Зиёрати қабрҳо
Зиёрати қабрҳо (форсӣ: زیارت قبرها) ба маънои ҳузур назди қабрҳои даргузаштагон, барои эҳтиром ва бузургдошти онон аст. Олимони мусалмон ба пайравӣ аз оятҳои Қуръон ва аҳодис, зиёрати қабрҳо, бахусус қабрҳои паёмбарон ва инсони солеҳро амре машруъ дониста ва барои он фазилатҳо ва фоидаҳо баён кардаанд. Албатта дар ин миён, ваҳҳобиён зиёрати қабрҳоро ҳаром медонанд.
Фақеҳони мусалмонон, ба ҷуз ваҳҳобиён, иттифоқи назар доранд, ки зиёрати қабрҳо барои мардон мустаҳаб аст; аммо дар бораи ҳукми зиёрати қабрҳо барои занон ихтилофи назар вуҷуд дорад. Бештари олимони имомия ба мустаҳаб будани зиёрати қабрҳо барои занон мисли мардон фатво додаанд. Ҳамчунин машҳур миёни олимони аҳли суннат ин аст, ки зиёрати қабрҳо барои занон макруҳ аст.
Мафҳумшиносӣ ва ҷойгоҳ
Зиёрати қабрҳо ба маънои ҳозир шудан назди қабрҳои даргузаштагон, бо мақсади эҳтиром ва бузургдошти онон аст. Дар истилоҳи динӣ низ ба ҳузур ёфтан назди қабрҳои паёмбарон, имомон (а) ва имомзодаҳо ва ҳамчунин инсонҳои солеҳ гуфта мешавад, ки бо маросими махсусе чун эҳтиром, тавассул ва табаррук ба онон анҷом мегирад.[1] Гуфта мешавад эҳтиром ба қабрҳои даргузаштагон, бахусус қабрҳои бузургони дин, собиқаи тӯлонӣ дорад ва мардумони ҷаҳон аз замонҳои хеле қадим мурдагони худро гиромӣ медоштанд ва ба зиёрати қабрҳои онон мерафтанд.[2] Дар фарҳанги исломӣ низ ба гуфтаи Ҷаъфари Субҳонӣ, зиёрати қабри Пайғамбар (с), Аҳли Байти ӯ ва қабрҳои муъминон аз усули фарҳанги исломӣ ба шумор меравад.[3]

Аз Зиёуддини Муқаддасӣ, фақеҳ ва муаррихи ҳанбалӣ (ваф. 663ҳ.қ.), нақл шуда, ки бо истинод ба бархе ривоятҳо таъкид кардааст, мусалмонон дар ҳамаи маконҳо ва замонҳо ба зиёрати қабрҳо мерафтанд ва барои мурдагони худ Қуръон мехонданд. Ӯ ин суннатро иҷмоъӣ дониста ва гуфтааст, ки касе онро инкор накардааст.[5] Зиёрати қабрҳо ва рафтан бар сари мазори фавтидагон дар рӯзҳои панҷшанбе, ҷумъа ва идҳои саиди Фитр ва Қурбон аз суннатҳое аст, ки дар бархе кишварҳои исломӣ мисли Эрон, Афғонистон ва Тоҷикистон маъруф ва роиҷ аст. Қироати Фотиҳа ва хондани Қуръон, шустани сангҳои қабрҳо, равшан кардани шамъ, гузоштани гул бар рӯи қабрҳо, тақсими хайроту назрот ва эҳдои савоби он ба фавтидагон ва ғайра аз ҷумла одобест, ки бархе аз мардум дар зиёрати қабрҳои азизони худ анҷом медиҳанд.[6]
Машруият ва осори зиёрати қабрҳо
Олимони мусалмон ба пайравӣ аз оятҳои Қуръон ва аҳодис, зиёрати қабрҳо, бахусус қабрҳои паёмбарон ва инсонҳои солеҳро амре машруъ дониста ва барои он фазилатҳо ва фоидаҳо баён кардаанд.[7] Ёди марг ва охират,[8] тақарруб ба Худованд,[9] риққат ва нармдилӣ,[10] аз ҷумла осорест, ки барои зиёрати қабрҳо баршумурдаанд. Ҳамчунин гуфтаанд бар асари зиёрати қабрҳо, зоир метавонад кӯтоҳ будани зиндагиро ба ёд оварад ва ҳамин ёдоварӣ мумкин аст ӯро ба риояи меъёрҳои ахлоқӣ ҳидоят кунад. Илова бар ин, соҳибони қабрҳо низ аз дуо ва талаби мағфироте, ки зоирон дар ҳаққи онон мекунанд, баҳраманд мегарданд.[11]
