое барпо шуда, маросими навҳахонӣ ва азо барои Имом Ҳусайн (а) баргузор гардид.[19] Комили Шайбӣ низ мӯътақид аст, ки дастаҳои азодорӣ аввалин бор дар соли 352 қамарӣ, ба вуҷуд омаданд.[20]

* Баргузории ҷашни иди Ғадир: ба дастури Муизуддавлаи Дайламӣ, аз соли 351 қамарӣ, барпоии ҷашн ба муносибати иди Ғадир дар Бағдод оғоз шуд.[21] Ҳукмронони баъдии Оли Бӯя низ ҷашни Ғадирро баргузор мекарданд.[22]

* Густариши зиёрати қубури имомони шиа: Оли Бӯя нисбат ба қубури имомони мадфун дар Ироқ иқдомоте анҷом доданд; мараммат ва бозсозии қубури аимма (а), барпо кардани гунбаду боргоҳ бар мазори онон,[23] эҳдои нузурот ва ихтисоси мавқуфот ба зиёратгоҳҳо, эҷоди тасҳилот барои зоирон ва ташвиқи мардум ба сукунат дар ҷавори боргоҳҳо ва эътои мустамаррӣ ва сила ба муҷовирони ин боргоҳҳо.[24]

* Азон гуфтан: аз соли 356 қамарӣ, гуфтани фарози ҳайя ала хайрилъамал дар азон марсум шуд ва то авоили ғалабаи салҷуқиён идома дошт.[25]

* Тарвиҷи истифода аз муҳр ва турбати Имом Ҳусайн (а): дар даврони Оли Бӯя, афроде аз турбати Имом Ҳусайн (а) тасбеҳу муҳр таҳия мекарданд ва ба мардум медоданд.[26]

Бархе аз нависандагон аз сиккае мутааллиқ ба даврони Оли Бӯя хабар додаанд, ки бар он иборати «Аллоҳ, Муҳаммад расулуллоҳ ва Алӣ валийюллоҳ» ҳак шудааст.[27]

Ҳокимони машҳур

Бархе аз ҳокимони машҳури Оли Бӯя иборатанд аз:

  • Алӣ ибни Бӯя, мулаққаб ба Имодуддавлаи Дайламӣ фарзанди Абушуҷоъи Дайламӣ ва бунёнгузори ҳукумати Оли Бӯя дар Форс буд.
  • Ҳасан ибни Бӯя, мулаққаб ба Рукнуддавла фарзанди Абушуҷоъи Дайламӣ ва ҳукмрони минтақаи Ҷибол буд ӯ барои густариши қаламрави ҳукумати Оли Бӯя дар манотиқи Рай, Ҷибол, Табаристон ва Гургон, ҷангҳои мутааддиде анҷом дод.
  • Аҳмад ибни Бӯя, мулаққаб ба Муизуддавлаи Дайламӣ, бародари Алӣ ва Ҳасан ибни Бӯя буд, ки дар соли 334 қамарӣ Бағдодро фатҳ кард. Ӯ ба барпоии маросими азодорӣ дар рӯзи Ошӯро[28] ва ҷашни иди Ғадир[29] дар Бағдод фармон дод.
  • Азудуддавлаи Дайламӣ фарзанди Ҳасан ибни Бӯя буд, ки пас аз даргузашти амакаш Имодуддавла ҷонишини ӯ дар Форс шуд. Ӯ аз қудратмандтарин амирони шиъии Эрон буд, ки бар манотиқи васеъе аз сарзаминҳои исломӣ ва Эрон ҳукмронӣ кард. Аз ҷумлаи иқдомоти ӯ, бозсозии вайронаҳои Бағдод,[30] сохти обанборҳои бузург дар Форс,[31] сохти бемористони Азудӣ дар Бағдод,[32] бозсозии қубури имомон аз ҷумла Ҳарами Козимайн[33] ва Ҳарами Аскарияйн[34] ва ҳамчунин кашидани ҳисор ба даври шаҳри Мадина[35] аст.

