Намози ид

Аз wikishia
(Тағйири масир аз Намози иди Фитр)

Намози ид

Ин мақола як навиштори тавсифӣ дар бораи як мафҳуми фиқҳист ва наметавонад меъёре барои аъмоли динӣ бошад. Барои аъмоли динӣ ба манобеи дигар муроҷиа кунед.

Намози иди Фитр ба имомати Абдукарим Ҳоирии Яздӣ дар ҳарами ҳазрати Маъсума (с) дар Қум, солҳои нахусти қарни 14 шамсӣ.

Намози ид ба форсӣ: نماز عید ё намози идайн ба форсӣ: نماز عیدین, намозе аст, ки мусулмонон дар рӯзи иди Фитр ва иди Қурбон иқома мекунанд. Мушорикати мусулмонон дар намози ид, ба вижа намози иди Фитр бисёр густардааст. Ба фатвои фақеҳони шиа, ин намоз дар замони ҳузури имоми маъсум воҷиб аст ва бояд ба ҷамоат хонда шавад. Ҳамчунин хондани ин намоз дар давраи Ғайбат мустаҳаб аст, ҳарчанд дар бораи инки бояд ба ҷамоат хонда шавад, ё фуродо, назароти мухталифе вуҷуд дорад.

Бино бар таърихи Табарӣ, аввалин намози ид дар аввали шаволи соли дувуми ҳиҷрӣ барпо шудааст. Имом Ризо (а) дар давраи вилоятъаҳдии худ дар замони хилофати Маъмуни аббосӣ, дархости ӯ барои барпоии намози иди Фитрро пазируфт ва муқаддамоти онро низ адо намуд, аммо Маъмун пушаймон шуд. Баргузории намози иди Фитр дар соли 1357ҳ.ш., ба имомати Муҳаммади Муфаттиҳ ва суханронии Муҳаммадҷаводи Боҳунар, ба роҳпаймоӣ алайҳи ҳукумати Паҳлавӣ мунтаҳӣ шуд. Иқомаи намози иди Фитр дар давраи Ҷумҳурии исломӣ дар Теҳрон, бештар бар ӯҳдаи Сайидалии Хоманаӣ дуюмин раҳбари Ҷумҳурӣ исломӣ будааст.

Намози ид ду ракъат дорад; дар ракъати аввали он панҷ қунут ва ракъати дувум чаҳор қунут хонда мешавад. Ҳамчунин намози ид ду хутба дорад, ки пас аз намоз эрод мегардад. Вақти намози ид аз тулӯъи хуршед то завол (зуҳри шаръӣ) аст. Намози ид одоб ва аҳкоме дорад; аз ҷумла инки беҳтар аст зери сақф хонда нашавад ва дар қунутҳои он дуои хоссе хонда шавад.

Аҳамият ва ҷойгоҳ

Намози ид намозе аст, ки мусулмонон дар рӯзи иди Фитр ва иди Қурбон иқома мекунанд. Ин намоз дар манобеи фиқҳӣ ва ривоӣ «салотулъидайн» хонда мешавад.[1] Ба гуфтаи Муҳаммад ибни Ҷарири Табарӣ, муаррихи қарни сеюми ҳиҷрӣ, Пайғамбари Ислом барои нахустин бор дар аввали шаволи соли дувуми ҳиҷрӣ намози идро иқома кард.[2]

Мушорикати мусулмонон дар намозҳои ид ба вижа намози иди Фитр бисёр густардааст ва дар тамомии амокини муқаддас мусулмонон ва шиаён ин намоз барпо мешавад.[3] Дар манотиқи мухталифи Эрон намози ид бо ҳузури анбуҳи намозгузорон ва ба ҷамоат иқома мегардад.[4]

Дар Машҳад ҳамасола ин намоз дар ҳарами Имом Ризо баргузор мешавад.[5] Бино бар гузорише дар даврони Қоҷор ин намоз дар Машҳад дар мусалло баргузор мешудааст.[6] Намози ид дар Наҷаф дар ҳарами Имом Алӣ[7] ва дар Кӯфа дар масҷиди ҷомеъи Кӯфа[8] ва дар Карбало дар Байнулҳарамайн[9] иқома мешавад.

