Сафари шаръӣ

Аз wikishia
(Тағйири масир аз Рӯзаи мусофир)
Рисолаи амалия

Ин мақолаи як навиштори тавсифӣ дар бораи як мафҳуми фиқҳӣ аст ва наметавонад меъёре барои аъмоли динӣ бошад. Барои аъмоли динӣ ба манобеи дигар муроҷиа кунед.

Сафари шаръӣ (форсӣ: سفر شرعی) дар фиқҳи исломӣ ба сафаре гуфта мешавад, ки дар он бояд намозҳоро шикаста (чорракаатиҳоро ба сурати дуракаатӣ) хонд ва набояд рӯза гирифт. Дар ояи 184 сураи Бақара, ҳукми рӯзаи мусофир ва дар ояи 101 сураи Нисо, ҳукми намози мусофир баён шудааст.

Дар китобҳои тавзеҳ-ул-масоил, ҳашт шарт барои таҳаққуқи сафари шаръӣ баён шудааст. Азҷумла: масофати сафар дастикам, ҳашт фарсахи шаръӣ (байни 40 то 45 км) бошад ва масофати рафт камтар аз чаҳор фарсах набошад.

Яке аз аҳкоми сафар ин аст, ки касе ки барои анҷоми кори ҳаром сафар мекунад, бояд намозҳояшро комил бихонад ва агар дар моҳи Рамазон аст, рӯза бигирад.

Таъриф

Сафари шаръӣ сафарест, ки намоз дар он шикаста асту рӯза ҳам набояд гирифт.[1] Тибқи аҳкоми фиқҳӣ, касе ки аз маҳалли зиндагиаш хориҷ мешавад, ба лиҳози шаръӣ, бо шароите, «мусофир» маҳсуб мешаваду аҳкоми вижа дорад.[2]

Шароити сафари шаръӣ

Дар фиқҳи исломӣ, ба касе мусофир гуфта мешавад ки ҳашт шарти зерро дошта бошад:

  • Масофати рафту баргашт бояд, дастикам, ҳашт фарсахи шаръӣ (байни 40 то 45 км) бошад ва масофати рафтан камтар аз чаҳор фарсах набошад.
  • Мусофир аз аввали мусофират қасди паймудани ҳашт фарсахро дошта бошад.
  • Байни роҳ аз қасдаш барнагардад.
  • Дар байни паймудани ҳашт фарсах, аз ватан худ нагузарад ва ё даҳ рӯз (ё бештар) дар ҷое намонад.
  • Барои кори ҳаром сафар накунад.
  • Мусофир аз саҳронишинон набошад, ки дар биёбонҳо гардиш мекунанд ва ҳар ҷое обу хӯрок барои худу ҳайвоноташон пайдо кунанд мемонанд ва баъд аз чанде ба ҷои дигар мераванд.
  • Шуғлаш мусофират набошад; мисли ронанда.
  • Ба ҳадди тараххус бирасад; яъне ба қадре аз шаҳраш дур шавад, ки девори шаҳрро набинад ва садои азони онро нашунавад.[3]

Оёти Қуръон ва ривоёт дар бораи сафари шаръӣ

Ояи 184 сураи Бақара дар бораи ҳукми рӯза дар сафар аст. Дар ин оя омадааст: «Ҳар кас аз шумо бемор ё дар сафар бошад, ба ҳамон теъдод, аз рӯзҳои дигар рӯза бигирад.» Бархе аз фуқаҳо барои баёни ҳукми фиқҳии рӯзаи мусофир ба ин оя истинод кардаанд.[4]

Дар ояи 101 сураи Нисо ҳам аз намоз дар сафар сухан омадааст: «Ва чун дар замин сафар кардед, агар бим доштед онон ки куфр варзидаанд ба шумо озор бирасонанд, гуноҳе бар шумо нест, ки намозро кутоҳ кунед.» Дар бархе аз китобҳои фиқҳӣ ба ин оя барои баёни ҳукми шаръии намоз дар сафар истинод шудааст.[5]

Дар китоби Васоил-уш-шиа, дар бахши «намози мусофир», 248 ҳадис дар боби аҳкоми намози мусофир нақл шудааст.[6] Ҳамчунин 99 ҳадис дар бахшҳои марбут ба рӯзаи мусофир омадааст.[7]

Намози мусофир

Мақолаи аслӣ: Намози шикаста

Бархе аз аҳкоми намози мусофир ба шарҳ зер аст:

  • Мусофир бояд намозҳои пешину аср ва хуфтанро шикаста, яъне дуракаатӣ, бихонад.[8]
  • Мусофир аз вақте ба ҳадди тараххус бирасад, бояд намозҳояшро шикаста бихонад; яъне ба андозае аз шаҳраш дур шавад, ки девори онро набинаду садои азони шаҳрро нашунавад.[9]
  • Агар дар сафар, вақт намоз шуд; аммо ҳануз намоз нахонда буд ва пеш аз тамом шудани вақти намоз ба ватан расид, бояд намозро комил бихонад. Ҳамчунин агар ҳануз сафарашро шуруъ накарда буду вақт намоз шуд, аммо намозашро нахонд ва ба мусофират рафт, агар вақти намоз боқист, бояд онро шикаста бихонад.[10]
  • Чунончи намозе қазо шавад, ҳамонгуна бояд қазои он хонда шавад; яъне агар бояд шикаста мехонда, лозим аст шикаста қазо шавад, ҳарчанд дар сафар набошад. Ва чунончи бояд комил мехонда, бояд ба сурати комил қазо шавад, ҳарчанд дар сафар бошад.[11]
  • Касе ки ба қасди анҷом додани кори ҳароме, монанди дуздӣ, сафар мекунад, бояд намозашро комил бихонад.[12]

Рӯзаи мусофир

Бархе аз аҳкоми рӯзаи мусофир ба ин тартиб аст:

  • Мусофире ки бояд дар сафар намозҳои чорракаатиро дуракаатӣ бихонад, набояд рӯза бигирад ва мусофире ки намозашро тамом мехонад (мисли касе ки шуғлаш мусофират ё сафари ӯ сафари маъсият аст) бояд дар сафар рӯза бигирад.[13]
  • Агар рӯзадор баъдаззуҳр мусофират кунад, бояд рӯзаашро тамом кунад. Агар пеш аз зуҳр мусофират кунад, вақте ба ҳадди тараххус бирасад, бояд рӯзаи худро ботил кунад.[14]
  • Мусофират дар моҳи Рамазон эроде надорад; вале агар барои фирор аз рӯза бошад, макруҳ аст.[15]
  • Агар мусофир баъди пешин ба ватанаш ё ҷое бирасад, ки мехоҳад даҳ рӯз дар он ҷо бимонад, набояд он рӯзро рӯза бигирад.[16]
  • Агар мусофир пеш аз зуҳр ба ватанаш ё ба ҷое бирасад ки мехоҳад даҳ рӯз дар он бимонад, чунончи коре ки рӯзаро ботил мекунад анҷом надода, бояд он рӯзро рӯза бигирад ва агар анҷом дода, рӯзаи он рӯз бар ӯ воҷиб нест.[17]

Дидгоҳи аҳли суннат

Ба гузориши Сайид Абдулҳусайни Шарафуддин (1290 – 1377ҳ.қ.), фақиҳони аҳли суннат рӯза гирифтан дар сафари шаръиро ҷоиз медонанд; яъне фатвояшон ин аст, ки мусофир муҷоз аст ки рӯза бигирад ё нагирад.[18] Дар хусуси хондани намоз дар сафар ҳам ҳамин ҳукмро доранд; ба ҷуз ҳанафиҳо ва кӯфиён, ки муътақиданд бояд шикаста хонда шавад.[19]