Таърихчаи шаклгирӣ

Намунае аз сиккаҳои Оли Бӯя


Дейламиён дар авоили қарни чаҳоруми қамарӣ ҷумбишҳоеро дар Эрон алайҳи хилофати аббосиён оғоз карданд.[36] Мокон ибни Кокӣ, Исфорин Шируия ва Мардовиҷи Зиёрӣ, ҳар як бо лашкаре аз Дайлам хуруҷ карданд. Алӣ ва Ҳасан писарони Абушуҷоъ ба Мокон фармонбардори сомониён пайвастанд. Дар соли 321 қамарӣ Мардовиҷи Зиёрӣ бар Ҷурҷону Табаристон мусаллат шуд, Алӣ ва Ҳасан бо ҷалби назари Мокон ба Мардовиҷ пайвастанд. Ӯ Алиро ба ҳукумати Караҷ гуморд.[37] Алӣ ба Караҷ рафт ва бо тасарруфи дежҳои атроф, мояи бимнокии Мардовиҷ гардид. Ӯ ибтидо қасди тасарруфи Исфаҳонро дошт, аммо аз сипоҳи бародари Мардоввҷ шикаст хурд ва пас аз чанде Арраҷону Навбандҷонро тасарруф кард ва бародараш Ҳасан низ ба дастури ӯ Козирунро тасарруф намуд.[38] Алӣ дар соли 322 қамарӣ бар Шероз чера шуд ва давлати Оли Бӯяро дар онҷо бунён ниҳод.[39] Бо ин ҳол, ба гуфтаи Содиқи Саҷҷодӣ бархе аз таърихнигорон фатҳи Арраҷон (321ҳ.қ./932м.)-ро оғози поягузории давлати Оли Бӯя донистаанд.[40] Тайи 12 соли пас аз он, Ҳасану Аҳмад низ ба тартиб бар Рей, Кирмон ва Ироқ ғолиб шуданд ва давлати Оли Бӯя ба се шохаи бузург ва як шуъбаи хурд дар Кирмон ва Аммон тақсим шуд.[41]

Ба гуфтаи Алиасғари Фақиҳӣ, таърихпажӯҳи шиа (вафоти 1382 шамсӣ), китоби Таҷориб-ул-умам аз манобеи аслии нависандагон дар заминаи таърихи Оли Бӯя ба шумор меояд.[42] Ибни Мискавайҳ (320 - 420ҳ.қ.) нависандаи он бо ҳукумати Оли Бӯя ҳамаср будааст.[43]

Такнигорӣ

Дар бораи Оли Бӯя осоре низ навишта шудааст, ки бархе аз онҳо иборатанд аз:

  • Китоби Таърихи Оли Бӯя навиштаи Алиасғари Фақиҳӣ (1296 - 1382ҳ.ш.): ин китоб дар бораи таърихи Оли Зиёр ва Оли Бӯя ва авзоъи замонаи онҳоро дарбар дорад. Ин асар дар соли 1378 шамсӣ, ба унвони матни дарсии риштаи таърих дар мақтаи коршиносии донишгоҳҳои Эрон тадвин шудааст.[44]
  • Эҳёи фарҳангӣ дар аҳди Оли Бӯя инсонгароӣ дар асри ренесанси исломӣ, асари Ҷуил. Л. Кармз: ин китоб равнақи фикрӣ ва фарҳангии марокизи ҳукуматии Оли Бӯя ба вижа дар Бағдодро мавриди баррасӣ қарор додааст. Ин асар ба форсӣ низ тарҷума шудааст.[45]
  • Ҳаёти илмӣ дар аҳди Оли Бӯя, асари Ғуломризо Фидоӣ устоди донишгоҳи Теҳрон (таваллуди 1324ҳ.ш.): ин китоб бахше аз маҷмӯаи ҳаёти илмӣ дар аҳди давлатҳои шиъӣ аст, ки ба зикри донишмандон дар давраи Оли Бӯя пардохтааст.[46]
  • Ал-Тоҷӣ фи ахбор-иддавлат-ил-дайламия асари Иброҳим ибни Ҳилоли Собӣ (вафоти 384ҳ.қ.) аз котибони Оли Бӯя аст, ки таърихи ин силсила дар солҳои ҳукумати Азудуддавларо дарбар дорад. Ин китоб ба дастури Азудуддавла барои ситоиш диёлама ва ҳукумати онон навишта шудааст. Ибни Маскавайҳ дар Таҷориб-ул-умам аз он истифода кардааст. Нусхае аз бахше аз китоби китобхонаи Таваккулияи масҷиди аъзами Санъо нигаҳдорӣ мешавад. Муҳаммадҳусайни Забидӣ онро бо номи ал-Мунтазаъ мин китоб-ил-тоҷӣ дар 1977 дар Бағдод чоп кардааст.