Дар ривояте аз Имом Содиқ (а) нақл шудааст, ки қабрҳои муъминон ва муъминотро зиёрат кунед; зеро ки онон бо шумо унс мегиранд ва агар аз онон дур шавед, ба ваҳшат меафтанд.[12] Ҳамчунин дар ривояти дигар ба нақл аз ӯ омадааст, ки мурдагони худро зиёрат кунед, зеро ки онон бо зиёрати шумо шод мешаванд ва ҳар яке аз шумо назди қабри падару модари худ, пас аз дуо кардан барои онон, ҳоҷатҳои худро талаб намояд.[13]
Далелҳои машруият
Олимони мусалмон барои исботи машруияти зиёрати қабрҳо, бахусус зиёрати қабри Пайғамбар (с) ва муъминон ба далелҳои зерин истинод кардаанд:
- Қуръон: ояти 84 сураи Тавба ба воқеаи манъ ва наҳйи Пайғамбар (с) аз намозгузорӣ бар ҷанозаи мунофиқон ва дуо кардан барои онҳо ва истодан дар канори қабрҳои онон ишора дорад.[14] Ба назари муфассирон, ин наҳй аз намозгузорӣ бар ҷанозаи мунофиқон ва истодан дар канори қабри онон далолат мекунад, ки истодан назди қабр ва дуохонӣ ибодате машруъ аст; вагарна Худованд танҳо аз анҷоми он дар канори қабри мунофиқон наҳй намекард.[15]
- Суннати Пайғамбар (с): зиёрати қабрҳо аз ҳамон садри Ислом амале машруъ ва роиҷ будааст. Ба гузориши Ибни Шабба дар китоби «Торих-ул-Мадинат-ил-мунаввара», Ҳазрати Муҳаммад (с) замоне ки аз фатҳи Макка ба сӯи Мадина бозмегашт, ба зиёрати қабри модараш Омина рафт ва гуфт: «Ин қабри модари ман аст, аз Худованд иҷозати зиёрати ӯро хостам ва Ӯ ба ман иҷозат дод».[16] Ҳамчунин нақл шудааст, ки ӯ ба зиёрати қабрҳои шаҳидони ҷанги Уҳуд[17] ва зиёрати қабрҳои муъминон дар қабристони Бақеъ мерафт.[18]
- Сираи имомони маъсум (а): дар манобеи таърихӣ гузоришҳои фаровоне аз сираи амалии имомон (а) дар зиёрати қабрҳо нақл шудааст.[19] Барои намуна нақл шудааст, ки Ҳазрати Фотимаи Заҳро (с) ҳар ҷумъа ба зиёрати қабри Ҳамза ибни Абдулмутталиб мерафт ва дар он ҷо намоз мехонд ва гиря мекард.[20] Ба нақл аз Имом Муҳаммади Боқир (а), Имом Ҳусайн (а) ҳар шаби ҷумъа ба зиёрати қабри Имом Ҳасани Муҷтабо (а) мерафт.[21] Дар ривояте аз Имом Ризо (а) низ нақл шудааст, ки Имом Саҷҷод (а) ба зиёрати қабри Имом Алӣ (а) мерафт, канори қабр меистод, гиря мекард ва салом медод.[22] Ҳамчунин дар манобеи ривоии шиа, аҳодиси фаровоне дар фазилат ва мустаҳаб будани зиёрати қабри Ҳазрати Муҳаммад (с), имомони шиа (а) ва қабри муъминон ворид шудааст.[23]
- Амали саҳоба ва тобеин: дар манобеи таърихӣ ва ривоӣ гузоришҳое аз зиёрати қабрҳо аз ҷониби бархе саҳоба ва тобеин нақл шудааст, ки бар ҷавози зиёрати қабрҳо назди онон ишорат дорад.[24]
- Иҷмои уламои мусалмон: машруияти зиёрати қабри Пайғамбар (с) ва қабри муъминон ва солеҳон ҳамчунин мавриди иҷмои уламои мусалмон аст.[25] Қозӣ Аёз (ваф. 544ҳ.қ.), олиму фақеҳи моликӣ, дар китоби «аш-Шифо битаърифи ҳуқуқ-ил-Мустафо» гуфтааст, зиёрати қабри Пайғамбар (с) аз фазоил ва суннатҳои исломист, ки ҳамаи мусалмонон бар машруияти он иҷмоъ кардаанд.[26]
