Сураи Аъло

Аз wikishia
Сураи Аъло


Сураи Аъло ба арабӣ: سوره اَعلیٰ ҳаштоду ҳафтумин сура ва аз сураҳои маккии Қуръон, ки дар ҷузъи сиюми Қуръон ҷой гирифтааст. Номи сура (Аъло) аз ояти аввали он гирифта шуда ва ба маънои «бартар» аст. Оёти ибтидои сура, Пайғамбар (с)-ро ба тасбеҳи Худованд фаро мехонад ва сипас ҳафт сифат барои Худованд бармешуморад ва дар идома аз мӯъминони хошеъ ва кофирони шақӣ ва авомили саодату шақовати ин ду гурӯҳ сухан мегӯяд.

Дар фазилати тиловати ин сура аз Пайғамбар (с) нақл шудааст, ки ҳар кас ин сураро бихонад, Худованд ба ивази ҳар ҳарфе, ки бар Иброҳим, Мусо ва Муҳаммад (с) нозил кардааст, даҳ ҳасана медиҳад. Дар ривоёт ҳамчунин омадааст, ки Пайғамбар (с) ин сураро дӯст медошт.

Муаррифӣ

Бешак касе ки худро [аз зиштиҳои ботину зоҳир] пок кард, растгор шуд (Аъло: 14).

Номгузорӣ

Сураи Аълоро ба ин муносибат «Аъло» меноманд, ки бо тасбеҳи Парвардигори баландмартаба оғоз мешавад.[1] Аъло ба маънои бартар, баланд ва болои ҳар чизе аст.[2]

Маҳал ва тартиби нузул

Сураи Аъло ҷузви сураҳои маккӣ ва дар тартиби нузул ҳаштумин сурае аст, ки бар Пайғамбар (с) нозил шудааст. Ин сура дар чиниши кунунии Мусҳаф, ҳаштодуҳафтумин сура аст[3] ва дар ҷузъи сиюми Қуръон қарор дорад. Аллома Таботабоӣ нависандаи тафсири ал-Мизон бар ин бовар аст, ки 13 ояти ин сура маккӣ аст, вале оёти 14 то охир чун дар иртибот бо рӯза ва лавозимаш мисли закоти Фитра ва намози Ид аст, нишон медиҳад, ки ин оёт дар Мадина нозил шудаанд; зеро рӯза дар Мадина фарз шудааст. Вай ҳамчунон таъкид дорад, ки ривоёте ки сураро маккӣ донистаанд, манзурашон ҳамон оёти сездаҳгона аст.[4]

Теъдоди оятҳо ва дигар вижагиҳо

Сураи Аъло 19 оят, 72 калима ва 296 ҳарф дорад ва ҷузви сураҳои Муфассалот (дорои оёти кучаку мутааддид) ва охирин сура аз сураҳои Мусаббаҳот (оғозшуда бо тасбеҳи Илоҳӣ) аст.[5]

Мазмун

Ал-Мизон меҳвари аслии сураро тавҳид ва таъкид бар ҷойгоҳи волои зоти Илоҳӣ ва низ ваъдаҳои Худованд дар бораи Пайғамбар ва таъёидоти ӯ донистааст.[6] Аз дидгоҳи Тафсири Намуна, сураи Аъло аз ду бахш ташкил шудааст: рӯи сухан дар бахши нахуст ба шахси Пайғамбар (с) аст ва дастурҳое дар бораи тасбеҳи Худованд ва адои рисолат ба он ҳазрат медиҳад. Ҳамчунин авсофи ҳафтгонаи Худованд дар ин бахш омадааст. Дар бахши дувум Худованд аз мӯъминони хошеъ ва кофирони шақӣ сухан мегӯяд ва авомили саодат ва шақовати ин ду гурӯҳро баён мекунад.[7]

Муҳтавои сураи Аъло[8]

Ҳаққонияти рисолати тавҳидии Пайғамбар

Гуфтори дувум: ояти 14 - 19

Далоили ҳаққонияти даъвати тавҳидии Пайғамбар

Гуфтори аввал: ояти 1 - 13

Вазоифи Пайғамбар дар табйини тавҳид

Далели аввал: ояти 14 - 17

Растагории худопарастон

Вазифаи аввал: ояти 1 - 5

Тасбеҳи Худои бартар

Далели дувум: ояти 18 - 19

Гувоҳии китобҳои пайғамбарон ба тавҳид

Вазифаи дувум: ояти 6 - 13

Иблоғи тавҳид ба ҳаққҷӯён

Тафсир

Сураи Аъло, ба хати сулс, асари Солим Гюной (хушнависи Туркияӣ), 2013 мелодӣ

Паёмбар ва фаромӯш накардани Қуръон

«سَنُقْرِئُكَ فَلَا تَنسَىٰ: мо хеле зуд бар ту хоҳем хонд, то фаромӯш накунӣ».[9]