Ҷилавгирии Маъмун аз иқомаи намози ид тавассути Имом Ризо (а)

Бар асоси ривояте, ки дар китоби Кофӣ нақл шудааст, Маъмун, халифаи вақти аббосӣ, пас аз интихоби Имом Ризо ба вилоятъаҳдӣ аз ӯ хост, намози идро иқома кунад ва пас аз исрори Маъмун, Имом Ризо қабул кард, ба шарти инки намозро тибқи равиш ва суннати Пайғамбар (с) иқома кунад.[10] Бо ин ҳол бар асоси ривояти мазкур, Фазл ибни Саҳл, вазири Маъмуни аббосӣ, вақте бо истиқболи мардум мувоҷеҳ шуд, ба Маъмун гуфт, ки агар Алӣ ибни Мусо ба маҳали намоз ид бирасад, мардум фирефтаи ӯ мешаванд, ва аз ҳамин рӯ, Маъмуни бо фиристодани пайк, аз Имом Ризо (а) хост баргардад.[11] Ба гуфтаи Муртазо Мутаҳҳарӣ, далели аслии ҷилавгирии Маъмун аз иқомаи намоз тавассути Имом Ризо (а), хатаре буд, ки аз истиқболи мардум аз Имом Ризо ва изҳори алоқаву муҳаббат ба ӯ эҳсос кард; чароки Имом Ризо бар хилофи равиши хулафои аббосӣ ва ба дур аз таҷаммулот равонаи мусалло шуд ва бо истиқболи мардум мувоҷеҳ гардид.[12]

Намози иди Фитри Теҳрон дар соли 1357 шамсӣ

Намози иди Фитри Теҳрон дар соли 1357 шамсӣ, дар 13 шаҳривар ба имомати Муҳаммади Муфаттиҳ ва суханронии Муҳаммадҷаводи Боҳунар аз рӯҳониён ва мухолифони ҳукумати Паҳлавӣ дар теппаҳои Қайтария баргузор шуд[13] ва ба роҳпаймоӣ алайҳи ҳукумати Паҳлавӣ мунтаҳӣ шуд.[14] Бар асоси гузориши рӯзномаи Иттилоот, дар саросари Эрон се миллион нафар дар роҳпаймоии иди Фитр ширкат карданд.[15] Гуфта шудааст, ки ин роҳпаймоӣ мунҷар ба роҳпаймоии рӯзи 17 шаҳривари 1357 ва куштори роҳпаймоён ба дасти нерӯҳои низомии ҳукумати Паҳлавӣ шуд.[16]

Иқомаи намози ид ба имомати раҳбари Ҷумҳурии исломии Эрон

Пас аз оғози раҳбарии Сайидалии Хоманаӣ дар Эрон (аз соли 1368ҳ.ш.) намози иди Фитри Теҳрон ба имомати ӯ баргузор мешавад. Вай дар давраи раҳбарии имом Хумайнӣ низ имом ҷумъаи Теҳрон буд[17] ва аз соли 1361 то 1368 намози иди Фитрро иқома мекард.[18] Намози иди Фитри Теҳрон дар соли 1360-ро Акбари Ҳошимии Рафсанҷонӣ иқома кардааст.[19]

Намози иди Теҳрон, муддате дар донишгоҳи Теҳрон иқома шуда, вале аз соли 1362 шамсӣ (иди Фитри 1403ҳ.қ.)[20] дар маҳали мусаллои бузурги Теҳрон баргузор мешавад. Намози иди Фитр дар мусалло дар се соли паёпай аз 1399 то 1401 шамсӣ (мутобиқ бо 1441 то 1443ҳ.қ.) ба иллати бемории ҳамагирии корона баргузор нашуд.[21]

Аҳком ва одоби намози ид

Дуои қунути намози ид:

«اَللّهُمَّ اَهْلَ الْکبْرِیاءِ وَالْعَظَمَةِ وَاَهْلَ الْجوُدِ وَالْجَبَروُتِ وَاَهْلَ الْعَفْوِ وَالرَّحْمَةِ وَاَهْلَ التَّقْوی وَالْمَغْفِرَةِ اَسْألُک بِحَقِّ هَذَا الْیوْمِ الَّذی جَعَلْتَهُ لِلْمُسْلِمینَ عیداً وَ لِمـُحَمَّد صلی الله علیه وآله ذُخراً وَشَرَفاً وَ کَرامَةً وَمَزیداً أَنْ تُصَلِّیَ عَلی مُحَمَّدٍ وَ آلِ مُحَمَّدٍ وَ اَنْ تُدْخِلَنی فی کُلِّ خَیرٍ أدْخَلْتَ فیهِ مُحَمَّداً وَآلَ مُحَمَّد وَ أَنْ تُخْرِجَنی مِنْ کلِّ سوُءٍ اَخْرَجْتَ مِنْهُ مُحَمَّداً وَ آلَ مُحَمَّد صَلَواتُک عَلَیهِ وَ عَلَیهِمْ اَللّهُمَّ إنّی اَسْألُکَ خَیرَ ما سَألَکَ بِهِ عِبَادُکَ الصَّالِحوُنَ وَأَعوُذُ بِکَ مِمَّا اسْتَعَاذَ مِنْهُ عِبَادُکَ الْمـُخْلَصوُنَ؛

Худоё, эй аҳли бузургию азамат ва эй аҳли ҷӯд ва қудрати мутлақ ва аҳли гузашту раҳмат ва аҳли тақвою мағфират! Аз Ту дархост мекунам ба ҳаққи ин рӯз, ки барои мусулмонон ид қарор додӣ ва барои Муҳаммад (дуруди Худо бар ӯ ва хонадонаш) захира ва фузунӣ дар бартарӣ ва мазият, ин ки бар Муҳаммаду хонадони Муҳаммад дуруд фиристӣ ва маро дар ҳар хайре, ки Муҳаммаду хонадони Муҳаммадро ворид кардӣ, ворид кунӣ! Ва аз ҳар шарре, ки Муҳаммад ва хонадони Муҳаммад (дуруди Худо бар ӯ ва хонадонаш)-ро берун овардӣ, маро берун оварӣ!. Худоё, аз Ту дархост мекунам, беҳтарин чизе, ки бандагони шоистаат дархост карданд ва ба Ту паноҳ меоварам аз ончи бандагони шоистаат ба Ту паноҳу бурданд!»

Садуқ, Уюну ахбор-ир-Ризо (а), 1378ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.296.

Бар асоси фиқҳи шиа, намози ид дар замони ҳузури имоми маъсум воҷиб аст[22] ва бояд ҷамоат хонда шавад,[23] аммо дар замони ғайбати имоми маъсум, мустаҳаб аст.[24] Бо ин ҳол ҷамоат хондани он дар давраи ғайбат ихтилофӣ аст;[25] ба фатвои имом Хумайнӣ, агар валийи фақеҳ ё шахсе, ки аз ӯ иҷоза дорад, намози идро имомат кунад, ё ба қасди раҷо хонда шавад, ишколе надорад; дар ғайри ин сурат, эҳтиёти воҷиб аст, ки ҷамоат хонда нашавад.[26]

Намози ид ду ракъат аст; дар ҳар ракъат баъд аз Ҳамд, сураи дигаре хонда мешавад. Гуфта шудааст, беҳтар он аст, ки дар ракъати аввал сураи Шамс ва дар ракъати дувум сураи Ғошия, ё дар ракъати аввал сураи Аъло ва дар ракъати дувум сураи Шамс хонда шавад. Ҳамчунин дар ракъати аввал, баъд аз сура, панҷ такбиру панҷ қунут хонда мешавад (баъд аз ҳар такбир як қунут) ва дар ракъати дувум, чаҳор такбир ва чаҳор қунут. Дар қунут, ҳар зикр ва дуое монанди соири намозҳо хонда шавад, кофӣ аст, вале беҳтар аст дуои махсусе хонда шавад, ки бо «Аллоҳумма аҳлал-кибриёи вал-азамат... » шурӯъ мешавад.[27]

