Jump to content

Үндана:Ояти 6 сураи Саф

Аз wikishia
Ояти 6 сураи Саф
Маълумот дар бораи оят
Воқеъ дар сураиСаф
Шумораи оят6
Ҷузъ28
Макони нузулМадина
Дар бораиБашорати Исо (а) ба рисолати ҳазрати Муҳаммад (с)
Оёти муртабитОяти 157 сураи АърофОяти 29 сураи Фатҳ


Ояти 6 сураи Саф (форсӣ: آیه ۶ سوره صف) баёни хитобии ҳазрати Исо (а) ба Банӣ Исроил аст, ки дар он худро пайғамбари Илоҳӣ муаррифӣ мекунад, Тавротро тасдиқ менамояд ва аз зуҳури Пайғамбаре пас аз худ бо номи Аҳмад хабар медиҳад. Ба бовари бархе муфассирон, башорати омадани пайғамбари нав ба комилтар ва бартар будани дини нав низ ишора дорад.

Дар тафсирҳои шиа, башорат ба Форақлит дар бархе нусхаҳои Инҷил бо вожаи Аҳмад татбиқ дода шуда ва маънои он бисёр ситуда зикр шудааст. Ҳамчунин дар ривояте омадааст, ки Имом Ризо (а) дар мунозира бо Ҷосалиқ, бахшҳое аз Инҷили Юҳанноро дар башорат ба зуҳури ҳазрати Муҳаммад (с), Аҳли Байт (а) ва уммати ӯ қироат кард ва Ҷосалиқ низ саҳеҳ будани онро таъйид намуд.

Башорати ҳазрати Исо (а) ба беъсати ҳазрати Муҳаммад (с)

Ояти 6 сураи Саф гузорише аз сухани ҳазрати Исо (а) хитоб ба Банӣ Исроил аст, ки дар он, худро пайғамбари Илоҳӣ муаррифӣ мекунад, Тавротро тасдиқ менамояд ва ба омадани Пайғамбаре пас аз худ бо номи Аҳмад башорат медиҳад.[1] Дар идомаи оят омада: ҳангоме ки ӯ бо байинот назди онон омад, онро «сеҳри ошкор» хонданд. Дар тафсири ин бахш, ду дидгоҳ матраҳ аст: бархе онро нозир ба вокуниши Банӣ Исроил дар баробари ҳазрати Исо (а) донистаанд ва бархе дигар онро марбут ба мувоҷеҳаи мухолифон бо даъвати Пайғамбари Ислом (с) ва инкори муъҷизаҳои ӯ тафсир кардаанд.[2]

Ба гуфтаи Сайид Муҳаммадтақии Мударрисӣ, аз муфассирони шиа, ин оят баёни пайвастагии рисолатҳо аст; ба ин маъно, ки ҳазрати Исо (а) рисолати худро дар идомаи рисолати ҳазрати Мусо (а) ва дар пайванд бо рисолати ҳазрати Муҳаммад (с) муаррифӣ мекунад.[3] Ҳусайн Ваҳиди Хуросонӣ низ инкор нашудани ин башорат аз сӯи уламои яҳудӣ ва масеҳӣ дар садри Исломро муайиди саҳеҳ будани он донистааст.[4] Аллома Таботабоӣ бо истинод ба оятҳои 157 Аъроф ва 29 Фатҳ бар ин бовар аст, ки башорати зуҳури Пайғамбари Ислом (с) дар матнҳои Инҷил низ вуҷуд доштааст.[5]

Дар ривояте омадааст, ки Имом Ризо (а) дар мунозира бо Ҷосалиқ, ба башорати зуҳури ҳазрати Муҳаммад (с), Аҳли Байт (а) ва уммати ӯ дар Инҷили Юҳанно истинод кард ва Ҷосалиқ вуҷуди чунин мазмунеро дар Инҷил таъйид кардааст.[6]

Башорат ба дини комилтар

Ба бовари Аллома Таботабоӣ башорат ба пайғамбаре пас аз ҳазрати Исо (а) нишонае аз комилтар ва фарогиртар будани даъвати пайғамбари баъдӣ аст.[7] Макорими Шерозӣ низ таъбири башоратро нишонаи комил будани оини Ислом нисбат ба адёни пешин тафсир кардааст.[8]

Татбиқи Аҳмад бар Форақлит дар Инҷил

Китоби «Аҳмад мавъуди Инҷил» асари Ҷаъфар Субҳонӣ

Табарсӣ дар Маҷмаъ-ул-баён барои вожаи Аҳмад ду эҳтимоли маъноӣ зикр мекунад: бисёр ситоишкунанда ва бисёр ситоишшуда.[9] Дар Тафсири намуна, бо баррасии Инҷилҳои мавҷуд, вожаи Форақлит, ки дар матнҳои сирёнӣ ба сурати «Пораклито» ва дар матнҳои юнонӣ ба сурати «Пираклитус» омадааст, ба унвони муодили Аҳмад тафсир шудааст.[10] Бархе уламои шиа, ин вожаро нозир ба башорати ҳазрати Исо (а) ба Пайғамбари Ислом донистаанд.[11] Муҳаммад Содиқии Теҳронӣ (ваф.1390ҳ.ш.) дар китоби Башорот-ул-аҳдайн гуфтааст, ки уламои масеҳӣ барои парҳез аз эътироф ба башорати зуҳури Пайғамбари хотам, вожаи «Пираклитус»-ро ба «Пороклитус» тағйир додаанд.[12]