Худованд дар ин оят ба Пайғамбар (с) итминон медиҳад, нигарони ин набошад, ки оёти Илоҳиро фаромӯш мекунад, балки ҳамон касеки онро фиристодааст, ҳофиз ва нигаҳбони он аст.[10] Аллома Таботабоӣ дар тафсири ал-Мизон менависад «иқроъ» ба маънои таҳвил гирифтани қироати қорӣ ба манзури ғалатгирӣ ва тасҳеҳи қироати ӯст; албатта ин маънои луғавӣ ва урфии ин калима аст ва дар ин оят ба ин маъност, ки Худованд чунон қудрате ба Пайғамбар (с) додааст, ки Қуръонро дурусту хуб бихонад, он тавр, ки нозил шуда ва бидуни каму кост ва бидуни таҳриф.[11]

Намози ид ва закоти Фитра

Дар тафсири Маҷмаъ-ул-баён омадааст, бархе гуфтаанд, мурод аз тазкия ва салот дар ояти 14 ва 15, закоти Фитра ва намози ид аст. Аммо мумкин аст ишкол шавад, ин сура маккӣ аст ва дар он замон на закоте буд ва на, намози ид. Дар посухи он гуфта шуда мумкин аст, оёти ибтидоии ин сура дар Макка ва оёти поёнии он, аз ҷумла оёти 14 ва 15, дар Мадина нозил шуда бошад.[12]

Сайидҳошими Баҳронӣ дар тафсири ал-Бурҳон зайли ояти 14 менависад аз Имом Содиқ (а) нақл шудааст: рӯза бо пардохти закоти Фитра комил мешавад, ҳамчунон ки намоз бо дуруд фиристодан бар Пайғамбар (с) ба камоли худ мерасад. Пас ҳар кас рӯза бигирад, аммо ба амд закоти Фитраро тарк кунад, рӯзае аз барояш нест ва ҳар кас намоз бихонаду бар Пайғамбар (с) дуруд нафиристад ва амдан онро тарк кунад, намозе аз барояш нест. Худованди Азза ва Ҷалла закоти Фитраро бар намоз муқаддам дошта фармуд: «قَدْ أَفْلَحَ مَن تَزَكَّىٰ وَذَكَرَ اسْمَ رَبِّهِ فَصَلَّىٰ».[13]

Теъдоди анбиё ва китобҳои осмонӣ

Ояти поёнии сураи Аъло нишон медиҳад ҳазрати Иброҳим ва Мусо (а) низ китоби осмонӣ доштанд. Дар ривояте, Абузар нақл мекунад: ба Пайғамбар арз кардам, анбиё чанд нафар буданд? Фармуд: 124 ҳазор нафар.... Сипас Пайғамбар (с) фармуд, эй Абузар чаҳор нафар аз анбиё араб буданд: Ҳуд, Солеҳ, Шуайб ва Пайғамбари ту. Гуфтам эй Расули Худо! Худованд чанд китоб нозил кард? Фармуд: 104 китоб. Даҳ китоб бар Одам, панҷоҳ китоб бар Шис, бар Ухнух, ки Идрис аст сӣ китоб ва ӯ нахустин касе аст, ки бо қалам навишт, ва бар Иброҳим даҳ китоб ва низ Тавротро бар Мусо ва Инҷилро бар Масеҳ ва Забурро бар Довуд ва Фурқонро бар Пайғамбари Ислом нозил кард.[14]

Абадияти охират

Мумкин аст ба зеҳн биёяд, ки ҷаҳони охират пойдору абадӣ аст, пас чаро онро бо дунё муқоиса карда ва гуфта «وَالْآخِرَةُ خَيْرٌ وَأَبْقَىٰ» тарҷума: бо онкӣ [ҷаҳони] охират некӯтару пойдортар аст. Посух ин аст, ки ҳар чанд ҷаҳони охират ба гунае аст, ки абадият дорад, вале чун дар ояти қабл «بَلْ تُؤْثِرُونَ الْحَيَاةَ الدُّنْيَا», сухан аз муқаддам доштани дунё ва тарҷеҳи он бар охират буд; дар ин оят ба муқаддам будан ва руҷҳони охират ишора шуда ва дар муқаддам буданаш дар мақоми муқоиса ҳамин миқдор кофӣ аст, ки онро некӯтару пойдортар аз дунё бидонад.[15]

Оёти машҳур

  • «إِنَّهُ يَعْلَمُ الْجَهْرَ وَمَا يَخْفَىٰ»: Ӯ (Худованд) ошкору ниҳонро медонад» (ояти 7).