Хутба

Намози ид, ҳамонанди намози ҷумъа ду хутба дорад, бо ин фарқ, ки хутбаҳои намози ид баъд аз намоз эрод мешавад.[28] Бар асоси ривояте манқул аз Имом Ризо, ки дар китоби фиқҳии Ҷавоҳирулкалом низ омадааст, ин тафовут ба хотири он аст, ки намози ҷумъа ҳар ҳафта баргузор мешавад ва агар хутбаҳо пас аз намоз эрод шавад, мардум хаста шуда мусаллоро тарк мекунанд, аммо намози ид чун дар сол фақат ду бор баргузор мегардад, мардум то поёни хутбаҳо мемонанд.[29] Ҳамчунин дар бораи воҷиб ё мустаҳаб будани хутбаҳои намози ид байни фуқаҳо ихтилофи назар вуҷуд дорад.[30]

Замони иқома

Ба гуфтаи соҳиби Ҷавоҳир, бино бар назари машҳури фиқҳиёни шиа, вақти намози ид аз тулӯъи хуршед то вақти завол (зуҳри шаръӣ) аст[31] ва агар намози ид дар вақти худ хонда нашавад, қазо надорад.[32] Ба фатвои имом Хумайнӣ, мустаҳаб аст, намози ид баъд аз баромадани офтоб хонда шавад.[33] Ҳамчунин соҳиби Ҷавоҳир аз китоби Мадорикул-аҳком нақл кардааст, ки уламо иттифоқи назар доранд бар инки мустаҳаб аст намози иди Фитр бо андаке таъхир аз намози иди Қурбон хонда шавад, чароки дар иди Фитр мустаҳаб аст намозгузор қабл аз намози ид ифтор кунад ва закоти фитраашро ҷудо намояд, аммо дар иди Қурбон мустаҳаб аст, ки қурбонӣ ва хӯрдан аз гӯшти он баъд аз намоз бошад.[34]

Одоб

  • Гуфтани зикри «Аллоҳу Акбар, Аллоҳу Акбар, ло илоҳа иллаллоҳу валлоҳу Акбар, Аллоҳу Акбар ва лиллаҳил ҳамд, Аллоҳу Акбару ало мо ҳадоно» баъд аз намози ид мустаҳаб аст.[35]
  • Намози ид, азону иқома надорад, аммо мустаҳаб аст, ки муаззин қабл аз шурӯи намоз се маротиба бигӯяд: «ассалот».[36]
  • Макрӯҳ аст, ки намози ид зери сақф хонда шавад.[37] Ривоят шудааст, ки Имом Алӣ (а) дар рӯзи ид аз манзил то маҳали баргузории намоз дар беруни шаҳри (Кӯфа), пайваста такбир мегуфт.[38] Ҳамчунин аз Абдуллоҳ ибни Умар нақл шудааст, ки Расули Худо (с) пиёда барои намози ид берун мерафт ва пиёда бармегашт.[39] Аз Абурофеъ нақл шудааст, ки Пайғамбар (с) аз роҳе ғайр аз роҳи омадан бармегашт.[40]
  • Касе ки намози иди Фитр мехонад, бояд закоташро пеш аз намоз пардохт кунад, ё ба фатвои бархе, онро аз амволаш ҷудо кунад;[41] зеро бар асоси ривоёт, манзур аз «тазакко» ва «фасалло» дар оёти « қад афлаҳа ман тазакко»[42] ва «ва закарасма раббиҳи фасалло»[43] додани закоти фитра ва хондани намози иди Фитр аст.[44]
  • Мустаҳаб аст, ки намозгузор пеш аз намози ид ғусл кунад, ва дуоҳое, ки пеш аз намоз ва баъд аз он дар китобҳои дуои зикр шударо бихонад.[45]
  • Мустаҳаб аст, ки намозгузор дар намози ид бар замин саҷда кунад[46] ва дар ҳангоми гуфтани такбирҳо дастҳоро баланд кунад ва зикрҳои намозро баланд бихонад.[47]
  • Дар ривояте аз Имом Содиқ (а), пӯшидани беҳтарин либос ва истифода аз беҳтарин атр дар намози ид тавсия шудааст.[48]

Галерӣ

Намози иди Фитр дар мусаллои Теҳрон ба имомати Оятуллоҳ Хоманаӣ (соли 1437ҳ.қ.).