- Сираи мусалмонон: сираи мусалмонон аз ҳамон замони Пайғамбар (с) бар он буд, ки ба зиёрати қабрҳои муъминон мерафтанд ва барои онон дуо мекарданд.[27] Абӯбакри Кошонӣ, аз фақеҳони аҳли суннат дар қарни шашуми ҳиҷрӣ, бо истинод ба ин ҳадиси Пайғамбар (с): «Наҳайтукум ан зиёрат-ил-қубур фазуруҳо; Пеш аз ин шуморо аз зиёрати қабрҳо наҳй карда будам, аммо акнун зиёрат кунед»,[28] гуфтааст, ки пас аз он ки Пайғамбар (с) ба зиёрати қабрҳо иҷозат дод, мусалмонон онро машруъ донистанд ва аз ҳамон замон то ба имрӯз ба он аҳамият додаанд.[29]
Одоби зиёрати қабрҳо

Олимони мусалмон, бо таваҷҷӯҳ ба суннати Ҳазрати Муҳаммад (с) ва имомони маъсум (а), барои зиёрати қабрҳо одоб ва мустаҳабботеро баён кардаанд, ки бархе аз онҳо ба шарҳи зерин аст:
- Рафтан ба зиёрати қабрҳо дар рӯзи панҷшанбе, бахусус дар ғуруби он рӯз;[31]
- Гузоштани даст бар рӯи қабр ва рӯ ба қибла будан;[32]
- Хондани ҳафт маротиба сураи Қадр;[33]
- Хондани Ояталкурсӣ ва се маротиба сураи Тавҳид;[34]
- Хондани Фотиҳа ва Муаввизатайн;[35]
- Резондан ва пошидани об бар рӯи қабр;[36]
- Дуо ва талаби раҳмат барои соҳиби қабр.[37]
- Салом додан ба мурдагон: Аллома Маҷлисӣ дар Биҳор-ул-анвор дар зикри одоби зиёрати муъминон, ҳадисеро нақл мекунад, ки Имом Алӣ (а) дар зиёрати аҳли қабр чунин мегуфт:
| “ | «Бисмиллоҳи-р-раҳмони-р-раҳим. Ассалому ала аҳли ла илаҳа иллаллоҳ мин аҳли ла илаҳа иллаллоҳ. Ё аҳла ла илаҳа иллаллоҳ, биҳаққи ла илаҳа иллаллоҳ, кайфа ваҷадтум қавла ла илаҳа иллаллоҳ мин ла илаҳа иллаллоҳ? Ё ла илаҳа иллаллоҳ, биҳаққи ла илаҳа иллаллоҳ, ихфир лиман қола ла илаҳа иллаллоҳ ва уҳшурно фӣ зумрати ман қола ла илаҳа иллаллоҳ, Муҳаммадун расулуллоҳ, Алӣ валийюллоҳ».[38] |
” |
Зиёрати қабрҳо барои занон
Дар ҷавоз ва мустаҳаб будани зиёрати қабрҳо барои мардон, миёни уламои мусалмон ихтилофе нест; аммо машруият ва ҷавози шаръии он барои занон, мавриди ихтилоф аст:
- Дидгоҳи Имомия: зиёрати қабрҳо барои занон, назди фақеҳи имомия мустаҳаб аст ва Соҳиби Ҳадаиқ барои он иддаои иҷмоъ кардааст.[39] Албатта Муҳаққиқи Ҳиллӣ дар китоби ал-Муътабар ва Аллома Ҳиллӣ дар Мунтаҳа-л-матлаб гуфтаанд, ки макруҳ аст.[40] Шаҳиди Аввал дар китоби Зикра-ш-шиа бо ишора ба дидгоҳи Муҳаққиқи Ҳиллӣ гуфтааст, ки қавл ба караҳати зиёрати қабрҳо барои занон ба ин далел аст, ки мумкин аст бо пӯшиш ва маҳфуз буданашон аз диди номаҳрам, мунофот дошта бошад; аммо агар бо ин мунофот надошта бошад, барои занон низ ҳамчунон ки барои мардон, ҷоиз ва мустаҳаб аст.[41]
- Дидгоҳи аҳли суннат: ба гуфтаи Тақийуддини Субкӣ дар китоби Шифо-ус-сиқом ва ба нақл аз китоби «ал-Мавсуат-ул-фиқҳият-ил-кувайтия», мавсуае дар фиқҳи аҳли суннат, назари машҳур назди фақеҳони аҳли суннат ин аст, ки зиёрати қабрҳо барои занон макруҳ аст.[42] Бархе низ онро барои занон ҳамчунон ки барои мардон мустаҳаб донистаанд.[43]