Эзоҳ

  1. Саҷҷодӣ, “Оли Бӯя”, ҷ.1, саҳ.629.
  2. Гулизаввора, “Баррасии нақши давлати Оли Бӯя дар густариши ташайюъ ва имрони атаботи Ироқ”, саҳ.122.
  3. Нигоҳ кунед ба Муставфӣ, Нузҳат-ул-қулуб, саҳ.98, 99 ва 174.
  4. Гулизаввора, “Баррасии нақши давлати Оли Бӯя дар густариши ташайюъ ва имрони атаботи Ироқ”, саҳ.122.
  5. Саҷҷодӣ, “Оли Бӯя”, ҷ.1, саҳ.640.
  6. Ҷаъфариён, Таърихи ташайюъ дар Эрон, 1387ҳ.ш., саҳ.375.
  7. Ҷаъфариён, Таърихи ташайюъ дар Эрон, 1387ҳ.ш., саҳ.376; Ҷаъфарниё, “Баррасии нақши давлати Оли Бӯя дар густариши ташайюъ ва имрони атаботи Ироқ”, саҳ.24.
  8. Ҷаъфарниё, “Баррасии нақши давлати Оли Бӯя дар густариши ташайюъ ва имрони атаботи Ироқ”, саҳ.24.
  9. Ибни Касир, ал-Бидоя ва-н-ниҳоя, 1407ҳ.қ., ҷ.11, саҳ.307.
  10. Қазвинӣ, Нақз, анҷумани осори миллӣ, саҳ.42.
  11. Ҷаъфарниё, “Баррасии нақши давлати Оли Бӯя дар густариши ташайюъ ва имрони атаботи Ироқ”, саҳ.24.
  12. Шайбӣ, ас-Силату байн-ат-тасаввуфи ва-т-ташайюъ, 1982м., ҷ.2, саҳ.39.
  13. Ҷаъфариён, Таърихи ташайюъ дар Эрон, 1387ҳ.ш., саҳ.380.
  14. Ҷаъфариён, Таърихи ташайюъ дар Эрон, 1387ҳ.ш., саҳ.378.
  15. Петрушевский Ислом дар Эрон, 267 ба нақл аз Пураҳмадӣ, “Оли Бӯя ва нақши онон дар барпоии маросим ва мавосими шиаи имомия дар Ироқ”, саҳ.112.
  16. Пураҳмадӣ, “Оли Бӯя ва нақши онон дар барпоии маросим ва мавосими шиаи имомия дар Ироқ”, саҳ.112.
  17. Шпулер, Таърихи Эрон дар қуруни нахустини исломӣ, ҷ.1, саҳ.363 ба нақл аз Ҷаъфариён, Таърихи Эрони ташайюъ дар Эрон, 1387ҳ.ш., саҳ.375.
  18. Ибни Халдун, Таърихи Ибни Халдун, 1391ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.425.
  19. Ибни Ҷавзӣ, ал-Мунтазам, 1358ҳ.қ., ҷ.7, саҳ.15.
  20. Шайбӣ, ас-Силату байн-ат-тасаввуфи ва-т-ташайюъ, 1982м, ҷ.2, саҳ.39.