Намози ид дар ҳарами Абдулъазими Ҳасанӣ дар шаҳри Рей 1351ҳ.ш.

Намози иди Фитр дар масҷиди ҷомеъи Деҳлӣ, Ҳиндӯстон.

Намози иди Фитр дар Рубот пойтахти Марокеш.

Намози ид дар Байнулҳарамайн, Карбало.

Ҷусторҳои вобаста

Руъяти ҳилол

Эзоҳ

  1. Нигоҳ кунед ба Наҷафӣ, Ҷавоҳир-ул-калом, 1362ҳ.ш., ҷ.11, саҳ.333.
  2. Табарӣ, Таърих-ут-Табарӣ, бе то, ҷ.2, саҳ.418.
  3. “Бошукӯҳтарин намозҳои ид дар куҷо баргузор мешавад?”, хабаргузории Эрно.
  4. “Намози иди Фитр дар саросари кишвар иқома шуд”, хабаргузории Эрно.
  5. “Ҷузъиёти намози иди Фитр дар ҳарами мутаҳҳари Разавӣ”, пойгоҳи ҳавзанюз.
  6. “Иди Фитри остони қудси Разавӣ дар оинаи таърих”, хабаргузории Эрно.
  7. «Намози иди Фитр дар ҳарами Имом Алӣ», пойгоҳи хабарии Шафақно.
  8. «Намози ид дар масҷиди ҷомеъи Кӯфа», пойгоҳи хабарии Шафақно.
  9. «Намози ид дар Байнулҳарамайн», хабаргузории Абно.
  10. Кулайнӣ, ал-Кофӣ, 1407ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.489.
  11. Кулайнӣ, ал-Кофӣ, 1407ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.490.
  12. Мутаҳҳарӣ, Маҷмӯъаи осор, 1390ҳ.ш., ҷ.17, саҳ.174 - 176.
  13. Некбахт, “Рамазони 1357 ва масҷиди Қубо”, саҳ.60.
  14. Некбахт, “Рамазони 1357 ва масҷиди Қубо”, саҳ.60.
  15. «Ҳавошии мутафовити охирин намози иди Фитри замони шоҳ», пойгоҳи иттилоотии Онлайн.
  16. «Намоз ва роҳпаймоии иди Фитр, шаҳривари 1357 ба ривояти асноди Совок», сайти маркази баррасии асноди торихӣ».
  17. Хумайнӣ, Саҳифаи имом, 1378ҳ.ш., ҷ.12, саҳ.116.
  18. «Намози иди Фитр дар даҳаи 60», хабаргузории хабаронлойн.
  19. Ҳошимии Рафсанҷонӣ, Убур аз буҳрон, 1378ҳ.ш., саҳ.224.
  20. Ҳошимии Рафсанҷонӣ, Оромиш ва чолиш, 1386ҳ.ш., саҳ.145.
  21. «Поёни се сол вақфа», хабаргузории Хабаронлойн.
  22. Нигоҳ кунед ба Наҷафӣ, Ҷавоҳир-ул-калом, 1362ҳ.ш., ҷ.11, саҳ.333.
  23. Баниҳошимии Хумайнӣ, Тавзеҳ-ул-масоил (мароҷеъ), Дафтари интишороти исломӣ, ҷ.1, саҳ.824.