- Дидгоҳи ваҳҳобиён: Муҳаммад ибни Абдулваҳҳоб ва ба пайравӣ аз ӯ ваҳҳобиён бо истинод ба ривояти «Лаъаналлоҳу завворот-ил-қубур; Худованд занони зиёраткунандаи қабрҳоро лаънат кунад»,[44] ба ҳаром будани зиёрати қабрҳо барои занон назар додаанд.[45] Бархе аз онон лафзи «лаънат» дар ривоятро нишонаи ҳаром ва ҳатто гуноҳи кабира будани феъл, яъне зиёрати қабрҳо барои занон донистаанд.[46] Албатта ин дидгоҳ аз сӯи уламои мусалмон нақд шудааст. Бархе чун Тирмизӣ ва Ҳокими Нишопурӣ, аз муҳаддисони аҳли суннат, гуфтаанд, ки ин ҳадис марбут ба замоне аст, ки Пайғамбар (с) аз зиёрати қабрҳо наҳй карда буд; аммо баъдан ин ҳукм насх шуд ва ба занон низ иҷозаи зиёрати қабрҳо дода шуд.[47] Бархеи дигар бар ин назаранд, ки ривоят нозир ба мавориде аст, ки зиёрати қабрҳо боиси гуноҳ ва кори ҳароме шавад.[48] Аз Қуртубӣ (ваф. 671ҳ.қ.), фақеҳ ва муфассири моликӣ, чунин нақл кардаанд, ки калимаи «завворот» дар ривоят барои муболиға аст ва манзур заноне ҳастанд, ки зиёд ба зиёрати қабрҳо мераванд ва ба ҳамин ҷиҳат лаънат мавҷуд дар ривоят тамоми занонро дарбар намегирад.[49] Бино ба фатвои содиршуда аз «Дор-ул-ифтои Миср», зиёрати қабрҳо, ҳам барои занон ва ҳам барои мардон мустаҳаб аст ва ривоят нозир ба мавориде аст, ки зиёрати занон боиси тоза шудани ҳузн ва гиряву нолаи онон гардад.[50]
Мухолифати Ибни Таймия ва ваҳҳобиён бо зиёрати қабрҳо
Ибни Таймия ва ваҳҳобиён бо истинод ба ҳадиси Шадду риҳол, бор бастан барои қасди зиёрати қабрҳо, ҳатто зиёрати қабри Пайғамбар (с)-ро ҳаром дониста ва онро бидъат ва амале ширколуд пиндоштаанд.[51] Аз назари онон, бар асоси ин ҳадис, бор бастан танҳо барои рафтан ба зиёрати се масҷид, Масҷидулҳаром, Масҷидулақсо ва Масҷидуннабӣ, ҷоиз аст.[52]
Уламои мусалмон ин дидгоҳро нақд кардаанд. Бештари уламои аҳли суннат чун Нававӣ,[53] Ибни Ҳaҷaри Асқалонӣ,[54] Ғазолӣ,[55] Мулло Алӣ Қории Ҳанафӣ,[56] Шамсуддини Заҳабӣ,[57] Ҷассос,[58] Ибни Обидин, фақеҳи ҳанафӣ,[59] Зарқонӣ, фақеҳи моликӣ,[60] Ибни Қудома, ҳанбалӣ[61] ва бархеи дигар бар ин боваранд, ки ҳадиси Шадду риҳол ки Ибни Таймия барои номашруъ будани зиёрат ба он истинод кардааст,[62] дар мақоми наҳй аз зиёрати қабрҳо, ба вижа қабри Пайғамбар (с) нест; балки дар мақоми баён кардани фазилати се масҷид мебошад.
Ҷусторҳои вобаста
Эзоҳ
- ↑ Киёнии Фарид, «Зиёрат», саҳ.847
- ↑ Мақорими Шерозӣ, Шиа посух медиҳад, 1428ҳ.қ., саҳ.89
- ↑ Субҳонӣ, Маншури ақоиди имомия, 1376ҳ.ш., саҳ.254
- ↑ «آخرین پنجشنبه سال ۹۹ - آرامستان اراک», хабаргузории ИСНА
- ↑ Муборакфурӣ, Туҳфат-ул-аҳвазӣ, 1410ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.275
- ↑ «یاد از دست رفتگان؛ رسم ارزشمند ایرانیان/ برخی اعتقادات پنجشنبه آخر سال», сомонаи хабаргузории Mеҳр
- ↑ Субҳонӣ, Оини ваҳҳобият, 1386ҳ.ш., саҳ.102
- ↑ Муслим, Саҳеҳи Муслим, Дору эхё-ит-турос-ил-арабӣ, ҷ.2, саҳ.671; ад-Дорақутнӣ, Сунан ад-Дорақутнӣ, 1424ҳ.қ., ҷ.5, саҳ.467
- ↑ Сайид ибни Таввус, Фарҳат-ул-ғарӣ, 1419ҳ.қ., саҳ.104–105; Аллома Маҷлисӣ, Биҳор-ул-анвор, 1403ҳ.қ., ҷ.100, саҳ.120–121
- ↑ Муттақӣ Ҳиндӣ, Канз-ул-уммол, 1401ҳ.қ., ҷ.15, саҳ.646
- ↑ Обраҳамф, «Тавҷеҳи фалсафии Фахруддини Розӣ аз зиёрати қабрҳо», саҳ.86
- ↑ Кулайнӣ, ал-Кофӣ, 1407ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.228
- ↑ Кулайнӣ, ал-Кофӣ, 1407ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.230