Дар тафсири ин оят омадааст, ошкору ниҳон барои Худованд яке аст; чароки ҳарчӣ ҳаст, чӣ пайдо ва чӣ нопайдо, махлуқи Ӯст.[16] Муллосадро низ менависад ин оят илмро барои Худованд собит мекунад ва Худовандро аз ҷаҳлу нақс дур мекунад.[17] Аллома Таботабоӣ бар асоси оёте аз Қуръон ҷаҳрро чизе медонад, ки барои чашму гӯш комилан ошкору маҳсус аст «ومایخفی»-ро нуқтаи муқобили он медонад.[Ёддошт 1][18] Ин оят дар шеъри форсӣ низ бозтоб доштааст.[19] Саъдии Шерозӣ месарояд:

Бар Ӯ илм як зарра пӯшида нест

Ки пайдову пинҳон ба наздаш якест[20]

Фазилат ва хавос

Мақолаи аслӣ: Фазоили сураҳо

Дар тафсири Маҷмаъ-ул-баён аз Пайғамбар (с) нақл шудааст, ҳар кас ин сураро бихонад, Худованд дар ивази ҳар ҳарфе, ки бар Иброҳим, Мусо ва Муҳаммад (с) нозил карда, даҳ ҳасана медиҳад. Ҳамчунин аз Амирулмӯъминин Алӣ (а) нақл шудааст, ки Пайғамбар (с) ин сураро дӯст медошт.[21] Аз Имом Содиқ (а) низ нақл аст, касе ки сураи Аълоро дар фаризаҳо (намози фарз) ё навофили худ бихонад, рӯзи қиёмат ба ӯ гуфта мешавад бо хост ва машияти Худованд аз ҳар як аз дарҳои биҳишт, ки хоҳӣ ворид шав![22]

Матн ва тарҷума

Сураи Аъло

Номи Парвардигори волои худро ба покӣ биситоӣ: (1) ҳамон ки офарид ва ҳамоҳангӣ бахшид. (2) Ва онки андозагирӣ карду роҳ намуд. (3) Ва онки чаманзорро баровард; (4) ва пас [аз чанде] онро хошоке тирагун гардонид. (5) Мо ба зудӣ [оёти худро ба василаи суруши ғайбӣ] бар ту хоҳем хонд, то фаромӯш накунӣ; (6) ҷуз ончӣ Худо хоҳад, ки Ӯ ошкор ва ончиро ки ниҳон аст медонад. (7) Ва барои ту осонтарин [роҳ]-ро фароҳам мегардонем. (8) Пас панд деҳ, агар панд сӯд бахшад. (9) Он кас ки тарсад, ба зудӣ ибрат гирад. (10) Ва нагунбахт, худро аз он дур медорад; (11) ҳамон кас ки дар оташи бузург дар ояд; (12) онгоҳ на дар он мемирад ва на зиндагонӣ меёбад. (13) Растгор аст он кас, ки худро пок гардонид; (14) ва номи Парвардигорашро ёд кард ва намоз хонд. (15) Лекин [шумо] зиндагии дунёро бармегузинед; (16) бо онкӣ [ҷаҳони] охират беҳтару пойдортар аст. (17) Қатъан дар саҳифаҳои гузаштаи ин [маънӣ] ҳаст, (18) саҳифаҳои Иброҳиму Мусо. (19)