  24. Наҷафӣ, Ҷавоҳир-ул-калом, 1362ҳ.ш., ҷ.11, саҳ.333.
  25. Баниҳошимии Хумайнӣ, Тавзеҳ-ул-масоил (мароҷеъ), Дафтари интишороти исломӣ, ҷ.1, саҳ.824.
  26. Баниҳошимии Хумайнӣ, Тавзеҳ-ул-масоил (мароҷеъ), Дафтари интишороти исломӣ, ҷ.1, саҳ.824.
  27. Хумайнӣ, Таҳрир-ул-васила, муассисаи танзим ва нашри осори имом Хумайнӣ, ҷ.1, саҳ.227.
  28. Наҷафӣ, Ҷавоҳир-ул-калом, 1362ҳ.ш., ҷ.11, саҳ.337 - 338.
  29. Нигоҳ кунед ба Наҷафӣ, Ҷавоҳир-ул-калом, 1362ҳ.ш., ҷ.11, саҳ.338.
  30. Нигоҳ кунед ба Наҷафӣ, Ҷавоҳир-ул-калом, 1362ҳ.ш., ҷ.11, саҳ.337 - 338.
  31. Наҷафӣ, Ҷавоҳир-ул-калом, 1362ҳ.ш., ҷ.11, саҳ.351.
  32. Наҷафӣ, Ҷавоҳир-ул-калом, 1362ҳ.ш., ҷ.11, саҳ.355.
  33. Баниҳошимии Хумайнӣ, Тавзеҳ-ул-масоил (мароҷеъ), Дафтари интишороти исломӣ, ҷ.1, саҳ.824 .
  34. Наҷафӣ, Ҷавоҳир-ул-калом, 1404ҳ.қ., ҷ.11, саҳ.354 - 355.
  35. Баниҳошимии Хумайнӣ, Тавзеҳулмасоил (мароҷеъ), Дафтари интишороти исломӣ, ҷ.1, саҳ.827.
  36. Наҷафӣ, Ҷавоҳир-ул-калом, 1362ҳ.ш., ҷ.11, саҳ.374.
  37. Хумайнӣ, муассисаи танзим ва нашри осори имом Хумайнӣ, ҷ.2, саҳ.228.
  38. Маҷлисӣ, Биҳор-ул-анвор, 1403ҳ.қ., ҷ.88, саҳ.118; Муттақӣ ал-Ҳиндӣ, Канз-ул-уммол, 1413ҳ.қ., ҷ.7, саҳ.88.
  39. Муттақӣ ал-Ҳиндӣ, Канз-ул-уммол, 1413ҳ.қ., ҷ.7, саҳ.88.
  40. Муттақӣ ал-Ҳиндӣ, Канз-ул-уммол, 1413ҳ.қ., ҷ.7, саҳ.88.
  41. Баниҳошимии Хумайнӣ, Тавзеҳулмасоил (мароҷеъ), афтари интишороти исломӣ, ҷ.2, саҳ.182.
  42. Сураи Аъло, ояти 14.
  43. Сураи Аъло, ояти 15.
  44. Таботабоӣ, ал-Мизон, интишороти ҷомеъаи мударрисин, ҷ.20, саҳ.269.
  45. Баниҳошимии Хумайнӣ, Тавзеҳулмасоил (мароҷеъ), Дафтари интишороти исломӣ, ҷ.1, саҳ.826.
  46. Наҷафӣ, Ҷавоҳир-ул-калом, 1362ҳ.ш., ҷ.11, саҳ.374.
  47. Баниҳошимии Хумайнӣ, Тавзеҳулмасоил (мароҷеъ), Дафтари интишороти исломӣ, ҷ.1, саҳ.826.
  48. Қозӣ Нуъмон, Даъоим-ул-Ислом, 1385ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.185.

