21 рамазон

Аз wikishia

21 рамазон дар тақвими ҳиҷрии қамарии қарордодӣ дусаду панҷоҳу ҳафтумин рӯзи сол аст. Муҳимтарин ҳодисаи ин рӯз шаҳодати Амиралмуъминин Имом Али ибни Абитолиб (а) аст.



Барои ин рӯз, илова бар аъмоли муштараки ҳамаи рӯзҳои моҳи рамазон, бархе дуоҳо ва аъмоли махсус низ нақл шудааст:

Аъмол ва дуоҳои махсуси рӯзи бисту якуми моҳи рамазон
Шаби бисту якум
  • Хондани ин дуо:
    يَا مُولِجَ اللَّيْلِ فِي النَّهَارِ وَ مُولِجَ النَّهَارِ فِي اللَّيْلِ وَ مُخْرِجَ الْحَيِّ مِنَ الْمَيِّتِ وَ مُخْرِجَ الْمَيِّتِ مِنَ الْحَيِّ يَا رَازِقَ مَنْ يَشَاءُ بِغَيْرِ حِسَابٍ يَا اللَّهُ يَا رَحْمَانُ يَا اللَّهُ يَا رَحِيمُ يَا اللَّهُ يَا اللَّهُ يَا اللَّهُ لَكَ الْأَسْمَاءُ الْحُسْنَى وَ الْأَمْثَالُ الْعُلْيَا وَ الْكِبْرِيَاءُ وَ الْآلاءُ أَسْأَلُكَ أَنْ تُصَلِّيَ عَلَى مُحَمَّدٍ وَ آلِ مُحَمَّدٍ وَ أَنْ تَجْعَلَ اسْمِي فِي هَذِهِ اللَّيْلَةِ فِي السُّعَدَاءِ وَ رُوحِي مَعَ الشُّهَدَاءِ وَ إِحْسَانِي فِي عِلِّيِّينَ وَ إِسَاءَتِي مَغْفُورَةً وَ أَنْ تَهَبَ لِي يَقِينا تُبَاشِرُ بِهِ قَلْبِي وَ إِيمَانا يُذْهِبُ الشَّكَّ عَنِّي وَ تُرْضِيَنِي بِمَا قَسَمْتَ لِي وَ آتِنَا فِي الدُّنْيَا حَسَنَةً وَ فِي الْآخِرَةِ حَسَنَةً وَ قِنَا عَذَابَ النَّارِ الْحَرِيقِ وَ ارْزُقْنِي فِيهَا ذِكْرَكَ وَ شُكْرَكَ وَ الرَّغْبَةَ إِلَيْكَ وَ الْإِنَابَةَ وَ التَّوْفِيقَ لِمَا وَفَّقْتَ لَهُ مُحَمَّدا وَ آلَ مُحَمَّدٍ عَلَيْهِ وَ عَلَيْهِمُ السَّلامُ([Ёддошт 1])
Намоз Ҳашт ракаат бо ҳар сурае ки хост
Дуои рӯз
اَللّهُمَّ اجْعَلْ لِی فِیهِ إِلَی مَرْضَاتِک دَلِیلا