- ↑ Таботабоӣ, ал-Мизон, 1363ҳ.ш., ҷ.9, саҳ.360; сураи Тавба, ояти 84
- ↑ Табарсӣ, Маҷмаъ-ул-баён, 1415ҳ.қ., ҷ.5, саҳ.100; Таботабоӣ, ал-Мизон, 1363ҳ.ш., ҷ.9, саҳ.360
- ↑ Ибни Шабба, Торих-ул-Мадинат-ил-мунаввара, 1410ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.120
- ↑ Самҳудӣ, Вафо-ул-вафо, 1419ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.112
- ↑ Самҳудӣ, Вафо-ул-вафо, 1419ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.78
- ↑ Фармониён, Содоқат, «Зиёрати қубур ва далоили олимони шиа бар машруияти он», саҳ.151
- ↑ Ҳокими Нишопурӣ, ал-Мустадраку ала-с-саҳиҳайн, 1411ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.533
- ↑ Ҳурри Омилӣ, Васоил-уш-шиа, 1416ҳ.қ., ҷ.14, саҳ.408
- ↑ Ибни Қулавайҳ, Комил-уз-зиёрот, Мактабат-ус-Садуқ, саҳ.36–37
- ↑ Барои намуна ниг.: Кулайнӣ, ал-Кофӣ, 1407ҳ.қ., ҷ.4, саҳ.579; Ҳурри Омилӣ, Васоил-уш-шиа, 1416ҳ.қ., ҷ.14, саҳ.319–600
- ↑ Барои намуна ниг.: Молик ибни Анас, ал-Муваттаъ, 1406ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.166; Саноъонӣ, Мусанаф, 1403ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.570–576; Тақийуддини Субкӣ, Шифо-ус-сиқом, 1419ҳ.қ., саҳ.166–168; Муртазо, ас-Саҳиҳ мин сират-ин-набий-ил-аъзам, 1426ҳ.қ., ҷ.6, саҳ.283
- ↑ Тақийуддини Субкӣ, Шифо-ус-сиқом, 1419ҳ.қ., саҳ.184; Муборакфурӣ, Туҳфат-ул-аҳвазӣ, 1410ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.275
- ↑ Аёз, аш-Шифо битаърифи ҳуқуқ-ил-Мустафо, 1407ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.194
- ↑ Зореи Сабзаворӣ, Зиёрат дар нигоҳи шариат, Нашри Машъар, саҳ.21
- ↑ Муслим, Саҳеҳи Муслим, Дору эхё-ит-турос-ил-арабӣ, ҷ.2, саҳ.672
- ↑ Кошонӣ, Бадоеъ-ус-саноеъ, 1424ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.320
- ↑ «عکس تابلوی مزار شهدا و گلزار شهدای استان خوزستان», Сомонаи Қоби ишқ
- ↑ Наҷафӣ, Ҷавоҳир-ул-калом, 1362ҳ.ш., ҷ.4, саҳ.321
- ↑ Шаҳиди Аввал, ал-Мазор, 1410ҳ.қ., саҳ.221; Наҷафӣ, Ҷавоҳир-ул-калом, 1362ҳ.ш., ҷ.4, саҳ.319–322
- ↑ Шаҳиди Аввал, ал-Мазор, 1410ҳ.қ., саҳ.221; Наҷафӣ, Ҷавоҳир-ул-калом, 1362ҳ.ш., ҷ.4, саҳ.322
- ↑ Ибни Абияъло, Табақот-ул-ҳанобила, Дор-ул-маърифа, ҷ.1, саҳ.264
- ↑ Ибни Абияъло, Табақот-ул-ҳанобила, Дор-ул-маърифа, ҷ.1, саҳ.264
- ↑ Шайх Тӯсӣ, Таҳзиб-ул-аҳком, 1364ҳ.ш., ҷ.1, саҳ.320; Наҷафӣ, Ҷавоҳир-ул-калом, 1362ҳ.ш., ҷ.4, саҳ.316–318
- ↑ Наҷафӣ, Ҷавоҳир-ул-калом, 1362ҳ.ш., ҷ.4, саҳ.323
- ↑ Маҷлисӣ, Биҳор-ул-анвор, 1403ҳ.қ., ҷ.99, саҳ.301
- ↑ Баҳронӣ, Ҳадаиқ-ун-нозира, Муассисаи нашри исломӣ, ҷ.4, саҳ.169
- ↑ Муҳаққиқи Ҳиллӣ, ал-Муътабар, 1407ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.339; Аллома Ҳиллӣ, Мунтаҳа-л-матлаб, 1412ҳ.қ., ҷ.7, саҳ.430
- ↑ Шаҳиди Аввал, Зикра-ш-шиа, 1419ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.63
- ↑ Тақийуддини Субкӣ, Шифо-ус-сиқом, 1419ҳ.қ., саҳ.186; Ҷамъе аз нависандагон, ал-Мавсуат-ул-фиқҳият-ил-кувайтия, Вазорати авқоф ва шуъуни исломӣ, ҷ.24, саҳ.88
- ↑ Барои намуна ниг.: Шаранбалолӣ, Мароқи-л-фалоҳ, 1425ҳ.қ., саҳ.228–229