Сарчашма

  • Бошукӯҳтарин намозҳои ид дар куҷо баргузор мешавад?, хабаргузории Эрно, таърихи дарҷи матлаб: 2 урдибиҳишти 1402ҳ.ш., таърихи боздид: 4 урдибиҳишти 1402ҳ.ш.
  • Баниҳошимии Хумайнӣ, Муҳаммадҳасан, Тавзеҳулмасоил (мароҷеъ), Қум, Дафтари интишороти исломӣ, бе то.
  • «Поёни се сол вақфа», пойгоҳи Хабаронлайн, таърихи дарҷи матлаб: 1 урдибиҳишти 1402ҳ.ш., таърихи боздид: 1 урдибиҳишти 1402ҳ.ш.
  • «Ҳавошии мутафовити охирин намози иди Фитри замони шоҳ», пойгоҳи иттилоотии Онлайн, таърихи дарҷи матлаб: 3 урдибиҳишти 1402ҳ.ш., таърихи боздид: 4 урдибиҳишти 1402ҳ.ш.
  • Хумайнӣ, Сайидрӯҳуллоҳ, Таҳрирулвасила, Теҳрон, муассисаи танзим ва нашри осори имом Хумайнӣ, бе то.
  • Хумайнӣ, Сайидрӯҳуллоҳ, Саҳифаи имом, Теҳрон, муассисаи танзим ва нашри осори имом Хумайнӣ, 1378ҳ.ш.
  • Таботабоӣ, Сайид Муҳаммадҳусайн, ал-Мизон фи тафсир-ил-Қуръон, Қум, интишороти ҷомеъаи мударрисин, бе то.
  • Табарӣ, Муҳаммад ибни Ҷарир, Таърих-ут-Табарӣ, таҳқиқ: Муҳаммад Абулфазл Иброҳим, Бейрут, бе то.
  • Қозӣ Нуъмони Мағрибӣ, Даъоим-ул-Ислом, таҳқиқи Осиф Файзӣ, Қум, муассисаи Олулбайт алайҳимуссалом, 1385ҳ.қ.
  • Кулайнӣ, Муҳаммад ибни Яъқуб, ал-Кофӣ, тасҳеҳи Алиакбари Ғаффорӣ ва Муҳаммади Охундӣ, Теҳрон, Дорулкутубил-исломия, чопи чаҳорум, 1407ҳ.қ.
  • «Гузориши намози иди Фитри соли 1357 дар маркази баррасии асноди торихӣ», таърихи дарҷи матлаб: 29 фарвардини 1402ҳ.ш., таърихи боздид: 2 урдибиҳишти 1402ҳ.ш.
  • Муттақӣ ал-Ҳиндӣ, Алӣ ибни Ҳисом, Канз-ул-уммол фи сунан-ил-ақволи ва-л-афъол, Бейрут, муассисатуррисолат, 1413ҳ.қ.
  • Маҷлисӣ, Муҳаммадбоқир, Биҳор-ул-анвор, Бейрут, Дору эҳёилтуросилъарабӣ, 1403ҳ.қ.
  • Мутаҳҳарӣ, Муртазо, Маҷмӯъаи осор, Теҳрон, Садро, 1390ҳ.ш.
  • Наҷафӣ, Муҳаммадҳасан ибни Муҳаммадбоқир, Ҷавоҳир-ул-калом фи шарҳи шароиъ-ил-Ислом, таҳқиқи Аббоси Қучонӣ, Бейрут, Дору эҳёилтуросилъарабӣ, чопи ҳафтум, 1362ҳ.ш.
  • «Намози иди Фитр дар даҳаи 60», пойгоҳи хабаронлайн, таърихи дарҷи матлаб: 25 хурдоди 1397ҳ.ш., таърихи боздид: 2 урдибиҳишти 1402ҳ.ш.
  • Некбахт, Раҳим, “Рамазони 1357 ва масҷиди Қубо”, моҳномаи Замона, шумораи 26, обони 1383ҳ.ш.
  • Ҳошимии Рафсанҷонӣ, Акбар, Оромиш ва чолиш: корнома ва хотироти Ҳошимии Рафсанҷонӣ соли 1362, ба иҳтимоми Маҳдии Ҳошимӣ, Теҳрон, Дафтари нашри маорифи инқилоб, 1386ҳ.ш.
  • Ҳошимии Рафсанҷонӣ, Акбар, Умеду дилвопасӣ: корнома ва хотироти Ҳошимии Рафсанҷонӣ соли 1364, ба иҳтимоми Соро Лоҳутӣ, Теҳрон, Дафтари нашри маорифи инқилоб, 1387ҳ.ш.
  • Ҳошимии Рафсанҷонӣ, Акбар, Пас аз буҳрон: корнома ва хотироти Ҳошимии Рафсанҷонӣ, соли 1361, ба иҳтимоми Фотима Ҳошимӣ, Теҳрон, Дафтари нашри маорифи инқилоб, 1386ҳ.ш.
  • Ҳошимии Рафсанҷонӣ, Акбар, Убур аз буҳрон: корнома ва хотироти Ҳошимии Рафсанҷонӣ, соли 1360, ба иҳтимоми Ёсири Ҳошимӣ, Теҳрон, Дафтари нашри маорифи инқилоб, 1378ҳ.ш.