وَ لاتَجْعَلْ لِلشَّیطَانِ فِیهِ عَلَیَّ سَبِیلا
وَ اجْعَلِ الْجَنَّةَ لِی مَنْزِلا وَ مَقِیلا
یا قَاضِی حَوَائِجِ الطَّالِبِینَ
Худоё, дар ин моҳ ба сӯи хушнудиат роҳнамое бароям қарор деҳ,
ва барои шайтон роҳе ба сӯи ман қарор мадеҳ,
ва биҳиштро манзилу осоишгоҳам қарор деҳ.
эй бароварандаи ҳоҷоти хоҳандагон.
Аъмоли шабҳои қадр
Аъмоли муштарак
Шаби нуздаҳум
  • Сад бор зикри "Астағфируллоҳа раббӣ ва атубу илайҳ"
  • Сад бор зикри "Аллоҳуммалъан қаталта Амирилмуъминин"
  • Дуои "Аллоҳуммаҷъал фимо тақзӣ ва туқаддир минал амрил маҳтум..." (Барои дидани шакли пурраи дуо ба Мафотиҳ руҷуъ кунед.)
Шаби бисту якум
  • Хондани дуоҳое ки барои даҳаи охири моҳи рамазон нақл шудааст.
  • Дуои "Ё мулиҷаллайли ваннаҳор..." (Барои дидани шакли пурраи дуо ба Мафотиҳ руҷуъ кунед.)
Шаби бисту сеюм
  • Хондани дуоҳое ки барои даҳаи охири моҳи рамазон нақл шудааст.
  • Хондани сураҳои Анкабут, Рум ва Духон
  • Ҳазор бор хондани сураи Қадр
  • Хондани дуоҳои Ҷавшани кабир, Макорим-ул-ахлоқ ва Ифтитоҳ
  • Ғусле дар аввали шаб ва ғусле дар охири он
  • Дуои "Аллоҳуммамдуд фи умрӣ ва авсиъ ли ризқӣ..."(Барои дидани шакли пурраи дуо ба Мафотиҳ руҷуъ кунед.)
  • Дуои "Аллоҳуммаҷъал фимо тақзӣ ва туқаддир минал амрил маҳтум..." (Барои дидани шакли пурраи дуо ба Мафотиҳ руҷуъ кунед.)
  • Дуои "Ё ботинан фи зуҳуриҳи ва зоҳиран фи бутуниҳи..." (Барои дидани шакли пурраи дуо ба Мафотиҳ руҷуъ кунед.)
  • Хондани дуои саломатии Имоми Замон (аҷ) (Ниг.: Мафотиҳ-ул-ҷинон)