- ↑ Тирмизӣ, Сунан-ут-Тирмизӣ, 1395ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.362
- ↑ Абдулваҳҳоб, ат-Тавҳид, Ҷомеъати Имом Муҳаммад ибни Сауд, саҳ.65; Ибни Боз, Фатово нурун алад-дарб, Муассисаи Шайх Бин Боз, саҳ.242
- ↑ Бин Боз, Фатово нурун ала-д-дарб, Муассисаи Шайх Бин Боз, саҳ.242; Ибни Усаймин, ал-Қавл-ул-муфид, 1424ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.430
- ↑ Тирмизӣ, Сунан-ут-Тирмизӣ, 1395ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.362; Ҳокими Нишопурӣ, Мустадраку ала-с-саҳиҳайн, 1411ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.529–530
- ↑ Муборакфурӣ, Туҳфат-ул-аҳвазӣ, 1410ҳ.қ., ҷ.4, саҳ.137
- ↑ Барои намуна ниг.: Асқалонӣ, Фатҳ-ул-борӣ, 1379ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.149; Шавконӣ, Найл-ул-автор, 1413ҳ.қ., ҷ.4, саҳ.134
- ↑ «حكم زيارة النساء للقبور», сомонаи Дор-ул-ифтои Миср
- ↑ Барои намуна ниг.: Ибни Таймия, Минҳоҷ-ус-сунна, 1406ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.440; Бин Боз, Фатово нурун алад-дарб, Муассисаи Шайх Бин Боз, саҳ.243
- ↑ Ибни Таймия, Минҳоҷ-ус-сунна, 1406ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.440; Бин Боз, Фатово нурун алад-дарб, Муассисаи Шайх Бин Боз, саҳ.243
- ↑ Нававӣ, Саҳиҳ Муслим маа шарҳ-ил-Имом ан-Нававӣ, 1392ҳ.қ., ҷ.9, саҳ.167–168
- ↑ Ибни Ҳaҷaри Асқалонӣ, Фатҳ-ул-борӣ, 1379ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.65
- ↑ Ғазолӣ, Эҳёу улум-ид-дин, Дор-ул-маърифа, ҷ.1, саҳ.244
- ↑ Ҳиравии Қорӣ, Мирқот-ул-мафотиҳ, 1422ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.589
- ↑ Заҳабӣ, Сияру аъломин-нубало, 1414ҳ.қ., ҷ.9, саҳ.368
- ↑ Ҷассос, Аҳком-ул-Қуръон, 1300ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.295
- ↑ Ибни Обидин, Радд-ул-мухтор, 1412ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.627
- ↑ Зарқонӣ, Шарҳ-уз-Зарқонӣ, 1424ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.396–397
- ↑ Ибни Қудома, ал-Муғнӣ, 1388ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.195
- ↑ Ибни Таймия, Минҳоҷ-ус-суннан-набавия, 1406ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.440
Сарчашма
- «حکم زیارة النساء للقبور», сомонаи Дор-ул-ифтои Миср, санаи боздид: 15 хурдоди 1403ҳ.ш.
- «عکس تابلوی مزار شهدا و گلزار شهدای استان خوزستان», сомонаи Қоби ишқ, санаи боздид: 18 Тири 1403ҳ.ш.
- «آخرین پنجشنبه سال ۹۹ - آرامستان اراک», Хабаргузории ИСНА, санаи нашр: 28 исфанди 1399ҳ.ш., санаи боздид: 18 тири 1403ҳ.ш.
- «یاد از دست رفتگان؛ رسم ارزشمند ایرانیان/ برخی اعتقادات پنجشنبه آخر سال», Хабаргузории Меҳр, санаи нашр: 25 исфанди 1390ҳ.ш., санаи боздид: 15 хурдоди 1403ҳ.ш.
- Аллома Маҷлисӣ, Муҳаммадбоқир, Биҳор-ул-анвор, Бейрут, Муассисат-ул-вафо, 1403ҳ.қ.
- Аллома Ҳиллӣ, Юсуф ибни Ҳасан, Минтаҳа-л-матлаб, Машҳад, Маҷмаъ-ул-буҳус-ил-исломия, 1412ҳ.қ.
- Аёз, Аёз ибни Мӯсо, аш-Шифо, Уммон, Дор-ул-файҳо, 1407ҳ.қ.
- Баҳронии Юсуф, Ҳадоиқ-ун-нозира, Қум, Муассисат-ун-нашр-ил-исломӣ, б.т.
- Бин Боз, Абдулазиз, Фатово нурун алад-дарб, б.ҷо, Муассисаи Шайх Бин Боз, б.т.