Эзоҳ

  1. Донишномаи Қуръон ва қуръонпажӯҳӣ, 1377ҳ.ш., ҷ.2, саҳ.1263.
  2. Деҳхудо, Луғатнома, зайли вожаи Аъло.
  3. Маърифат, Омӯзиши улуми Қуръон, 1371ҳ.ш., ҷ.1, саҳ.166.
  4. Таботабоӣ, ал-Мизон, ҷ.20, саҳ.264.
  5. Донишномаи Қуръон ва қуръонпажӯҳӣ, 1377ҳ.ш., ҷ.2, саҳ.1263.
  6. Таботабоӣ, ал-Мизон, ҷ.20, саҳ.261.
  7. Макорими Шерозӣ, Тафсири Намуна, 1366ҳ.ш., ҷ.26, саҳ.380.
  8. Хомагар, Муҳаммад, Сохтори сураҳои Қуръони Карим, таҳияи муассисаи фарҳангии Қуръон ва Итрати Нуруссақалайн, Қум, нашри нашро, ҷ.1, 1392ҳ.ш.
  9. Сураи Аъло, ояти 6.
  10. Макорими Шерозӣ, Тафсири Намуна, 1366ҳ.ш., ҷ.26, саҳ.393.
  11. Таботабоӣ, ал-Мизон, 1974м., ҷ.20, саҳ.266.
  12. Табарсӣ, Маҷмаъ-ул-баён, 1372ҳ.ш, ҷ.10, саҳ.722.
  13. Баҳронӣ, ал-Бурҳон, 1417ҳ.қ., ҷ.5, саҳ.637.
  14. Макорими Шерозӣ, Тафсири Намуна, 1366ҳ.ш., ҷ.26, саҳ.405.
  15. Таботабоӣ, ал-Мизон, ҷ.20, саҳ.270.
  16. Фазлуллоҳ, Мин ваҳй-ил-Қуръон, 1419ҳ.қ., ҷ.24, саҳ.209.
  17. Муллосадро, Тафсир-ул-Қуръон-ил-карим, 1366ҳ.ш., ҷ.7, саҳ.376.
  18. Таботабоӣ, ал-Мизон, ҷ.20, саҳ.267.
  19. Ҷаъфарӣ, “Таъсири Қуръон дар шеъри форсӣ”.
  20. Саъдӣ, Бустон, дар ниёиши Худованд.
  21. Табарсӣ, Маҷмаъ-ул-баён, 1372ҳ.ш, ҷ.10, саҳ.717.
  22. Ҳувайзӣ, Абдуъалӣ, Тафсири Нур-ус-сақалайн, ҷ.5, саҳ.553, Алӣ Бобоӣ, Баргузудаи Тафсири Намуна, 1387ҳ.ш., ҷ.5, саҳ.475.

Ёддошт


Сарчашма

  • Қуръони Карим, тарҷумаи Муҳаммадмаҳдии Фулодванд, Теҳрон, Дорулқуръонилкрим, 1418ҳ.қ./1376ҳ.ш.
  • Баҳронӣ, Сайидҳошим, ал-Бурҳон фи тафсир-ил-Қуръон, Қум, муассисатул Беъсат, чопи аввал, 1417ҳ.қ.
  • Ҳувайзӣ, тафсири Нур-ус-сақалайн, Қум, Исмоилиён, чопи чаҳорум, 1415ҳ.қ.
  • Ҷаъфарӣ, Олия, “Таъсири Қуръон дар шеъри форсӣ”, маҷаллаи Башорат, шумораи 6 ва 7, 1387ҳ.ш.
  • Донишномаи Қуръон ва қуръонпажӯҳӣ, ҷ.2, ба кӯшиши Баҳоуддини Хуррамшоҳӣ, Теҳрон: дӯстон - ноҳид, 1377ҳ.ш.
  • Таботабоӣ, Сайид Муҳаммадҳусайн, ал-Мизон фи тафсир-ил-Қуръон, Бейрут, муассисатул-Аъламӣ лилматбуъот, чопи дувум, 1974м.
  • Табарсӣ, Фазл ибни Ҳасан, Маҷмаъ-ул-баён фи тафсир-ил-Қуръон, таҳқиқ ва муқаддимаи Муҳаммадҷаводи Балоғӣ, Теҳрон, интишороти Носири Хисрав, чопи сеюм, 1372ҳ.ш.
  • Алӣ Бобоӣ, Аҳмад, Баргузидаи Тафсири Намуна, Теҳрон, Дорулкутубил-исломия, 1387ҳ.ш.
  • Фазлуллоҳ, Сайид Муҳаммадҳусайн, тафсири Мин ваҳй-ил-Қуръон, Бейрут, Дорулмилок литабоъати ваннашр, чопи дувум, 1419ҳ.қ.
  • Макорими Шерозӣ, Носир, Тафсири Намуна, Теҳрон, Дорулкутубил-исломия, 1366ҳ.ш.
  • Маърифат, Муҳаммадҳодӣ, Омӯзиши улуми Қуръон, [беҷо], маркази чоп ва нашри созмони таблиғоти исломӣ, чопи аввал, 1371ҳ.ш.
  • Муллосадро, Муҳаммад ибни Иброҳим, Тафсир-ул-Қуръон-ил-карим, ба таҳқиқи Муҳаммади Хоҷуӣ, Қум, интишороти бедор, чопи дувум, 1366ҳ.ш. (Нусхаи роёнаии нур).


Хатои ёдкард: <ref> tags exist for a group named "Ёддошт", but no corresponding <references group="Ёддошт"/> tag was found