Эзоҳ

  1. Муассисаи доират-ул-маорфи фиқҳи исломӣ, Фарҳанги фиқҳ, 1392ҳ.ш., ҷ.4, саҳ.469
  2. Баниҳошимии Хумайнӣ, Тавзеҳ-ул-масоили мароҷеъ, 1381, ҷ.1, саҳ.683
  3. Баниҳошимии Хумайнӣ, Тавзеҳ-ул-масоили мароҷеъ, 1381, ҷ.1, саҳ.683 - 707
  4. Барои намуна, ниг.: Алломаи Ҳиллӣ, Мунтаҳа-ал-матлаб, 1412ҳ.қ., ҷ.9, саҳ.315; Фозили Козимӣ, Масолик-ул-афҳоми ило оёт-ил-аҳком, 1365ҳ.ш., ҷ.1, саҳ.332 - 333
  5. Барои намуна, ниг.: Мӯсавии Сабзаворӣ, Муҳаззаб-ул-аҳком, 1413ҳ.қ., ҷ.9, саҳ.309; Субҳонӣ, ал--Инсофу фи масоилин дома фиҳа-л-хилоф, 1381ҳ.ш./1423ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.325
  6. Ҳурри Омилӣ, Васоил-уш-шиа, 1409ҳ.қ., ҷ.8, саҳ.451 - 539
  7. Ҳурри Омилӣ, Васоил-уш-шиа, 1409ҳ.қ., ҷ.10, саҳ.173 - 209
  8. Баниҳошимии Хумайнӣ, Тавзеҳ-ул-масоили мароҷеъ, 1381, ҷ.1, саҳ.683
  9. Баниҳошимии Хумайнӣ, Тавзеҳ-ул-масоили мароҷеъ, 1381, ҷ.1, саҳ.707
  10. Баниҳошимии Хумайнӣ, Тавзеҳ-ул-масоили мароҷеъ, 1381, ҷ.1, саҳ.733
  11. Баниҳошимии Хумайнӣ, Тавзеҳ-ул-масоили мароҷеъ, 1381, ҷ.1, саҳ.733
  12. Баниҳошимии Хумайнӣ, Тавзеҳ-ул-масоили мароҷеъ, 1381, ҷ.1, саҳ.695
  13. Баниҳошимии Хумайнӣ, Тавзеҳ-ул-масоили мароҷеъ, 1381, ҷ.1, саҳ.951
  14. Баниҳошимии Хумайнӣ, Тавзеҳ-ул-масоили мароҷеъ, 1381, ҷ.1, саҳ.953
  15. Баниҳошимии Хумайнӣ, Тавзеҳ-ул-масоили мароҷеъ, 1381, ҷ.1, саҳ.951
  16. Баниҳошимии Хумайнӣ, Тавзеҳ-ул-масоили мароҷеъ, 1381, ҷ.1, саҳ.953
  17. Баниҳошимии Хумайнӣ, Тавзеҳ-ул-масоили мароҷеъ, 1381, ҷ.1, саҳ.994
  18. Шарафуддин, Мавсуат-ул-имом Шарафиддин, 1431ҳ.қ., ҷ.4, саҳ.56
  19. Шарафуддин, Мавсуат-ул-имом Шарафиддин, 1431ҳ.қ., ҷ.4, саҳ.51

Сарчашма

  • Қуръони Карим
  • Алломаи Ҳиллӣ, Ҳасан ибни Юсуф, Мунтаҳа-ал-матлаби фи таҳқиқ-ил-мазҳаб, Машҳад, Маҷмаъ-ул-буҳус-ил-исломийя, чопи аввал, 1412ҳ.қ.
  • Баниҳошимии Хумайнӣ, Сайид Муҳаммадҳасан, Тавзеҳ-ул-масоили мароҷеъ, Қум, дафтари Интишороти исломии Ҷомеъаи мударрисини Ҳавзаи илмияи Қум, 1381ҳ.ш.
  • Муассисаи доират-ул-маъорифи фиқҳи исломӣ, Фарҳанги фиқҳ мутобиқ бо мазҳаби Аҳли Байт алайҳимуссалом, чопи аввал, 1392ҳ.ш.
  • Мӯсавии Сабзаворӣ, Сайид Абдулаъло, Муҳаззаб-ул-аҳкоми фи баён-ил-ҳалоли ва-л-ҳаром, Қум, Фарвардин, 1413ҳ.қ.
  • Субҳонӣ, Ҷаъфар, ал-Инсофу фи масоилин дома фиҳа-л-хилоф, Қум, муассисаи Имом Содиқ (а), 1381ҳ.ш./1423ҳ.қ.
  • Фозил Ҷаводи Козимӣ, Ҷавод, Масолик-ул-афҳоми ило оёт-ил-аҳком, тасҳеҳи Муҳаммадбоқири Шарифзода, Теҳрон, Муртазавӣ, 1365ҳ.ш.
  • Ҳурри Омилӣ, Муҳаммад ибни Ҳасан, Васоил-уш-шиа, таҳқиқу тасҳеҳи гурӯҳи пажӯҳишии муассисаи Олулбайт, Қум, Муассисаи Олулбайт, чопи аввал, 1409ҳ.қ.
  • Шарафуддин, Сайид Абдулҳусайн, Мавсуат-ул-имом Шарафиддин, Бейрут, Дор-ул-муаррих-ил-арабӣ, 1431ҳ.қ.