- Доруқутнӣ, Абулҳасан Алӣ ибни Умар, Сунан-уд-Доруқутнӣ, Бейрут, Муассисат-ур-рисола, 1424ҳ.қ.
- Заръӣ Сабзаворӣ, Аббосалӣ, Зиёрат дар нигоҳи шариат, Теҳрон, Нашри Машъар, 1387ҳ.ш.
- Зарқонӣ, Муҳаммад ибни Абдулбоқӣ, Шарҳ-уз-Зарқонӣ, Қоҳира, Мактабат-ус-сақофат-уд-диния, 1424ҳ.қ.
- Заҳабӣ, Муҳаммад ибни Аҳмад, Сияру аълом-ин-нубало, Бейрут, Муассисат-ур-рисола, 1414ҳ.қ.
- Ибни Абияъло, Муҳаммад ибни Муҳаммад, Табаҡот-ул-ҳанобила, Бейрут, Дор-ул-маърифа, б.т.
- Ибни Обидин, Муҳаммад Амин ибни Умар, Радд-ул-мухтор, Бейрут, Дор-ул-фикр, 1412ҳ.қ.
- Ибни Таймия, Аҳмад ибни Абдулҳалим, Минҳоҷ-ус-суннан-набавия, Арабистон, Ҷомеъаи Имом Муҳаммад ибни Сауд, 1406ҳ.қ.
- Ибни Усаймин, Муҳаммад ибни Солеҳ, Ал-Қаулул-муфид, Риёз, Дор-ул-осима, 1424ҳ.қ.
- Ибни Шабба, Абузайд Умар, Таърих-ул-мадина, Қум, Интишороти Дор-ул-фикр, 1410ҳ.қ.
- Ибни Қудома, Абдуллоҳ ибни Аҳмад, ал-Муғнӣ, Қоҳира, Мактабат-ул-Қоҳира, 1388ҳ.қ.
- Ибни Қулавайҳ, Ҷаъфар ибни Муҳаммад, Комил-уз-зиёрот, таҳқиқи Беҳрод Ҷаъфарӣ, Қум, Матбаъаи Содуқ, б.т.
- Ибни Ҳaҷaри Асқалонӣ, Аҳмад ибни Алӣ, Фатҳ-ул-борӣ, Бейрут, Дор-ул-маърифа, 1379ҳ.қ.
- Киёни Фарид, Марям, «Зиёрат», дар: Донишномаи ҷаҳони Ислом, Теҳрон, Бунёди Доират-ул-маъорифи исломӣ, 1395ҳ.ш.
- Кошонӣ, Алоуддин Абӯбакр ибни Масъуд, Бадоеъ-ус-саноеъ, Бейрут, Дор-ул-кутуб-ил-илмия, 1424ҳ.қ.
- Кулайнӣ, Муҳаммад ибни Яъқуб, ал-Кофӣ, таҳқиқи Алиакбар Ғаффорӣ, Теҳрон, Дор-ул-кутуб-ил-исломия, чопи 4, 1407ҳ.қ.
- Макорими Шерозӣ, Шиа посух медиҳад, Қум, Мадрасаи Имом Алӣ ибни Абӯтолиб (а), 1389ҳ.ш.
- Молик ибни Анас, ал-Муваттаъ, Бейрут, Дор-ул-эҳё-ит-турас, 1406ҳ.қ.
- Муборакфурӣ, Муҳаммад Абдурраҳмон ибни Абдурраҳим, Туҳфат-ул-аҳвазӣ, Бейрут, Дор-ул-кутуб-ил-илмия, чопи аввал, 1410ҳ.қ.
- Муртазо Омилӣ, Сайид Ҷаъфар, ас-Саҳеҳ мин сират-ин-набий-ил-аъзам, Қум, Муассисаи илмӣ-фарҳангии Дор-ул-ҳадис, 1426ҳ.қ.
- Муслим, Муслим ибни Ҳаҷҷоҷ Нишопурӣ, Саҳиҳ Муслим, Бейрут, Дор-ул-эҳё-ит-турос, б.т.
- Мутақии Ҳиндӣ, Алоуддин Алӣ ибни Ҳусомуддин, Канз-ул-уммол, Бейрут, Муассисат-ур-рисола, 1401ҳ.қ.
- Муҳаммад ибни Абдулваҳҳоб, ат-Тавҳид, Риёз, Ҷомеъаи Имом Муҳаммад ибни Сауд, б.т.
- Муҳаққиқи Ҳиллӣ, Шайх Наҷмуддин Ҷаъфар ибни Ҳасан, ал-Муътабар, Қум, Муассисаи Сайид-уш-шуҳадо, чопи аввал, 1407ҳ.қ.
- Нававӣ, Яҳё ибни Шараф, Саҳиҳ Муслим маа шарҳ-ил-Имом ан-Нававӣ, Бейрут, Дор-ул-эҳё-ит-турос, 1392ҳ.қ.
