Намози шаби қадр (сад ракаат)
Барои корбурдҳои дигар Намози шаби қадр (ибҳомзудоӣ)-ро бубинед.
Намози садракатии шаби қадр (форсӣ: نماز صد رکعتیِ شب قدر) аз 50 намози дуракаатӣ иборат аст, ки дар шаби қадр хонда мешавад. Дар ҳар ракаат, пас аз хондани сураи Ҳамд, даҳ маротиба сураи Тавҳид хонда мешавад.[1] Шайх Аббоси Қумӣ дар китоби Мафотеҳ-ул-ҷинон хондани ин намозро ҷузъи аъмоли муштараки шабҳои қадр оварда ва хондани 10 маротиба сураи Тавҳидро дар ҳар ракаат беҳтар донистааст.[2]
Бар асоси ривояте, ки аз Имом Боқир (а) нақл шудааст, касе, ки шаби бисту севуми моҳи рамазонро эҳё намуда ва сад ракаат намоз бихонад, ризқу рӯзиаш фаровон мешавад ва аз бим ду фариштаи Накир ва Мункар маҳфуз мемонад.[3]
Дар баъзе масҷидҳои шиаён, дар ҳар як аз шабҳои нуздаҳум, бисту як ва бисту севуми моҳи рамазон, 100 ракаат намози қазои воҷиб (шаш шабу рӯз) ба ҷамоат хонда мешавад.[ниёзманди манбаъ] Ба фатвои Оятуллоҳ Макарими Шерозӣ аз мароҷии тақлиди шиа, дар шаби қадр метавон намози қазои воҷиб хонд ва аз савобу аъмоли ин шаб баҳра бурд.[4]
Эзоҳ
- ↑ Сайид ибни Товус, ал-Иқболу би-л-аъмол, 1376ҳ.ш., ҷ.1, саҳ.313
- ↑ Қумӣ, Куллиёти мафотиҳ-ул-ҷинон, Аъмоли муштаракаи шабҳои қадар, 1384ҳ.ш., саҳ.365
- ↑ Ибни Товус, Иқболу би-л-аъмол, 1376ҳ.ш., ҷ.1, саҳ.386
- ↑ «عدم جایگزین شدن نماز شب قدر بهجای نماز قضا», Пойгоҳи иттилоърасонии дафтари ҳазрати Оятуллоҳ Макорими Шерозӣ
Сарчашма
- Ибни Товус, Алӣ ибни Мӯсо, Иқболу би-л-аъмоли алҳасана, тасҳеҳи Ҷавод Қаюмии Исфаҳонӣ, Қум, Дафтари таблиғоти исломӣ, чопи аввал, 1376ҳ.ш.
- Қумӣ, Шайх Аббос, Куллиёти мафотиҳ-ул-ҷинон, Қум, Матбуоти динӣ, 1384ҳ.ш.
- «عدم جایگزین شدن نماز شب قدر بهجای نماز قضا», Пойгоҳи иттилоърасонии дафтари ҳазрати Оятуллоҳ Макорими Шерозӣ, санаи боздид: 14 фарвардини 1403ҳ.ш.