Ҷаъфари Субҳонӣ, муфассири шиа, дар китоби Аҳмад мавъуди Инҷил вожаи Аҳмадро бар Форақлити Инҷил татбиқ мекунад.[13] Бо ин ҳол, бархе муътақиданд, ки аз Қуръон танҳо асли башорати Исо (а) ба омадани «Аҳмад» қобили бардошт аст, аммо исботи вуҷуди ин вожа ё муодили он дар матни Инҷил маҳалли баҳс аст.[14]

Эзоҳ

  1. Шайх Тӯсӣ, ат-Тибён, Дор эҳё-ит-турос-ил-арабӣ, ҷ.9, саҳ.593; Табарсӣ, Маҷмаъ-ул-баён, 1367ҳ.ш., ҷ.9, саҳ.419; Макорими Шерозӣ, Тафсири намуна, 1374ҳ.ш., ҷ.24, саҳ.72
  2. Макорими Шерозӣ, Тафсири намуна, 1374ҳ.ш., ҷ.24, саҳ.72-73
  3. Мударрисӣ, Мин ҳуда-л-Қуръон, 1419ҳ.қ., ҷ.28, саҳ.344–345
  4. Ваҳиди Хуросонӣ, Рисолаи тавзеҳ-ул-масоил, 1428ҳ.қ., Муқаддима, саҳ.94 ва 95
  5. Таботабоӣ, Тафсири ал-Мизон, 1352ҳ.ш., ҷ.19, саҳ.253
  6. Арусӣ Ҳувайзӣ, Тафсири Нур-ус-сақалайн, 1373ҳ.ш., ҷ.5, саҳ.313
  7. Таботабоӣ, Тафсири ал-Мизон, 1352ҳ.ш., ҷ.19, саҳ.252
  8. Макорими Шерозӣ, Тафсири намуна, 1374ҳ.ш., ҷ.24, саҳ.73
  9. Табарсӣ, Маҷмаъ-ул-баён, 1367ҳ.ш., ҷ.9, саҳ.420
  10. Макорими Шерозӣ, Тафсири намуна, 1374ҳ.ш., ҷ.24, саҳ.74–75
  11. Мунтазирӣ, Рисолаи истифтоот, Қум, ҷ.2, саҳ.55
  12. Содиқии Теҳронӣ, Башорот-ул-аҳдайн, 1392ҳ.ш., саҳ.13
  13. Сулаймонии Ардастонӣ, «Қуръони Карим ва башоратҳои пайғамбарон», саҳ.56
  14. Сулаймонии Ардастонӣ, «Қуръони Карим ва башоратҳои пайғамбарон», саҳ.56

Сарчашма

  • Арусӣ Ҳувайзӣ, Абдулалӣ, Тафсири Нур-ус-сақалайн, Қум, Исмоилиён, 1373ҳ.ш./1415ҳ.қ.
  • Ваҳиди Хуросонӣ, Ҳусайн, Рисолаи тавзеҳ-ул-масоил, Қум, мадрасаи Имом Боқир (а), чопи нуҳум, 1428ҳ.қ.
  • Макорими Шерозӣ, Носир, Тафсири намуна, Теҳрон, Дор-ул-кутуб-ил-исломия, 1374ҳ.ш.
  • Мударрисӣ, Сайид Муҳаммадтақӣ, Мин ҳуда-л-Қуръон, Теҳрон, Дор муҳибб-ул-Ҳусайн, чопи аввал, 1419ҳ.қ./1999 м.
  • Мунтазирӣ, Ҳусайналӣ, Рисолаи истифтоот, ҷ.2, Қум, бе ношир, чопи аввал, бетаърих.
  • Содиқии Теҳронӣ, Муҳаммад, Башорот-ул-аҳдайн, Қум, Шукрона, 1392ҳ.ш.
  • Содиқии Теҳронӣ, Муҳаммад, ал-Фурқон фи тафсир-ил-Қуръон би-л-Қуръон ва-с-сунна, Бейрут, Муассисат-ул-аъламӣ ли-л-матбуот, 1406ҳ.қ.
  • Сулаймонии Ардастонӣ, Абдурраҳим, «Қуръони Карим ва башоратҳои пайғамбарон», фаслномаи Ҳафт осмон, №16, зимистони 1381ҳ.ш.
  • Табарсӣ, Фазл ибни Ҳасан, Маҷмаъ-ул-баён фи тафсир-ил-Қуръон, Бейрут, Дор-ул-маърифа, 1367ҳ.ш.
  • Таботабоӣ, Сайид Муҳаммадҳусайн, ал-Мизон фи тафсир-ил-Қуръон, Бейрут, Муассисат-ул-аъламӣ ли-л-матбуот, 1352ҳ.ш.
  • Шайх Тӯсӣ, Муҳаммад ибни Ҳасан, ат-Тибён фи тафсир-ил-Қуръон, Бейрут, Дор эҳё-ит-турос-ил-арабӣ, бетаърих.