Дуоҳои даҳаи охири моҳи рамазон
Дуоҳои ҳар шаб
  • Хондани ин дуо:
أَعُوذُ بِجَلالِ وَجْهِكَ الْكَرِيمِ أَنْ يَنْقَضِيَ عَنِّي شَهْرُ رَمَضَانَ أَوْ يَطْلُعَ الْفَجْرُ مِنْ لَيْلَتِي هَذِهِ وَ لَكَ قِبَلِي ذَنْبٌ أَوْ تَبِعَةٌ تُعَذِّبُنِي عَلَيْهِ[Ёддошт 2]
  • Хондани ин дуо:
اللَّهُمَّ إِنَّكَ قُلْتَ فِي كِتَابِكَ الْمُنْزَلِ شَهْرُ رَمَضَانَ الَّذِي أُنْزِلَ فِيهِ الْقُرْءَانُ هُدًى لِلنَّاسِ وَ بَيِّنَاتٍ مِنَ الْهُدَى وَ الْفُرْقَانِ فَعَظَّمْتَ حُرْمَةَ شَهْرِ رَمَضَانَ بِمَا أَنْزَلْتَ فِيهِ مِنَ الْقُرْآنِ وَ خَصَصْتَهُ بِلَيْلَةِ الْقَدْرِ وَ جَعَلْتَهَا خَيْراً مِنْ أَلْفِ شَهْرٍ اللَّهُمَّ وَ هَذِهِ أَيَّامُ شَهْرِ رَمَضَانَ قَدِ انْقَضَتْ وَ لَيَالِيهِ قَدْ تَصَرَّمَتْ وَ قَدْ صِرْتُ يَا إِلَهِي مِنْهُ إِلَى مَا أَنْتَ أَعْلَمُ بِهِ مِنِّي وَ أَحْصَى لِعَدَدِهِ مِنَ الْخَلْقِ أَجْمَعِينَ فَأَسْأَلُكَ بِمَا سَأَلَكَ بِهِ مَلائِكَتُكَ الْمُقَرَّبُونَ وَ أَنْبِيَاؤُكَ الْمُرْسَلُونَ وَ عِبَادُكَ الصَّالِحُونَ أَنْ تُصَلِّيَ عَلَى مُحَمَّدٍ وَ آلِ مُحَمَّدٍ وَ أَنْ تَفُكَّ رَقَبَتِي مِنَ النَّارِ وَ تُدْخِلَنِي الْجَنَّةَ بِرَحْمَتِكَ وَ أَنْ تَتَفَضَّلَ عَلَيَّ بِعَفْوِكَ وَ كَرَمِكَ وَ تَتَقَبَّلَ تَقَرُّبِي وَ تَسْتَجِيبَ دُعَائِي وَ تَمُنَّ عَلَيَّ [إِلَيَ] بِالْأَمْنِ يَوْمَ الْخَوْفِ مِنْ كُلِّ هَوْلٍ أَعْدَدْتَهُ لِيَوْمِ الْقِيَامَةِ إِلَهِي وَ أَعُوذُ بِوَجْهِكَ الْكَرِيمِ وَ بِجَلالِكَ الْعَظِيمِ أَنْ يَنْقَضِيَ أَيَّامُ شَهْرِ رَمَضَانَ وَ لَيَالِيهِ وَ لَكَ قِبَلِي تَبِعَةٌ أَوْ ذَنْبٌ تُؤَاخِذُنِي بِهِ أَوْ خَطِيئَةٌ تُرِيدُ أَنْ تَقْتَصَّهَا مِنِّي لَمْ تَغْفِرْهَا لِي سَيِّدِي سَيِّدِي سَيِّدِي أَسْأَلُكَ يَا لا إِلَهَ إِلا أَنْتَ إِذْ لا إِلَهَ إِلا أَنْتَ إِنْ كُنْتَ رَضِيتَ عَنِّي فِي هَذَا الشَّهْرِ فَازْدَدْ عَنِّي رِضًا وَ إِنْ لَمْ تَكُنْ رَضِيتَ عَنِّي فَمِنَ الْآنَ فَارْضَ عَنِّي يَا أَرْحَمَ الرَّاحِمِينَ يَا اللَّهُ يَا أَحَدُ يَا صَمَدُ يَا مَنْ لَمْ يَلِدْ وَ لَمْ يُولَدْ وَ لَمْ يَكُنْ لَهُ كُفُوا أَحَدٌ[Ёддошт 3]
Дуои баъди ҳар намоз
اللَّهُمَّ أَدِّ عَنَّا حَقَّ مَا مَضَى مِنْ شَهْرِ رَمَضَانَ وَ اغْفِرْ لَنَا تَقْصِيرَنَا فِيهِ وَ تَسَلَّمْهُ مِنَّا مَقْبُولا وَ لا تُؤَاخِذْنَا بِإِسْرَافِنَا عَلَى أَنْفُسِنَا وَ اجْعَلْنَا مِنَ الْمَرْحُومِينَ وَ لا تَجْعَلْنَا مِنَ الْمَحْرُومِينَ[Ёддошт 4]