- Наҷафӣ, Муҳаммадҳасан, Ҷавоҳир-ул-калом, Бейрут, Дор-ул-эҳё-ит-турос, чопи 7, 1362ҳ.ш.
- Оброҳамов, Бенямин; Уруҷниё, Парвона, «Тавҷеҳи фалсафии Фахруддини Розӣ аз зиёрати қабрҳо», дар: Фаслномаи Маореф, исфанди 1380ҳ.ш., №54.
- Сабкӣ, Тақиддин Алӣ ибни Абдулкофӣ, Шифо-ус-сиқом фи зиёрати хайр-ил-аном, таҳқиқи Сайид Муҳаммадризо Ҷалолӣ, Қум, Нашри Машъар, чопи 4, 1419ҳ.қ.
- Сайид ибни Таввус, Сайид Абдулкарим, Фархат-ул-ғарӣ, Қум, Марказ-ул-ғадир, чопи аввал, 1419ҳ.қ.
- Самҳудӣ, Алӣ ибни Абдуллоҳ, Вафо-ул-вафо, Бейрут, Дор-ул-кутуб-ил-илмия, 1419ҳ.қ.
- Саноонӣ, Абӯбакр Абдурраззоқ ибни Ҳамом, ал-Мусаннаф, Ҳинд, Маҷлиси илмӣ, 1403ҳ.қ.
- Субҳонӣ, Ҷаъфар, Маншури ақоиди имомия, Қум, Муассисаи Имом Содиқ (а), 1376ҳ.ш.
- Субҳонӣ, Ҷаъфар, Оини ваҳҳобият, Қум, Ҷомеаи мударрисини Ҳавзаи Қум, 1386ҳ.ш.
- Табарсӣ, Фазл ибни Ҳасан, Маҷмаъ-ул-баён, Бейрут, Муассисат-ул-аъламӣ, 1415ҳ.қ.
- Таботабоӣ, Сайид Муҳаммадҳусайн, ал-Мизон фи тафсир-ил-Қуръон, Қум, Интишороти Исмоилиён, 1363ҳ.ш.
- Тирмизӣ, Муҳаммад ибни Исо, Сунан-ут-Тирмизӣ, Миср, Ширкати кутубхона ва матбаъаи Мустафо ал-Бобӣ ал-Ҳалабӣ, 1395ҳ.қ.
- Фармониён, Маҳдӣ; Сидоқат, Муҷтабо, «Зиёрати қабрҳо ва далелҳои уламои шиа бар машруияти он», Маҷаллаи Шиашиносӣ, баҳори 1392ҳ.ш., №41.
- Шавконӣ, Муҳаммад ибни Алӣ, Найл-ул-автор, Миср, Дор-ул-ҳадис, 1413ҳ.қ.
- Шайх Тӯсӣ, Муҳаммад ибни Ҳасан, Таҳзиб-ул-аҳком, Теҳрон, Дорул-кутуби-л-исломия, чопи 4, 1364ҳ.ш.
- Шарнаблолӣ, Ҳасан ибни Аммор, Мақори-л-фалоҳ, б.ҷо, Мактабат-ул-асрия, 1425ҳ.қ.
- Шаҳиди Аввал, Муҳаммад ибни Маккӣ, Зикра-ш-шиа, Қум, Муассисаи Олибайт (а), 1419ҳ.қ.
- Шаҳиди Аввал, Муҳаммад ибни Маккӣ, ал-Мазор, Қум, таҳқиқи Муҳаммадбоқир Муваҳҳиди Абтаҳӣ, Мадрасаи Имом Маҳдӣ (а), чопи аввал, 1410ҳ.қ.
- Ғазолӣ, Абуҳомид, Эҳёу улум-ид-дин, Бейрут, Дор-ул-маърифа, б.т.
- Ҳиравии Қорӣ, Алӣ ибни Муҳаммад, Мирқот-ул-мафотеҳ, Бейрут, Дор-ул-фикр, 1422ҳ.қ.
- Ҳокими Нишопурӣ, Муҳаммад ибни Абдуллоҳ, ал-Мустадраку ала-с-саҳиҳайн, Бейрут, Дор-ул-маърифа, 1411ҳ.қ.
- Ҳурри Омилӣ, Муҳаммад ибни Ҳасан, Васоил-уш-шиа, таҳқиқи Сайид Муҳаммадризо Ҷалолӣ, Қум, Муассисаи Олибайт (а), 1416ҳ.қ.
- Ҷамъе аз муаллифон, ал-Мавсуат-ул-фиқҳия ал-Кувайтия, Кувайт, Вазорати авқоф, б.т.
- Ҷассос, Аҳмад ибни Алӣ, Аҳком-ул-Қуръон, Бейрут, Дор-ул-кутуб-ил-илмия, 1415ҳ.қ.