  21. Нигоҳ кунед ба Ибни Халдун, Таърихи Ибни Халдун, 1391ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.425 - 420.
  22. Нигоҳ кунед ба Ибни Ҷавзӣ, ал-Мунтазам, 1358ҳ.қ., ҷ6, саҳ.163.
  23. Заҳабӣ, ал-Ибар мин хабари ман ғабар, 1405ҳ.қ., саҳ.232.
  24. Хатиби Бағдодӣ, Таърихи Бағдод, 1407ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.424.
  25. Ибни Ҷавзӣ, ал-Мунтазам, 1358ҳ.қ., ҷ.8, саҳ.164; Ибни Халдун, Таърихи Ибни Халдун, 1391ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.460.
  26. Саъолибӣ, Ятимат-уд-даҳр, 1352ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.183.
  27. Нигоҳ кунед ба Ҷаъфариён, Таърихи ташайюъ дар Эрон, 1387ҳ.ш., саҳ.380.
  28. Ибни Халдун, Таърихи Ибни Халдун, 1408ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.527.
  29. Ибни Асир, ал-Комил, 1385ҳ.ш., ҷ.8, саҳ.549.
  30. Ибни Мискавайҳ, Таҷориб-ул-умам, ҷ.6, саҳ.477 ва 478.
  31. Фаршод, Таърихи илм дар Эрон, 1366ҳ.ш., ҷ.2, с.790.
  32. Фаршод, Таърихи илм дар Эрон, 1366ҳ.ш., ҷ.2, с.849 - 851.
  33. Олиёсин, Таърих-ул-машҳад-ил-Козимӣ, 1435ҳ.қ., саҳ.24.
  34. Маҳаллотӣ, Маосир-ул-кубро, 1384ҳ.ш., ҷ.1, саҳ.321.
  35. Самҳудӣ, Вафо-ул-вафо, 2006м, ҷ.2, саҳ.269 - 270.
  36. Саҷҷодӣ, “Оли Бӯя”, ҷ.1, саҳ.629.
  37. Ибни Асир, ал-Комил, 1399ҳ.қ., ҷ.8, саҳ.267.
  38. Мақризӣ, ас-Сулук, 1942м, ҷ.1, саҳ.27.
  39. Ибни Тағрӣ, ан-Нуҷум-уз-зоҳира, 1392ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.244 - 245.
  40. Саҷҷодӣ, “Оли Бӯя”, ҷ.1, саҳ.629.
  41. Саҷҷодӣ, “Оли Бӯя”, ҷ.1, саҳ.629.
  42. Фақиҳӣ, Таърихи Оли Бӯя, 1378ҳ.ш., саҳ.17.
  43. Фақиҳӣ, Таърихи Оли Бӯя, 1378ҳ.ш., саҳ.17.
  44. Фақиҳӣ, Таърихи Оли Бӯя, 1378ҳ.ш., саҳ.4.
  45. «Эҳёи фарҳангӣ дар аҳди Оли Бӯя: инсонгароӣ дар асри ренесанси исломӣ», шабакаи ҷомеъи китоби гесум.
  46. «Ҳаёти илмӣ дар аҳди Оли Бӯя», шабакаи ҷомеъи китоби гесуам.