Ёддошт


  1. Эй воридкунандаи шаб бар рӯз ва воридкунандаи рӯз бар шаб ва беруноварандаи зинда аз мурда ва беруноварандаи мурда аз зинда, эй Рӯзидиҳандаи беҳисоб ба ҳарки хоҳӣ, эй Худо, эй Меҳрубон, эй Худо эй Худо, Эй Бахшанда, эй Худо, эй Худо, эй Худо, бар ин номҳои некӯтар ва намунаҳои бартар ва кибриёву неъматҳо, аз ту мехоҳам бар Муҳаммаду хонадони Муҳаммад дуруд фиристӣ ва номамро дар ин шаб аз гурӯҳи саодатмандон қарор диҳӣ ва рӯҳамро бо шаҳидон ва некӯкориямро дар баландтарин мақоми биҳишт ва бадкориямро омирзида ва бар ман яқине бубахшӣ ки дилам ҳамроҳ он бошад ва имоне ки дудилиро аз ман бардорад ва хушнудам намоӣ ба он чи насибам кардӣ ва моро дар дунёву охират подоши некӯ иноят кун ва аз оташи сӯзон ҳифз фармо ва дар ин шаб зикру шукру рағбат ба сӯят ва тавбаву тавфиқи он чи ки Муҳаммаду хонадони Муҳаммад (дуруди Худо бар ӯ ва эшон)-ро ба он муваффақ намӯдӣ, насиби ман фармо.
  2. Паноҳ меоварам ба азимати зоти Каримат, аз ин ки моҳи рамазон аз ман сипарӣ шавад, ё сапедии субҳ тулӯъ кунад ва аз ман назд ту гуноҳе ё натиҷаи коре монда бошад, ки маро бар он азоб намоӣ.
  3. Худоё! Ту дар китоби нозилшудаат фармӯдӣ: моҳи рамазон, моҳе ки Қуръон барои ҳидояти мардум дар он нозил шуда ва далели равшан аз ҳидоят ва ҷудокунандаи ҳақ аз ботил аст, бо нозил кардани Қуръон дар он ҳурматашро бузург шумурдӣ ва онро махсуси шаби қадар гардондӣ, шабе ки онро аз ҳазор моҳ беҳтар қарор додӣ. Худоё, ин рӯзҳои моҳ рамазон аст, ки гузашт ва шабҳои он аст, ки аз даст рафт, ман аз ин моҳ чунон шудаам ки ту аз ман ба он донотарӣ ва шумораи онро аз тамоми офаридагонат шуморандатарӣ, дар натиҷа аз Ту дархост мекунам ба он чи аз ту дархост карданд фариштагони муқаррабат ва паёмбарони мурсалат ва бандагони шоистаат ин ки бар Муҳаммаду хонадони Муҳаммад дуруд фиристӣ ва вуҷудамро аз оташ озод кунӣ ва ба раҳматат ба биҳиштам ворид намоӣ ва ба афву карамат маро бубахшӣ ва наздикҷӯиямро бипазирӣ ва дуоямро ба иҷобат расонӣ ва ба амон доданам дар рӯзи ваҳшат аз ҳар ҳаросе, ки барои қиёматам омода сохтаӣ бар ман миннат наҳй, худоё ба зоти карим ва ба ҷалоли бузургат паноҳ меоварам, аз ин ки рӯзҳо ва шабҳои моҳи рамазон сипарӣ гардад ва барои ман назди Ту натиҷаи коре ё гуноҳе бошад ки маро ба сабаби он муҷозот кунӣ, ё хатое ки бихоҳӣ интиқомашро аз ман бигирӣ ва маро дар онҳо набахшида бошӣ, эй Сарвари ман, эй Сарвари ман, эй Сарвари ман, аз Ту мехоҳам, ки маъбуде ҷуз Ту нест, он гоҳ ки маъбуде ҷуз Ту набуд, агар дар ин моҳ аз ман хушнуд будаӣ, бар хушнудият аз ман биафзо, ва агар хушнуд набудаӣ аз ҳам акнун аз ман хушнуд шав, эй меҳрбонтарини меҳрбонон, эй Худо, эй Якто, эй Бениёз, эй ки назоидаву зода нашуда ва ҳеч чизу ҳеч кас ҳамтояш набуд.
  4. Худоё, аз мо ҳаққи он чиро ки аз моҳи рамазон гузашт, адо фармо ва кӯтоҳии моро аз ибодат дар ин моҳ биёмурз ва моҳи рамазонро аз мо бипазир ва моро аз зиёдаравиҳо бар алайҳи хештан муҷозот макун ва аз раҳматшудагон қарор деҳ, на аз маҳрумон.