Ёддошт


Сарчашма

  • Олиёсин, Муҳаммадҳасан, Таърих-ул-машҳад-ил-Козимӣ, ал-амонатулъомма лилъатабатил-Козимият-ил-муқаддаса, 1435ҳ.қ./2014м.
  • Ибни Асир, Иззуддин, ал-Комил фи-т-таърих, Бейрут, Дорусодир, 1399ҳ.қ.
  • Ибни Ҷавзӣ, Абдурраҳмон, ал-Мунтазам фи таърих-ил-мулуки ва-л-умам, Ҳайдарободи Дакан, Доиратулмаориф-ил-усмония, 1358ҳ.қ.
  • Ибни Халдун, Абдурраҳмон ибни Муҳаммад, Таърихи Ибни Халдун, Бейрут, Дору эҳёилтуросилъарабӣ, 1391ҳ.қ.
  • Ибни Касир, Исмоил ибни Умар, ал-Бидоя ва-н-ниҳоя, Бейрут, Дорулфикр, 1407ҳ.қ./1986ҳ.ш.
  • Ибни Мискавайҳ, Аҳмад ибни Муҳаммад, Таҷориб-ул-умам ва таъоқуб-ул-ҳимам, ба кӯшиши Омадрӯз, Қоҳира, матбааи биширкат-ит-тамаддун-ис-саноъия, 1332ҳ.қ.
  • Ибни Тағрӣ, Юсуф ибни Тағрӣ, ан-Нуҷум-уз-зоҳира фи мулуки Мисри ва-л-Қоҳира, Қоҳира, вазорат-ус-сақофати ва-л-иршод-ил-қавмӣ алмуассисатил-мисрият-ил-омма, 1392ҳ.қ./1972м.
  • Пураҳмадӣ, Ҳусайн, “Оли Бӯя ва нақши онон дар барпоии маросим ва мавосими шиаи имомия дар Ироқ”, фаслномаи шиашиносӣ, шумораи 3 ва 4, 1382ҳ.ш.
  • Саъолибӣ, Абдулмалик ибни Муҳаммад, Ятимат-уд-даҳр, Бейрут, Дорулкитобилъарабӣ, 1352ҳ.қ.
  • Ҷаъфарниё, Фотима, «Сиёсатҳои ҳукумати Оли Бӯя дар ҷиҳати таҳкими ваҳдат миёни шиа ва аҳли суннат», торихномаи Хоразмӣ, шумораи 22, тобистони 1397ҳ.ш.
  • Ҷаъфариён, Расул, Таърихи ташайюъ дар Эрон, Теҳрон, нашри илм, 1387ҳ.ш.
  • Хатиби Бағдодӣ, Аҳмад ибни Алӣ, Таъриху Бағдод ав мадинат-ус-салом мунзу таъсисиҳо ҳатто санати 463ҳ.қ., Бейрут, Дорулкутубилъилмия, 1407ҳ.қ.
  • Заҳабӣ, Шамсиддини Муҳаммад, ал-Ибар мин хабари ман ғабар, ба кӯшиши Абуҳоҷари Муҳаммад, Бейрут, Дорулкутуб, Алъарабия, 1405ҳ.қ.
  • Саҷҷодӣ, Содиқ, “Оли Бӯя”, дар доиратулмаорифи бузурги исломӣ, Теҳрон, маркази доиратулмаорифи бузурги исломӣ, 1369ҳ.ш.
  • Самҳудӣ, Алӣ ибни Аҳмад, Вафо-ул-вафо биахбори дорил-Мустафо, таълиқи Холид абдулғании Маҳфуз, Бейрут, Дорулкутубилъилмия, 2006м.
  • Шайбӣ, Комил Мустафо, ас-Силату байн-ат-тасаввуфи ва-т-ташайюъ, Дорул-анделус, Бейрут, 1982м.
  • Фаршод, Маҳдӣ, Таърихи илм дар Эрон, Теҳрон, муассисаи интишороти Амиркабир, чопи аввал, 1366ҳ.ш.
  • Фақиҳӣ, Алиасғар, Таърихи Оли Бӯя, Теҳрон, созмони мутолиа ва тадвини кутуби улуми исломии донишгоҳҳо (самт), 1378ҳ.ш.
  • Қазвинӣ, Абдулҷалил, Нақз, тасҳеҳи Муҳаддиси Урумавӣ, Муҳаддис, Теҳрон, анҷумани осори миллӣ, бе то.
  • Гулизаввора, Ғуломризо, “Баррасии нақши давлати Оли Бӯя дар густариши ташайюъ ва имрони атаботи Ироқ”, зиёрат, шумораи 37, 1397ҳ.ш.
  • Маҳаллотӣ, Забеҳуллоҳ, Маосир-ул-кубро фи таърихи Сомирро, Қум, алмактабатул-Ҳайдария, 1384ҳ.ш./1426ҳ.қ.
  • Муставфӣ, Ҳамдуллоҳ ибни Абибакр, Нузҳат-ул-қулуб, Қазвин, ҳадиси имрӯз, 1381ҳ.ш.
  • «Эҳёи фарҳангӣ дар аҳди Оли Бӯя: инсонгароӣ дар асри ренесанси исломӣ», шабакаи ҷомеъи китоби гесум, мушоҳида 12 меҳри 1401ҳ.ш.
  • «Ҳаёти илмӣ дар аҳди Оли Бӯя», шабакаи ҷомеъи китоби гесум, мушоҳида 12 меҳри 1401ҳ.ш.



Хатои ёдкард: <ref> tags exist for a group named "Ёддошт", but no corresponding <references group="Ёддошт"/> tag was found